Wednesday, March 10, 2010

2010 Election Messages

Паёмҳои интихоботи 2010

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Интихобот гузашт. Орому бесарусадо. Гӯӣ замон дар Тоҷикистон боз истода ва бори дигар соли 2005-ро таҷруба кардем. Бо ин тафовут ки ду ҳизби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳам ба порлумон роҳ ёфтанд. Аммо, ба эҳтимоли қариб ба яқин, ҳузури намояндагони ин ҳизбҳо дар порлумон тафовутеро эҷод нахоҳад кард. Чӣ касе намедонад, ки ин ду ҳизб сояҳое гусехта аз ҳизби ҳоким ҳастанд ва дар порлумон ҳам зери сояи ҳизби ҳоким хоҳанд монд? Пас тафовутеро намебинем.

Ин бор ҳам Мирзоалӣ Болтуев бо эъломи натиҷаҳои интихобот ҷаҳониёнро дар буҳту ҳайрат афканд. Дар ҳоле ки қофиласолорони демукросӣ аз мизони поини ҳузури мардум дар раъйгириҳояшон нола мекунанд, Тоҷикистон рақами ғулғулаосои 90.3 дарсади ҳузури раъйдиҳандагонро эълом кард, ки ҳатто аз мизони мушорикати мардум дар интихоботи саросарии соли 2005 ҳам (85.2%) болотар аст.

Бечора омрикоиҳо пас аз интихоботи раёсати ҷумҳуришон дар соли 2008 лоф мезаданд, ки 63 дарсади воҷидони шароит раъй додаанд, ки дар 40 сол торихи Омрико собиқа надоштааст. Дар интихоботи саросарии соли 2005 дар Инглистон ҳам танҳо 61.3 дарсад раъйҳояшонро ба сандуқҳо рехтанд. Ва бадтар аз ҳама интихоботи порлумони Урупо (2009) буд, ки танҳо 34.7 дарсади воҷидони шароити раъй дар Бритониё ҳавсала ба харҷ доданд дар он ширкат кунанд. Бояд ба сафоратхонаҳои ин кишварҳои дармонда баёния фиристод ва аз онҳо хост, ки шеваҳои ҷалби мардум ба сандуқҳои раъйро аз Кумисиюни оқои Болтуев ёд бигиранд. (Ба эҳтимоли зиёд, ин кумисиюн пас аз сари оқои Болтуев ба номи эшон номгузорӣ хоҳад шуд; ба эҳтироми мӯйҳое, ки эшон таи ин ҳама сол дар шумориши раъйҳо сафед кардаанд).

Аммо тафовути умдаи ин итихобот аз давраҳои пешини интихоботро аз шоҳидони айнӣ мешунавам, ки рӯзи 28 феврал дар хиёбонҳои Душанбе гаштугузор мекарданд ва аз дидани анбӯҳи ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар шигифт буданд. Бедалел нест, ки Муҳйиддини Кабирӣ дам аз пирӯзӣ мезанад. Аз ӯ баъид буд, ки ошуфта шавад, аммо эъломияи оқои Болтуев, ҳатто пеш аз ин ки қироат шавад, оқои Кабириро башиддат асабонӣ карда буд. Дар натиҷа ӯ сардамдорони интихоботро талвеҳан “золим” ва ҳизбашро “мазлум” хонд, аммо “мазлуми ҷасур”, ки дар садади интиқом аст.

Шадидтарин ҳадди интиқоми ӯ, ки то кунун шунидаем, тарки Шӯрои ҷамъиятии ҳизбҳои сиёсист, ки тасаввур намекунам аз осмони сиёсати Тоҷикистон абреро дур карда бошад. Чораи эҳтимолии баъдӣ, ки ба эҳтимоли зиёд, ба вуқӯъ нахоҳад пайваст (аммо эълом шудааст), қаҳри ҳар ду намояндаи барандаи ҲНИТ аз курсиҳои порлумонист. Фикр намекунам пур кардани он ду курсӣ барои кумисиюни Болтуев маъмурияти сахте бошад. Ва шояд ҳатто ин иқдом асбоби хушнудии ин кумисиюн ва аксарияти порлумон ва раддаҳои болотари қудратро ҳам фароҳам кунад. Андак касе дар он болоҳо то кунун нигарони обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон будааст.

Аммо сархурдагӣ ё дилсардии ҲНИТ аз бархурди созишкорона бо давлат метавонад заминаи муносибе барои эҷоди нерӯи оппозисиюни корсоз бошад. Борҳо гуфтему боз ҳам мегӯем, ки як чароғро наметавон бо ду нерӯи мусбат равшан кард; чӣ расад ба чароғи давлате, ки мехоҳад хонаи 7 милюн танро равшан кунад. Ҳузури нерӯи мухолифи корсоз дар як ҷомеъаи солим ба ҳамон андозаи ҳузури нерӯи манфӣ дар сомона (систем)-и чароғ зарур аст. Шояд таконе, ки Кабирию ҳизби ӯ хурданд, “Роғун”-и арсаи сиёсии Тоҷикистонро роҳ андозад ва дар оянда шоҳиди таъомулоти созанда миёни давлату мухолифонаш бошем.

Ҳоло натиҷаҳои расмии интихоботро барои муддате канор бигзорему ба ин қазия нигоҳе воқеъбинона биандозем. Натиҷаҳои расмӣ барои дилхушии давлатдорон аст. Аммо ин интихобот паёмҳое дошт, ки бегумон ба таваҷҷуҳи давлатдорон ҳам расидааст.

Паёме, ки давлат аз ин интихобот гирифт, пеш аз ҳама бемайлии мардум ба мушорикат дар раъйгирӣ буд (он рақамҳои осмониро фаромӯш кунед; масхара аст ва дигар касеро бовар намешавад). Рихват ё бемайлии сиёсӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳарфи тозае нест ва аз соли 1992, ба маҳзи оғози ҷанг, то кунун домони моро гирифтааст. Ин вазъият ба монанди корди дудама аст: аз як сӯ давлатдоронро хушнуд медорад, ки ноогоҳию бемайлии сиёсии мардум бар умри сиёсии онҳо меафзояд; аз сӯи дигар дар дарозмуддат давлатро дучори фарсоиш мекунад.

Паёми дигар афзоиши якбораи ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломист, ки сирфан иддаъои раҳбари он нест, балки муътақидони бешумори дигаре ҳам дорад. Интихоботи 2010 (на натиҷаҳои расмии он) барои ҲНИТ озмоише буд, ки зоҳиран аз он хушнуд берун омад. Нерӯи худро санҷид, эътимод ба нафс (худбоварӣ) ҳосил кард ва акнун ба худаш иҷоза медиҳад, ки бо оҳанги хашму исён давлатро мухотаб қарор диҳад.

Паёми севуме, ки то ҳадде пинҳон аст ва аз гуфтугӯҳои маҷозӣ ё гӯшонаҳои хиёбонӣ бармеояд, тақрибан ба сар расидани таҳаммули бархе аз гурӯҳҳои иҷтимоъист. Ин паёми нохушояндро бояд ҷиддитар аз ҳар паёми дигаре гирифт: радикализм ё гароиш ба сиёсати ифротӣ. Гурӯҳҳое, ки дар гузашта дам аз таҳаммул мезаданд, акнун фикр мекунанд, ки равишҳои қонунӣ ба Тоҷикистон маҷоли тағйир намедиҳад ва бояд роҳи дигареро ҷӯё шуд. Ҳар навъ тундравию ифрот паёмадҳои баде дорад. Аммо агар ҳамаи роҳҳои тағйиру таҳаввули қонунӣ барои солиёни сол баста бимонад, ифрот худ ба худ реша медавонаду по мегирад. Ин як амри табиъист ва бо он намешавад коре кард.

Дар Тоҷикистон касе бо шиъори “Раъйи ман куҷост?” ба хиёбон нарафт. Бояд нигарон шуд. Чун эътирози ороми шаҳрвандӣ танҳо дар ҷомеъаи мадании солим анҷом мегирад. Набуди эътирозоти сулҳомез метавонад нишонаи бемории ҷомеъа бошад, ки замоне ба шакли ифроти бисёр зишт буруз хоҳад кард.

Дар ҳамин бора:

Интихобот ё таҷовуз ба раъйи мардум?

No comments: