Saturday, September 14, 2019

Як каф дуъо барои Сайфуллоҳ Сафаруф


Дар посух ба изҳори назари густохонаи Сайфуллоҳ Сафаруф ба Адаш Истади арҷманд дар сафҳаи Фейсбуки ӯ

Ман дар оғоз аз Сайфулло Сафаруф хоҳиш кардам, ки нивиштаҳои, ба истилоҳи худаш, чаласаводонаашро ислоҳ кунад, то бишавад мазмуни онҳоро бадурустӣ дарёфт. Нивиштам:

“Сайфулло Сафаров, сафсатаҳои хъдътона йа бор ай назар бзгаронен, ака. Ба ма катӣ шъмо гап доръм.
Лутфан ғалатҳои нивиштаатонро ислоҳ кунед, чун мехоҳам аз Шумо, Сафаруф, дар вокуниш ба чарандиётатон нақли қавл кунам ва агар обрӯе аз Шумо боқист, хоҳад рехт.»

Аз Сафаруф хабаре нашуд. Зоҳиран, ҳар чи нивиштаҳояшро барандоз кард, нафаҳмид, ки ишколашон чист. Лобуд ниҳояти тавони ин одам дар нивиштан ба забони модариаш (ҳадс мезанам, ки тоҷик асту забонаш порсист), ҳамоне будааст, ки дар вокуниш ба нивиштаи нағзи Адаш Истад ба намоиш гузошту обрӯяшро як пашизи пуч кард.

Сайфуллоҳ Сафаруф, ки аз ҳамон оғози матлабаш аз «забоншиносони чаласавод» гилоя дорад, ки барои чи номи забонашонро «порсӣ» медонанд, дар ин чанд ҷумлаи зер ниҳояти саводи худашро ба намоиш гузоштааст. Ман мутмаиннам, ки худи Сафаруф ҳам маънии ин ҷумлаҳоро наметавонад тавзеҳ диҳад, чун ҷумлаҳояш подарҳаво, номарбут, парешон ва бемантиқ аст. Чанд намуна:

«вале боз шаркшиносону рузноманигорону филологхои хушсаводу озодандеше буданд,ки акидаи кухнашуда ва аз дахонмондаю сийсикардашудаи зидди точикиро зинда карла дастоаардхои бузурги устод Айнию Б. Гафуровро аз бефахмию бесаводии худ бар боди фано додани мешаванд.»

«МО зидди забонхои форсию дари нестем чун харду хам бо забони точики хамре шаанд. МО факат мегуем,ки забони милати точик точики буда Ва точики хохад монд .»

«Вале ин км ишора кардам онро худи бародарониЭрони тахия кардаанд Ва моро хушдор додаанд,ки зирактар бошед,ки Боз Шуморо ба хоку зун накашанд. Ба инаш Чи мегуед.”

“Шумо кудакро бо магзоба ба дарйоиэ чахонишави мепартоед.»

«Хайр худо шуморо ба Рохи рост хидоят кунад.
Шояд рузе аклакатон ба чояш ряду сари чойнамоз тавба кунед пеши худованд Ва Барои миллату давлати точки як КАФ дуо кунед»…

Ин чаласавод, ки худро хидматгузори «миллату давлати ТОЧКИ» муъаррифӣ кардааст, ъамалан душмани миллати ТОҶИК ва забони порсӣ аст. Дар ҳамин нивиштаи бисёр бемояи ахираш дар сафҳаи Адаш Истад, фарзонамарди Самарқанд, тасвири тамомнамое аз худаш ба намоиш гузоштааст.

Дар чанд намунаи сода дидем, ки чандмарда ҳаллоҷ аст ва чи андоза камсавод ва бисоти забонаш чи хушку бебор! Фикр мекунед фақат порсиаш дар ин сатҳ аст? Нахайр, русиаш ҳам ҳолу вазъи беҳтаре надорад. Барои намуна, ба изҳори назари ин марди, ба истилоҳи худаш, чаласавод ба забони русӣ дар торихи 30.08.19 таваҷҷуҳ кунед:

Сайфулло Сафаров: “По двум вопросам люди сильно ошибаются. Во-первых это вопрос таджикский язык называют персидским. Во вторых из Темур ланг ,который Самарканд все таки поднял до небес создали врага таджиков. Это не так. Читайте источники в том числе Автобиографии Темура.”

Чун ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон-ш осон гардад. Сафаруф, ки забони модариаш мелангад, ҳаргиз наметавонад бар ҳеч забони дигаре тасаллути комил биёбад. Натиҷаи мантиқӣ: тамоми китобҳое, ки ба номи ин одам мунташир шудааст, заҳмати шахси ӯ нест. Касе, ки наметавонад як сатри обод бар рӯи сафҳа бичинад, ҳаргиз қодир нест китоб бинивисад. Ин ки як амри мусаллам аст.

Пас истилоҳи “чаласавод”-ро дар ин баҳси бахусус миёни Адаш Истад ва Сайфуллоҳ Сафаруф мешавад фақат дар бораи як тан ба кор бурд: дувумӣ. Худи ман намедонистам, аммо дар ҳамин баҳсҳои фейсбукӣ дарёфтам, ки Сафаруф як чаласавод ва аз диди ман як бесаводи гузарост.

Агар бесавод набошад, мавзӯъи забонро кори сиёсатмаобону сиёсатбозоне чун худаш медонад ва забоншиносонро сарзаниш мекунад, ки чиро дар мавзӯъи забон дахолат мекунанд?! Яъне забоншинос набояд дар бораи забону асолати забону торихи забону номи забон изҳори назар кунад ва бояд ба сиёсатмаобону сиёсатбозони чаласаводе чун Сафаруф майдон диҳад, ки ҳар чи ғалате мехоҳанд, бикунанд?! Оё ин оқо ъақл ёраш ҳаст ва оё баростӣ пиндошта, ки ҳама чизу ҳама кас дар хидмати сиёсат аст, ҳатто ҳақиқати торихӣ? Ҳатто ҳувийяти инсонҳо? Шояд барои инсонҳои бардахӯйу манкурт чунин бошад, ки соҳибонашон ҳар чи фармоянд, ҳамон ҳақиқат аст. Аммо оё ин манкуртон ҳамаро манкурт фарз кардаанд? 

Иттифоқан, ба ҳамин сиёсатмаобони сиёсатбози безабону лукнатию манкурт бояд гуфт, ки домани хисашонро аз ин баҳсҳо бардоранду пайи корашон бираванд. Шуморо чи кор ба баҳсҳое, ки сари сӯзан ъақле мехоҳаду чанд китоб дониш?

Шумо, китобнивиштагони китобнахонда, биравед, китобҳоятонро бинивисед, то дар китобхонаҳо ғубор бихураду бо марги шумо бимирад. Ин Шоҳнома аст, ки намемирад ва ба юмни он забони мо ҳамчунон порсӣ аст. Ин “Намунаи адабиёти тоҷик” аст, ки ба сад баён ва бо исрор номи забони тоҷиконро “форсӣ” номидааст.

Шумоҳо чи ҳастед дар баробари абарфарзандони миллати тоҷик, ки бидуни истисно забони худро порсӣ медонистанду медонанд? Шумо, ки сатҳи донишатон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хандахариши хоссу ъом шуда, бо кудом дилу гурда ва бо чи рӯе аслан дар бораи ин масоили сатҳиболо изҳори назар мекунед? Биравед, ҳамон мости сиёситонро бисобед, то шояд нони суфраатон муҳайё шавад!

Забон дар салоҳияти Шумо набуду нест.

Ин сиёсатмаоби дасисабоз менивисад: “Он чо мебинед,км дар Эрон 4000 чанги аз Точикистон ва 18 000 аз Афгонистон барои ба хоку хун кашидани Точикистон тайор шудааст.” Оё фикр намекунад, ки рӯзноманигорон метавонанд ин сухани насанҷида ва хатарноки муъовини пешини ҳизби ҳокими Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдиро бисанҷанду гузориш кунанд ва мумкин аст, чунин изҳори назари бепояе мояи дардисаре тоза дар равобити кишварҳои ҳамзабону ҳамтабори Тоҷикистону Эрону Афғонистон шавад? Ё хостаи ниҳоиаш ҳамин аст? Вагарна бар чи мабное мешавад муддаъӣ шуд, ки ҳазорон тан дар Эрону Афғонистон ҳозиранд Тоҷикистонро ба хоку хун бикашанд? 

То кунун касоне, ки Тоҷикистонро ба хоку хун кашидаанд, ҳамин тоифаи манкурт ҳастанд. То кунун, агар тоҷик овора шудаву ҷон аз каф бохтааст, ба далели турктозиҳои ҳамин фирқаи манкурт буда. Ҳеч аҳаде дар Эрону Афғонистон ба фикри ҳамла ба Тоҷикистон набуду нест. Ин афсонаҳои кремлинӣ куҳна шудааст ва дигар гироии дирӯзро надорад. Тоҷикон ба чашми сар дидаанд, ки чи касе ташнаи хунашон ва хоҳони вайронии дирӯзу имрӯзу фардояшон аст.

Мегӯяд: “95 миллион точик шуморо нахохад бахшид». Кудом 95 милюн? Бо ин таърифе, ки аз миллати тоҷик додаед ва онро маҳдуд ба марзҳои сиёсии Тоҷикистон кардаед, шумори шумо ба 6 милюн ҳам намерасад. Ҳеч тоҷике дар берун аз марзҳои Шӯравии пешин забони худро чизе ҷуз «порсӣ» намедонад.
 

Мегӯяд: «Як бор точикони Афгонистону Покистонро тамошо кунед,Чи гуна эхсоси милли доранд. Чи гуна худро точик мегуянд?”

Кори ин тоифа ҷуз тамошо дигар чизе наметавонад бошад. Аммо шуъурашон ҳам ёрӣ намекунад, ки аз он тамошо натиҷагирии дурусте ба даст оваранду дарёбанд, ки тоҷикони Афғонистону Покистон ҳамагӣ забони худро “порсӣ/форсӣ” медонанд. Дуруст ба монанди тоҷикони нажодаи Тоҷикистону Узбакистон, ки ҳамешаи Худо забони худро “форсӣ” меномидаанду медонанд. ‌Ин сурудаи шодравон Қаҳҳори Ъосиро ба гӯши ҷон бишнавед, ки тоҷикони Афғонистон бо ифтихор сурудаанду мегӯянд:

Гул нест, моҳ нест, дили мост порсӣ!
Ғавғои кӯҳ, тараннуми дарёст порсӣ!
https://www.youtube.com/watch?v=-iVIXBT4xdI 

Мегӯяд: “Хулоса набарди иттилооти бо душманони Точикистони муосир Давом дорад Ва дустони МО дар да ни зийоийн Ва сийосатмадорони Эрон бештар шудааст.»

Суҳбат аз кудом «зийоийн Ва сийосатмадорони Эрон» аст? Ҳамон Эроне, ки ба қавли Сафаруф, 4000 ҷангиро омодаи ҷанг бо Тоҷикистон кардааст? Ин ҳам ба наълу ҳам ба мех кӯбиданҳо магар баёнгари саргаштагию ошуфтагии ин тоифаи манкурт нест? Равшанфикрону сиёсатмадорони Эрон бо Сайфуллоҳ Сафаруф дӯст шудаанд, чун ӯ Эронро душмани Тоҷикистон медонад?
 

Душмани Тоҷикистони муъосир оё касест, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар пули дӯстӣ мезанад ё миёнаи онҳоро чун Сафаруф ба ҳам мезанад? Ин Сафаруф аст, ки Эрону Афғонистонро ҳамчун кишварҳои «омодаи ҳамла ба Тоҷикистон» қаламдод кардааст; дар ъайни ҳимоят аз кишваре, ки борҳо ба Тоҷикистон ҳамла карда, ба забону фарҳанги Тоҷикистон таҷовуз карда ва давлати кунунии Тоҷикистон ва тарзи тафаккури сайфуллоҳ сафаруфҳоро ҳам таҳти кунтрул дорад. Аммо Сафаруф мухолифи касонест, ки «омодаи ҳамла» ҳастанд (дар ъайни ситоиш аз равобити дӯстонаи онҳо бо Сафаруф) ва барои дифоъ аз як кишвари ишғолгару мутаҷовизи садсола, ки ҳамин имрӯз ҳам йуғи истисмораш бар гардани Тоҷикистон аст, сина сипар мекунад. Пас душмани Тоҷикистони муъосир касе нест ҷуз Сафаруфу ҳамандешонаш, ки хоҳони тадовуми бардагии Тоҷикистон ҳастанд.

Душманони Тоҷикистон ба монанди Сафаруф намехоҳанд, ки тоҷикон дар ифтихороти забони порсӣ шарики ҳамзабононашон бошанд. Сафаруф ва ҳамандешонаш ба монанди сурхҳову понтуркистҳо забони тоҷиконро 90-сола медонанд. Чун 90 сол пеш буд, ки забони форсӣ дар Осиёи Миёна ба зарбу зӯри Артиши Сурх “забони тоҷикӣ” шуд. 

Бо забони дароз фарёд задааст, ки: «МО зидди забонхои форсию дари нестем чун харду хам бо забони точики хамре шаанд. МО факат мегуем,ки забони милати точик точики буда Ва точики хохад монд .»

Аммо ҳамин “забонҳо” донистани форсию дарию “тоҷикӣ” худ мухолифат ё зиддият бо забони порсӣ аст. Ин душманӣ бо забони миллии тоҷикон аст, ки торихаш ҳазоронсола аст, на навадсола. Ва ин як факти торихӣ аст, ки забони миллати тоҷик ҳаргиз “тоҷикӣ” набуда ва то соли 1928 расман “форсӣ” будаву танҳо пас аз он ба зӯру дастури Кремлин “забони тоҷикӣ” шудааст. Ҳақиқати торихиро, ки намешавад бо ин сафсатаҳо кетмон кард.
 

Душманони Тоҷикистон ба монанди Сафаруф ва ёронаш ҳастанд, ки фақат яке аз забонҳои тоҷиконро “тоҷикӣ” меноманд ва забонҳои дигари тоҷикон ба монанди шуғнию рӯшонию ишкошимию язгуломию яғнобиро “тоҷикӣ” намедонанд. Инҳо бо чунин иқдоми номаймун дар ҳоли кинаву нафрат парокандан миёни тоҷикон ҳастанд, ки чандин забон доранд ва забони аслию миллишон порсӣ аст. Инҳо душмани якпорчагии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон ҳастанд.

Албатта, рӯи ҳеч як аз суханони инҳо намешавад ҳисоб боз кард. Ҳеч сухани одамони сиёсатбозу сиёсатмаоб қобили эътимод нест. Кофист Раҳмон фардо номи расмии забонро “порсӣ” эълом кунад, булбулаки Сайфуллоҳ Сафаруфу ёронаш якбора хоҳад мурд ва булбулаки дигаре аз ҳанҷараашон дар мадҳу ситоиши “забони порсӣ” қасидаҳо хоҳад суруд. Ин одамакон аз худ ҳеч иродае надоранд; ҳамон гуна ки дар оғози ин нивишта ишорае рафт. Агар бовар намекунед, аз худи Сафаруф бипурсед. Бипурсед, ки “агар Раҳмон фармоне бидиҳаду забони моро “порсӣ” биномад, ту аз фармони ӯ сарпечӣ хоҳӣ кард?” Ҳаргиз посухи пурсиши Шуморо нахоҳад дод. То замоне ки Раҳмон ин фармонро бидиҳад. Фардои он рӯз “забони порсӣ” бисмиллоҳи каломаш хоҳад шуд.

Сайфуллоҳ Сафаруф дар поёни “фармудаҳояш” якбора худошинос шудаву гуфтааст:

“Хайр худо шуморо ба Рохи рост хидоят кунад. Шояд рузе аклакатон ба чояш ряду сари чойнамоз тавба кунед пеши худованд Ва Барои миллату давлати точки як КАФ дуо кунед.»

Нафаҳмидам, ки манзураш аз «аклакатон ба чояш ряд» чист. Аммо метавонам бигӯям, ки «дуррфишониҳо»-и худи ӯ мисдоқи дақиқи “ридани ъақл дар ҷояш” буд. Беҳтарин таъбире, ки барои тавсифи нивиштаҳояш ба кор бурдааст! Як каф дуъо мекунем, ки ин ъақл аз ридан бозмонад ва ба монанди Адаш Истади арҷманд дар роҳи рости хидмат ба миллати тоҷик камари ҳиммат бибандад.
 Эдун бод!

No comments: