Friday, October 23, 2020
Вомвожаситезӣ - мояи фақри забон
Яке аз суханоне, ки Меҳрёри Меҳрофарин дар мунозира бо Исфандиёри Одина бар он таъкиди дучандон дошт ва ба қавли худаш, “перомуни он дар бисёре аз китобҳо гуфтугӯ” кардааст, марбут ба вомвожаҳо (калимоти иқтибосӣ) буд.
Парҳези ӯ аз вомвожаҳо дар гуфтораш комилан маҳсус аст, ки гоҳ сутуданист ва гоҳ накӯҳиданӣ. Дар ҳамон ҷумлае, ки ишора шуд, “перомуни он” беҳтар аз “дар атрофи он” аст. Дар воқеъ, дар он бофтори бахусус, вақте ки “перомун”-ро дорем, ниёзе ба “дар атроф” нест. Вале дар идомаи ҷумла мегӯяд: “дар бисёре аз китобҳо гуфтугӯ кардаам”. Зоҳиран “гуфтугӯ”-ро танҳо барои парҳез аз вожаи “суҳбат” ба кор бурдааст, ки вазъияти музҳики тундравони ҷунбиши сарагароиро ба намоиш мегузорад. Дар бораи мавзӯъе дар китоб “гуфтугӯ кардан” ба он монад, ки дар китобҳои ин оқо миёни худаш ва касе ё касони дигар гуфтугузоре сурат гирифта бошад. Чун дар забони порсӣ “гуфтугӯ” ду ё чанд тараф дорад, бар хилофи “гуфтор”, ки мутаъаллиқ ба як тан аст.
Пас набояд мафҳумҳоро қурбонии парҳез аз вомвожаҳо ё, ба истилоҳ, поксозии забон кард. Чунин талошҳое роҳ ба чоҳ мебарад ва забонро фақир мекунаду аз равнақ меандозад.
Аммо мушкили Меҳрофарин бо вомвожаҳо ба андозаест, ки бобати ҳузури онҳо дар забони порсӣ муддаъист, чунин забоне дигар вуҷуд надорад. Мегӯяд:
“Забонеро, ки имрӯз мо забони порсӣ ном мебарем, ин забон ба ҳеч рӯй форсӣ нест, ба ҳеч рӯй туркӣ нест, ба ҳеч рӯй ъарабӣ ҳам нест. Мо як мардуми саргардон ҳастем, бо забоне бо номи форсӣ, ки 65 дарсади он ъарабӣ аст ё муъарраб шуда, мардум он бунвожаҳову решаро намефаҳманд ва вомдор аз забонҳои дигар аст.”
Пештар ҳам дар ин гурӯҳ борҳо гуфтаем ва Исфандиёр ҳам бахубӣ дар вокуниш ба ин сухани ӯ ёдовар шуд, ки 80 дарсади забони инглисӣ ъиборат аз вомвожа (калимоти иқтибосӣ) аст. Яъне танҳо 20 дарсади тавонмандтарин забони ҷаҳони имрӯз асолатан инглисист ва мобақӣ аз забонҳои дигар омадааст. Дар воқеъ, инглисӣ аз 350 (!) забони дигар вомвожа пазируфта ва ба ҳамин далел ҳам саҳми он забонҳо дар баробари вожаҳои инглисии ноб бештар аст. Феҳрести бархе аз он забонҳо ба тартиби таъсиргузоришон бар забони инглисӣ чунин аст: лотин, юнонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, испониёӣ, ҳуландӣ, искондиновиёӣ, жопунӣ, ъарабӣ, пуртуғолӣ, сонскрит, русӣ, моурӣ, ҳиндӣ, ъибрӣ, порсӣ, молоӣ, урду, ирландӣ, африкоонс, йидиш, чинӣ, туркӣ, нурвежӣ, савоҳилӣ...
Дар ин миён бештарин саҳмро лотину юнонӣ доранд ва дар заминаҳои ъилмию фанноварӣ беш аз 90 дарсади вожагони инглисӣ решаи лотину юнонӣ доранд. Беш аз 90 дарсад, аммо забони инглисӣ на танҳо намурдааст, балки зиндатарину пӯётарин забони ҷаҳони имрӯз аст.
Нуфузи забони лотинӣ бар инглисӣ фаротар аз вомвожаҳо ҳам меравад. Барои намуна, пешвандҳои co-, de-, dis-, inter-, non-, post-, pre-, re-, sub-, trans- ва пасвандҳои -able (-ible), -ation, -fy (-ify), -ment, -ty (-ity), ки дар забони инглисӣ ҳазорон вожа сохтаанду имрӯз ҳам месозанд, ҳама ва ҳама асолатан лотинианд.
Афзун бар ин, ба монанди ҷамъбандии ъарабӣ, ки дар забони порсӣ имрӯза равоӣ дорад (ҷомеъа – ҷавомеъ, мадраса -мадорис, минтақа –манотиқ) , ҷамъбандии лотинӣ ҳам дар забони инглисӣ роиҷ аст: addendum – addenda (замима), aquarium – aquaria (обзидон), gymnasium – gymnasia (дабиристон), maximum – maxima (бешина), memorandum – memoranda (ёддошт), minimum – minima (камина), moratorium – moratoria (истимҳол), referendum – referenda (ҳамапурсӣ). Албатта, ин вожаҳоро мешавад ба шакли инглисӣ ҳам ҷамъбандӣ кард; ба монанди addendums, aquariums, gymnasiums ва ғайра. Дуруст шабеҳи “мадорис”, ки ба порсӣ “мадрасаҳо” ҳам гуфта мешавад ва “манотиқ”-ро “минтақаҳо” ҳам гӯянд.
Вале дар забони инглисӣ вожаҳои лотине ҳастанд, ки ҳаргиз ба инглисӣ ҷамъбандӣ намешаванд, балки ҳамеша ҷамъбандии онҳо лотин аст. Ба монанди: alga – algae (ҷулбак, обсабз), desideratum – desiderata (хост; матлуб), larva – larvae (лорв, “личинка”), nucleus – nuclei (ҳаста).
Агар инглисиҳо ҳам таъассубу вомвожаситезӣ доштанд, гумон намеравад, ки забонашон метавонист ба ҷойгоҳи кунуниаш бирасад.
Аз ҳуҷуми вомвожаҳо ба забон мешавад ҷилавгирӣ кард; аз тариқи корбурди бешинаи мутародиф (вожаи ҳаммаъно)-и ноб, ки ъайни он маънои вомвожаро дошта бошад ва ба маънову мазмуну манзур осеб нарасонад. Аммо агар бихоҳем ба ҷои як вомвожа вожае нобро ба кор бибарем – ҳарчанд маънои дақиқи он мафҳуму манзурро надошта бошад – ба забонамон дӯстии хола-хирса кардаам ва бар он латма ворид овардаем ва забону баёнамонро бенавотар кардаем.
Labels:
English,
Iran,
linguists,
Persian,
Persian Identity,
Tajikistan
Subscribe to:
Post Comments (Atom)
No comments:
Post a Comment