Модар, ту фириштаи наҷотам будӣ,
Пояндатарин ъишқи ҳаётам будӣ.
Марги ту асосу пояам ларзонад,
Онгуна ки мояи саботам будӣ.
Пояндатарин ъишқи ҳаётам будӣ.
Марги ту асосу пояам ларзонад,
Онгуна ки мояи саботам будӣ.
Модар, ту маро канори худ парвардӣ,
Вобаставу сарсупурдаи худ кардӣ.
Ҳоло, ки ба ҷамъи малакутӣ рафтӣ,
Доруи манию ҷовидона дардӣ.
Вобаставу сарсупурдаи худ кардӣ.
Ҳоло, ки ба ҷамъи малакутӣ рафтӣ,
Доруи манию ҷовидона дардӣ.
Модар, ту ниҳояти муҳаббат будӣ,
Маънои каромату шаҳомат будӣ.
Дар ростаи тамоми виҷдони башар,
Тимсолу таборузи садоқат будӣ.
Маънои каромату шаҳомат будӣ.
Дар ростаи тамоми виҷдони башар,
Тимсолу таборузи садоқат будӣ.
Модар, ту таронаи шаби охари ман,
Хоки сияҳи такида сартосари ман.
Торику сияҳрӯзу хамӯшам бе ту,
Эй қофиласолори ману бовари ман.
Хоки сияҳи такида сартосари ман.
Торику сияҳрӯзу хамӯшам бе ту,
Эй қофиласолори ману бовари ман.
Модар, ту агар каломи ман мехонӣ,
Ашки ситами рафтани худ медонӣ.
Бе ту ба таҳи чоҳ расидам, ҳайҳот,
Аз сабри ҷафо шавам Аюби сонӣ.
ДР
16.05.17
Ашки ситами рафтани худ медонӣ.
Бе ту ба таҳи чоҳ расидам, ҳайҳот,
Аз сабри ҷафо шавам Аюби сонӣ.
ДР
16.05.17
No comments:
Post a Comment