Thursday, May 25, 2017

Нигоҳи як таҳлилгари ъараб ба моҷарои Тромпу Саъудӣ

Дуктур Амира Абулфутӯҳ аз таҳлилгарони торнамои MiddleEastMonitor аст ва аз манзари як ъараби мусалмон ба мавзӯъ нигоҳ кардааст. Матлаби эҳсосотист, аммо баёнгари дидгоҳи ҷамъи касире аз ъарабҳо ба мавзӯъ. Яъне бо вуҷуди тафовути дидгоҳ дар бархе аз маворид ва вуҷуди нукоти носаҳеҳ дар ҷой-ҷойи матлаб мешавад хашми як ъараби мусалмон ва нигоҳи ӯ ба ин мавзӯъро дарёфт.

Мегӯяд: 

“Душмани ислом ва фарди мутанаффир аз мусалмонон аз зодбуми ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари ислом ва сарзамине, ки макони ҳарамайни шарифайн аст, боздид кард, то ошкоро ъалайҳи ислому мусалмонон эъломи ҷанг кунад. Ӯро раисони ҷумҳур, подшоҳон ва амирони кишварҳои мусалмон ҳамроҳӣ карданд, ки ӯ аз ақсо-нуқоти ҷаҳон ба монанди дому аҳшом (чорпо) гирди ҳам оварда буд. Марде, ки дар баробари раъйдиҳандагонаш пеш аз интихобот бо ишора ба Ъарабистони Саъудӣ қавл дода буд, ки он говро то замоне бидӯшад, ки шираш бихушкад ва сипас онро бикушад, меҳмони ин кишвар шуд. Ин раисиҷумҳури омрикоӣ, Дунолд Тромп, ки ба мардуми кишвараш қавл дода буд исломро аз сафҳаи замин бизудояд ва вуруди мусалмонон аз чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ъарабистони Саъудӣ ба Омрикоро мамнӯъ кунад, ба Ъарабистони Саъудӣ сафар кард, дар ҳоле ки ин кишвар, бино ба Қонуни Ъадолат Ъалайҳи Ҳомиёни Терурисм (JASTA), ки Кунгреи Омрико барои ҳамин кишвар тасвиб карда, таҳти таҳрим аст. Сарфи назар аз ҳамаи инҳо, аз вуруди ӯ (Тромп) ба кишвар ба таври бесобиқа ва пурзарқу барқ истиқбол карданд!

Тамомии ин моҷаро музҳик буд ё бештар ба як кумедии сиёҳ мемонд; замоне ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бар курсии раёсати иҷлоси Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ва нишасти сарони кишварҳои мусалмон нишаст. Гӯё ӯ ба ъунвони Амир-ал-муъминин ба хилофати милали мусалмон расида буд. Ӯ ба касоне, ки дар баробараш нишаста буданд, дастури мубориза бо даҳшатафканӣ (терурисм) ва рондани он аз кишварҳояшонро дод. Ӯ гуфт, ки Омрико ба намояндагӣ аз онҳо нахоҳад ҷангид ва ба онҳо “чароғи сабз” дод, ки ъалайҳи уммати худашон биҷанганд. Ӯ “Ҳамос”-ро як созмони даҳшатафкан (терурист) хонд ва ҳеч як аз ҳозирон ҷуръати мухолифат бо ин дидгоҳро надошт. Зеро бо Амир-ал-муъминин наметавон мухолифат кард.

Тромп ҳамчунин гушоиши Маркази Ҷаҳонии Мубориза бо Идеулужии Ифротӣ (GCCEI) дар Ъарабистони Саъудиро эълом кард. Ъарабистони Саъудӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар раъси ин марказ хоҳанд буд. Мусалламан, ҳамаи мо медонем, ки чи чизе аз дидгоҳи Иёлоти Муттаҳида “идеулужии ифротӣ” ба шумор меояд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ӯ дар сарзамини ислом ъалайҳи ислом эъломи ҷанг кард! Ҳукумати саховатманди Ъарабистони Саъудӣ барои ҳифзи тоҷу тахти худ ба ӯ 460 милёрд дулор пардохт; бо ин тасаввур, ки хатари Эрон онро таҳдид мекунад. Эрон матарсак (хӯсаи полиз, “пугало”)-ест, ки Омрико барои Ъарабистон сохтааст, то аз он баҳракашӣ кунад ва дороиҳояшро ба яғмо бибарад. Дар гузашта ҳам ҳамин корро бо Ъироқи Саддом Ҳусейн карда буд, то замоне ки муваффақ ба ишғоли Ъироқ шуд ва онро ба Эрон, душмани торихиаш, таҳвил дод.

Вале Ъарабистони Саъудӣ аз рӯйдодҳои ахир ва гузаштаи торих дарсе намегирад ва то кунун нишон додааст, ки аз аблаҳтарин раҳбарони ҷаҳон дар тӯли торих аст. Ҳамон гуна ки интизор мерафт, Тромп ибтикори Малик Ъабдуллоҳ (подшоҳи пешини Ъарабистон) барои буҳрони Фаластинро написандид ва ҳеч ишорае ҳам ба роҳи ҳалли “дукишварӣ” ё ҳеч роҳкори дигаре дар буҳрони Фаластин ё ба қавли худаш, “муъомилаи қарн” накард. Ӯ фақат ёдовар шуд, ки барои дидор бо Нетонёҳу ба Байтулмуқаддас сафар хоҳад кард; яъне масъалаи Фаластин ҳатто дар дастури кори ӯ набудааст.

Баростӣ, ин нишаст кунфронси нангу шармандагӣ буд. Рӯзи эъломи марги ъарабҳо буд, чун онҳо дигар рӯи нақша ҳузур надоранд. Онҳо расман ба зери чатри Омрико рафтаанд ва мо барояшон изҳори ҳамдардӣ намекунем. Зеро онҳо ин хиффату хориро, ки кӯбандагони динашон бар онҳо таҳмил кардаанд, пазируфтанд. Ин сарафкандагиро пазируфтаанд, то тоҷу тахти худро ҳифз кунанд. Нафрин бар тоҷу тахте, ки мақому манзалат ва каромати ъарабҳоро аз даст дода бошад ва лаънат бар ононе, ки дину сарваташонро ба касоне бохтаанд, ки ъалайҳи адёни онҳо меҷанганд; дар ҳоле ки милали мусалмон дар гуруснагӣ ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки Ъарабистони Саъудӣ ва фармонравоёни ъарабу мусалмон аз вуруди Халифи ҷаҳони ислом ба сарзаминашон таҷлил ва ба ӯ изҳори фармонбурдорию вафодорӣ мекунанд, мақомҳои Омрико дар ҳоли баррасии эъломи ҷурм ъалайҳи Дунолд Тромп ҳастанд. Дар паи расвоии марбут ба равобити ӯ бо русҳо ва ифшои асрори Омрико ба онҳо чунин эҳтимоле матраҳ аст. Ин таноқуз баёнгари тафовут миёни мо ва онҳост; тафовут миёни ҷиддияту ъазми росих, арзишҳо ва усул аз як тараф ва фиребу дурӯғ ва гумроҳсозӣ аз сӯи дигар.”

(Поёни матлаби Амира Абулфутӯҳ, MiddleEastMonitor)

No comments: