Thursday, November 28, 2013

Шаҳре, ки шоҳаш гадо бошад...

Шаҳре, ки шоҳаш гадо бошад,
Қаҳр аст... Нишонаи қаҳрест осмонӣ.
Баҳрест обистани сад тӯфон,
Маърака аст
Миёни майдоне, ки фардо дастҳо бар он хоҳанд руст.
Дастҳои барафрошта ба дуъо
Мушту панҷа хоҳанд шуд
Ва хоҳанд дарид
Шаҳреро, ки шоҳаш гадо бошад...
شهری که شاهش گدا باشد
قهر است... نشانۀ قهری است آسمانی
بحری است آبستنِ صد توفان
معرکه است
میان میدانی که فردا دست ها بر آن خواهند رُست
دست های برافراشته به دعا
مشت و پنجه خواهند شد
و خواهند درید 

شهری را که شاهش گدا باشد...


Нахуствазир ниҳоданду ҷилвае доданд,
Дари таъаҷҷуби ъақли башар бигшоданд:

“Сари девону сарвари кабиру бор ҳамӯст?
Нишонаи шарафу ъиззати дарбор ҳамӯст?”

Ҳамӯст, арчи риволи умури мо дигар аст,
Нахуствазир ба вазорат расида як башар аст.

Ба изну рухсати арбоб об ошомад,
Бидуни рухсати арбоб ҳеч н-оромад.

Калиди гумшуда аз қалби қуфли басташуда,
Аҳаде аз дили оҳоди ҷигархасташуда...


Айюб ҳам ҳатман тоҷик буда, ки "сабри Айюб" намунаи сабру шикебоии башар аст.
Ва ин чархро ҳам тоҷик офаридаанд, ки таҳаммули бори ин ҳама замону фиғонро дорад...

No comments: