Истиқлоли
Тоҷикистон орзуи қалби хунчакони тамоми фарзандони вафодори ин обухок аст.
Бигзарем,
ки имрӯз ҳам бисёре аз мардуми Тоҷикистон бештар аз фурӯпошии импротурии ситами
Сурх чашми гирёну қалби хунчакон доранд.
Аз
ин ҳам бигзарем, ки соҳибони имрӯзи тоҷу тахт то замони расидан ба ин макнату
манзалат парчами сурх ба даст доъияи барқарории импротурии ситами Сурхро
доштанд.
Имрӯз ҳам садоқате дар шодбошҳои истиқлоли
онон ба гӯши дил намерасад.
Гӯӣ
марги Аҳмадшоҳ, вопасин тоҷики гарданкашу лашкаршикан, бедалел дар ин рӯз ҳодис
нашуд. Гӯӣ ормони ба хун оғуштаи тоҷикони ташнаи озодию истиқлолро сабт карду
ба гӯши торих овехт.
Дар
ин сӯи Ому аҳмадшоҳҳои дигаре ҳам буданд, ки бо қудрати қаламу сухан барои
истодан ба пои худ размиданд.
Тоҳири
Ъабдулҷаббор пешоҳангу пешмарги миллат буд. Эъломияи истиқлолеро, ки муддатҳо
пеш нивишта буду мавриди тамасхуру пӯзханди маҷлисиёну курсинишинон воқеъ шуд,
сардамдорони фалокатзадаи Тоҷикистони шӯравӣ саросема имзо карданду баночор
парчами истиқлол барафроштанд.
Баночор.
Чун дигар импротурие намонда буд, ки овезонаш
бошанд. Истиқлоли
муфт, истиқлоли нохоста бар фарқи сарашон хурда буд ва чорае ҷуз интишори
Эъломияи Истиқлоли устод Тоҳир надоштанд...
Ин
аст ҳадиси истиқлоли мо, ки ин рӯзҳо мавзӯъи барномаҳои рангоранги ҳунарию
меҳандӯстонаи садову симо шуда.
Дар
ҳоле ки барои бисёре мафҳуми Меҳан ҳамчунон "Ватанам - СССР" аст ва
мудофеъони Меҳан ҳамчунон "босмачӣ" ном доранд ва аз тақсими Иморати
Бухоро ба се кишвар ҳамчунон ба масобаи лутфу марҳамати Рус ва Истолин ба
тоҷикон таҷлил мешавад.
Чун
ҳанӯз мафҳуми истиқлол дар мағзу ботин русуб (нишаст) накардааст.
Ва мо ҳамчунон дар орзуи истиқлолем.
Дар
ин рӯз месазад, ки дуруде буланд ба рӯҳи пурфутӯҳи устод Тоҳир бифиристем ва ба
монанди он вораста орзуи истиқлоли тамомъайёри кишварамонро явошакӣ замзама
кунем.
No comments:
Post a Comment