Пас аз он ки пурсидам: “Читавр мешавад ҳам истиқлолро ҷашн гирифту ҳам ҳамлаи аҷнабӣ ба сарзамини худро тавҷеҳ (“оправдать”) кард?”, баҳсе миёни ману ҳаммеҳани арҷмандам Ҷамшеди Ъазимуф сурат гирифт. Ин муколимаро ба шакли комил меоварам; то он нуктаи ниҳоӣ, ки бидуни тан додан ба ҳақиқат наметавон ҷилав рафт. Баночор бояд пазируфт, ки “Инқилоби Бухоро” чизе ҷуз тазовуз ба мардуми минтақа, бавежа тоҷикон набуд. Танҳо пас аз пазируфтани ин ҳақиқат метавон ба дармони равони осебдидаи миллат даст ёфт.
Дуруст ба монанди Олмон, ки хато ва заъфи ахлоқии худаш дар замони Ҳитлерро ба расмият шинохт ва ба ъасре тоза аз пешрафту шукуфоиаш оғоз ниҳод. Дар баробари он Русияро мебинем, ки аз гузашта дарсе нагирифтааст ва ҳамчунон бар хатоҳои бешумори пешини худ пофишорӣ мекунад, торихро бознигарӣ накардааст ва дар натиҷа ҳамчунон дар бар ҳамон пошнаи собиқ мечархад.
Наметавон, ба қавли оқои Ъазимуф, чанг ба ҳикмату хирад зад ва ба иттиҳод расид, ҳангоме ки гузаштаи нангин ҳамчунон чанг бар домони мо дорад ва аз мо набуридааст. Шукуфоии ҳар миллате ба арзёбии дуруст аз пешинааш вобаста аст.
***
Dariush Rajabian:
Баростӣ, намефаҳмам, читавр мешавад тоҷик буд ва ҳамлаи аҷнабӣ ба сарзамини
худро тавҷеҳ (“оправдать”) кард.
Искандари Раҳмону Ҷамшеди Ъазимуфу дигар ҳаводорони Артиши
Сурх, ки аз истиқлоли Тоҷикистон диле хунин доранд, ъамалан мегӯянд: “Дуруст аст, ки Артиши Сурх ба
хонаи мо таҷовуз кард, аммо бояд лаззатеро, ки аз ин таҷовуз дидаем, фаромӯш
накунем!”
Тоҷикони ъарабшуда хушҳоланд, ки 1300 сол пеш ъараб ба
сарзамини мо лашкаркашӣ карду неъмати исломро барояшон ба армуғон овард.
Тоҷикони манкурти суп-сурхшуда (шояд аз шиддати шармандагӣ) хурсанданд, ки Рус
дору надорашонро барбод доду барояшон “Тоҷикистон”-e сохт. Ва ҳаргиз ҳам ин
мавзӯъ барояшон матраҳ нест, ки Тоҷикистон пештар бо номи “Бухоро” бакаррот
бузургтар буд. Таҷовузи Рус буд, ки Бухороро хурд кард, тоҷиконро дар кӯҳистон
маҳсур кард, гилеми паҳни забону фарҳанги порсиро аз саросари минтақа барчид ва
ба ҷои он забонакҳое муҳандисӣ кард, хатту дастури забони худашро ба ъорият
дод, пойтахтҳои Эронзаминро аз равнақ андохту ба ҳошия ронд...
Ва ҳатто агар ҳеч як аз ин ҷиноётро накарда буд, боз ҳам магар мешавад аз таҷовузи аҷнабӣ ба сарзамини худ дифоъ кард ва пуррӯёна мухолифони ин таҷовузро “хоини миллат” хонд?
Ин ибдолу ҷобаҷоӣ (“перемещение”)-и арзишҳо дар зеҳни ин ҳаммеҳанони мо чигуна сурат гирифтааст?
***
Jamshed
Azimov: Дориюши гиромӣ, дуруд!
Шумои азиз хеле дӯст доред дар бораи гуногунандешӣ бигӯеду
бинависед, вале, мутаассифона, мехоҳед ки ҳама дар қолаби Шумо биандешанд, чун
андешаи тараф на бо андешаи Шумо мувофиқ омад, ба шӯр меоед ва шуруъ мекунед ба
сиёҳ кардану носазо гуфтани тараф. Мехоҳед ба андешаи Шумо эҳтиром гузоранд,
вале ҳозир нестед, ки андешаи дигаронро эҳтиром кунед. Ин дар ҳама баҳсҳое, ки
мекунеду кардан доред рӯшан ба назар мерасад.
Дигар, Шумои азиз дар куҷои навиштаи инҷониб хондед, ки мо
гуфтем "аз истиқлоли Тоҷикистон диле хунин дорем ва аз таҷовузи Артиши
Сурх лаззат бурдаем"? Умратон дароз бод, додар, бо ин суханбофиатон!
Додари азиз! Инҷониб борҳо навиштаам ва боз менависам, ки
таърих барои омӯхтану сиёҳ кардани кадом саҳифаи он нест, таърих барои омӯхтану
шинохтани худу падару модари худ аст, ки мо кӣ будем, куҷо будем, имрӯз кӣ
ҳастем ва куҷо равонаем; омӯхтану донистани таърих барои дарси ибрат гирифтан
аст, ки дирӯз дигарон бо мо чӣ карданд, мо худ чӣ кардем - хиёнату
иштибоҳҳоямонро бишносем ва биандешем, ки имрӯз чӣ кор бояд бикунем. Вале мо
ҳеҷ гоҳ аз таърихамон дарс намегирем.
Ҳамонем, ки ҳамонем: корамон сиёҳ кардани таърихи падару
модарамон, туф кардан ба гузашта, хӯрдани гӯли бегонагон, хиёнат ба ҳамдигар,
таҳқиру носазо гуфтану даридани гиребони якдигар ва чандин
"ҳунар"-ҳои дигар. Ҳама худро аллома мепиндорем, ҳама даъвои
миллатсозӣ дорем, вале боре аз худхоҳиҳои девонаворамон даст бардоштан
намехоҳем...
Сухан бисёр аст, вале, додари азиз, то он вақте ки мо ба
таърихамон (ҳар гуна ҳам ки бошад) бо эҳтиром ва бо чашми ибрат нигаристанро
наомӯзем, то он вақте ки ба андеша ва боварҳои якдигар эҳтиром гузоштанро
наомӯзем, то он вақте ки "МО" шуданро ёд нагирем, миллати созанда
нахоҳем шуд. Аз ин баҳсҳои беарзиш, аз ин ҳама худхоҳиҳо ва аз "миллатсозӣ",
ки дорем ҳамон байти машҳур ба ёдам мерасад: Тарсам, ки ба Каъба нарасӣ, эй
аъробӣ, Ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст. Боқӣ Шумо донед! Хирад ёратон!
***
Бо он ҳама андарзе, ки кардед, тасаввурам ин буд, ки гӯшае
хомӯш фақат назорагари баҳс бинишинед ва бар андешаи нобоби худ пофишорӣ накунед. Аммо
ман ҳамчунон тарафдори озодии баёну чандандешиам ва ҳамаро мустаҳаққи изҳори
назар медонам. Ин ба он маънӣ нест, ки худамро аз ҳаққи изҳори назар маҳрум
кунам. Дар ҳамин баҳсҳост, ки ҳақиқат мутабалвир мешавад, вагарна чун он аъробӣ
ҳамчунон рӯ ба Туркистон пеш хоҳед рафт.
Шумо мегӯед, Шӯравӣ хубиҳое ҳам дошт. Бо вуҷуди дарки ин мавзӯъ, ки Шӯравӣ бегона ё аҷнабие буд, ки аз дуриҳои дур омаду сарзаминатонро ишғол карду шуморо ба бардагию бегорӣ кашид, шумо ҳамчунон ба ёди "хубиҳо"-он ҳастед. Ин ъайни бовари шумост, ки баён кардед ва ъайни таърифи сандруми Истукҳулм (Stockholm syndrome) аст. Ва ъайни таърифи ман аз он: дарки вуқӯъи таҷовуз бо таъкид бар лаззатҳое, ки аз он таҷовуз бурдаед.
Ишғолгар наметавонад хуб бошад, чун ҳар он чи ӯ мекунад, пас аз бузургтарин ҷинояти мумкин сурат гирифтааст ва дар чорчӯби ҳамон ҷиноят баррасӣ мешавад.
Аз ин рӯ, агар мантиқан ба мавзӯъ нигоҳ кунед, наметавон аз истиқлоли кишвар таҷлил кард, дар ҳоле ки дилатон танги хубиҳои таҷовузи ишғолгар шудааст. Инҳо аз русуботи истило дар зеҳни як инсони шӯравӣ (Homo Sovieticus) аст.

Azimov: Додари азиз! Чун ба таърих нигарем, миллати мо, сарзамини мо
ҳамеша зери таҷовуз ва тохту този бегонагон будааст ва аз ҳар омадае чизе
гирифта ва ба онҳо чизе додааст, аз искандариҳо то ба арабу турку муғулу
манғиту рус. Ин ҳама саҳифаҳои сиёҳу сафеди таърихи мост.
Давраи Шӯравӣ ҳам як саҳифаи таърихи падару модари ману
Шумост. Чунонки ба таҷовузи аъроб эҳтиром доред, ки "ислом овард", ба
ин саҳифаи таърих ҳам эҳтиром гузоред, ба андешаи Айнӣ, ба андешаи Турсунзода,
ба андешаи Ҳабиб Юсуфӣ ва даҳҳо бузургони ин миллат, ки дар домони Шӯравӣ
парвариш ёфтанду онро ВАТАН хонданд, эҳтиром гузоред ва ба андешаи мо ҳам, ки
аз ҳар давраи таърих хубиҳои онро ҷустуҷӯ дорем, эҳтиром гузоред.
Ман мавқеи Шуморо дар баробари русу Шӯравӣ ва нафрататон ба
инҳоро хуб дарк мекунам, ва мефаҳмам аз куҷост. Ба ҳар сурат ба андешаи Шумо ва ба мавқеатон эҳтиром дорам. Кори ман андарз
додани Шумо нест. Ба сухани худатон мегӯям: бар андешаи нобоби худ пофишорӣ
накунед! Хуш бошед! Зиндагӣ ба ком ва хирад ёри Шумо!
***
Dariush Rajabian: Jamshed Azimov, иттифоқан, 180 дараҷа хилофи сухани маро гуфтед. Афроде чун шуморо, ки аз
таҷовузи аъроб ба хотири ислом ё аз таҷовузи рус ба хотири намедонам чи дили
хуше доранд, аслану абадан дарк намекунам. Куллан, бо таҷовуз мухолифам, ҳатто
агар баъд аз он худо
шудаед, ки ҳаргиз намешавед. Таҷовуз ҳатмани ҳатман дар ҳар шароите шуморо
бардахӯтар мекунад ва имкону вусъату бурди парвозатонро дар ҳадди мушаххасе
нигоҳ медорад.
Аз ҳеч қавмияту миллате нафрат надорам. Шояд шумо дошта бошед, ки онро ба ман ҳам нисбат медиҳед. Аммо ман нафратро дар кул носолим медонам, нафрат аз тамоми қавмият ё тамоми як миллат ё нажодро ниҳояти девонагӣ медонам. Тамоми як миллат наметавонад мутаҷовиз бошад.
Зимнан, русҳои солими бисёре ҳам ҳастанд, ки чунин тарзи дид доранд ва лаззати таҷовузро ба ҳеч рӯй дарк намекунанд ва Шӯравиро сафҳаи нангини торихи худ медонанд.
Таҷлил аз истиқлолро ҳам танҳо барои касоне мантиқӣ медонам, ки бо таҷовуз бар сарзамини худ ба ҳеч рӯй ва бо ҳеч баҳонае канор наомадаанд. Мобақиро гирифтори сандруми Истукҳулм медонам.

Jamshed Azimov: Додари азиз! Мебинам, ки Шумо аслан мутаваҷҷеҳи
ҳарфи ман нестед ва бар ҳамон андешаи худ пофишорӣ доред. Боре навишта будам ва
ин ҷо ҳам такрор мекунам, ки ин гуна баҳсҳо беарзишанд ва натиҷааш ҷуз
парокандагии миллат чизе дигар нахоҳад буд. Дар арзёбии таърих, дар шинохти
чеҳраҳои таърихӣ бояд ба ифроту тафрит роҳ надиҳем, дигар вақти он расида, ки
даст бардорем аз худхоҳиҳо, дигар бас кунем миллатро ба гурӯҳҳо
("босмачӣ"-ҳои истиқлолхоҳ ва тоҷикони манкурти суп-сурхшуда) тақсим
кардану бар сари ҳамдигар кӯфтанро. Ин роҳи наҷоти мо нест, биёем даст ба дасти
ҳам диҳем, чанг ба домони хираду ҳикмат бизанем. Ин аст роҳи наҷоти мо...
Биандешем, ки
миллатро чӣ гуна шукуфо созем, чӣ гуна ҳамин Тоҷикистонро ки имрӯз дорем ба як
кишвари ормонӣ табдил диҳем. Ин аст роҳи мо, ин аст рисолати мо...
Зинда бошед,
умратон дароз бод!
***
Dariush Rajabian: Jamshed Azimov, Шумо пайваста маро ба пофишорӣ бар дидгоҳам муттаҳам мекунед, гӯ ин ки
худатон дар тағйири мавзеъатон бисёр нармишпазиред. Ҳарчанд ман чунин интизоре
аз Шумо надорам ва инҷо сирфан ва табъан дар ҳоли табйину тафҳими мавзеъи худам
ҳастам, на мавзеъи шумо.
Чанг задан ба хираду ҳикмат, даст ба дасти ҳам додан бисёр суханони хуб аст. Аммо сирфан дар ҳадди сухан аст. Барои даст ёфтан ба иттиҳоду паймудани роҳи хирад ё анҷоми ҳар таҳаввуле пеш аз ҳама бояд мавқеъияти худро шинохт. Бояд дар бораи пешинаи ахири миллат доварии торихӣ кард. Бояд ин ҳақиқатро пазируфт, ки "Инқилоби Бухоро" ъамалан таҷовуз ба сарзамини мо буд, ки то кунун паёмадҳои онро таҷруба мекунем, бояд қабул кард, ки имрӯз ҳам дар марҳилаи пасозарба ё пас аз осеби торихӣ ҳастем ва бояд худро дармон кунем. Дуруст ба монанди муътоде, ки то напазирад, ки эътиёд дорад, марҳилаи дармонаш оғоз намешавад.
Шакке нест, ки таҷовузи Шӯравӣ бар миллати мо осеби моддию маънавию равонии фаровоне ворид карда ва онро аз як миллати сарбуланд ба мардуме сарафканда ва саргардон дар бозорҳои минтақа табдил кардааст. Бояд пазируфт, ки ин таҷовуз қудрати андешидану таҳлил кардан ва тавлиди андешаҳои тозаро аз аксарият рабудааст. Инҷост оғози ҳар навъ тағйире. Пас аз он мешавад дам аз иттиҳоду хирадварзӣ зад. Бо инкори воқеъият фақат ва фақат дар ҳоли паридан ба сӯи вартаи нобудӣ ҳастем. Фуруди ҳамворе нахоҳад дошт ин парвоз.

No comments:
Post a Comment