Иттифоқи шигарфу гӯшношуниде ҳодис шуд:
Асаду Самад бар шохае сутург нишаста буданду буни онро
мебуриданд. Ман дуртар будаму намедидам. Асад бо садои баланд ба ман хитоб
кард: “Оҳой! Бибин, чигуна шоха мебурем!” Гуфтам: “Магар худатон бар он
нанишастаед? Накунед ин корро! Замин мехуред!” То инро шуниданд, ҳар ду бо
ҷидду ҷаҳди ҳарчи тамомтар арраро шӯр доданд ва ду-се носазое ҳам нисори ман
карданд. Ҳар чи хостам монеъашон шавам, талошашон бештару бештар мешуду суръати
арра тундтар, то замоне ки шоха аз бун гусасту ҳар
ду бо сарусадои баланд ба замин уфтоданду оҳу нолаашон гӯши фалакро кар карду
ба қавли Бозор Собир, пачақ-маҷақ шуданд; ба гунае, ки сураташон дида намешуд.
Чун дуруст рӯи лаҷану коҳу саргини пои дарахт суқут карда буданд.
Чанде, ки назорагар буданд, аз роҳ расиданду гуфтанд:
“Кори хуб нашудааст. Набояд меуфтоданд. Бояд ҷилавашонро мегирифтед...”
Шуморе дигар, ки саҳнаро аз дур бо шӯру шавқ тамошо
мекарданду гирду мехурданд, наздиктар омаданд, то бибинанд Асаду Самад чигуна
замин хурдаанду латупор шудаанд ва аз гирдуяшон ба ман ҳам таъоруф мекарданд.
Аз ъаҷоиби рӯзгор буд...
No comments:
Post a Comment