Зарфи ду рӯзи ахир Эрон саҳнаи эътирозоти густардаи мардумӣ буда, ки маълум нест роҳ ба куҷо хоҳад бурд. Дар оғоз зоҳиран қарор буда эътирозот дар маҳдудаи “гаронӣ” боқӣ бимонад ва фаротар аз мутолиботи иқтисодӣ наравад. Бархе ҳам гуфтаанд, ки маҳофили усулгарои мухолифи Ҳасани Рӯҳонӣ мехостанд бо баргузории ин таҷаммуъот ъамалкарди иқтисодии давлати ӯро зери суол бибаранд, аммо гӯё идораи авзоъ аз дасташон даррафтааст ва мардум шиъорҳое ҳам дар мухолифати комил бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ сар додаанд. Шиъорҳое аз ин даст:
Исломро пилла кардед, миллатро зилла кардед!
Марг бар диктотур!
Истиқлол! Озодӣ! Ҷумҳурии эронӣ!
Тӯп, тонк, фишфиша! Охунд бояд гум биша!
Миллат гадоӣ мекунад, Оқо худоӣ мекунад!
Марг бар Хоманаӣ!
Эрон, ки шоҳ надорад, Ҳисоб-китоб надорад!
Ризошоҳ! Рӯҳат шод!
На Ғазза, на Лубнон! Ҷонам фидои Эрон!
Сурияро раҳо кун! Фикре ба ҳоли мо кун!..
Ин шиъорҳо, ки бо садои баланд дар фазои Ҷумҳурии Исломии Эрон танин андохт, боризтарин намунаи ҷонбалаб шудани мардуми он сарзамини тоҷикон аз дасти як низоми ъақидатӣ ё идеулужик аст. Албатта, торих борҳо собит карда, ки ҳеч низоме ъақидатӣ (идеулужик) дер давом намеоварад ва рафтагор аст. Ва шакке нест, ки саранҷоми Ҷумҳурии Исломӣ ҳам чунин хоҳад буд. Ҷумҳурие, ки исломи сиёсиро ниҳодина кард ва дақиқан дар аснои иҷрои ҳамин тарҳ маргбортарин заработи теша бар решаи эътиқодоти исломӣ дар Эронро зад.
Чизи тозае ҳам набуд. Ҳамаи боварҳои имонию осмоние, ки то кунун рӯи кор омадаанд, аз нахустин рӯзи кори худ дар ҳоли тахриби решаҳои худ будаанд. Шояд битавон гуфт, ки имрӯза мардуми Эрон бештар аз мардуми ҳар кишвари дигаре дар минтақа аз ҳукумати ъақидатӣ ва бавежа исломӣ безор шудаанд ва ҳатто эътиқоди милюнҳо тан ба ислом дар пайи талошҳои низом барои мусалмон кардани ҳама ба боди фано рафтааст. Ба қавли Ризо-мормулак, “инқадр гир надеҳ ба ин ҷавонҳо! Охе биҳишт, ки зӯракӣ намеша, ъазизи бародар! Унқадр фишор меёрӣ, ки аз ун вари ҷаҳаннам мезана берун...” Ва шиъорҳои дирӯзу имрӯз дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги Эрон тимсоли ҷаҳаннамест барои ин бародарон, ки мехостанд ҳамаро ба биҳишт биронанд.
Нуктаи мусбати достон: Эрон роҳи худро мепӯяд. Эрон аз маъдуди кишварҳои ҷаҳон ва танҳо кишвари минтақа аст, ки ба ҳеч қудрате иҷозаи мудохила дар умури дохилиашро намедиҳад. Қарор аст, ки худаш ин роҳро бипаймояд ва ба ҷое бирасад, ки шояд бишавад “сарманзили мақсуд” номид. Набояд ҳеч касе бар ин миллати бошукӯҳу боғурур дикта кунад, ки истгоҳи баъдиаш куҷост. Вазифаи таъйини истгоҳ бо худи миллати Эрон аст, ки ҳаргиз дар ҷаҳони муъосир тан ба султаи бегона надода ва моил нест бар мабнои дастурулъамали бегонагон роҳро аз чоҳ бишносад. Агар чоҳе пеши рӯ дорад, тарҷеҳ медиҳад худаш дар он биуфтаду ташхис бидиҳад, ки он воқеъан чоҳ буда. Ва дубора сари по меистаду роҳ мепаймояд. Дақиқан ҳамон роҳе, ки мардумони фарангӣ бидуни мудохилаи ағёр (бегонагон) паймуданд ва ба ҷое расиданд, ки зоҳиран беҳтар аз ҷойҳои макшуфи дигар будааст.
Дар ин роҳ, ки миллати Эрон сарбаландона мепаймояд, шахси ман сирфан орзуи комгорӣ мекунам. Он чи ҳифзи низоми кунунӣ бошаду чи сарнагунии он. Ба шарти ин ки тасмими ниҳоӣ бо худи мардуми он сарзамин, яъне тоҷикони он марзубум бошад. Ояндаи ҳар кишваре марбут ба мардуми он кишвар аст. Ва мардуми Эрон ба андозае ҳушёр ҳастанд, ки дахолати аҷониб дар корҳои худро дар ҳолати шаклгирии нутфа ташхис бидиҳанду хафа кунанд.
Танҳо нигаронии ман аз ҳифзи якпорчагии Эрон аст. Эрони саркашу мустақил, он чи подшоҳӣ бошаду чи ъақидатӣ, устухонест дар гулӯи абарқудратҳо ва қудратҳои пӯшолии минтақа. Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ бо Эрон сари душманӣ доранд, аммо бештар аз онҳо, қудрати коҳгилии ъарабҳои саъудӣ. Ва туркҳои манкурте, ки ҳатто аз турк набудани худ огоҳ нестанд. Ва албатта, навчаҳое чун Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки ҳақиқати берун омадан аз шиками Эронро намехоҳад бипазирад.
Ҳаминҳо ҳастанд, ки пеш аз ҳама чашминтизори ошӯб дар Эрон ҳастанд. Кафторгуна. То битавонанд пораҳое аз Эрони дарҳамрехтаро бигиранду ба ғори худ бихазанд.
Орзуи мани тоҷик барои сарзамини бузургтари мо, тоҷикон, ин аст, ки дарҳам нарезад. Ва агар рехт, аз ҳам напошад. Эрон, чи подшоҳию чи исломию чи демукротик, бояд Эрон бимонад ва ҳамвора зери сояи Ҳумой.
Зинда бод Эрон! Поянда бод сарзамини тоҷикон!
No comments:
Post a Comment