Tuesday, March 09, 2010

Election or Vote Rape?

Интихобот ё таҷовуз ба раъйи мардум?

Мунаввари МУНАВВАРЗОД
узви комисияи ҳавзавии якмандатии
интихоботии Сино № 4


Инак, интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони кишвар, асосан, ба охир расид (ба ғайр аз дар як ҳавза). Баъзе ашхос хушнудона хабар доданд, ки маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ин дафъа, билохира, бисёрҳизбӣ (чӣ ифтихоре!) гардид: яъне иборат шуд аз намояндагони 5 ҳизб. Албатта, агар натиҷаи чанд рўз баъд маълумшавандаи даври дувуми интихобот дар ҳавзаи № 19 (Конибодом)-ро ба инобат нагирем.

Пешсухан

Нахуст, биёед ба ин иддаъо бовар кунему як ба феҳристи вакилони «тозаинтихобшуда»-и порлумони кишвар назар андозем. Хуб, ин феҳристи 62-нафариро мурур мекунему возеҳ мебинем, ки дунафарии онро намояндагони аҳзоби неҳзати исломӣ (ҲНИТ), коммунистӣ (ҲКТ), кишоварзӣ (ҲАТ) ва ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) ташкил намуда, боқӣ… 54 (!!!) нафар халқӣ-демократичиён (ҲХДТ) мебошанд. Арз кунам, ки барои адади 54-и «назарногир»-ро ба 55-и рамзӣ (путке ба фарқи сари демократияи тоҷик) расонидан барои ҳизби «ҳоким» «пирўзии эҳтиётӣ» дар ҳамон ҳавзаи Конибодом лозим аст.

Лекин, агар (фарз кардем) дар ин ҳавза намояндаи сосиал-демократҳои кишвар (ҲСДТ) дастболо шавад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, ба фикри баъзеҳо, «гул» мекунад ва дигар ҳеч касе дар сайёраи Замин ҷиҳати дар Тоҷикистон – ин кишвари ақибмондаи осиёӣ – воқиъан мавҷуд будани демократияву арзишҳои инсониву сиёсӣ шакке нахоҳад кард.

Вале, бадеҳист, ки як идда дар роҳандозии мардумсолорӣ ё демократия дар Тоҷикистон ҳамоно машкук хоҳад монд. Аз ҷумла, ман. Шарҳ медиҳам.

Нахуст, ба иттилоъатон натоиҷи интихоботи порлумонии соли 2005-ро мерасонам: ҲХДТ – 74, 9 % (17 ҷой дар Маҷлиси намояндагон), ҲКТ – 13,64 % (3 ҷой), ҲНИТ – 8, 94 % (2 ҷой). Тамом. Албатта, дар ҳамаи интихоботҳои миёндавраии он даъват намояндагони ҲХДТ – ин ҳизби, ба истилоҳ, хираду шараф ва виҷдони замон – «пирўз» шуда, курсиҳои холишудаи порлумониро «бегона» накард. Бадеҳист, ки маҷлиси болоии порлумон – Маҷлиси миллӣ – комилан аз аъзои ин ҳизб (шояд ба истиснои Қ. Маҳкамов, ки замоне котиби якуми ҳизби коммунистии кишвар буд ва шояд ҳанўз ҳам узви ин ҳизб бошад) таркиб ёфта буд.

Дувум. Мутаассифона, «қоъидаи бозӣ» тақрибан (ё аслан) тағйире наёфт – ҳарчанд ҲКТ кўшиши бебароре кард, то бо даровардани тағйироти ҷузъӣ ба қонуни интихоботии кишвар (ворид кардани намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар дар қитъаҳои интихоботӣ) дар низоми интихобот тағйироте эҷод кунад. Аслан, чи бадие дошт қабул кардани ин пешниҳод? Воқиъан, ҳам, ба истилоҳ, демократия мешуду ҳам даҳони аҳзоби «мухолиф» баста. Ин ҳам дар ҳоле, ки аъзои комиссияҳои бисёр қитъаҳои интихоботӣ аксаран ва ё сирфан аз ҳисоби аъзои ҲХДТ ташкил карда шуданд. Воқиъан, нафаре аз ҳизбҳои ғайр аз ҲХДТ шомили узвийяти одии ягон комиссияи қитъавӣ (аз 3067 қитъаи интихоботӣ дар саросари Тоҷикистон) нашуд – чи расад ба раис, ҷонишин ё котиби он шудан!

Севум. Ҳарчанд бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гўиё якнафарӣ аз 7 ҳизби сиёсии кишвар низ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон ворид карда шуданд, вале, аз чӣ бошад, касе аз ҲСДТ ба ин «лутф» сазовор нагардид.

Чаҳорум. Чунонки Муҳйиддин Кабирӣ, сарвари неҳзатиён ва як нафар порлумонии феълии онҳо, зикр намуд, боваркарданӣ нест, ки ҲНИТ дар соли 2005 бо тақрибан 20 ҳазор узву тарафдори худ дар интихобот 8, 94 дарсади орои раъйдиҳандагонро ба даст меораду имсол бо наздики 40 ҳазор узву ҳаводор – ҳамагӣ 7, 77 %. Инҷо, воқиъан, ё мантиқи ў хароб аст, ё – (мулойим карда гўем) шеваи шумориши ороъ дар интихоботи имсола.

Панҷум. Чиро баргаҳои раъй (ҳамон бюллетенҳо) дар Тоҷикистон ва бидуни назорати намояндагони ҳама ҳизбҳои сиёсии ин кишвар чоп гардид (ва ин амалест аслан машкук)? Дар бораи дараҷаҳои воқиъан ҳифозатии баргаҳои интихоботӣ алҳол ҳарф намезанем.

Шашум. Масоили, ба истилоҳ, «ҷонҳои мурда»: ашхосе, ки аслан дар интихобот иштирок накардаанд (бисёр занҳо ё аҳли хонавода, инчунин ҳадди ақалл ҳудуди 2 миллион муҳоҷири кории дохилӣ ва «хориҷӣ»,…).

Ҳафтум. Шеваҳо ва замони баргузоршавии интихобот. Ин масъала хеле доманадору баҳсхоҳ аст, ки, аслан, мавзўъи мақолаи алоҳида аст.

Ҳаштум. «Қартабозӣ» бо иштироки бозигарон-номзадҳои ҲХДТ дар чандин ҳавзаҳои интихоботии сатҳҳои мухталиф, ки машкук ва дур аз меъёри сабқати ҳақиқии интихоботӣ буд ва чиро масъулини интихоботӣ ба ин роҳ доданд?

Нуҳум. Чиро дар маъракаи пешазинтихоботӣ садду мавонеъи мутаъаддиди маснўъӣ дар роҳи таблиғи номзадҳо ва аҳзоби «мухолиф» рух дод, вале касе ба амали ғайриқонунияш сазои муносибе нагирифт?

Даҳум. Чиро дар қитъаҳову ҳавзаҳои зиёди интихоботӣ амалҳои муғойир ва мухолиф ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтанду касе аз масъулони онҳо ҷазое нагирифт?

Чанд нукта

Нуктаи аввал. 1-уми марти соли 2005 дар як нишасти хабарии КМИР-и Тоҷикистон аз раиси он М. Болтуев пурсидам, ки «Ба гуфтаи шумо, дар ҷараёни ин интихобот «баъзе хатову камбудиҳо» ҷой доштанд. Дар ҳамин маврид, агар вайрон кардани Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин «хатову камбудӣ» бошад, пас ҷиноят чист?» Дар ҳамин вақт узви кумисиюни марказии интихобот А. Абдуманнонов, чун дид, ки раисаш дар посух додан оҷизӣ мекашад, чолокона аз ҷояш боло шуду чунин як посух дод: «Хоҳиш мекунам, саволҳои фалсафӣ надиҳед. Марҳамат, боз кӣ савол дорад…» (Воқиъан, раиси ҲНИТ М. Кабирӣ дар суханронии худ 3-вуми марти соли 2010 дар ҷаласаи фаъъолони интихоботии ҳизб чунин аъмоли ношоистаи аъзои қитъаҳои интихоботиро чанд бор «иштибоҳ» унвон кард, ва аз ин рў суоли чанд сол қабл ба М. Болтуев додаам барои ў низ матраҳ мемонад: «Пас ҷиноят чист?»).

Нуктаи дувум. Ҳангоми маъракаи қаблазинтихоботӣ фаъъолони ҲНИТ мебинанд, ки варақаҳои таблиғотии часпонидаашон ҳамагӣ баъди чанд дақиқа ё соъате «ғайб» мезананд. Сипас онҳо варақаеро дар ҷое мечаспонанду дуртар истода назора мекунанд. Баъди чанд дақиқае як мактаббачаи 13-14-сола омада, он варақаро меканад. Ин фаъъолон дар сари «кор» ўро даст гирифта, ба милисахона мебаранд. Дар онҷо писарбача иқрор мекунад, ки чунин корро ба вай муъаллимааш фармудааст. Муъаллима ва директори мактаб ба милисахона даъват мешаванд. Хулоса, баъди онки омўзгорон аз ў пуштигирӣ мекунанд («Ҳанўз хурд аст, баччагӣ кардааст…»), милиса худи онҳоро сарзаниш мекунад: «Шумо, омўзгор шуда, ба ҷои дониш додану ба роҳи рост ҳидоят кардан аз хурдсолияш ин мактабхонро ба роҳи ҷиноят даровардед-ку! Ҳайф ба шумо номи омўзгор!..»

Нуктаи севум. Муҳаммадшоҳ Ясавиев, ки, дар яке аз ҳавзаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то се рўз қабл аз интихобот номзади ягона буд, ва, аксари интихобкунандагони ин ҳавза дар мулоқотҳо итминонаш дода буданд, ки ҳатман раъйи худро ба ў медиҳанд, ҳамагӣ се рўз пеш аз интихобот «соҳиб»-и рақиб мешавад. Ва чи мегўед, ки ў, билохира, аз як «рақиб»-и, ба масал, дар лаҳзаи ахир вориди сабқат шудаву таблиғоти интихоботӣ набурда «шикаст» мехўрад…

Нуктаи чорум. Дар рўзи интихоботи ахир дар комиссияи қитъавии № 42-и воқеъ дар мактаби шумораи 66-и шаҳри Душанбе ҳамчун узви комиссияи интихоботии ҳавзавӣ ба раиси ин қитъа фаҳмонидам, ки акси калони Эмомалӣ Раҳмонро, чун раиси як ҳизби дар интихобот иштироккунанда хам хаст, муваққатан аз девори қитъаи интихоботӣ гирад. Сахт ба ҳайрат омаду, ба қавле, неву нестон кард. Ба болои ин, як зани ҳиҷобпўш, ки зоҳиран муъаллимаи ин мактаб буд, иддаъои «қонунӣ» ҳам намуд: «Чаро онро бояд гирем? Охир, акси Ҷаноби Олӣ зеби мактаби мост!..»

Нуктаи панҷум. Раиси кадом як қитъаи интихоботӣ дар дохили бинои ҳавзаи Сино дошт протоколи ҷамъбастии қитъавиро беистиҳолаву бепарво «пур» мекард. Ба ў муроҷиъат кардам, ки ин кораш ҷиноят-ку ҳаст, вале магар вай ақаллан шарм намекунад? Мисли инки суханам ба ў таъсир кард – «шарм» дошт: коғазҳояшро ғундошта гурехт. Албатта, дур не – фақат то берун: то баъди 15-20 дақиқа аз нав ворид шавад.

Нуктаи шашум. 9-10 нафар узви як хонаводаи пойтахти кишвари «демокративу ҳуқуқбунёд» ба интихобот расман даъват нашуданд ва, бадеҳист, ки дар интихобот ширкат накарданд (ҳарчанд манзили зисташон аз қитъаи интихоботӣ ҳамагӣ ҳудуди 200 метр дуртар буд).

Эврика!

Дар хориҷи Тоҷикистон интихоботи имсола дар «сатҳи баланди ташкилӣ» гузаронида шуд. Масалан, дар шаҳри Уфа (Русия) дар қитъаи интихоботӣ умуман ғурфа ё кабинаи овоздиҳии пинҳонӣ мавҷуд набуд ва интихобкунандагони тоҷик, яке бо шиносномаи тоҷикистонӣ ва дигаре бо паспорти русиягӣ, баргаҳои раъй гирифта, онро рўшоду аланӣ дар назди раиси комиссия «пур» мекарданд ва 1 метр дуртар ба сандуқҳои аз замони шўравӣ мондаи «шаффоф» партофта, бо гуфтану шунидани «Муборак шавад!»-у эҳсоси ифтихорбарангези адои қарзи шаҳрвандӣ утоқро тарк мекарданд. Ва ҳамин тавр, ба таъйиди раиси ҳамон комиссияи интихоботӣ, гўиё 5000 интихобкунандаи тоҷикистонӣ дар инҷо раъйи худро барои аҳзоб (ё ҳамон як ҳизб?)-и сиёсии Ватани «ҷоноҷон»-ашон доданд.

Воқиъан, дар ин шаҳри дури воқеъ дар як кишвари хориҷӣ аслан омода намудани кадом як қуттии плостикии шаффоф ва ё «кабинаи овоздиҳӣ»-и серхарҷ чи лозим? Хосса, дар ин шабу рўзе, ки барои сохтани як нерўгоҳи барқӣ ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи бе ин ҳам ками шаҳрвандонаш чашм ало кардааст! Сарфи беҳуда ё исроф ҳаром аст, мегўянд. Дуруст. Ва аз ҳамин сабаб ҳам лозим аст, ки аслан ҳамин интихоботҳои серхарҷу пурзаҳмат низ гузаронида нашаванд.

Ба ин интихобот чи миқдор маблағ сарф шудааст? Шахсан ман дақиқ намедонам, вале касони худро ҳолдон ҳисобкунанда мегўянд, ки чизе дар ҳудуди 29 миллион сомониву 98 дирам (ё камтар аз ин).

Ҳо, дар ин росто, агар, ҳақиқатан, НБО «Роғун» барои ин миллат аз чунин интихоботҳо заруртар аст (чун обу ҳаво), магар намешуд, ки чунин «маърака»-и дурўғин дойир карда намешуду маблағи он ба ҳамон сохтмони «тақдирсоз» равона мегардид? Идея!

Идеяи дигар: аслан, ҳамин порлумон-морлумонаш барои ин миллати дар асри 21 бебарқ чи лозим?! Чун як ватанпарасти асил, арз кунам, ки ман дар ин давраи бекориву бепулиям барои «идея»-ҳои наҷибам ҳатто патенту пул талаб намекунам (дар роҳи ризову рушди миллати сарбаланд ройгон мебахшам онҳоро).

Ё шумо, хонандаи азиз, мегўед, ки баргузорсозии интихоботҳо як навъ «бизнес»-и ҳукумат мебошад (ва далел меоред, ки, мисол, дар ҳамин интихоботи ахир ба хазинаи ҳукумати кишвар тақрибан ним миллион сомонӣ ворид шудааст?).

Чиро бояд дар ҳавзаи Сино интихобот аз нав баргузор гардад?

Ман, агар иддаъо бикунам, ки дар аксари қитъа (участка)-ҳои ҳавзаи Сино № 4 (ҳамагӣ 48 адад) 28-уми феврали соли 2010 тақаллубкорӣ ва қонуншиканиҳои густурда рух дод, мисли он хоҳад буд, ки аз нав дучархаро ихтироъ ё Амрикоро кашф карда бошам…

Ростӣ, ман ба ҳамааш омода будам: ба тақаллубкориҳо дар қитъаҳо (баргаҳои аз қабл пуркардашуда, бюллетенҳо ва сандуқҳои сайёри «сеҳрнок», интихоботи «оилавӣ», «ҷонҳои мурда», интихобкунандагони «виртуалӣ», ҳисобҳои дурўғини баргаҳои раъй, арқоми дур аз ҳақиқат дар протоколҳои ҷамъбастӣ, протоколҳои ҳаргиз дар девори қитъа овехтанашаванда...). Вале на ба ин: раисону намояндагони аксари қитъаҳо дупротоколӣ дар даст ба комиссияи ҳавзавӣ меоянду (аввалинаш – дар соъати расо 23-и 28-уми феврал ва охиринаш – соъати 5-у 40 дақиқаи субҳи 1-уми март) онҳоро бо «роҳнамоӣ»-и чанд масъули ин комиссия «дурусту бехато» пур мекунанд (!!!). Ростӣ, ин «ноу-ҳау»-и интихоботи имсола буд: дар қитъаҳои интихоботӣ на, дар ҳузури аъзои кумисиюнҳои қитъавӣ ва нозирони аҳзоб ва номзадҳо на, балки дар дафтари комиссияи ҳавзавӣ (!) протоколҳо бо арқоми заруру лозим пур карда мешаванд (албатта, ҷойҳои даркории ин протоколҳои муҳрдору бо имзои аъзои комиссияҳои қитъавӣ музайян бо қалам пур карда шудаанд ё аслан он ҳам нест).

Мо, ду нафар аъзои ин комиссия, чанд протоколи холӣ ва ё бо қалам пуркардашударо аз пеши ин ашхос гирифта дар пеши нозирони байнулмилалӣ гузоштем. Онҳо аз чунин воқеъийяти тоҷикӣ (тоҷикистонӣ) возеҳан огоҳ шуда, мулойим карда гўем, ангушти ҳайрат мегазиданд ва филфавр дар дафтарҳои худ ҳодисаро ёддошт мекарданд.

Раиси комиссияи ҳавзавӣ А. Ҳабибов ба ишораи ман дар робита бо ин қонуншиканиҳо «бетаҷрибагии занону мардони бечора»-ро, ки «бори нахуст раиси комиссияҳои қитъавии интихоботӣ таъйин шудаанд», «далел» пеш меовард ва дар посух ба ин иддаъоям, ки дар мавриди чунин «бетаҷрибагиҳо» дар қонуни интихобот чизе наомадааст, танҳо бо табассуми малеҳе «ҷавоб» медод.

Масъулони қитъаҳо бо навбат пушти мизи «сеҳрнок» нишаста (аз 10 то 20 дақиқа) баъд аз «ҳалоҷӣ»-и ашхоси махсус дар роёна ва мошинҳисоб арқоми лозимро ба ҳарду протокол ворид мекунанд ва яке аз онҳоро таҳвили кумисиюни ҳавзавӣ намуда, дигарашро бо худ ба хона мебаранд (то фардо субҳ ба дафтари қитъаи интихоботӣ бурда, «ҳиммат» кунанд, ки ба девори он овезанд).

Ана ҳамин хел: равед, ба куҷое ва ба касе арз мекунед, кардан гиред! (?!)

Воқиъан, чанд нозири дохилӣ ва ё хориҷӣ ба виҷдонаш ё муқаддасоташ (масалан, хоҳар, модар, дин, Ҷаноби Олӣ, Его Величество…) қасам мехўрад, ки чанд нусхаи протоколҳои ҷамъбастӣ баъд аз шумориши орои интихобкунандагон фавран ба девори утоқи комиссияи қитъаи интихоботӣ овехта шуд?

Инчунин, мутазаккир мешавам, ки ман ва дигар намояндаи комиссия Рустам Алиев чанд маротиба ба раиси комиссияи ҳавзавӣ Абдулло Ҳабибов муроҷиъат кардем, ки моро бо муҳтавои протоколҳои ба комиссия воридшуда шинос кунад, вале ў ин корро анҷом надод. Гузашта аз ин, вақте соъати 7-у 35 дақиқаи субҳи 1-уми март мо ду нафар аз вай талаб намудем, ки якнусхаӣ протоколи ҷамъбастии интихобот дар ҳавзаи Синоро таҳвиламон кунад, вале…

Инҷо иддаъои раиси ҲСДТ Р. Зойиров ба зеҳнам меояд, ки дар нишасти ахири матбуъотияш ин қонуншиканиҳои фоҳишро танҳо «тақаллуби моҳирона» эълом кард. Вале, ба ақидаи ман, он ҳамаро метавон фақат «қонуншиканӣ» ва «ҷинояти огоҳона» унвон кард.

Як дўстам ин иддаъои манро «ғайрисиёсӣ» ва «ғайридипломатӣ» номид. Шояд. Вале шахсан ман бар инам, ки ҳама ашёъ ва зуҳуротро дуруст аст танҳо бо исми худаш ном бурд.

Инро ҳам ба арзи ҳузуратон бирасонам, ки як дўсти дигари хушбоварам тазмини президентро барои «одилонаву шаффофу қонуниву демократӣ» баргузор шудани интихоботи ахир кофӣ донист. Он дўстам «ривояти шаръӣ» пеш овард, ки 68 сол қабл И. Сталин низ дар мавриди ҳамлаи аҳдшиканонаи Олмони нозӣ то як ҳафта аз родию (он вақт телевизион набуд) суханроние накард. Вале охируламр ғалаба кард. «Президенти мо низ аз ҳамин сабаб хомўширо ихтиёр кардааст…», - ривояташро «мантиқан» ҷамъбаст кард дўсти ман.

Мегўянд, ки ҲХДТ-и Э. Раҳмон ин дафъа ҳам – чун чанд маротибаи қаблӣ – дар «интихобот» пирўз омад. Чун ҳамеша. Вале мардум чӣ? Оё ин пирўзиро метавон пирўзии онҳо ҳам талаққӣ кард? Фикр мекунам, таърих ҳатман посух медиҳад.

Охирсухан

Мутаҳаййирам: ё ман ба аҳаммийяти ин «навоварӣ» сарфаҳм намеравам, ё, воқиъан, ин ҳама қонуншиканиву ҷиноят буда, касе бояд барои ин ҳама аъмол посух диҳад. Дар назди қонун. Дар додгоҳ (суд). Ва, бадеҳист, ки кайфар низ барад.

То дарсе барои дигарон шавад. Дарси қонун. Дарси демократия.

Ва мо бояд ба ин одат кунем. Дер ё зуд.

Ба фикрам, беҳтараш – зудтар.

Ҳофизи бузургвор беҳуда нафармудааст: «Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест…»

Ё касе бар ин аст, ки бояд боз чандин панҷсолаи дигар сабр кард?

Вале, бигўед, ки дақиқан то кай?

То кай?!

P.S. Замоне, ки ин сатрҳоро менавиштам, аз барномаи телевизионии «Баҳористон» овозхони шинохта Зикруллоҳ сурудеро замзама мекард:

«Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.
Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам, ватандорист…»

Воқиъан, ватандорӣ чист? Ватандорӣ аз чи шурўъ мешавад, ҳамватани ман?

***

ИЛОВАҲО

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 6. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст…
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурўҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Моддаи 8. …Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, дин, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Моддаи 49. Интихоби Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад…

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 7. Овоздиҳии пинҳонӣ

…Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ аст.

Моддаи 8-1. Мақом ва ваколатҳои нозирони миллӣ

Нозирони миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд: …

- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида менамояд;

- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;

- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;

- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.

Моддаи 18. Узвият дар комиссияи интихобот

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад…

Моддаи 42. Тартиби овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон

…Ҳар як интихобкунанда худаш овоз медиҳад. Ба ҷои дигарон овоз додан мумкин нест.

… Додани бюллетенҳои иловагӣ ба интихобкунанда манъ аст.

Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонун

Шахсоне, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона истифода бурдан аз ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо роҳи зурӣ, фиреб, таҳдид ё роҳи дигар монеъ мешаванд, инчунин аъзои комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нисбати ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд ва овозҳоро қасдан нодуруст ҳисоб мекунанд, махфияти овоздиҳиро вайрон менамоянд ва ба дигар вайронкунии ин Қонун роҳ медиҳанд, мувофиқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд…

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 856

(Воқиъан, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаи «қитъа» ё ибораи «қитъаи интихоботӣ» ҳатто як маротиба оварда нашудааст (!) – дар ин мавридҳо аслан калимаи «участка» ё ибораи «участкаи интихоботӣ» (!!) оварда шудаасту халос. – М. М.).

No comments: