Ғазолӣ дар қиболи фалосифа
Samad Zubayd, дар посух ба пурсишҳои Шумо:
Агар дар Эрон зиндагӣ мекунед ё бо Анҷумани ҳикмату фалсафаи онҷо ошноӣ доред, ҳатман дуктур Ғуломризо Аъвониро ҳам бояд бишносед. Файласуфи баноми эронӣ ва устоди пешини Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ва раиси Анҷумани ҳикмату фалсафаи Ҷумҳурии Исломии Эрон. Ӯ дар яке аз суханрониҳояш мегӯяд: “Ман, агарчи ба Ғаззолӣ эҳтиром мегузорам, аммо ҳаргиз ӯро намебахшам, чаро ки бисёре аз бузургонро такфир кардааст”.
Ризо Доварии Ардаконӣ ҳам аз андешамандони муъосири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ҳарчанд мункири хусумати Ғаззолӣ ъалайҳи фалсафаву файласуфон нест, аммо талош кардааст аз ӯ чеҳраи созандае тарсим кунад ва мегӯяд: Дар кул, агар ба торихи фалсафаи исломӣ нигоҳе биандозем, ин торих ба ъунвони хатти ҷамъи дину фалсафа дар назар меояд, ки нуқтаи шурӯъи ин талош дар ҷиҳати интибоқи ин ду ҳавза дар назариёти Форобӣ ёфтанист... Ба баёне дигар, фалсафае, ки ин файласуфон ба армуғон овардаанд, дар нигоҳи касоне чун Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва Фахри Розӣ тавони ҳамли дин ва интибоқ (созгорӣ) бо онро ҳечгоҳ надоштааст.
Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда. Чун дар чорчӯби дин намешавад пурсишҳои бунёдинеро тарҳ кард, ки дин гӯё ҷавобашонро дигар додааст ва шакку тардид дар он посухҳо метавонад ширку илҳоду ҳазор балои дигар фарз шавад. Дин мегӯяд, ман тамоми посухҳоро додаам ва дигар ниёзе ба кунҷковии ту нест. Фалсафа мегӯяд, ҳеч ҳақиқате мутлақ нест ва ҳама чиз шакпазир аст ва дар ҷараёни ҳамин шаккокию ҷустуҷӯст, ки мешавад ба бархе аз пурсишҳои ҳаётӣ посухе нисбӣ ва ъақлонӣ ёфт. Ғаззолӣ бо “Таҳофат-ул-фалосифа”-аш ҷилави ин кунҷковиро гирифт, камари фалсафаро шикаст ва фалсафаи диниро поягузорӣ кард. Ба гунае, ки тарҳи пурсишҳо сирфан барои исботи он чи дар матну батни дин омадааст, муҷоз аст ва набояд фаротар аз он биравад. Аз ин рӯ, баъд аз по гирифтани дидгоҳи иртиҷоъии Ғаззолӣ дар Эронзамин андак андешаманди ҷаҳонгире чун Пури Сино падид омадааст. Чун мағзҳои мутафаккир дар қафаси маҳдуде қарор гирифтанд ва сирфан иҷозаи парвоз дар маҳдудаи ҳамон қафасро доштанд.
http://www.irip.ir/Home/Single/12148
Агар дар Эрон зиндагӣ мекунед ё бо Анҷумани ҳикмату фалсафаи онҷо ошноӣ доред, ҳатман дуктур Ғуломризо Аъвониро ҳам бояд бишносед. Файласуфи баноми эронӣ ва устоди пешини Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ва раиси Анҷумани ҳикмату фалсафаи Ҷумҳурии Исломии Эрон. Ӯ дар яке аз суханрониҳояш мегӯяд: “Ман, агарчи ба Ғаззолӣ эҳтиром мегузорам, аммо ҳаргиз ӯро намебахшам, чаро ки бисёре аз бузургонро такфир кардааст”.
Ризо Доварии Ардаконӣ ҳам аз андешамандони муъосири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ҳарчанд мункири хусумати Ғаззолӣ ъалайҳи фалсафаву файласуфон нест, аммо талош кардааст аз ӯ чеҳраи созандае тарсим кунад ва мегӯяд: Дар кул, агар ба торихи фалсафаи исломӣ нигоҳе биандозем, ин торих ба ъунвони хатти ҷамъи дину фалсафа дар назар меояд, ки нуқтаи шурӯъи ин талош дар ҷиҳати интибоқи ин ду ҳавза дар назариёти Форобӣ ёфтанист... Ба баёне дигар, фалсафае, ки ин файласуфон ба армуғон овардаанд, дар нигоҳи касоне чун Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва Фахри Розӣ тавони ҳамли дин ва интибоқ (созгорӣ) бо онро ҳечгоҳ надоштааст.
Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда. Чун дар чорчӯби дин намешавад пурсишҳои бунёдинеро тарҳ кард, ки дин гӯё ҷавобашонро дигар додааст ва шакку тардид дар он посухҳо метавонад ширку илҳоду ҳазор балои дигар фарз шавад. Дин мегӯяд, ман тамоми посухҳоро додаам ва дигар ниёзе ба кунҷковии ту нест. Фалсафа мегӯяд, ҳеч ҳақиқате мутлақ нест ва ҳама чиз шакпазир аст ва дар ҷараёни ҳамин шаккокию ҷустуҷӯст, ки мешавад ба бархе аз пурсишҳои ҳаётӣ посухе нисбӣ ва ъақлонӣ ёфт. Ғаззолӣ бо “Таҳофат-ул-фалосифа”-аш ҷилави ин кунҷковиро гирифт, камари фалсафаро шикаст ва фалсафаи диниро поягузорӣ кард. Ба гунае, ки тарҳи пурсишҳо сирфан барои исботи он чи дар матну батни дин омадааст, муҷоз аст ва набояд фаротар аз он биравад. Аз ин рӯ, баъд аз по гирифтани дидгоҳи иртиҷоъии Ғаззолӣ дар Эронзамин андак андешаманди ҷаҳонгире чун Пури Сино падид омадааст. Чун мағзҳои мутафаккир дар қафаси маҳдуде қарор гирифтанд ва сирфан иҷозаи парвоз дар маҳдудаи ҳамон қафасро доштанд.
http://www.irip.ir/Home/Single/12148
- Zarangez Karimova, Адиба Азиз, Ахлиддин Салимов and 7 others like this.
- Dariush Rajabian http://www.irip.ir/Home/Single/12148دکتر غلامرضا اعوانی در مراسم افتتاحیه همایش مکتب اصفهان گفت من اگرچه به غزالی اح...See more
- Samad Zubayd Бародари азиз, ташаккур барои ҷавоби дақиқат. Бояд бигӯям, ки ман боре дар Эрон набудам, ҳарчанд орзӯяшро дорам! Дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам, аммо ҳоло дар Русия мардикорам.
- Samad Zubayd Саволи ман ин буд барои равшантар шудани сӯҳбат онро такроран меорам : Агар иҷозат бошад ба баробари азиз Дорюш ду савол доштам: 1) аз баҳс маълум гашт, ки шумо баҳси Ғазолию Ибни Синоро сабаби сукути илм дар Эронзамин мебинед. Оё далеле барои ин доред? То ҷое ман медонам Ибни Сино баъдан соҳиби вазифаи давлатӣ буд ва бо аҷали худаш(бо бемории қулинҷ) фавтидаас ва касе китобу эҷодиёти ӯро насӯхтаат ва дар баробари ин баъди ин моҷаро илм дар Эронзамин зиёда аз 250 сол ва адабиёт 500 сол ҳукум рондааст; 2) Сабаб чист, ки баҳси ду пешвои илмро ба баҳси илму дин табдил диҳем ва хулоса кунем, ки дин ба пешравии илм монеъ аст.
- Dariush Rajabian Самади гиромӣ, мамнунам. Хаста набошед аз мардикорӣ.
Умедворам посухи боло Шуморо қонеъ карда бошад. Агар пурсише дигар ҳаст, дар ҳадди тавонам посух хоҳам гуфт. Комраво бошед. - Samad Zubayd Бародари азиз Дориюш, оё аз мисолҳои овардаат хулоса кардан мумкин нест, ки дар баробари Ибни Рушд дигарон низ ба ақидаи Ғазолӣ розӣ набуданд ва ин гуногунақидагӣ боиси пеш рафтани илми фалсафа баъди Синою Ғазолӣ гашт, чуноне, ки дар навиштаи боло гуфтам. Аммо ин зиддият танҳо дар масъалаҳои гуфтаи Маҳмуд буданд, ки шахсан ман ҳарду тарафро дарк карда метавонам. Аммо ҳеҷ ҷое ман во нахӯрдам, ки ислом ба пешравии илмҳои даққиқ ва ҷомеашиносӣ шуда бошад.
- Dariush Rajabian Дар оғоз дақиқан чунин буд, Самади арҷманд, ва "Таҳофат-ут-таҳофат"-и Ибни Рушд талоше буд қавӣ, аммо нокофӣ ва нопайгирона дар радди дидгоҳи мазҳабмеҳваронаи Ғаззолӣ. Ва он чи батадриҷ дар ҷомеъаи андешагии Эронзамин ҷо уфтод (ки то ба рӯзгори мо расидааст), ҳамон фалсафа дар батни мазҳаб буду ҳаст; фалсафае, ки натавонист аз қайду банде, ки Ғаззолӣ барояш танида буд, раҳо шавад. Ва мусалламан, ҳеч андешае фалсафӣ дар чорчӯбе, ки усулаш аз пеш муъайян шуда бошад, дастоварди чашмгире нахоҳад дошт.
- Samad Zubayd Дар навиштаатон ҷумлаеро вохӯрдам :"Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда" , ки ба гуфтаи худи Сино "муҳкамтар аз имони ман имон нест" мухолиф аст.
- Dariush Rajabian Ёдатон бошад, ки Пури Сино аз бузургтарин чеҳраҳои такфиршуда аз сӯи Ғаззолист. Аз ин ҷост, ки бузургвор он сурудаи маъруфашро фармуда.
Бастагӣ дорад, ки Шумо "имон"-ро дар чи чорчӯбе баррасӣ мекунед. Агар ба монанди ъавоми мусалмон "имон"-ро сирфан ва истисноан вежа ё мухтасси ислом медонед ва он ҳам бардошти дақиқу мушаххасе аз ислом, ки ҳамонанди бардошти Ғаззолӣ аз он бошад, бегумон, Пури Сино мутаъаллиқ ба як чунин имоне набуд. Вагарна дар ҷустуҷӯи ъилм даст ба корҳои ғайримутаъориф (он чи дар ъурфи мусалмонони он даврон набуд) намезад. Аммо агар бардошти Шумо аз "имон" фаротар аз бардошти тангназаронаи ёдшуда бошад, баростӣ, муҳкамтар аз имони Пури Сино имон набувад. Ӯ бо такя ба ҳамон имон ва барои пайдо кардани маншаъи он имон ба такопӯи донишӣ мепардохт. - Dariush Rajabian Барои "пеш рафтани чизе"-ро намедонам, аммо таъйини ҳадду марз барои андеша бегумон монеъ аз пешрафти андеша мешавад. Ба он монад, ки касеро дар як хона нигаҳ доранд ва иҷоза надиҳанд, ки аз он хона по фаротар бигзорад. Баъд аз солҳо аз ӯ бихоҳанд, ки достоне дар бораи саҳрое бинависад, ки аз ӯ садҳо фарсанг фосила дорад. Мусалламан, он чи менависад, чаранде беш нахоҳад буд; дар ҳадди ашёе, ки дар чордевории хонааш мебинад.
Ба ҳамин шева, маҳбус кардани андеша дар чорчӯби як бовари росих (сахту муҳкам) ба маънии маҳрум кардани он андеша аз дастрасӣ ба ҷойҳоест, ки шояд ҳақиқате шигарф дар он ниҳон бошад. Донишмандоне, ки он қайду бандҳоро надоштанд, ба монанди Пури Сино ва андешамандони Ғарби имрӯза, ба авҷ расиданд. Ононе, ки таслими қайду банд шуданд, дар ҳамон маҳдудаи хонаи худ мондаанд. - Samad Zubayd Дориюши азиз, дар бори имони Сино мо танҳо гумон карда метавонем. Ман боварӣ дорам, ки Ибни Сино аз ҳади ислому шариат берун нарафтааст ( қоил ба имони худ ба Худо). Аз ин рӯ баин навиштаатон: "Вагарна дар ҷустуҷӯи ъилм даст ба корҳои ғайримутаъориф (он чи дар ъурфи мусалмонони он даврон набуд) намезад" розӣ буда наметавонам.
- Samad Zubayd Аз тарафи дигар шумо қоил ҳастед, ки Сино аз доираи ислом берун омадааст ва аз тарафи дигар Ғазолиро барои бадгӯии Синно гунаҳкор медонед. Оё ин дуруст аст!
- Dariush Rajabian Самади гиромӣ, агар Пури Сино дар маҳдудаи исломи мавриди назари Ғаззолӣ монда буд, такфир намешуд. Ин як ҳақиқати мактуби торих аст ва ба ризоят ё норизояти ману Шумо кӯчактарин рабте надорад.
- Samad Zubayd Дориюши азиз, оё файласуфони ғарб масъалаи баҳси байнӣ Синою Ғазолиро пурра ба манфиати Сино ҳал кардаанд?
- Dariush Rajabian Самади гиромӣ, файласуфони Ғарб резахорони хони Пури Сино ва амсоли ӯянд. Роҳеро паймудаанд, ки ӯ паймуд. Пас натиҷа посухи равшанест ба пурсиши Шумо.
- Samad Zubayd Сухан сари ҳамин аст, ки ин муаммо то охир ҳал нашавандааст, чунки аз нигоҳу имони мо вобастагӣ дорад, ки кадомашро интихоб мекунем.
- Dariush Rajabian Барои мактаби фалсафаи Ғарб ин муъаммо қарнҳост, ки ҳал шудааст ва истиқлоли фалсафа аз боварҳои росих пешрафти бузургеро барояш рақам задааст.
- Dariush Rajabian Файласуфону мутакаллимони ғарбии қарнҳои вусто ё миёна дар Урупо ҳам аз Ғаззолӣ таъсир пазируфта буданд, ки маъруфтарини онҳо Тумос Окуинос (Thomas Aquinas), файласуф, мутакаллим ва кашиши масеҳии итолиёии садаи 13-уми мелодӣ буд. Ӯ низ дар пайравӣ аз Ғаззолӣ хостори эъмоли маҳдудиятҳои мазҳабӣ бар андешаи фалсафӣ буд. Аммо тафовути боризе, ки дар рӯйкарди ин ду ба фалсафа вуҷуд дошт, ин буд, ки Окуинос аз осори файласуфони юнонию лотини пеш аз масеҳият ва навиштаҳои ъарабӣ ҳам баҳра мебурд, дар ҳоле ки Ғаззолӣ истифода аз осори андешамандони номусалмоне чун Арастуву Афлотунро мардуд медонист. Он рӯйкарди Окуинос натиҷаи беҳтаре ба бор овард, албатта, ва бар донистаҳои фалсафии Бохтарзамин афзуд.
- Asli Shah Qurbani Бахси хуб буд, вале бояд гуфт ки Газоли мисли тамоми мутакаллимони мусалмон аз усули фалсафаи Сино бахра бурда буд. Мехохам чанд нуктаи мухимро рочеъ ба бознигарии назари мухаккикони Гарб ба тарики хеле фишурда дар миен гузорам:
1. Ин ки фалсафа баъд аз Газоли сукут кард, нодуруст аст, чунки фалсафа билофосила дар чахони Ислом, махсусан Ирон матрах буд.
2. Вале ин ки фалсафаи Ислом мазхабмехвар буда, бештар аз хама хизмати Буали Сино аст, то Газоли. Газоли афкори Синоро барои суст будани пояхои мантикиаш барои исботи вахйи илохи накд кардааст, вале ин накди Газоли аз Сино такфир буда наметавонад (!). Хадди акал ин фикри баъзе мухаккикони Гарби аст.
3. Ин заминаи исломии фалсафаи Сино буд, ки уро Файласуфи Ислом ва Шайхурраис кард, яъне фалсафаи у усулан ва амалан исботи вахйи исломи дар чорчуби фалсафаи Арасту буд. Дар хар чое ки фалсафаи Арасту бо дидгохи Ислом мухолиф буд, (масалан Арасту бовар дошт ки рухи инсон миранда аст ва наметавонад бидуни часад вучуд дошта бошад) Сино онро рад кард, бо далоили мантики ва усули фалсафи.
4. Заминаи вокеие барои такфири Сино вучуд надошт, хатто дар масоили кидмати офариниш, ва растохези чисмони, ки ба баррасии пурраи онхо хочат нест. - Dariush Rajabian Аслишоҳи арчманд, дуруду сипос аз изҳори назари судманд.
Дар ин ки Ғазолй аз омўзаҳои Форобй ва бавежа Пури Сино баҳра бурдааст, шакке нест. Ҳатто дар мавориде истилоҳоти ъадлу чуду калому қазову истилову қудрату сабабу мусаббиб-ул-асбобро дақиқан ба шеваи Пури Сино ба кор бурда, яъне дар воқеъ суханони Пури Синоро бозгў кардааст. Ва бино ба бовари ғолиб, китоби “Мақосид-ул-фалосифа"-и ў тарчумаи озоди “Донишномаи Ъалои”-и порсии Пури Сино ба забони ъарабист. Дар воқеъ, яке аз вежагиҳои Ғазолй дар навиштаҳояш ин аст, ки ба касе ҳисоб пас намедиҳад ва равшан намекунад, ки марчаъи фалон андеша чи навиштаест ва соҳиби фалон фарзия кист. Тасаввуре, ки аз навиштаҳои Ғазолй ҳосил мешавад, ин аст, ки ў донои кулл аст ва ҳар он чи мегўяд, сирфан аз андўхтаҳои худи ў бар пояи тачрубиёташ аст. Ба ҳамин шева, аз Муҳосибй, Абўтолиби Маккй, Абулқосими Қушайрй ва донишмандони дигаре, ки дар парвариши зеҳнии ў саҳм доштанд, дар осори фикриаш ному нишоне нест. Пас дар ин маврид, ки ў башиддат аз Пури Сино таъсир пазируфта ва баҳра бурда буд, шакке нест.
Ин таъсирпазирии ў маҳдуд ба корбурди истилоҳоти фалсафию илоҳиётй намешуд, балки шеваи арастуи ё юнонии истидлоли мантиқиро ҳам дақиқан аз осори бузургоне чун Форобию Пури Сино фаро гирифта буд. Яъне бо абзоре, ки ба дасташ супурданд, соҳибони абзорро муҳкам кўбид ва бо таваччуҳ бар чавви ғолиб дар минтақа комгор ҳам шуд. Ъунсурҳоеро, ки аз Пури Сино вом гирифта буд, ба гунае тағйир дод, ки ба абзорҳое бакуллй мутафовит табдил шуданд.
(Дунбола дорад) - Dariush Rajabian Шояд мачоли пардохтан ба тамоми адилла ва баҳсҳои ду тараф дар инчо набошад, аммо нукоти муҳим аз 20 мавриди эроде, ки Ғазолй дар “Таҳофат” аз файласуфон гирифтааст, 3 нуктаи калидист, ки мавзеъи ҳар ду тарафро ошкор мекунад:
1. Бовари файласуфони давр ба азалияти замон ва набуди замоне дақиқ барои офариниш ба далели вучуди азалии Офаридгор;
2. Ъадами огоҳии Офаридгор аз чузъиёти гайҳоне, ки офаридааст;
3. Радди ҳашр ё растохези физикй (чисмонй) дар рўзи қиёмат.
Дар ҳар се маврид Ғазолй кунчковии файласуфонро навъе ширку беэътиқодй ба Парвардигор таъбир мекунад ва дар ҳар се маврид ҳам вучуди пайванд миёни ъиллат ва маълул (причина и следствие)-ро рад мекунад. Барои намуна, файласуфон мегуфтанд, ки ъиллати сўхтани порча ба маҳзи наздик шуданаш ба оташ ламси оташ аст, ки як табйини ъилмй аз вуқуъи як рухдоди физикй буд. Аммо Ғазолй мункири тановуби ин ду рухдод (ъиллату маълул) буд ва мегуфт, далели оташ гирифтани он порча иродаи илоҳист ва танҳо маълули тамоми ъиллатҳо ҳам Парвардигор аст. Намунае, ки меоварад, ривояти сомии дар оташ насўхтани Иброҳим аст ва мегўяд, чун яке-ду бор иттифоқот тановубе мушаххас доштаанд, далел намешавад, ки он тановуб дар ҳар мавриди дигар ҳам риъоят шавад. Яъне Ғазолй кунчковии донишмандона дар вуқўъи ҳодисаеро мардуд медонист ва онро иттифоқе сарзада аз амёли Офаридгор талаққй мекард. Ва ин навъи рўйкард дар дигар мавридҳо ҳам сидқ мекунад.
(Дунбола дорад) - Dariush Rajabian Он чи пур равшан аст, чолишест, ки Форобию Пури Сино ва амсолиҳум дар баробари боварҳои погирифта дар чомеъаи мазҳабй қарор дода буданд. Ва Имом Ғазолй, андешаманди шофеъии ашъарии сўфимаслак, бо қудрати тамом ва пуштвонаи мазҳабиюн тавонист андешаро дар чорчўби эътиқодии худаш қарор диҳад.
Баъд аз сайтараи рўйкарди Ғазолй бар андеша дар сарзаминҳои мо фалсафа сайри нузулй дошт. Ҳудуди 100 сол баъд аз ў Ибни Рушд шитобон омада буд, ки вазъро тағйир диҳад ва дар радди дидгоҳҳои Ғазолй ду китоб навишт (“Таҳофат-ут-таҳофат” ва “Фасл-ул-мақол”). Аммо дигар кор аз кор гузашта буд ва андешаи ъавомписандонаи Ғазолй реша давонда буд. Дар натича “фалсафа” дар чаҳони ислом (чи тасаннун ва чи ташайюъ) ба ҳамон шевае, ки Ғазолй хишти аввалашро гузошта буд, мондагор шуд; яъне омезае аз мантиқи арастуи ва илоҳиёт ва бардошти фалсафй аз тасаввуфу ъирфон. Яъне ъилме, ки фориғ аз ҳар қайду банде қарор буд шаккоконаву кунчковона тамоми сўрох-сунбаҳои офаринишро дарнавардад, табдил ба як парандаи қафасй шуд, ки овоз мехонад, аммо фақат барои соҳибаш.
Ҳукми такфир, ки Ғазолй бар пешонии файласуфони моқабли худ кўбида буд, ъомили боздорандаи бузурге дар озодии андеша дар сарзаминҳои мо шуд. - Сайидюнуси Истаравшани "...Дар натича “фалсафа” дар чаҳони ислом (чи тасаннун ва чи ташайюъ) ба ҳамон шевае, ки Ғазолй хишти аввалашро гузошта буд, мондагор шуд; яъне омезае аз мантиқи арастуи ва илоҳиёт ва бардошти фалсафй аз тасаввуфу ъирфон. Яъне ъилме, ки фориғ аз ҳар қайду банде қарор буд шаккоконаву кунчковона тамоми сўрох-сунбаҳои офаринишро дарнавардад, табдил ба як парандаи қафасй шуд, ки овоз мехонад, аммо фақат барои соҳибаш..." Фикр накунам ин натиҷагирии шумо дуруст бошад Дориюши гиромӣ! Ончи Имом Ғаззолӣ аз реша бо он ба мухолифат бархост, фалсафаи Машшоъ аст, яъне Имом Ғаззолӣ ба наққодии ҳамин машраб аз фалсафа пардохта, албатта дар бораи дигар машрабҳои фалсафӣ ҳам назароте дода, аммо бештар ба ҳамин тохта. Ва ин дар ҳоле аст, ки на танҳо баъд аз Ғаззолӣ, балки ҳатто ҳамзамон бо ӯ фалосифаи Машшоъ дар Эронзамин буданд ва ҳаргиз ин машраб аз он сурати аввалияи худ тағйир шакл, чунонки шумо мефармоед, надода. Ва мо то ба имрӯз фалосифаи машшоъ дар Эрон дорем, яъне ҳамин ҳоло соҳибназароне ҳастанд, ки машраби синавии холис дар фалсафа доранд. Ва шояд ишораи шумо ба машраби Ҳикмати Мутаъолияи Мулло Садро бошад, ки бар хилофи фармудаи шумо, ин мактаб чунонки гуфтед намебошад, балки мактабе аст, ки дар он миёни ду машраби Машшоъ ва Ишроқи Суҳравардӣ талфиқ шуда ва ба сухани дигар, тавониста миёни он ду оштӣ биандозад. Ва инҳо ҳаргиз "парандаи қафасӣ" қаламдод намешаванд. Зеро, вақте як мактаби фалсафӣ мабнояш бар муқаддимаҳои ақлии сирф устувор бошанд, дигар он мактаб фалсафӣ аст, ҳарчанд натоиҷи он бо додаҳои дин ҳамоҳанг бошанд. Аслан, қарор нест, мо аз оғоз биноро бар ин гузорем, ки ҳатман ончи фалсафа бояд ба мо бидиҳад, бо ончи дин мегӯяд мутағойир бошад. Ин як пешфарз аст, ки фалсафа душмани пешфарзҳост.
- Сайидюнуси Истаравшани Ва сониян, ончи мефармоед, гӯӣ Имом Ғаззолӣ худ як мактаби фалсафии бахусусе бунён ниҳода, ки фалосифаи баъд аз ӯ дигар аз он пайравӣ кардаанд! Дар сурате ки ин гузориш дуруст нест. Агар барои Имом Ғаззолӣ пайравоне қоил бишавем, қатъан он пайравон дигар филсуф нестанд. Фалсафа як вижагии барҷаста дорад ва он инки: ҳарчи ақл мегӯяд, бояд таслими он бошам. Агар чунин набошад, ки дигар он фалсафа нест, ҳатто агар рӯйи он номи фалсафа ниҳода шавад.
- Dariush Rajabian Сайидюнуси арчманд, он чи дар мавриди душмании фалсафа бо пешфарзҳо фармудед, барҳақ аст. Фалсафаро бояд озод гузошт, то шояд ба лоятаноҳй даст ёбад. Оё як чунин рўйкарде ба фалсафа дар миёни фалосифаи пасоғазолй боқист? Оё ҳеч файласуферо аз ин хитта мешиносем, ки ба пешфарзи мазҳабй пушти по зада бошад ва дар сарое дигар дунболи ҳақиқат гашта бошад? Оё "пешфарз", аз диди Шумо, сирфан марбут ба мавзеъи касоне мешавад, ки барои андешидан аз ҳар навъ пешфарзи динй ҳам безоранд?
- Сайидюнуси Истаравшани Абадан, ҳар навъ пешфарзе марфуз аст аз ҷумла пешфарзи динӣ. Аммо, мо дар ҷаҳон ва дар миёни фалосифаи машҳур - чӣ дар олами ислом ва ғайри он, чӣ пеш аз Ғаззолӣ ва чӣ пас аз ӯ - андак филсуферо мешиносем, ки андешаҳои фалсафии ӯ дар тазод бо ончи дин мегӯяд бошад (Албатта фақат дар мавриди Худо ва сифоти ӯ, на масоили шаръӣ). Буданд ва ҳастанд фалосифаи ғайри мӯътақид ба офаридгор, аммо андаканд, инро содиқона мегӯям, бештари фалосифа худобоваранд. Инро такрор мекунам, ки манзури ман фақат дар бораи офаридгор ва сифоти ӯст, на ҷиҳоти дигари шариат, ки филсуф дигар коре ба онҳо надорад. Яъне як филсуф метавонад пойбанд ба дин (шариъат) бошад ва метавонад аслан муқайяд ба он набошад (бо инки ба офардигор мӯътақид аст), яъне ин кораш дигар рабте ба фалсафидани ӯ надорад. Ба баёни дигар, ҳитаи филсуф дар робита бо дин, фақат дар хусуси исботи офаридгор ва сифоти ӯст, аммо дар соири ҷиҳоти шаръӣ, дигар назар додан аслан аз ҳавзаи ӯ хориҷ аст магар дар бархе мактабҳои фалсафӣ. Бинобар ин, агар шумо мебинед бештари фалосифаи имрӯзӣ динмадор ҳастанд, на ба ин ҷиҳат аст, ки чун аз оғоз худро пойбанди чизе карда бошанд, балки ба ин хотир аст, ки ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинад.
- Dariush Rajabian Сайидюнуси арчманд, ин ки тасаввур бикунем файласуфон ҳаргиз ё маъмулан "ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинанд", худ як пешфарзи муҳлик аст, магар на?
Андак нестанд файласуфоне, ки боварҳои худро бо боварҳои динй дар таноқуз дидаанд. Википедиё феҳрестеро аз файласуфони бехудо тартиб дода, ки дар пайванди зер мебинед. Ва боз ҳам андак нестанд файласуфоне, ки боварҳои худро дар таноқуз бо боварҳои марсум ва ъурфии чомеъа дидаанд ва шояд ин таъбир дар мавриди бисёре аз фалосифа сидқ кунад.
Аммо оё дар Эронзамини пасоғазолй ҳеч файласуфи нодинй имкони таборузро доштааст?
Яке аз он беш аз 100 тан, ки дар феҳрест мебинед, эронист. Аммо аз замони зоиш мусалмон набуда ва баҳоист. Оромиши Дўстдор, ки китобе навишт андар имтиноъи тафаккур дар фарҳанги динй ва фарҳанги Эрони баъд аз исломро дар ин китоб "фарҳанги динхў" номид ва гуфт, ки баъд аз он "ноандешй ва нопурсй бар Эрон ҳоким шудаанд". Чун, вақте ки дин бар тамоми умур сайтара дорад, дигар чои андеша ва пурсише боқй намегузорад. Албатта, ин андешаманд мачоли зиндагй дар Эронро аз каф дод ва ба Олмон муҳочират кард.
Оё шумо ҳеч мавридеро ба ёд доред, ки дар сарзамини мо як чунин рўйкарди як андешаманд таҳаммул шуда бошад? Агар ҳеч мавриде нест, пас оё ин шабеҳи хондани парандаи қафасй барои соҳиби худ нест, ки чист?
http://en.wikipedia.org/wiki/Category:Atheist_philosophers - Сайидюнуси Истаравшани Бибинед, инки арз кардам, дар миёни фалосифаи машҳур бештарашон худобоваранд, аввалан ин муддао қайди "шӯҳрат" дорад, яъне ҳар касе нест, ва сониян, фалосифаи машҳур, ки барои ҳар филсуфе маъруф аст, ки киҳо ҳастанд: аз Суқрот бигир то охир... Инро аз пеши худам нагуфтам Дориюши арҷманд. Солисан, қайди "бештар", ки арз кардам, бо адад, ки нест, балки дар муқойиса бо фалосифаи худобовар аст, вагарна теъдод ва шумори фалосифаи ғайри мӯътақид ба Худо бештар аз ин аст, ки дар ин донишнома оварда шуда. Дар ҳамин Эрон ҳам ҳатто дар миёни мусалмонзодаҳо мо фалосифаи ғайри мӯътақид ба офардигор доштем мисли Киё Нурӣ ва Эҳсони Табарӣ, ки воқеъан филсуф буданд.
- Dariush Rajabian Бо тавзеҳе, ки фармудед, Сайидюнуси арчманд, таъбири "бештари фалосифаи имрӯзӣ динмадор ҳастанд ва ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинанд", таъбири дурусте нест. Албатта, сарнавишти Киёнуриву амсолиҳум, ки бештар фаъъоли сиёсй буданд, то файласуфи холис, худ баёнгари мавзеъи ман аст.
Ҳар навъ фалсафае, ки бо ислом таноқуз дошта, дар сарзаминҳои исломй, аз чумла Эрон, саркўб шудааст. Ин ҳақиқатро мепазиред ё на, бузургвор? - Сайидюнуси Истаравшани Ҳатто агар саркӯб шуда, ин бар гардани дастгоҳи ҳукуматӣ ва ё ҷавв ва фазои ҳоким бар ҷомеъа аст, на мухолифони ақидатии онон. Яъне ҳаргиз як филсуф филсуфи дигареро саркӯб накарда. Аммо мушкил инҳо нестанд, балки тамоми мушкил дар ҷои дигар аст. Ва он инки аслан мо фикр мекунем, дидгоҳи фалсафӣ лузуман он дидгоҳе аст, ки бо дин ва бовар ҳамоҳанг набошад. Озод ва раҳо аз ҳар навъ қайд будан, ба маънои он нест, ки ончи ман аз тариқи фалсафидан ба он мерасам, ҳатман чизе бошад дар тазод бо дин. Ҳаргиз!.. Ибни Сино, ки аслан аз оғоз даъво сари ӯст, банда мисли ӯ худобовартар ва мӯътақидтар намебинам. Билохира ин бандаи Худо чанд то китоб дорад, ки андешаҳояш дар онҳо мутабалваранд... Аммо инки Имом Ғаззолӣ бо ӯ даруфтод, маънояш ин нест, ки ҳатман дидгоҳи "динӣ" ҳамон аст, ки Имом Ғазолӣ намояндаи он аст, шояд қазия дуруст баръакси он бошад. Ин ҳақиқат буд ва ҳаст, ки дар ҷаҳони ислом ҳамвора касоне ки сари душманӣ бо фалсафа доштанд фазоро пур кардаанд. Аммо ин ба ҳеч ваҷҳ ба ин маъно нест, ки дин ҳам яъне ҳамин!
- Dariush Rajabian "Ҳатто агар саркўб шуда бошанд" ҳам посухи дархуре нест, бузургвор. Дар ин ки тамоми дидгоҳҳои ғайриисломй саркўб шудаанд, шакке нест. Агар ҳаст, бояд тарҳ кард.
Ва фикр намекунам касе инчо фарзияи саркўби чанд файласуф тавассути чанд файласуфи дигарро тарҳ карда бошад. Суҳбат аз муставлй шудани як андешаи фалсафй бар тамомии паҳнаи андеша аст. Вақте ки як мактаби фалсафй бар сарои андеша ҳоким мешавад, магар имкони таборузи андешае чуз он боқй мемонад? Магар имкони падидории андешае нав, ба дур аз қайду банди мазҳабй, вучуд дорад?
Ин "қайду банди мазҳабй" танҳо монеъ дар фалсафа нест, аммо боризтарин монеъ дар андешаи фалсафии Эронзамин аст. Дар даврони пасоғазолй танҳо фалсафае, ки тавониста бар эрикаи қудрат такя бизанад, фалсафаи мавриди назари Ғазолй ва динмеҳварона будааст. Дар ин ҳақиқат, ки шакке наметавон ворид кард. - Сайидюнуси Истаравшани Дориюши арҷманд! "Фалсафаи мавриди назари Ғазолй"... Оё мо аслан фалсафи мавриди назари Ғаззолӣ дорем?!
- Сайидюнуси Истаравшани Онки дигар фалсафа нест. Дар боло арз кардам, ки барҷастатарин вижагии фалсафа ин аст, ки: ҳарчи ақл мегӯяд, бояд таслими он буд. Бинобар ин, ҳар нафъ тафаккуре, ки ақлро канор мезанад, он дигар фалсафа нест.
- Сайидюнуси Истаравшани Аммо бо ин маталаб, ки фармудед, комилан мувофиқам, ки набояд ҳеч навъ тарзи тафаккуре ҳатто синавӣ фазоро пур кунад ва ба ҳазфи дигарон бипардозад. Бо ин ҳамнавоям.
- Dariush Rajabian Обишхури фалсафае, ки акнун ҳокиму фармонравост, ҳамон фалсафаи Ғазолй нест, ки чист, бузургвор? Фалсафае, ки дар чорчўби як дин ба пажўҳиш пардозад ва ҳар он чи берун аз чорчўби дин бигўяд, ношоисту нописанд бошад.
Буданд касоне, ки ба таърифи фалсафа, ончунон ки Шумо фармудед, ъамал карданд. Аммо корашон ба ҳамон чойҳое кашида шуд, ки мешавад сарнавишти Дўстдору Киёнуриро дар он чустучў кард.
"Набояд чунин бишавад" дуруст аст. Ормон аст ё идеол. Аммо воқеъият магар чуз ин аст, ки фалсафаи ҳоким дар Эронзамин ҳамоно фалсафаи динмадор аст? - Сайидюнуси Истаравшани Ман, ки бо шумо сари даъво надорам Дориюши арҷманд! Феълан, ки тарафи шумо Сайидюнуси Истравшанӣ аст, на сухангӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон!!! Ман феълан инҷо аз асли фалсафа ва иртиботи он бо дин суҳбат мекунам!
- Сайидюнуси Истаравшани Агар дасти ман буд, ки ин "набояд бишавад"-ро ба "чунин нест" табил мекардам, аммо дасти ман нест.
- Dariush Rajabian Худо наёмурзадам, агар бо Шумои арчманд сари даъво дошта бошам, бузургвор.
Агар Шумо сухангўи Чумҳурии Исломй будед, ба гунае дигар пурсупос мекардем. Пурсишҳои ман сирфан мутаваччеҳи Шумо нест, балки мухотаби он ҳамаи афродеанд, ки мехоҳанд бидонанд, чаро андешаи фалсафй дар сарзаминҳои мо (на сирфан Чумҳурии Исломии Эрон) бад-ин ҳад хонагй ва худмасраф мондааст.
Ба бовари ман, ин мусибат ба далели ҳамлаи ҳикматкуш ва мазҳабмеҳваронаи Ғазолй сурат гирифтааст, чун баъд аз он сирфан шоҳиди тасаллути он андеша бар фалсафаи эронй будаем ва ҳар талоше, ки барои гурез аз он чорчўб сурат гирифта, тавассути сарбозони боварй хунсо шудааст. Дар натича, "парандаи қафасй" сирфан барои соҳиби худ мехонад. Лузуме надорад ба ин дидгоҳ аз манзари сиёсй бархурд кард ва худро дар зеҳни ман сухангўи чое ё касе пиндошт. Кофист воқеъиятро нақл кунем, ки дар тўли ин ҳазор сол андешаи фалсафй дар қафасе маҳбус буда ва агар чуръати бурун рафтан аз қафасро доштааст, бисмил шудааст.
No comments:
Post a Comment