ОШУФТАБОЗОР
(Дар посух ба он
бахш аз матлаби “Падарони миллат” (СССР, 18.04.15) ба қалами устод Бозор Собир,
ки ба мавзўъи хатту забон марбут мешавад)
Барои як фарди огоҳ ба масъалаи забон радди навиштаҳои устод Бозор Собир баосонй муяссар мешавад. Чун, мутаассифона, дар ин замина устод Бозор Собир пиёда аст ва набояд аз чизе, ки намедонад, ҳарфу ҳадисе ба миён оварад.
Аз ҳамон “бисмиллоҳ”-и мақолааш оғоз мекунем, ки устод алифбои порсй ва истилоҳоти забоншинохтиро бахубй балад нест ва тафовути “садо”-ро бо “ъаломат” намедонад ва огоҳ нест, ки садои “ҳ” дар забони порсй ду гуна аст, на 3 гуна ва намедонад, ки ҳарфи алиф ҳаргиз садои “ў”-ро намедиҳад, магар ин ки як “вов” ҳам канораш қарор бигирад. Касе, ки бад-ин андоза аз алифбои порсй ноогоҳ аст, чигуна метавонад ба худ ичоза диҳад, ки дар бораи он изҳори назар кунад ва мардуми бисёри дигареро чун худаш гирифтори гумроҳй кунад? Мусалламан, бо он донише, ки эшон ба намоиш гузоштааст, хат “хичои” мешавад, дабираи порсй “ҳамчун кроссворд гиҷу гарангкунанда” мешавад ва тасаввураш бар ин мешавад, ки ин дабираро “ҳеҷ домуллое беғалат хондаю навишта наметавонад”. Ба қавли маъруф, “кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”. Касе, ки ба эътирофи устод Бозор, наметавонад ин дабираро беғалат бихонад, худи устод Бозор аст, чун огоҳии кофие аз он надорад. “Худи эрониҳо аз ин хат безоранд” як сухани ғалати бузург аст. Тамоми тамаддуни Эрони имрўзй бар пояи ҳамон дабираи порсй устувор аст ва устод Бозор ҳам аз резахорони хони ҳамин Эрони имрўзист ва бисёре аз ашъори ў дар тақлид аз чакомаҳои Нодири Нодирпур, Симини Беҳбаҳонй, Сиёвуши Касройи ва суханварони бузурги дигар аз Эрон навишта шудаанд.

Устод Бозор дар
бораи имлои ду вожаи “мор” ба хатти порсй дар як шеъри устодаш Нодири Нодирпур
мегўяд: “2 «мор» айнан 1 хел, чунки хати форсӣ ҳарфи калон надорад, яксон навишта мешавад”.
Устод Бозор таваччуҳ накардааст, ки “мор”-и дувум дар мисроъи “Вале ба забони
“мор” намеояд” дар гйуме (нохунак) омадааст ва дар имлои порсй гйуме (нохунак)
нишондиҳандаи исми хос аст ва ниёзе ба “ҳарфи хурду калон” нест. Ин эрод ҳам
ҳокй аз ноогоҳии устод Бозор аз хатти порсй ва ъодати ў ба хатти русй аст.
Дар идомаи ин истидлол Бозор Собир шигифтзада шудааст, ки чиро дар забони порсй вожаи “мор” ва номи хонаводагии окодемисян Мор (Marr) ба як шакл навишта мешавад. Ва ин мавзўъро марбут ба нотавонии Нодирпур дар навиштани номи донишманди забоншинос донистааст. Мегўяд: “Агар мар менавишт, мур мешуд”. Дар ҳоле ки дар забони порсй вожаи “мар” ҳам вучуд дорад, масалан, дар таркиби “Сипос мар Худойро” ва ҳеч ъақли салиме онро “Сипос мур Худойро” намехонад.
Мушкил инчост, ки устод Бозор аз як ҳақиқати содаи забоншинохтй огоҳ нест: садои “о” дар имлои порсй муъодили “а” дар хатти лотин аст. Ба хотири ҳамин аст, ки вожаи порсии “бозор” ба русй “базар” ва ба инглисй bazaar навишта мешавад. Marr дар забони порсй бино ба далоили забоншинохтй ва овошинохтй ба шакли “Мор” имло мешавад, на ба далели ин ки Нодирпур натавонистааст онро бинависад. Дар ин миён Бозор Собир аст, ки сардаргум монда, на Нодирпур. Нодирпур бар мабнои қоъидаҳои забони худаш онро “Мор” ҳиччй мекунад. Аммо Бозор Собир имлояшро дудастй тақдими забони русй кардааст ва дар миёни ду хатти русй ва пириллик саргича гирифтааст. Шакли дурусти имлои номи “Николай Марр” ба забону имлои порсй “Никулой Мор” аст. Ба ҳамон шева, ки “бозор” ба имлои русй “базар” мешавад.

Ба ҳамин шева, Canada ба забони порсй “Конодо” навишта ва хонда мешавад ва
«Россия» - «Русия». Ҳамон гуна ки “Суғд”-и мо ба русй «Согд» ва ба лотин Soghd имло мешавад. Ҳамон гуна ки “Эрон” ба русй “Иран” ва ба
лотин Iran навишта мешавад ва
“Точикистон” ба русй “Таджикистан” асту ба инглисй Tajikistan... Чиро ин тоифа аз мо, эрониён, мепурсанд, ки ба чи
далеле Canada-ро “Конодо” менависем,
аммо аз русҳо ва фарангиҳо намепурсанд, ки чиро “Точикистон”-ро Tajikistan ҳиччй мекунанд? Чиро ъодат кардаанд ҳамвора порсиро зери
суол бибаранд ва ба худашон чуръат намедиҳанд забоне чун русиро синчин кунанд?
Чун як тарси торихй мачолашон намедиҳад; чун аз худкеҳтарбинй ("комплекс
неполноценности") дар азобанд; чун ъодат кардаанд ба задану нобуд кардани
худиҳову парвардани бегонаҳо. Ва чун дар бораи забони худ огоҳии кофй надоранд.
Шўрбахтона, устод Бозор Собир ҳам аз ҳамон тоифа аз об даромад.
Бозор Собир мегўяд: “Ва
ҳамин, ки эрониҳо Канадаро-Конодо, Россияро-Русия, банкро-бонк… менависанд, аз
ноилоҷист. Агар Канада нависанд, кунда
мешавад, банк нависанд – бунк, бинк мешавад. Россия нависанд тамоман хонда
намешавад.”
Бо чунин мантиқе мешавад истидлол кард, ки чиро дар Точикистон ба додгоҳ “суд” мегўянд. Охир вожаи “суд” дар забони мо ба маънои фоидаву баҳра вучуд дорад-ки! Пас чиро онро табдил ба “сод” ё “сид” ё чизе дигар накарданд? Мешавад пурсид, ки чиро ба порсй “Чумҳурии Ингуш” мегўянду менависанд? Охир “Ингуш” ба маънои ин гўшу он гўш ҳам ба кор меравад-ки!.. Ва даҳҳо истидлоли дигар, ки аслан ба ҳақиқатҳои забоншитохтй қаробате надорад ва гўяндаи он бо мақулаи вожаҳои ҳамово ошно нест. Агар номи кишвари Конодо “кунда” мебуд, мусалламан, ба хатти порсй ҳам “кунда” навишта мешуд ва як вожаи ҳамовои дигар падид меомад. Аммо масъала инчост, ки номи он кишвар, бино ба қавоъиди забони порсй, “Конодо” аст, на “кунда” ва на “канада”. “Бонк” ҳам тобеъи қавоъиди овошинохтии забони порсй аст ва боз ҳам ба мавзўъи “о”-и порсй будани “а”-и лотин бармегардад. Ба забони ъарабй “бонк”-ро ба шакли بنک “банк” менависанду мехонанд ва як чунин мушкиле, ки устод мегўяд, барояшон падид наомадааст. Аммо бино ба қавоъиди овошинохтии забони порсй ин вожа ба порсй “бонк” навишта ва талаффуз мешавад. “А”-и лотин ҳамон “о”-и порсй аст. Ба ҳамон шева ки “чойхона”-и порсй ба русй “чайхана” хиччй мешавад.

Бозор Собир мегўяд:
“дар гӯишу навиштори мо ҳар
ҷо, ки алиф ва «ӣ» бо ҳам оянд, эронӣ ҳатман - «ӣ» мегӯяд, вале тоҷик – «э». Бар ин асос, эронӣ – Ирон, Илак, Ираҷ… ва тоҷик-Эрон, элак, Эраҷ… мегӯяд.”
Ин сухани устод ҳам ношй аз ноогоҳии забоншинохтии ўст. Дар гўишҳои Точикистон ҳам вожаи “ин”, ки бо “алиф” ва “и” این навишта мешавад, “ин” талаффуз мешавад, на “эн”. “Имон” ҳам аз чумлаи чунин калимот аст. Он чи устод мегўяд, марбут ба гўишҳост, ки ҳатто дар Точикистони кўчак якдаст нест. Дар бархе аз маҳалҳои Точикистон ба “бинй” мегўянд “бенй” ва ба “бин” мегўянд “бен”. Пас ҳеч хатту марзе мушаххас миёни ин гўишҳо наметавон кашид.

“Маъмулан калимаҳои арабии мо дар шакли масдар қарор доранд, мо онҳоро тасриф
намекунем. Аз ин ҷиҳат, маҷлис медонем, вале ҷаласа, иҷлосия, маҷолис, ҷулус ва ғайраро намедонем. Аммо эронӣ ҳамаи инҳоро медонад. Бо вуҷуди ин, мо мӯҳтоҷи ин арабиҳои эронӣ нестем.”
Оё ин мояи ифтихор аст, ки мо фақат “мачлис”-ро медонем ва “чаласа”-ву “ичлосия”-ву “мачолис”-у “чулус”-у ғайраро намедонем? Устод Бозор банохудогоҳ эътироф кардааст, ки порсии Эрон ғанитар аст ва барои мафҳумҳои бештаре вожагоне чудогона дорад. Вагарна дучори сарнавишти забони Точикистон мешуд, ки ъибороте аз ин қабил дорад: “мачлиси Мачлиси Намояндагони Мачлиси Олй”... Аз бас барои ҳамаи он мафҳумҳои гуногун як вожа бештар надорад: “мачлис”. Ин нишони фақру гирифторй ва нокоромад будани як забон аст. Нафрату хусумат ба вомвожаҳо ъумдатан дар нафрати нажодй реша дорад ва бо ъилму дониш миёнае надорад. Устод Бозор гирифтори нафрати нажодй шудааст ва пайравй аз суханони ў дар ин замина ба фақру фоқаи вожагонй меанчомад.

“Дар мавриди истилоҳот ҳам аҳвол ҳамин аст. Эронӣ мешавем гуфта, паспортро-шиноснома,
визаро-раводид, аэропортро-фурудгоҳ кардем. Ҳол он, ки инҳо тарҷумаҳои таҳтулафзӣ ва нисбии ҳамон истилоҳотанд. Паспорт, яъне ба порт
гузар, аэропорт, яъне, порти ҳавоӣ, ҷое, ки ҳам фуруд меоӣ ва ҳам парвоз мекунӣ. Хуллас, эрониҳо ҳеҷ истилоҳи солиме насохтаанд.”
Иттифоқан, ҳеч як аз намунаҳое, ки устод Бозор овардааст, “тарчумаи таҳтуллафзй ва нисбй”-и он истилоҳот нестанд. “Шиноснома” кўчактарин иртиботи вожагонй бо “паспорт” надорад, балки муъодили порсии ноби он вожа аст. “Раводид” ҳам аз дили забони порсй бармеояд ва тарчумаи таҳтуллафзии “виза” нест. “Фурудгоҳ” ҳам ҳамин тавр. Дуруст бар хилофи тамоми тарчумаҳое, ки дар Точикистони шўравй сурат гирифта ва бидуни истисно гартабардорй (“калька”) аз забони русист ва бо рўҳи забони порсй ҳеч ҳамхоние надорад. Агар устод бо мантиқи истилоҳсозй дар забонҳо ошно нест ва фурудгоҳро танҳо маҳалли фуруд омадан тасаввур мекунад, бояд савори “лифт”, ки шуд, фақат боло бираваду поин наояд. Чун “лифт” ба забони инглисй ба маънои “бардоштан”-у “боло бурдан” аст.
Агар “эрониҳо ҳеч истилоҳи солиме” намесохтанд, устод ва мардуми кишвараш имрўза аз истилоҳоте чун донишгоҳ, донишкада, парваришгоҳ, артиш, истгоҳ, пажўҳиш, пажўҳишгоҳ, зоишгоҳ ва вожагону мафҳумҳои бисёри дигаре маҳрум мемонданд.

идомаи навиштаи худ бо ручўъ ба фочеъаи Фархунда, ки дар Кобул иттифоқ уфтод,
мегўяд: “Онҳо дар ивази амри маъруфи дурӯғини кадом эмоми масҷид ҳама чизи муқаддаси форсиву эрониро помолу
харобу нобуд мекарданд.”
Шўрбахтона, он чи Бозор Собир бо такя ба пиндорҳои козиби худ дар ин матлаб овардааст ҳам, ъайни ҳамон кори шарурона аст ва худи ў ҳам дар ин навишта ъалайҳи форсиву эронй турктозии тамомъайёр ба роҳ андохтааст.

Сипас устод бо
мутлақгароии ғарибе ҳукм мекунад: “Сирилик беҳтарин расмулхатт аст!” Ва мегўяд:
“Сарфи назар аз ин ниёгону хати ниёгон алон забони мо аз тамоми ҳамҷинсонаш дақиқтару зиндатару мудернтар аст.”
Чолиб аст, ки дар ин чумла устод аз вожаи “мудерн” баҳра гирифта ва банохудогоҳ хилофи он “асл”-е, ки дар оғози матлаб оварда буд, рафтор карда ва “о”-и лотинро баробари “у”-и порсй донистааст.
Ва аммо,
Дабираи пириллик яке аз номуносибтарин алифбоҳои мавчуд барои хатти порсй аст. Ҳеч дабираи дигаре бад-ин андоза баёну талаффузи порсиро хароб накардааст, ки пириллик кард. Ин мусибат то ба чое доман паҳн кардааст, ки дирўз яке аз ҳамвандони гурўҳи “Забони порсй” мегуфт, “дом”-и русй ба маънои “хона”-ро ҳамсони “дом”-и порсй ба маънои “қапқон” талаффуз мекунад. Дар ҳоле ки тафовут миёни талаффузи ин ду “дом” аз замин то бом аст. “О”-и русй ҳамон “о”- порсй нест ва “а”-и русй ҳамон “а”-и порсй нест. Дар ин бора фаровон гуфтаему сари фурсат боз ҳам хоҳем гуфт. Хатти пириллик тафовуте миёни “и”-и дароз дар аввалу васати вожа ва “и”-и кўтоҳ дар аввалу васати вожа қоил нест. Дар натича шумори бисёре аз шеърҳои Бозор Собир ҳам лукнати вазнй доранд ё қофияашон мелангад. Ва на танҳо Бозор Собир, балки тақрибан ҳамаи шоъирони ҳамнасли ў ин мушкилро доштаанд. Хатти пириллик шеъри Бозор Собирро хонагй кард ва нагзошт, ки чаҳонро дарнавардад. Нагзошт, ки Бозор ҳам Нодирпуре дигар шавад. Аслан шеъри ўро наметавон дар канори ашъори чомасароёни Эрону Афғонистон гузошт ва далели аслиаш ҳамон садди пириллик аст, ки ҳам ба баёнаш латма ворид кард ва ҳам нагзошт, ки табъи шоъиронаи фитриаш аз лаззати як забони табиъй саршору сархуш шавад ва муъчиза офаринад. Шоъирони чавоне дар Точикистон падид омадаанд, ки ба далели ошнои бо хатти порсй ва иншои ашъорашон ба хатти порсй корҳои бамаротиб дурахшонтаре анчом медиҳанд. Танҳо пас аз раҳойи аз доми хатти пириллик, ки қотили забони порсй аст.

“Вожаҳои авастоӣ аз ҳама бештар дар
забони русӣ боқӣ мондаанд, чунончӣ: чито-чистый; агня-агон; аня-аноҳита-анна;
дароя-даря; Индра-Инна; сава-сава; митра-димитрий; эрика-эрика; нона-нона;
андра-андоей; сапака-собака; дача-дача; ва ҳоказо.”
Шакке нест, ки миёни забонҳои русй ва порсй пайвандҳои фаровоне машҳуд аст, чун ҳар ду ҳамхонаводаанд, ба монанди порсй ва ҳамаи забонҳои ҳиндуурупоии дигар. Аммо устод ба мавзўъе пардохтааст, ки мутаассифона, дар маҳдудаи донистаҳои ў нест ва бештари намунаҳое, ки овардааст, ғалат аст. Барои намуна, мешавад ба “Дмитрий” ишора кард, ки русй нест, балки юнонист ва маънои дақиқи он “замин-модар” аст: De – замин, meter – модар. Ё “эрика”, ки ба ъунвони вожаи порсии ноб намуна овардааст, асолатан ъарабист, ба маънои тахти ҳичла ё хонаи ъарўс. Ва “Дарья» дар забони русй мустақиман баромада аз “доро”-и порсй аст ва вожаи русии ноб нест ва мавориди дигар, ки ҳеч кадом воқеъияти забоншинохтй ба шумор намеоянд, балки баромада аз зеҳни шоъиранд.

Устод Бозор мегўяд:
“Илова бар ин, Тоҷикистон сирф русист,
дар замини холӣ бунёд шудааст. Моро рус миллат ва дорои республика кардааст. Бар ин
бино, забони русӣ барои мо ҳамоно забони модарист, дар
ҳар мақоме, ки набошад дар мақоми забони давлатӣ қарордорад.”
Ҳамон гуна ки пештар таъкид шуд, сирфан ба мавориди марбут ба забон дар ин навишта таваччуҳ мекунем ва изҳороти сиёсии онро нодида мегирем. Боъиси басе таассуф аст, ки устод Бозор дар ъайни пушт кардан ба ҳамзабонони худ, ки забонашон бо забони мо на танҳо ҳамреша аст, балки якест, ниҳояти сарсупурдагии худро ба забоне эълом медорад, ки ҳатто аз гурўҳи забонҳои эронй нест. Бад-ин шева метавон ҳамаи забонҳои ҳиндуурупоиро, ки бо мо қаробати танготанг доранд, модарй донист. Аммо ин изҳори назар сирфан як баёни шоъиронаву эҳсосотист. Як точике, ки русй намедонад, ба мутарчим ниёз дорад, то онро дарёбад. Аммо як точике, ки хатти порсй ҳам балад нест, суханони мардуми Эрону Афғонистонро бемутарчим ҳам мефаҳмад. Ҳамин ҳақиқати сода басанда аст, ки бифаҳмем, Бозор Собир дар ин навишта то чи андоза бероҳа рафтааст.

Бозор Собир:
“Зимнан, чанд аломати алифбои русиамонро беҳуда ихтисор кардаем, хусусан
«ц»-ро, ки дар беғалат навиштани истилоҳоти русӣ ва байналхалқӣ бисёр зарур аст.”
Ин ҳам як намунаи боризи дигар аз сарсупурдагй ба забону кишваре бегона ва нафрат аз забону ҳамтаборони худ. Чизе фаротар аз ин намешавад афзуд. Вагарна забони порсй, ки бидуни ин садо то ба имрўз расидааст, акнун бештарин рушди интишори осори ъилмй дар чаҳонро дорад. Ва тарафдорони ин дидгоҳи Бозор Собир, ки зери боли Русия чо хуш кардаанд, натавонистаанд ҳатто паридан биомўзанд. Дар ҳасрати рус шудан рўзгорашонро ҳадар медиҳанд.

Бозор Собир: “Ин хати
ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангомаи онҳо қарор
гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст.”
Барномаи “панисломй” ва ҳамзамон “сионистй” донистани гузор ба хатти худй (порсй) андешаи носолимест, ки сирфан аз тафаккури носолим метаровад. Ин пиндор, ки душманони дерина (исломгароёну саҳюнистҳо) даст ба дасти ҳам додаанд, то Точикистонро ба хатти худаш баргардонанд, аз ҳитаи тафаккуроти шоъирона ҳам берун аст. Дар чаҳони тахайюл ҳам намегунчад. Ва сирфан як андешаи носолим аст.
Воқеъият аз ин қарор аст: точиконе ҳастанд, ки медонанд, агар Точикистон ба хатти худаш (порсй) барнагардад, забони Рўдакй хоҳад мурд; точик хоҳад мурд. Ҳамарўза нишонаҳои барчастаи ин марги тадричиро мебинем. Яке аз он нишонаҳо ҳамин матлаби порсиситезона ва азхудбезоронаи як шоъири миллат аст. Лаккаи нангест на танҳо бар пешонии устод Бозор, ки бар баданаи тамоми ин ошуфтабозор, ки ҳар як замзамае дигар зери лаб дорад...

Чанд нуктаи дигар
дар мавриди бепоя будани ин мақолаву иддиъоҳояш:
”Ӯ (Ризошоҳи Паҳлавй) буд, ки дар пешгоҳи оромгоҳи Куруши Кабир зонӯ зада гуфт: -Куруши бузург, хоби абадат хуш бод, ки мо бедорем!”
Ин суханонро ("Куруш! Осуда бихоб, ки мо бедорем!") Муҳаммадризошоҳ, фарзанди Ризошоҳ ва Паҳлавии Дувум ба забон оварда буд. Ва на зонузада, балки рост истода, дар маросими бузургдошти 2500-умин солгарди шоҳигарии Эрон дар Тахти Чамшед.
"Ӯ (Ризошоҳи Паҳлавй) буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод…"
На "созмони вожаҳои форсй", балки Фарҳангистони забону адаби форсй буд, ки Ризошоҳи Паҳлавй соли 1934 мелодй созмон дод. Ва ин ҳамон созмонест, ки истилоҳоти "шиноснома", "раводид" ва "фурудгоҳ"-ро сохтааст. Ҳамон истилоҳоте, ки Бозор Собир дар оғози мақолааш онҳоро "носолим" тавсиф карда буд. Ҳоло чиро аз он созмон тамчид мекунад?.. Худо донад.
“Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро (дар Душанбе) хароб кардаанд, ӯ (Раҳмон) барпо намуд.”
Тандиси Фирдавсиро нерўҳои зиддикумунистй дар маркази шаҳри Душанбе ба чои тандиси Ленин барпо карда буданд ва устод Бозор ҳам ончо ҳузур дошт. “Панисломистон” набуданд, ки онро хароб карданд. Ҳукумати Раҳмон дар ҳамон бадви вурудаш ба Душанбе тандиси Фирдавсиро канду ба ҳошияи шаҳр ронд. То он замон Душанбе танҳо пойтахти минтақа буд, ки мучассамаи як чомасароро дар маркази пойтахташ насб карда буд, на як сиёсатмадорро. Аммо дигар чунин нест.
“Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад.”
Ҳамон “классикон”-е, ки Бозор Собир дар ин мақола то тавонистааст, ба онҳо баду бероҳ гуфтааст. Пас бояд мояи нохушнудии устод бошад, ки дар Точикистон ба “классикон” арч гузоштаанд.
“Бинои Китобхонаи миллии мо дар минтақа ягона аст.”
Аммо даруни он пур аз китобҳоест, ки мардум мачбур буданд аз хонаҳояшон бикашанду ба китобхона тақдим кунанд. Дар натича китобҳо ъумдатан аз чинси осори шўравист, ки на пештар ва на ҳоло хонандае надорад.
”Хулоса, мо ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем.”
Агар устод Ъайнй ин суханони тавҳиномезро шунида буд, дарди 75 зарбаи шаллоқ бар тахтапушташ тоза мешуд. Садриддин Ъайнй, бар хилофи Бозор Собир, ба дабираи порсй вафодор буд ва ҳамаи осорашро ба хатти порсй навишт ва ҳаргиз ба дабираҳои потину пириллик тан дарнадод. Ва ҳатто пас аз омадани Артиши Сурх ҳам бебокона менавишт: “Мо, форсиён!” Пас Бозор Собир ҳаққи маънавии паноҳ бурдан зери сояи Садриддин Ъайниро надорад.
“Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд.”
Ин хобро мешавад танҳо ба об гуфт. Бо ин тақозоҳои музҳик мешавад ҳатто аз тамоми чаҳон хост, ки ба хатти пириллик бигзаранд. Чаро ки на?
“1 муддат шодихори онҳо шуда хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст.”
Ин мавзўъ ҳеч рабте ба ҳувияти миллат надорад. Даромехтани масоили сиёсй бо ҳувият саранчомаш ҳамин мақолаи бесарутаҳест, ки устод Бозор навиштааст. Ойинаи тамомнамои ин ошуфтабозор шуд устод Бозор.

1 comment:
Таваҷҷуҳи !!
Ман оқои Герард намояндаи Aso ширкат пасандозҳои қарзӣ қарз ҳастам. Агар ба шумо лозим аст қарз барои бизнес шахсӣ, ё ба шумо лозим аст қарз барои тоза кардани ҳамаи Забонхати худро, меҳрубонона ба мо дар бораи ин почтаи электронии зерин муроҷиат намоед: finance_institute2015@outlook.com Барои иттилооти бештар.
Барои маълумоти шумо, ширкати мо дод аз қарз дар меъёри фоизи 3%, агар шумо таваҷҷӯҳ доранд баргаштан ба мо фавран ба мо имконият медиҳад, ки бо даст ҳуҷҷати тасдиқи интиқоли қарзи худро иҷро ..
Тамос бо почтаи электронии: (finance_institute2015@outlook.com)
Post a Comment