Гуфтугӯи ҷононае доштам бо дӯсти фарҳехтае, ки аз вазъияти кунунии Тоҷикистон дили хунине дорад ва барои тағйири ин вазъият иродае оҳанин. Аммо мехоҳад роҳи миёнбуре бизанад мавзун ва авзоъро бо истифода аз абзорҳои сиёсӣ дигаргун кунад.
Гуфтам, ман сиёсатро роҳи миёнбуре намедонам. Бавежа дар кишварҳои мо сиёсатро ба дур аз киёсат (доноӣ) медонам, чун шакл нагирифтааст. Сиёсат дар сарзамини мардуме, ки биниши сиёсӣ надоранд, наметавонад чизе ҷуз истибдоду худкомагӣ бошад. Бисёр кори сода аст. Мешавад омад, мардумро фирефт, тахту тоҷро ба зӯр гирифт... ва бут шуд. Чӯбро бигзоред, дар чунин ҷомеъае худбахуд бут мешавад.
Аммо дар чунин як ҳолати бутгунае ҳеч ислоҳотеро наметавон ниҳодина кард; ҳеч тағйире реша нахоҳад давонд. Ба бовари ман, танҳо тағйироте ниҳодина (“институциализированный”) мешавад, ки ҷараёнаш аз поин ба боло бошад. Чун гиёҳе, ки аз баргу шоха нерӯ намегирад, балки аз зери хок ғизо мегираду онро то ба нуки соқаву баргу шохааш ҳам мерасонад. Ва сабз мемонад. Пас ҳар навъ таҳаввуле ҳам, агар мехоҳем мондагор бошад, бояд аз хосту иродаи мардум барояд. Хости мардум муҳимтар аз хости якояки мост. Аммо агар бар ин назарем, ки дидгоҳи мо ба суди мардум аст, бояд онро пеш аз ҳама дар миёни тӯдаҳо ривоҷ диҳем.
Порае аз дидгоҳҳоямро, ки дар он гуфтугӯ бо дӯсти фарҳехтаам тарҳ кардам, инҷо пиёда мекунам, то назари шумо чи бошад. Пурсишҳову изҳороти дӯстамро наовардаам, чун шояд моил набошад:
“Шахсан аз сиёсат дили хуше надорам ва тарҷеҳ медиҳам дар ҳитаи рӯзноманигорию корҳои фарҳангӣ бимонам.
Ъоқилтар ки нестам, албатта. Вале эътиқоде дорам: то замоне ки фарҳанги мардум суфта нашавад, ҳеч сиёсатмадоре наметавонад он тӯдаро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
Торих гувоҳ аст, ки таҳаввулоти ниҳодина аз зер ба боло будааст, на воруна.
Ба ҳамин далел авлавият бо кор бар фарҳанги мардум аст, ба монанди шухму шудгори замин, то аз он ниҳоли тозае бирӯяд.
Ман корамро дар заминаи фарҳангию рӯзноманигорӣ идома медиҳам ва муътақидам, ки аз ин роҳ мешавад ба натиҷаи решадортару пойдортаре даст ёфт.
Таҳаввулот танҳо замоне ниҳодина мешавад, ки ҳаракат аз зер ба боло бошад. Ман тарҷеҳ медиҳам бо реша ё фарҳанг сарукор дошта бошам. Мевааш деррас аст, аммо дерпой.
Дар ғайри ин сурат, ош ҳамин ош асту коса ҳамин коса. То замоне ки рӯҳияи худшиносӣ дар мардум ғоиб аст, тоҷик ҳамвора як туюлдор ("вассал") болои сари худ хоҳад дошт, на раҳбару сарвар.
Раванди миллатсозӣ якшаба анҷом намегирад, шӯрбахтона. Аз ин рӯ гуфтам, меваи талошҳои фарҳангӣ деррас аст, аммо дерпой. Чун тайи садаҳо фарҳангсозиро нодида гирифтаем, натиҷааш сарукор доштан бо Амир Ъолимхонҳост. Ва ба ҳамин минвол идома хоҳад дошт, то замоне ки фарҳанги тӯдаҳо иртиқо биёбад.
No comments:
Post a Comment