Дар пайи балвои ногаҳонии дирӯз паёмҳои бисёре дарёфт
шуд, ки ҳокӣ аз нигаронӣ буд. Бояд ба ҳамаи дӯстон бигӯям, ки авзоъ басомон аст
ва иттифоқи хоссе науфтодааст.
Борҳо гуфтаам ва бори дигар мегӯям, ки ҳеч нисбате ба
ҳеч ҷунбиш, созмон ё ҷараёни сиёсӣ надорам; чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз
он. Кори ман дар расонаҳо акидан дар чорчӯби таърифшудаи усули рӯзноманигорӣ
сурат мегирад. Равобити ман бо чеҳраҳои сиёсӣ сирфан ҳирфаӣ ва корӣ аст; он
чеҳра чи намояндаи давлат бошаду чи мухолифи
давлат. Ҳеч касе наметавонад сирфан ба хотири ошноӣ бо як рӯзноманигор интизор
дошта бошад, ки дидгоҳҳои ӯро дар расонаҳо бештар пӯшиш бидиҳад. Ин интизор
сирфан аз касоне бармеояд, ки бо мафҳуми бетарафии расонаи ҳирфаӣ ошно нестанд
ё онро воқеъият намедонанд. Гуфтугӯ бо касе - ӯ чи Муҳйиддини Кабирӣ бошаду чи
Додоҷони Атоуллоҳ - ба маънои вафодорӣ ба ҳеч як аз онҳо нест. Шахсан
барномаҳои сиёсии ҳар дуро ноқис ва ба дур аз воқеъиятҳои кишвар медонам ва дар
ъайни замон, давлатро ҳам фоқиди барномаи пешрафти мушаххас мебинам. Ин бад-он
маъност, ки бо ҳеч як аз нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон пайванди эътиқодию сиёсӣ
надорам.
Бо вуҷуди пойбандӣ ба фарҳангу забони порсӣ (ба
ъунвони як тоҷик) ҳаргиз Ҷумҳурии Исломии Эронро улгу ё намунаи давлатдорӣ
надонистаам ва ба далели мухолифат бо он низоми мустабид ду бор боздошт ва
ниҳоятан аз Эрон ихроҷ шудаам. Имкони бозгашт ба ҶИЭ-ро надорам, магар ин ки
бихоҳам якрост ба зиндон биравам. Ба ъунвони рӯзноманигор дар мавриди сиёсатҳои
ҶИЭ бетарафам ва ба ъунвони як шахси ҳақиқӣ ситами ҶИЭ-ро кашидаам ва он
низомро маҳкум ба суқут медонам, чун пайвандаш бо мардум ва хостаҳои мардум
заъифтару заъифтар мешавад.
Ихтилофоти сиёсии Эрону Тоҷикистон рабте ба
фаъъолиятҳои фарҳангии ман надорад, чун забонро ҷудо аз сиёсат ва рагу шараёни
миллат медонам. Чунин ихтилофот миёни кишварҳои ъарабӣ ҳам ҳаст; мисли
Ъарабистону Қатар, аммо пойбандии ҳар ду ба забони ъарабӣ ва посдорӣ аз он
побарҷост. Пойбандӣ ба забони порсӣ ва посдорӣ аз онро вазифаи худ ва ҳар як
тоҷик медонам.
Хоҳиши ман аз дӯстони сиёсатмадору сиёсаткорам ин
аст, ки дӯстии худро бо кори ман дахил накунанд ва таваққуъи беҷо надошта
бошанд. Ҳаргиз қарор нест барномаҳои сиёсии касе аз шумо пӯшише вежа дошта
бошад, бидуни ин ки хабарсоз шуда бошад ё барои шумори бисёре аз мардум ё
мухотабони расонае аҳаммияте бахусус дошта бошад. Мушк он аст, ки бибӯяд, на он ки ъаттор бигӯяд. Агар
коре анҷом диҳед, ки андархури таваҷҷуҳи ъумум бошад, бегумон расонаҳо
суроғатонро хоҳанд гирифт. Шумо наметавонед аз рӯзноманигоре, ки дӯсти худ
медонед, дилхур бошед, ки бо Шумо гуфтугӯе пахш накардааст. Ӯ муваззаф нест
чунин коре бикунад, агар кори Шумо шоистаи пӯшиш набошад.
Инҳо аз алифбои усули рӯзноманигорӣ буд, ки мурурашон
барои чеҳраҳои сиёсӣ ҳам ногузир аст.
Пас ман бо ҳеч як аз шумо, сиёсатмадорони арҷманд,
ҳеч пайванди эътиқодию сиёсӣ надорам.
Изҳори назарҳои шахсии ман дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳам
ҳеч рабте ба расонае, ки дар он кор мекунам, надорад.
Ҳарфи ҳисобам ҳамин буд.
No comments:
Post a Comment