Friday, October 12, 2012

A Debate Over 'Tajiki'. Part 4


Баҳсе бар сари "забони тоҷикӣ". Бахши 4
· 
امید جیهانی Шумо худро беҳуда азият медиҳед, Дориюш. Ин чизе ки навиштаед дар ҳамон дидгоҳи ман низ оварда шуда ва ҳар касе онро хонда бардошташ ҳамин буда ки тоҷикӣ яке аз гунаҳои забони порсӣ аст, на забоне ҷудогона. Ҳамин назар дар Эрон низ пазируфта шудааст ва ин ҳам муште намуна аз он харвор:

Bahman Zandi زبان فارسی یک زبان است با گونه های رسمی (شامل فارسی ایران، فارسی دری افغانستان و فارسی تاجیکی). درست مانند انگلیسی بریتانیایی و امریکایی و... هر کدام از این گونه های رسمی در داخل مرزهای سیاسی سه کشور دارای لهجه های محلی هستند: مثلا در ایران لهجه تهرونی، مشهدی، کرمونی، اصفهونی و... وجود دارد
19 ч. назад • Больше не нравится • 7

Ман бо дигар порсизабонон аслан коре надорам, зеро ин гурӯҳро барои баррасии порсии Тоҷикистон ихтисос додаем. Аз ин рӯ дар баҳсҳои худамон забонамонро ё порсии тоҷикӣ меномем ё кӯтоҳакак тоҷикӣ ва ҳама манзури ҳамдигарро хуб дар меёбанд. Танҳо шумо ҳастед ки манзурамонро дарк намекунед ва баҳс мекунед.
· 
Сайидюнуси Истаравшани Қайди "тоҷикӣ" барои порсиёни Тоҷикистон ҳатто сифат ҳам нест, балки як "арази хос" аст ба истилоҳи мантиқӣ, зеро сифат ҳам гоҳе ҷудосозанда аст, аммо арази хос (ки дар ин ҷо ҳамон гӯиш ва лаҳҷа аст) танҳо баёнкунандаи тафовутҳои оризӣ аст; дуруст мисли он ки аз забони порсиёни аҳли Исфаҳон масалан, ба "забони порсии исфаҳонӣ", ва аз забони машҳадиён ба "забони порсии машҳадӣ" ва ғайра, таъбир намоем.
· 
Сайидюнуси Истаравшани Ва агар чунин таъобиреро дуруст ангорем ва рӯи он таъкид кунем, мебоист дар худи Тоҷикистон чанд "забон" дошта бошем; аз қабили "забони порсии тоҷикии хуҷандӣ", "забони порсии тоҷикии кӯлобӣ", "забони порсии тоҷикии масчоҳӣ" ва қис ало золик... Пас, ҳамон тавр ки барои кулли тоҷикистониён як унвонро яъне унвони "забони тоҷикӣ"-ро (бо вуҷуди ихтилоф дар лаҳҷа) раво донистаанд, чаро унвони "забони порсӣ"-ро барои ҳамаи порсигӯён раво надорем? Дӯстоне ки бо лаҳҷаҳои мардуми Эрон ошно ҳастанд, медонанд, ки бархе аз лаҳҷаҳо (масалан, гилакӣ) ба маротиб дуртар аз лаҳҷаи мо тоҷикон бо забони асл аст, бо ин вуҷуд онро забони порсӣ медонанд.
· 
Dariush Rajabian Аз ҳавошй парҳез кунед, Умед, ва сари матлаб суҳбат кунед, лутфан. Ин ки ман худамро азият мекунам ё шумо азият шудаед, мавзўъи баҳс нест. Саъй кунед бо тамаркуз рўи мавзўъ ва ба дур аз тиккапаррониҳо ба масъалаи мавриди назар бипардозед.
Чизе, ки шумо мегўед, бо оне, ки ман ва дўстони дигар дар ин чамъ мегўем, тафовути бунёдин дорад. Шумо мегўед, "забони точикй". Ман мегўям, бино ба усули забоншинохтй, ин истилоҳ ғалат аст ва номи забон ҳамоно порсй (форсй) аст. Дидгоҳи Баҳмани Зандй ҳам ки ба ъунвони пуштвона овардаед, мегўяд:
"Забони форсй як забон аст, бо гунаҳои РАСМЙ (чизест, ки дишаб сараш таъкид доштем - ДР). Дуруст монанди инглисии бритониёйи ва омрикойи..."
Агар бо ин дидгоҳи мантиқии Зандй мувофиқед, бояд дарёфта бошед, ки забони порсй ва тамоми гунаҳои он як забони воҳид аст, бо гунаҳое расмй, ба монанди забони инглисй. Ба ҳамон шева, ки "забони бритониёйи" ё "забони омрикойи" вучуд надорад, "забони точикй" ҳам наметавонад вучуд дошта бошад. Ба ҳамон гунае, ки сифати "бритониёйи" ё "омрикойи" барои ташхиси гунаи забони инглисй ба кор меравад, бархе аз истилоҳи "забони порсии точикй" кор мегиранд, ки муғоир бо дидгоҳи мо нест.
Дар гурўҳи ЗП ҳам, дақиқан ба далели ин ки вижаи порсии Осиёи Миёна аст, ниёзе ба таъкид рўи гунаи забони порсй нест ва вақте, ба қавли шумо, кўтоҳакак "забони порсй" мегўем, манзурамон забони модарии мост. "Забони точикй" муғоир бо нафси ягонагии забони порсист ва сирфан барои фасл кардан омада, на васл кардан. Ҳимоят аз он ба маънии ҳимоят аз тарҳи парокандагии забони модарии мост.
· 
امید جیهانی Ин баҳс ба поёнаш расида ва идомааш беҳуда аст. Ман исторамро арз кардам ки порсӣ ва тоҷикиро як забон медонам. Дар ин маврид ҳамфикрем. Ман бар инам ки ин забоне ки мо бад-он сухан мегӯему менависем гунае аз порсӣ аст ки онро «порсии тоҷикӣ» меноманд. Ман аз чандин истилоҳе ки барои номидани ин забон ба кор меравад ҳамин якеро интихоб кардам, зеро муътақидам ки беҳтар аз «порсии варорӯдӣ», «порсии мовароуннаҳрӣ» ва ё «порсии Осиёи Миёна» онро тавзеҳ медиҳад. Шуморо аз «порсии тоҷикӣ» агар хуш намеояд ихтиёр доред дигар истилоҳотро ба кор баред.
Боре, дар бораи истилоҳи «забони тоҷикӣ» бо он маъние ки шумо ба он медиҳед, оё ба назаратон намерасад ки мухотабатонро иштибоҳ гирифтаед ва чизеро ки бояд ба сиёсатгузорон бипазиронед, мехоҳед ба ман биқабулонанд?
· 
Dariush Rajabian Ман намехоҳам чизеро биқабулонам, Умед, балки мехоҳам дарёбед, ки исторатон зиддунақиз аст ва як бому ду ҳавост. Якчо мегўед забонамон порсй аст, аммо шумо онро кўтоҳакак "забони точикй" меномед. Ё ҳамин чанд соъат пеш навиштед: "Барои осонии кор ва зудёбии манзур дар навишторам барои точикон ман забонамонро «точики» меномам. Шумо онро «порси» бидонед."
Ман мегўям, осонии кор ё кўтоҳии баён далеле барои таҳрифи воқеъият ва таъйиди як иштибоҳ (дар воқеъ, таъйиди тарҳи муғризонаи бегонагон) намешавад. Дар ҳоле ки дар осонй ва кўтоҳии бештари истилоҳи "забони точикй" нисбат ба "забони порсй" шакки муваччаҳ дорам. Ва бори дигар ъарз мешавад, ки эроди ман мутаваччеҳи исрори шумо бар корбурди истилоҳи ғалати "забони точикй" аст, на "порсии точикй" (ки ба монанди "инглисии омрикойи" барои ташхиси гунаи порсй ба кор меравад).
· 
امید جیهانی Шумо мехохед ин назаратонро бар ман биқабулонед ки истилоҳи «забони тоҷикӣ» ғалат аст. Ман бо ин назаратон на мувофиқам ва на мухолиф. Ҳар сареро савдоест. Азбаски ин истилоҳ дар Тоҷикистон корбурде фаровон дорад ва манзур аз он ҳамон «порсии тоҷикӣ» ё «порсии Тоҷикистон» аст, мардум онро ба ҳамин маънӣ мефаҳмад ва фаровон ба кор мебарад. Ин воқеъиятест ки намешавад нодидааш гирифт. Дигар воқеъият ин аст ки бисёре аз ғалатҳо аз фузунии корбурд мусталаҳ ва мутадовил мешаванд. Чунон ки истилоҳоти мандаровардии «забони рузбакӣ» ва «хатти пирилик»-ро мусталаҳ кардаем. Ман он воқеъиятҳоро мебинам ва аз онҳо дар навишторам баҳра мебарам. Воқеъиятгароӣ хирадпазиртар аз хостандешӣ аст. Ҳастиҳоро бояд чунон ки ҳаст пазируфт то бишавад ба хостаҳо расид.
· 
Dariush Rajabian Умеди Ҷайҳонӣ: "Шумо мехохед ин назаратонро бар ман биқабулонед ки истилоҳи «забони тоҷикӣ» ғалат аст. Ман бо ин назаратон на мувофиқам ва на мухолиф".

Манзур аз истори "як бому ду ҳаво" дақиқан ҳамин буд, Умед. Агар бо чизе на мувофиқед ва на мухолиф, худбахуд бетараф мешавед. Яъне гузинаи севуме, ки канори мувофиқ ва мухолиф вуҷуд дорад, бетарафӣ ё имтиноъ (мумтанеъ будан) аст. Аммо агар шумо дар ин маврид бетараф мешудед, баҳсе ҳам дар намегирифт, ки ба ин рӯдадарозӣ бошад.

Умеди Ҷайҳонӣ: "Азбаски ин истилоҳ дар Тоҷикистон корбурде фаровон дорад ва манзур аз он ҳамон «порсии тоҷикӣ» ё «порсии Тоҷикистон» аст, мардум онро ба ҳамин маънӣ мефаҳмад ва фаровон ба кор мебарад. Ин воқеъиятест ки намешавад нодидааш гирифт".

Намешавад ва набояд нодида гирифт. Ҳассосияте ҳам ки ба харҷ меравад, ба хотири ҳамин аст. Аҳаммияти ин ғалати мусталаҳи бегонакошта ба андозаест, ки набояд нодида гирифташ ва бояд ғалат будани онро имрӯзу фардову пасонфардо тафҳим кард, то хоби парокандагии порсӣ, ки дигарон бароямон дидаанд, ба вуқӯъ напайвандад. Бояд дарёфт, ки истилоҳи "забони тоҷикӣ" як истилоҳи батамом сиёсист, ки бунёди ъилмӣ надорад ва матруд аст. Ва ин ки сиришту номи забони мо аз қадимулайём порсӣ буда ва порсӣ мондааст.

Умеди Ҷайҳонӣ: "Дигар воқеъият ин аст ки бисёре аз ғалатҳо аз фузунии корбурд мусталаҳ ва мутадовил мешаванд".

Хушнудам, ки ғалат будани истилоҳи "забони тоҷикӣ"-ро изъон кардед. Аммо ин ғалати мусталаҳро наметавон сода гирифт, чун реша дар тарҳе бадсиголона дорад. Ҳамонанди ғалатҳои мусталаҳи лафзӣ нест, балки як ғалати бузурги лафзию маъноию торихӣ аст, ки ислоҳаш бисёр сода аст: парҳез аз корбурди он ва ҷойгузинии он бо лафзи дурусти "забони порсӣ", то ҳам асолат барқарор шавад ва ҳам душман ноком.

Умеди Ҷайҳонӣ: "Воқеъиятгароӣ хирадпазиртар аз хостандешӣ аст".

Дар хирадпазирии шумо шакке нест, аммо шомили ҳоли ин мавриди хос намешавад. Гароидан ба як воқеъияти козиби сиёсӣ, ки ангезаҳое шум ва паёмадҳое шумтар дорад, амре хирадпазирона нест. Ва порсӣ донистани забоне, ки баростӣ порсӣ аст, хостандешӣ нест, балки гароиши маҳтум ба асолат ва сиришт аст.

Умеди Ҷайҳонӣ: "Ҳастиҳоро бояд чунон ки ҳаст пазируфт то бишавад ба хостаҳо расид".

Ҳарфи ҳисоб аст. Ҳастӣ ин аст, ки як мушт сиёсатмаоби бегона номи забони моро барои камзӯру бечора кардани мо ъиваз кардаанд ва рӯи коғаз "забони тоҷикӣ" навиштаанд. Ин ҳастӣ ё воқеъиятро мешиносем. Ва хостаи мо ин аст, ки далел ва ҳадафи ин хостаи бегонагон ҳам тавассути порсигӯёни минтақа шинохта шавад, аз риъояти диктаи бегона парҳез шавад, то дигар забони модарии худро шоха-шохаву хурду хор накунанд.
· 
Dariush Rajabian Saadi Mahdi: "Дер шуд, дигар точики чун точики мемонад, бо ёди порси".

Магар порсӣ мурдааст, ки "бо ёди он" як забоне зинда мемондааст?! Ин дигар чи сиғае буд? Магар шумо баростӣ "забони тоҷикӣ"-ро тофтае ҷудобофта ва муҷаззо аз порсӣ пиндоштаед?

Ин танҳо як намуна аз паёмадҳои "тоҷикӣ" номидани забони порсӣ аст.
· 
امید جیهانی Ин баҳсро шумо бо эродатон бар истилоҳи «номгузории тоҷикӣ» оғоз кардед ва ба истилоҳи «забони тоҷикӣ» кашондед. Ман аслан моил ба ин баҳс набудам ва нестам. Боре шумо худ бо дигарон баҳс мекунед ва онҳоро сарзаниш мекунед ки баҳсро ба дарозо мекашанд? Ҳоло ки чунин мегӯед, худ бигӯед ки чаро истилоҳи «номгузории тоҷикӣ» ғалат аст? Чунки худ вожаи «тоҷик» ғалат аст ё ҳама муштақоташ? Бо «номгузорӣ» ки мушкил надоред?
· 
Dariush Rajabian Умед, барои ин ки ҳарфам бебуния набошад, намунаҳоеро аз суханони худатон чидаам, то бибинем, ки манзуратон аз "номгузории тоҷикӣ" оё "номгузорӣ ба забони тоҷикӣ" набудааст. Ҳар он чи ин зер аз навиштаҳои худатон мебинед, дифоъияест барои, ба қавли худатон, ғалати мусталаҳи "забони тоҷикӣ". Далели иншои ин дифоъя бароям равшан нест:

Умеди Ҷайҳонӣ:
"Оё магар ҳамин истилоҳи «тоҷикӣ» дар порсии меъёре ки шумо ҷон ба каф гирифтаву густаришаш медиҳед, барои номидани забони расмии кишвари Тоҷикистон ва гӯиши мардуми порсизабонаш ба кор намеравад?

Агар «номгузории тоҷикӣ» ва «забони тоҷикӣ» истилоҳе мандаровардӣ ва шӯравизода буда ва аз машрӯъияти торихию забонӣ бархурдор нестанд, пас чаро шумо худ истилоҳе мандаровардӣ ва шӯравизодаи «Осиёи Миёна»-ро ба кор мебаред?

Ман забони тоҷикиро ҳамон забони порсӣ медонам. Аммо ин забоне ки ман тоҷикияш меномам бо он забоне ки шумо меъёраш медонед, андаке дигаргуниҳо дорад.

Дар навиштори ман манзур аз «забони тоҷикӣ» забони мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст.

Ин се ном барои як забон падидае сиёсӣ аст ки аз вуҷуди се кишвар бо ҳукуматҳо ё низомҳои мухталиф ва дар бархе масоъил, аз он ҷумла масъалаи забон, мухолиф, бархостааст.

дар навишторам истилоҳи «тоҷикӣ»-ро дар мавориде ба кор мебарам ва хоҳам бурд ки манзурам ҳар он чизе бошад ки мансуб ва марбут ба 7 милюну чандсад ҳазор мардум ва 143 ҳазор км² сарзамине бошад ки тоҷик ва Тоҷикистон ном доранд.

Барои осонии кор ва зудёбии манзур дар навишторам барои точикон ман забонамонро «точики» меномам. Шумо онро «порси» бидонед".
· 
امید جیهانی Шумо дар суханчинӣ низ усто будаед, Дориюш. Аммо дарёфтатон аз ин суханҳоям комилан ғалат аст. Манзурам аз «номгузории тоҷикӣ» номҳоест ки тоҷикон бар ҷойҳо мегузоранд. Манзурам аз ин «тоҷикон» низ ҳамон 7 милюну чандсад ҳазор мардумест ки дар 143 ҳазор км² сарзамине зиндагӣ мекунанд ки Тоҷикистон ном дорад. Ин тавзеҳро аз он рӯ овардам ки шумо ҳама эрониён ва Эронро дар назар нагиред. Оё шумо ҷойномҳое чун «ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ё «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» ё «Ваҳдат»ро ҷойномҳои порсӣ мешуморед?
· 
Dariush Rajabian Суханчинӣ набуд, балки умедчинӣ буд, Умед. Ва ҳар касе дар ин замина устод аст, чун навиштаҳоятон ҷилави чашми мо муҳайёст. Ин ҳам аз он тиккаҳое буд, ки барои парронданашон иштиёқи фаровоне доред. Умедворам ин иштиёқатон дар тавзеҳи мавзеъатон барҷастатар бошад.
Бо нигоҳе гузаро ба дифоъияатон аз истилоҳи "забони тоҷикӣ" дармеёбем, ки шумо онро меъёр медонед ("Оё магар ҳамин истилоҳи «тоҷикӣ» дар порсии меъёре ки шумо ҷон ба каф гирифтаву густаришаш медиҳед, барои номидани забони расмии кишвари Тоҷикистон ва гӯиши мардуми порсизабонаш ба кор намеравад?"), шумо онро забоне муҷаззо аз "забони порсӣ" медонед ("ин забоне ки ман тоҷикияш меномам бо он забоне ки шумо меъёраш медонед, андаке дигаргуниҳо дорад"), шумо онро вобаста ба марзҳои сиёсӣ медонед ("Дар навиштори ман манзур аз «забони тоҷикӣ» забони мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст"), шумо мавҷудияти се ном барои як забонро як падидаи солим, яъне қобили пазириш ва мутаъориф медонед ("Ин се ном барои як забон падидае сиёсӣ аст ки аз вуҷуди се кишвар бо ҳукуматҳо ё низомҳои мухталиф ва дар бархе масоъил, аз он ҷумла масъалаи забон, мухолиф, бархостааст"), шумо тамоми он одамонеро, ки ба забони мо берун аз ин 143 ҳазор килуметри мураббаъ суҳбат мекунанд, нодида гирифтаед ("дар навишторам истилоҳи «тоҷикӣ»-ро дар мавориде ба кор мебарам ва хоҳам бурд ки манзурам ҳар он чизе бошад ки мансуб ва марбут ба 7 милюну чандсад ҳазор мардум ва 143 ҳазор км² сарзамине бошад ки тоҷик ва Тоҷикистон ном доранд") ва барои тавҷеҳи корбурди истилоҳи ғалати "забони тоҷикӣ" баҳонае ҳам тарошидаед, ки ба чашми худатон ҳам шояд ҷиддӣ наояд ("Барои осонии кор ва зудёбии манзур дар навишторам барои точикон ман забонамонро «точики» меномам. Шумо онро «порси» бидонед").
Инҳо дифоъия аз "номгузории тоҷикӣ" буд ё аз номгузорӣ ба "забони тоҷикӣ"?
· 
امید جیهانی Инҳо ҳама дар дифоъ аз номгузории тоҷикӣ буд ки баҳсамон аз ҳамон оғоз шуд. Зимнан, шӯхиро ҳам бад нест ташхис бидиҳед.
Вале оё шумо воқеъан ҷойномҳое чун «ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ё «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» ё «Ваҳдат»ро ҷойномҳои порсӣ мешуморед?
· 
Dariush Rajabian Тамоми он иддаъоҳо марбут ба забон аст, на номгузорӣ. Ин барои ҳар чашми ғайримусаллаҳе ҳувайдост. Аз шӯхӣ гарде дар он намебинам, магар ин ки бигӯед куҷо манзуратон шӯхӣ будааст, то мо ҳам бихандем. Дар бораи ҷойномҳо зери сутуне, ки марбут ба ҷойномҳо буд, мешавад изҳори назар кард. Инҷо, ҳамон гуна ки мустаҳзаред, суҳбат аз истилоҳи ғалати "забони тоҷикӣ" аст. Мехоҳам бидонам, ки исрори шумо барои корбурди он бар чи мабное устувор аст ё дигар нест.
· 
امید جیهانی Инҳо пурсишҳое буданд ки бепосух монданд:
1. Оё магар ҳамин истилоҳи «тоҷикӣ» дар порсии меъёре ки шумо ҷон ба каф гирифтаву густаришаш медиҳед, барои номидани забони расмии кишвари Тоҷикистон ва гӯиши мардуми порсизабонаш ба кор намеравад?

2. Оё шумо ҷойномҳое чун «ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ё «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» ё «Ваҳдат»ро ҷойномҳои порсӣ мешуморед?
· 
Dariush Rajabian Шигирди шигарфест, Умед. Ба ҷои посух гуфтан ба пурсише пӯстканда ба суоле бармегардед, ки посухашро дар оғози баҳс додаам. Лутфан ба "Пурсишу посухи 1" дар матни аслӣ таваҷҷуҳ кунед, ки посухи пурсиши шуморо додаам.
Дар мавриди ҷойномҳо ҳам посухам равшан аст. На хайр, порсӣ намедонам. Аммо посухи шумо ку? Мехоҳам бидонам, ки исрори шумо барои корбурди истилоҳи "забони тоҷикӣ" бар чи мабное устувор аст ё дигар нест.
· 
امید جیهانی Ман истилоҳи «забони тоҷикӣ»-ро бо ҳамон маъние ки тавзеҳ додам гаҳ гоҳе ба кор хоҳам бурд.
· 
Dariush Rajabian Шумо посухи пурсиши маро бидиҳед ва дар бораи ҷойномҳо дар ҷои муносибашон баҳсро оғоз кунед.
· 
امید جیهانی Вале он ҷойномҳо агар порсӣ нестанд, пас чистанд? Оё магар забоне ки ин ҷойномҳо аз вожагону таркиботаш сохта шудаанд, порсӣ нест?
· 
Dariush Rajabian Гуфта будед, то ба фалону фалон пурсиши ман посух надиҳӣ, аз посухҳои ман хабаре нахоҳад буд. Матлаби боло ба хотири шунидани тавҷеҳоти шумо дар посух ба он пурсишҳо навишта шуд. Куҷост посухе, ки бар кафаи мантиқ чиратар ояд? Оё гурез аз посух гуфтанро шигирди муносибе барои як баҳси ҷиддӣ медонед? Агар мавзеъи шумо заъф дорад, оё беҳтар нест бар он нуқоти заъфаш биандешед ва агар дармонпазир нест, ба воқеъияти ъилмӣ тан диҳед?
· 
Dariush Rajabian Иддаъои мо басе сода аст: "забони тоҷикӣ" истилоҳе сиёсист, ки бар пояи воқеъият устувор нест ва барои дарҳам шикастани забони порсӣ сохта шудааст ва гӯишварони он бояд аз корбурди ин истилоҳ парҳез кунанд. Бо ин истор мушкиле доред?
· 
امید جیهانی Ман ҳама пурсишҳоятонро посух додаам. Исторам ҳамон аст ки дар бойгонӣ кошта шудааст. Ба ҷои ин ҳама бозпурсӣ ҳамонро як бор бихонед.
Вале он ҷойномҳо агар порсӣ нестанд, пас чистанд? Оё магар забоне ки ин ҷойномҳо аз вожагону таркиботаш сохта шудаанд, порсӣ нест?
· 
Dariush Rajabian Ман посухҳои шуморо, ки марбут ба номи забон мешавад, раддабандӣ кардаму коштам. Саранҷом ҳам дарнаёфтам, ки кадом наъл асту кадом мех. Билохира, номи забони мо порсӣ аст ё ночор аз пазируфтани ғалати мусталаҳи "забони тоҷикӣ" ҳастем? Агар ночорем, чаро? Агар ғалат аст, чаро ислоҳ нашавад? Посух гуфтан ба маънои ҳарф задан нест, балки нишона рафтан ба пурсиш аст. Ба ин пурсишҳо посухе надодед.
· 
امید جیهانی Инро бихонед ва посухатонро пайдо кунед: http://www.facebook.com/groups/zabaneparsi/442050222508466/
26 minutes ago · Like · Remove Preview
· 
Dariush Rajabian Бидуни ёдкарди шумо, дӯстам, онро хондаам. Посухатонро инҷо мехоҳам. Чун миёни ончи онҷо гуфтаеду инҷо мекоред, фосилаест.
· 
Dariush Rajabian Дар дебоча ва поварақии он навишта мехонем: "Агар гоҳе дар навиштораш забони тоҷиконро «забони тоҷикӣ» ва ё «порсии тоҷикӣ» меномад, сирфан барои ишора ба бархе ноҳамхониҳову ноҳамгуниҳоии вожагонӣ, сохторӣ ва овоие аст ки дар миёни ду гуна аз забони порсӣ, яъне порсии эрониён ва порсии тоҷикон, дида мешаванд".

Пурсиш ҳам сари ҳамон "забони тоҷикӣ" хондани забони порсист, ки гуфтед, ғалати мусталаҳ аст. Чаро пойбанди як ғалати мусталаҳи сарнавиштсоз бимонем ва дар садади ислоҳи он ғалат барнаоем?

· 
امید جیهانی То инҷо ки шумо бештар аз ман ин истилоҳро ба кор бурдаед. Агар ҳама навишторамро ҷамъ кунам шояд мавориди корбурди ин истилоҳ ба андозае нашавад ки шумо дар ин як мавзуъ онро ёд кардаед. Оё мешавад ҳамин суъолро аз худатон бипурсам ки чаро дар корбурдаш исрор доред?
· 
Dariush Rajabian :)
Бомазза буд. Аммо корбурди ман дар ин ҷустор фақат ҷиҳати ҷустуҷӯи манзури шумо аз исрор бар корбурди он аст, на ба ъунвони "воқеъияте, ки бояд бипазирем". Пас оё бояд ин ғалати мусталаҳро қурт дод ё дар садади ислоҳаш баромад?

  • امید جیهانی Оё ҳама ғалатҳои мусталаҳро бояд ислоҳ кунем ва ё фақат онҳоеро ки шумо қабулашон надоред?
  • Dariush Rajabian Инҷо шахси ману шумо матраҳ нест. Чи беҳтар, агар ҳамаи ғалатҳои мусталаҳ ислоҳ шавад. Аммо бархе чун ин яке, ки шумо ҳам қабул доред ғалат аст, бас сарнавиштсоз аст ва реша дар тарҳе бунёдбарандоз дорад. Як натиҷаи навинаш ин аст, ки дӯсте мегӯяд: "Форсӣ рафт. Тоҷикӣ ба ёди форсӣ бояд бимонад (?)". Оё ин ғалати бунёдбарандоз бояд бимонад? Ва оё ислоҳи он ки фурҷае аз касе намебарад ва фақат мехоҳад, ки ба номи забонамон арҷ бигзорем, шуданӣ нест?


    • Dariush Rajabian Дар фарҷоми ин баҳс бо таъкиди музоъаф мегӯям, ки ба Умеди Ҷайҳонии гиромию андӯхтаҳояш арҷи бисёр дорам (сарфи назар аз ин ҳама мунозироте, ки пеш меояд). Дар мақолае, ки Умед нишониашро кошта, ҳарфи ниҳоии ӯ падидор аст: "Аз ин ҷост ки забони моро бояд «порсӣ» номид то пайвандаш бо «порсоӣ» низ нигаҳ дошта шавад". Фаротар аз ин хостае матраҳ набуду нест.

No comments: