Friday, September 06, 2019

Уртоқо! Шиносномаи тоҷик “Шоҳнома” аст, на “Қутадғу билиг”!

Ёддоште дар вокуниш ба булъаҷабномаи Низоми Қосим бо номи ғулғулаафкани “ИН ХАЛҚ ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИК», ИН ЗАБОН ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИКӣ» НОМ ДОШТ!”

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ. - Фирдавсӣ

“Аз бозе ки вақоиъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳею амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон ривоҷро ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки дар ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост.”
(Сарсухани “Намунаи адабиёти тоҷик”, Садриддини Ъайнӣ)

Ҳар касе дар сарбарги нивиштаи худ гуфтоварде аз касеро мегузорад, ки аввалан, ба ӯ иродат дорад ва сониян, гӯяндаи он калом устоди мавзӯъи мавриди назар аст. Ман фармудаҳои ашу Фирдавсӣ ва устод Ъайниро ба ҳамин ду ҷиҳат овардам. Нахуст ин ки ҳардуро аз беҳин фарзандони миллати тоҷик, яъне эронӣ медонам. Дигар ин ки фармудаҳои онҳо мустақиман марбут ба баҳси мавриди назар аст; баҳсе, ки Низом Қосим бо нивиштани иддиъономае шигарф дубора бо шӯру шарри бештар матраҳ кардааст.

Аммо мебинем, ки Низом Қосим дар сароғоз ё сарбарги матлабаш як сухани куллӣ аз раисҷумҳурии кунунии Тоҷикистонро қарор додааст, ки наметавонад чизе ҷуз як хушхидматии ҳақиронаи дигар ба оқои Раҳмон бошад. Шояд бо гӯшаи чашме ба мақоме дигар, ки болотар аз раёсати кудом шабакаи телевизюнии гумном ва боз ҳам болотар аз мақоми раёсати Иттиҳодияи нивисандагоне бошад, ки лозимаи ъузвият дар он хушхидматӣ барои давлату ҳукумат аст, на мардуму миллат. Вагарна далеле надошт, ки дар бораи мавзӯъи забон (!) аз касе нақли қавл кунад, ки дар ин замина сарриштае надорад. Ва ҳатто дар поён ҳам бо таъзиму курниш ба пешвояш суханашро ба итмом бирасонад.

Агар ҳадафи ман ҳам хушхидматӣ ба давлату дарбор буд, метавонистам ин пора аз китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро аз қавли Эмомъалии Раҳмон нақл кунам, ки хилофи бовари кунунии Низом Қосим аст:

“Албатта, «форсӣ» ё «форсии дарӣ» номидани забони ҳозираи тоҷикӣ на хилофи ҳақиқати таърихист ва на халале ба истиқлолияти кишвари мо мерасонад. Дар ҷаҳони имрӯза мо чандин кишвареро, монанди мамлакатҳои араб мешиносем, ки бо вуҷуди истиқлолияти ому том номи забонашон муштарак аст. Ҳанӯз С.Айнӣ навишта буд, ки тоҷикон «халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон мебошанд», ки баъд аз ислом ба онҳо «номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шуд.” (Эмомалӣ Раҳмон, Забони миллат – ҳастии миллат)

Аммо ба пиндори ман, ду гуфтоварди боло аз Фирдавсиву Ъайнӣ барои ин баҳс муносибтар аст. Тоҷики нахуст (Фирдавсӣ) мегӯяд, ки забонаш порсӣ асту худаш ъаҷамӣ (эронӣ)-ст. Ва тоҷики дувум (Садриддини Ъайнӣ) бо вуҷуди фишору ситами Шӯравӣ мегӯяд, ки забони Сомониён форсӣ буда ва забони тамоми силсилаҳои турку муғулу узбаки пасомади онон ҳам форсӣ будааст. Ҳаводорони порсӣ дар Тоҷикистон имрӯз ҳам дар мавриди ҳувийяти худу миллаташон дақиқан ҳамин дидгоҳҳои Фирдавсию Ъайниро доранд. Аммо Низом Қосим, ки бар курсии устод Ъайнӣ нишастаасту шояд дар хиёлоти худ ҳатто худро ҳампои устод ҳам бидонад, назаре дигар дорад.

Намехостам ин нивишта ҷанбаи шахсӣ дошта бошад, аммо гӯшаву кинояҳои Низом Қосим дар матлаби казоиаш ъалайҳи порсигӯёну порсидӯстони Тоҷикистон водорам кард, ки таҳу тӯи қазияро дарнавардам ва мавзӯъро равшантар кунам.

Дар мавриди эътиқодоти сиёсиаш ҳамин кофист, ки бигӯям солҳо пеш дар навҷавониам Низом Қосим дар кошонаи устоди шодравонам Имомназари Холназар паҳлӯ ба паҳлӯи ман ҳафтаномаи “Адолат”-ро мунташир мекард. “Адолат” ношири афкори Ҳизби Демукроти Шодмони Юсуфӣ буд. Пешвои Низом Қосим он замон касе дигар буд ва ъалайҳи неруҳои пешвои имрӯзаш матлаб менивишт. Матолиби он замонаш самимонатар ва бархоста аз ҷон буданд. Албатта, шояд он замон ҳам ба ин фикр буд, ки мисли чанд кишвари Шӯравии пешин инҷо, дар Тоҷикистон ҳам неруҳои мардумию миллӣ пирӯз хоҳанд шуд ва саранҷом сиккааш тило хоҳад буд. Бо шинохте, ки имрӯз аз ин дӯсти қадимиам (касе, ки қадимҳо дӯсту ҳамкорам буда) дорам, фикр мекунам, ки ба машоми тези сиёсиаш бӯи марги Ҳизби Кумунист хурда буд ва фикр карда буд, ки ҳизби ишғолгарони Тоҷикистон мурданист. Мурданӣ ҳам буд. Аммо муҳосибаи ӯ ва садҳо милюн тани дигар дар ҷаҳон ғалат аз об даромад ва кумунистҳо бо тағйири пӯшиш дар Тоҷикистон мондагор шуданд ва қудратро бо ташнагии ваҳшиёнаи беш аз пеш дар дасти худ қабза карданд. Ва он дӯсти қадимии ман ҳам таслими воқеъияте тоза шуд. Муддате аз ин дар ба он дар шуд. Саранҷом ба чашми ҳукком нишаст ва ба паймудани пиллакон (зинапоя)-е, ки зоҳиран аз ҳамон аввал дар хобу хиёлаш медид, пардохт.

Ба чашму дили мақомҳо нишаст, чун хушмашрабу хушгуфтору чарбзабону базлагӯ буд. Хуб механдонду хуб механдид. Дар фанни иғроқу муболиға устоди ҳамаи мо буд. Аз ҳамин ъунвоне, ки барои мағлата (яъне мақола)-аш гузоштааст (ИН ХАЛҚ ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИК», ИН ЗАБОН ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИКӣ» НОМ ДОШТ!), метавон дарёфт, ки камтар касе дар саноеъи иғроқу ғулувву муболиғаву бузургнамоӣ бар ӯ дасти болое дорад. Ин шояд танҳо баҳраи ӯ аз саноеъи адабӣ бошад, чун дар фанни шеър, ки зоҳиран кори аслиаш буд, ҳаргиз хуш надурахшид. На он замону на акнун. Шоъир нест. Бештар муқаллиди Бозори Собир буду ҳаст. Ва нуктаи мусбати шахсияташ ин буд, ки ба устодаш вафодор монд. Шояд Бозори Собир танҳо касе бошад, ки Низом Қосим ба ӯ вафодор монд. Ва шояд он ҳам ба далели нармии дили давлатдорон дар қиболи Бозори Собир бошад, ки шоъири овора мавриди меҳру муҳаббаташон воқеъ шуду шогириди ӯ ҳам ёрои ибрози вафодорӣ ёфт.

Инҳоро содиқона гуфтам, то дарёбед, вақте ки Низом Қосим мухолифони назарияи зиддимиллии худашро “зархаридони пӯсидареша” меномад, бо чи пешдоварию пешфарзияҳое сарукор дорад. Масали “Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад” бояд то кунун барои бисёре ошно шуда бошад.

Ҳоло асли матлаб.
 

Ончи дар матлаби Низом Қосим иттифоқ уфтода, кашфи Омрикост. Аммо, шӯрбахтона, барои садумин бор. Гӯё чизе ба гӯшу ҳушаш расидааст, ки барояш сахт тозагӣ доштааст (ҳарчанд ба солҳои 1984-85 ишора мекунад). Вагарна чигуна мешавад дар соли 2019 дар бораи “Қутадғу билиг”-и Юсуфи Балосоғунӣ тавре бинивисӣ, ки гӯё он китоб дирӯз мунташир шудаву ин ҳам як хабари доғи фаврист? Суҳбат дар бораи яке аз нахустин китобҳо ба забони туркист, ки дар садаи 11 мелодӣ мунташир шуда ва аз он замон то кунун дар дасти милюнҳо инсон буда ва ба даҳҳо забон тарҷума шуда ва борҳо ба он истинод шуда... Аммо Маликушшуъарои дарбори Тоҷикистон, чун онро тоза кашф кардааст, бояд дар борааш чунон доди сухан бидиҳад, ки дониши ӯ дар бораи забону забоншиносиро бакуллӣ зери суол мебарад.

Рафтори Низом Қосим дар ин кашфи тозааш мисли рафтори мани 13-14-сола буд; бо ду рӯйкарди батамом мутафовит. Замоне ки ёдкарде аз Юсуфи Балосоғунию китоби ӯро дар осори Бортулди ъазиз хондам, дар ҳамон синну сол будам. Ва ёдам ҳаст, ки дуруст ба монанди Низом Қосим ҳаяҷонзада шуда будам. Аммо ончи дар он синну соли навҷавонӣ боъиси ҳаяҷони ман шуда буд, ишораи Балосоғунӣ ба тоҷикон ба ъунвони эрониён буд. Яъне турке аз садаи 11 мелодӣ омада буд, то ба мани тоҷик дар садаи 20 бигӯяд, ки «дар замони мо ба ҳамаи эрониён «тоҷик» мегуфтанд». Ин сухани Балосоғунӣ ҳисси қалбии ниҳодинаи ман дар мавриди эронӣ будани «тоҷик»-ро собит мекард.

Аммо ҳамон далел, ки бавузӯҳ эронӣ будани тоҷикон ва «тоҷикӣ» будани забони порсӣ дар миёни туркҳои он давронро собит мекунад, барои касе чун Низоми Қосим далеле шудааст барои исботи эронӣ набудани тоҷикҳо ва порсӣ набудани «тоҷикӣ». Чигуна мешавад як чизро ду ҷӯр хонд? Мешавад. Ба қавли Мавлавӣ, ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман.

Низоми Қосим ва ҳамдастонаш бо заррабину рамлу устурлоб дунболи асноде мегарданд, то тофтаи ҷудобофта будани тоҷикон ва эронӣ набудани онҳо ва порсӣ набудани забонашонро собит кунанд. Коре ҳам намешавад кард; як чунин дастури зиддимиллӣ гирифтаанд ва дасти худашон ҳам нест лобуд. Барои расидан ба ин ҳадафи зиддитоҷику порсиситезона онҳо дастбадомони хурду бузурги даргузашта ва муҳтоҷи як дона ҳарфи муртабит аз диёри бостонанд. Ва ҳатто агар касе аз диёре дигар ва ба забоне дигар номи забони моро «тоҷикӣ» хонда бошад, ҷонбаркаф ба суроғашон мераванду онро дастак мекунанд, ки «ана бинед! Туркҳо ба мо «тоҷик»-у ба забонамон «тоҷикӣ» гуфтаанд! Пас онҳое, ки мегӯянд, забони мо порсӣ аст, ғалат кардаанд!»

Ба он монад, ки солҳо баъд олмониҳо ҳам манкурт шаванду ҳокимонаш мардуми он кишварро «немец» ва забонашонро «немецкий» бихонанд. Фарёди мардум ба фалак мепечад, ки “Ё айуҳаннос, номи забону миллати мо аз қадимулайём Deutsch будааст! Масалан, Гутенбергу Лутеру Боху Гутеву Музору Бисморку Бензу садҳо бузурги дигар забони моро Deutsch номидаанд!” Ва он дастургирифтагон нивиштае аз Путин ба забони русӣ пайдо кунанду ҷор бизананд, ки “Эй бехабарон! Ана, бибинед! Влодимир Путин аз забони мо бо номи “немецкий” ёд кардааст! Шумо, аблаҳон, чиро онро то кунун Deutsch меномед?!”

Моҷарои Низоми Қосим ҳам ъайнан як чунин ҳолате дорад ва мӯбамӯ шабеҳи он вазъияти ғайри қобили тасаввури фарзии олмониҳост. Турке аз пушти ҳазор сол пеш (на “ҳазорон”, ки Низом мегӯяд) ба мо санад медиҳад, ки ба эрониён “тоҷик” ва ба забонашон “тоҷикӣ” мегуфтаанд. Низоми Қосим ҳамон ёфтаашро авлотар аз ҳазорон китобу гуфтори порсизабонон мекунад ва сартоҷи ҳувийяти тоҷикон ва мегӯяд: “Чун он турки бузург дар садаи 11 забони моро “тоҷикӣ” номидааст, мутмаин бошед, ки Фирдавсӣ иштибоҳ кардааст!” Бовар намекунед?
 

Дар сафҳаи фейсбукии Рустами Ваҳҳобзода Низоми Қосим дар посух ба пурсиши барҳаққи корбаре, ки “агар номи забони мо “тоҷикӣ” будааст, барои чи Фирдавсӣ “Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ” мегӯяд, на “бад-ин тоҷикӣ?”, чунин посух додааст:

Низом Қосим: “Аввалан, як номи хамин забон, дуюм, шоир аз бостони ин забон ва на форси, балки бархак порси мегуяд ва, сониян, ба такозои вазну кофия ва дигар назокатхои сухани мавзун.”

Агар манзури Ъунсурии дарборро дуруст дарёфта бошам, мегӯяд: “порсӣ” яке аз номҳои фаръӣ (ғайриасосӣ)-и забони “тоҷикӣ” аст. Яъне ба бовари ӯ, “тоҷикӣ” ба маънои забони порсӣ дар ъаҳди Фирдавсӣ дар забони порсӣ ҳам роиҷ будааст, аммо Фирдавсӣ аз номи ғайриасосӣ ё фаръии “порсӣ” баҳра бурдааст. Мегӯяд, ишораи шоъир ба порсии бостон буда, аз ин рӯ “порсӣ” гуфтааст, на “форсӣ”. Ва саранҷом, ба бовари ин шоъир, ки тасаввур мерафт, бояд пайрави Фирдавсӣ бошад, Фирдавсӣ маҷбур будааст ба тақозои вазну қофия “ва назокатҳои сухани мавзун” вожаи ғайризарурӣ ва нодақиқи “порсӣ”-ро ба кор бибарад ва агар “назокатҳои сухани мавзун” тақозо намекард, Фирдавсӣ ба ҷои “порсӣ” ҳатман “тоҷикӣ” мегуфт... Ғофил аз ин ки Рустами Ваҳҳобзода, яке дигар аз кунишгарони пайкор ъалайҳи порсӣ, бепарво аз вазну назокатҳои сухани мавзун фармудааст: “Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист”...
 

Аммо аҳаде нест аз ин шоъири дарбор бипурсад, ки марди Худо, як маврид “назокатҳои сухани мавзун” монеъ шуд, ду маврид..., вале дар миёни 60 ҳазор байти Шоҳнома як дона корбурди “тоҷикӣ” нест ки! Ё ҳама ҷо вазну қофия монеъ шуда ё Фирдавсӣ куллан ҳунари корбурди дурусти назокатҳоро надоштааст, ки номи аслии забони модариашро натавонистааст ҷое бигунҷонад?

Фирдавсӣ бешумор мавориде дорад, ки номи забонро “порсӣ” мехонад, аммо ҳаргиз “тоҷикӣ” забони ӯ набудааст. Чун дар даврони ӯ ҳатто вожаи “тоҷик” ба маънои эронӣ ҳанӯз миёни порсизабонон ҷо науфтода буд. Масалан, оё дар ин ду байти зер ҳам Фирдавсӣ иштибоҳ кардаасту Низоми Қосим мучашро гирифтааст?

Нибиштан яке на, ки наздики сӣ,
Чи румӣ, чи тозию чи порсӣ,
Чи суғдӣ, чи чинию чи паҳлавӣ,
 
Зи ҳар гунае к-он ҳаме бишнавӣ.

Охир, чигуна аст, ки ин тоифа, дарсхондааш ҳам, аз суханони берабти худаш хиҷолат намекашад ва ҳатто ҳозир аст гиребони Фирдавсиро бигирад, аммо ба ҳамоқати худаш тан надиҳад?

Ростӣ, чиро ба Русия пешниҳод надиҳед, ки номи кишварашро “ОХУ-ын” бигзорад? Чун ба забони муғулӣ ба Русия чунин мегӯянд ва мутмаин бошед, ки “ОХУ-ын” куҳантар аз “Россия” аст. Чиро ин пешниҳодро надиҳед? 

Хиҷолат мекашед, ки мумкин аст Шуморо девона
 фарз кунанд? Пас бо кудом ъақл аз номи як турки садаи 11 мелодӣ барои мо, тоҷикон, номи забон таъйин мекунед? Ъақлатон ҷояшба ҳай-мӣ Шумоя ҳамин тобанда?!

Чанд эроди хурду рез ҳам дорам. Аз як шоъири тоҷик дастикам интизоре, ки мерафт, ин буд, ки намунаҳои манзумро дар мақолааш ба порсӣ биоварад, на ба се забони бегона. Кори “Садои Шарқ” ба ҷое кашидааст, ки байтҳоро бетарҷума ба забонҳои русию туркии куҳану чуғатоӣ меоварад ва аз матни порсӣ, ки забони ин маҷалла аст, хабаре нест. Ин ҳам гӯёи мизони эҳтиромест, ки ин шоъиру маҷаллаи хидматгузораш барои забони тоҷикон қоиланд.

Ё зикри номи бегонаи “Благодатное знание” дар саросари нивишта тавҳиномез ба назар мерасад. Дар ҳоле ки ин ъиборати русӣ на ъунвони аслии китоб (“Қутадғу билиг”) асту на тарҷумаи порсии он. Фақат як ҷо тарҷумаи номи китобро ба шакли “Маърифати саодатофар” овардааст, ки он ҳам ғалат аст. “Билиг” ба забони туркии куҳан, яъне “дониш”. “Қутадғу” ҳам ҳумоюн, фархунда, муборак ва муқаддас аст. Пас номи китобе, ки ин ҳама нивисандаи он мақоларо ҳаяҷонзада карда, “Дониши ҳумоюн” ё “Дониши муқаддас” аст. Зимни ин ки “саъодатофар” аз диди дастурӣ батамом ғалат аст ва шакли дурусти он “саъодатофарин” мешавад. Чун феъли амрии “офар” вуҷуд надорад ва “офарин” дуруст аст. Ба ҳамин далел, “творение” ба забони порсӣ “офариниш” тарҷума мешавад, на “офариш”. Чун исми феъл таркибест аз шакли амрии масдар ва пасванди -иш. Рез – резиш, хез – хезиш, парокан – пароканиш, бин – биниш, офарин – офариниш...

Ва як чунин қоъидаи содаи дастуриро раиси Иттиҳодияи нивисандагони Тоҷикистон ва сардабири “Садои Шарқ” намедонанд. Чиро? Чун саргарми пайкори сиёсӣ ъалайҳи забони Рӯдакию Фирдавсию Ъайнӣ ва табдили он аз “порсӣ” ба “тоҷикӣ” ҳастанд. Як пайкори сиёсии беҳуда ва ҷонфарсо, ки натиҷааш ҳамин дурӣ аз дастуру ҳикмати мастур дар забони порсист...

То гуфтам “Ъайнӣ”, ба ёди ин пажӯҳиши хурд, аммо бисёр дардхури Субҳони Аъзамзод уфтодам, ки нивишта буд:

"Як таҳқиқи шояд ночиз, аммо хеле муҳим:
 

Истилоҳи «форсӣ» дар китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"-и домулло Айнӣ барои ифодаи аслу ҳақиқати забон ва адабиёти тоҷикии қаламрави Осиёи Миёна дар бештар аз 60 маврид истифода шудааст: «забони форсӣ», «осори адабияи форс», «адабиёти форсӣ», «шеъри форсӣ», «ашъори форсӣ», «шоири форсизабон», «шуарои форсӣ», «шуарои форс ва тоҷик», «шоири машҳури форсиён», «девони форсӣ», «насри форсӣ», «назму насри форсӣ», «рисола(ҳо)и форсӣ», «мактаби қироати форсӣ», «адабиёти синфии форсӣ», «мақолоти форсӣ», «асари форсӣ» ва…

Аммо истилоҳи «тоҷикӣ» барои ифодаи забон ва адабиёти минтақаи Осиёи Миёна – «забони тоҷикӣ», «забон ва адабиёти тоҷик», «адабиёти тоҷик», «адабиёти нави тоҷик», «матбуоти тоҷикӣ» танҳо дар 14 маврид корбандӣ шудааст.
 

Акнун ба хулоса оед, ки Устоди Бузургвор асли форсияти забон ва адабиёти миллати тоҷики моро хеле хуб дарк мекарда ва медонистаанд ва ин ҳам борҳо исбот шудааст, ки "Намунаи адабиёти тоҷик" ном гирифтани китоб ба хотири посух ба туркигароён будаасту халос..."

Ҳақиқатёбию ҳақиқатнигориро аз Субҳони Аъзамзод биомӯзем.

Устод Ъайнӣ дар буҳбӯҳаи ситами Шӯравӣ поймардона аз ҳувийяти порсии тоҷикон дифоъ кард. Шумо дар авҷи истиқлоли кишварамон чунин ситаме бар ҳувийяту забонамон вомедоред? Ё Шумо ҳам бар ин боваред, ки ҳанӯз ба истиқлол нарасидаем ва ҳамчунон дар ҳоли иҷрои интизороту таваққуъоти Оқпошшо ҳастед? Ё ончи тасаввур мекунед интизороти ӯст...

Кӯтоҳсухан, Низоми Қосим ончи ёфтааст, сухани тозае нест ва риштае бас дароз дорад. Иттифоқан, ба санаде даст ёфтааст, ки эронӣ будани тоҷикон ва порсӣ будани забони онҳоро собит мекунад. Чун ин дар миёни туркҳо буд, ки барои нахустин бор эрониён тозику тоҷик ном гирифтанд ва рафта-рафта дар садаи 11 мелодӣ ин ном дар миёни худи эрониён (тоҷикон) ривоҷ ёфт, ба гунае, ки имрӯз номи расмии бахше аз онҳост. Аммо дар Эрон туркизабонҳое ҳастанд, ки ҳамчунон ба эрониён (эронизабонҳо) “тоҷик” мегӯянд. Ба ҳамин далел ҳам дар осори бузургон вожаи “тоҷик” ба маънои “эронӣ” дар баробари туркон меомад: турку тоҷик. 

Дуруст ба монанди ъарабҳо, ки моро “ъаҷам”-у «ъаҷамӣ» мехонданд ва мо ҳам дар мутуне аз ин вожаҳо баҳра бурдаем, аммо сирфан дар муқобили ъараб ё бо ишора ба муқобила бо аъроб. Ба монанди ҳамон мисроъи нахусте, ки аз ҳазрати Фирдавсӣ дар оғози ин ҷустор овардаам. Нидои Фирдавсӣ барои зинда кардани Ъаҷам барои муқобила бо фарҳангкушии ъараб дар Эронзамин буд.

Аммо ҳаргиз номи забон дар гуфтору нивиштори порсӣ "тоҷикӣ" нашуд, то замоне ки соли 1928 ишғолгарони сурх расман номи забони моро "тоҷикӣ" карданд; бо такя бар ҳамин иддиъоҳои понтуркистмаобонае чун иддиъои Низоми Қосим, ки "Қутадғу билиг"-и туркиро шиносномаи тоҷикон кардааст.
 

Ба ҳамин далел ҳам, вақте ки Н. Гребневи рус дар соли 1963 ва В. Раҳмонуфу Ъ. Пардаефи узбакистонӣ дар соли 1971 “тожик”-и Балосоғуниро “форс” тарҷума мекунанд, бероҳа нарафтаанд. Чун онҳо дар ҳоли тарҷумаи як матн аз як забон ба забоне дигар будаанд ва “тожик”-и туркии куҳан ба забонҳои русӣ ва узбакӣ ҳамон “форс” тарҷума мешавад. Ва ҳамин тавр дар мавриди забон. Масалан, як арманӣ, вақте ки ҳамин матни маро ба забони худаш тарҷума кунад, вожаи “арманӣ”-ро ба шакли порсиаш ба кор намебарад, балки онро ба забони худаш тарҷума мекунаду hayk менивисад. Оё бояд ҳаминро ҳам ба Шумо тавзеҳ дод, ки номи қавму забонҳо тарҷумапазир аст?

Агар фурсати бештар даст диҳад, ба нукоти дигар ҳам хоҳам пардохт. Аммо феълан бо зикри ин хабари фархунда иктифо мекунам, ки дуруст пас аз интишори мақолаи тавҳиномезу порсиситезона ва зиддимиллии Низоми Қосим тоҷикони Қазоқистон бо интишори мусаввабае эълом карданд, ки номи расмии забонашон “форсӣ” аст ва аз ниҳодҳои марбута хостанд, ки ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд ва ин муждаро ба сафоратхонаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамзабон ҳам фиристоданд. 

Шояд бад набошад боз ҳам мағлатаномае бинивисанд, то чанд ҷомеъаи дигари тоҷикон ҳам ба оғӯши порсӣ баргарданд ва саранҷом мавҷи худшиносӣ ба Душанбе ҳам бирасад ва забони Рӯдакиро бар маснади сазовораш бинишонад...
 

То бод, чунин бодо! 

15 шаҳривари 1398
(06.09.19)

Thursday, August 22, 2019

Мазҳакаи "Саади Махди"

Саранҷом, ҳамон гуна ки пештар ҳушдор дода будам, "мелкий пакет"-и Саади Махди таркид ва бо ҳоли низору ошуфта дари сафҳаи бемояи фейсбукиашро ба рӯям баст. 
Ҳаргиз гузарам ба сафҳааш намеуфтод, аммо оқои Зукерберг ё дар воқеъ, офаридааш Фейсбук ба ман хабар дод, ки мардаке Саади Махди ном ъакси маро рӯи сафҳааш гузоштааст. Ман ҳам бо кунҷковии тавъам бо шигифтӣ рафтаму дидам, ки ҳамин тавр аст ва он мардак як мушт баду бероҳу туҳмат нисори ман карда. 
Агар Саади Махди раиси донишкадаи рӯзноманигорӣ набуд, маҳал намегузоштам. Аммо ин мардаки бемоя ва порсиситезу зиддитоҷик ҳамарӯза заҳҳоквор мағзи даҳҳо ҷавони миллатро мехурад, заҳрогин мекунад. Аз ин рӯ бояд чеҳраи кареҳи зиддимиллӣ, музофотӣ ва истеъморзадааш ба намоиш гузошта шавад, то ҷавонон ба доми таблиғоти кремлинии он кавдан науфтанд.
Саади посухҳои ман ба ҳамаи иддиъоҳо ва туҳматҳояшро сутурд. Ва ман дубора гузоштам. Боз ҳам ҳазф кард. Дигарбора нивиштам. Ба гунае, ки зад ба сими охар, яъне девонатар аз ҳолати маъмулиаш шуд ва дари ғайбаткадаашро ба рӯи ман баст. Ҳоло ман мондаам, ки кудом як аз маталакҳои ман ӯро девонатар карда. Худ доварӣ кунед:
"Саади Махди, ту девонавор дар ҳоли баҳс кардан бо худат ҳастӣ:))) Чун ҳамаи посухҳоямро ҳазф кардаӣ, сонсурчии бесаводи равонпареш!:)
***
(дар бораи мосту ширу "мелкий пакет":
Saadi Mahdi, бо вуҷуди таҳрире, ки кардӣ, ҳамчунон назарат ба монанди мағзат туршида аст. Мост - номи қадимии шир ва номи шири турш?! Чи музахраф мегӯӣ, Саади? Бо ин савод кӣ туро ба донишгоҳ роҳ додааст? Беҳтар аст ҳар чи зудтар домани таратро аз баҳси забон барчинӣ, вагарна "мелкий пакет"-ат мекафад!:))))
***
Saadi Mahdi , хоин касест, ки забони модариашро ба дастури ишғолгари бегона тикка-пора мекунад. Ва ин корест, ки ту кардаӣ ва хиёнатат дар баробари чашми мардум ва додгоҳи торих ҳувайдост...
***
Саади пайрави дуоташаи порсиситезоне чун Фитрату Шуҳрат Султонуф аст ва бисёр мехоҳад, ки дар торих номаш канори онҳо биёяд. Чун дигар ҳеч бизоъате ҷуз хиёнат дар бисоташ надорад. Ба гумонам, муваффақ хоҳад шуд ва номаш канори хоинони дигар дар торих хоҳад монд. Албатта, ин яке бисёр камсаводтар аз онҳост.
***
Саади Махди, ту рӯсиёҳона хуб медонӣ, ки тамоми иддиъоҳоят дурӯғ аст. Аммо ҳамчунон дурӯғпароканӣ мекунӣ, то ба заъми худат ба Раҳмон хушхидматӣ кунӣ? Ё ба Кремлин дум биҷунбонӣ? Агар фардо Раҳмон якбора ҳисси миллӣ пайдо карду номи забонамонро "порсӣ" номид, чи хоке бар сарат хоҳӣ кард? Албатта, чоплусоне чун ту шарму ҳаё надоранд ва фардо худро ҷилавтар аз Лоиқу Тоҳиру Шакурӣ дар ин ҷунбиши худшиносӣ ҳам хоҳанд донист. Аммо ту оё баростӣ фикр кардӣ, ки мардум мисли ту кавдананд ва ҳақиқати ҳолро дарнамеёбанд? Оё касе мағзи хар хурдааст, ки чандпора кардани забони тавонманди порсӣ бо ғарази сиёсии бегонагонро хиёнат надонад? Ту ба ин мавзӯъ ҳеч фикр кардаӣ? Ва магар курӣ, ки намебинӣ, тамоми одамоне, ки сарашон ба танашон меарзад ва андак саводе доранд, ин кори туро хиёнат медонанд?! Чашмонат бад-ин андоза баста аст?
***
Саади Махди, туро бо ин бесаводиат кӣ бар курсии раёсати донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишонд? Бар ъивази чи хушхидматиҳоят? Дар изои чанд пул? Ба хотири кудом маҳал? Сад дарсад равшану мубарҳан аст, ки чунин бесаводе метавонист фақат руфтгар ё обдорчии он даргоҳ бошад. Заҳҳоквор то ҳол сари чанд ҷавонро хурдаӣ? Рӯзона чанд ришва мегирӣ? Оё касе рафтааст, бибинад, ин мардак онҷо чи ғалат мекунад ва чигуна "устод" шудааст? Номаш дар "Диссернет" набуд?
***
Дар ҳамин туҳматномаи кавданонаи Саади Махди ҳам мешавад барои ҳазорумин бор шоҳиди бесаводии ин устоди Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ин "устод" ду дарди худашро бадурустӣ ташхис надодааст ва фикр карда, ки савдозадагӣ ("меланхолия") ва равонгусехтагӣ ("шизофрения") ҳарду як чиз аст. Яъне равонпарешии ин бечора ба ҷое расида, ки ин ду истилоҳро яке медонад ва ҳатто молихулиё (номи беморӣ)-ро аз молихулиёӣ (фарди бемор) тафкик намекунад. 
Саади, донишат, ки ҳамин будааст, ту ғалат мекунӣ, ба баҳсҳои марбут ба забон мепардозӣ? Бирав, ҳамон гирдуеро, ки аз пули ришваи фулон донишҷӯи бечора харидаӣ, бихуру бигард!
***
(Ҳар чи менивиштам, доси сонсури Саади Махди дарав мекард. Дар поён ҳамаро батакрор гузоштаму ин якеро ҳам афзудаму рафтам. Зоҳиран қатраи охир ҳамин буд)
Ҳоло биё, ҳамаашро аз як сар бичину бизан тӯ даҳанет:))) Аҳмақи сонсурчӣ.
(Парда)

Марги Шӯравӣ - сӯги тоҷик

28 сол пеш соъати марги Иттиҳоди Шӯравӣ бо шитобе бештар ба шумориш уфтод.
28 сол пеш кудетои давлатии мавсум ба “ГКЧП” шикаст хурд ва саркардагони он дарбанди зиндон шуданд ё худкушӣ карданд. Ба мағоки тираи торих нишастанд.
21-уми ут (август) -и 1991 поёни кудетое буд, ки поёни Иттиҳоди Шӯравиро рақам зад. Торихи 74-солаи Шӯравӣ дар ниҳояти хорию зорӣ ба сар расид ва тоҷикон ҳам аз йуғи Шӯравӣ раҳо шуданд. 
Тасаввури солим ин аст, ки ҳамаи тоҷикон бояд ин рӯзро ҷашн бигиранд. Яъне агар тоҷикон толибу ташнаи истиқлол буданд, бояд сарнагунии неруи ғосибро ҷашн мегирифтанд. Бояд шод мебуданд, ки саранҷом он дасти ситами бегона аз сарашон дур шуд. Ё дастикам, қарор буд дур бишавад. 
Аммо ғамангез аст, ки ҳеч тоҷики шодмонро дар ин рӯз дар фазои маҷозӣ надидам. Шояд ин торих ҳам ба мағоки торих рафтааст (бо вуҷуди ин ки ҳамин дирӯз, яъне 28 сол пеш буд) ё шояд ҳам барои бисёре фурӯпошии импротурии Сурх рӯйдоди шуме буд.
Алаззоҳир, дидгоҳи дувум дурусттар аст. Бар пояи воқеъиятҳои имрӯзи Тоҷикистон ва фазои ғолиб мешавад чунин бардоште дошт, ки фурӯпошии Шӯравӣ барои бисёре аз тоҷикон хабари шуме будааст. Бисёре аз тоҷикон дӯст доштанд зери йуғи Шӯравӣ бимонанд ва “докторская колбаса” дар канори “сырок” бо як тикка “бухонка” ва як ҷуръа “самогон” нӯши ҷон кунанд. Лобуд.
Ин вазъият маро ба ёди сериёли “Бозии тоҷу тахт” (Game of Thrones; “Игра престолов”) меандозад. Онҷое, ки Теун Грейҷуй (Theon Greyjoy), бозмондаи хонадони ашрофии Грейҷуй, ба асорати Рамзӣ (Ramsay), ҳаромзодаи хонадони ашрофии Бултун (Bolton) меуфтад. Чунон шиканҷа мешавад, ки ҳувийяташро аз даст медиҳад. Ахта ва табдил ба навкари Рамзӣ мешавад. Ба гунае, ки душмани пешини Рамзӣ “бале, қурбон!”-гӯи ӯ мешавад, ҷоми шаробашро пурмай мекунад, ғизои субҳу шомашро меоварад ва ҳатто рози хоҳархондаашро ба ӯ бозгӯ мекунад. Маҳалли будубошаш гӯшае аз сагхона аст. Хоҳари диловари Теун меояд, ки бародарашро озод кунад. Ва ҳатто муваффақ мешавад бародарашро аз сагхона берун бикашад. Аммо ин ҳамоно Теун аст, ки хоҳарашро бо мушту лагад аз худ дур мекунад ва дубора ба гӯшаи асорати худ, дар сагхона, мехазад...
Ин тасвири такондиҳанда ёдовари мардумонест, ки аз озодӣ безоранд. Шояд ба ин далел, ки озодиро таҷруба накардаанд (ба монанди бардаҳое, ки ъалайҳи Дейнерис Торгориен (Daenerys Targaryen) ба далели лағви бардадорӣ шӯриш карда буданд), ё шояд ҳам ба далели ин ки балад нестанд ғайр аз бардагӣ кори дигаре бикунанд. Ба хурду хурок ниёз доранд, аммо кори дигаре ҷуз бардагӣ фародасташон нест. Шояд ҳам ин тавр бошад...
Ба ҳар рӯй, фурӯпошии Шӯравӣ барои бисёре хабари шуме буд. Аз ҷумла барои бисёре аз давлатдорони имрӯзи Тоҷикистон, ки агар Шӯравӣ фурӯ напошида буд, ҳаргиз пояшон (ва пушташон) ба эрикаи қудрат намерасид. Инҳо ҳам сӯгворанд. Ҳаминҳо буданд, ки 27 сол пеш барои ҳифзи вазъияти шӯравӣ силоҳ ба даст гирифтанду ҷангиданд, то тоҷикҳо ба истиқлол нарасанд. Имрӯза ҳамон шӯравидӯстон бар маснади қудрат ҳастанд ва соҳиби “истиқлол” ҳастанд. Ҳамонҳо худро “меъмори истиқлол” медонанд (Ёди устод Тоҳир ба хайр ва равонаш шод!). 
Ва мо ҳам дар як сериёли фаҷеътар аз “Бозии тоҷу тахт” зиндагимонро идома медиҳем.
Ва мани хушнуд аз фурӯпошии импротурии сурхи ситам пайки сурхфоме сар мекашам.

Wednesday, August 21, 2019

Андарзи устод Шакурӣ ба манкуртон


Яке аз душманони забони порсӣ дар Тоҷикистон, ки муътақид аст, номи забонамон бояд”тоҷикӣ” бошад, порае аз як нивиштаи устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро дар сафҳае гузошта ва муддаъӣ шудааст, ки устод ҳам бо ӯ ҳамнаво буда. Дар воқеъ, кӯшидааст аз номи устод Шакурӣ барои худ сипаре бисозад. Ва мусалламан, бо нокомии муфтазаҳонае дучор шуд, ки шарҳаш дар тазаккуроти зер ва дар вокуниш ба он чаранд омад:

“Ҳаргиз устод Шакурӣ ҳеч қаробате бо тоифаи манкурт аз табори Саади Махди ва Искандари Раҳмон ва устодашон Иброҳим Ъусмонуф надошт. Аз ҳузурашон безор буд. Дар солҳои поёнии ъумри бобаракаташ тақрибан ҳамарӯза аз зарурати бозгашт ба хатти порсӣ ва номи ростини забон мегуфт. Ин якеро соли 2011, ҳудуди 10 моҳ пеш аз даргузашташ гуфтааст:

"Муҳаммадҷон Шакурӣ: Агар ба хатти форсӣ нагузарем, бозгашти мо ба асли худ душвор мешавад. Мо бояд ба асли худ баргардем. Қарни 20 моро аз асли худ хеле дур кард. Миллати мо аз фарҳанги худ, аз забони худ хеле дур шуд. Ин дурӣ ҳанӯз давом дорад. Дар даврони истиқлол лозим меояд, ки мардуми мо ба фарҳанги худ, ба забони модарӣ наздик шаванд. Масалан, забони форсии тоҷикӣ, ки бештар аз ҳазор сол торих дорад, дар тӯли асрҳо ганҷинаҳои беназир гирд овардааст. Ин ганҷинаҳоро аз худ кардан лозим аст. Забони мо дар давраҳои ташаккул ва инкишофи худ ба қолиби хатти форсӣ рехта шудааст".

Мусалламан, устод борҳо истилоҳи "забони тоҷикӣ" ва бештар аз он "форсии тоҷикӣ"-ро ба кор бурдааст, аммо шакке надошт, ки номи ростини забон ҳамоно порсӣ / форсӣ аст.

Дар дунболаи ҳамон гуфтугӯ:

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Ал-он давлат, дурусттар ин ки сарвари давлат, раисиҷумҳур Эмомъалӣ Раҳмон боре розигии худро барои баргаштан ба хатти форсӣ дода буданд. Барои ин ки баргардем ба хатти форсӣ, нахуст лозим аст, ки мактаб шароит омода кунад. Лозим аст, ки чуноне ки қарор буд, дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ то охири таҳсил хатти форсӣ таълим дода шавад. Мутаассифона, мактаб ин вазифаро иҷро накарда истодааст. Дар бисёре аз мактабҳо дарси алифбои ниёгон мавҷуд нест, зеро муъаллим нест. Ва агар дарс бошад ҳам, хеле кам аст. Ин гуна шароит, ки дар мактаби миёна аст, барои омӯхтани хатти ниёгон имкон фароҳам намеорад. Агар мактаби миёна вазифаҳои худро дар соҳаи омӯзиши хатти ниёгон дуруст иҷро кунад, мардуми мо хатти форсиро ёд гиранд, он гоҳ хоҳем дид, ки ба чи тарз ва ба чи василаҳо ба хатти форсӣ бояд гузашт.

Дар посух ба ин пурсиш, ки кай Эмомъалӣ Раҳмон ба пешниҳоди бозгашт ба хатти порсӣ мувофиқати зимнӣ додааст, устод гуфт, ки дар таҷлил аз Наврӯзи имсол раисиҷумҳурӣ чунин изҳороте доштааст.

Шакли комилтари ҳамон порае, ки Бахтиёри фарзона овардаанд, аз китоби "Забони мо ҳастии мост", ки устод Шакурӣ соли 1991 (!) мунташир карда буд:

«Истилоҳи «адабиёти тоҷикӣ» дар Осиёи Миёна аз нимаи даҳаи бистуми садаи бистум бо фармоиши таърих арзи вуҷуд кард. Истилоҳи «забони тоҷикӣ» низ аз ҳамон вақт ба тақозои замон ба расмият пазируфта шуд. Пайдоиши истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» низ ба сабабҳои ҷиддии таърихӣ вобастагӣ дошт. Он маҷбурияти таърихӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани он истилоҳот шуда буданд, дигар вуҷуд надоранд. Имрӯз вазъи таърихӣ дигар аст ва имконе ба миён омадааст, ки адолати таърихӣ барқарор шавад ва ба номи забону адабиёти тоҷикон баргардем ва боз забони онҳоро забони форсӣ ва адабиёташонро адабиёти форсӣ биномем».

Устод Шакурӣ тарзи нигоҳи ин тоифаи манкурти худбохтаро чунин тавзеҳ дода буд:

“Даҳаи 20-30 асри ХХ давраи инкори ҳастии торихии инсон буд ва даъво доштанд, ки торих аз даврони сусиёлизм оғоз меёбад ва ҳар чи пеш аз он буд, торих набуд. Нестангорӣ (ниҳилизм)-и русӣ, ки торихе дорад ва дар садаи нӯздаҳум дар румони Тургенев “Падарон ва фарзандон” тасвир шудааст, дар садаи ХХ аз рӯҳияи инқилобӣ тавоноии бештар пайдо кард. Сарманшаи маънавиятситезӣ, аз ҷумла бединии ҷангҷӯй аз ҳамон нестигароии торихӣ буд. Нестигароии фарҳангӣ дар сиёсати ҳизби кумунист ва давлати шӯравӣ нуфузи комил ёфт ва саросари қаламрав ва импротурии шӯравиро фаро гирифт. Аз эҳтимол дур нест, ки он ақидаи ховаршиносони рус, ки мегуфтанд тоҷикон забони адабӣ (меъёр) надоранд, аз ҳамин сиёсат ғизо гирифта бошад ва онҳо ба маҳзи ин ки хилофи сиёсат нараванд, чунин ақидае пеш ниҳода буданд”. (Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист. Душанбе, “Адиб”, 2003, с.21)

Устод Шакурӣ дар асари мондагораш "Хуросон аст инҷо", ки бори нахуст ба хатти порсӣ (1996) ва сипас ба пириллик (1997) чоп шуд, тоҷикро ҳамон эронӣ ва забонашро форсӣ медонад:

"Дуруст аст, ки пас аз барҳам хўрдани давлати Сомониён дар зарфи нуҳсад соли охир дар Осиёи Миёна давлатҳои туркӣ ҳукм ронданд, вале аз давраи Қарахониён сар карда подшоҳон аз туркҳо бошанд ҳам, вазирон, қозиҳо, уламо аз эрониён - аз тоҷикон буданд ва дар дастгоҳи идорӣ тоҷикон кор мекарданд. Туркҳои хукмдор бештар бо ҷангуҷўш ва муборизаҳои хунини байни якдигар ё айшу нўш машғул буданд ва дастгоҳи азими кишвардорӣ аз поин то болоҳо аз тарафи кордорони маҳаллӣ идора мешуд, низому тартиби иҷтимоъӣ дар кишвар бештар, бо дасти онҳо ҷорӣ мегардид. Вазирони машҳур, қозиҳову раисҳои номдор, қонундонҳову ҳуқуқшиносони адолатгустар аз байни ҳаминҳо баромадаанд. Фуқаро асосан ва мансабдорон қариб тамоман тоҷик буданд, аз ин сабаб забони форсӣ забони расмии давлатӣ буд." (Хуросон аст инҷо, сафҳаи 105).

Устод Шакурӣ дар мавриди манкуртоне чун Саади Махди ва Искандари Раҳмону чанде дигар, ки форсӣ донистани забони тоҷикон ва эронӣ донистани худи тоҷиконро касри шаън медонанд, ишороте дорад:

"20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шуҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи «форсӣ» фурўгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем. Вай ва баъзе касони дигар гумон доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад.

Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳони» вай ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рўз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад."
(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 157)

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар идомаи тавсифи он рӯзи шум ва ғалати бузурги, ба истилоҳ, намояндагони мардум дар рӯзи 20.06.94, ишорае ҳам ба касоне дорад, ки хоҳони барқарории номи торихии забон (форсӣ) буданд ва ононро "равшанфикрони тоҷики солҳои 1988-1989 мехонад. Яъне Саади Махдию Искандари Раҳмонро агар дунболарави Шуҳрат Султонуф ва манкуртони дигар бидонем, ҳаводорони забони порсиро устод Шакурӣ пайрави равшанфикрони тоҷики даврони пеш медонад. Мегӯяд:

"Ин қарори Шўрои Олӣ чунин маънӣ дорад, ки лозим аст дар «Қонуни забон» низ ин гуна дигаргуние дохил гардад. Дар он санаде, ки Шӯрои Олӣ соли 1989 ба унвони «Қонуни забон» қабул карда буд, низ моддаи якум эълом доштааст, ки «забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Азбаски Қонуни асосӣ болотар аз Қонуни забон аст ва Қонуни забон бояд ба Қонуни асосӣ созгор бошад, лозим меояд, ки аз Қонуни забон ҳам калимаи «форсӣ» партофта шавад. Он гоҳ талошу муборизаҳое, ки равшанфикрони тоҷик солҳои 1988-1989 дар роҳи барқарории ҳуқуқи забони форсии тоҷикӣ ва номи таърихии он карданд, қисман ба ҳадар хоҳад рафт."
(Муҳаммадҷон Шакурӣ, Хуросон аст инҷо, сафҳаҳои 157 ва 158)

Бибинед, ки устод Шакурӣ чигуна дақиқу равшан ҳолату вазъияти манкуртоне чун Саади Махди, Искандари Раҳмон ва худбохтагони дигари дирӯзу имрӯз ва решаҳои ин гирифториро баён мекунад:

“Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Точикистон аз таркиби номи забони тоҷикони Осиёи Миёна фурӯгузор шудани вожаи «форсӣ» нишон медиҳад, ки аксарияти кулли намояндагони халқ (ҳамаи онҳое, ки барои ин қарор овоз доданд) аз сарманзили худшиносии таърихиву фарҳангӣ фарсахҳо дуранд. Дар ҳақиқат на танҳо ин вакилон, балки бисёре аз тоҷикони Осиёи Миёна ҳанӯз чандон намедонанд, ки худ кистанд, халқашон чи халқест, забону фарҳангашон аз куҷоҳо сарчашма гирифтааст, чи хусусияту вежагиҳо дорад ва имрӯз ба кадом сӯ бояд биравад. Баъзе зиёъиён ҳам дар ин масъалаҳо тасаввури равшан ва мушаххас кам доранд.

Як ҳадафи сиёсати миллии импиротурии шӯравӣ миллиятзудоӣ буд. Мехостанд, ки халқҳои мустамлика аз хусусиятҳои миллии худ, аз фарҳанг, забон ва ғайра маҳрум шаванд, худогоҳии миллӣ то ҳадди имкон кунд бошад, шинохти худ яктарафа ва маҳдуд, ноқису номукаммал бимонад, аз доираи идеологияи шӯравӣ берун наравад. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёде, ки шароити таърихӣ, шароити мустамлика пеш оварда буд, Садриддини Айнӣ бо асарҳои адабӣ ва пажӯҳиши илмӣ бисёр ҷаҳду ҷадал кард, ки худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна ба роҳи дуруст дарояд, худшиносии иҷтимоъиву фарҳангии онҳо мутобиқи воқеияти таърихӣ ё наздик ба он сурат бигирад.»
(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 158)

Устод Шакурӣ ҳаргиз аҳли таслим набуд ва то поёни ъумраш талош кард, ки ин манкуртону худбохтагонро аз пешинаи мардуми сарзамини худашон огоҳ созад. Барои ин ки ин тоифаи нафаҳм ниҳоятан бифаҳманд, ки номи ин забон “форсӣ” асту сифати он “дарӣ” (дарборӣ) ба баёне сода чунин шарҳ дода буд:

“Аз ин ҳама пайдост, ки маънавияти олӣ аз қадим дар хоки поки Хуросон хеле амиқ, реша давонда буд.  Форсии дарӣ аз ҳамин сарзамин, ки хоку обаш парвардаи маънавият аст, ба арсаи таърих баромад. Ба таъкид бояд гуфт, ки решаҳои форсии дариро аз аввал як заминаи маънавиасос, як обу хоки маънавиятхез ғизо додааст ва парвариш кардааст. Ин таъкид ба он сабаб зарур аст, ки бояд дар ёд дошта бошем, ки муҳимтарин хусусиятҳои форсии дарӣ аз ҳамин заминаи маънавӣ сарчашма гирифтааст, сарнавишти таърихии форсии дариро бештар аз ҳама маҳз саргаҳу сарчашмаҳои маънавии он муайян кардааст.»
(Ҳамон ҷо, сс. 161, 162)

Порсиситезони зиддитоҷике чун Саади Махдию Искандари Раҳмону манкуртони дигар дар худ месӯзанду мепечанд, ки устод ҳамвора суҳбат аз забони «форсӣ» дар Осиёи Миёна ва фаротар аз он кардааст:

«Аз ин ки форсӣ дар Осиёи Миёна пеш аз расидани лашкари араб вуҷуд дошт, ин ҳам гувоҳӣ медињад, ки чун ҳокими араб Асад бинни Абдуллоҳ соли 725 ба Хатлон ҳамла овард ва сахт шикаст хурда ба Балх омад, мардуми Балх дар ҳаққи ӯ шеъри тамасхуромезе суруданд, ки низ ба форсист:

Аз Хуталон омазиҳ (омазия),
Ба рӯ табоҳ омазиҳ.
Обор боз омазиҳ,
Хушк низор омазиҳ.»
(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 167)

Инҳо, ки бозгуфтам, аз нуки хамир фатире беш набуд. Хирман-хирман метавон далел овард, ки на танҳо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, балки ҳеч фарди фарҳехтаи рӯи Замин ҳамандеши манкуртоне чун Саади Махди ва Искандари Раҳмону ҳамгинонашон набудаву нест ва мункири номи ростини забони мо намешавад, ки ҳамоно порсист. Ба ҳамин далел, вақте ки мебинем ин тоифаи гирифтор мехоҳанд худро пушти суханони устод Шакурӣ пинҳон кунанду аз сояи буланди устод барои худ сипаре бисозанд, фақат бояд ба ҳоли зору низорашон хандид. Азхудбегонагӣ натиҷае ҷуз хандахариши хоссу ъом шудан надорад.