Friday, March 19, 2010

Green Messengers of Nowruz

Мерӯяд дар баҳор

Баҳори Навоӣ

به دبيرۀ پارسی


Сабза яке аз муҳимтарин намодҳои Наврӯз дар пайванд бо табиъат ва кишоварзист, ки таҳияи он дар Эрон, Осиёи Миёна, Озарбойҷон ва бахшҳое аз Афғонистон бо номҳои гуногун роиҷ аст. Мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, сабзаро “саманӣ” ё “суманак” меноманд ва онро дар маросими ҷашни Наврӯз, ки ба сурати дастаҷамъӣ ва дар хориҷ аз хона баргузор мешавад, бо худ ҳамл мекунанд. Сабза дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба ҳамин ном ва аз аҷзоъи муҳимми суфраи наврӯзӣ ва намоди ҳосил ва кишти хуб аст.

Агарчи зартуштиёни Эрон сабзаро монанди дигар эрониён ба хони наврӯзии худ мегузоранд ва онро ба забони маҳаллии худ (дарӣ) “шеше” меноманд, дар баъзе рустоҳои зартуштинишини Язд мардум дар рӯзи Наврӯз шохаи сабзеро бар сари дари хонаи худ овезон мекунанд, ки нишон аз ҳузури соҳибхона, даъват ба иддиданӣ ва хушомадгӯӣ ба меҳмонон дорад. Ҳамин суннат дар байни эзадиён (язидиҳо)-и Ироқ низ дида мешавад.

Дар бахшҳое аз Афғонистон ва дар миёни мардуми Пешовари Покистон, ки Наврӯзро муфассал ҷашн мегиранд, расм бар ин аст, ки дар нахустин рӯз аз айёми Наврӯз пас аз баргузории маросими таҳвили сол ҳамагон ба беруни шаҳр ва ба сабзазорҳо мераванд ва таи маросиме бо пои бараҳна рӯи сабзаҳо ва чаман роҳ мераванд ва ин корро “сабза лагад кардан” мегӯянд ва онро боъиси истимрор (ба дарозо кашидан)-и шодию некбахтӣ дар соли нав медонанд.

Дар мавриди сабза ба шакли имрӯзии он ривоёти торихии зиёде вуҷуд надорад. Ба назар мерасад, коштани донаҳои ғаллот дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз ва нигаристан ба рӯиши донаҳо аз ойинҳои куҳани эрониён будааст. Кишоварзони он замон рушди донаҳои кошташуда ба сурати сабза дар гардиши соли куҳна ба соли навро мазҳаре аз рушди хуби он дона дар соли нави кишоварзӣ мепиндоштанд.

Бар тибқи таҳқиқоти Алии Булукбошӣ дар китоби “Наврӯз – ҷашни навзоии офариниш”, дар давраи Сосонӣ донаҳои ғаллоту ҳубуботро 25 рӯз пеш аз омадани баҳору Наврӯз мекоштанд. Дар саҳни дарбор 12 сутуни хиштӣ ба нишонаи 12 моҳи сол барпо мешуд ва бар ҳар сутун донаҳои гандум, ҷав, биринҷ, адас (навъе мош), боқилӣ, коҷила (ё коҷира), арзан, зуррат (ҷуворӣ), лӯбиё, нахуд, кунҷид ва мош мекоштанд. Ин ҳубубот барои тафаъул (фолгирӣ) кошта мешуданд ва гумон мекарданд, ки ҳар як аз онҳо, ки борвартар шуд, маҳсулаш дар он сол фаровонтар хоҳад буд. Аз ин рӯ дар фасли кишти он сол аз он дона бештар мекоштанд.

Бо вуҷуди ин, бар асоси таҳқиқоти Ҳошими Разӣ, пажӯҳишгари эронӣ, дар китоби “Ҷашнҳои об”, расми рӯёндан ва сабз кардани донаҳо фаротар аз ин, дар қолиби ҷашнҳои Акиту ва Одунис дар Сумер ва Бобил низ ёфт мешавад, ки дар он гиёҳонеро ҳашт рӯз мерӯёнданд ва тайи ойине ба дарё ё рӯдхона меандохтанд.

Суннати таҳияи сабха ҳанӯз чун гузашта боқӣ мондааст ва ҳар хонавода аз ду-се ҳафта қабл аз Наврӯз гоҳ ба шумори афроди хонавода ҳубуботе ҳамчун гандум ва мошро сабз мекунанд. Бархе низ тухми тартезак ё кунҷидро рӯи кӯзаҳои суфолӣ мерӯёнданд.

Бино бар гуфтаи Алии Булукбошӣ, дар рустоҳои навоҳии марказии Эрон дар тоқчаҳо ва сутунҳои хонаҳо ғалла мекоранд. Мардуми минтақаи Хӯри устони Исфаҳон низ бино бар суннати ниёкони худ дар ҳафт тоқчаи ҳаёти хона ҷав мекоранд ва онро “боғӯ” меноманд. Ҳамчунин дар рустои Ҳасан-Лингӣ дар Бандар Аббос мардум ҳастаи хурмо дар боғчаи хонаҳояшон мекоранд ва бар рӯи кӯзаи қалён сабза сабз мекунанд.

Имрӯз таҳияи сабза байни эрониён ва дигар ақвом бо тахайюл ва зеҳнияти ҳунарӣ омехта ва ба василае барои озин (ороиш)-и баҳорӣ ва наврӯзӣ табдил шудааст. Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Нико Тобиш бархе аз идеҳои муртабит бо рӯёндани сабза ва фурмҳои тазйинии онро дар канори синӣ (лаълӣ) ва қоб (зарф) нишон медиҳад.

Қитъаи мусиқии бакоррафта дар ин гузориши тасвирӣ сохтаи Лайло Ҳакими Илоҳӣ аз лавҳи фишурдаи “Ин гӯша то ун гӯша” аст.

No comments: