Tuesday, April 09, 2013

Пайванди Гулмуродзода даргузашт

Хабари даргузашти Пайванди Гулмуродзода, устоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, таконам доду дар андӯҳ нишонд. Рафтани ӯро зоеъае гарон бар пайкари фарҳанги Тоҷикистон медонам. Улашбой Гулмуродов, ки бо номи бомусаммои Пайванд шинохта мешуд, аз маъдуди пайвандҳое буд, ки миёни ҷавомеъи донишгоҳии Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мондаанд. Мову ӯ шояд бедуруду падруде аз канори ҳам рад мешудем ва хотираи ронда шуданам аз Донишгоҳ дар зеҳни ҳар думон зиёдӣ зинда буд. Аммо зиндагии зудгузару марги зудрас бори дигар пучию беҳудагию бедавомии он навъ хотиротро барҷаста кард. Русуби он хотирот сирфан ёде аз як инсони фарҳехта ва устоди бисёре аз рӯзноманигорони имрӯзии Тоҷикистон аст, ки ъумре бас кӯтоҳ дошт, аммо нақше ъамиқ аз худ ба ёдгор гузошт. Равонаш шод боду роҳаш пурроҳрав.

No comments: