Аз ин замини пок шаҳомат гурехтааст,
Қомат шикастаасту рашодат гурехтааст.
Аз инфиҷори ғам ҳама ғор аст зеру бам,
Кӯҳе намондааст ба ҷуз бораи ситам.
Он зеби тахту тоҷи ҷаҳон миллат-ул-милал,
Гашта дусад заъифи ниҳон дар дили маҳал.
Ҷоне намондаасту ҷавониш мурдааст,
Шӯру нишоти зиндагиашро супурдааст.
Шоҳини тезчангу зиранги дижи кабуд,
Гунҷишки гӯшагир шуда, гунгу бесуруд.
Шери жиёни дӯш чи мазлум мисли муш
Сӯрохнишини маҳали худ шуда хамӯш.
Ин мушҳо, ки ҳар ки даруни шикоф банд,
Чун аз шикоф раста ба майдон даррасанд?
Чун фавҷ-фавҷ боз биёянд, яке шаванд?
Шери жиёни зулмситези таке шаванд?
Чун боз раҳанд аз дили мусибати маҳал?
Чун боз дурахшанд фарози сари милал?
Мушо, хамӯшу ҳалқабадӯшо, ба гӯш бош!
Бишкан тилисми бардагиат, сахткӯш бош!
Дар он шикоф муш бимонӣ ҳамешагӣ,
Банди сифоти зишту бади дунпешагӣ.
ДР
________
Шаҳомат - далерӣ, мардонагӣ
Рашодат - бузургӣ, рушдёфтагӣ
Бора, борӯ - қалъа; баландӣ
Зиранг - зирак, боҳуш
Дижи кабуд - киноя аз осмон
Жиён - хурӯшон
Фавҷ - гурӯҳ
Дунпеша - паст, пастфитрат
No comments:
Post a Comment