Ҳоло бад нест ба он рӯи сикка ҳам нигоҳе биандозем.
Ин рӯзҳо, ки ҳама дар бораи рӯйдодҳои Эрон изҳори назар мекунанд, вокуниши ҳаводорони истибдоди ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳам ҷолиб аст. Бепарда хушҳол ҳастанд аз ин ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ дучори дардисаре шуда ва рӯзшуморӣ мекунанд, то он низом фурӯ бирезад. Яъне ҳамонҳое, ки бо ҷидду ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ дар ҳоли дифоъ аз истибдоди кунунӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, худро тарафдори озодихоҳони Эрон вонамуд мекунанд. Ғофил аз ин ки дар ҳоли тарҳи дидгоҳе зиддунақиз ҳастанд, ки бар тарозуи мантиқ андозаи як пари коҳ вазн надорад.
Шумое, ки бад-ингуна мухолифи истибдод (диктотурӣ) ҳастед, чигуна аз нобудии нерӯҳои сиёсӣ, ҳазфи рақибони сиёсӣ, кунтрули зиндагии шахсию хусусии афрод, таҳмили пӯшише вежа, саркӯби расонаҳои мустақил, кунтрули маросими хонаводагию мардумӣ, кунтрули боварҳо ва эътиқодоти мазҳабии мардум, парастиши як фард ва кеши шахсият ва билотаклиф кардани ояндаи сиёсии Тоҷикистон ҳимоят мекунед? Инҳо, ки бадтарин шеваи истибдод аст!
Агар баростӣ мухолифи истибдод ҳастед, бояд ба ин асли худ пойбанд бимонед; чи дар мавриди ҷаҳон ва чи дар мавриди Тоҷикистони худамон.
Истибдод (диктотурӣ) роҳе ҷуз вайронию бадбахтӣ пеши рӯи худ надорад. Агар ъошиқи меҳани худ ҳастед ва агар намехоҳед рӯйдодҳои ногаҳонӣ назму зиндагии ъодӣ дар сарзаминамонро ба ҳам бирезад, бикӯшед, то истибдод ҷӯлу палосашро барчинад ва пазирои мардумсолорӣ ва шоистасолорӣ бошед. Танҳо роҳи пешрафт дурӣ аз истибдод ва шиносоии озодиҳои мадании оҳоди миллат аст.
Истибдод (диктотурӣ) дар ҳар ҷомаву чеҳрае макрӯҳ ва маҳкум аст. Истибдод муқаддимаи вайронии кишвар аст.
No comments:
Post a Comment