Monday, October 08, 2012

A Debate Over 'Tajiki'



Як ҷаласаи пурсишу посух бо дӯсти арҷмандам Умед бар сари "забони тоҷикӣ"

Пурсиши 1: Оё магар ҳамин истилоҳи «тоҷикӣ» дар порсии меъёре ки шумо ҷон ба каф гирифтаву густаришаш медиҳед, барои номидани забони расмии кишвари Тоҷикистон ва гӯиши мардуми порсизабонаш ба кор намеравад?


Посухи 1:
Агар дифоъ аз забони порсӣ барои бархе мояи тамасхуру истеҳзо бошад, бояд ба Ашӯ Фирдавсӣ ҳам хандид, ки гуфта буд:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Ъаҷам зинда кардам бад
-ин порсӣ.

Аммо мутмаиннам, ки истеҳзои шумо (“
порсии меъёре ки шумо ҷон ба каф гирифтаву густаришаш медиҳед”) ҷанбаи шахсӣ дошт ва худатон ҳам ба он маҳал намегузоред ва забони порсию Фирдавсиро гиромӣ медоред. Пас дар як баҳси ҷиддӣ бар сари чизҳое ба ин аҳаммият неш ба кор наояд. Ва агар тасаввур бар ин аст, ки ман ҷонбакаф аз забони порсӣ дифоъ мекунам, илтифоти шумо ва ифтихори ман аст.

Бахши дувуми пурсиш ҷиддитар аст ва посухе ҷиддӣ мехоҳад. Оре, забони дарӣ (расмӣ)
-и Тоҷикистон акнун расман “тоҷикӣ” ном дорад. Аммо мову шумо медонем, ки ин ном чигуна бар сари забони мо таҳмил шуда ва чи ъумре дорад. То даҳаи 1930-и мелодӣ номи ростини забон дар хиттаи мо ҳам ҳифз шуда буд ва ин тоҷикҳо набуданд, ки истилоҳи “забони тоҷикӣ”-ро ихтироъ карданд. Ин истилоҳ зодаи сиёсати ҳисобшудаи истеъмори сурх барои баркандани мо аз решаи ҳувиятии худ ва тазъифи забони аслии минтақае густарда буд. Агар Шӯравӣ номи забони моро ъиваз намекард ва ҳисси ҳамзотпиндории мо бо дигар порсигӯёни ҷаҳон боқӣ мемонд, мусалламан, Шӯравӣ дар амон намемонд. Ситондани марказҳои порсигӯ (Самарқанду Бухоро) аз ҷумҳурие, ки “Тоҷикистон” ном гирифт, бо “тоҷикӣ” номидани забони порсӣ як сарчашма ва ҳадаф дорад: дарҳам кӯбидани порсӣ ва ҳувияти доманадори порсӣ ва баркандани он аз аҷзои дигараш, то дубора суроғи худиро нагирад ва дар банди бегона бимонаду бегона шавад. Пазириши ин истилоҳ аз сӯи фарҳехтагоне чун шумо ба маънои тан додан ба ҳамон сиёсати ҳисобшуда аст. 

Ин ҳам ёдамон наравад, ки номи аслии забон (форсӣ) дар паи ҷунбиши худҷӯши мардумӣ соли 1989-и мелодӣ дар қавсайн ба матни Қонуни Асосии Тоҷикистон баргашт. Вонгаҳе 5 сол баъд инон ба сарвақташ расиданд ва онро ҳам буриданду дур рехтанд, ки фикр намекунам шумо аз ҳаводорони он ҳаракати худситезона бошед.

Ва, пештар ҳам гуфта будам, агар ин ҳама расмиёт барои мо муҳим аст, бояд тарки ин гуна навиштор кунем ва ба забоне, ки шумо “рузбакӣ” мехонед ва ман “порсии таҷовузшуда” медонам, такаллум кунем. Намунаеро аз хабаргузории расмии кишвар нақл мекунам, ки ҳовии забони расмии мавриди пазириши ниҳодҳои давлатист. Агар касе ба расмиёт дил дода, ночор аз пайравӣ аз ин навъи гуфтору навиштор аст: 

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Онбаъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. Агентӣ дар шаҳри Душанбе соли 1925 ҳамчуни Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд.»

Пас як бому ду ҳаво ба кор намеояд, ҷиддан. Агар далели мо барои «забони тоҷикӣ» хондани забони порсӣ расмӣ будани ин ном аст, соири расмиётро ҳам бояд бипазирем, ки ман аз анҷоми чунин коре маъзурам. Инҳо ҳама аз паёмадҳои як нанги торихист, ки тавассути бегонагон дар бистари миллати мо кошта шуда ва сӯгмандона, бархе ба он тан додаанд ва забонро ба мурдобе табдил кардаанд, ки дигар намеҷӯшаду намезояд. Аммо агар ин навъи баёнро, ки расмӣ аст, «рузбакӣ» медонем, ҳаққи маънавии ядак кашидани номи расмии забонро надорем, ки дуруст ба монанди ҳамон наҳваи баён коштае аз ағёр аст ва худӣ нест.

Пурсиши 2: Агар дам аз меъёре мезанед, чаро худатон вожаву истилоҳоташро қабул надоред?

Посухи 2: Бале, ман пайрави забони меъёр ҳастам ва меъёртароширо вазифаи худ намедонам. Дар таърифи он гуфта будем: забони меъёр забони тавлиди фикр тавассути аксарияти як ҷомеъаи забонӣ аст. Забону баёне, ки ихтиёр кардаам, мутаъаллиқ ба ҳамон аксарият аст, ки сарнавишти забони меъёрро рақам задааст. Сипос мар Худойро, забоне бегона нест, ки мояи шармсорӣ бошад. Ҳамон забони деринасоли Рӯдакист, ки имрӯза ба ин ҳайъату ҳайбат чеҳранамо шуда. 

Агар манзуратон аз гурези ман аз «вожаҳо ва истилоҳот»-и забони меъёр тан надоданам ба истилоҳи “забони тоҷикӣ” аст, далелаш пештар ъарз шуд. Сиккаи “забони тоҷикӣ”-ро мову пешиниёни мо зарб назадаем, балки бегонаовард аст. Барои санҷидани он дар забони меъёр кофист ъиборати “забони тоҷикӣ”-ро ба хатти худамон (порсӣ) бигуглед. Нахустин натиҷаи ҷустуҷӯ мақолае аз Википедиёст, ки худи шумо ҳам дар тартиб додани мақолоташ заҳмати фаровон кашидаед. Ъунвони мақола, аммо, “забони тоҷикӣ” нест, балки “форсии тоҷикӣ” аст. “Тоҷикӣ” ба ъунвони сифат ва шохиси гӯиш омада, на номи забон. Номи забон ҳамон бахши нахусти он аст: “форсӣ”. Ва “тоҷикӣ” натиҷаи иҷбори мантиқнапсанди замона аст. Натиҷаи дувум “Алифбои тоҷикӣ” ном дорад, ки ба далели муҷаззо ва мутафовит буданаш аз порсӣ номе дигар дорад, ки мо онро шартан “пириллик” гуфтаем. Пас дар забони порсии меъёр ҳам номи забони расмии Тоҷикистонро “форсӣ” (порсӣ) гӯянд ва лоғайр, ки собит мекунад, дар ин маврид ҳам пайрави забони меъёр мондаам.

Пурсиши 3: Агар «номгузории тоҷикӣ» ва «забони тоҷикӣ» истилоҳе мандаровардӣ ва шӯравизода буда ва аз машрӯъияти торихию забонӣ бархурдор нестанд, пас чаро шумо худ истилоҳе мандаровардӣ ва шӯравизодаи «Осиёи Миёна»-ро ба кор мебаред ки на аз дидгоҳи торихӣ машруъият надорад ва на аз дидгоҳи ҷуғрофиёӣ?

Посухи 3: Боз ҳам аз ҳамон равиш кор бигирем. Ъиборати “Осиёи Миёна”-ро ба хатти порсӣ бигуглед. Нахустин натиҷаи он мақолае бо ҳамин ъунвон аз Википедиёст, ки мегӯяд: “Осиёи Миёна ё Осиёи Марказӣ сарзамини паҳноваре аз қораи Осиёст, ки ҳеч марзе бо обҳои озоди ҷаҳон надорад. Агарчи марзҳои дақиқе барои ин сарзамин таъриф нашудааст, аммо маъмулан онро дарбаргирандаи кишварҳои имрӯзии Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирқизистон медонанд”. Пас он чи ман гуфтаам, мандаровардӣ набуда, балки аз аҷзои забони порсии меъёр аст. Дар шиносаи гурӯҳи “Забони порсӣ”, албатта, ба пешниҳоди шахси шумо вожаи “Фарорӯд”-ро нахуст ва дар тавзеҳи он “Осиёи Миёна”-ро дар қавсайн овардем. Пас боз ҳам ночор аз табаъият аз забони меъёр будаем.
 
Пурсиши 4: Оё магар ин исторатон «як бому ду ҳаво» нест?

Посухи 4: Бар пояи он чи ъарз шуд, мутмаиннам худи шумо ҳам дарёфтаед, ки истори ман «як бому ду ҳаво» нест, балки сирфан риъояти усули забони порсии меъёр аст. Ин бад-он маънӣ нест, ки мо аз вожасозию вожагузинӣ баруфтем. Ин бад-он маъност, ки барои қабулондани як вожа ё истилоҳе тоза мароҳили лозимро тай кунем: бо тавлиди зеҳнии бештар ё корсозтар, ки истилоҳоти баҷои моро дар миёни порсигӯёни дигар ҳам ҷо биандозад ё бо тарҳ кардани пешниҳодҳои худамон бо Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Теҳрон, ки аз ҳар се кишвари порсигӯ намоянда дорад. Худсарӣ дар ин замина ба бесарусомонии забонӣ ва дар натиҷа дуртар уфтодани гӯишварони як забон аз ҳам меанҷомад.

Фарҷом
 
Маҳал гузоштани ман ба истори шумо, Умед, ба далели арҷест, ки ба андӯхтаҳоятон дорам. Вагарна фаровон будаанд касоне, ки дари ин баҳсро гушудаанд ва идомаи мабҳасро беҳуда дидааму дарро бастаам. Бархе ҳам бо қаҳру ъитоб гурӯҳҳоеро ба "Забони ҳозираи адабии тоҷикӣ" ихтисос доданд. Аммо дарёфт ё таъбири истори фарди фарҳехтае чун шумо дар ин замина бароям муҳим аст.

No comments: