Бо тазаккури дигарбора бар ин ки дар шабакаҳои
иҷтимоъӣ, аз ҷумла Фейсбук, сирфан аз қавли худам ҳарф мезанам ва ба ҳеч
созмону ниҳоде таъаллуқ надорам, ин фиристаро менивисам.
Дар ҳоли пахши гуфтугӯи шанбешаб бо шоҳзода
Ризо Паҳлавӣ аз тариқи БиБиСии форсӣ чашмам ба изҳори назарҳо буд. Ва барои
чандумин бор шоҳид будам, ки ин ҳама одам аз тайфи мухталифу мутафовит ва гоҳ
мутахосим аз БиБиСӣ мутанаффиранд. Ва ҳама, бидуни истисно, дар ҳоли тамошои
барномаи хабарию таҳлилии БиБиСии форсӣ доштанд назар медоданд. Дар ъайни нафрат барномаи БиБиСиро дунбол мекарданд, на, масалан, барномаи Садову Симои Ҷумҳурии Исломиро.
Яке нивишта буд: “Ба кӯрии чашми БиБиСӣ,
низоми шоҳаншоҳӣ дар Эрон барпо меша ва дубора Эрон, ба кӯрии чашми БиБиСӣ, ба
авҷи худаш дар дунё мераса”.
Яъне тараф, ки инро нивишта буд, як
салтанатталаб аст, орзуманди қудрат гирифтани Ризо Паҳлавӣ ва бозгашти сомонаи
шоҳаншоҳӣ ба Эрон ва БиБиСиро монеъе дар ин роҳ мебинад ва ба ҳамин далел ҳам ин
расонаро нафрин мекунад.
Дигарӣ ҳам гуфта буд: “Оятуллоҳ БиБиСӣ, мо
хоҳони ҳукумати порлумонӣ ҳастем. Шоҳ боша ташрифотӣ, мисли Ҳуланд”.
Ба гумони ин корбар, БиБиСӣ як дастгоҳи
тарафдори низоми оятуллоҳҳо (Ҷумҳурии Исломӣ) аст ва мулаққаб ба “Оятуллоҳ
БиБиСӣ”. Ва муътақид аст, ки хостаи ӯ (салтанати ташрифотӣ шабеҳи Ҳуланд ё Бритониё)
хилофи хостаи БиБиСӣ аст.
Севумӣ мегуфт: “БиБиСӣ, хиҷолат бикаш бо ин
тарҳи суолҳот, ки хиёл мекунӣ, шунавандаҳот як мушт бесаводанд, ҳамдасти шумо
ва ҳамдасти режим! Дига барои ҳама рӯ шуда, хиёнататун ба Эронро тамум кунед!
Охираш худатун зарар мекунед, на Эрону эронӣ! Шарм бар шумо!”
Яъне ин яке тасаввураш бар ин аст, ки БиБиСӣ
як расонаи вобаста ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва аз онҷо хатти машй мегирад,
ҳамдасти режим аст ва намегузорад, ки Эрон аз шарри Ҷумҳурии Исломӣ халос
шавад.
Яке дигар ҳам нивишт: “Дӯстон, ин БиБиСӣ
ҳасташ. Марг бар Ҷумҳурии Исломӣ!”, бо ин таваҳҳум, ки БиБиСиро Ҷумҳурии Исломӣ
идора мекунад...
Ба ёди он лаҳзае уфтодам, ки русҳо дар Кримеи Укроин нишони БиБиСиро рӯи дурбину микруфуни мо диданду гурӯҳи филмбардории моро давра карданд; хасмона ҷилав меомаданд, ки шояд тундтар бираванд. То гуфтам, мо БиБиСии форсӣ ҳастем, ҳама "Ҳуро!" кашиданду ба Аҳмадинажоду ҷадду обояш дуруд фиристоданду моро бағал карданду бо мо дӯст шуданду танҳоямон гузоштанд, то ба корамон бирасем. Бо ин тасаввур, ки БиБиСии форсӣ ҳатман бояд зери назари Ҷумҳурии Исломии Эрон (ва Аҳмадинажод, ки раисиҷумҳури вақт буд) бошад.
Ба ёди он лаҳзае уфтодам, ки русҳо дар Кримеи Укроин нишони БиБиСиро рӯи дурбину микруфуни мо диданду гурӯҳи филмбардории моро давра карданд; хасмона ҷилав меомаданд, ки шояд тундтар бираванд. То гуфтам, мо БиБиСии форсӣ ҳастем, ҳама "Ҳуро!" кашиданду ба Аҳмадинажоду ҷадду обояш дуруд фиристоданду моро бағал карданду бо мо дӯст шуданду танҳоямон гузоштанд, то ба корамон бирасем. Бо ин тасаввур, ки БиБиСии форсӣ ҳатман бояд зери назари Ҷумҳурии Исломии Эрон (ва Аҳмадинажод, ки раисиҷумҳури вақт буд) бошад.
БиБиСиро ба чи нерӯву ҷараёни сиёсие ки нисбат
надодаанд! Тарафдорони Ҷумҳурии Исломӣ БиБиСиро як дастгоҳи вобаста ба
мухолифонашон медонанд. Мухолифони Ҷумҳурии Исломӣ БиБиСиро як расонаи марбут
ба “Эрони охундӣ” мехонанд. Дар ин миён салтанатталабон, муҷоҳидони халқ,
кумунистҳо, миллигароён, Ҷунбиши сабз ва афроди лоуболӣ, ки ба ҳеч гоҳу ҷою
касе дил набастаанд, БиБиСиро мутаъаллиқ ба мухолифони худ донистаанд. Ва ин
ҳақиқатро мешавад дар ъарзи як дақиқа дарёфт. Сирфан дар ҳоли мурури назароте,
ки ба ин расона мерасонад.
Яъне ҳар инсони мутаъассибе аз ҳар қумош ё
ҷараёнеро пайдо кунеду назарашро бипурсед. Он фарди мутаъассиб ҳатмани ҳатман бар
БиБиСӣ душном хоҳад дод, чун БиБиСӣ ҳаргиз тарафдори ӯ набудааст ва, масалан, ба
мухолифони ъақидатии ӯ ҳам имкони изҳори назар додааст.
Оё ин паёмҳо бояд мояи нороҳатии БиБиСӣ бошад?
Оё бояд БиБиСӣ мушт бар сари хеш бикӯбаду бигиряд, ки ҳеч касе дӯсташ надорад?
Ба ҳеч ваҷҳи мин-ал-вуҷуҳ чунин набудааст.
Ҳамин чанд рӯз пеш медидам, ки яке аз
барӯмадони Тоҷикистон дар муъаррифии БиБиСӣ бо буғз дар гулӯ нивишта буд: “бунгоҳи хабарпарокани маликаи Ангилис
(ВВС)”. Яъне ӯ ин расонаро мутаъаллиқ ба ниҳоди саврию ташрифотии
салтанати Бритониё медонист. Ғофил аз ин ки шахси маликаи Бритониё шояд аз
мавҷудияти БиБиСии форсӣ иттилоъи дақиқе надошта бошад, аммо шояд бидонад, ки ҳар
моҳ пули тамошои барномаҳои БиБиСӣ аз шаҳрвандони Бритониё ҷамъоварӣ мешавад,
ба хизонаи мутаъаллиқ ба улёҳазрат ворез мешавад ва аз онҷо ба даҳҳо ҷои дигар
таъаллуқ мегирад, аз ҷумла ба худи кормандони БиБиСӣ. Яъне пуле, ки кормандони
БиБиСӣ мегиранд, на аз байтулмоли маликаи Бритониё, балки аз ҷайби мардум, аз
ҷумла худи кормандони БиБиСӣ, дармеояд. Ҳар касе, ки дар ин кишвар телевизюн
тамошо мекунад, пул медиҳад ва дар изои пулаш барномаҳоеро таҳвил мегирад, ки
на тобеъи тоҷу тахти Бритониёст ва на гӯшбафармони нахуствазираш. Сарвараш худи
мардум ҳастанд. Ва метавонад ҳамаро, кабиру сағирро, мавриди пурсиши хабарнигоронаи худ қарор
диҳад... Албатта, дарки ин мавзӯъ дар кишварҳое, ки чунин имконот ва расонаҳои
ворастаро надоранд, бисёр сахт аст.
Дар Бритониё
тамошои барномаҳое, ки хонадони салтанатӣ ва шахси маликаро зери суол мебарад,
шигифтангез нест. Мешавад даҳҳо танзпардозро дар телевизюнҳои ин кишвар дид, ки
адои шаҳбонуи Бритониёро дармеоваранд, ӯ ва хонадонашро мавриди изтеҳзову
мазҳака қарор медиҳанд, мушкилоти мавриди назари худро аз роҳи тарсими маликаи Бритониё тарҳ
мекунанд. Ё гузоришҳоеро, ки пардохти садҳо милюн пунд ба хизонаи салтанатиро
таҷрубае бозмонда аз ъаҳди Дақёнус меноманд... Ё нахуствазири кишварро ба таври
физикӣ ба истудию меоваранду путквор бо сахттарин пурсишҳои ҷаҳон бар сараш
фурӯ мерезанд. Ва нахуствазир чорае ҷуз посух додан ба пурсишҳо надорад,
вагарна обрӯяш пеши мардум рафтааст. Ва борҳо ҳам рафтааст. БиБиСӣ, ки бо пули мардум идора мешавад,
мекӯшад сирфан посухгӯи мардум бошад, на ҳеч қудрати дигаре.
Яъне БиБиСӣ тайи
солиёни сол борҳову борҳо собит кардааст, ки тобеъи ҳеч касу ҳеч чизе нест, ҷуз
раҳнамудҳо ё Guidelines-и худаш. Ҳамон усуле, ки мегӯяд, дар тарсими воқеъиятҳо бояд ба
дур аз боварҳову бардоштҳои худат бошӣ; ончиро, ки мебинӣ, бигӯӣ ва лоғайр; дар
мавориди баҳсбарангез ҳатмани ҳатман ҳамаи тарафҳои мавзӯъ ё даъворо бояд
шомили гузоришат кунӣ; бетараф бошӣ; мунсиф бошӣ... Хулласи калом, рӯзноманигор, дар воқеъ, воқеъанигор бошӣ.
***
Ҳамин чанд ҳафта пеш аз дафтари БиБиСӣ ба яке аз ҳаводорони Ҷумҳурии Исломӣ
дар Теҳрон занг задам. Маро аз садоям шинохту бо нороҳатӣ гуфт, ки моил ба
мусоҳиба нест. “Шумо ҳамеша суроғи мухолифоне чун ину онро мегиред ва ба мо
ниёзе надоред”. Гуфтам, иттифоқан, ба афроде чун шахси Шумо бисёр ниёз дорем,
ки дидгоҳи давлатро тавзеҳ диҳанд ё тавҷеҳ кунанд, вале суҳбат намекунанд; ё тарс доранд ё моил
нестанд; хоҳишмандам, суҳбат кунед. Гуфт, на, биравед, бо ҳамон меҳмонҳои
ҳамешагитон гуфтугӯ кунед. Пурсидам: “Пас бо такя бар кадом асли виҷдон
БиБиСиро муттаҳам мекунед, ки назари Шуморо мунъакис намекунад? Ман ки дорам аз
Шумо хоҳиш мекунам, то биёед ва аз мавозеъи худатон дифоъ кунед. Агар Шумо аз
мавозеъатон дифоъ накунед, интизор доред, чи касе ин корро ба ҷои шумо бикунад?”
Лол монду гӯширо гузошт. Аммо боз ҳам гузоришро ба гунае таҳия кардам, ки
назари он оқои лолмонда ҳам дар он бошад.
Яке аз усули бунёдини БиБиСӣ ҳамин аст: бозтоби ҳамаи дидгоҳҳои матраҳ дар
бораи як мавзӯъи бахусус. Ҳатто агар мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ бо БиБиСӣ суҳбат
намекунанд, ин расона ногузир аст мавзеъи онҳоро бозгӯ кунад. Дастикам бигӯяд,
ки Ҷумҳурии Исломӣ дар ин мавриди бахусус чи гуфтааст ё чи мавзеъе дорад. Душмании
Ҷумҳурии Исломӣ бо БиБиСӣ наметавонад далеле барои кормандони БиБиСӣ бошад, ки
дидгоҳи он низом дар бораи як мавзӯъро бозтоб надиҳанд. Чун худи БиБиСӣ бо ҳеч
низоме душманӣ надорад.
Ба ҳамин далел ҳам ҳамаи мутаъассибони ҳамаи ҷараёнҳо аз БиБиСӣ мутанаффиранд,
аммо бештар аз ҳар каси дигар БиБиСиро дунбол мекунанд. Мутанаффиранд, чун
БиБиСӣ тарафдори ҳеч як аз онҳо нест. Дунбол мекунанд, чун БиБиСӣ тарафдори ҳеч
як аз ин ҷараёнҳо нест. Рози комгории БиБиСӣ ҳамин усулаш аст.
Ҳатто раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, агар бихоҳад аз расонаҳои хориҷӣ бад бигӯяд,
“бисмиллоҳ”-и каломаш “родюи Инглис” аст. Ҳарчанд солҳост телевизиюни “родюи
Инглис” ҳам ба роҳ уфтода, аммо оятуллоҳ тарҷеҳ медиҳад ба он чи ъодат карда,
пойбанд бимонад. Дар ъайни нафрат аз БиБиСӣ ахбори онро қобили эътимод
медонанд, чун ин расона тайи даҳаҳо собит кардааст, ки қобили эътимод аст.
БиБиСӣ, ки дар даргириҳои сиёсии ҳеч кишваре дахил нест, ахборро бе рангу
луъоб ва бе шоху барги изофӣ, ба гунае, ки ҳаст, ъарза мекунад. Ва тамоми
талошаш ин аст, ки дидгоҳи ҳамаи тарафҳои даргирро пӯшиш бидиҳад; ҳатто агар
ҳамаи тарафҳои даргир моил ба гуфтугӯ бо БиБиСӣ набошанд. Ҳатто агар мавзӯъи
баҳс худи БиБиСӣ бошад. Масалан, баҳси дастмузди кормандони БиБиСӣ даргирифт ва
БиБиСӣ суроғи масъулони ин бунгоҳро гирифт, онҳоро дар мақоми посухгӯ қарор дод ва хабарнигороне, ки чандин баробар камтар дастмузд мегирифтанд, мудирони худро истинтоқ мекарданд, ки қазия аз чи қарор аст. Ва ҳар замони дигаре ҳам, ки БиБиСӣ дар конуни хабар воқеъ шуда, ин иттифоқ уфтодааст.
***
***
Мусоҳибаи зиндаи дуктур Ҳасани Муҳуддис бо Садову Симои Ҷумҳурии Исломиро
тамошо кардам. Ин устодёри ҷомеъашиносии Донишгоҳи Озоди Исломии Теҳрон бо
истинод ба суханони донишҷӯён ва ҳамкоронаш ҳамин расонаи Ҷумҳурии Исломиро як “дастгоҳи
ғайримардумӣ” номид, ки “ангор рисолаташ тавлиди дурӯғ” аст. Муҷрии барнома, ки
дастпоча шуда буд, бо лаҳни илтиҷоомезе мегуфт: “Шумо ки ба ғайримардумӣ будану
дурӯғпароканиаш эътиқод надоред, оқои дуктур...” Ва ӯ оби сарде рӯи дасташ рехту
кобуси ӯро таъйид кард, ки “Садову Симо дар қаламрави сиёсӣ ба таври системотик
дурӯғ мегӯяд. Ва ман ашкол (шаклҳо)-и дурӯғгӯиро мешиносам ва мутолеъа кардаам”. Гӯяндаи
барнома, ки чорае ҷуз иҷрои вазифааш надошт, каланҷор мерафт, ки “Ин як
иддиъои хеле бузург аст. Ва ал-он ҳам
фурсате нест, ки инро баррасӣ кунем”. Аммо дуктур Муҳаддисӣ велкун набуд (раҳо намекард).
Гӯянда ҳатто дар мақоми дифоъ аз дурӯғ ҳозир шуду гуфт: “Албатта, дурӯғҳое як
вақтҳое иттифоқ меуфтад ва мисли ҳар одаме, ки мумкин аст аз ӯ дурӯғ сар
бизанад, ҳоло шояд бишавад аз ӯ пазируфт. Вале “системӣ” иддиъоест, ки ҳоло
бояд гуфтугӯ кард”. Ва дуктур Муҳаддисӣ исрор варзид, ки “Беш аз ин аст. Дар
воқеъ, Садову Симо асосан рӯйдодҳои бахусус сиёсӣ ва хабариро ба ҷои инки
гузориш кунаду хабар диҳад, онро ба таблиғоти сиёсӣ табдил мекунад, бар мабнои
як дастгоҳи фикрии хос, ки аз сӯи як ҷиноҳи хос ҳимоят мешавад. Садову Симо
ҳатто садои мунтахаби миллатро ҳам таҳриф карда ё ҳазф кардаву пахш накарда ё дастикам
бамавқеъ пахш накарда...”
Ман намедонам, пас аз ин барнома бар сари гӯяндаи бечора чи омад, аммо
медонам, ки балое омад. Ба ъунвони касе, ки дар Садову Симои Ҷумҳурии Исломӣ
ҳам будаам, медонам, ки ин масъала то моҳҳо ва ҳатто солҳо бар фарози сари он
муҷрии бечора хоҳад чархид. Дар ҳоле ки мушкил дар он муҷрӣ (гӯянда) нест, ки он рӯз
омада буд сирфан вазифаашро анҷом диҳаду шомгоҳ биравад, хариде бикунаду дар
ҷамъи хонаводааш шоме бихурад. Мушкил дар он сомона ё низом аст, ки одамро ба
гуфтани чизҳое, ки ба онҳо эътиқоде надорад, вомедорад. Ва эътиқод чизе нест,
ки бишавад онро вонамуд кард. Ҳеч як аз ҳуззори он баҳс кӯчактарин эътиқоде ба
низоми ҳокими зӯргӯ надоштанд. Ва ин ҳақиқат пайдо буд. Забони бадан гӯётар аз
калом аст.
Кулли он баҳси баҳсбарангезро метавонед инҷо бибинеду худ доварӣ кунед: https://www.youtube.com/watch?v=J-f4FukNW9w&t=1814s
***
Кӯтоҳсухан, расонаи ростин фурӯшӣ нест. Таҳдидпазир ҳам нест. Тан ба ҳуббу буғзи касе намедиҳад.
То замоне ки муттакӣ бар асли инсоф, баёни воқеъият ва бетарафӣ аст, муҳол аст,
ки ба ҳуббу буғзу бухлу таҳдиди мухотабонаш маҳалле бигзорад. Пас аз таҷрубаи кор дар бисёре аз расонаҳои Тоҷикистону Эрону Русияву Омрикову Конодову Бритониёву Ҳуланду Фаронса дастикам ин довариро метавонам бикунам.
***
Иттифоқан, ҳамин чанд ҳафта пеш, ки аз Тоҷикистон баргаштам, муҳаввата
(саҳн)-и сохтмони БиБиСӣ дар Ландан бароям сурпризе дошт. Тандис (муҷассама)-и
Ҷурҷ Урвел (George Orwell), аз маҳбубтарин нивисандагони ман, бо як нах сигор
бо қомати хамида истода буду ба ман зул мезад. Ва дуруст дар самти ҳамон дасти
сигориаш ин ҷумла аз ҷумалоти мондагори ӯ ҳакк шуда буд:
If liberty means anything at all it means the right to tell people what they do not want to hear
(Агар қарор аст “озодӣ” маъное дошта бошад, он чизе нест ҷуз ҳаққи гуфтани суханоне, ки мардум ёрои шуниданашро надоранд).
If liberty means anything at all it means the right to tell people what they do not want to hear
(Агар қарор аст “озодӣ” маъное дошта бошад, он чизе нест ҷуз ҳаққи гуфтани суханоне, ки мардум ёрои шуниданашро надоранд).
Ва Ҷурҷ Урвел ҳам аз коркунони ин бунгоҳи суханпароканӣ буд. Ва ӯ ҳам
суханоне гуфта буд, ки мардум ёрои шуниданашро надоштанд. Ва имрӯз ҳам барои
бахшҳои густардае аз ҷаҳон БиБиСӣ ба забонҳои мухталиф суханоне мегӯяд, ки
мардум ёрои шуниданашро надоранд. Хиштҳои фардо мураккаб аз суханонест,
ки имрӯз мардум ёрои шуниданашро надоранд. Ҳамон суханоне, ки фардоро месозад.
No comments:
Post a Comment