Шукӯҳу ъазамати гиромидошти 25-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон хиракунанда буд. Беш аз 52 ҳазор
донишомӯзу донишҷӯву корманди ниҳодҳои давлатӣ дар он ширкат карданд ва болиғ
бар 16 ҳазор сарбозу афсар дар ин маросим режа рафтанд. Бархе аз
ширкаткунандагон пероҳанҳое ба тан доштанд, ки тасвири раисиҷумҳурро бар
синаашон нишонда буд. Тамошои ин маросим касро ба ёди режаҳои Шӯравӣ меандохт,
ки бихоҳӣ-нахоҳӣ, бояд дар он ҳузур меёфтӣ ва шиъор медодӣ. Самимият дар ин
маросим тухми ъанқо буд.
Ман аз ҷумлаи касоне ҳастам, ки аз самими қалб
Тоҷикистонро мустақил мехостам; дар давроне, ки истиқлолхоҳии як тоҷик хиёнат
ба “Ватанам СССР” маҳсуб мешуд. Ва ҳамчунон шодам аз ин ки саранҷом ба ҳар
далеле он “иттиҳод” (бихон “импротурӣ”)-и манҳуси истибдодӣ фурӯ пошид ва
Тоҷикистон дастикам баном мустақил шуд. Бими ман аз рӯзест, ки дар миёни ҳамин
издиҳоми даҳҳо ҳазорнафарӣ ҳамапурсии доштан ё надоштани истиқлол анҷом
бигирад. Тарси ман он аст, ки бештари ин афрод ба набуди истиқлол ва ба тан
супурдан ба Кремлин раъй бидиҳанд. 25 соли истиқлол Тоҷикистонро ба дарюзагаре
табдил кард, ки мавҷудияти худро бидуни Русия ва бозори кори онҷо, бидуни
забони русӣ ва расонаҳои онҷо тасаввур намекунад.
Дар 25-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон суханварони
бузургу сутурге доди сухан доданд, ки бо шумори андаке аз онҳо ҳамсӯ ҳастам. Истиқлоли
кишварамро ҳамчунон муфт ва иттифоқӣ медонам (Агар чунин набуд, мухолифони
истиқлол рӯи кор намеомаданд ва имрӯз ҳам орзуи эҳёи Шӯравиро дар сар
намепарварданд.) Касе ҷуз Тоҳири Абдулҷабборро меъмори истиқлоли сарзаминам
намедонам. Ва истиқлоли меҳанамро, ҳатто бо гузашти 25 сол аз эъломи он, сӯрӣ
ва намодин медонам, на ростин.
Истиқлоли Тоҷикистон замоне фаро мерасад, ки битавонад
ба истиқлоли иқтисодӣ аз Русия даст ёбад, барои садҳо ҳазор тан муҳоҷири
бехонумон дар сарзаминашон фурсатҳои шуғлӣ биофаринад, ъатои пойгоҳи низомии хориҷиро
ба лиқояш бибахшад, номи ростини забони миллии Тоҷикистон (порсӣ)-ро расмӣ кунад
ва ба дабираи худии забони миллии Тоҷикистон (порсӣ) баргардад. Танҳо он замон
метавон раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳампову ҳамтои Путин донист ва Тоҷикистонро шарики
ҳамсанги Русия.
Ба расми ин ҳама солҳое, ки гузашт, орзуи истиқлолро
ба ҳаммеҳанонамон шодбош мегӯям.
No comments:
Post a Comment