Thursday, May 25, 2017

Модар, модаро, дилам туро мехоҳад...

(ба гӯиши ъазизтарин офаридаи Худо)
Модар, модаро, дилам туро мехоҳад,
Аз дурии ту ҷуну танам мекоҳад.
Ду чишми тарам чишми туро кам дорад,
Дунё ҳама аз ғами ту мотам дорад.
Модар, модаро, мани ғарибат ҳайрун,
Хокам ба сару сари харобам сарсун.
Бечора шудам, хор шудам, зор шудам,
Аз боқии ъумри дода безор шудам.
Модар, модаро, туро куҷо ман ёбам?
Бо ман модарӣ кун, ки ъаҷаб нотобам.
Ун дасти дуъои ту куҷо мерӯяд?
Дигар чи касеям "бачаҷун" мегӯяд?
Модар, модаро, марги ту поюнам буд,
Вайрунам карду сӯзиши ҷунам буд.
Як бораки дигар телефунат бардор,
То боз шавам "Шафқатак"-и модардор...
02/05/17

No comments: