Tuesday, December 26, 2017

Лоиқ Шеръалӣ сипари мухолифони порсӣ набуду нест!

Ин рӯзҳо мухолифони забону хатти порсӣ бо ҷидду ҷаҳд мекӯшанд дар пайкоре, ки ба роҳ уфтода, бузургонро сипари худ кунанд. Дар ин фириста ба Лоиқ мепардозем.

Ҳамон устоди лоиқе, ки аз ин фарёдаш бӯи ҷигари сӯхта меояд:

Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷеъа чун шиква ба яздон накунам?!

Ва зеҳнҳои тоҷики Тоҷикистону Узбакистонро талангур зад, то шояд Хуросону Эронвичро ҳам бишиносад…

Ва дар ҷустуҷӯи шукӯҳи аздастрафта кӯҳу барзани сарзаминашро палмосиду пурсид:

Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?
Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?

Аз дасти тоҷики порсинафаҳму ба дур аз аслу ҷавҳари хеш дуди дарду ҳасрат аз вуҷудаш ба само бархост, вақте ки гуфт:

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,
Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун.

Ҳамоне, ки шоҳиди тавонзудоӣ аз забони порсӣ ва хунсосозии он дар Тоҷикистон буду мегуфт:

Аз тамоми ину он гумкардагон,
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон
3-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Ҳамон Лоиқе, ки ба далели ъишқаш ба забони модариаш – порсӣ бар ӯ ҳам барчаспи “панэронӣ” зада буданду водораш карданд, то бо ъитоб хитоб бар худбохтагон бигӯяд:

Кавдано, баҳс баҳси Эрон нест!
Баҳси ман аз табори хештан аст.
Оташи форсии ту – табхол,
Оташи форсии ман сухан аст! 

ва манзураш ин буд, ки дифоъ аз забони порсӣ дифоъ аз ҳувийяти фард-фарди тоҷикони ҷаҳон аст ва рабте ба нақшаи сиёсӣ ва “Ҷумҳурии Исломии Эрон” надорад.

Ҳамон тоҷике, ки дар дили даврони Шӯравӣ (соли 1980) Эронро фирдавсивор медиду ъошиқона, на сиёсатзадавор ва муғризона, ва месуруд:

Ҳамин як мушти хоки поки Эрон
Беҳ аз ҳар хоки Машриқ нурхез аст.
Бидонад хок ҳам, афлок ҳам низ,
Ки шоъир пешвои растахез аст.

Ва ҳатто пештар аз он, дар соли 1976, чи бебокона ва дилшуда дар тимсоли Рахши Рустам Эрони фарҳангии худро месутуд:

Аз фазои мулки Эрон то фазои мулки Тӯрон –
Аз Сиистон то Куҳистон,
Аз Хуросон то Бадахшон,
Аз фазои лоҷварди мулки Ховар
То фазои нилфоми Бохтар
Ёлҳояш ғарқи нури субҳгоҳӣ
Чашмҳояш чашмаи нури илоҳӣ
Мепарад рӯҳе дурахшон
Ҳамчу рӯҳи поки Эрон.

Дар ҳамон сол (1976) худро ҳамтабору ҳаммеҳани Рустами Дастон медиду аз қавли ӯ фарёди далерона сар медод:

Бо рӯҳи бешикасти худ дар дашти разму кин
Ковусро зи чанги асорат раҳондаам.
Ӯ худ касе набуд, ки бошад сазои тахт,
Аммо манаш ба маснади Эрон нишондаам.

…Пирӯзӣ аз ман асту зи Эрони зиндадил,
Нафрини ман ба ҳастии бемуттакои туст!

Ва солҳо баъд (1992) «Зиндарӯду Панҷрӯд»-ро суруд, ки дар озмуни дӯстии Эрону Тоҷикистон бар садри ҷадвал нишаст:

Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!

Такондиҳанда аст, ки ин шоъири бебоки тоҷик дар ъаҳди Шӯравӣ, соли 1977, ҳам ибое надошт, то бар ягонагии тоҷику эронӣ, ҳаммаъно будани ин ду вожа, таъкид кунаду биғуррад, ки:

Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст!

Ва солҳо баъд аз он (1990), аммо ҳамчунон дар муҳити хафақонии Шӯравӣ, бар ягонагии «тоҷику эрониву афғон» ва забони модарии онҳо таъкид кунад, ки:

Тоҷику эрониву афғон чаро?
Мо дар ин дунё, ки аз як модарем!

Ҳамон Лоиқи шери жиён, ки пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ (03.02.1991) дар муъаррифии аслу бунлоди худ садо дардод, ки:

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,
Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман.

Ва аз ҷудоӣ нолид, ки:

Эрон, ману ту чу пораи об ҷудо,
Монандаи офтобу маҳтоб ҷудо.
Ҳар сӯ ба талоши зиндагӣ ҷорӣ шудем,
Сарчашма як асту мо чу шохоб ҷудо.

Ин Лоиқ буд, ки дар вуҷуди Эрон (Эрони Шоҳнома, Эрони фарҳангӣ, Эрони мо) таҳлил рафту Эрон шуд ва гуфт:

Ман Эронам, ки Ъишқ эълом кардам,
Ҷаҳонеро сафо инъом кардам.
Худою анбиё аз ман бинозанд,
Ки ман исломро ислом кардам.

Ва бар кавданоне, ки сарзанишаш мекарданд, гуфт:

Ту хоҳӣ бош тоҷикӣ, ту хоҳӣ бош эронӣ,
Вале мобайни ҳамхунон макун эҷоди вайронӣ!

Забону Эрон барои Лоиқ тавъамон буданд, ки мегуфт:

Зи ҳам гусаста, зи ҳам ҷудоем,
Ватанфурӯши ватангадоем.

Оҳ, оҳ аз ин дурӯғу фандҳо,
Холӣ бод Эрон зи холибандҳо!

То наӣ соҳиби забони хеш,
Нашавӣ соҳиби ҷаҳони хеш

Он “холибандҳо” (“мошенники”) хуб медонистанд, ки шоъири миллат ҳаргиз бо онҳо набудаву нест, аммо ҳамчунон холӣ мебастанду мебанданд, ки гӯё Лоиқ Шеръалӣ ҳамандеши онҳо буда... Охир Лоиқ куҷои ъарш буду онҳо куҷои фарш?

Суҳбат аз ҳамон Лоиқи бузургворест, ки дар пешгуфтори “Хуросон аст инҷо”-и фарҳехтаи нодири дигаре (устод Шакурӣ) ба забони равшану беперояву пӯстканда гуфта буд, ки забонаш ҳамон форсиест, ки “забонгумкардагони худбехабар ва худобехабари манфиъатҷӯй” ба дастури “Маскав ё дигар ҷойҳо” онро ба се шоха – “форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ” таҷзия карданд:

«...Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро, балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ – забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирӯз бар ғосибони араб .... мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болиш ва густариши ин забон будаанд, имрӯз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намегузоштем, ё дастикам то метавонистем, намегузоштем соҳибони ғамхору дилсӯзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо, ё аз миёни қаламшикастагон ва забонгумкардагони худбехабар ва худобехабари манфиатҷӯйи паллабини бумӣ пайдо кунанд ва онро ба се шоха – форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бубанданд ва ҳар кадом ҷудо биёмӯзанд ва гоҳ-гоҳ миёни онҳо монандиҳое ҳам кашф бикунанд... Албатта, ин ранг карданҳои аҷониб маълум аст, ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони бузург будааст.

Душманон хок бар ин кор ҳамеандозанд,
В-арна ман поктарам, поктар аз оби зулол».
(“Хуросон аст ин ҷо”, Душанбе, 1996)

Пас мухолифони забони порсӣ бори дигар кӯр хондаанд ва Лоиқу рӯҳи пурфутӯҳаш ҳамора бо мо, порсигӯён, буда ва ҳаст.

ДР
5 дайи 1396 (26.12.17)

No comments: