Tuesday, June 26, 2012

Parsiname. Part 3


Порсинома. Бахши 3

Баҳси мо садсола аст

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Баҳси забон дар сарзамини мо баҳси имрӯзу дирӯз нест, балки дуруст сад сол пеш ҳам дақиқан ҳамин пурсишҳо дар Аморати Бухоро матраҳ будааст. Мабҳаси забони порсӣ дар сартосари 153 шумораи «Бухорои шариф», нахустрӯзномаи порсигӯёни Фарорӯд, тарҳу баррасӣ шудааст. 

Наҷми Ковиёнӣ, корманди Пажӯҳишгоҳи ъулуми иҷтимоъии Ҳуланд, ки тақрибан ҳамаи шумораҳои “Бухорои шариф”-ро мурур кардааст, менависад: “Посдорӣ аз забони форсӣ ва ислоҳи он дар сафҳаҳои рўзнома ҷойгоҳе боаҳаммият дошт. Рўзнома дар он бурҳа (давра) ба масъалаи гўишу лаҳҷа, забони гуфтору навиштор, забони меъёрӣ, сара навиштан ва пешинаи забон пардохтааст” (JadidOnline.com, 05.03.2012). 

Вай дар бораи забону баёни рӯзнома меафзояд, ки он омезае аз форсии роиҷ дар Эрону Афғонистон бо гӯиши бухороӣ буд. “Лаҳҷаи бухороӣ яке аз лаҳҷаҳои ширини забони форсист, ки бо лаҳҷаи Кобулу Балх қаробати бештар дорад. Насри рўзнома равон, сода ва меъёрист. Ба таври кул, рўзнома дастури забон ва нишонагузориро муроъот кардааст. Саҳми рўзнома дар таҳаввули насри форсӣ дар қаламрави Бухоро боаҳаммият аст.
Забони расмии Аморати Бухоро порсӣ (форсӣ) буд ва бо ҳамин ном ҳам шинохта мешуд. “Бухорои шариф” ҳам ба забону хатти порсӣ мунташир мешуд. Дар шумораи якуми рӯзнома мехонем:

"Амороти Бухоро дорои се милюн нуфус аст. То акнун аҳолии Туркистон ва Мовароуннаҳр як рӯзнома ба забони миллӣ ва исломии худ надоштанд. Ҳоло "Бухорои шариф" ба забони расмии Бухоро, ки форсӣ аст, таъсис шуда, барои 9-10 милюн нуфуси исломияи Туркистон ва Мовароуннаҳр ҳамин як рӯзнома аст” (Наҷми Ковиёнӣ: “Бухорои шариф” дастаи нуре буд...”, ozodi.org, 01.03.2012)

Аммо аз лобалои матолиби он мешавад дарёфт, ки баҳси “форсӣ ва тоҷикӣ” дар ҳамон замон оғоз гирифта буд. Дар шумораи севуми рӯзнома омадааст:

"Ҳанўз шумораи аввали “Бухорои шариф”-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён дар матбаъа ҳозир шудаанд ва ба мақолаҳо нигоҳ кардаанду фармудаанд: “Инҷо забони ъумумӣ тоҷикӣ аст; рўзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст” (JadidOnline.com, 05.03.2012).

Аммо идораи рӯзнома, ки муташаккил аз афроди таҳсилкарда ва таҷаддудхоҳи он рӯзгор буд, дар вокуниш ба он хостаи “оқоён” истидлол кардааст, ки “тоҷикӣ” хондани забони порсӣ “аз гусехта шудани риштаи қавмият” бармеояд ва ин ки “Бухорои шариф” мехоҳад дар таҳкими забони меъёри порсӣ бикӯшад, ки барои ҳамаи порсигӯёни ҷаҳон мафҳум бошад ва маҳдуд ба маҳалле бахусус нашавад. “Бухорои шариф” муътақид буд, ки сатҳи саводи мардуми ъодиро бояд ба рӯзнома наздик кард, на воруна (баръакс):

“Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани ъавом-ун-нос (мардуми ъодӣ) намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода бошад» (ozodi.org, 01.03.2012).

Наҷми Ковиёнӣ, ки дар пажӯҳишҳояш ба ин мавзӯъ пардохта, мегӯяд: “Аз назари забоншиносӣ, миёни забони форсӣ дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар сатҳи дастуру сохтори забон кадом тафовут дида намешавад. Танҳо дар сатҳи лаҳҷа ва баъзе аз истилоҳот тафовутҳое вуҷуд дорад, ки натиҷаи сарнавишти сиёсӣ-торихии мутафовит аст. Забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се номи як забон аст.

Дар он давра ҳам рӯзноманигоронро ба гароиш ба гӯиши роиҷ дар Эрон муттаҳам мекарданд ва “Бухорои шариф” гилояҳоро чоп мекард. Дар номаи як хонандаи рӯзнома омадааст: “...Ин шева, ки дар мақолоти ахбори “Бухорои шариф” навишта мешавад, шева ва лаҳҷаи Эрони ҳолия аст, ки аз сар то по мағруқи алфозу ъарабиҳои ъасирулфаҳм ва аз се қисмати он яке форсӣ аст”. Аммо нуктаи ҷолиб инҷост, ки шеваи баёни худи нависандаи нома ҳам тафовути чандоне аз забони “Бухорои шариф” надорад ва ҳатто сахттару муъаррабтар (ъарабишудатар) аз он аст. Яъне забони навиштории порсӣ дар он давра ба ҳамин шевае буда, ки дар номаи он хонанда мебинем ё дар китобҳои “Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишу “Таҳзиб-ус-сибён”-и Садриддин Ъайнӣ мушоҳида мекунем. Забоне фохиру клоссик бо басомад (частота)-и бештари вожагони ъарабӣ. Забони порсии меъёри он даврон ҳамин буд ва ҳар касе аз хатту саводи порсӣ бархурдор буд, чи дар Ҳиндустон ва чи дар Эрону Афғонистону Бухоро, ба ҳамин шева менавишт. Вале суҳбати мо аз аморатест, ки танҳо ду дарсади ҷамъияти он саводи навиштану хондан доштанд ва барои мобақӣ ҳамон гӯиши маҳаллишон кафофи гузарони рӯзгорро медод ва ниёзе ба донистани забони адабии меъёр набуд.

Рӯзнома дар посух ба эроди хонандааш менависад, ки имкони саранависӣ тақрибан вуҷуд надорад; яъне наметавон тамоми вомвожаҳо (калимаҳои иқтибосӣ)-ро аз забон дур рехт: Холис навиштан дар ин айём, агар мумкин бошад, хеле душвор аст... Адибе мисли Фирдавсӣ тамоми сӣ сол заҳмат кашида “Шоҳнома”-ро навишт, бо иддаъои ин ки забони форсии холис аст. Боз мебинӣ, ки инҷову онҷо як ва ё ду ъарабӣ ҷузва шудааст. Пас дар ин қарни ахир... чи тавр холис метавон навишт?” (JadidOnline.com, 05.03.2012).
Рӯзнома аз мушкилоти забони порсӣ дар минтақа огоҳ буд ва фишори забонҳои русию узбакӣ бар порсиро бахубӣ эҳсос мекард ва барои муқобила бо он дар гӯшае бо номи “Қавоъиди форсия” дастури забони порсиро омӯзиш медод.

Наҷми Ковиёнӣ дар фарҷоми мақолаи пажӯҳишиаш менависад: “Аз тавқифи рўзномаи “Бухорои шариф” як сада мегузарад, аммо шигифто, бисёре аз андешаҳо, дидгоҳҳо ва масъалаҳое, ки дар сафҳаҳои рўзнома тарҳ шуда буд, ҳанўз бо қувват матраҳ аст.
Вале тафовути ъумдае миёни нигарониҳои нависандагони он давра ва акнун ҳаст, ки марбут ба расмулхат мешавад. Навиштаҳои “Бухорои шариф”-ро, ҳамон гуна ки дуктур Наҷми Ковиёнии афғонистонӣ мехонад ва торнамои JadidOnline-и эрониён мунташир мекунад, ҳамаи порсигӯёни ҷаҳон мехонданду мефаҳмиданд. Ва дар сурати зарурат мешуд рӯи ниёз ба соири ҳамзабонон оварду дар ҳалли мушкилоти забон кӯшид. Чун аз неъмати хатти порсӣ бенасиб нашуда буданд. Акнун, аммо, ин навиштаи моро фақат худамон мехонему мефаҳмем ва агар хатти худӣ (порсӣ)-ро надонем, аз ҳалли мушкилоти он ъоҷизем. Пас танҳо василаи бақои забони порсӣ ба сурати шоиста дар минтақаи мо бозгашти он ба бистари худ (алифбои порсӣ) аст.

Дар бахшҳои баъдӣ ба чигунагии вуқӯъи мусибати тағйири расмулхат ҳам хоҳем пардохт.

Monday, June 18, 2012

Parsiname. Part 2

Порсинома
Бахши 2

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Пеш аз пай гирифтани ин сафари фарҳангӣ иҷоза бидиҳед ба чанд рӯйдод ва ҳақиқати муҳимми торихӣ бипардозем, ки тасвирро равшантар мекунад.

Бухорои давраи мавриди назари мо (авохири садаи 19 мелодӣ) Бухорои дарҳамшикастае буд. Дар воқеъ, Бухоро аз замони зимомдории Оли Манғит ба баъд рӯ ба уфул ниҳод. Манғитҳо ҳамон туркҳои чағатоии дастнишондаи Нодиршоҳи Афшор буданд, ки баъд аз марги подшоҳи Эрон (1740) Бухороро ба ирс бурданд ва аз соли 1868 мелодй (1247 ҳиҷрии хуршедӣ) то поёни ъумри аморат таҳти қаймумат (протекторат)-и Русияи тезорӣ буданд. Дар яке аз тасвирҳои Восилӣ Верешогин (Василий Верешагин), наққоши садаи 19-и рус сарбозе бухороиро мебинем мулаббас ба пероҳани гушоду дарози сурх, бо камону пайкону таркаш, омодаи ҳамла. Дар оғоз тасаввури сардамдорони Аморати Бухоро ин буд, ки бо ёрии Худованд бо ҳамин камону пайконҳо мешавад ҳуҷуми куффори русро дафъ кард. Аммо то шикаст хурданд, навое дигар навохтанд ва ба тезор (царь)-и рус лақаби “Оқпошшо” (Сапедподшоҳ) доданд ва ба фармони ӯ гардан ниҳоданд, бо ин умед, ки ба ъунвони туюлдор (вассал)-они Оқпошшо то абад тоҷу аврангашонро ҳифз кунанд... Аммо чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.

Вопасмондагии Аморати Бухоро танҳо дар фанновариҳои низомии қурунивустоӣ (асримиёнагӣ)-аш набуд, балки сартосари аморат куҳна шуда буд ва фурӯ мерехт. Ҳатто агар артиши рус ба сарвақташ намерасид, боз ҳам фурӯ мерехт, ҳамонанди деворе, ки аз бунёд хароб шудаву мунтазири бодест, ки ба заминаш бикашад. Ва дар ин сарзамини бахтбаргашта танҳо 2 дарсади мардум хатту саводи хондану навиштан доштанд.

Ин ҳақиқат яке аз бузургтарин далелҳои мухолифони алифбои порсӣ дар Тоҷикистон аст. Ба заъми ин соҳибназарон, агар дубора ба хатти порсӣ баргардем, мизони савод дар кишвар ба ду дарсад боз хоҳад гашт; чун гӯё “хатти порсӣ ба андозае сахту мушкил аст, ки андак касе аз паси омӯхтанаш бармеояд”. Далели дигарашон ин аст, ки “бо хатти пириллик тавонистем 100 дарсади мардумро босавод кунем”. Албатта, ин ҳам як лофи шӯравиёна аст, чун баростӣ, ҳаргиз 100 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон пирилликхон нашуданд ва буданд касоне, ки пойбанди порсӣ ё ҳатто хатти лотин монданд ва бо пириллик миёнаи хубе надоштанд. Бузургони миллат ҳам аз Садриддин Ъайнӣ гирифта то Мирзо Турсунзода осорашонро ба хатти порсӣ менавиштанд ва ҳаргиз тан ба ноҳамвории пириллик надоданд.

Аммо бад нест дар баробари ду дарсади саводи мардуми Аморати Бухоро мизони саводи импротурии Русияи тезориро ҳам бисанҷем, то дарёбем, ки моҳияти хат мизони саводро таъйин намекунад. Албатта, бояд мизони пешрафти ин ду сарзамин дар он давраро ҳам мадди назар дошта бошем, то таносуби ин муқоисаро дарёбем. Дар соли 1897 мелодӣ дар Русия омори саводи мардумони сокини импротурӣ мунташир шуда буд, ки бино бар он, Русия бо ҳамин хатти сириллик аз камтарин мизони савод дар миёни кишварҳои урупоӣ бархурдор буд. 78 дарсади ҷамъият бесавод буданд ва 39 дарсад метавонистанд бихонанд (яъне аксарият саводи навиштан надоштанд).

Ё ба қавли Дмитрий Бикуф (Быков), шоъиру нависандаи шаҳири рус, ки ҳамин чанд рӯз пеш (14.06.2012) дар родю «Эхо Москвы» суҳбат мекард, “мизони савод дар Русия дар поёни садаи 19 шаш дарсад буд ва ҳамин ки ба 30 дарсад расид, инқилоб шуд”. Ва баростӣ, мизони бесаводӣ дар як кишвари урупоӣ чун Русия дар он замон музҳик буд. Масалан, ҳудуди 48 дарсади мардуми устони Маскав бесавод буданд ва Сан-Петерзбург, ки пойтахти он буд, 41 дарсад бесавод дошт. Дар устонҳое чун Смоленск, Нижгород, Астрахан, Қазон, Томск ва Уфо аз 76 то 94 дарсади мардум бесавод буданд.

Оё шоиста аст, ки даму дастгоҳу тӯпу туфанги Оқпошшоро бо камону пайкону таркаши амири Бухоро муқобили ҳам бигзорем? На. Агар шоиста мебуд, шояд пои Оқпошшо ба сарзамини мо намерасид. Бухоро як аморати дар ҳоли фарсоиш буд, ки пӯсидагиаш чи дар артиш ва чи дар дигар ъарсаҳои зиндагии иҷтимоъӣ ҳувайдо буд. Савод ҳам наметавонад мустасно бошад. Агар мизони пешрафти Русияи тезорӣ ва Аморати Бухороро мадди назар дошта бошем, мизони савод дар ин ду сарзаминро ҳам мутаносибан ъайни ҳам мебинем. Яъне Русияи тезорӣ ҳам дар босавод кардани мардуми худ комгортар аз Аморати Бухоро набудааст. 

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи Броён Спунер ва Вилём Ҳулувей дар китоби “Саводомӯзӣ дар ҷаҳони порсигӯ”, мизони болои саводи порсигӯён ва фаровонии дабирони порсинавис аз ъомилҳои аслии мондагории забони порсӣ дар минтақае ба ин густардагӣ будаанд (Literacy in the Persianate World, edited by Brian Spooner and William L. Holloway, p.16, Philadelphia, 2012). Яъне ҳамаи он ду дарсад ҷамъияти босаводи Аморати Бухоро порсихону порсинавис буданд ва савод аз ъомилҳои аслии мондагории порсӣ дар минтақа будааст.

Бад-ин гуна, ин иддаъои дилбохтагони хатти пириллик, ки “тоҷикҳо сирфан ба туфайли хатти русӣ босавод шуданд” як иддаъои чирт, жож, беҳуда ва миёнтуҳист, ки кӯчактарин далели ъилмӣ надорад. Яъне ин содагии пириллик набуд, ки “100 дарсад”-и мардуми Бухорои Шарқиро босавод кард, балки шеваи эъмоли омӯзиш буд, ки дар мизони саводомӯзии чи Русия ва чи Бухоро (ва чи дигар бахшҳои импротурии Шӯравӣ) ҷаҳише бузург падид овард.

Дар идомаи ин ёддоштҳо мекӯшам муқоисае ҳам миёни хатти порсй ва алифбоҳои чинию жопунӣ анҷом диҳам, то собит кунам, ки чинию жопунӣ бамаротиб сахттар аз порсист, аммо зариби ҳуши чиниҳою жопуниҳо бамаротиб болотар аз зариби ҳуши мост. Пас ҳатто агар алифбои порсиро мушкил бидонем, боз ҳам ба суди ҳуши мост. Пас нӯши ҳушаш кунем, то қадре ҷилав биуфтем.

Friday, June 15, 2012

Parsiname. Part 1


Порсинома
Бахши 1

Ёддоштҳо дар бораи забони порсии сад соли ахир дар Фарор
ӯд
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Дар замоне ки нахустин нашрияи порсии Осиёи Миёна дар Бухоро мунташир шуд, забони мо бас бузургтар буд. Рӯзномаи «Бухорои шариф» (Bukhara-i Sharif) дуруст сад сол пеш дар қалби аморате мунташир мешуд, ки акнун аҷзои он се чумҳурии мустақилро шакл медиҳад. Ва «Бухорои шариф»-ро аз Самарқанду Бухоро гирифта то Кобулу Теҳрону Лоҳуру Калкаттаву Деҳлӣ ҳама мехонданду мефаҳмиданд ва бад-ин гуна пайванди порсиён бо яке аз марказҳои тамаддуну фарҳанги порсӣ, ки ҳамоно Бухоро буд, барқарор монда буд. Калиди аслӣ, ки роҳгушои ин пайванд буд, ҳамоно хатти порсӣ буд, ки имрӯза мо онро “алифбои ниёкон” меномем ва дар воқеъ, танҳо алифбои худии мост ва дар сурати бозгашти мо ба он хатти худӣ забони худии мо ба ҷойгоҳи сазовори худ боз хоҳад гашт.

Яъне ҳамин сад сол пеш забони ману шумо дар ҳамин минтақаи будубоши мо доманае фарохтар дошт ва акнун маҳдудтар шуда ва ҳатто ба оташ кашида шудани китобҳояш дар хостгоҳи он – Бухорову Самарқанд аз ҳеч гулӯе садоеро барнамекашад. Мо, чун гунҷишкони беболупари он Бухорои шариф, ки дар кӯҳистони Тоҷикистон паноҳ бурдаем, гоҳу гудор наҷвое ба осмон сар медиҳем, аммо то кунун барои ҳифзи забони модарӣ дар паҳнаи суннатии он кори сутурге накардаем. Наҷво карданро мурғон ҳам баладанд ва мо то кунун кори мурғон кардаем. Шояд акнун муносиб бошад, ки ба гулӯҳо фурҷа диҳем ва аз андеша бихоҳем, ки пасту баланди ин роҳро бисанҷад ва бигӯяд, ки чун шуд, ки чунин шуд.

Барои он даста аз забоншиносоне, ки ба дурустии эътиқодашон ба чудоии “то
ҷикӣ” аз “порсӣ” ҳамчунон пойбанданд, як вазифаи кӯтоҳ дорем: лутфан бигӯед, ки ин пора шеър мутаъаллиқ ба кадом сарзамини порсигӯст?

Потии порис
ӣ, он сарвқади зуҳраҷабин,
Дар табассум с
ӯи доман зи даҳан гул мерехт.
Зулфи пурчину хам андар хами
ӯ дар буни гӯш,
Обр
ӯи тара аз ҷабҳаи сунбул мерехт.
Диданаш он ҳама кайфияти ҳайрат медод,
К-
ӯ зи саҳбои нигаҳ дар кафи он мул мерехт.
Лаҳну овози вай он сон ки ба г
ӯши ушшоқ,
Гаҳ хаши саъва, гаҳе чаҳ-чаҳи булбул мерехт.
Аз Фетербург ъазимат чу ба Амрико кард,
Нолаҳо аз сару аз по ҳама гулгул мерехт.

Ин ғазал дар тавсифи Оделино Пот
ӣ (Adelina Patti), овозхони уперои фаронсавии садаи 19 аст, ба қалами Аҳмади Дониши бухороӣ, ки соли 1897 даргузашт. Ин ғазал метавонист ба ҳамин шакл аз қалами шоъире дар Теҳрону Кобулу Лоҳуру Калкатта ҳам битаровад. Ҳеч шохисе дар ин ғазал нест, ки онро ба як шаҳри бахусуси порсигӯ маҳдуд кунад. Ғазалест порсӣ, ки метавонад дар ҳар як аз шаҳрҳои паҳнаи порсигӯ суруда шуда бошад.

Аммо дар сарзамини наводагони Аҳмади Дониш, ки акнун мову шумо бошандагонаш ҳастем, агар бихоҳанд аз овозхоне Пот
ӣ (Adelina Patti) ном тавсиф бикунанд, ҳатман русмаобона ӯро «Патти» хоҳанд номид ва шаҳрашро на «Порис», балки «Париж» ъунвон хоҳанд кард. Оё ин тафовут танҳо дар сарзамини наводагони Аҳмади Дониш падид омада? Бале. Чаро? Чун порсӣ дар сарзамини Аҳмади Дониш дастхуши сарнавишт шуд ва аз колбуди худӣ ба колбуде бегона ворез шуд. Ин иттифоқе буд, ки батадриҷ уфтод, аммо муассир буд. Ба гунае, ки акнун агар “Порис”-ро ба шеваи Аҳмади Дониш ба забон оваред, бо ҳаҷмае густарда дучор хоҳед омад, аз сӯи наводагони Аҳмади Дониш, ки муътақиданд, падарбузург иштибоҳ мекарда ва тарзи дурусти имлову талаффузи номи пойтахти Фаронса ҳамонест, ки русҳо гӯянд: Париж.

Аммо ин бовар ҳамин чанд даҳа бештар ъумр надорад. Яъне то чанд даҳа пеш ҳамагон дар
ҷомеъаи порсигӯи инҷову онҷо “Париж”-и русиро “Порис” мегуфтанду менавиштанд. Ва далеле муҳкамтар ин ки то кунун тамоми порсигӯёни порсихони мо “Париж”-и русиро “Порис” гӯянду нависанд. Пас мушкил бояд дар бовари “париж”-гӯён бошад, на “порис”-гӯён.

Баҳси мо дар ин
ҷустор ба “Порис”-у “Потӣ” маҳдуд намешавад, албатта. Басе густардатар аз инҳост. Аммо “Порис”-у “Потӣ” ҳусни ифтитоҳи муносибест, чун басодагӣ баёнгари бозича шудани забони мо ба дасти бегонагон аст ва танҳо муштест намунаи харвор.

Дар сароғози ин риштанавишторҳо, ки аз Аҳмади Дониш оғоз гирифт, аз гирдоварандагони ма
ҷмӯъаи “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо”, бавижа Ъабдулхолиқи Набавӣ, ниҳояти сипосгузориро дорам, чун дар идома аз матолиби он ки дар Бойгонии Давлатии Тоҷикистон маҳфуз аст, ниҳояти истифода сурат хоҳад гирифт.

Дар ин г
ӯшаи нави ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба фарозу нишебҳои порсии Фарорӯд дар сад соли ахир хоҳем пардохт; ба мушкилоти забоне, ки сад сол пеш дар минтақа ҳарфи аввалу охирро мезад ва акнун дар охири охири сафф аст; ва бар сари ин масъала, ки оё мешавад порсиро дар минтақа ба ҷойгоҳи сазовораш баргардонд (оре, мешавад) ва чигуна, таваққуфе сарнавиштсоз хоҳем дошт.

Response to Samak's Question on Language Exams

Посух ба як пурсиши хабарнигори ҳафтаномаи "Самак"

- Азбаски Шумо яке аз фаъолони гурухи Забони порси дар Фейсбук хастед, хостем бо як суол ба Шумо мурочиат намоем(назарпурси): Чанде пеш парлумони Точикистон донистани забони точикиро ба вакилон хатми кунонид. Чун огахем аксар мансабдорони точик забони точикиро хуб намедонанд. Як суол пеш меояд: "Вакти он нарасидааст, ки Президент ва аъзои хукумат аз забони точики имтихон супоранд?" Агар малол набошад, посух медодед. Ташаккур.

Дар мавриди ин мавзўъ ҳудуди ду сол пеш изҳори назар карда будам ва назарам чандон тағйир накардааст. Шакке нест, ки вазъияти забони мо дар кишвар низор аст. Ва ин вазъият танҳо ба намояндагони мардум ва мақомҳои давлат маҳдуд намешавад, балки бар саросари чомеъа сироят кардааст. Шерозаҳои забони порсй дар Точикистон аз ҳам гусехта ва ин раванди табиъии дурии забон аз рўҳи худ аст. Рўҳи забони мо чизе чуз хатти порсй нест, ки аз оғози пайдоиши порсии навин то кунун бо он ҳамроҳ буда. Пас ба чои таъмиру тармими девор пеш аз ҳама бояд ба пойбаст (фундамент) пардохт, ки ҳамоно бозгашт ба хатти порсй аст. Бидуни хатти порсй на танҳо намояндагони мардум ва мақомҳои точик, балки ҳеч фарде қодир нест забони модарии моро сад дарсад ва бахубй фаро бигирад. Пешниҳоди ман ин аст, ки ба чои таъйини имтиҳони забон барои мақомҳо ба хатти порсй баргардем. Он гоҳ ҳам мақомҳо ва ҳам миллат ба омўзиш ва такаллуми дуруст ба забони порсй даст хоҳанд ёфт.

Tuesday, June 12, 2012

2 Questions on Nation-building & Regionalism


Посух ба ду пурсиши як рўзноманигор дар бораи миллатсозию маҳалгаройи

- Ба фикри шумо нахустин икдом барои миллатсози чи бояд бошад? 

- Ба қавли Мавлавй, “ҳамдилй аз ҳамзабонй беҳтар аст”. Дар мақулаи миллатсозй ҳам ҳамдилй пояи кор аст; ҳамдилй дар ҳамзабонй аммо. Ҳамдилй дар фарҳангу забону дирўзу имрўзу фардои муштарак. Барои сохтани миллате қавй бояд забоне қавй дошт. Ҳеч миллати қавие бо забони заъиф дар чаҳон ва дар торих вучуд надорад. Забон пояи ҳама навъ пешрафт аст, аз чумла ва бавижа миллатсозй. Забони порсй мавҳибат ё ҳадяи бузурги сарнавишт барои точикон аст, ки нахустин гўишварони ин забонанд. Аммо аз бади рўзгор мо наҳваи нигаҳдорй аз ин забонро фаромўш кардаем ва содатарину бунёдитарин шарти нигаҳдориро, ки мувозибат аз хатти модарй (хатти порсй) ва бозгашт ба он аст, бачо наовардаем. Точикон метавонанд танҳо аз роҳи бозгашт ба алифбои порсй забоне қавй ва дар натича миллате қавй шакл диҳанд.

- Оё махалгаро метавонад хаммиллат бошад? Бархе мегуянд, ки махалгаро хамеша манфиати махалро боло мегузорад ва манфиатхои милли барои у дуввумдарачаанд. Ба ин фикр то кучо рози буда метавонед?

- Агар маҳалгароёнро ҳаммилатони худ надонем, бекас хоҳем монд, чун тақрибан ҳамаи точикҳо маҳалгароянд. Магар ин ки ғурбат чашида бошанд ва бар вусъати дидашон афзуда бошанд ё дар ҳамон Точикистон ба ин муҳим даст ёфта бошанд, ки ҳатто худи Точикистон танҳо пораи кўчаке аз миллати моро дарбар мегирад; пас набояд онро кўчактар аз ин кард. Шумори ин даст афрод бисёр андак аст. Аз бади рўзгор, тайи чандсад соли ахир доманаи чаҳонбинии бештари точикон беандоза тангу маҳдуд шуда. Ба ҳамон шева, ки ба рўд “дарё” (баҳр) мегўем (чун дарёи воқеъй дар таркиби хокамон намондааст), ба вилоят ё ноҳия ё ҳатто рустои худ гоҳ “ватан” мегўем, ки бароянди тангии дид ва маҳсуру мунзавй будани инсон аст. Теъдоди бисёре аз касоне, ки санги Самарқанду Бухороро ба сина мекўбанд, мутаваччеҳ нестанд, ки яке аз ъавомили чудоии он ду шоҳшаҳр ҳисси шуми маҳалгаройи буд, ки монеъ аз дарки мусибати миллй дар он давра шуд. Вақте бархурдашон бо ҳаммеҳанони худ дар гўшае дигар аз кишвар инчунин аст, ба чи ҳаққи маънавие иддаъои Самарқанду Бухороро мекунанд? Ва чи тазмине вучуд дорад, ки фардо агар муъчизае шуду Самарқанду Бухоро ба оғўши моми меҳан баргаштанд, ҳамин бархурди носолимро бо ҳамқавмони самарқандию бухороимон нахоҳанд дошт? Пас ин ашки тимсоҳ рехтанҳо ба чи дарде мехурад? Ҳоло, ки ҳамин точикони боқимондаи сарзаминро худй ва ъазиз намедонй, синни зеҳниат қадд намедиҳад, ки ба хиёли Самарқанду Бухоро бошй. Аммо ин воқеъиятҳои имрўзи мост ва бояд ба гунае бо онҳо канор омад ва воқеъиятҳои беҳтаре сохт. Танҳо роҳи мумкин дар ростои миллатсозй ҳам ин аст: ҳаммиллат донистани ҳамдигар бо вучуди касру камбуди эҳсоси таъаллуқ ба як миллати воҳид, бо ин умед, ки рўзе-рўзгоре ин ҳисси таъаллуқ по бигирад.

Saturday, April 28, 2012

Thus Spoke Mirzayan

Чунин гуфт Мирзоён

Дидам, ки бо баҳсҳои фейсбукӣ наметавон қоли қазияро канд ва мавзӯъро ба таври боиста тарҳу истинтоҷ кард. Дубора суроғи торнигорам омадам, ки муддатест вел хобида буд.

Мавзӯъ ҳамонест, ки ин рӯзҳо дар Фейсбук ва дигар торнамоҳои иҷтимоъии тоҷикистонӣ мечархад: изҳороти Зафари Мирзоён дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва бозтоби он дар яке аз нашрияҳои Душанбе. Номи нашрияро ҳама медонанд, аммо ъамдан аз зикраш худдорӣ мекунам, то ин таваҳҳуми беҷои нашриядорон бартараф шавад, ки Худой накарда, бо он падаркуштагие дорам, ки мусалламан, далеле барои ин пиндори ғалат вуҷуд надорад.

Дар нашрияе як гузориш хабарӣ мунташир шуда буд аз суханронии Зафари Мирзоён дар Донишгоҳи Миллӣ, ки гӯё ӯ “Шоҳнома”-ро бартару арҷаҳ аз оёти Қуръон хондааст. Бино бар ин гузориш, изҳороти донишвари тоҷик бархе аз донишҷӯёнро ҳам барошуфта буд. Ин тазаккур боиста аст, ки матни гузориш бидуни риъояти усули рӯзноманигорӣ навишта шуда буд ва хабарнигор натавониста буд асли бетарафиро риъоят кунад ва ҷиҳатгирии ӯ ъалайҳи Зафари Мирзоён дар саропои навишта машҳуд аст.

Пайгирии мавзӯъ тавассути расонаҳои дигар собит кард, ки моҷаро ба гунае дигар будааст. Оқои Мирзоён дар мусоҳиба бо родю “Озодӣ” тасреҳ кардааст, ки “мо маъмулан маънию мазмуни оёти Қуръонро намефаҳмем, магар ин ки як одами огоҳ ба забони ъарабӣ онро бароямон тавзеҳ диҳад. Ман бархе аз ояҳои Қуръонро намуна овардам ва муъодили порсии онҳоро аз Шоҳнома”.

Шунидан кай бувад монанди дидан? Бо ҳозирони он нишаст ҳам гапугуфте доштам, то ба кунҳи моҷаро бирасам. Ва дарёфтам, ки қазия ба гунае дигар бозтоб ёфтааст. Бавижа тасреҳи Зафари Мирзоён дигар шакку гумоне дар кор намегузорад.


Ҳатто агар фарз бар муқоисаи Шоҳнома бо Қуръон бошад, боз ҳам намунаҳоеро дар адабиёти порсӣ доштаем. Бавижа дар бораи "Маснавии маънавӣ", ки гуфтаанд: 

Ман чи гўям васфи он ъоличаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
"Маснавии маънавй"-и Мавлавй,
Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавй.



Яъне, агар шоъираш зинда буд, имрўз мавриди такфиру баду бероҳ воқеъ мешуд?


Дар мавриди "Шоҳнома" ҳам, агар шинохт моварои боварҳо ва мардумшиносона бошад, ин ҳақиқат ошкор хоҳад шуд, ки асари Фирдавсӣ ривоёти эронӣ ё ориёиро бозгў мекунад, чунон ки ривоёти сомӣ дар китобҳои муқаддаси яҳудиҳо, масеҳиён ва мусалмонон омадаанд. Ривояти пайдоиши насли башарро мешавад дар Шоҳнома ҳам пайдо кард, аммо бо таърифи эронӣ (порсӣ)-и он, ки Каюмарс дар конуни он аст, ҳамонанди Одам дар ривоёти сомӣ. Шоҳнома асарест, ки дидгоҳи тоҷикӣ (эронӣ) ба буду ҳасти ҷаҳонро табйин мекунад. Як инсони огоҳ бо ҳар диду динояте метавонад ба ҳангоми доварӣ ин ъомили торихию қавмиро мадди назар дошта бошад. Ва шоёни таъкид аст, ки ин асар ба забони порсии навин дар авҷи кишваргушоиҳои исломӣ падид омад ва дар ҳамон давра ҳам болид ва касе хостори нобудиаш нашуд. Пас мешавад иддаъо кард, ки мизони таҳаммулу тасомуҳи мо сайри қаҳқароӣ (регресс) доштааст.

Як сухани донишвар, ки рўида аз боварҳо ва андешаҳои ўст, на касеро кушт ва на кошонаи касеро рабуд, ин ҳама сарусадо роҳ андохтааст. Дар ҳоле ки забони порс
ӣ дар хостгоҳаш (Тоҷикистон) хору ҳақир мешавад ва дар остонаи нобудист, касе фиғон дар намекашад. Дороиҳои Тоҷикистон ба яғмо меравад; чурти касе намешиканад. Раҳбарони Тоҷикистонро бегонае таъйин мекунад; ба хайр. Тоҷикон дар Афғонистон кушта мешаванд; парвое нест. Хоки Тоҷикистонро ба Чин медиҳанд; сукут гўши вичдонро кар мекунад. Аммо як сухани ношӣ аз бовари як фард ва ин ҳама сарусадо (!), яъне Тоҷикистон бо тамоми дору надораш рў ба уфул аст.

Бархе аз пурсишҳо ва андешаҳоямро, ки дар баҳсҳои мачоз
ӣ бо дўстон матраҳ шуд, инҷо мекорам. Сари фурсат ба мавзўъ боз хоҳем гашт. 

***

Зафари Мирзоён мегўяд: Қуръонро метавон ба порсй ҳам хонд ва суди он бештар аст, чун забонест, ки мардум онро мефаҳманд ва роҳи расидан ба ҳақиқати Қуръон ҳамвортар хоҳад шуд.
Кучои ин сухан ишкол дорад? Оё забони ъарабй муҳимтар аст ё зарурати расидан ба ҳақиқат?
 

*** 
Чаро нашавад Қуръонро ба порсй хонд? Ба ҳамон шевае, ки дар соли 733 мелодй мардуми Бухоро, ки аз забони бегона гурезон буданд, ба азони порсй рўй оварданд ва ба намоз нишастанд. Кунҳи суханони Зафари Мирзоён ҳам ҳамин аст, ки ъарз шуд.

***

Агар ҳатм бар ин дорем, ки дар Қуръон ҳақиқати илоҳй нуҳуфта аст ва мардум бояд аз он огоҳ бошанд, боиста он аст, ки оёти Қуръонро ба забоне бисароем, ки барои мардум қобили дарк бошад. Он забон барои мардуми Точикистон порсй аст. Чи ъамде дар ин вучуд дорад, ки мардумро ба қироати оёте водорем, ки намефаҳманд чи маъное дорад? Кадом рус, масалан, сурудаҳои мазҳабиашро ба забоне ғайр мехонад? Ё кадом инглисй? Агар аз як мусалмони ъодии намозгузори точик бипурсанд, ки чи мехонад, чи хоҳад гуфт? Ман аминам, ки тарчумаҳои балиғе аз Қуръон ба порсй вучуд дорад, ки ъайни каломро баргардон кардааст. Агар ҳадаф расидан ба ҳақиқати Қуръон аст, чаро дар баробари он қад ъалам кунем?

***

Худовандро, ки Гайҳонхидев бидонем ва офаридгори ъоламҳо ва ҳар он чи дар миён ҳаст, бояд бипазирем, ки иртиботи мустақиме миёни Худованд ва офаридагонаш вучуд дорад ва забони ъарабй наметавонад ва набояд ҳамчун садде мухлили ин иртибот бошад.

***

Чунончи, шумори бештари мусалмонон ъарабй надонанд. Оё бо ин истидлол бояд фарз бар ин бошад, ки бештари мусалмонон (-и ғайриъараб) ба кунҳи ҳақиқати Қуръон нарасидаанд, чун ъарабй балад нестанд? Ин навъи рўйкард исломро ба як дини ъарабй табдил мекунад. Ҳамаи мусалмонон ъолими ислом нестанд. Оё онҳо мустаҳаққи донистани маънии оёти малфузашон ҳастанд ё на?


***


Мувофиқам, ки фарди муддаъии дониши қуръонй илзоман забони ъарабй ҳам балад ҳаст. Аммо Қуръон мухтасси ин тоифа нест ва садҳо милюн пайрав дорад. Ба бовари ман, пайравони порсигўи ислом ҳақ доранд, ки оётро ба забони модарии худ бихонанд ва ба порсй намоз гузоранд. Қаблан ҳам ъарз шуд, Худованд ба мутарчим ниёз надорад ва набояд тавоноиҳои Худовандро ба ҳадде маҳдуд кунем, ки гўё Он намози порсии моро дарнахоҳад ёфт.

***

Имом Абўҳанифа ва қироати порсии Қуръон

Дар мадхали “Абўҳанифа” дар Доиратулмаъорифи Бузурги Исломй ин бахш ба фатвои ў дар мучоз будани намоз ба забони ғайри ъарабй ихтисос дорад ва манобеъу асноди он ҳам зикр шуда:
 

Дар миёни фақеҳони ҳанафй баҳсе дар бораи назму маънои Қуръон вучуд дорад, ки беиртибот бо масоили каломй нест. Ин баҳс аз фатвои Абўҳанифа мабнй бар тачвизи қироати Қуръон дар намоз ба забони форсй (ё ба таври куллй, ғайриъарабй) нашъат гирифтааст (Ниг. Сарахсй, Ал-мабсут, 37/1; “Ал-мабонй”, 170). Чи дар намоз дастури қироати Қуръон дода шудааст ва Қуръон, ки мачмўъи назму маъност, бар тарчумаи форсй итлоқ намегардад. Аз ин рў бархе аз ҳанифон аз фатвои Абўҳанифа чунин бардошт намудаанд, ки ба ъақидаи ў Қуръон танҳо ъиборат аз маъност (Ниг.: Сарахсй, ҳамончо). Вале ин бардошт бо мухолифати бархе дигар аз ҳанифон чун Баздавй рўбарў шуда, ки муътақид буданд, ки Қуръон аз дидгоҳи Абўҳанифа, мачмўъи назму маъност ва фатвои вай дар мавриди қироати намоз ба мабнои фиқҳй нафйи ъусри ҳарач боз мегардад (Ниг.: Баздавй, 23/1 ба баъд). Ин гурўҳ ҳатто ба истиноди ривояте ғайримашҳур аз тариқи Нўҳ ибни Абимарям муддаъй буданд, ки Абўҳанифа аз фатвои мазбур ъудул карда буд (Ниг.: Ъалоиддини Бухорй, 25/1). Ба ҳар ҳол, шуҳрати фатвои мазбур то ончо буд, ки бархе чавози қироати Қуръон ба сурати нақл ба маънй ва ба забони ъарабиро низ ба Абўҳанифа нисбат медоданд (Ниг.: “Ал-мабонй”, 230).
 

Гуфтанист, ки Миқдоди Сиюрй, аз мутакаллимон ва фақеҳони Имомия (826 қ. / 1423 м.) бидуни зикри маъхази гуфтори худ (119/1) мустанади Абўҳанифа дар тачвизи қироати ҳайриъарабй дар намозро ояи “Инна ҳазо лафи-с-суҳуфи-л-авло суҳуфи Иброҳим ва Мусо” (“Қатъан дар саҳифаҳои гузашта ин [маънй] ҳаст, саҳифаҳои Иброҳим ва Мусо”) (Аъло, 87/18-18) донистааст. Робитаи байни назарияи Абўҳанифа ва ин оя дидгоҳи Ибни Каллоб, мутакаллими садаи 3 қамарй/9 мелодиро ба хотир меоварад, ки муътақид буд “каломи Худо аз он рў ъарабй номида мешавад, ки расму таъбири он ба ъарабист; чунончи каломи Худо вақте расму таъбири ъибрй дошт, ъибронй номида мешуд; он чи инсон тиловат мекунад ва мешунавад, танҳо таъбире аз каломи Худост” (Ниг.: Ашъарй, Абулҳасан, “Мақолот”, 584-585). Аммр баравшанй наметавон гуфт, то чи ҳад Ибни Каллоб аз Абўҳанифа ва то чи ҳад муфассирони фатвои Абўҳанифа аз Ибни Каллоб мумкин аст таъсир пазируфта бошанд (Барои иттилоъ аз таъсири Ибни Каллоб дар мутуни ҳанафии садаи 3 қамарй ниг. Бахши “Мактаби ҳанафии аҳли суннат ва чамоъат” дар ҳамин мақола”.

http://www.cgie.org.ir/shavad.asp?id=123&avaid=2130


29.04.12
 

Вокуниши Рустами Ҷонӣ, сардабири "ИмрўзНюз", ба баҳси маҷозӣ

Рустами Ҷонӣ:
"Нашри гуфтаҳои Зафари Мирзоён баҳси шадидро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Қиёси "Қуръон" бо "Шоҳнома"- и Фирдавсӣ боиси вокуниш шуд. Рӯзнома ба сифати воситаи нашри иттилоот рисолаташро анҷом дод. Мақсад ёфтани посух ба ин пурсиш буд,ки "донишмандон" омодаанд аз баҳсҳои хонагӣ ба мавзеъи фарохтар ва вусъатгоҳи дигар афкори худро баркашанд. Чун эшон даъво дорад,ки фикри дурустеро пайрав аст, тайи мутолеоти зиёд ба ин андеша расидааст, месазад аз мавқеъи худ дифоъ кунад.

Шореҳон зиёд дар ҳавошии хабарҳои нашршуда нигоштаанд,ки донишманди тоҷик ҳуқуқ ба баёни андеша дошт. Ӯ метавонист андешаи худро баён созад,аммо чун олим бояд ба гуфтаҳои худ далел меовард. Агар ба ёд дошта бошанд,донишманд,олим афкори худро дар асоси далоил ва ҳуҷҷатҳои муҳкам бояд баён созад. Мирзоён ин андешаи худро аз минбари илмӣ баён кадааст, барои донишҷӯён. Эшон бояд пеши ин насл боэҳтиёт ва бо риояи суннати илму олимӣ бояд сухан мегуфтанд.
 

Ҳоло мехоҳем як ҳарфи бо камоли беэҳтиётӣ ва бемасъулиятӣ гуфтаро ба ҳоли худ гузорем ва баррасӣ накунем. Ҳатто шореҳоне низ рӯзномаро ба барангехтани низоъи динӣ айбдор карданианд. Аввал бояд домани касонеро гирифт,ки бо рафтору кирдорашон омили низоъро ба вуҷуд меоранд. Агар гуфтаҳои Мирзоёнро ҳамчу як байони андешаву бе ҳадаф пиндорем, чаро вокуниши як донишҷӯйро наметавонем бипазирем,ки ҳуқуқ доштааст ба ҳамин эътироз. Рӯзнома аз ҳамин ҳолат баён дошт.
 

Худ баррасӣ кардани афкори баёншуда як фарҳанги ҷомеаи пешрафта аст. Ин шеваи гуфтугӯй ҳаст. Афкоре агар гуфта мешавад барои ба арзиши он бовар кардан,онро аз элак бояд гузаронид. Баъдан мо шоҳиди он мешавем,ки ҳар кас худхоҳона наметавонад болои арзишҳои муқаддаси як миллат баҳси сарсарӣ кунад.
 

Ислом чун дини худост, баҳсҳои сарсариро намепазирад. Ҳар ки мехоҳад дар бораи он фикр баён кунад, бояд ба худ ин суолро бидиҳад ки омодааст бо Худо баҳс намояд?
 

Дигар ин ки худ қиёси китобе ки махлуқ навиштааст ва китобе ки холиқ фиристодааст худ як амали хилофи илм аст. Мирзоён шоҳномашинос ҳаст ,чун диншинос шуд метавонад тасмими қиёс бигирад.
 

Рӯзномаи мо ҷойеро барои баён ба Зафар Мирзоён холӣ мондааст."

 ***

Дар ҳошияи посухи ИмрўзНюз

Вокуниши Рустами Чонии гиромй ба бахсе, ки ИмрузНюз рох андохтааст, аз манзари як фарди вобаста ба як чинохи бахс бисёр хуб аст. Рустами гиромй талош кардааст аз дидгохи мазхабии худ ба нахве дифоъ кунад ва ишколе дар ин амр намебинам. Аммо ин вокуниш посухи сардабири як нашрияи муддаъии бетарафй нест. Бо ин посух Рустами Чонй марзбандиро мушаххас карда, сангарро бино нихода ва нашрияашро дар як суи мушаххаси сангар карор додааст. Ва "чои холй барои матлаби Мирзоён" хам ин осеб ба тамомияти журнолистии нашрияро чуброн нахохад кард. Ба хамон шева, ки гузориши ИмрузНюз аз дидори Мирзоён бо донишчуён чихатдор ва мугризона навишта шуда буд ва казоватро нависандаи матлаб анчом дода буд, номаи сардабири он хам чихатдор ва хадафманд аст, ба дур аз усули рузноманигорй, ки бетарафй мехвари он аст ва казоватро ба шуъури хонанда вогузор мекунад. Аз ин бобат ба нашрияи ИмрузНюз таслият мегуям. Бамаротиб бехтар мешуд, агар ИмрузНюз ба чои иттихози мавзеъи тадофуъй такозои тарафхои бахсро бароварда мекард ва забти суханони Зафари Мирзоёнро бекаму кост инчо ё хар чои дигар мекошт.

***

Дар фарчоми баҳси марбута дар "Анчумани фалсафа ва ҳикмат"-и ФБ

Яке-ду рўз аст, ки дар ин анчуман қуруқ кардаам, то шояд канори ҳам як тамрини дигар аз тасомуҳу таҳаммулро сипарй кунем; мизони бардоштамонро бисанчем. Сарфи назар аз бурузи ғайзу хашми бархе аз дўстон, ки гоҳ-гудоре фазоро кидир мекард, рўиҳамрафта баҳси судманде буд; барои худи ман ҳам. Аз ҳамаи мубоҳисонам самимона сипосгузорам ва кинае ба дил надорам ва мусалламан, ононе ҳам ки ба дарачае аз балоғат расидаанд, кудурате нахоҳанд дошт. Дар ин баҳсҳо равшан шуд, ки чомеъаи кунунии Точикистон як чомеъаи ъақидатии якдаст нест ва дар он пайравони ъақидаҳои гуногун канори ҳам ба сар мебаранд. Тамоми чомеъаҳои инсонй инчунинанд ва танҳо бархурди инсонии ба дур аз таъассуб метавонад заминаҳои пешрафти он чомеъаро фароҳам кунад, вагарна он чомеъа дар оташи чаҳолат хоҳад сўхт. Пас рушди мизони таҳаммулу тасомуҳи ҳамдигар аз боядҳои ъумдаи Точикистон аст. Агар таваққуъ дорем, ки ба ҳарими боварҳои мо таъаррузе сурат нагирад, ин корро бар дигарй ҳам написандем.
Бардошти бархе аз дўстон, ки гўё ман мухолифи мусалмононам, ҳарфи газофест, ки радди он ҳазору як намуна дорад. Мункири мухолифат бо истибдод нестам; он чи аз навъи сурхаш бошаду чи сабз ё сиёҳ. Ба ҳамон андоза, ки дар даврони Шўравй ъалайҳи ҳукумати ъақидатии бединон пайкор кардаам, дар чавомеъи истибдодии мазҳабй низ даст аз муқовимат бо зулму ситами ъақидатй барнадоштаам. Ба ҳамон андоза, ки бо юриш ба мусалмонони Ғарб ба дунболи 11 септомбр муқобила кардаам, дар тақбеҳи юришҳои ъақидатии мусалмонон бар дигарон ҳам кўшидаам. Ъамали зишт зишт аст, сарфи назар аз ин ки ъомилаш чи касе бошад. 
Роҳҳои расидан ба Худоро ба теъдоди офаридагонаш медонам ва муътақидам, ки бо тавҳини ин ё он кас ба дине гарди ғуборе бар домани он наменишинад, агар пайравонаш намоди динвароне шоиста ва судовари чомеъа бошанд. Бо имон ба Офаридгор инро ҳам мепазирам, ки бархе ба дину мовароуттабиъа имон надоранд ва зиндагии худро ба гунае дигар барномарезй кардаанд. Тамоми ин афрод дар чомеъаи мо ҳастанд. Агар ҳар кадом талош кунад, ки дидгоҳи худашро бар они дигарй фурў бикўбад, бегумон, дучори ҳаммоми хуне хоҳем шуд, Худой бад надиҳод. Аз ин рў ҳар чи бештар бояд ба тамрини мутамаддинонаи таҳаммули ъақоиди ҳамдигар бинишинем. Сайидюнуси Истаравшаниро намунаи боризи тарафи баҳс медонам, ки андешаҳои худро бе тавассул ба ҳамалоти лафзй мутқану мустадал тарҳ мекунад ва бояд аз ў биомўзем. Чун пуштгарми дониши фарохи худ аст ва нигарони пурсишҳои тарафи муқобил нест. Имони ростин имони муттакй ба мантиқест, ки хирад дарёбад.
Боқй барои якояки шумо комгорию шодй ва барои Точикистон озодию ободй мехоҳам.
 

Saturday, March 10, 2012

Persian Vs Pyrillic

Порсӣ дар қиболи пириллик

(Дар ҳошияи чаласаи пурсишу посухи Иброҳим Усмонов бо корбарони торнамои Tojnews.org)

Бо устоди нимароҳам оқои Иброҳим Усмонов дар мавзўъи забон борҳо рўбарўю ғиёбан дар расонаҳо баҳс кардаам ва ин борро ҳам муғтанам медонам. Чун, ба бовари ман, эшон дар бораи мавзўъе, ки суҳбат мекунад, иттилоъоти басанда надорад ё агар дорад, ғаразе дар кор ҳаст, ки ичоза намедиҳад сапедро сапеду сиёҳро сиёҳ тавсиф кунад. Ба нукоти марбутаи суханони ў посух медиҳам, бо ин ки суханонаш дар мавзўъҳои дигар ҳам баҳспазир аст.

Пурсишу посухи шумораи 9 мустақиман ба мавзўъи забону хат бармегардад:

“Чаро, устод, Шумо аз хати кириллӣ ба хати форсӣ гузаштани мардуми тоҷик метарсед?

И. Усмонов:- Наметарсам, аммо намехоҳам. Якум, барои мардуми тоҷик ҳам хати арабӣ бегона аст, ҳам хати кириллӣ.”

Хатте, ки аз Рўдакй гирифта то Турсунзода ба он навишта бошанд, бегона аст? Хатти “Шоҳнома” бегона аст? Хатти “Донишнома”-и Пури Сино бегона аст? Хатти “Маснавии маънавй” бегона аст?.. Хатти “Дохунда”-ву “Одина”-и Айнй, ки дар ҳадди парастиш дўсташ доред, бегона аст? Оё хатти 1200-солаи мо бегонатар аз хатти 72-солаи мост? Кадом як беҳтар кор дода ва кадомй имрўз ҳам пурбортар аст? Агар аз инсофу мантиқ кор бигиред, посухи ин пурсишҳо чизе чуз пўзиш бобати он хибти бузург нахоҳад буд.

“И. Усмонов: - Мо, мутаассифона, дар таърихамон хело дар масъалаи хат паропар кардем. Гарчи мо аввалин мардуми хатдори олам ҳастем, зеро «Авесто»-ро дар қарни 14-и пеш аз мелод навиштаем, бо омадани Искандар хати юнониро қабул кардем ва 500 сол бо ин хат навиштем ва баъд хатҳои дигар.”

Донишмандоне, ки дар торихи расмулхатҳо сарриштае доранд, ифтихори ихтироъи нахустин хатти башариро ба тамаддунҳои бостонии сумерию мисрй нисбат медиҳанд, ки ҳар ду нопадид шудаанд. Ин иддаъо ҳам, ки “Авесто” дар садаи 14 пеш аз мелод навишта шуда, собит нашудааст. Ва хатти авестойи ҳам барсохтае аз алифбои финиқй буд, дуруст ба монанди паҳлавй (порсии миёна)-ву юнонию лотину ҳамин пириллику ъибрию ъарабй... Ва бино ба мантиқи истидлоли шумо, тамоми ин хатҳоро бояд барои миллатҳое, ки аз он алифбоҳо баҳра мегиранд, бегона бидонем, чун ҳеч кадом финиқй нестанд ва тамаддуни финиқй ҳам мунқариз шудааст. Аз ин рў иддаъои бегонагии хатти порсй барои мо ҳарфи чаранде беш нест.

“И. Усмонов: - Хати арабӣ ба овози тоҷикӣ мувофиқат намекунад. Яъне дар он ҳарфҳое ҳастанд, ки тоҷикон талаффуз карда наметавонанд. Масалан, овози Т, С, Ҳ, З, А-и тоҷикӣ бо чанд ҳарф ифода карда мешавад, ки тоҷик онро талаффуз карда наметавонад.”

Усмонов дар чумлае дар оғози ин матлаб номи забони моро “форсии осиёимиёнагй” номидааст, муъодили ҳамон “порсии фарорўдй”, ки баҳсашро доштем («Бухорои шариф»-ро, ки ба забони форсии осиёимиёнагӣ ба ташаббуси ҷавонбухориён пеш аз ҳама Мирзомуҳиддин Мансуров ва Мирзосироҷи Ҳаким ва бо пули онҳо ва бо иштироки эҷодии онҳо пайдо шуд...”). Дар идомаи матлаб талош мекунад бо парҳез аз корбурди ъиборати “забони форсй” номи шўравии онро ядак бикашад: “забони точикй”. Ин таноқуз (парадокс) дар суҳбатҳои ҳамаи ононе мушоҳида мешавад, ки мекўшанд ҳам ба наъл бикўбанду ҳам ба мех, аммо дар натича на наъл чо меуфтаду на мех. Оқои Усмонов ҳам бахубй медонад, ки “забони точикй” як ъиборати сиёсист, аз қумоши сиёсате, ки ў тобеъу пайраваш буда ва ҳаст.

Аммо дар мавриди ҳарфҳое, ки “точик онро талаффуз карда наметавонад”. Дар алифбои пириллике, ки Усмонов аз ҳофизони парупоқурси он аст, садоҳое чун ы, ь, ц, щ буд, ки ҳеч порсигўе наметавонист талаффуз кунад, аммо низоми ҳоким на танҳо талаффузи ин садоҳоро ба точикҳо ёд дод, балки онҳоро водошт, ки ин садоҳоро вориди забони худ ҳам кунанд. Усмонов ба ин падида на дар давраи шўравй ва на пас аз он эрод нагирифт ва напурсид, ки чаро вожаҳои ғарибае чун выставка, открытка, цирк, социалистй, щука бо ъайни талаффузи русишон бар мо таҳмил шудаанд. Дуруст бар хилофи ин, дар забони порсй ҳеч касе интизор надорад, ки як гўишвари ин забон т, с, ҳ, з, ъайн-ро ба шеваи ъарабҳо адо кунад. Ва дар воқеъ, агар ин садоҳоро дар забони порсй ба гунаи ъарабҳо талаффуз кунед, мухотиб маънии каломи шуморо дар нахоҳад ёфт ва порсиро забони модарии шумо нахоҳад донист. Яъне ин иддаъои Усмонов ҳам бепоя аст. Ва ба он монад, ки аз як инглисй бипурсед: “Чаро th-ро баъзан ба шакли “з”-и миёнзабонй ва гоҳ ба гунаи “с”-и миёнзабонй талаффуз мекунад, на ба шакли “т” ва “ҳ”-и чудогона. Ё аз рус бипурсед, ки чаро дар вожаи “окно” аввалиро наздиктар ба “а” ва дувумиро наздиктар ба “у” талаффуз мекунад... Ин эроди Усмонов ҳам ба монанди соири эродҳояш аз хатту забони порсй ворид нест.

“И. Усмонов: - Шумо як таваҷҷўҳ кунед ба он муллоҳое, ки бо риояи овозҳои арабӣ Қуръон мехонанд. Кадом тоҷик ин гуна овоз дорад? Надорем, барои ҳамин ҳам, 90 фоизи онҳое, ки худро хати арабидон ҳисоб мекунанд. Дастхат хонда наметавонанд, беғалат навишта наметавонанд.”

На илзоман. Агар шумо ҳам ҳамарўза бо порсй сарукор дошта бошед, бо зариби ҳуши қобили васфе, ки ба намоиш гузоштаед, ҳатман хоҳед тавонист дастхатти порсиро ҳам баосонй бихонед ва ҳамин суханонатонро ҳам беғалат бигўеду бинависед.

“И. Усмонов: - Дуюм, хати арабӣ забони тоҷикиро вайрон мекунад. Аз замони Фирдавсӣ то замони Аҳмади Дониш калимаҳои арабӣ бештар аз нисфи калимаҳои тоҷикиро аз миён бурданд. Имрўз баъзе мафҳумҳое ҳастанд, ки мо базўр барои онҳо истилои форсӣ-тоҷикӣ меёбем.”

Оқои Усмонов инчо тибқи ъодат ба сардаргумй роҳ дода ва мақулаҳои хатту забонро дар ҳам омехтааст. Мегўяд, хатти ъарабй забони моро вайрон мекунад, чун вожагони ъарабй сарозер шуданд. Бо ин истидлол бояд интизор дошта бошем, ки забони муғулй саршор аз вожагони русист, чун хатташон мириллик (сириллики муғулй) аст (ки чунин нест). Ё забони ҳиндй набояд ин ҳама вожагони порсй дошта бошад, чун хатташон “девоннигорй” аст, муштақ аз сонскрит, на порсй (дар ҳоле ки чунин ҳаст ва забони ҳиндй аз порсй фаровон таъсир пазируфта). Усмонов дар ин баҳс ъомили фарҳангу пайвандҳои эътиқодй ва қаробату ҳамсоягй ва таъсири рўйдодҳои торихиро фаромўш кардааст, ки боъиси сарозер шудани вожаҳои забоне бегона ба забони модарй мешавад. Имрўза метавон бо итминон гуфт, ки забони порсии Эрон бештар аз вожагони порсии ноб баҳра мегирад, то порсии Точикистон. Содатарин намунаи ин иддаъо номи вазоратхонаҳои ду кишвар аст, ки дар Точикистон ъарабист (дохила, тичорат, ъадлия) ва дар Эрон порсии ноб (кишвар, бозаргонй, додгустарй) ва садҳо намунаи дигар дар ҳар заминае. Агар тасаввури Усмонов ин аст, ки эшон вожагони ъарабии камтаре ба кор мебаранд, далелаш ин аст, ки ў ва аксарияти мардум дар Точикистон дар зиндагии рўзмарра шояд танҳо аз 10 дарсади тавоноиҳои порсй истифода мекунанд. Тамоми истилоҳоти нави порсие, ки дар қиболи вожагони ъарабй падид омадаанд, дар Эрон сохта шудаанд ва чунбиши порсисозии истилоҳот дар Эрон фаъъол аст, на Фарорўд.

“И. Усмонов: - Хати кириллӣ забони моро вайрон намекунад, чунки ин хат барои мо асоси сиёсӣ надорад. Арабӣ дорад ва он ислом аст.”

Ин ки бигўем, таҳмили хатти пириллик бар порсии Фарорўд асоси сиёсй надоштааст, шабеҳи иддаъоест, ки бигўем, китоби “Сармоя”-и Моркс сирфан фалсафй буда ва ҳадафҳои сиёсй надоштааст ё қиёми Ленин дар соли 1917 сирфан ичтимоъй буда ва ангезаи сиёсй надоштааст. Табдили хат дар Фарорўди шўравй пеш аз ҳама як иқдоми сиёсй буд. Ин як мавриди дигар аз таноқуз (парадокс)-и ошкор дар суханони Усмонов аст, ки исломро ба ъунвони як мактаби эътиқодй (дин) сиёсй медонад, аммо кумунисмро, ки он ҳам як мактаби эътиқодист, сиёсй наменомад.

Хатти пириллик на танҳо забони моро вайрон кард, ки онро ба тале аз вожагони пароканда аз чандин забони марбуту номарбут бадал кард, ки акнун маънии калом дар бозии нозебои каломаш гум мешавад. Вока (садонок)-ҳои русй чунон бар талаффузи мо савор шудаанд, ки гўйи мо русҳое ҳастем, ки тоза порсй омўхтаанд. Пириллик чунон осебе ба забони шеъри мо ворид кард, ки шоъиронамон дар пайдо кардани вазну қофияи дуруст очизанд. Моро чунон аз решаамон гусаст, ки миёни мои пирилликхон ва ҳатто “Таҳзиб-ус-сибён”-и Айнй деворе нуфузнопазир баланд шудааст. Хатти пириллик забони моро валангор кард ва аз мо тўдае алкан сохт, ки қудрати баёнро бохтаанд.

“И. Усмонов: - Сеюм, ман аввалин ва охирин онҳое нестам, ки дар муқобили хати арабӣ қарор дорам ва Тоҷикистон аввалин давлате нест, ки дар муқобили хати арабӣ қарор дорад.”

Ҳатто агар лашкари душманони хатти порсй ҳазорчандони акнунаш шавад, роҳи ғалат рафтааст. Душманй бо хатти порсй ситеза бо хатти модарии забони мо ва тамоми осорест, ки бо он навишта шуда; бастани роҳи мову ояндагонамон ба дарёе аз донистаниҳои худии пешину имрўзу оянда аст; гўшагиртар кардани порсигўёни Фарорўд аст, ки акнун ҳам дар инзивои фарҳангии мутлақ даступо мезананд; ниҳойи кардани марҳилаи манкуртсозии точикон аст.

Точикистон ҳаргиз ба иродаи худ дар муқобили хатти модариаш қарор нагирифт. Дастури точикон набуд, ки ин хатро ъиваз кард ва сўгмандона, имрўз ҳам мебинем, ки точик ҳамчунон гўшбазанги дастури бегонае дигар аст, то таклифи хатту забонашро мушаххас кунад. Дастури точикон набуд, ки дорандагони китобҳои порсиро ба Сибрй (Сибир) табъид кунанд ва китобҳояшонро ба коми оташ бикашанд. Инҳоро оқои Усмонов бахубй медонад ва наметавонад мункираш бошад. Пас бояд изъон кунад, ки Точикистон ҳаргиз муқобили хатти порсй қарор надошт, балки бегонагон аз давлати он ҳамвора хостаанд, ки як чунин мавзеъи худситезона иттихоз кунад.

“И. Усмонов: - Як гап байни худамон, ба ҳеҷ кас нагўед, агар хати арабӣ мукаммал мебуд, дар навиштани «Қуръон» зеру забар истифода намекарданд. Зеру забар ин садонокҳое ҳастанд, ки дар забони точикӣ ҳастанд, аммо дар алифбои арабӣ истифода намешаванд. Агар маълумоти бештар мехоста бошед, китобҳои ин соҳаро бинед. Хати кириллиро ҳам мо мисли хати арабӣ қолаби точикӣ додем, чор ҳарф илова кардем ва он ҳарфҳоеро, ки ба забони мо хос нестанд, партофтем, вай точикӣ шуд, мисли он ки шумо хати арабиро форсӣ мегўед.”

Ҳамон зерузабари мавриди ёдкарди Усмонов аз навовариҳои порсигўён дар хатти порсй буд ва дар гурўҳи “Забони порсй” (Facebook) ба ин нукта борҳо таъкид шудааст. Он садоҳо дар забони ъарабй ҳам вучуд доранд, мусалламан, аммо порсигўён онҳоро катбй (навишторй) карданд. Ин дуруст ба он монад, ки дар хатти пириллик мо ба чои ъаломати “забар” ҳарфи “а”-ро бинависем. Яъне агар бихоҳед ҳамаи садоҳои малфузро навишторй кунед, боз ҳам хатти порсй бо такя ба зеру забар ин тавоноиро дорад. Пас ин иддаъо, ки хатти порсй аз баёни ҳамаи овоҳо қосир аст, аз беху бун бепоя аст. Дар сурати зарурат тамоми садоҳои мавчуд дар забони порсиро мешавад бо 32 ҳарф ва ҳаракот (зерузабар) рўи коғаз овард.

Ва ин шабеҳи афзудани чаҳор ҳарф ба алифбои русй ва табдил кардани он ба алифбои пириллик нест. Порсигўён афзун бар он афзудани чаҳор ҳарф ба алифбое, ки Усмонов (бо хусумате ошкор ба номи “порсй”) “ъарабй” меномад, барои ҳуруфи он нуқтаҳое таъйин карданд, то бишавад “шин”-ро аз “син” ва “б”-ро аз “с” тамйиз дод. Дар натичаи дасткориҳои порсигўён дар ин хат алифбое падид омад, ки ъарабҳо ҳам онро пазируфтанд ва то кунун аз он баҳра мегиранд. Аз ин рў, хатти мавриди назари мо сазовори номи “алифбои порсй” аст, то “ъарабй”.

Saturday, February 11, 2012

Secularism Vs. Ideological Rule


Ҳукумати нодинӣ дар қиболи ҳукумати ъақидатӣ

(дар ҳошияи як баҳси фейсбукӣ - гурӯҳи "Тоҷикистони Навин")

Дар тӯли торих дидаем, ки дин абзори расидан ба қудрат буда, чун бо истифода аз он мешавад тӯдаҳоро ҷамеъ ва мутеъ кард ва баосонӣ бар онҳо ҳукм ронд. Аммо ононе, ки мутеъи раҳнамудҳои он набошанд ё дину роҳу равиши худро дошта бошанд ё раҳо аз мақулаи дину диндорӣ бошанд, дар ин ҳоза (ҷомеъа) ҷой надоранд ва бояд табъиз шаванд ё ронда шаванд ё бимиранд. 

Дар ҳоле ки ҳукумати ҷудо аз дин метавонад заминаро барои зиндагӣ ва рушди пайравони ҳамаи динҳо ва афроди фориғ аз дин фароҳам кунад. Сиришти бисёре аз динҳо тамомиятхоҳист, ба гунае ки гаравондани ҳамаи афроди башар ба сӯи худро ҷузъи аҳдофашон медонанд. Дуруст ба монанди кумунисм, ки ҷаҳони навинро ҷаҳони батамом кумунист тарсим мекард. Ин аз вижагиҳои дидгоҳҳои тамомиятхоҳ аст, ки гунагунагии афроди башарро нодида мегиранд ва башарро дом (чорпо) фарз мекунанд ва ҳокимро як чӯпон. 

Аммо боз ҳам дар тӯли торих мебинем, ки тамоми идеулужиҳои тамомиятхоҳ, ки ба ҳарими хусусии одамон таъарруз мекунанд, барканда шудаанду мешаванд. Чун инсон бо такя ба мавҳибати парвардигории андешидан ва кунҷковӣ ҳамвора дунболи роҳҳои беҳтару бартаре барои фаргашт (такомул) будааст. Ва ҳеч фарқе ҳам намекунад, ки ҳазорон бор ин ё он дин батаъкид фарёд cар диҳад, ки дигар ҳеч роҳе барои зистани шоиста нест, ҷуз он ки ман мегӯям. Ин навъ бархурди такбуъдӣ ҳамвора шикаст хурдааст, чун хилофи сиришти инсон аст.

Акнун бар пояи намунаҳо бисанҷем, ки кадом як аз ин ду шеваи ҳукумат мусмир ба самар ё судманд воқеъ шудааcт. Дар ҷаҳони дониши мудерн Омрико ҳарфи аввалу охирро мезанад. Чаро? Чун зиндагӣ дар он кишвар машрут ба пазириши дидгоҳҳои дине вижа нест. Чунончи бахши қобили мулоҳизаи донишмандони мухтареъ дар он кишвар яҳудӣ, мусалмон, бедин ва ғайримасеҳӣ ҳастанд, аммо бар донистаҳо ва беҳзистии халқи Худо афзудаанд (Таъкиди ман бар донишмандон аст, ки аз фазои мусоъид ба рушд дар як ҷомеъаи ғайридинӣ баҳра бурдаанд, на сиёсатмадорон). 

Бахши бузурге аз ин донишмандону пизишкони омрикоӣ эронӣ ҳастанд; чи мусалмону чи яҳудию баҳоию зартуштӣ; афроде, ки натавонистаанд зери йӯғи абардине дар кишвари худ кору зиндагӣ кунанд ва ба Омрико паноҳ бурдаанд. Чи басо дидгоҳҳои ъилмии онон бо дидгоҳҳои пазируфташуда тавассути ҳукумати динии Эрон намехондааст. Дар ин миён чи касе бурдаасту кӣ бохтааст? Мусалламан, агар ҳамаи ин донишмандону пизишкон аз шароити мусоъид ба рушду зиндагӣ бархурдор мебуданд, сар ба саҳрои ғурбат намезаданд. Ва агар дасти зӯри ҳукумати динӣ аз сари миллати Эрон баруфтад, ҳаминҳо ҳастанд, ки боз хоҳанд гашт ва Эронро ба кишваре бамаротиб пешрафтатару шукуфотар табдил хоҳанд кард. Чун милоки аслӣ барои ингуна арзёбиҳо бояд доноӣ, шукуфоӣ ва беҳзистии ҷомеъа бошад, на ҳукумати дидгоҳҳое, ки мо ба он ъишқ меварзем.

Намунаи дигар аз таҳаммули дидгоҳҳои динии гуногун аст. Ҳазорон мусалмони диндор аз дасти ҷабру ситами ҳукуматҳои динишон гурехтаанду ба ҳамин “кофаристон”-и Ғарб паноҳ бурдаанд. Ҳамаи манотиқи мусалмоннишин масҷид доранд ва одинаҳо шулӯғтар аз ҳамеша ҳастанд, чун аксаран мехоҳанд савоби ъибодатро дар ҷамоъат бибаранд. Манотиқи яҳудинишин ҳатман каниса доранд, ҳиндуҳо мандир доранд, сикҳо гурдворо доранд, зартуштиён дарби меҳр доранд... Аммо ҳузури мусалмонон чашмгиртар аст. На танҳо дар ниёишгоҳҳо, балки дар хиёбонҳо ҳам. 

Мусалмонон бо пӯшишу намое мазҳабӣ рӯбарӯи истгоҳҳои метру бо баландгӯ донистаҳои худ аз исломро ба гӯши мардуми шаҳр фарёд мезананд ва масеҳиёну номусалмононро ба оғӯши ислом фаро мехонанд. Гоҳ баёнияҳои тундравонае ҳам чун “ҳамаи шумо бояд мусалмон шавед, вагарна дар оташи ину он дунё хоҳед сӯхт!”-ро ҷор мезананд. Ҳатто як бор надидаам, ки пулис музоҳими таблиғоти мазҳабии он бародарон шуда бошад. 

Аксари ин афрод зодаи як кишвари мусалмон ҳастанд ва маҷбур ба фирор шудаанд. Ғарб ба онҳо паноҳ дода, хонаву дар дода, иҷораи хонаро давлати “кофар” мепардозад, пули парваришу омӯзиши фарзандони бисёри ин хонаводаҳоро давлат мепардозад... Хулоса, камоли одоби меҳмондориро баҷо меоварад ва дар посух нафрину тавҳин мешунавад, аммо тоб меоварад, чун пойбанди ахлоқу усулест, ки хиради башаре пешрафта бар ӯ дикта мекунад. 

Дар паи 11 септомбр яке аз ин мубаллиғон (Имом Ҳамза) ба кишвари худаш мустарад шуд, чун дар масҷид мусалмононро ба қатли масеҳиён даъват мекард. Ин оқо бо чанд зану чандин фарзандаш аз давлати Бритониё кумак мегирифт ва танҳо кораш имомат дар масҷиди Финсберӣ Порки Ландан буд. Ҳангоме ки мехостанд ӯро ба Миср мустарад кунанд, мегуфт: Лутфан ин корро накунед, чун онҷо манро хоҳанд кушт. Гуфтанд: Ту ки мардумро ба куштори инглисиҳову масеҳиён фаро мехонӣ, чаро нигарони мурдани худат ҳастӣ? Ин пурсишу посух чеҳраи кареҳи таъассубро барҷаста мекард, ки пойбанди ҳеч навъ ахлоқе нест ва ба қавли бузурге, фосила аз таъассуб то фошисм як гом беш нест. 

Ба ҳар рӯй, агар қонуни Бритониёро ба дасти Имом Ҳамза вогузор мекарданд, бояд ҳамаи номусалмонон кушта мешуданд, то ӯ битавонад ҳукумати динии мавриди писанди худро пиёда кунад. Ин танҳо як намуна аст ва баёнгари ҳама навъ ҳукуматҳои динӣ нест ва ҳамаи ҳаводорони ҳукуматҳои динӣ хостори куштани мухолифонашон намешаванд. Аммо ҳар ҳукумати диние саранҷом ҳадафаш бо орзуи нобудии физикӣ ё ъақидатии мухолифонаш гиреҳ мехурад ва монеъи бузурге дар баробари рушди ҷомеъаи инсонист.

Бидуни ду нерӯи баҳамзидд ҳатто як ломп равшан намешавад. Тақобулу таъомули нерӯҳои мусбату манфӣ дар кунҳи офариниш нуҳуфта аст ва дар тамоми рухдодҳои физикӣ мушоҳида мешавад. Чаро давлати Тоҷикистон бад-ин андоза вопасмонда аст ва ҳеч нест, ки андаке пеш биравад? Чун ба нерӯи мухолифаш маҷол намедиҳад, ки дам бизанад. Дар натиҷа кунишу вокунише миёни нерӯи мусбату манфӣ сурат намегирад, ки лозимаи вуҷуд ва бақост. Ҳукумати динӣ ҳам аз ҳукумати Раҳмон тафовути чандоне нахоҳад дошт, фақат аз он бари хатт хоҳад уфтод. Ҳукуматҳои тамомиятхоҳ мухолифатро тоб намеоваранд, аз ин рӯ ҳам фосид мешаванду бармеуфтанд. Мисли обе, ки кунишу вокуниши молекулҳоро бохта бошад ва табдил ба мурдоб шавад.

Ва ин ҳикматро ҳам борҳо шунидаему такрор кардаем, ки “меваи мамнӯъа ширинтар аст”. Бароянди мантиқии онро ба чашми сар дар зиндагӣ дидаем. Сиришти инсон чунин аст, ки аз ончи бо зӯру иҷбор бар ӯ таҳмил шавад, гурезон аст ва ба он чи ки бо зӯру иҷбор аз ӯ биситонанд, моилтар аст. Намунаи боризаш Эрон аст, ки пеш аз инқилоб ҷомеъае мусалмонтару намозхонтар дошт ва дар тӯли 33 соли ҳукумати мазҳабӣ ба ҷомеъае гурезон аз мазҳаб табдил шудааст. Аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон барои ҳифзи қудрати худ дар ҳоли маҳдуд кардани дастрасӣ ба масҷидҳо ва риъояти одобу русуми исломист, аммо дар посух гароиши мардум ба масҷидҳо ва одобу русуми исломӣ дар ҷомеъа фузунӣ мегирад. Ин воқеъият ҳам тобеъи ҳамон қонуни физикии кунишу вокуниш аст. Кумунисм ҳам замоне мурд, ки сари қудрат омад. Пас ҳимоят аз ҳукумати динӣ, ба таври талвеҳӣ ва нохудогоҳ ҳимоят аз заволи он мактаб аст.

Monday, January 30, 2012

What Have the Soviets Done?


Шӯравӣ чи кор карда?

(Дар посух ба пурсиши дӯсте, ки аз Шӯравӣ ҳимоят мекард)

Шӯравӣ корҳои хуби зиёде кардааст, ки ҳеч як товони ҳувияти аздастрафтаи моро намедиҳад. Шӯравӣ коре кардааст, ки акнун мо, тоҷикон, аз ҳамдигар мепурсем: Миллати мо чист? Тоҷик чист? Порс чист? Эронӣ чист? Забони модарии мо чи ном дорад? Чаро порсӣ бошад? Чаро тоҷикӣ бошад?.. Инҳо пурсишҳои як қавми гумроҳ аст. Шӯравӣ коре кард, ки акнун мо русро наздиктар аз ҳамтаборони бурунмарзимон медонем. Бо ин ки ҳар рӯз чандин тобут ба Тоҷикистон гусел мекунад. Шӯравӣ ҷумҳуриҳоро бар пояи таъаллуқи қавмӣ сохт ва ҳамон аслро ҳам зери по гузошт, ба гунае, ки акнун мо аз шоҳшаҳрҳои худ маҳрум мондаем. Шӯравӣ мехост аз мо инсоне дигар муҳандисӣ кунад, ки дигар худаш набошад, балки ба фармони Кремлин нафас бикашад ва бимирад. Таърифи "манкурт" чизе ҷуз ин нест. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҳам раҳбарони мо гӯшбафармони Кремлинанд. Шӯравӣ рӯҳияи озодихоҳиро дар мо саркӯб кард, адабиёти моро ба муште ёвасароии ъақидатӣ ва идеулужик табдил кард, ки тафовути чандоне аз истибдоди аъроб надорад. Тарҷеҳ медодам ба монанди Эрон роҳи худро мепаймудем, мутаъассиб мешудем, инқилоб мекардем, дар шуълаҳои инқилоб месӯхтем, аз таъассуб пушаймон мешудем ва дар садади барандозии ҳукумати таъассуб бармеомадем. Аммо ҳамаи ин корҳоро худамон мекардем; бо иродаи худ, на ба зӯру иҷбори бегонагон. Шӯравӣ тавҳини бузурге ба шуъури тоҷикон - бостонитарин мардуми паҳнаи Шӯравӣ буд.

Friday, January 27, 2012

Fanaticism and Fanatic



Таъассуб ва мутаъассиб

Муддатест, ки бо худ каланҷор меравам, то дарёбам, сеҳри таъассуб куҷост, ки ҷавонони моро тӯда-тӯда бераҳмона мебалъад. Чаро ҳамарӯза, ҳар рӯзи Худо, бидуни истисно, дар фазои маҷозӣ сарамон ба девори таъассуб мехурад ва сархурда мешавем? Чаро бояд бунёдитарин усули ҳамзистию пешрафтро рӯзе чандин бор барои худамон ва дигарон ёдовар шавем?

Худи таъассуб, аз диди ман, зоидаи навмедию сархурдагист. Дар ҷомеъае гирифтор, ҷомеъае, ки барои бақо даступо мезанад, таъассуб гул мекунад. Дуруст ба монанди ангал (паразит)-е, ки дар ганду касофату олудагӣ такассур меёбад (бисёр мешавад) ва ба атроф пахш мешавад. Таъассуб вижаи ҷомеъаҳои мурдобгуна аст. Мурдоб фазои муносибе барои рушди ангалҳост. Ҷомеъаи исто ва мурдобгуна фазои муносибе барои тавсеъаи таъассуб аст.

Таъассуб ҳар навъ бовару рафторест, ки хоста ва ҳадафи он интиқодпазир нест. Он метавонад динӣ, сиёсӣ ё ҳатто варзишӣ бошад ва гунаҳои дигар ҳам дорад. Таъассуби динӣ, аммо, тавассути соҳибназарон шоеътарин, сарсахттарин ва хатарноктарин навъи таъассубҳо арзёбӣ шудааст. Донишномаи “Википедиё” ба нақл аз Хурхе Сонтоёно (Jorge Santayana), файласуфи баноми испониёӣ, таъассубро “дучандон кардани талошу кӯшиш ба ҳангоми фаромӯш шудани ҳадаф” таъриф мекунад. Яъне ҳадаф метавонад чизи хубе бошад, аммо таъассуб, ки дар миён меояд, он ҳадафи хуб фаромӯш мешавад, ки бар асари он талошҳои гумроҳ барои ёфтани он ҳадаф дучандон мешавад, аммо бероҳа меравад.

Фарди мутаъассиб кӯчактарин ҳарфи хилофи боварҳояшро қабул надорад. Чун бовари ӯ бар рӯи санг набишта аст ва нармиш намепазирад. Ба ҳеч рӯй наметавонад онро бознигарӣ кунад, чун бо он бовар ба бор омадааст ё он боварро дар мағзаш муҳаҷҷар (санггуна) кардааст. Тасаввури дурии андак аз он бовар барои фарди мутаъассиб баробар бо марг аст. Ва ҳар он кас, ки дар баробари ин бовар қарор бигирад, сазовори марг аст. Санг гудохта намешавад; танҳо шикаста мешавад. Мутаъассиб ҳам нарм намешавад; танҳо мешиканад. Бовари сифту сахт ба монанди чӯби кибрит (гӯгирд) аст, ки ё оташ мезанаду месӯзонад ё шикаста мешаваду аз байн меравад. Чун мум нарм нест, ки ҳар шаклеро ба худ бипазирад ва бимонад; мондагор бошад. Чун санг сахт аст, то бишканад ва бимирад.

Винстун Черчилл, нахуствазири пешини Бритониё, ки рӯзноманигори чирадасте ҳам буд, аз таъассубу мутаъассиб таърифи бадардбихуре дорад: “Мутаъассиб касест, ки на дидгоҳашро тағйир медиҳад ва на мавзӯъро”. Гӯӣ навъе сиреш (ширеш) ё оҳанрубо ин васат дар кор аст, ки ин дуро ба ҳам сахту муҳкам васл кардааст: мутаъассиб ва мавзӯъи мавриди таъассуби ӯро. Мутаъассиб мехоҳад ҳамагонро ҳамсони худ бибинад. Ин мавзӯъ барояш матраҳ нест, ки фитрати башарӣ танаввуъхоҳ аст ва ҳамаи афрод дар чорчӯбе мушаххас намегунҷанд ё намехоҳанд бигунҷанд. Ҳама ҳам аз як навъи бардошт аз мутуни динию ъақидатӣ бархурдор нестанд ва мехоҳанд роҳи худро бипаймоянд. То кунун мо низомҳои мутаъассиби бисёре доштааем; аз исломӣ гирифта, то кумунистӣ. Аммо ҳеч як муваффақ нашудаанд ҳамаро табдил ба дом (чорпо)-и ҳамгун кунанд ва ҳамвора бо муъзали дигарандешӣ дасту панҷа нарм кардаанд. Чун дигарандешӣ дар батни ҷомеъаи башарист ва ба юмни вуҷуди хиради инсонӣ ҳамеша ин васат хоҳад буд. Хиради инсонӣ метавонад бо ҳамаи ъақидаву эътиқодоти пазируфташуда мухолиф бошад ва роҳи дигаре барои мавҷудият, ҳузур ва бақо ёбад. Оне, ки мухолифи ин хирад аст, дар банди таъассуб аст.

Яъне агар чунин пиндорем, ки ҳамагон бояд ҳамсони мо биандешанду зиндагӣ кунанд, яқинан мутаъассибем. Агар ъодат надошта бошем, ки одамон дорои дидгоҳҳо ва бинишҳои гуногунанд, пас дар чанги таъассуб тақалло мекунем (даступо мезанем). Агар барои худ бовареро биписандем ва интизор надошта бошем, ки андешаву рафтору гуфтори ҳамагон чун они мо бошад, пас аз доми таъассуб раҳидаем. Бо ин фармудаи Сайидюунуси Истаравшанӣ ҳамнавоям, ки мегӯяд: “Шигифтангез аст, ки бархе чунин ҳастанд, ки ба фарде, ки гаҳ-гоҳе пойбанди намозу рӯзааш ҳам буда, аммо нисбат ба соири дастуроти қатъии шариати ислом беэътино бошад, чун касе ки дар моҳи Рамазон ҳарчанд рӯза гирифта, намози таровеҳ ҳам баҷо оварад, аммо дар ғайри ин моҳ гаҳ-гоҳе лаб ба шароб мезанад, ва ё касе ки ҳарчанд лофи диндорӣ занаду аммо таваҷҷӯҳе ба аҳкоми исломӣ надошта бошад, ба чунин фарде, мегӯянд, ин шахс мутаассиб нест. Аммо касеро, ки огоҳона пойбанди дастуроти шариат буда, ҳозир набошад ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи авомири сареҳи ойини муқаддаси ислом гом бардорад, мегӯянд, он фард фарди мутаасибе мебошад”. Май нӯшидан ё нанӯшидан, рӯза доштан ё надоштан, намоз гузордан ё нагузорад ҷузъи ихтиёроти фард аст. Ба далели риъояти муқаррароти ойине хос ба ҳеч рӯй наметавон касеро мутаъассиб ангошт. Аммо агар он фарди фарзӣ бикӯшад, ки дигаронро ҳам ба парҳез аз майнӯшӣ водорад ва фарзиёти мазҳабии намозу рӯзаро бар онон таҳмил кунад, ӯ касе ҷуз як мутаъассиб нест. Чун мехоҳад ба зӯру иҷбору таҳдиду таҳмил боварҳои худро бар дигарон савор кунад. Чун бар ин пиндор аст, ки танҳо роҳи мумкини зиндагӣ дар ин саро роҳест, ки ӯ меравад, ва ҳамаи роҳҳои дигар ботиланд. Дар ҳоле ки роҳҳои расидан ба Худо яке-дуто нест. Ва шуморе қобили таваҷҷуҳе ҳам ҳастанд, ки коре бо “роҳҳои расидан ба Худо” надоранд. Ҳамаи боварҳо ин мавзӯъро барҷаставу пурранг кардаанд, ки ҳар касе масъули корнома ва аъмоли хеш аст. Пас афроди мутаъассиб бояд хомӣ ба харҷ надиҳанд, ки Мавлавӣ фармуда:
Сахтгирию таъассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

Яъне, фарди мутаъассиб ҳамсони як ҷанини хом аст; ҷанине, ки бо хуношомӣ зинда аст. Пас бархурди мутаъассибони хом бо воқеъиятҳои рӯзгори инсонӣ танҳо ба як амр меанҷомад: хуношомӣ.

Tuesday, January 17, 2012

Dadajan Comes Back

Додоҷон бармегардад

Додоҷонро чи касе намешиносад? Додоҷон аз канори чашму гӯши чи касе пӯшидаву пинҳон гузаштааст? Чи мақоме аз канори номи Додоҷон беэътино рад шудааст? Додоҷонро чи касе офарин ё нафрин нагуфтааст? Магар ҳамин Раҳмон набуд, ки орзу дошту дорад, ки Додоҷон дастикам як бор сухане нек аз ӯ гӯяд?

Дасти ноинсоне, ки ба рағми куштани Додоҷон ӯро ба рестурони канори хонааш хонда буд, ларзид. Ва ҳарчанд ба қалбаш нишона рафта буд, хато зад. Кордро боло кашид, то ба қалби ин мард дарравад. Нарафт. Фирор кард ва имрӯз дар оташи баланди виҷдонаш месӯзад. Аммо Додоҷонро барои ҳамеша сапедном кард. Ҳар он чи баду бероҳе, ки дар борааш мегуфтанд, бо ҳамон қотили нофарҷом фирор кард.

Акнун Додоҷонро ҳамагон меситоянд. Қалбу зеҳни одамӣ чунин аст, ки дар баробари ситамгар қад ъалам мекунад ва ситамдидаро ҳимоят мекунад. Чун фитрати башарӣ зидди ситам аст. Додоҷон ҳам ҳамвора зидди ситам буда ва ҳаст. Бо Додоҷон ҳар чи ихтилофи дидгоҳ доштем, дар ин ҳодисаи нангин таҳлил рафту гум шуд. Додоҷон Сиёвуше шуд, ки аз ҳимаи сӯзони оташ гузашту татҳир шуд, пок шуд. Ҳар он ки қасди куштанашро дошт, барои ҳамешаи рӯзгор сияҳном шуду мегандад; гандид.

Намехоҳам ба хотироти сипардаам бо Додоҷон бипардозам (чун қарор аст хотироти дигаре ҳам дошта бошем, ба умеди Худо). Ба баҳсҳое, ки доштем ва гоҳ эҳсос мекардам, ки бузургвор аз ман ранҷида. Шояд зовияи дидамон фарқ мекард, вале ҳар ду хостори раҳоии мардуми ситамдидаи Тоҷикистон аз ситаму ситамгар ва шукуфоии он будему ҳастем. На ҳамеша роҳҳои расидан ба ҳадаф якест, аммо ҳадаф метавонад яке бошад.

Ба ҳар рӯй, хабари ҳамла ба Додоҷон аз бадтарин хабарҳое буд, ки дар ъумрам шунидаам. Рӯи сафҳаи Фейсбукаш дар шомгоҳи ҳамла навиштам: “Номардумони номард бечоратаринанд. Ҳамла ва сӯиқасд кори афроди заъиф, бехирад, палид ва разл аст”. Аммо басанда набуд. Намешуд буғзеро, ки дошт хафаам мекард, дар таркиби чанд ҷумлаи кӯтоҳ рехт.

Зери навиштаи худам рӯи сафҳаи Додоҷон ин навиштаи танзомези ӯро мехондам, ки дуруст як рӯз пеш аз ҳамла навишта буд: “Фарқи гов дар Тоҷикистон ва Ҳиндустон чист? Дар Ҳиндустон говҳо муҳим ҳастанд. Дар Тоҷикистон муҳимҳо гованд…” Ин зарби забонро ҳар инсони говсирате таҳаммул намекунад. Ва дарнамеёбад, ки ин навишта танзе беш нест. Додоҷон забоне сурх дораду саре сабз... Аммо он ҳикмат (ки дар зеҳнатон падид омад) рӯзе-рӯзгоре бояд иваз шавад. Дар ҷаҳони мутамаддин қарор нест забони сурх сари сабз бардиҳад барбод.

Мобақиро мегузорам барои замоне ки Додоҷон дубора миёни мо бошад ва бо нешу нӯши забонаш зиндагии ситамзадаи моро рангу сурате бибахшад.

Tuesday, December 20, 2011

Post-totalitarianism Through the Eyes of Vaclav Havel

Низоми худкома аз диди Ҳовел


Вотслов Ҳовел (Vaclav Havel), нависанда, шоъир, андешаманд, вопасин раисиҷумҳури Чекуслувокӣ (Чехословакия) ва нахустин раисиҷумҳури Чек рӯзи якшанбе, 18 десомбр, дар синни 75-солагӣ даргузашт ва миллаташро дар сӯг нишонд. Вай дар паи муборизаи сиёсии ба дур аз хушунат саранҷом соли 1989 бо суқути режими кумунистӣ ба раёсати ҷумҳурии кишвараш даст ёфт ва аз раҳбарони инқилобҳои махмалии Урупои Шарқӣ дар поёни даҳаи 1980 ба шумор меояд. Матни зер фишурдаи суханронии ӯ дар Донишгоҳи Колифурниёи Омрико дар соли 1978 аст. Дар ин суханронӣ ӯ ба моҳияти режими худкомаи кумунистии он даврон дар кишвараш пардохтааст, ки бешабоҳат ба моҳияти режимҳои имрӯзии Фарорӯд нест.

Тафовути амиқи миёни низоми мо – бар ҳасби моҳияти қудрат – ва он чи ки мо ба таври суннатӣ “диктотурӣ” мефаҳмемаш (ва умедворам ин тафовут ҳатто аз ин муқоисаи бисёр сатҳӣ ҳам равшан бошад), маро бар он дошт, ки сирфан барои ин мақола ба ҷустуҷӯи истилоҳе муносиб бо низоми худамон бигардам. Агар аз ин пас аз он ба унвони низоме “пасо-тутолитор” (пост-тоталитарный) ёд мекунам, комилан огоҳам, ки чи басо ин истилоҳ дақиқтарин истилоҳ набошад. Вале истилоҳи беҳтаре ба зеҳнам намерасад. Бо ба кор бурдани пешванди “пасо-“ барои ин низом қасдам ин нест, ки бигӯям ин низом дигар тутолитер нест. Дуруст баръакс, мақсудам ин аст, ки ба наҳве комилан мутафовит бо диктотуриҳои клосик, ҳамчунон тутолитер аст ва бо тутолиторизм, ба наҳве, ки мо маъмулан мефаҳмем, тафовут дорад. 

Мудири як мағозаи мева ва сабзифурӯшӣ васати пиёзҳо ва ҳавиҷ (зардак)-ҳояш ин шиъорро мегузорад: “Коргарони ҷаҳон, муттаҳид шавед!” Чаро ин корро мекунад? Бо ин кораш чи паёмеро мехоҳад ба ҷаҳон бирасонад? Оё воқеъан шавқе ростин ба андешаи иттиҳод миёни коргарони ҷаҳон дорад? Оё иштиёқи ӯ ба он андоза азим аст, ки ангезише саркӯбнопазир дар худ ҳис мекунад, ки умуми мардумро бо ормонҳояш ошно кунад? Оё ҳаргиз беш аз лаҳзае фикр кардааст, ки чунин иттиҳоде чи тавр мумкин аст рух бидиҳад ва маънои он чист?

Фикр мекунам, метавон бо итминон фарз кард, ки аксарияти ғолиби мағозадорон ҳаргиз ба шиъорҳое, ки дар витрини мағозаашон мегузоранд, фикр намекунанд ва аз онҳо барои ибрози ақидаҳои воқеъишон истифода намекунанд. Ин пустер (плакат)-ро аз мақарри тиҷорӣ ба ҳамроҳи пиёзҳову ҳавиҷҳо ба сабзифурӯшони мо таҳвил додаанд. Ӯ ин шиъорро фақат барои ин дар витринаш гузоштааст, ки солҳо ин иттифоқ меуфтодааст. Чун ҳама кас ин корро мекардааст ва чун аслан бояд ин гуна бошад. Агар қарор бошад аз ин кор имтиноъ (парҳез) кунем, ба дардисар меуфтем. Мумкин аст ӯро ба хотири надоштани ороиши муносиб дар витринаш муохиза (бозпурсӣ) кунанд. Ҳатто мумкин аст яке ӯро муттаҳам ба хиёнат кунад. Ӯ ин корро мекунад, барои ин ки агар қарор бошад зиндагиаш идома пайдо кунад, ин корҳо лозиманд. Ин яке аз ҳазорон кори ҷузъист, ки як зиндагии нисбатан оромро барои ӯ тазмин мекунад, ки чунон ки мегӯянд, “ҳамсоз бо ҷомеъа бошад”.

Пайдост, ки сабзифурӯш ин шиъорро ба хотири майли шахсиаш барои ошно кардани умуми мардум бо ормоне, ки дар он баён мешавад, дар витринаш намегузорад. Ин, албатта, ба ин маъно нест, ки амали ӯ аслан ҳеч ангезае ё аҳаммияте надорад ё ин шиъор мутазаммин (дарбаргиранда)-и ҳеч паёме барои ҳеч касе нест. Ба таври шифоҳӣ метавон онро ба ин шакл баён кард: “Ман, сабзифурӯш фалонӣ, инҷо зиндагӣ мекунам ва медонам, ки бояд чи коре анҷом бидиҳам. Ман тавре амал мекунам, ки аз ман интизор меравад. Метавон ба ман эътимод кард ва наметавон бар ман ҳеч хурдае гирифт. Ман фармонбардорам ва дар натиҷа, ҳақ дорам, ки маро дар оромиши худ раҳо кунанд”. Ин паём, албатта, мухотабе ҳам дорад: мухотаби ин паём болодастиҳо ҳастанд, мофавқҳои сабзифурӯш. Ва дар ҳамон ҳол, сипарест, ки сабзифурӯшро аз хабарчинони билқувва (потентсиалӣ) муҳофизат мекунад. Дар натиҷа, маънои воқеъии шиъор решае муҳкам дар вуҷуди сабзифурӯш дорад. Ин шиъор мунъакискунандаи манофеъи ҳаётии ӯст. Аммо ин манофеъи ҳаётӣ чиҳо ҳастанд?

Биёед ба ин нукта таваҷҷуҳ кунем: агар сабзифурӯш дастур медошт, ки шиъори “Ман метарсам ва дар натиҷа бе ҳеч чунучарое фармонбардорам”-ро дар витринаш бигузорад, ин андоза ба мазмунҳо ва маъноҳои он бетафовут намебуд; ҳарчанд ин иборат мунъакискунандаи ҳақиқат бошад. Сабзифурӯш аз ин ки чунин баёни сареҳе аз инҳитоти худро дар витрини мағозааш ба намоиш бигзорад, эҳсоси шармсорӣ мекунад ва табиъӣ ҳам ҳаст. Чун ӯ инсон аст ва ҳисси қаромату иззате барои худ дорад. Барои ғалаба бар ин печидагӣ баёни ӯ аз вафодорӣ бояд шакли аломатеро ба худ бигирад, ки дастикам дар сатҳи матнии он нишондиҳандаи сатҳи эътиқоди беъалоқаи ӯ бошад. Ин баён бояд ба сабзифурӯш иҷоза бидиҳад, ки бигӯяд: “Ин ки коргарони ҷаҳон муттаҳид шаванд, чи айбе дорад?” Ба ин тартиб, ин аломат ба сабзифурӯш иҷоза медиҳад, ки шолудаҳои пасти фармонбардориашро аз худаш пинҳон кунад ва дар ҳамон ҳол шолудаҳои ҳақиру пасти қудратро пинҳон кунад. Ин шиъор пастии ин шолудаҳоро пушти ниқобе аз чизе мутаъолӣ (воло) пинҳон мекунад. Ва ин чиз идеулужӣ аст.

Идеулужӣ роҳе фиребанда барои иртибот барқарор кардан бо ҷаҳон аст. Идеулужӣ таваҳҳум (пиндор)-и ҳувият, иззату каромат ва ахлоқиётро ба одамӣ медиҳад ва дар айни ҳол ҷудо шудан аз онҳоро барояшон осонтар мекунад. Идеулужӣ ба масобаи махзане аз чизе забар-фардӣ ва айнӣ мардумро қодир мекунад, ки виҷдонашонро фиреб бидиҳанд ва мавзеъи ростинашон ва равиши зиндагии нангинашонро пинҳон кунанд; ҳам аз чашми ҷаҳониён ва ҳам аз нигоҳи худашон. Идеулужӣ чизест бисёр амалгароёна, вале дар ҳамон ҳол роҳест зоҳиран муҳтарамона барои машрӯъият бахшидан ба чизе, ки болодасти одамӣ, зердасти ӯ ва дар ду сӯи ӯ қарор дорад. 

Идеулужӣ мардум ва Худоро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳиҷобу ҳоилест, ки одамӣ метавонад пушти он вуҷуди табоҳаш, ибтизол (пастӣ)-аш ва татбиқ додани худаш бо вазъияти мавҷудро пинҳон кунад. Идеулужӣ баҳонаест, ки ба кори ҳар касе меояд; аз сабзифурӯш, ки тарси аз даст додани шуғлашро пушти иддаъои алоқа ба иттиҳоди коргарони ҷаҳон пинҳон мекунад гирифта, то болотарин масъуле, ки алоқааш ба мондан дар қудрат дар лифофаи ибороте дар бораи хидмат ба табақаи коргар пинҳон шудааст. Бино бар ин, коркарди аввалияи эътизорӣ (узрҷӯёна)-и идеулужӣ ин аст, ки ба мардум ба масобаи ҳам қурбонӣ ва ҳам сутуни низоми тутолитер ин таваҳҳумро бидиҳад, ки низом бо низоми инсонӣ ва назми кайҳон ҳамсозу ҳамоҳанг аст...

Низоми пасо-тутолитерӣ дар ҳар қадаме мардумро ламс мекунад, аммо ин корро аз пушти дасткаш (дастпӯш)-ҳои идеулужик анҷом медиҳад. Ба ин далел аст, ки зиндагӣ дар матни ин низом башиддат ва амиқан бо риёкорӣ ва дурӯғ танидааст: ҳукумат аз тариқи девонсолорӣ (бюрократия)-ро “ҳукумати мардумӣ” меномад; табақаи коргар ба номи табақаи коргар ба бардагӣ гирифта мешавад; инҳитоти комили фард ба сурати раҳоии ниҳоӣ тасвир мешавад; маҳрум кардани мардум аз иттилоъот дар дастрас қарор додани он номида мешавад; истифода аз қудрат барои бозӣ додани мардум кунтрули қудрат ба дасти мардум номида мешавад ва сӯиистифодаи дилхоҳ аз қудрат риъояти қонунҳову муқаррарот номида мешавад; саркӯби фарҳанг тавсеъа хонда мешавад; басту тавсеъаи нуфузи империолистӣ ба сурати ҳимоят аз мазлумон намоиш дода мешавад; набуди озодии баён болотарин шакли озодӣ талаққӣ мешавад; интихоботи расво олитарин шакли демукросӣ хонда мешавад; манъи андешаи мустақил табдил ба илмитарин навъи ҷаҳонбиниҳо мешавад; ишғоли низомӣ табдил ба ёрии бародарона мешавад. Чун режим худ асири дурӯғҳои худ аст, бояд ҳама чизро ибтол (ботил) кунад. Гузаштаро ибтол мекунад, ҳолро ибтол мекунад ва ояндаро ибтол мекунад. Оморро ҳам ибтол мекунад. Тазоҳур (вонамуд) мекунад ба ин ки дастгоҳи пурқудрату беусули пулис дар ихтиёр ва тамаллуки ӯ нест. Тазоҳур ба эҳтиром ба ҳуқуқи башар мекунад. Тазоҳур мекунад ба ин ки ҳеч касеро таъқибу уқубат намекунад. Тазоҳур мекунад, ки аз ҳеч чиз наметарсад. Тазоҳур мекунад ба ин ки ба ҳеч чиз тазоҳур намекунад.

Афрод лозим нест ҳамаи ин муъаммогунаҳоро бовар кунанд, вале бояд тавре рафтор кунанд, ки ангор (гӯё) инҳоро бовар мекунанд ё дастикам бояд дар сукут инҳоро таҳаммул кунанд ё бо касоне, ки бо онҳо кор мекунанд, хуб канор биёянд. Аммо ба ҳамин далел, бояд бо дурӯғ зиндагӣ кунанд. Лозим нест дурӯғро бипазиранд. Кофист зиндагишон бо ин дурӯғ ва дар дили ин дурӯғро пазируфта бошанд. Чун аз раҳгузари ҳамин воқеъият аст, ки афрод низомро таъйид мекунанд ва ҳаққи низомро адо мекунанд ва онро низом мекунанд ва худашон ҳамон низом мешаванд.

Воқеъан, чаро сабзифурӯши мо маҷбур буд вафодориашро дар витрини мағозааш ба намоиш бигзорад? Ӯ ба қадри кофӣ вафодориашро ба шеваҳои дарунӣ ва нимаъумумии мухталиф нишон надода буд? Билохира, дар ҷаласаҳои иттиҳодияи синфӣ ӯ ҳамеша ҳамон гуна раъй дода буд, ки бояд медод. Ӯ ҳамеша дар рақобатҳои мухталиф ширкат карда буд. Дар интихобот мисли як шаҳрванди хуб ширкат карда буд. Ӯ ҳатто “зидди маншур”-ро имзо карда буд. Чаро, илова бар тамоми инҳо, бояд вафодориашро ба сурати умумӣ ҳам эълом кунад? Билохира, мардуме, ки аз пеши витрини ӯ мегузаранд, ҳатман намеистанд, ки инро бихонанд, ки ба назари сабзифурӯш, коргарони ҷаҳон бояд муттаҳид шаванд. Воқеъияти қисса ин аст, ки онҳо аслан шиъорро намехонанд ва метавон мунсифона фарз кард, ки ҳатто онро намебинанд. Агар аз зане, ки ҷилави ин мағоза истода бошад, бипурсед, ки дар витрин чӣ дидааст, ҳатман ба шумо мегӯяд, ки он рӯз гавҷафарангӣ (помидор) доранд ё на, вале бисёр номуҳтамал (ғайриэҳтимолӣ) аст, ки аслан мутаваҷҷеҳи ин шиъор шуда бошад; чи бирасад ба ин ки бибинад шиъор чи мегӯяд.

Ба назар бемаъно мерасад, ки аз сабзифурӯш бихоҳем вафодориашро ба сурати аланӣ (ошкор) ва умумӣ эълом кунад. Аммо бо ин ҳол, корест маънодор. Мардум ин шиъорро нодида мегиранд, вале ин корро аз ин боб мекунанд, ки чунин шиъорҳоеро дар витрини мағозаҳои дигар, рӯи тирҳои чароғбарқ, рӯи тоблуҳои эълонот, рӯи панҷара (тиреза)-и опортумонҳо ва рӯи девори сохтмонҳо ҳам мебинанд. Ин шиъорҳо, дар воқеъ, ҳама ҷо ҳастанд. Инҳо бахше аз тамомнамои зиндагии рӯзмарра ҳастанд. Албатта, мардум дар айни ин ки ин ҷузъиётро нодида мегиранд, худашон бахше аз ҳамин тамомнамои куллӣ ҳастанд. Ва шиъори сабзифурӯш чист ҷуз муаллафае кӯчак аз он пасзаминаи азими зиндагии рӯзмарра? Дар натиҷа, сабзифурӯш маҷбур буд ин шиъорро дар витринаш бигузорад, на ба ин умед, ки касе мумкин аст онро бихонад ё ин шиъор касеро ба чизе мутақоъид кунад, балки ин корро мекунад, барои мушорикат кардан дар канори ҳазорон шиъори дигар дар ин тамомнамое, ки ҳама кас бисёр аз он огоҳанд. Албатта, ин тамомнамо маъное зермарзин низ дорад: ба мардум ёдоварӣ мекунад, ки куҷо зиндагӣ мекунанд ва чи чизе аз онҳо интизор меравад. Ба онҳо мегӯяд, ки бақия доранд чи кор мекунанд ва ба онҳо нишон медиҳад, ки онҳо низ чи бояд бикунанд, агар намехоҳанд ба ҳошия ронда шаванд ва нодида гирифта шаванд, ба инзиво биуфтанд ё худро аз ҷомеъа берун кунанд, қавоъиди бозиро зери по бигзоранд ва ба аз даст додани сулҳу осоиш ва амнияти худ хатар кунанд.

Акнун биёед, тасаввур кунед, ки рӯзе чизе дар даруни сабзифурӯшии мо мешиканад ва ӯ дигар барои худширинӣ ва худ азиз кардан ин шиъорро дар витринаш нагузорад. Ӯ дар интихоботе, ки медонад намоише музҳик (хандаовар) аст, дигар раъй намедиҳад. Дар ҷаласоти сиёсӣ шурӯъ мекунад ба гуфтани ҳар он чизе, ки воқеъан фикр мекунад. Ва ҳатто ин қудратро дар худ пайдо мекунад, ки бо касоне, ки виҷдонаш амр ба ҳимоят аз онҳо мекунад, эъломи ҳамбастагӣ кунад. Сабзифурӯш дар ин шӯриш аз зиндагӣ кардан дар матну дили як дурӯғ қадам берун мениҳад. Ин ойину маносикро нафй (рад) мекунад ва қоъидаҳои бозиро мешиканад. Як бори дигар ҳувият ва каромати саркӯбшудаи худро боз меёбад. Ба озодии худ аҳаммияти айнӣ ва вижа медиҳад. Шӯриши ӯ кӯшишест барои зистан дар ростӣ.

Тӯле намекашад, ки суратҳисобаш аз роҳ мерасад. Аз мудирияти мағоза канор гузошта мешавад ва ба анбор мунтақил мешавад. Дастмуздаш коҳиш пайдо мекунад. Умедаш барои рафтан ба Булғористон барои таътилот дуд мешаваду ба ҳаво меравад. Дастрасии фарзандонаш ба таҳсилоти олия дар бутаи таҳдид меуфтад. Мофавқ (раис)-ҳояш ӯро озор медиҳанд ва ҳамкоронаш дар канори ӯ муҳтот (бо эҳтиёт) рафтор мекунанд. Аммо бисёре аз ин касон ин корҳоро аз сари эътиқоде дарунию ростин на, балки таҳти фишори шароит анҷом медиҳанд; ҳамон шароите, ки ба сабзифурӯш фишор ворид мекард, ки шиъорҳои расмиро дар витринаш бигузорад. Онҳо сабзифурӯшро уқубат мекунанд, ба хотири ин ки ё аз онҳо интизор меравад ин корро бикунанд ё барои ин ки вафодориашонро нишон бидиҳанд… 

Ба ин тартиб, сохтори қудрат аз тариқи омилияти касоне, ки ин маҳрумиятҳоро эъмол мекунанд, яъне он муаллафаҳои ношиноси низом, сабзифурӯшро аз даҳони низом қай мекунанд. Низом аз тариқи ҳузури бегонасозаш дар мардум ӯро ба хотири шӯришаш муҷозот мекунад. Низом ин корро ба ин хотир мекунад, ки мантиқи дифоъ аз худ онро тақозо мекунад. Сабзифурӯш ҳатто як ҷурми содаи воҳид ҳам муртакиб нашудааст, ки хатои беҳамто ва хос бошад, вале коре кардааст, ки ба наҳви қиёснопазире ҷиддӣ аст. Ӯ бо шикастани қоъидаҳои бозӣ бозиро ба ин шакл ба вақфа даровардааст. Ӯ парда аз бозӣ будани кулли ин қисса барандохтааст. Ӯ ҷаҳони тазоҳурро дар ҳам шикастааст ва рукни бунёдини ин низомро вайрон кардааст… Ва чун султон, дар воқеъ, урён аст, иттифоқе фавқулъода хатарнок рух додааст: сабзифурӯш бо амалаш ҷаҳонро мухотаб қарор додааст. Ӯ ҳамаро қодир кардааст, ки нигоҳе ба пушти парда биандозанд. Ӯ ба ҳама нишон додааст, ки имкон дорад бо ростӣ ва ҳақиқат зиндагӣ кунанд. Зистан дар дили дурӯғ танҳо вақте метавонад низомро шакл бидиҳад, ки он низом ҷаҳонраво бошад. Асл бояд ҳама чизро шомил шавад ва дарбар бигирад. Ҳеч зобитае мутлақан вуҷуд надорад, ки низом битавонад бар мабнои он бо ҳақиқат зиндагӣ кунад ва дар натиҷа, ҳар касе, ки аз хат хориҷ шавад, асос ва асли онро инкор мекунад ва тамомияти онро таҳдид мекунад.
Муҳимтарин ва аслитарин соҳати фаъъолият, ки таклифи бақияро аз пеш муъайян мекунад, сирфан талош барои эҷод ва ҳифзи як зиндагии мустақил аз ҷомеъа ба сурати таҷаллии табйиншудае аз зиндагӣ дар ҳақиқату ростӣ аст. Ба иборати дигар, хидмат ба ҳақиқат ба сурати ҳамсоз, ҳадафманд ва табйиншуда ва созмон додан ба ин хидмат аст. Билохира, ин ҳам амре табиъист: агар зиндагӣ дар ҳақиқату ростӣ нуқтаи азимате ибтидоӣ барои ҳар кӯшишест, ки мардум барои мухолифат бо фишори бегонасози низом анҷом медиҳанд, агар ин танҳо мабнои маънодории ҳар амали мустақилле бо аҳаммияти сиёсӣ бошад, дар ин сурат душвор битавон тасаввур кард, ки ҳатто “эътироз”-и ошкор битавонад шолудаи дигаре ҷуз хидмат ба ҳақиқат, зиндагии содиқона ва талош барои ҷо боз кардан барои ҳадафҳои ростини зиндагӣ бошад.
(бар мабнои тарҷумаи торнамои "Мардумак")