Дар посух ба дӯсте, ки назари шахсии маро дар бораи "кудетои нофарҷом"-и Туркия ва ин ки Ғарб то куҷо дар он даст доштааст, ҷӯё шуд.
Ончи инҷо мегӯям, на ба ъунвони хабарнигор ё корманди ҷое, балки ба ъунвони як тоҷики маъмулии нозири рӯйдодҳост.
Ман сидқан хушнудам, ки кудетои Туркия ноком шуд; агар баростӣ кудетое дар кор будааст. Кудето ҳаргиз роҳи ҳал набуда ва нест.
Аз диди ман, ҳар кишваре бояд аз роҳе, ки мардуми худаш интихоб кардаанд, бигзарад, то ба ҷое бирасад, ки ҳамагон толибаш ҳастанд. Базӯр ҳеч ҷомеъаеро намешавад ба як бистар ё масири мушаххас андохт.
Туркия дар ҳоли гузор аст. Ва ҳар ъомиле, ки ҷилави ин раванди гузорро бигирад, Туркияро барои чандин даҳа ба ъақиб меронад. Ва ҳамин рӯйдодҳо дубора такрор хоҳанд шуд.
Масалан, кудетои низомӣ дар Миср рӯйдодҳои сиёсии он кишварро барои даҳаҳо ба таъвиқ андохт. Миср дубора Ҳуснӣ Мубораке хоҳад ёфт ва пас аз солҳо Мурсие хоҳад омад ва ин достон дубора такрор хоҳад шуд, то мардум роҳеро, ки дуруст медонанд, бипаймоянд, аз ҳукумати ъақидатӣ безор шаванд ва роҳи мардумсолорӣ (демукросӣ)-ро пеш бигиранд.
Ман кӯчактарин боваре надорам, ки кудетои нофарҷоми Туркия кори дасти Омрико ё Ғарб бошад. Туркия ҳампаймони Ғарб дар НОТУ-ст ва кишварҳои НОТУ ба ҳеч рӯй хоҳони бесарусомонӣ дар онҷо нестанд.
Ин ба он маъно нест, ки кишварҳои ғарбӣ даст ба чунин саҳнасозиҳое ҳаргиз назадаанд. Балки ба он маъност, ки Ғарб дар ин кор манфиъате надошт. Ва агар баростӣ кишварҳои ғарбӣ пушти он буданд, кудето чунин ношиёна ва бе омодагӣ ва сатҳӣ сурат намегирифт.
Дар миёни касоне, ки даст ба кудето задаанд, фармондеҳони аршади Артиши Туркия набуданд, Ардуғон комилан озод буду изҳори назар мекарду мардумро ба қиём фаро мехонд, ҳеч як аз аҳзоби мухолиф аз кудето ҳимоят накард... Хулоса, кудето дар ҳамон оғоз ноком ҷилва мекард.
Баръакс, ин кудетои нофарҷом ба Ардуғон дасту боли бозтаре дод. Ӯ мехоҳад базудӣ Қонуни Асосии ҷадидеро ба раъйи мардум бигзорад ва дар он Қонуни Асосӣ раисиҷумҳур (ки феълан Ардуғон аст) ихтиёроти иҷроии бамаротиб бештаре хоҳад дошт. Ҳамин ҳоло раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни Асосии Туркия ҳолати ташрифотӣ (“протокольный”) дорад ва нахуствазир раиси қувваи иҷроия ба шумор меояд. Акнун Ардуғон бо такя бар ин кудетои нофарҷом метавонад нақшаи худашро пиёда кунад ва Туркияро аз низоми порлумонӣ ба низоми раёсати ҷумҳурӣ савқ диҳад.
Аз сӯи дигар, вокуниши Ардуғон ба ин кудетои нофарҷом ба таври боварнакарданӣ сареъ буд. Ҳанӯз 24 соъат нагузашта, мебинем, ки давлати Туркия ҳудуди 2800 қозиро аз кор барканор карда, беш аз 2800 нафар аз нерӯҳои артишро боздошт ва 5 женеролро таълиқ кардаанд. Феҳрести номҳои ин ҳама қозию сарбозро читавр ба ин зудӣ таҳия карданду ба ҳисобашон расиданд?
Фатҳуллоҳ Гӯлан, рақиби аслии Ардуғон, гуфта, ки шояд раисиҷумҳурии Туркия ъамдан барои анҷоми тарҳи “раёсатӣ” кардани низоми кишвар ва боздоштҳову муҳoкимоти тоза даст ба таҳияи як чунин намоишномае зада бошад.
Дар ин ваҳла наметавон ҳеч як аз ин иддиъоҳоро таъйид ё такзиб кард. Аммо пайдост, ки Ардуғон башиддат хушҳол аст ва онро "мавҳибати илоҳӣ" медонад, то ба поксозиаш идома диҳад ва ҳатто шояд ҳукми эъдомро ба қонун баргардонад ва ба ҷомеъаи тутолитери мавриди назараш чанд гоми дигар наздиктар шавад.
Куллан, ман мухолифи тавтеапиндорӣ (“теория заговора”) ҳастам ва бар ин боварам, ки ҳар ранҷу ганҷе, ки миллат мебинад, сирфан аз дасти худаш аст. Ҳатто агар касоне хостаанд аз миллат истифода ё сӯиистифода кунанд, боз ҳам ба сатҳи шуъури оҳоди миллат бармегардад.
No comments:
Post a Comment