Дар ҳошияи як огаҳии Вазорати кишвари Тоҷикистон, ки тоҷиконро ба таҳсил
дар Окодемии Пулиси Туркия фаро мехонад ва ду шарти пазириш дорад: “донистани забони
туркӣ (ҳатмӣ) ва вазъи дурусти саломатӣ”.
Ҳувияти бештари тоҷикҳо дар ҳоли ҳозир бӯтаи наврустаро мемонад. Хуршед аз
ҳар сӯ бидамад, ба ҳамон сӯ мечархад ва рӯ ба ҳамон сӯ мерӯяд, меваашро барои
ҳамон сӯ арзонӣ медорад.
Дар ин давраи гирифториҳо кишварҳои муғриз (корыстный) дастбакор мешаванд. Ёдамон
наравад, ки ҳеч кишваре ба ҳеч рӯй дар роҳи Худову расул ё ба хотири чашму
абрӯи қашанг ба касе ёрӣ накардааст. Туркия, чи пеш аз Ардуғону чи акнун,
манофеъи миллии бунёдин ва хадшанопазире дорад. Туркия баландпарвоз аст ва бо
мавқеъияти имрӯзиаш дар ҷаҳон қонеъ нест ва талхии заволи импротурии Ъусмонӣ аз
комаш нарафтааст.
Тарроҳони сиёсатҳои роҳбурдии Туркия Осиёи Марказиро ҳаёти хилват (backyard; задний двор)-и
ояндаи худ фарз мекунанд ва дар ин замина бисёр ъоқилона кор ҳам кардаанд. Туркия
танҳо кишвари “хориҷаи дур” аст, ки бо Тоҷикистон раводид надорад ва ҳузураш
дар ъарсаҳои бозаргонию фарҳангию омӯзишии Тоҷикистон рӯзафзун аст. Ин
иқдоми Вазорати кишвар (умури дохила)-и Тоҷикистон бисёр хатарнок ва сад дарсад ғалат аст. Далелҳояшро
мешавад баршумурд.
Вазорати кишвар ва вазорати дифоъ ду ниҳоди ъумда барои ҳифзи тамомият ва
амнияти ҷомеъа ва дар кул кишвар ҳастанд. На танҳо амнияти ҷонӣ, балки амнияти ҳувиятӣ
ҳам. Дар тӯли торих даҳҳо силсилаи подшоҳӣ ба далели рахнаву нуфузи бегонагон
ба суфуфи низомиён ба зону нишастанду тасхир шуданд; иттифоқи шуме, ки бо Сомониён уфтоду Ғазнавиёнро рӯи
кор овард. Аз ин рӯ дар ин ниҳодҳо бояд афроде истихдом шаванд, ки батамом
сарсупурдаи миллату меҳан бошанд ва миллату меҳанро номуси худ ва ъазизтар аз
ҷони худ бидонанд. Ин эҳсосотро як навҷавони нопухта дар Туркия фаро нахоҳад
гирифт. Таҳсил дар Туркия ба шарти донистани забони туркӣ (ки забони қавмӣ аст,
на байнулмилалӣ) рӯи он бӯтаи навруста, навҷавони ташнаи меҳру таваҷҷуҳ ва
ъилму дониш, наметавонад бетаъсир бимонад. Агар ӯ погирифтаву огоҳ мебуд,
муъодила фарқ мекард ва ба эҳтимоли зиёд хатаре домангираш намешуд. Аммо андак
навҷавони тоҷике, ки ба дарки қадосати мафҳумҳои миллату меҳан расида бошад ва
битавонад дар баробари хатарҳое аз ин даст муқовим бошад. Дар натиҷа Туркия бо
ҳар кодри тоҷике, ки барои Вазорати кишвар (дохила) тарбият мекунад, як
муттаҳиди худро ба яке аз муҳимтарин вазоратхонаҳои Тоҷикистон мефиристад. Доштани
афроди вафодор дар вазоратхонаи ҳассосе чун он яке ба маънои доштани барги
баранда дар ҳангоми масоф аст. Чаро имрӯза Тоҷикистон наметавонад аз вобастагии
ъақидатиаш ба Русия бикоҳад? Зеро ниҳодҳои амниятию низомию интизомии мо ҳамагӣ
дастпарвардаи мактаби Русия, забони русӣ ва низоми русӣ ҳастанд. Ъайни ҳамин иттифоқ
метавонад байни Тоҷикистону Туркия ҳодис шавад. Шояд имрӯз хелеҳо бовар
накунанд, аммо дар сурати иҷрои ин барномаи хато пас аз дастикам 5 сол мутмаин
бошед, ки гароиш ба забон ва ҳар чизи туркӣ дар Тоҷикистон дучандон хоҳад шуд
ва дар ингуна баҳсҳо туркгароёни бештаре ҷавлон хоҳанд зад.
Истеҳзои сарнавишт аст, ки бо тоҷик дар ъарзи сад сол ин иттифоқи нангин
дубора меуфтад. Понтуркисм аз ъавомили ъумдаи хурду рез шудани тоҷикҳо дар
минтақа буд. Афроди фарҳехтае чун Фитрати Самарқандӣ ба Истонбул мерафтанду “туркида”
бармегаштанд ва бо афсӯсу дареғ менавиштанд, ки “мутаассифона, тоҷикон забони
модарии худ, туркии чағатоиро намедонанд ва ман маҷбурам ин китобро ба забони
аҷнабии форсӣ бинависам”. Ин боварҳо худбахуд аз осмон ба мағзи эшон фурӯ
нарехт. Ин боварҳо ба мағзи эшон фурӯ чаконда шуда буд. Ва шигирду тарфандҳои “туркондан”-и
Тоҷикистон, ин танҳо пораи “ғайритурк”-и минтақа ҳамон аст, ки буд. Бо нигоҳе гузаро
ба навиштаҳои матбӯъоти Туркия метавон дарёфт, ки туркҳо мехоҳанд Осиёи
Марказиро батамом турк бибинанд. Ва маъмулан хоста ё нохоста Тоҷикистонро ҳам
ҷузъи кишварҳои “турк”-и Осиёи Миёна (Orta Asya) ба шумор меоваранд.
Ҳоло достонеро мехоҳем таъриф кунам, ки мустақиман ба мавзӯъи забон
бармегардад. Устоди забони туркии ман омӯзгоре озмудаву моҳир буд. Ҳудуди як
сол дар маҳзари ӯ туркӣ омӯхтам ва шеваи омӯзишаш чунон буд, ки аз ҳамон чанд
рӯзи аввал ба туркӣ гӯё шудам. Эҳтироми мо ба якдигар мутақобил буд, аммо устод
аз ман як озурдагӣ дошт; ин ки чаро тарҷумаи вожаҳоро ба хатти порсӣ
менависам. Гуфтам: “Порсӣ забони модарии ман аст”. Гуфт: “Ту магар тоҷик нестӣ?”
Гуфтам: “Чун тоҷикам, забонам порсист”. Гуфт: “Ин ҳарфи ғалат аст; забони
тоҷикҳо тоҷикист ва хатти тоҷикҳо сириллик аст! Порсӣ забони эрониҳост!” Гуфтам:
“Ҳар он чи шумо фармудед, ғалат аст. Ва лутфан дубора ин ғалатро дастикам пеши
ман такрор накунед, ки мояи шармсорӣ барои инсони фарҳехтае чун шумо хоҳад буд”.
Ин баҳс дубора пеш наомад, аммо ҳар бор чизеро ба порсӣ менавиштам, хам ба
абрӯяш меуфтод. Лобуд нороҳат аз он буд, ки “ин тоҷик ба ҳадди кофӣ “натуркида”.
Вагарна як туркро чи коре буд бо забону хатти ман? Он навиштаҳои ман сирфан
барои худам ва барои фаҳмидани дарсҳои устод буд ва суҳбатҳои мо батамом ба
туркӣ сурат мегирифт. Агар хусумат ё ҳадафи пинҳоне дар кор набуд, чаро забону
хатти порсӣ ӯро бармеошуфт?
Бештари хусуматҳо ба ъуқда (комплекс) бармегардад. Бавежа ъуқдаи
худкеҳтарбинӣ (комплекс неполноценности). Барои садаҳо забони туркӣ аз
резахорони хони забони порсӣ буд ва бо вуҷуди поксозии васеъе, ки Камол Ототурк
ба роҳ андохт, садҳо вожаи порсӣ дар бистари забони туркӣ ҷо хуш карданду
нарафтанд. Номҳои туркии бисёре, ки дорандагонаш ба тафсиру таъбири онҳо ниёз
доранд, порсист; ҳамонанди Нармин, Насрин, Жола, Борон, Бӯланд (Баланд), Ҳамраҳ
(Emre) ва даҳҳо номи дигар. Ҳамчунон ба шиша “ҷом” (cam) гӯянду ба ъунвон “ном”
(nam), ба шаҳр “шаҳр” (sehir) гӯянду ба баҳр “баҳр” (behir)… “Баҳр” асолатан
ъарабист, аммо ба монанди ҳамаи вожагони ъарабии дигар аз порсӣ ба туркӣ роҳ
ёфтаву мондагор шудааст. Ва ин як амри комилан табиъист. Барои ҳафт сада забони
дарбории Туркияи Ъусмонӣ порсӣ буда ва он ҳузури порсӣ наметавонист беасар
шавад. Яке аз ҷолибтарин бурҳаҳои торихӣ замонест, ки дарбори Сафавӣ дар Эрон
ба забони туркӣ ва дарбори Ъусмонӣ дар Туркия ба забони порсӣ суҳбат мекарданд.
Ва Сафавиён номаҳои худ ба забони туркӣ ва ъусмониҳо ба порсӣ
менавиштанд.
Барои касе, ки дучори ъуқдаи худкеҳтарбинӣ дар ъайни худшефтагӣ (мания
величия) шуда, ин ҳақиқатҳои торихӣ ва ҳузури вожагони “бегона” дар забонаш дардовар
аст. Ва ин дард фарди гирифторро ҳамвора азият мекунад. Аз инҷост, ки камтар
туркеро мешавад пайдо кард, ки порсӣ будани ин вожагон ё ҳар навъ вобастагии
забонаш ба порсиро бипазирад. Ҳастанд, албатта. Турконе чун Элбар Уртойлӣ (Ilber
Ortayli) ё Урҳон Помук (Orhan Pamuk) ҳастанд, ки ин воқеъиятҳоро бо ифтихор
мепазиранд. Аммо ғолиби турконе, ки бо Тоҷикистон сарукор доштаанд, аз манзаре
дигар ба сарзамини мо нигоҳ мекунанд ва онро ба чашми туъмае осон мебинанд, ки
дурӯза мешавад қурташ дод.
Ва ҳоло пурсиш
инҷост: оё мо мехоҳем туъмае осон бошем, ки дурӯза бишавад қурташ дод?
No comments:
Post a Comment