Friday, October 12, 2012

A Debate Over 'Tajiki'. Part 2


 Баҳсе бар сари "забони тоҷикӣ". Бахши 2
·  
·  
امید جیهانی Сипосгузорам аз посухҳоятон, Дориюш. Нахуст бояд бигӯям ки тамасхуру истеҳзое дар кор набуд, балки арҷгузорӣ ба заҳматҳоятон буд ки шуморо «ҷонбакаф» хондам. Агар дӯстем пас ин бадгумонӣ чарост? Дигар ин ки посухҳо чандон қонеъкунанда набуд.
Ман аз корбурди истилоҳи «тоҷикӣ» дар порсии Эрон, ки шумо меъёраш пазируфтаед, барои номидани забони расмии кишвари Тоҷикистон ва гӯиши мардуми порсизабонаш пурсидам, на аз корбурди он дар Тоҷикистон. Мегӯед: «забони меъёр забони тавлиди фикр тавассути аксарияти як ҷомеъаи забонӣ аст. Забону баёне, ки ихтиёр кардаам, мутаъаллиқ ба ҳамон аксарият аст, ки сарнавишти забони меъёрро рақам задааст». Пурсиш низ ҳамин буд ки оё магар ҳамон аксарият ҳамин забони моро «тоҷикӣ» наменомад?

Аммо бигзарем ба пурсишҳои шумо:
1. Оё шумо «забони тоҷикӣ»-ро ғайр аз «забони порсӣ» медонед?
Ман забони тоҷикиро ҳамон забони порсӣ медонам. Аммо ин забоне ки ман тоҷикияш меномам бо он забоне ки шумо меъёраш медонед, андаке дигаргуниҳо дорад. Устод Алӣ Равоқӣ ки 45 сол боз порсии тоҷикиро мепажӯҳад, дар бораи ин дигаргуниҳо мегӯяд: «Ноҳамхониҳову ноҳамгуниҳоии вожагонӣ, сохторӣ ва овоӣ ки дар миёни ин ду гуна аз забони форсӣ (форсии эрониён ва форсии фарорӯдиён) дида мешаванд, реша дар гузаштаҳои бисёр дури ториху фарҳангу сиёсати Эрон доранд ва чандон пайванде бо дигаргуниҳои сиёсӣ дар ин рӯзгор ва ё рӯйдодҳои пас аз инқилоби уктабр дар Иттиҳоди Шӯравӣ надоранд». Устод Равоқӣ ки ҳамаҷо забони моро «забони форсии фарорӯдӣ» мехонад, худ ночор буда ки истилоҳи «тоҷикӣ»-ро низ дар номи пажӯҳишномааш биёрад ва онро «Забони форсии фарорӯдӣ (тоҷикӣ)» биномад.
Устод Алиашраф Содиқӣ низ ки аз маъруфтарин забоншиносони эронӣ ва узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ аст, ин дигаргуниҳоро дар мақолааш «Пешинаи тафовутҳои форсии тоҷикӣ ва форсии Эрон» баррасӣ кардааст. Ҷустору пажӯҳишҳои ин донишварон аз муътабартарин манобеъ дар заминаи забони порсӣ ва бисёр муътабартар аз Викидепия ҳастанд, зеро навиштори он аз ҳамин манобеъву мароҷеъ гуфтовард мешавад.

2. Агар «тоҷикӣ» ҳамон порсист, манзур аз пофишорӣ бар «забони тоҷикӣ» дақиқан чи ҳаст?
Дар навиштори ман манзур аз «забони тоҷикӣ» забони мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Чунон ки худ мегӯед, «забони меъёр забони тавлиди фикр тавассути аксарияти як ҷомеъаи забонӣ аст». Шумо ҳам забону баёне ихтиёр кардаед ки мутаъаллиқ ба ҳамон аксарият аст, ки сарнавишти забони меъёрро рақам задаст. Бисёр хуб. Ҳамон аксарият аз фарҳангҳои форсӣ, масалан «Фарҳанги муъосири форсӣ» ки ҷомеътарин фарҳанги форсии меъёр аст, чунин таърифро ёфта манзурамро пурра дар меёбад: «Тоҷикӣ – забони кишвари Тоҷикистон, аз гӯишҳои эронӣ, забони қавми тоҷик». Агар касе надонад ки «қавми тоҷик» кадом аст, ҳамин фарҳанг огоҳаш мекунад ки он «қавме ориёӣ аз табори эронӣ, бумии Тоҷикистон» аст ва «тоҷикӣ» низ «марбут ё мансуб ба қавми тоҷик» аст. Хешкории фарҳангҳову вожаномаҳо ҳамин аст.
Ман аз он донишварону донишмандон ва ин фарҳангҳову вожаномаҳо ки меъёрсоз низ ҳастанд, пайравӣ мекунам ва дар навишторам истилоҳи «тоҷикӣ»-ро дар мавориде ба кор мебарам ва хоҳам бурд ки манзурам ҳар он чизе бошад ки мансуб ва марбут ба 7 милюну чандсад ҳазор мардум ва 143 ҳазор км² сарзамине бошад ки тоҷик ва Тоҷикистон ном доранд.

3. Бархе ҳам дар Афғонистон исрор доранд, ки номи расмии забонамон «дарӣ» бошад. Шумо, ки огоҳед инҳо ҳама паёмадҳои кори истеъмор аст, исрор бар сари се ном доштани забони модарии моро чигуна тавҷеҳ мекунед?

Ман бо он «бархе дар Афғонистон» ҳеч нисбате надорам. Дар навиштори ман манзур аз «порсии дарӣ» забони порсии клосик ё меъёри адабии садаҳои 9 – 15 аст. Ин се ном барои як забон падидае сиёсӣ аст ки аз вуҷуди се кишвар бо ҳукуматҳо ё низомҳои мухталиф ва дар бархе масоъил, аз он ҷумла масъалаи забон, мухолиф, бархостааст. Масоъили сиёсӣ роҳи ҳалли сиёсӣ мехоҳанд ки дур аз тавоноиҳои ман аст.
·  
Dariush Rajabian Сипосгузорам, Умед. Акнун бароям равшану мубарҳан шуд, ки шумо хоҳони ҳифзи се ном барои забони модарии мо ҳастед ва тарчеҳ медиҳед, ки забони порсй дар Точикистон “точикй”, дар Афғонистон “дарй” ва дар Эрон “форсй” хонда шавад. Бегумон, ман мухолифи ин истор ҳастам, чун онро муғоир бо воқеъиятҳои ин забон мебинам.

1. Ман ба коргоҳи устод Равоқй сар задаам ва устодро аз наздик дидаам, бо кумаке ҳарчанд ночиз дар ростои бархе вожагони вижаи гўишҳои порсии Фарорўд. Ва бо итминони комил метавонам бигўям, ки ў порсиро як забони воҳид медонад бо чандин гўиш, ки падидае ҳамагир аст. Ҳамаи забонҳои зинда чандин гўиш доранд. Ба ъунвони пажўҳишаш ҳам таваччуҳ кунед, ки мисдоқи ҳамон иддаъои дерини мост: «Забони форсии фарорӯдӣ (тоҷикӣ)». Номи расмии забон дар қавсайн омада, чун гўёи воқеъият нест. Ва номи дурусти забон “форсй” зикр шуда ва “фарорўдй” дар ин ъиборат сифат аст, на исм. Пас боз ҳам ба бовари устод Равоқй, номи забони мардуми Точикистон ҳамоно “форсй” аст. Википедиё ҳам, ки баргирифта аз навиштаҳои ҳамин устодон аст ва саршор аз сарчашмаҳову марочеъ, номи забонро “форсй” ва сифати онро “точикй” тавсиф карда, ки он ҳам нафси воқеъиятро тағйир намедиҳад.
Гуфтем, тамоми забонҳои зиндаи чаҳон гўишҳое доранд, ҳар кадом бо вожагону ъибороти хосси худ. Аммо ин вижагиҳо як гўишро табдил ба забоне дигар намекунад ва ба он номе дигар намедиҳад. Номи расмии ҳамаи гўишҳои забони инглисй ҳамоно “инглисй” (English) аст ва номи расмии забони 22 кишвари ъараб ҳам “ъарабй” (عربی) аст. Якпорчагии ин забонҳоро номи ягонаашон тазмин мекунад ва забони меъёрашон. Агар забони меъёри ъарабй вучуд надошт, як судонй матни мисриро дарнамеёфт. Ва ҳамин тавр, бидуни забони меъёри пуртуғолй як бразилй забони матбуъоти Пуртуғолро намефаҳмид.
·  
Dariush Rajabian 2. Посухҳои дишабро бо пазириши ин воқеъият оғоз карда будам, ки номи забони расмии Точикистон расман “точикй” аст. Ва гуфтем, ки ин таҳриф чигуна сурат гирифта будааст. Таъкид ҳам карда будем, ки “як бому ду ҳаво” нашояд ва дар сурати пазириши ин номи расмй чаро бояд аз пазириши баёни расмй (масалан, забони “Ховар”) шона холй кунем? “Фарҳанги муъосири форсй” ҳам ки “точикй”-ро “забони кишвари Точикистон” мегўяд, ночор аз баёни як воқеъияти сиёсист. Аммо фавран ин ночориро бо ъиборати “гўиши эронй” чуброн мекунад ва онро дар мақоми забоне мучаззо аз порсй на, балки як гўиш медонад. Муштақ донистани номи забон аз номи қавм ҳам аз истидлолҳоест, ки афроде чун Раҳим Бобохонов борҳову борҳо матраҳ карда буданд. Аммо худатон бахубй медонед, ки он тиҳй аз мантиқ аст. Басе милале, ки бо номҳои гуногун ба як забони воҳид суҳбат мекунанд ва ҳаргиз фикри тағйири номи забон ба зеҳнашон хутур накардааст. Мегўед, ки “забони точикй” барои шумо забони “7 милюну чандсад ҳазор мардум” аст “ва 143 ҳазор км² сарзамине бошад ки тоҷик ва Тоҷикистон ном доранд”. Дар ин сурат барои забони порсигўёни Узбакистон чи номеро суроғ доред? Оё бар пояи ин мантиқ, порсигўёни Қирғизистону Қазоқистон набояд барои забони худ номе дигар бисозанд? Оё дуруст аст, ки номи забонро ба марзҳои сиёсй ё ба номи қавм вобаста бидонем? Оё бо ҳеч забони дигаре чунин корро кардаем? Ва чигуна метавонем номеро барои забони модаримон бипазирем, ки худамон бар он наниҳодаем?
·  
Dariush Rajabian 3. Мусалламан, шумо бо он “бархе дар Афғонистон”, ки порсиро расман “дарй” номидаанд, нисбате надоред. Аммо онҳо ҳам дақиқан ъайни истидлолҳоро доранд. Онҳо ҳам мегўянд, ки “забони дарй” барояшон забони 20 то 30 милюн нафарест, ки дар 647,500 км² ба сар мебаранд. Ва мегўянд, ки “забони форсй” забони Эрон аст. Албатта, дар Афғонистон тафовут ин чост, ки ин истидлоли нопорсигўён ва ъумдатан паштунҳо ҳаст, ки номи “дарй”-ро барои порсй хуш кардаанд ва ҳамчунон пайгири ҳадафашон (парокандагии порсй ва порсигўён) ҳастанд. Пас муқоисаи ин ду вазъият ба дур аз мантиқ нест ва тааммули бештар мехоҳад. Барои “точикй” ва “дарй” номидани забони порсй дар ду кишвар шояд далели расмй дошта бошанд, аммо далели ъилмй надоранд. Чун аз дидгоҳи ъилмй, гўишро ба ҳеч рўй наметавон “забон” номид. Ва таърифу тафовути “забон” ва “гўиш” барои шумо равшан аст. Пас ё бояд ба расмиёти сиёсй тан доду “забони точикй” гуфт (ки дар он сурат, табъан, баёни расмй ҳам чузъе аз ин пазириш хоҳад буд) ё ба мантиқу ъилм тан доду номи ростини забонро бар он ниҳод, ки чизе чуз “порсй” (форсй) нест.
·  
امید جیهانی На ин ки ман хоҳони ин номгузории сегона ҳастам, балки ин номгузорӣ на бо хости ман сурат гирифта ва на ба хости ман вобаста аст. Воқеъиятест ки пазируфта шудааст. Ман ҳаргиз нагуфтаам ки «забони тоҷикӣ» забоне ҷудо аз порсӣ аст. Чунин ғалате аз ман муҳол аст ки сар занад. Ман забони модариямро «порсӣ» меномам ва медонам ки номаш ҳамин буда ва бояд низ ҳамин бошад. Аммо азбаски мо – гӯишварон – худ ин забонро дар гуфтори зиндаамон «тоҷикӣ» меномем ва манзурамон низ ҳамон «порсии тоҷикӣ» аст ки гунае аз порсӣ ҳаст, ниёзе ба дарозгӯӣ надорем ва кӯтоҳакак онро «тоҷикӣ» меномем. Ҳамзабононамон дар Эрон низ ҳамин корро мекунанд. Онҳо низ забони гуфториву навиштории моро «тоҷикӣ» мехонанд. Пас ҷинояте аз ман содир нашуда ки забонамро «тоҷикӣ» гуфтаам. Сиёсатҳо ҷудо ва корбурдҳои ҳаррӯза ҷудост.

Дигар ин ки истилоҳи «Фарорӯд» ва «фарорӯдӣ» дар гуфтори тоҷикон камтарин корбурдро дорад. Ҳарчанд дар навиштор камобеш ба кор меравад, аммо дар гуфтор ҳеч тоҷике на худро «фарорӯдӣ» мехонад ва на забонашро «фарорӯдӣ» меномад. Ин истилоҳ ки аз дидгоҳи хуросониён ба сӯи Суғд бархоста ва акнун дидгоҳи эрониёнро бозгӯ мекунад, аз рӯи истори ҷуғрофиёӣ ва мантиқи номгузорӣ бо дидгоҳи мое ки дар ин сӯи Омударё зиндагӣ дорем, созгор набуда ва нест. Барои мо эрониён «он вар аз рӯд» ҳастанд. Бино бар ин, ман ин истилоҳро на барои сарзаминамон ва на барои забонамон ба кор намебарам. Ягона номе ки барои забони гуфториву навиштории худамон дуруст мешуморам ҳамон «порсии тоҷикӣ» аст. Ин истилоҳро камобеш ҳама пазируфтаанд ва вижагиҳои порсии Тоҷикистонро беҳтар аз ҳар номе бозгӯ мекунад. Азбаски порсигӯёни Узбакистону Қирғизистону Қазоқистон низ аксаран тоҷиканд, забони онҳо низ «порсии тоҷикӣ» аст. Аз худашон пурсед ки забонашонро чӣ меноманд. Албатта, агар фаромӯшаш накарда бошанд.
Баҳси забону гӯишро ба забоншиносон бояд вогузор кард. Дар ин ки порсии тоҷикӣ яке аз гунаҳои порсӣ аст, гумону тардиде нест. Боре инро ки оё он забон аст ё гӯиш бояд забоншиносон ташхис диҳанд. Феълан забоншиносон ба ин натиҷа расидаанд ки забони порсӣ ду гуна дорад: яке порсии ғарбӣ ки умдатан дар Эрон роиҷ аст ва дигаре порсии шарқӣ ки умдатан дар Афғонистону Тоҷикистону Узбакистон роиҷ аст (ва андаке гӯишвар ҳам дар Қирғизистону Қазоқистондорад). Ин раддабандӣ бар мабнои гӯишҳо сурат гирифта ва сиёсӣ нест. Бино бар ҳамин раддабандӣ аст ки гӯишҳои шарқии забони порсиро ки дар шимоли Афғонистон ва Тоҷикистону Узбакистон роиҷ ҳастанд, «порсии тоҷикӣ» меноманд. Ин истилоҳест ки забоншиносон ба кор мебаранд ва он бар пояи додаҳову далелҳои илмӣ ва мантиқӣ сохта ва пазируфта шудааст.
·  
Islombek Qurbon Умеди азиз таърифи забонро аз диди илми арз менамудед хеле хуб мешуд.Асоси онро низ яъне сарф ва нахв.Ба таври дигар граммар,орфография ва морфологияи онро.Бубинем ки тафовути ин забонхо дар чист ки сеномаанд?
·  
Dariush Rajabian Умеди Ҷайҳонӣ: "На ин ки ман хоҳони ин номгузории сегона ҳастам, балки ин номгузорӣ на бо хости ман сурат гирифта ва на ба хости ман вобаста аст. Воқеъиятест ки пазируфта шудааст".

Чи чизе дар ин зиндагӣ барои ъумум ба хости як тан сурат гирифтааст, ки ин яке дувумиаш бошад? Дақиқан, суҳбат ҳам сари ҳамин аст, ки забони мо ба хости тоҷикон на, балки бегонагон "забони тоҷикӣ" ном гирифт. Ин воқеъият тавассути чи касе пазируфта шудааст? Чаро пазируфта шудааст? Чигуна пазируфта шудааст? Воқеъияте расмию сиёсист? Забону баёни расмии Тоҷикистон ҳам (ки шумо "рузбакӣ" меномед) ҷузъи ҳамин воқеъиятҳои расмии сиёсист. Чаро бо он ситеза мекунед, аммо то ба истилоҳи "забони тоҷикӣ", ки решаи ин тағйироти мандаровардии шӯравист, мерасид, онро "як воқеъияти пазируфташуда" ва худатонро ночор аз табаъият аз он медонед?
·  
امید جیهانی Медонам ки шумо дар ин истилох ба «забон» бештар хурда мегиред то ба «точики», харчанд онро хам хуш надоред.
Хар нависандае дар навиштораш истилохеро як бор тавзех медихад ва дигар онро дар хамон маъни ба кор мебарад. Ман борхо тавзех додаам ки манзурам аз «забони точики» хамон гунаи точикии забони порси аст ки дар Точикистон роич аст. Шумо ин гунаро «гуиш» мешуморед, дигарон онро «забон» мешуморанд. Ман бо ин ихтилофот коре надорам. Барои осонии кор ва зудёбии манзур дар навишторам барои точикон ман забонамонро «точики» меномам. Шумо онро «порси» бидонед.
·  
Dariush Rajabian Пас бори дигар таъкид кардед, ки ман ин забонро "порсй" медонам ва шумо онро "забони точикй" меномед. Дуруст аст? Мавзеъатон бисёр зиддунакизу норавшан аст, Умед. Агар ин баростй "як бому ду хаво"нест, саъй кунед равшантараш кунед.
·  
Dariush Rajabian Ва касе, ки тафовути "гуиш" бо "лахча"-ро медонад, чигуна метавонад вокеъияти ъилмиро курбонии як ъодати сиёсй кунад?
·  
Dariush Rajabian Умеди Чайхонй: "Шумо ин гунаро «гуиш» мешуморед, дигарон онро «забон» мешуморанд. Ман бо ин ихтилофот коре надорам..." Шумо кор надоред? Кор надоштед ё аз ин ба баъд нахохед дошт? Агар шумо бо ин ихтилофи дидгоххо коре надоштед, хеч бахсе хам инчо рох намеуфтод:))) Холо ки мавзеъи ману дигаронро равшан кардаед, шояд навбат ба мавзеъи худатон расида бошад? Билохира "забон" аст ё "гуиш"? Агар "точикй" забон аст, пас "порсй" ва "дарй" чист? Агар хар се як забонанд, чаро бояд забонамон се ном дошта бошад? Агар вокеъияти сиёсист, чаро бояд дар бахсхои фархангй дам аз вокеъиятхои кажу дуруги сиёсй бизанем?
·  
Khanjarbek Kurbonbekov Салом хидмати дустон! Ду сахнаи чолиб ва хандаовари гиряолудро мехохам хидмататон тарики калам арз кунам. Замоне дар Русия, барои дустони точики зодагони хаму печи Душанбе, хини тамошои филми "Хазрати Юсуф (а)" ба хайси мутарчими шифохй хидмат намудам. Ва боре дигар, соле пеш, дар Душанбе, манзури фарде аз Эронро барои як шахсе аз Точикистон расонидам, чун онон хамдигарро намефахмиданд, гарчанде, ки яке порсии техронй харф мезаду дигаре точикии душанбегй.
Пас чй бояд кард...?
·  
Dariush Rajabian Дуруд, Ханчарбек. Барои бархурд бо хар касу чизе бояд нахуст номи он инс ё чинсро мушаххас кард, то чора андархури холаш бошад. Нахуст бояд бипазирем, ки "точикии душанбейи", дар вокеъ, хамон порсии душанбейи аст, то шомили холи тамоми корхое шавад, ки барои пероишу ганову тавонмандсозии порсй анчом медиханд. Аввал бояд номи аслии забонамонро бипазирем, хатти аслии забонамонро бипазирем, сипас хохем дид, ки чигуна деворхои бегонасохта фуру хоханд рехт ва ба маънии дакики вожа сохибони забон ва точик хохем шуд.
·  
امید جیهانی Забон ё гӯиш буданашро забоншиносон ва порсипажӯҳон мушаххас хоҳанд кард, Дориюш. Аз ин пас то рӯшан шудани таклифи ин масъала ман ин забонро «мазанҳардам» меномам то дигар бо ман баҳс накунед.
Аслан муҳим нест ки ин забон чӣ номида шавад. Порсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, ҳарчи мегӯӣ бигӯ, моҳияти забон аз ин номгузорӣ чандон дигаргун намешавад. Забони мо ҳам бо як «тоҷикӣ» номидан вайрону «рузбакӣ» нашудааст, балки омӯзишу корбурдаш бо дастуру улгуҳои забонии бегона онро фалаҷ кардааст. Порсӣ афзун бар он тафовутҳои гӯишӣ ки аз замони Рӯдакӣ ҳам дар ин бару он бари Ому дошта, дар ин чандсад соли гусал миёни Эрону Турон мутафовиттар шуда ва масалан дар порсии эронӣ бар асари афзоиши вомвожаҳои фарангӣ дар забон ҳарфҳои ибтидо ба сокин пайдо шуда ва дар порсии тоҷикӣ бархе вомвожаҳо бо талаффузи русӣ роиҷ гаштаанд. Аммо ин дигардесиҳо ва ин вомвожаҳо чандон хатарнок нестанд. Хатарнок дигаргуниҳои дастурӣ аст ки забонро аз аслаш дур мекунад, чунон ки бо порсии тоҷикӣ шуд. Ягона чора барои порсисозии забони тоҷикон на «порсӣ» номиданаш аст ва на порсӣ кардани дабирааш, балки пазириши дастури забони меъёри порсӣ ҳамроҳ бо дабирааш аст. Номеро мешавад дигар кард, чунон ки ману шумо худро номгардон кардаем ва ҳама моро бо ин номҳоямон мешиносанд. Вале сириштамон аз ин номгардонӣ дигар нагаштааст. Ҳамонем ки будем.
Шунидаам ки дар Тоҷикистон дар назар доранд дар шеваву равишҳои забономӯзӣ бознигарӣ кунанд ва вазорати маъориф муваззаф шуда ки «дар иртибот ба таҷдид ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳо андешад».
Пешниҳод мекунам ба ҷои ин баҳсу мунозираҳо бо мане ки камтарин таъсирро бар порсӣ надорам, бо масъулине ки дар ин замина тасмимгиранда ҳастанд, ҷарру баҳс кунем ва водорашон кунем шеваву равиши забономӯзии эрониёнро дар Тоҷикистон ба кор баранд. Агар дастури забони меъёри порсӣ дар Тоҷикистон низ роиҷ шавад, забонамон бо решааш пайванд мешавад ва тандурусту шукуфо хоҳад шуд. Онгоҳ ҳар тоҷике порсиро булбулвор чаҳ-чаҳ хоҳад зад. Вагарна, агар ҳамин забонеро ки имрӯз дорем бо дабираи порсӣ бинависем, боз ҳамон «рузбакӣ» ба даст хоҳад омад.
Чунон ки медонед, нависа афзорест барои нигориши гуфтор. Ҳар забонеро мешавад бо ҳар нависае нигошт, чунон ки ҳамин порсиро метавон ҳам бо нависаи порсӣ ва ҳам лотинӣ ва ҳам русӣ навишт ва мӯйе аз порсӣ буданаш кам намешавад. Вале агар порсиро бо дастури русӣ ё англисӣ бинависед, ҳамин рузбакӣ ё мандаровардие падид меояд. Ин аст ки ман аз баҳс дар бораи номи ин «мазанҳардам» натиҷае намебинам ва ҳаминҷо нуқтаашро мегузорам.
·  
Dariush Rajabian Таърифи "забон" ва "гуиш"-ро забоншиносон даххо сол пеш анчом додаанд, ки бар мабнои он истилохи "забони точикй" як харфи муфт аст. Падидаи тозае хам нест, ки мунтазири тахкикаш тавассути дигарон бимонем. Бо порсй донистани "забони точикй" ва бозгашт ба хатти порсй метавон забонро ба колиб ва бистари модариаш баргардонд. Дабира ё алифбо факат барои навиштан нест. Пеш аз хама барои хондан аст, чун голибан аз он барои хондан кор мегиранд. Хондан ба порсй худбахуд дастуру сохтори дурустро ниходина мекунад. Ба чои пешниходи тагйири ину он дар хатти мандаровардии пириллик бояд тамаркуз руи бозгашт ба хатти порсй бошад, чун танхо аз он рох аст, ки порсиро мешавад бахубй фаро гирифт ва хеч рохи дигаре барои ин кор фарохам нест, на лотину на пириллик. Бо бозгашт ба номи аслй ва хатти модарии забон мешавад аз хамаи мазоёе, ки барои забони порсй вучуд дорад ва хамаруза офарида мешавад, бархурдор шуд. Пас "забони точикй" донистани забони порсй сарогози вайронихо дар забони мо будааст ва ин галат рузе ислох хохад шуд. Аммо ононе, ки онро ба ъунвони "номи расмии забон" гиромй медоранд, табъан дар баёну гуфтору навиштор хам инсичоми мавзеъашонро хифз мекунанд, то дучори танокуз нашаванд. Ононе, ки номи аслии забонро бо чон пазируфтаанд, мекушанд забонро сазовори он ном пос бидоранд ва танокузе дар исторашон нест.
·  
امید جیهانی Оё магар шодравон устод Шакурӣ дучори таноқуз шуда ки забонамонро «порсии тоҷикӣ» хондааст?
·  
Сайидюнуси Истаравшани Агар дӯстон иҷоза бифармоянд, дидгоҳи худро иброз бидорам. Номи забони мо, чунон ки касе тавони инкори онро надорад, забони порсӣ аст, ва наметавон рӯи он номи дигаре гузошт, валав бо нияти дуруст ва мурооти шароит. То он ҷо ки маълум аст, корбурди "забони тоҷикӣ" барои забони мо умри чандоне надорад, бавижа замони Шӯравӣ ба сурати амд бар ин кор исрор мешуд. Тоза, тоҷикон, ки фақат дар Тоҷикистон маҳдуд намешаванд, дар Афғонистон, ки тоҷик зиёд дорем. Пас, беҳтар нест, бибинем онҳо забони хешро порсӣ мехонанд ё тоҷикӣ? То он ҷо ки огоҳам, удабои номвари тоҷики Афғонистон (муосирин) номи забони худро порсӣ (албатта бо қайди дарӣ) унвон мекунанд, на тоҷикӣ. Оё дида ва ё шунидаем, ки дар Афғонистон касе ин забонро тоҷикӣ унвон карда бошад?
·  
Mumavvar Munavvarzod ДУРУСТ, МЕГӮЕД, САЙЙИДЮНУС.
·  
امید جیهانی Домуллоҷон, удабои номвари тоҷики Тоҷикистон (муъосирин) низ номи забони худро порсӣ унвон мекунанд, аммо бо қайди тоҷикӣ. Чунон ки шодравон устод Шакурӣ дар бисёре аз навиштораш онро «форсии тоҷикӣ» хондааст. Ман ки аз оғоз забонамро «порсӣ» номидаам, вале гаҳ гоҳе ки манзурам мушаххасан забони гуфториву навиштории тоҷикон буда, онро «порсии тоҷикӣ» номидаам. Ин магар ғалат аст? Онро ки намешавад «порсии эронӣ» ё «порсии афғонистонӣ» номид? Аммо дӯстамон Дориюш ҳар бор хурда мегирад ки забонамонро «тоҷикӣ» нагӯ «порсӣ» бигӯ. Охир порсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо чӣ фарқе дорад? Манзур аз он ҳамон порсии Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Хайёму Саъдиву Ҳофизу Ҷомиву Донишу Айниву Сайидюнусу Дориюшу Умед аст (бибахшед ки худро дар қаторатон овардам). Дигар чанд бор бояд тавзеҳ дод? Ҳар бор ҳам чор шабонарӯз ки намешавад якеро тавҷеҳ кард.
·  
Saadi Mahdi Дина (рузи сешанбе) дар ДМТ дар бахси имло чанд нафар устодон гуфтанд, ки забони порси дигар асту точики дигар. Харчанд мо чанд нафар ба ин комилан зид будем, вале гап сари ин аст, ки чунин гапхо зиёд садо медиханд. Агар бахси шумо Дориюш ва Умед. барои муттахид намудани ин кавмхои дар натичаи сиёсатхо чудо афтода кумак кунад, басо судманд аст.
16 hours ago via · Like · 2
·  
Islombek Qurbon Сенома намудани забон хамон максади сиёсии чудоиандозон буд ки ба он расидаанд.Хол он ки аз руи мантик забон дуномаю сенома буда наметавонад чун онро точики гуфтед пас он порси буда наметавонад.Хохиш мекунам лахча гуишро фарк бояд кард аз забони асоси.Мамолики араб кариб 20 лахча дорад ва 20 давлат 20 гуиш (диалект) аммо забонашон як ном дорад араби. Боки Умед ва дигарон устодони донишгох чун точики меномед ин забонро пас бояд конуну коида ва хама фаркияти онро аз порси баен намоед ва онро тасдик намоед.Имруз танхо талаффузи калимот фарк дораду халос ки онхам дар навишт як аст.Боки забони порси ва точики ягон фарки куллие надорад.Пас бо кадом асос як забонро ду ном е се ном дари меномед.Мо худамон худамонро таксим намуда истодаем аз бегонагон чи гила.
·  
Islombek Qurbon Асосгузори шеъри порси дар Бухоро доди сухан бо ин забон дода ки он точики ном надошт ва кулли порсизабонон уро эътироф намуда ки аз магриб то ба машрик ва имруз мо бо ин забони у харф мезанем чигуна пас имруз онро тагйири ном менамоем инсоф кунед дустони азизи ба доми душманони чудоиандоз науфтед.
·  
Islombek Qurbon Е Носири Хусрави Кубодиени осори хеш ки зодаи диери мост ба порси гуфта баен намудааст ки ба хама фахмову ошност магар точики мегуфт у хам порсии ноб е на инсоф хам чизи хуб азизон!
·  
Islombek Qurbon Аз назари истифодаи вожахои лугавии арабии зиед дар порсии Эрон он барои точикон мушкилфахм аст аммо забони бегона нест.Вупруди калимоти зиеди араби ва франсави ба порсии Эрон онро аз точикон дур кардааст хамчунин вуруди калимоти русиву турки ба порсии точикистон, порсии точикистон тозатарин порсии нобтарин забон мондааст ки ба даврони рудакиву фирдавси кариби дорад он порсии порсист на точики галатгуиву гуфториро хотима бояд бахшид.
·  
Saadi Mahdi Сухани Шумо Исломбеки гироми "Хохиш мекунам лахча - гуишро фарк бояд кард аз забони асоси". Холо маълум аст, ки дар кучо гуиш асту дар кучо забони ноби классики, ки шумо поёнтар кайд мекунед.
·  
Dariush Rajabian امید جیهانی Оё магар шодравон устод Шакурӣ дучори таноқуз шуда ки забонамонро «порсии тоҷикӣ» хондааст?
9 hours ago · Like

Дастикам чахор бор то кунун гуфта шуд, ки дар таркиби "порсии точикй" вожаи "порсй" исм асту вожаи "точикй" сифати он барои таъкид бар навъи гуиш. Ъиборати "порсии точикй" он ишколеро надорад, ки ъиборати "забони точикй"-и шумо дорад, Умед. Устод Шакурй аз номи забон огох буд ва онро "порсй" медонист. Шумо руи "забони точикй" таъкид доред. Пас хеч каробате дар ин ду истор нест
·  
Dariush Rajabian Дустам Умед, барои ин ки дар зери хамин як сутун исторатон чандгуна чилва накунад, иддаъои охиратон хитоб ба Сайидюнусро ислох мекунам. Эроди ман аз шумо марбут ба корбурди мукаррар ва мусирронаи истилохи галати "забони точикй" аст. Шумо хатто кушидед аз ин истилох ба ъунвони "номи расмии забон" дифоъ кунед, ки нофарчом буд, чун аз диди ъилмй ва аз беху бун галат аст. Дар нихоят гуфтед: "Барои осонии кор ва зудёбии манзур дар навишторам барои точикон ман забонамонро «точики» меномам. Шумо онро «порси» бидонед." Ин як бор ба наълу як бор ба мех заданхо барои чи?
·  
Dariush Rajabian Холо, агар намехохед ба ин мавзуъ баргардем, як бор барои хамеша ва бидуни сар задан ба печу хамхои хошия эълом доред, ки истилохи "забони точикй"-ро хамчунон кабул доред ё на, Умед.

No comments: