Tuesday, May 29, 2018

Порсӣ - ойинаи тамомнамои тоҷикон

Андешае чанд бар пешонии мақолаи “Забони тоҷикӣ ё форсӣ?” ба қалами Ҷамолиддин Саидзода

Нахустин нуктае, ки дар мақолаи Ҷамолиддин Саидзода ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ба истилоҳ, пешонии он нивишта аст. Нивисанда матлабашро бо байте аз Фирдавсии Тӯсӣ – худовандгори сухани порсӣ ва ҳамоне, ки гуфта буд “Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”, оғоз мекунад. Он байт ба шарҳи зер аст:

Пажӯҳиш намою битарс аз камин,
Сухан ҳар чӣ бошад, ба жарфӣ бибин.

Аммо шӯрбахтона, он чи дар матлаби Ҷамолиддин Саидзода бо заррабин ҳам намешавад суроғ дошт, ҳамон пажӯҳишу жарфнигарист, ки ҳазрати Фирдавсӣ ба мову шумо тавсия карда буд.

Агар оқои Саидзода сари сӯзан пажӯҳише карда буд (албатта, ба дур аз эҳсосоти ғайриъилмию ғаразҳои сиёсӣ) , ҳатман ин фармудаи Фирдавсӣ дар достони Таҳмураси Девбанди “Шоҳнома” ҳам ба чашмаш мехурд:

Нибиштан ба хусрав биомӯхтанд,
Дилашро ба дониш барафрӯхтанд.
Нибиштан яке на, ки наздики сӣ,
Чи румӣ, чи тозию чи порсӣ,
Чи суғдӣ, чи чинию чи паҳлавӣ,
Зи ҳар гунае, к-он ҳаме бишнавӣ.
Ҷаҳондор сӣ сол аз ин бештар,
Чигуна падид оваридӣ ҳунар.
Бирафту сар омад бар ӯ рӯзгор,
Ҳама ранҷи ӯ монд аз ӯ ёдгор.

Ва агар мову шумо ҳам ба гуфтаи Ҷамолиддин Саидзода ъамал кунему ба фармудаи Фирдавсӣ пушти по бизанем, яқин донед, ки на танҳо бар забон, балки бар миллати мо ҳам рӯзгор сар хоҳад омад; яъне забони миллии тоҷикон дар инзиво хоҳад монду хоҳад пӯсиду аз байн рафт ва дар пайи нобудии забон аст, ки нобудии миллат фаро мерасад.

Бино ба омори Бунёди омӯзишию ъилмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (UNESCO), аз миёни ҳудуди 7000 забони ҷаҳон ҳар 14 рӯз як забони мустақил мемирад (http://www.unesco.org/languages-atlas/index.php) . Яъне ҳар 14 рӯз, ки бар мо мегузарад, яке аз ин ҳазорон забон аз тадовул меуфтад ва ба торих мепайвандад. Инҳо чи забонҳое ҳастанд? Инҳо ҳамагӣ забонҳои хурду маҳдуде ҳастанд, ки дар инзиво (“изоляция”) мондаанд. Дар оғоз ин забонҳо ҳам даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳазор гӯишвар доштанд. Аммо набуди тавлидоти зеҳнӣ ба он забонҳо дар оғоз онҳоро табдил ба забонҳои қабилаӣ мекунад, сипас рафта-рафта онҳо ба чордевории хонаҳо паноҳ мебаранду забони хонагӣ мешаванд ва дар ниҳоят ҳам аз нафас меуфтанд. Мемиранд. Ҳамаи забонҳои мурдаи ҷаҳон ҳамин равандро паймудаанд.

Ва ҳоло агар мову шумо ба раҳнамудҳои оқои Саидзода амал кунем ва забони бузургу ҷаҳонии порсии худро тофтае ҷудобофта бипиндорему “тоҷикӣ” биномем ва онро ҷудо аз порсӣ биангорем ва онро танҳо мутаъаллиқ ба чанд милюн тан дар Тоҷикистону Узбакистон фарз кунем, дар воқеъ, худамон ба дасти худамон ҳукми марги забони миллии тоҷикон дар Осиёи Марказиро имзо кардаем.

Ҳатто агар ҳазорон Саидзодаҳо синачок шаванду худашонро тикка-пора кунанд, ки забони Рӯдакию Фирдавсӣ “тоҷикӣ” будааст, порсӣ табдил ба “тоҷикӣ” намешавад. Сирфан хандахариши ҷомеъаҳои ъилмии ҷаҳон мешаванд. Чиро? Зеро на Рӯдакӣ ва на Фирдавсӣ забони худро “тоҷикӣ” наномидаанд, балки ҳар ду баравшанӣ бар “порсӣ” будани забони худ гувоҳӣ додаанд. Рӯдакӣ ҳамонест, ки суруда буд:

Тозиву порсӣ ҳама наздики мо якест,
Наздики ў гиромӣ(ст) парҳезгортар!

Ва бо ҳеч найрангу тарфанде намешавад лафзи сиёсии «забони тоҷикӣ»-ро бар забони мубораки Одамушшуъаро кошт. Ин на танҳо ҷаъли торих аст, балки тавҳин ба ҳақиқати бунёдинест, ки ҳувияти миллати тоҷикро шакл додааст.

Чигуна мешавад падари ҳамосасароии тоҷикон – Фирдавсиро водошт, ки дар байти зер забони худро «порсӣ» наномад?!

Магар он-к гуфтори ӯ бишнавӣ,
Агар порсӣ гӯяд, ар паҳлавӣ.

Оё равони Носири Хусрав озурда нахоҳад шуд, агар аз ӯ хурда бигиред, ки чиро номи забони модарии худро “порсӣ” номида, онҷо ки мегӯяд:

Гар ту ба табор фахр дорӣ,
Ман мафхари гавҳару таборам.
Ашъор ба порсию тозӣ
Бархону бидор ёдгорам (?!)

Бо он ҳама далелҳое, ки аз ҳамаи бузургони тоҷик, аз Абӯҳафси Суғдию Рӯдакӣ гирифта то Садриддин Ъайнию Бобоҷон Ғафуруфу Лоиқ Шеръалию Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар исботи порсӣ будани забони тоҷикон овардаем, чигуна мешавад ин ҳама густох буду ба тамоми торихи тоҷикону бузургонашон пушти по зад ва гуфт, ки “ана мо акнун номи забонамона ёфтем: тоҷикӣ!”?! Яъне ҳама то ҳоло ғалат карда буданду нобиғае чун Шумо ба ҳақиқати мутлақ даст ёфтааст?! Бо кадом рӯй мешавад ҳамчунон худро вориси Сомониён донист, агар напазирем, ки Сомониён номи забони моро чизе ҷуз порсии дарӣ (дарборӣ ё расмӣ) намедонистанд ва дар посдорию рушду шукуфоии он бештар аз онҳо ҳеч одамизоде ҷонбаркафу фидоӣ набудааст? Магар Сомониён забони худро “тоҷикӣ” меномиданд? На. Аслану абадан ҳеч тоҷике набуд, ки забони миллии худро порсӣ надонад, то замоне ки Кремлин тасмим гирифт бо дасткории ҳувияти мову шумо бо ангезаҳои комилан сиёсӣ ва бо ҳадафи хору залил кардани забону миллати тоҷик номи “порсӣ”-ро аз мо дареғ бидорад. Ҳадафҳои Кремлин, ки барои мову шумо равшан аст, аммо Шумо чиро, оқои Саидзода?! Оё баростӣ мехоҳед забони порсии Осиёи Миёна ба ҷамъи забонҳои дами марг бипайвандад ва яке аз он забонҳое шавад, ки ҳар 14 рӯз яке мемирад? Агар чунин нест, чиро мункири бузургию фарогирию ҷаҳонӣ будани забони мо ҳастед ва мехоҳед онро ба рустои худ ва дар чорчӯби тангу кушандаи пириллик нигаҳ доред? Оё ин ситами хориқулъодаро ҳеч душмане бар забони душмани худ раво доштааст?!

Инҳое, ки нивиштам, танҳо дар бораи сароғози мақолаи “Забони тоҷикӣ ё форсӣ?” ба қалами Ҷамолиддин Саидзода буд; мақолае башиддат эҳсосотӣ, тиҳӣ аз мағзи ъилмӣ ва комилан гӯшбафармони сиёсат, ки арзиши вокунишро надорад. Аммо шӯрбахтона, имрӯза нивиштаҳои бепояву бемояи ҳамин донишварону донишмандони кунунист, ки гӯши фалакро кар кардааст ва чашми ъавомро кӯр ва мардумро на ба роҳ, ки ба чоҳ мебарад.

***

Ҷамолиддини Саидзода мегӯяд: “Забони модарии мо-забони тоҷикӣ, ки бо он гузаштагону имрӯзиёни мо осори фаровон ва гаронбаҳову ҷовидона офаридаанд, зиёда аз як аср аст, ки бо ҳамин ном, яъне бо номи аслӣ ва ҳақиқиву таърихиаш барои худ дар олами илму адабу фарҳангу сиёсат ҷой боз кардааст”.

Хуб аст, ки худи ӯ ба кӯтоҳии торихи истилоҳи “забони тоҷикӣ” дар баробари дарозии торихи забони порсӣ аз ҳамон оғоз изъон кардааст. Албатта, боз ҳам на бо диққат, балки бо иғроқ ва аз рӯи кинаварзӣ ба номи ростини забони мо.

Барои ҳамагон пур равшан аст, ки номи расмии забони мо ҳатто пас аз ишғоли Иморати Бухоро ба дасти Артиши Сурх “форсӣ” будааст. Тамоми нишонҳои давлатии Бухоро, чи дар замони иморат ва чи дар бадви балво ё кудетои сурх дар Бухоро, ба забону хатти порсӣ будааст. Танҳо дар соли 1928 буд, ки ба дастури Кремлин “забони форсӣ” табдил ба “забони тоҷикӣ” шуд. Яъне “зиёда аз як аср”-е, ки Саидзода мегӯяд, лофе беш нест ва аз вуруди ин истилоҳи сиёсӣ (на ъилмию фарҳангӣ) ба забони мо дуруст 90 сол гузаштааст.

Кремлин дар густараи Шӯравӣ таҳаммули ҳеч забонеро надошт, ки куҳантар ва пурбортар аз забони русӣ бошад. Дар ин миён порсӣ танҳо забони ин ҳоза (ҷомеъа) буд, ки ҳам ба синну қидмат ва ҳам аз диди бори фарҳангию торихӣ аз забони русӣ чанд сару гардан болотар буд. Гузашта аз он, забони порсӣ маҳдуд ба Осиёи Миёнаи шӯравӣ намешуд, балки дар ду кишвари дигар берун аз Шӯравӣ ҳам (Эрону Афғонистон) забони расмӣ буд ва бо ҳамин ном (форсӣ) шинохта мешуд.

Ҷойгоҳи вежаи забони порсӣ ҳам хатаре буд барои султаи забони русӣ бар минтақа ва ҳам тамомияти арзии Иттиҳоди Шӯравиро таҳдид мекард. Кремлин бояд роҳу чорае меҷуст, то ин забони тавонманди фаромарзиро аз сари роҳи ҳадафҳои сиёсию жеупулитики худ бардорад. Осонтарин роҳи мумкин тағйири номи забон буд. Ва ин нахустин иқдоме буд, ки дар ин росто анҷом шуд. Дар соли 1928 номи расмии забони мардуми Тоҷикистон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” тағйир кард. Пас бо ҳеч найрангу тарфанде намешавад собит кард, ки ин иқдом ангезаи сиёсӣ надоштааст.

Аммо ҳамчунон иртиботи миёни порсигӯёни Шӯравӣ ва бурунмарзӣ барқарор буд, чун ҳар ду ба як хат менивиштанд. Шӯравӣ ҳамчунон аз ноҳияи забони порсӣ эҳсоси хатар мекард. Барои хунсосозии ин хатар дабираи тоҷикон ҳам тағйир кард. Соли 1929 лотин шуд.

Ва боз ҳам хатари забони порсӣ барои сиёсатҳои ҳувиятзудоӣ ва мағзшӯии Шӯравӣ сари ҷои худ боқӣ буд. Чун хатти лотин барои бисёре дар хориҷ аз Шӯравӣ ошно буд, аз ҷумла барои ҳамаи фарҳехтагони порсигӯ дар Эрону Афғонистон. Гузашта аз ин, забону баён ҳамоне буд, ки дар Эрону Афғонистон ҳам ривоҷ дошт. Кремлин ин бор тасмим гирифт ҳам хатту ҳам дастури забону ҳам таркиби вожагониро барои тоҷикон ъиваз кунад. Масалан, “Ҷумҳурияти Иҷтимоъии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон”, ки дар нишони давлатии кишвари мо дар соли 1929 дида мешавад, баъд аз он ба “Республикаи Автономии Советии Социалистии Тоҷикистон” тағйир кард, ки ҳеч як аз аҷзои он барои мардуми бумии обу хоки мо, тоҷикон, ошно набуд. Ҳамагӣ саропо бегона буд.

Ба ёд дошта бошед, ки ин иқдомҳо ҳеч кадом худҷӯшу миллӣ набуд, балки сирфан аз Кремлин дикта мешуд ва ҳеч касе ҳозир ва қодир ба муқовимат бо дастурҳои Истолин набуд. Ҳар касе, ки кӯчактарин ихтилофи назаре дошт ё дар баробари ин ҷиноёти фарҳангӣ садои эътирозе – ҳарчанд заъиф – баланд мекард, кушта ё табъид (бадарға) мешуд. Дар натиҷа, соли 1939 аз Кремлин дастур омад, ки хатти мо пириллик шавад ва ҳамзамон донишварони сиёсӣ ё сиёсатзада ё муғризе аз Русия дастбакори таҳрифи дастури забони мо ва тазриқи вожагони бегона ба забони мо шуданд. На танҳо вожагони бегона, балки садоҳову ҳуруфи бегона ҳам бар забони мо таҳмил шуд.

Барои намуна, вожаи нохондаи “выставка” ба маънои намоишгоҳ ба забони мо батанҳоӣ меҳмон нашуд, балки садо ва ҳарфи номаънуси “ы”-ро ҳам базӯру иҷбор вориди забони мо кард. Мо ба ҷои “кӯсамоҳӣ” бояд “щука” мегуфтем ва бо ин “щука”-и аҷнабӣ садову ҳарфи бегонаи “щ” ҳам ба забони мо таъарруз кард. Маҷбур шуда будем “сирк”-ро ба шеваи русҳо “цирк” бигӯему бинивисем. Дар натиҷа “ц” ҳам ба ҷамъи меҳмонони нохонда дар забони мо афзуда шуд... Ба ъиборати дигар, ба забони мо таҷовуз шуд; таҷовузе фарогир, то аз забони порсӣ забоне дигар бисозанд. Ва тан додан ба таҷовузи бегонагон дар ҳар заминае нишонаи хиффату хорӣ ва бешарафист.

Дар идомаи ин таҷовуз овонигории порсии Осиёи Марказӣ ҳам мухтал шуд. Ва, масалан, “прулетор”-е, ки дар нишони расмии Кумитаи иҷроияи марказии шӯроҳои Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон дар оғози соли 1929 мебинем, баногоҳ табдил ба “пролетар” шуд, ки ъайни имлои он дар забони русист. “Сусиёлист” ҳам худбахуд табдил ба “социалист” шуд, ки дар забони мо овову таркибу имлои бегона буду ҳаст...

Аммо ин таҷовуз корсоз воқеъ нашуд ва ҳам забон аз вожаҳову ҳуруфи нохонда поксозӣ шуду мешавад ва ҳам номи расмии забони мо борҳо таҳти фишори тоҷикони фарҳехта (ва на бегонагон!) “форсӣ”-ро бар худ афзуд. Нахустин мавриди он дар соли 1989 буд, ки забони мо расман «тоҷикӣ (форсӣ)» ном гирифт. Ин иқдом комилан худҷӯш буд ва на дикташуда аз сӯи маркази қудрати бегонагони ишғолгар. Пас касоне, ки мухолифи номи ростини забони мо («порсӣ») ҳастанд, худашон ҳам бахубӣ огоҳанд, ки сирфан дар ҳоли дифоъ аз таҷовузи аҷнабиён ва ҷинояти фарҳангии камназири Кремлин ъалайҳи миллати тоҷик ҳастанд.

***

Ҷамолиддини Саидзода танҳо бар пояи ғарази сиёсии худ шукргузор аст, ки “зиёда аз як аср аст”, ки номи забони порсӣ ҷои худро ба истилоҳи сиёсии тафриқаандози “забони тоҷикӣ” додааст. Дар бахши пешин ба шарҳи муфассал собит шуд, ки ин арзёбии иғроқомези Саидзода аз беху бун ғалат аст.

Забонеро, ки худи ӯ дерпой медонад, наметавон фидои ҳатто сад соли ахираш кард. Забоне, ки бархе аз бузургтарин фарзандони банӣ Одамро парваронда ва ҳамаи онҳо онро бо номи “порсӣ” мешинохтаанду мешиносондаанд, намешавад ҷуз “порсӣ” номид. Дақиқан пас аз он ки забони мо ба дастури сиёсии Кремлин ва барои тазъифу таҳқири он ва соҳибони забон – тоҷикон тағйири ном кард, ин забон дар Осиёи Миёна аз парвардани бузургвороне дар ҳадди, масалан, Аҳмади Дониш, бозмонд; чи бирасад ба бузургоне чун Бӯъалӣ Синову Беруниву Хоразмӣ, ки ҳамагон аз парвардагони порсӣ буданд. Ҳамаи фарзандони вафодори марзубуми мо якпорчагии ин забонро пос доштаанд ва ҳеч як аз онҳо ба ҳадди ҳамоқати тақсими забони модарӣ уфт накардаанд.

Аммо бибинед, ки акнун мо ба чи чоҳе уфтодаем, ки яке аз фарзандони муъосири ин обу хок (Ҷамолиддини Саидзода) шояд нохудогоҳ об дар осиёби душман мерезад ва табли парешонию инзиво мекӯбад ва мегӯяд:

“Агарчи дар гузашта ин забон асосан ба номҳои форсиву дарӣ ёд мешуд, ин маънои онро надошт ва надорад, ки мо ҳаққу ҳуқуқи забони тоҷикӣ гуфтани забони модариамонро билкул аз даст додаем ва мо бояд имрӯз ҳамтман забонамонро «забони форсӣ» бигӯем. Не, ҳаргиз чунин нест, зеро баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабори туркию муғулӣ мо-тоҷикон бо номи мусулмон мезистем, на давлат доштем(қудрати сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ дар назар аст, ки барои вуҷуди як давати миллӣ муҳим аст), на пойтахт(имрӯз онҳое, ки Бухороро дар гузашта пойтахти давлати тоҷикон медонанд, иштибоҳи бузург менамоянд, зеро Бухоро танҳо дар замони Сомониён пойтахти давлати миллии мо-тоҷикон буд, аммо баъди аз байн рафтани он пойтахти давлатҳои туркию муғулӣ буд)”.

Ман ҳеч шинохте аз Саидзода надорам, аммо ҳамин сухани ӯ басанда аст, ки дар дониши ӯ башиддат шак кунам. Забони модарии мо беном набудааст, ки имрӯз ӯ ё касе дигар барояш номе ихтироъ кунад. Ин забон аз замони пайдоиши худ то кунун “порсӣ” ном доштаасту дорад ва “дарӣ” сифати он будааст.

Ҳаким Носири Хусрав дар “Сафарнома”-и худ, ҷое, ки ба перомуни Марв мерасад, достоне дорад, бо чунин ҷумалоте: “Чун ба наздики ёрону асҳоб омадам, яке аз эшон шеъре порсӣ мехонд. Маро шеъре ба хотир омад, ки аз вай дар хоҳам, то ривоят кунад. Бар коғаз нивиштам, то ба вай диҳам, ки ин шеър барбихон”.

Яъне шеъре, ки Носири Хусрав бар коғаз нивишта, то ровӣ бихонад, ба забони модарии бузургвори мо – порсӣ будааст. Ва ҳар он кас, ки мункири порсӣ будани забони мост, ҳаққи маънавии таъаллуқи Носири Хусрав ба пешинаи худро надорад. Ва Рӯдакию Фирдавсию Саъдию Ҳофизу Соибу Хайём ҳам ҳеч нисбате бо он порсиситезон надоранд, чун ҳеч як аз онҳо забони худро “тоҷикӣ” наномидаанд ва бар порсии худ нозидаанд.

Дигар ин ки мо ҳаргиз шохисаи нажодию миллии худро аз даст надодему ъараб нашудем. Ва ҳамеша дину мазҳабро аз қавму нажод тафкик мекардем. Саидзода, ки мегӯяд “мо – тоҷикон бо номи мусулмон мезистем”, як дурӯғи бузург аст. Бузургони мо аз садаи 11 мелодӣ ба баъд дар ъайни ин ки забони модарии худро “порсӣ” мегуфтанд, нажод ё қавмияти худро “тоҷик” мехонданд, ки мутародифи эронӣ аст. Дар он ъаҳду замон аз “Тоҷикистон” хабаре набуд, аммо ҳатто бузургворе шерозӣ ба монанди Саъдӣ ҳам худро тоҷик медонист, чун барои ӯ ва ҳар хирадманди дигаре “тоҷик” мутародифи “эронӣ” буд ва ҳаст. Ба ҳамин далел аст, ки мегӯяд:

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик

Ва манзураш аз “турк” маъшуқаш асту “тоҷик” худи Саъдӣ.

Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз шахсиятҳои ҷаҳонист, ба гунаҳо ва дар мавориди бисёре худро тоҷик дониста, дақиқан ба ҳамон шеваи Саъдӣ, дар тақобул бо “турк”. Ҳар он ҷо, ки суҳбат аз “турк” буда, “тоҷик” ба маънои эронӣ дар баробари он қарор гирифтааст. Мавлавӣ гӯяд:

Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар ҷонро.

Аз ин намунаҳо фаровон аст ва ниёзе ба такрори мукаррарот нест. Агар Саидзода аҳли мутолеъа бошад, баногузир бояд суроғи пешинаи вожаи “тоҷик” дар забони порсиро бигирад, то дарёбад, ки “тоҷик” пайваста (аз садаи 11 ба баъд) ба маънои “эронӣ” дар забони мо ба кор рафтааст.

Пас ин сухани дурӯғ аст, ки “баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабори туркию муғулӣ мо-тоҷикон бо номи мусулмон мезистем” ва танҳо Шӯравӣ буд, ки ба доди мо – тоҷикон расиду номи моро ба худамон пас дод. Як дурӯғи шохдори гӯшношунид аст, ки гӯяндааш бояд аз бобати гуфтани он барои ҳамешаи Худо бишармад.

Ва як дурӯғи бузурги дигар дар ҳамон ҷумлаи казоӣ ин аст, ки “баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабори туркию муғулӣ мо-тоҷикон... на давлат доштем (қудрати сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ дар назар аст, ки барои вуҷуди як давати миллӣ муҳим аст), на пойтахт (имрӯз онҳое, ки Бухороро дар гузашта пойтахти давлати тоҷикон медонанд, иштибоҳи бузург менамоянд, зеро Бухоро танҳо дар замони Сомониён пойтахти давлати миллии мо-тоҷикон буд, аммо баъди аз байн рафтани он пойтахти давлатҳои туркию муғулӣ буд)”.

Албатта, нивисандаи он матлаб ба далели гирифториаш дар идеулужии шӯравӣ шояд ба дарки мафҳумҳои давлату миллату забону пойтахту қудрат нарасида бошад. Аммо дар як сарзамин, сарфи назар аз ин ки ҳоким мутаъаллиқ ба чи қавмиятест, пешинаи он сарзамин ҳоким аст. Масалан, бачаҳои Чингизхон, ки бар тахти Эрон нишастанд, Эронро “Муғулистон” наномиданд, балки подшоҳони Эрон шуданд. Ва худашон ҳам эронӣ шуданд ва забони порсиро ба шибҳи қорраи Ҳинд бурданд ва ҳиндиҳоро порсигӯ карданд ва забони ҳиндиро бо порсӣ даромехтанд ва забони “ҳиндустонӣ” сохтанд, ки ҳиндии имрӯз аст ва урду шохае аз он аст, бо даромехтагии ҳатто бештар бо забони порсӣ.

Ё ҳатто дар торихи муъосир: хонадони салтанатии имрӯзии Бритониё решаҳои олмонӣ дорад ва хуни олмонӣ дар рагҳои онҳо ғолиб аст. (Зимнан, дар хонадони салтанатии Русия ҳам чунин буд ва онҳо аз хешовандони хонаводаи салтанатии Бритониё буданд, ба монанди бисёре дигар аз дудмонҳои салтанатии Фарангистон). Аммо хонадони Виндзур (Windsor)-и Бритониё ба ҳеч рӯй олмонӣ шинохта намешавад, балки инглисист. Чиро? Зеро ин хонадон бар Бритониё салтанат мекунад ва забони дарбораш инглисӣ аст.

Дуруст ба монанди Манғития, ки бо вуҷуди решаҳои муғулиаш як дудмони тоҷик (эронӣ) ба шумор меояд, зеро ҳам бар тахти як сарзамини порсигӯ нишаста буд ва ҳам забонаш порсӣ буд. Агар Ъолимхон узбакӣ ё муғулиро ба ҳадди кофӣ балад буд, “Торихи ҳузнулмилал”-ашро ба порсӣ наменивишт. Ва агар ъирқи туркию муғулӣ дар хонадони ӯ қавӣ буд, духтараш Шукрия Раъд дар Омрико худро дар гуфтугӯ бо шодравон Муҳйиддини Ъолимпур “як духтари муҳоҷири тоҷик” муъаррифӣ намекард.

Пас тоҷикон пас аз суқути Сомониён ҳам то 920 соли дигар соҳибу хидеви сарзамини паҳновари худ дар Осиёи Марказӣ буданд. Ҳеч фарқе намекард, ки фармонраво ғазнавӣ буд ё манғит; ҳамагӣ бидуни истисно порсизабон буданд ва девонсолорон ҳамагӣ порсигӯ, яъне тоҷик (эронӣ).

Мусибате, ки сарзамини тоҷиконро дар Варорӯд маҳдуд кард, ҳамон ҳамлаи Артиши Сурх буд, ки Бухорои порсигӯи паҳноварро ба се ҷумҳурии Узбакистону Тоҷикистону Туркманистон тақсим кард ва забони порсиро ба кӯҳистони Бухорои Шарқӣ ронд ва номи онро тағйир дод, то дар гӯшае батанҳоӣ бипӯсаду бимирад. Албатта, тираш хок хурд, чун тоҷикони ростин ҳамчунон зиндаанд.

***

Барои ононе, ки ҳавсали камтаре доранд, бояд ёдовар шуд, ки мо ҷумла ба ҷумла бо Ҷамолиддини Саидзода пеш меравем, то дарёбем, ки дар кадом печу хаме муртакиби ин хатои ҳувиятӣ шуда ва тоҷиконро аз забону мероси порсӣ маҳрум донистааст, ки ҷафои бузурге дар ҳаққи тоҷикон аст.

Мегӯяд:

“Мо агар ба ин байти машҳур:
Самарқанд сайқали рӯи замин аст,
Бухоро қуввати ислому дин аст
диққати ҷиддӣ бидиҳем, мебинем, ки, дар ҳақиқат, Бухоро, баъди заволи Сомониён дигар маркази тоҷикони бедавлат нест, балки маркази атроки бодавлат аст, атроке, ки қудрати сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ дар дасташон аст, зеро дигар мулуки Аҷам дар саҳнаи Мовароуннаҳру Эрону Хуросон ҳузур надоранд, фармонравоӣ намекунанд, силсилаи хонадонҳои эронӣ барандохта шудаанд, давраи мулуки турк сар мешавад, туркҳо ба саҳнаи таърих меоянд, кишвардории мо ба атрок вобаста мегардад, мо дар ин давлатҳои туркию муғулӣ (аз замони Ғазнавиён то Манғитиён) танҳо ҳузури илмиву адабиву фарҳангӣ дорем”.

Шигифтии ман аз он даста аз мухолифони забони порсист, ки мо – посдорони порсиро ба “ъарабигуфторӣ” муттаҳам мекунанд, аммо худашон ъарабтар аз халифа ҳастанд. Барои намуна, вожаи “атрок”, ки дар ин мақола омадааст, шакли ҷамъи “турк” дар забони ъарабӣ аст ва имрӯза дар забони порсӣ ҳузури чашмгире надорад. Яъне ин муътаризони ҳузури вомвожаҳои ъарабӣ дар забони порсӣ, агар фурсатро муносиб диданд (яъне агар эҳсос карданд, ки чизе аз вожагону қоъидаҳои ъарабиро мефаҳманд), бедиранг ҳунарнамоӣ мекунанд. Аммо дар ин мавриди бахусус ҳеч ниёзе набуд, ки ба ҷои “туркҳо” шакли ҷамъи ъарабии он (“атрок”) ба кор биравад, ки дар забони порсии меъёр (дар саросари ҷомеъаҳои порсигӯи ҷаҳон) ривоҷ надорад.

Вале дар бораи лубби матлабе, ки оқои Саидзода мегӯяд, дар бахши пешин тавзеҳоти лозим дода шуд, то дарёбем, ки қавмияти ҳоким наметавонад таъйинкунандаи ҳувияти дудмонаш бошад. Ҳамон гуна ки подшоҳони муғул сарзамини моро “Муғулистон” наномиданд ва бо ифтихор ҳамроҳ бо забону фарҳанги порсӣ ъунвони “подшоҳи Эрон”-ро пазируфтанд, тамоми фармонравоёни турку муғули дигар дар марзубуми мо ҳам тоҷик, яъне эронӣ шуда буданд. Барои тавзеҳоти бештар дар ин бора ба бахши севуми ин риштаҷусторҳо руҷӯъ шавад.

Саидзода мегӯяд: “мо дар ин давлатҳои туркию муғулӣ (аз замони Ғазнавиён то Манғитиён) танҳо ҳузури илмиву адабиву фарҳангӣ дорем”.

Хуб, қавмияте, ки ҳузури пурранги ъилмию адабию фарҳангӣ дорад, қавмияти ғолиб аст. Яъне агар ҳамаи фармонравоён турку муғул ё ҳатто ъарабу румию юнонӣ бошанд, аммо фаровардаҳои зеҳнӣ (“умственная продукция”) ба забони мардуми бумӣ бошад, пас мардуми бумӣ ҳастанд, ки ҳокиманд. Забони фаровардаҳои зеҳнӣ муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.

Магар дар давраи ҳукумати дудмонҳои турку муғул мову шумо ба забонҳои туркию муғулӣ менивиштем? На. Чун турку муғул дар ақаллияти фарҳангӣ ва тобеъи фарҳанги бумӣ буданд ва ҳатто забони худро фаромӯш карда буданд, то ба забони фарҳанги ғолиб (порсӣ) бигӯянду бинивисанд.

Пас намешавад иддиъо кард, ки дар соли 999 мелодӣ, ки поёни шоҳигарии Сомониён аст, давлатдории тоҷикон ҳам ба фарҷом расид. Ба ҳеч рӯй чунин набуд. Салтанати тоҷикон бо забони қадару сарвари порсӣ бар тамоми минтақаи Осиёи Миёна то соли 1920 идома дошт. Тамоми давлатҳое, ки ба дунболи Сомониён омаданд, дунболарави Сомониён буданд. Ғазнавиён ҳам бисёр дӯст доштанд, ки Шоҳномае тақдими онҳо шавад ё Ъунсурие барояшон мадҳияе бисарояд ё як афсона ё устураи эронӣ бо номи онҳо гиреҳ бихурад. Ва тамоми ин бидеҳу бистонҳо ба забони порсӣ анҷом мегирифт. Ҳамаи дудмонҳои ҳоким бар Эронзамини шоҳномаӣ ба “Шоҳнома” арҷ мегузоштанд ва бо ҷидду ҷаҳд талош мекарданд, ки решаи худро дар Шоҳнома пайдо кунанд. Ҳамагӣ эронӣ шуда буда буданд. Ҳам порсизабон буданд ва ҳам мунодии паёми Эронзамин ва ҳам густарандаи забони порсӣ дар ақсо-нуқоти ҷаҳон.

Пас наметавон бо диди бисёр танги шӯравигуна чунин бардошти ғалате дошт, ки тоҷикон аз замони поёни салтанати Сомониён (999 мелодӣ) то 1920 ҳеч давлате надоштаанд.

Иттифоқан, дар ҳамон соли шуму манҳуси 1920 буд, ки давлатдории тоҷикон дучори сакта шуд. Ба далели тадохули хориҷӣ ва таҷовузи Артиши Сурх барои муддате мадид ҳокимияти тоҷикон хадшадор шуд. Зарбаи маргборе, ки дар юриши сурхҳои Русия ба Иморати Бухоро хурдем, шояд то як қарни дигар машҳуд бимонад. Ҳамин Ҷамолиддини Саидзода намунае аз натиҷаи он аст, ки мутаваҷҷеҳи балои ъазими Шӯравӣ нест, ки барои миллати мо хонумонбарандоз буд ва онро сароғози ҳастии миллаташ медонад.

Дақиқан дар ҳамон соли 1920 буд, ки тоҷикон қудрати идораи сарзаминҳои худро аз даст доданд, на дар поёни салтанати Сомониён. То соли 1920 тоҷикон дар саросари Осиёи Марказӣ соҳибони фарҳанги ғолиб буданд, чун забони порсӣ забони ҳоким буд.

Бузургворе гуфтааст, ки ду қавми овора дар ҷаҳон ъодат доранд, ки забони фарҳанги ғолиби минтақаи худро ба ъунвони забони модарии худ бипазиранд: яҳудиҳо ва кӯлиҳо (ҷӯгиҳо). Дар Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз ин ки манзур чи деҳу шаҳру кишварест, ҳамаи яҳудиён ва кӯлиҳо порсизабон буданд. Аммо то кай? То соли 1920. Ҳамаи яҳудиёни минтақа, ки ҳамчунон порсиро ёд доранд, ёдгори нодире аз он рӯзгор ҳастанд. Вале баъд аз он балвои сурх дигар забони тоҷикон, ки порсист, он ҷойгоҳи пешини худро надошт. Ва яҳудиён ҳам ба забони фарҳанги ғолиби дигар, ки русӣ буд, рӯй оварданд. Намунаи боризаш Борис Кимёгаруф аст, ки бо вуҷуди он номи хонаводагии бисёр порсии худ дигар ниёзе ба забони порсӣ надошт, чун нерӯи дигаре, ки бар мардуми минтақа чира шуда буд, порсизабон набуд, балки рус буд.

Дар натиҷа, бояд ин ҳақиқатро пазируфт, ки танҳо дар пайи кудетои 1920 буд, ки тоҷикон аз ҳокимияти фарҳангию забонӣ дар минтақа фурӯ уфтоданд ва ба ҷое расиданд, ки акнун на танҳо қавмҳои дигар, балки худи тоҷикони Тоҷикистон ҳам забони худро ба таври бояду шояд балад нестанд. Ва далели аслии он шоха-шоха кардани забони порсӣ ва тағйири хатти порсигӯёни Осиёи Миёна ва тағйири дастуру номи забонашон буд, ки хушбахтона, имрӯза ба асли худ бармегардад.

***

Ҷамолиддини Саидзода бо бизоъате, ки ба намоиш гузоштааст, ба пайкор бо Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бармехезад, ки гуфта буд: “Имрӯз вазъи таърихӣ дигар аст ва имконе ба миён омадааст, ки адолати таърихӣ барқарор шавад ва ба номи забону адабиёти тоҷикон баргардем ва боз забони онҳоро забони форсӣ ва адабиёташонро адабиёти форсӣ биномем».

Саидзода ин суханони баҳаққи устод Шакуриро «нобаҷою ғалат» меномад, бидуни он ки далеле барои ин ғалатгуфтории худ дошта бошад.

Дар бахшҳои гузаштаи посух ба Саидзода чандину чанд намуна аз бузургони бузургтар аз ҳамаи муъосирони тоҷикро овардем, ки забони мо – тоҷиконро порсӣ номидаанд ва ҳеч як онро “тоҷикӣ” нахондааст. Магар ин ки ба дастури Кремлин ва дақиқан бо ҳадафи тазъифу таҳқири худи мо ва забони мо, ки дар баробари забони русӣ танҳо забони куҳантар ва пурбортар дар паҳнаи Шӯравӣ буд.
Ончи Шакурии Бухороӣ гуфтааст, ҳамонест, ки Пури Синои Бухороӣ ҳам мегуфт. Ҳар ду забони моро порсӣ донистаанд ва ҷамеъи андешамандони диёри мо ҳам, ҳатто пас аз таҷовузи сурх. Пас бо кадом ъақли салим мешавад фармудаи Шакурии Бухороиро “нобаҷою ғалат” донист? Оё Хоқонии Ширвонӣ ҳам “ғалат” карда буд, ки мегуфт:

Якояк мевадузди боғи табъам,
Валек аз шохи бахтам меваафкан.
Маро дар порсӣ фуҳше, ки гӯянд,
Ба туркӣ чархашон гӯяд, ки “сан-сан” (?)

Хоқонӣ дар қасоидаш ному сифати забони мо (порсии дарӣ)-ро ҳам бад-ин гуна ба кор бурда:

Дид маро гирифта лаб оташи порсӣ зи таб,
Нутқи ман оби тозиён бурда ба нуктаи дарӣ.

Масъуди Саъди Салмон ҳам ҳуҷҷат додааст, ки забони мо чизе ҷуз порсӣ нест ва гӯяд:

Дар порсию тозӣ, дар назму насри кас,
Чун ман нишон наёрад гӯёву тарҷумон.

Ва пештар аз ин даври ботил, ки касон мункири асолати хатти мо ҳастанд, Авҳадии Мароғаӣ дар таъйини номи он гуфта:

Қамарӣ рух, ъуторидӣ хома,
Порсӣ хатту уйғурӣ нома.
Дар ҷабинаш зи ъисмати Маҳдӣ
Ҳама пайдо зуҳури ҳамъаҳдӣ.

Маликушшуъаро Баҳори ъазиз ҳам, ки гоҳу бегоҳ мавриди истиноди душманони номи “забони порсӣ” воқеъ мешавад, дар посух ба ин забондарозиҳо фармуда:

Ҳар куҷо гирам қалам дар дасту бигшоям забон,
Чун сухан гиранд доноён зи якдигар маро,
То забони порсӣ зиндаст, ман ҳам зиндаам,
В-ар ба ханҷар ҳосиди дун бардарад ҳанҷар маро.
(Ҳанҷар, яъне гулӯ)

Ва ҳамин устод фармояд:

Бар ин чакома офарин кунад касе,
Ки порсӣ шиносаду баҳои ӯ.

Яъне агар ба суханони Ҷамолиддини Саидзода тан диҳем, ҳамаи ин суханони бузургворони дирӯзу имрӯзу фардоро бояд “нобаҷою ғалат” бидонем, ки худ кардае ғалат аст. Ва ғалат хондани он фармудаи барҳаққи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ғалате бузург. Чун устоди мо сирфан ҳақиқатро баён карда, ба дур аз сиёсате, ки бар он савор аст. Ва Саидзода сиёсатро баён мекунад, ба дур аз ҳақиқате, ки дар он мастур аст.

Ҳатто Амир Хусрави Деҳлавӣ, яке дигар аз бузургони мо, ки ба порсӣ будани забони мо изъон дорад, иштибоҳи худро ҳам мепазираду мегӯяд:

Ғалат кардам, гар аз дониш занӣ дам,
На лафзи ҳиндист аз порсӣ кам.

Пас интизор меравад, ки Саидзода ҳам мавқеъияти худро бишносад ва бар ғалати худ изъон кунад, ки барғалат фармудаи Шакуриро “нобаҷою ғалат” донистааст.

Ҳар он кас, ки он фармудаи бахусуси Шакуриро ғалат медонад, бо тамоми торихи тоҷикон шохбашох шудаасту дар ҷанг аст. Дар тӯли тамоми торихи мо забони мо “порсӣ” ном доштаасту дорад ва парҳез аз ин номи фархунда сирфан аз шармандае бармеояд, ки тан ба ҳарфи душмани тоҷикон дода бошад, то пешинаи забони моро ба садаи бистуми мелодӣ коҳиш диҳад; фақат ба хотири ин ки хостаи Кремлин аст.

На Саидзода ё содоти кунунии дигар, балки Ъаттори Нишопурӣ, ки падарбузурги ман аст, дар “Хусравнома”-и худ дар муъаррифии забонам гӯяд:

Забони порсиро менадонист,
Суханҳо фаҳм кардан кай тавонист...

Ва падарбузурги дигарам Саноии Ғазнавӣ, ки зодбумаш Ғазнаи Афғонистони имрӯзист, дар андарзаш забони модарии маро равшану возеҳ “порсӣ” хондааст:

Охир ин ъилм кори бозӣ нест,
Ъилми дин порсию тозӣ нест...

Ҳатто андешаманди бузургворе дар Ҳиндустон чун Иқболи Лоҳурӣ, ки аз даргузашти андӯҳбораш фақат 80 сол гузашта ва шоъири ҳамдаврони мо ба шумор меояд, забони мани тоҷик ва забони шеъри худи ҳиндиашро “порсӣ” медонад. Чи касе метавонад хилофи онро собит кунад, магар ин ки ангезае сиёсӣ дошта бошад?

Иқбол гӯяд:

Ҳиндиам, аз порсӣ бегонаам,
Моҳи нав бошам, тиҳӣ паймонаам.
Ҳусни андози баён аз ман маҷӯ,
Хонсору Исфаҳон аз ман маҷӯ.
Гарчи ҳиндӣ дар ъузубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

***

Ҷамолиддини Саидзода бо он бизоъати бисёр андаке, ки аз забону забоншиносӣ ба намоиш гузоштааст, ба худ иҷоза дода, ки ба ҳамаи ҳаводорони истилоҳи “забони форсӣ” дар Тоҷикистон тавҳин кунад ва онҳоро ноогоҳ бихонад. Ин суханонро ӯ дуруст пас аз тавҳин ба устоди равоншод Муҳаммадҷони Шакурӣ баён кардааст, ки иҳонати ӯро дучандон мекунад. Касе, ки фармудаи комилан баҷову дурусти Шакуриро, ки ҳамон фармудаи Рӯдакию Фирдавсию Ҳофизу Саъдию Носири Хусраву Аҳмади Дониш аст, “нобаҷою ғалат” мехонад, то куҷо метавонад аз ъақли салим бархурдор бошад? Чи бирасад ба дониши забоншиносӣ, ки пайдост, шиновари ин дарё набудаву нест ва масоили забоншинохтиро ҳам аз манзари танги маҳаллу сиёсат мебинад.

Мегӯяд: “Агарчи даъвогарони истилоҳи «забони форсӣ» ба ҷои «забони тоҷикӣ» мутахассиси ин соҳа, ба вижа соҳаи танги забони тоҷикӣ нестанд, аммо «огоҳона» ва ноогоҳона, аз рӯи ғараз, манфиатҳои гурӯҳӣ, гуфтори назарияпардозони қабл аз худ ва ҳамрӯзгорони хеш ба ин қазия рӯ овардаанд ва бад-ин тартиб, худро дар назди аҳли ҷомеа шармсору беобрӯ сохтаанд.”

Ва аммо хонандаи огоҳ бахубӣ медонад, ки шармсору беобрӯ касест, ки ҳамаи бузургони порсигӯи ҷаҳонро ба далели “порсӣ” хондани забонашон ноогоҳу тангназару манфиъатҷӯву шармсору беобрӯ хонда бошад. Оё шармсору беобрӯ Саидзода аст, ки чунон музахрафи тавҳиномезе нивишта ё Хоҷа Ҳофиз, ки фармояд:

Бисоз, эй мутриби хушхони хушгӯ,
Ба шеъри форсӣ савти ъироқӣ. (?)

Оё аз Саидзода бояд андарз шунуфт ё аз Ваҳшии Бофқӣ, ки гуфт:

Ҳар куҷо форсизабоне ҳаст,
Аз манаш чанд достоне ҳаст. (?)

Арҷи мо бар Саидзода бошад ё бар Авҳадии Мароғаӣ, ки суруд:

Аз осмони ъишқи ту Қуръони форсӣ
Имрӯз мекунад ба дили Авҳадӣ нузул. (?)

Ин бузургони худбузургбини имрӯзӣ дар феҳресте, ки Ъаттор аз забонҳои роиҷи минтақа бархонда, кадом якеро забони худ медонанд:

Забони турку лурру кӯру шал ҳам,
Забони форсию аъроби хал ҳам,
Забони узбакӣ бо лафзи қилмоқ,
Ҳама дониста будӣ то ба ӯймоқ. (?)

Оё ба бовари ин бузургони бузургманиш Носири Хусрав ҳам забони хориҷии “форсӣ”-ро медонистааст, ки гуфта:

“Ва дар Табрез Қатрон ном шоъиреро дидам. Шеъре нек мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист. Пеши ман омад. Девони Мунҷику девони Дақиқӣ биовард ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки ӯ мушкил буд, аз ман пурсид, бо ӯ бигуфтам ва шарҳи он бинивишт ва ашъори худ бар ман хонд”. (?)
Дар бораи Мунҷик ҳам, ки Носири Хусрав аз девони форсиаш гуфта, ишорае боиста аст, ки ӯ аҳли Тирмиз буд ва маъруф ба Мунҷики Тирмизӣ ва яке аз абёташ ин аст:

Ҳарчанд ҳақирам, суханам ъолию ширин,
Оре, ъасали ширин н-ояд магар аз мунҷ.

(Мунҷ – канду, хонаи занбӯри ъасал).

Акнун бояд дарёфт, ки ба бовари Саидзода наводагони Носири Хусраву Мунҷикро, ки имрӯза “тоҷик” меноманд”, ба чи далеле бояд порсизабон надонист ё забони модарию миллии онҳоро “порсӣ” нахонд.

Мегӯяд, ҳаводорони “забони форсӣ” дар Тоҷикистон ба “гуфтори назарияпардозони қабл аз худ” рӯй овардаанду ба ҳамин далел забони худро “форсӣ” медонанд. Магар қарор аст гуфтори Саидзодаро бартар аз суханони Ҳофизу Саъдию Авҳадию Асъадию Носири Хусраву Мунҷик бидонем?
Назарияпардозони мо ҳаминҳо ҳастанд ва ҳазорон бузурги порсигӯи дигари дирӯзу имрӯз. Бар чи ҳисобе ва бо кадом рӯй касе чун Саидзода метавонад чунин иддиъоеро тарҳ кунад ва худро бартару сартар аз назарияпардозони мо бидонад, ки номи бархе аз онҳо зикр шуд?

Мегӯяд, ҳаводорони истилоҳи “забони форсӣ” дар Тоҷикистон “ғаразу манфиъатҳои гурӯҳӣ” доранд. Оё касе, ки ба рағми фишору таҳдиду тавҳини манфиъатҷӯёни сиёсӣ дар ҳоли дифоъ аз ҳувияту забони порсии худаш аст, “ғаразу манфиъати гурӯҳӣ” дорад ё касе, ки сирфан ба далоили гурӯҳию маҳаллию сиёсӣ мехоҳад забони моро пора-пораву низор бибинад? Оё ҳадафи мо “ғарази гурӯҳӣ” аст, ки барои васл кардан омадаем ва порсиро ягона медонем ё ҳадафи касоне чун Саидзода, ки барои фасл кардан омадаанд ва порсиро тикка-пора медонанд?

Шояд бад набошад Ҷамолиддини Саидзода ба ҷои забондарозӣ дар мавзӯъи забоншиносӣ, ки дар он сарриштае надорад, ъилми мантиқро биомӯзад, то бо чунин иддиъоҳои подарҳаво худро, ба истилоҳи худаш, шармсору беобрӯ насозад.

***

Саидзода дар идомаи мақолааш гуфтоварде дорад аз Ҷалоли Матинӣ, эронпажӯҳи хуросонӣ, дар маҷаллаи “Эроннома”-и чопи Омрико дар соли 1988. Ъайни он пораро, ба гунае, ки дар мақолаи Саидзода омада, нақл мекунам, фориғ аз дурустию нодурустии он гуфтовард, ки ба чашми худ надидаам:

«Садриддин Айнӣ, нависанда ва шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе навиштааст бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик». Вай дар ин китоб шарҳи аҳвол ва намунаҳое аз осори шоирону нависандагонеро, ки, ба заъми вай, ба забони тоҷикӣ шеър суруда ё китоб навиштаанд, овардааст. Бо он ки Айнӣ сахт кӯшидааст, ки шоирони форсизабонро аз Рӯдакӣ ба баъд «тоҷик» биномад ва забонашро «тоҷикӣ», дар мавриде чанд, зоҳиран аз сари саҳв, аз забони тоҷикӣ ба унвони «забони форсӣ» ёд карда ва ин амр ҳокӣ аз он аст, ки тағйири номи «форсӣ» ба «тоҷикӣ» дар Тоҷикистон мароҳили нахустинро мепаймудааст…».

Агар Саидзода дар пайи илтиёми захмҳои миллат буд, ёдоварӣ мекард, ки Садриддин Ъайнӣ дар чорчӯби имконоти даврони худаш тамоми талошашро кард, то тоҷиконро ба ъунвони ворисони адабиёти порсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ муъаррифӣ кунад ва чунин ҳам кард. Бояд ишорае ба ин мавзӯъ ҳам мекард, ки Садриддин Ъайнӣ истилоҳи “забони тоҷикӣ”-ро напазируфт ва пайваста дам аз “забони тоҷик” мезад, ки ба маънои забони миллати тоҷик аст, ки чизе ҷуз порсӣ нест. Садриддин Ъайнӣ истилоҳи “адабиёти форс-тоҷик”-ро сохт, то дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикҳо ба як қавме беаслу насабу беадабиёт табдил нашаванд. Садриддин Ъайнӣ тамоми талошашро кард, то тоҷикон ҳамчунон Рӯдакию Фирдавсию ғайраро аҷдоди барҳаққи худ бидонанд; дуруст воруни талоше, ки Ҷамолиддини Саидзода кардааст.

Дар идомаи ин моҷаро Саидзода кӯшидааст, ки иштибоҳи Ҷалоли Матиниро ислоҳ кунад ва нивишта:

“Мутаассифона, ин донишманд пай набурдааст, ки устод Айнӣ ҳаргиз «саҳв» ва хато накардааст, балки ӯ тоҷикию форсиро муродифи ҳам медонад. Аз ин рӯ, онро гоҳ тоҷикӣ ва гоҳ форсӣ мегӯяд. Ин гуна корбурди як забон бо се ном (форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ) на танҳо аз ҷониби устод Айнӣ, балки донишмандони дигар, аз ҷумла донишмандони Эрон низ пазируфта шудааст”.

Саидзода ба ислоҳи донишваре чун Ҷалоли Матинӣ даст ёзидааст ва ҳатто фаротар аз он ҳам меравад. Аммо мутаваҷҷеҳи ин як нуктаи сода нест, ки забони порсӣ дар берун аз марзҳои Шӯравии пешин танҳо бо номи “порсӣ” шинохта мешавад. Ва агар Шумо бо бӯғу карно ҳам ҷор бизанед, ки номи ин забон “тоҷикӣ” аст, на “порсӣ”, ба гӯши ҳеч аҳаде намерасад ва сирфан бар асбоби русвоии шумо меафзояд.

Баъд ҳамин оқои Саидзода меояду гиламанд мешавад, ки чиро ҳамзабонони мо забони моро хориҷӣ медонанд...

Вақте ки шумо забони порсии худатонро “тоҷикӣ” меномед (ба далелҳое, ки барои тоҷикони бурунмарзӣ равшан набудаву нест), интизор доред, ки чи иттифоқе биуфтад? Тамоми ҷаҳон (ва ҳамаи тоҷикони огоҳи даруну буруни марзҳои мо) Рӯдакиро падари шеъри забони порсӣ мешиносанд. Чиро? Зеро худи ӯ номи забонашро порсӣ номидааст, на “тоҷикӣ”. Ва шумо, ки аз жарфои нокуҷоободи Шӯравӣ, оғуштаи аҳдофи Кремлин, бармехезеду мегӯед, ки забони Рӯдакӣ на “порсӣ”, балки “тоҷикӣ” будааст, оё ҳамчунон интизор доред, ки ҷаҳониён сухани шуморо ҷиддӣ бигиранд? Аслан ин сухани нобобу бепояву сиёсии шуморо чигуна мешавад барои ҷаҳониён тавҷеҳ кард?

Ҷаҳониён ъодат доранд, ки чандин кишвари ҷаҳон як забони воҳид дошта бошанд. Аммо ъодат надоранд, ки як забонро чандин кишвар ба чандин ном бихонанду бар сари тасоҳуби он бо ҳам ҷору ҷанҷол дошта бошанд. Ин мавзӯъ барои шуъури инсони имрӯзӣ шармовар аст.

Имрӯза 22 кишвари ҷаҳон забони расмии худро “ъарабӣ” медонанд ва ҳеч кадом ба далели иштироки забонӣ тобеъи кишвари дигар нест.

Имрӯза 54 кишвари мустақил ва 27 воҳиди сиёсии вобаста забони расмии худро “инглисӣ” медонанд, аммо ҳар як аз онҳо сиёсати мустақилли худро дорад.
Имрӯза “испониёӣ” забони расмӣ ё забони аксарият дар 21 кишвари ҷаҳон аст, аммо ҳамагӣ дар истиқлоли комил аз Испониё ба сар мебаранд...

Аз ин намунаҳо бисёр аст, ки собит мекунад, номи воҳиди забон (бар хилофи дидгоҳи шӯравӣ) ба маънои тобеъияти ҳатто ъақидатӣ миёни кишварҳои ҳамзабон нест.

Аз ин рӯ ишколе надорад, ки забони мову Эрону Афғонистон ва бахши ъазиме аз Узбакистон “порсӣ” шинохта шавад.

Кофист ба ҳамаи мадхалҳои ҳамаи донишномаҳои ҷаҳон ба ҳар забоне дар бораи Рӯдакӣ сар бизанед, то дарёбед, ки тамоми ҷаҳон ба ҳар забоне ӯро падари шеъри порсӣ медонад. Чиро? Чун худи Рӯдакии мо забонашро порсӣ медонистааст ва забони дарбори Сомониён ҳам порсӣ будааст ва имрӯза забони пайравони Рӯдакӣ ҳам порсӣ аст. Чи касе шуморо ҷиддӣ хоҳад гирифт, агар биёеду фарёд бизанед, ки забони Рӯдакӣ порсӣ набуда, балки “тоҷикӣ” будааст? Бавежа агар мадди назар дошта бошед, ки маншаи истилоҳи “забони тоҷикӣ” комилан сиёсӣ аст ва пеш аз он забони давлатии Иморати Бухоро то соли 1920 ҳам расман “форсӣ” будааст. Шумо бо чунин найранге чи касеро ҷуз худатон масхара кардаед?

Тамоми ҷаҳон Рӯдакию Фирдавсию ҳамаи бузургони моро порсигӯ медонад. Сирфан Шӯравӣ буд, ки дар ин миён шиққе эҷод кард. Ҳоло Шӯравӣ мурдааст. Пас чи касе қарор аст ин ҷеғи шуморо ба гӯши ҷаҳониён бирасонад?!

Дар идома Саидзода пойро боз ҳам фаротар мегузораду мегӯяд: “Гузашта аз ин, забони моро на танҳо форсии дарии тоҷикӣ, балки гоҳо сортӣ низ гуфтаанд.” Яъне, агар гӯш ба фармони ин донишварони имрӯзии Тоҷикистон бошем, ки шуҳраи офоқ шудаанд, бояд забони якпорчаи мо номи чаҳорум ҳам дошта бошад: сортӣ.

Барои исботи ин дидгоҳи булъаҷаб Саидзода дастбадомони устоди назми узбакӣ ҳам шуда ва мегӯяд: “Чунончи, Алишери Навоӣ дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» навиштааст: «Хуштабъони халқи турк ҳама ба забони сортӣ назм месароянд”.
Яъне афзун бар номҳои сиёсии “тоҷикӣ” ва “дарӣ”, ки бар забони порсӣ таҳмил шудааст, мо бояд бори “сортӣ”-ро ҳам бикашем, чун бузургворе аз қавме дигар чунин фармудааст. Бар пояи ин бардошт бояд гуфт, ки забони олмонӣ ғалат кардааст, ки фақат як номи Deutsche-ро дар забони олмонӣ дорад ва бояд даҳҳо номи дигар ҳам дошта бошад. Зеро ҳатто ду забоне ба чашм намехурад, ки номи забони олмониро ба як шева бигӯянду бинивисанд. Забони олмонӣ, ки дар забони асл Deutsche аст, дар забонҳои дигар чунин номҳое дорад: олмонӣ, German, allemand, алмония, немецкий, alemán, Saksan kieli, Dútsk, germanuli, Germanós, Jarman, Nemis tili, allumng, dog-il salam, Nemisçe, yialaman, vācu, Vokietijos, Däitsch, германски, alemaina, jerman, jarm'man, Ġermaniż, tiamana, gyerman khel, gyaarmaan, Jarmana, tysk, niemiecki, alemão, jaramana, nemţesc, Siamani, Gearmailteach, немачки, Sejeremane, ChiJerimani, jarmānu,Nemčina,Jarmal, Kijerumani, Yexrmạn, Almanca, німецький, IsiJamani, Jẹmánì, IsiJalimane…

Агар олмониҳо ҳам гӯшбафармони касоне чун Саидзода буданд, бояд забонашон 50-то ном медошт? На. Олмониҳо дарк мекунанд, ки ҳар забоне вежагиҳо ва вожагони худро дорад ва мумкин аст забони онҳоро бо номе дигар бишносанд. Ба ҳамон шева, ки бахше аз турку муғул забони моро бо номи “сортӣ” шинохта буданд ва русҳо ҳам гоҳ он номро ба ҷои порсӣ ба кор бурдаанд.

Дар бораи истилоҳи “забони сортӣ” донишмандони ростин андӯхтаҳову нивиштаҳои бисёре доранд, ки ба назар меояд, инҷо такрори онҳо ногузир аст. Пораеро аз китоби “Султаи русҳо бар Самарқанд 1868-1910: Муқоисае бо Ҳинди бритониёӣ” ба қалами Олексондер Морисун (Russian Rule in Samarkand 1868-1910: A Comparison with British India; by Alexander Morrison) меоварам, ки баёнгари манзури болост:

The Russians were not consistent in their use of these ethnic and linguistic labels but ‘Sart’ was that most commonly employed. There is still a great deal of debate over what this term meant, as usage varied considerably over the years. ‘Sart’ seems to have originated as a term used by nomads to describe settled people and town-dwellers, from the Indic root Sarthavaha meaning a merchant or caravan-leader (related to the modern Hindi word Seth).

Тарҷума: “Русҳо дар корбурди ин номҳои қавмию забонӣ инсиҷому пайвастагӣ надоштанд, аммо “сорт” корбурди роиҷтаре дошт. Ҳанӯз ҳам баҳсҳои бузурге ҳаст, ки маънои ин истилоҳ чи буда, чун корбурди он ба таври қобили мулоҳизае дар тӯли солҳо тағйир карда буд. Ба назар меояд, ки истилоҳи “сорт” дар оғоз аз сӯи кӯчнишинон барои тавсифи мардуми якҷонишин ё шаҳрнишин ба кор мерафт; баромада аз решаи ҳиндибуни Sarthavaha ба маънои бозаргон ё сорбон (човуши корвон; муртабит бо вожаи ҳиндии навини Seth).

Дар идомаи таърифи вожаи “сорт” ё “сарт” мехонем:

The earliest known use of the term is in the Kudatku Bilik, where it refers to the settled population of Kashgaria, and in this period it apparently could be used to refer to all settled Muslims of Central Asia, Persian or Turkic-speaking. Rashid-ud-din in the Jami’ ut-Tawarikh writes that Genghis Khan commanded that Arslan Khan, Prince of the Muslim Turkic Qarluqs, be given the title ‘Sartaqtai’, which he considered was the name of one of Genghis Khan’s sons.) In the post-Mongol period we find that Ali Sher Nawa’i refers to the Iranian people as ‘Sart ulusu’, and for him ‘Sart tili’ was a synonym for the Persian language. Similarly when Babur refers to the people of Marghelan as ‘Sarts’, it is in distinction to the people of Andijan who are Turks, and it is probable that by this he means Persian-speakers. He also refers to the population of the towns and villages of the vilayat of Kabul as ‘Sarts’.

Тарҷума: “Яке аз нахустин мавридҳои шинохташудаи корбурди ин истилоҳ дар китоби “Қутодқу билик” аст, дар ишора ба мардуми сокиншудаи Кошғар. Дар ин давра зоҳиран ин истилоҳ дар мавриди ҳамаи мусалмонони муқиму сокини Осиёи Марказӣ, порсҳо (эрониён) ва мардумони туркизабон ба кор мерафт. Рашидуддин дар “Ҷомеъ-ут-таворих” нивисад, ки Чингизхон дастур дод, то ба Арслон Хон, шаҳзодаи мусалмонони турки қорлуқ, лақаби “сартоқтой” дода шавад. Ба бовари ӯ ин лақаб баромада аз номи яке аз писарони Чингизхон буд. Дар давраи пасомуғулӣ мо дармеёбем, ки Ъалишери Навоӣ мардуми эрониро “сорт улусу” (мардуми сорт) мехонд ва барои ӯ “сорт тили” (забони сортӣ) мутародифи забони порсӣ буд. Ба ҳамин шева, замоне ки Бобур мардуми Марғелонро “сорт” меномад, ӯ онҳоро дар муқобили туркҳои Андиҷон қарор медиҳад ва эҳтимолан, манзури ӯ ҳам аз “сорт” ҳамон порсигӯён ҳастанд. Ӯ (Бобур) ҳамчунин мардуми шаҳру рустоҳои вилояти Кобулро “сорт” меномад”. (Russian Rule in Samarkand 1868-1910: A Comparison with British India; by Alexander Morrison, p. 44)

Бибинед, ки би куҷо расидаем...

Барои таъйини номи забону миллати худ маъохизеро аз бегонагон меҷӯем...
Магар худи ҳамин рафтор баёнгари буҳрони жарфи ҳувият дар миёни тоҷикон нест?

Ҷамолиддини Саидзода барои исботи ин ки забонаш порсӣ нест, балки сортӣ аст, маъхазе аз адибе узбак меоварад ва ман барои радди каломи ӯ маъхазе инглисӣ меоварам, ки шомили он маъхази Саидзода ва тафсири он ҳам ҳаст. Маъхазе, ки ман овардаам, тавзеҳ медиҳад, ки чиро узбакҳо моро “сорт” хондаанд. Аммо Саидзода мегӯяд, ки мо ҳам бояд худро “сорт” ва забонамонро “сортӣ” бихонем, чун узбакҳо ё дастикам Ъалишери Навоӣ чунин гуфтаанд...

Дар ин сурат, Саидзода бояд интизор дошта бошад, ки олмониҳо барои забони модарии худ беш аз 50 номро бипазиранд...

...ки интизори ъабасест.

Забони олмонӣ ба забони олмонӣ як ном дорад: Deutsche. Фориғ аз ин ки шумову дигарон онро чи меноманд.

Забони порсӣ ба забони порсӣ як ном бештар надорад: Порсӣ. Сарфи назар аз тамоми номҳои дигаре, ки барояш гузоштаанд; бавежа номҳои сиёсие чун «тоҷикӣ», ки сирфан бо ҳадафҳои сиёсӣ барои тикка-пора кардани ин забони тавонманд сохта шудаанд.

***

Дар тӯли ин масир, ки ба мақолаи пуриштибоҳи Ҷамолиддини Саидзода посух мегуфтем, ҳақоиқи бисёре ҳам ошкор шуд.

Ҳайфам меояд, ки ҷумлаи охирашро наоварам:

«Аз таърихи забон, таърихи адабиёт, сабкшиносӣ, таърихи миллати мо ба таври шоиставу боиста огоҳӣ надоранд, афроде андакмутолиа, эҳсосгаро, мазҳабимаоб ва зоҳирбинанд, аввали қазияро мебинанд, аммо поёни онро тасаввур наменамоянд, мисли солҳои навадум андешаву мулоҳиза мекунанд, аз пайёмадҳои кору гуфторашон бохабар нестанд. Аз ин хотир, ҳар чи ки мегӯянд, бедалел, эҳсосӣ...»

Аз диди ман, боз ҳам: Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад.

Саидзода дар поёни матлаби худ худро дар ойина дида ва тавсиф кардааст. Агар баростӣ толиби ъилму пажӯҳишу гушоиш буд, ҳатман мефаҳмид, ки бештари ҳаводорони забони порсӣ дар Тоҷикистон мазҳабӣ нестанд, балки аз қишрҳои секулор (ғайримазҳабӣ)-и ҷомеъа ҳастанд, ки умедворанд бо порсӣ хондани забон ва бозгашт ба хатти порсӣ битавонанд мардуми тоҷикро ба уқёнуси дониши ҷаҳонӣ ба забони модарии тоҷикон роҳнамоӣ кунанд.

Ва дар солҳои 1990 ҳам ончи бад буд, давлат буд. На миллат ё намояндагони он.
Ҳеч миллату қавмияте дар ҷаҳон нест, ки чунин неъмате дошта бошад ва онро пушти по бизанад. Ҳеч миллате нест, ки ҳамаи офаридаҳои Ҳойдегеру Ҳонтингтунро ба забони худ дошта бошад, аммо ба далели тафовути хатт нагзорад, ки бахши маҳруми он миллат ба он дониш дастрасӣ дошта бошанд.
Ба хатти порсӣ ҳамаи донишҳои ҷаҳон дар дастрас аст; аз худшиносӣ гирифта то худошиносӣ ва ниҳоятан бехудошиносӣ ва бединӣ, аз ҷуғрофиё гирифта то физику риёзӣ, аз шимӣ гирифта то таркиботи дигар... Барои чи миллати тоҷик, ки забонаш порсист, бояд аз ин неъмат маҳрум бимонад?!...

Аз ин ба баъд, вақте ки ҷумлае ба шеваи зерро мебинем, бояд таассуф бихурем:
«Тавре ки мебинем, забони форсии дарии тоҷикӣ ва ҳатто сортӣ корбурди ҳамагонӣ дорад ва ҳамчун муродифи якдигар дар осори илмиву адабӣ фаровон ба мушоҳида мерасад.»

Яъне мо бо касе мувоҷеҳ ҳастем, ки мутаваҷҷеҳи чанднома будани як забон дар забонҳои мухталиф нест. Ин бад-он монад, ки омӯзгори риёзии шумо фурмулҳои ҷамъу тарҳро балад бошад, аммо зарбу тақсимро нашносад.

Ҳамин омӯзгори камбаҳра аз дониши забоншиносӣ гӯяд:

«Аммо тоҷикситезон ин ҳамаро нодида мегиранд ва ба ҷои забони тоҷикӣ ба кор бурдани танҳо истилоҳи «забони форсӣ»-ро, ки аз сарчашмаҳои мухталиф об мехӯрад ва бо мақсадҳои гуногун ташвиқ ва тарғиб мешавад, пешниҳод мекунанд.»

Он «сарчашмаҳои мухталиф» пештар муъаррифӣ шудаанд. Сарчашмаҳои тоҷикони порсигӯ Абӯҳафсу Рӯдакию Фирдавсию Хайёму Ҳофизу Саъдию Носири Хусраву Асъадию Авҳадию Бофқию Ъайнию Шакурию Лоиқу Муъмин Қаноъат ҳастанд, ки дар паҳнаи беш аз ҳазорсолаи забони мо пахш шудаанд ва ҳамагӣ забони моро порсӣ меноманд. Ва ҳамаи мухолифони ин порсигӯён, аз ҷумла Ҷамолиддини Саидзода, тоҷикситез будаанд, чун порсиситез ҳастанд.

Тарафдорони дидгоҳи Ҷамолиддини Саидзода чи касоне ҳастанд? Чи касе ғайр аз Истолин, ки муҳандисии қавмии шӯравиро ибдоъ кард?

Ҳамӯ буд, ки забони моро расман «тоҷикӣ» номид...

...Аммо то ба кай қарор аст, ки тобеъи дастури Истолин бимонем? Тоҷик ҳастем ё на?!

***

Аз марги Истолин 65 сол гузашт. Оё девори тарси шумо ҳанӯз фурӯ нарехтааст?
Бо гузашти ин ҳама сол аз марги аждаҳои Уруосиё Саидзода ҳамчунон нигарони «шароити бисёр ҳассоси замони мо» аст. Дар поёни матлабаш. Бад-ин маънӣ, ки тамоми нивиштааш сирфан ба хотири “шароити бисёр ҳассоси замони мо” будааст ва шахси ӯ метавонад бар мабнои тағйири ин шароит мавзеъи худро ҳам тағйир бидиҳад.

Масалан, агар дар ин «шароити бисёр ҳассоси замони мо» касе бар сари қудрат биёяд, ки аз Саидзода ва ҳамагон бихоҳад, забони худро «порсӣ» биноманд, ҳамин Саидзода ва ҳамсонони ӯ меоянду дар тамҷиду такрими “порсӣ” достонҳое месуроянд. Яъне агар, масалан, Путин дастур бидиҳад... Барои ин ориёиёни замон.

***

Дар тӯли солиёни ахир ба мо гуфтаанд, ки забонамон бояд ину он бошаду “порсӣ” набошад. Пас аз ин ҳама сол, ба рағми воқеъиятҳои андӯҳбор, ҷунбише дар Тоҷикистон самандарвор падид меояду мегӯяд, ки забонаш чизе ҷуз “порсӣ” нест.

Пас

Порсӣ ҳамеша пирӯз будааст.

Порсӣ ҳамеша пирӯз хоҳад буд.

Ин бор ҳам.

Ва ҳар он чи душманонаш мегӯянд, бидуни истисно, бедалелу эҳсосотист, ва савор бар эҳсосоте манфӣ, чун эҳсосоти зиёнбори маҳалгароию мазҳабсолорию хушхидматӣ ба раҳбар...

Ва ҳар он чи "Забони Порсӣ" мегӯяд, тоҷикона аст ва сирфан дар хидмати сарзамини порсии мо - Тоҷикистон!

Зинда бод порсӣ – забони миллии Тоҷикистон!

ДР

6 хурдоди 1397 / 27.05.2018

No comments: