Забони русӣ ҷузъи забонҳои матраҳи ҷаҳон аст ва донистани он бар тавоноиҳои мо меафзояд, моро муҷаҳҳазтару муқтадиртар мекунад. Ва чи беҳтар, ки забонҳои матраҳтаре чун инглисию ъарабию фаронсавиро ҳам бидонем ва ҳар чи беш бидонем, беҳтар аст. Омӯхтан шояд танҳо чизест, ки эътидол намешиносад, чун омӯхтанӣ уқёнусест, ки ҳаргиз намешавад батамом даркашиду ба ниҳоят расид.
Аммо яке омӯхтан асту дигарӣ омехтан. Омӯхтани русӣ накӯст, аммо даромехтани он бо порсӣ зишт. Омӯхтани ҳар забоне накӯст, агар бар пояи забони худӣ бошад ва моро дучори буҳрони ҳувият накунад. Ин байтро ҳазорбора мешавад бозгуфт, ки:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
Чун пойдевор, таҳкурсӣ, пояи бино дар шахсияти ҳар инсоне ҳамоно забони модарии ӯст.
Омӯхтани русӣ ва худро рус ё русзабон пиндоштани як тоҷик ҳамонанди нодида гирифтани он пойбаст (фундамент) ва муъаллақ мондан дар ҳавост; ҳамонанди туфи сарболост, ки бар рух нишинад; туф ба ҳувияту модару падару ҷадду обо аст. Ношоист аст, чун ҳувияти ӯро ҷареҳадор карда ва аз ӯ мавҷуди нокуҷоободӣ сохтааст: на тоҷики мутлақу на русии тамом. Бар пешониаш ҳакк шуда, ки рус нест ва бо гӯиши маскавӣ ҳам ӯро ҳеч кас рус нагуморад. Як видеуи тозаро, ки дишаб медидам, ҷавони озариро нишон медод, ки русиаш бамаротиб беҳтар аз русҳои мусоҳибаш буд ва кӯчактарин лаҳҷаи қафқозӣ надошт ва мегуфт, шаҳрванди Русия ҳам ҳаст, аммо мусоҳибони нажодпарасташ, ки чашм ба чашму мӯи сиёҳаш дӯхта буданд, ӯро ба “ҷурм”-и норус будан сарзаниш мекарданд...
Яъне русӣ барои як тоҷик сирфан абзору ҷавшан аст, на сиришту тан. Моя аст, на
дарунмоя.
Тавсияи мо ба ҳамаи ъазизон ин аст, ки русию инглисию ъарабию.., агар метавонанд, забонҳои дигарро ҳам фаро бигиранд. Аммо пойбаст (фундамент)-ро фаромӯш накунанд, ки ҳамоно порсист, то муъаллақу ҳайрон намонанд.
No comments:
Post a Comment