Tuesday, December 24, 2013

Падар

10 сол аст, ки ин рӯзро бе соҳибҷашн пои мизе пуру паймон менишинем. Ба ёди он рӯзҳои ъиззату уббуҳат ва неъмати канори падар будан. 10 сол аст, ки рафтаанд, аммо ҳузурашон дар зиндагиам ҷовидона аст. Фарде, ки нохоста аз худию бегона, афроде аз тамоми синхиятҳои мавҷуд дар ҷомеъа, эҳтиром бармеангехт; то лаб ба гуфтан мегушуд, ҳамаи лабҳои дигар ба нишони эҳтироми муфрат, ки ҳамонандашро надидаам, баста мешуд. Дар сароҳати калом беназир буд ва дар шуҷоъати рафтор ҳамчунон. Сеҳри калому рози маромаш дар он даврон бароям муъаммои печидае буд. Имрӯз зодрӯзи падарам ОлиМуҳаммади Раҷаб аст.

Падарам як фаришта буду мо надонистем,
Мушку ъанбарсиришта буду мо надонистем.
Падарам, Рустами дигар зи ҷинси Шаҳнома
Қиссаи нонавишта буду мо надонистем.
Падарам, шоҳи бениёзи тахту тоҷи шаҳӣ,
Ҳирси қудрат биҳишта буду мо надонистем.
Дар нигоҳаш, ки ба гармии меҳри Эрон буд,
Рози хилқат ниҳишта буду мо надонистем.
Дар раҳи ъиззату шараф, ки раҳнамо мешуд,
Базри оянда кишта буду мо надонистем.
Дар калофе, ки даври гардани мо мепечад,
Падарам, оҳ, сар(р)ишта буду мо надонистем.

3 даймоҳи 1392
(24 десомбри 2013)

No comments: