Дидам, ки бо
баҳсҳои фейсбукӣ наметавон қоли қазияро канд ва мавзӯъро ба таври боиста тарҳу
истинтоҷ кард. Дубора суроғи торнигорам омадам, ки муддатест вел хобида буд.
Мавзӯъ ҳамонест,
ки ин рӯзҳо дар Фейсбук ва дигар торнамоҳои иҷтимоъии тоҷикистонӣ мечархад:
изҳороти Зафари Мирзоён дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва бозтоби он дар яке
аз нашрияҳои Душанбе. Номи нашрияро ҳама медонанд, аммо ъамдан аз зикраш
худдорӣ мекунам, то ин таваҳҳуми беҷои нашриядорон бартараф шавад, ки Худой
накарда, бо он падаркуштагие дорам, ки мусалламан, далеле барои ин пиндори
ғалат вуҷуд надорад.
Дар нашрияе як
гузориш хабарӣ мунташир шуда буд аз суханронии Зафари Мирзоён дар Донишгоҳи
Миллӣ, ки гӯё ӯ “Шоҳнома”-ро бартару арҷаҳ аз оёти Қуръон хондааст. Бино бар ин
гузориш, изҳороти донишвари тоҷик бархе аз донишҷӯёнро ҳам барошуфта буд. Ин
тазаккур боиста аст, ки матни гузориш бидуни риъояти усули рӯзноманигорӣ
навишта шуда буд ва хабарнигор натавониста буд асли бетарафиро риъоят кунад ва
ҷиҳатгирии ӯ ъалайҳи Зафари Мирзоён дар саропои навишта машҳуд аст.
Пайгирии мавзӯъ тавассути расонаҳои дигар собит кард, ки моҷаро ба гунае
дигар будааст. Оқои Мирзоён дар мусоҳиба бо родю “Озодӣ” тасреҳ кардааст, ки “мо
маъмулан маънию мазмуни оёти Қуръонро намефаҳмем, магар ин ки як одами огоҳ ба
забони ъарабӣ онро бароямон тавзеҳ диҳад. Ман бархе аз ояҳои Қуръонро намуна
овардам ва муъодили порсии онҳоро аз Шоҳнома”.
Шунидан кай бувад монанди дидан? Бо ҳозирони он нишаст ҳам гапугуфте доштам, то ба кунҳи моҷаро бирасам. Ва дарёфтам, ки қазия ба гунае дигар бозтоб ёфтааст. Бавижа тасреҳи Зафари Мирзоён дигар шакку гумоне дар кор намегузорад.
Ҳатто агар фарз бар муқоисаи Шоҳнома бо Қуръон бошад, боз ҳам намунаҳоеро дар адабиёти порсӣ доштаем. Бавижа дар бораи "Маснавии маънавӣ", ки гуфтаанд:
Ман чи гўям васфи он ъоличаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
"Маснавии маънавй"-и Мавлавй,
Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавй.
Яъне, агар шоъираш зинда буд, имрўз мавриди такфиру баду бероҳ воқеъ мешуд?
Шунидан кай бувад монанди дидан? Бо ҳозирони он нишаст ҳам гапугуфте доштам, то ба кунҳи моҷаро бирасам. Ва дарёфтам, ки қазия ба гунае дигар бозтоб ёфтааст. Бавижа тасреҳи Зафари Мирзоён дигар шакку гумоне дар кор намегузорад.
Ҳатто агар фарз бар муқоисаи Шоҳнома бо Қуръон бошад, боз ҳам намунаҳоеро дар адабиёти порсӣ доштаем. Бавижа дар бораи "Маснавии маънавӣ", ки гуфтаанд:
Ман чи гўям васфи он ъоличаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
"Маснавии маънавй"-и Мавлавй,
Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавй.
Яъне, агар шоъираш зинда буд, имрўз мавриди такфиру баду бероҳ воқеъ мешуд?
Дар мавриди "Шоҳнома" ҳам, агар шинохт моварои боварҳо ва мардумшиносона бошад, ин ҳақиқат ошкор хоҳад шуд, ки асари Фирдавсӣ ривоёти эронӣ ё ориёиро бозгў мекунад, чунон ки ривоёти сомӣ дар китобҳои муқаддаси яҳудиҳо, масеҳиён ва мусалмонон омадаанд. Ривояти пайдоиши насли башарро мешавад дар Шоҳнома ҳам пайдо кард, аммо бо таърифи эронӣ (порсӣ)-и он, ки Каюмарс дар конуни он аст, ҳамонанди Одам дар ривоёти сомӣ. Шоҳнома асарест, ки дидгоҳи тоҷикӣ (эронӣ) ба буду ҳасти ҷаҳонро табйин мекунад. Як инсони огоҳ бо ҳар диду динояте метавонад ба ҳангоми доварӣ ин ъомили торихию қавмиро мадди назар дошта бошад. Ва шоёни таъкид аст, ки ин асар ба забони порсии навин дар авҷи кишваргушоиҳои исломӣ падид омад ва дар ҳамон давра ҳам болид ва касе хостори нобудиаш нашуд. Пас мешавад иддаъо кард, ки мизони таҳаммулу тасомуҳи мо сайри қаҳқароӣ (регресс) доштааст.
Як сухани донишвар, ки рўида аз боварҳо ва андешаҳои ўст, на касеро кушт ва на кошонаи касеро рабуд, ин ҳама сарусадо роҳ андохтааст. Дар ҳоле ки забони порсӣ дар хостгоҳаш (Тоҷикистон) хору ҳақир мешавад ва дар остонаи нобудист, касе фиғон дар намекашад. Дороиҳои Тоҷикистон ба яғмо меравад; чурти касе намешиканад. Раҳбарони Тоҷикистонро бегонае таъйин мекунад; ба хайр. Тоҷикон дар Афғонистон кушта мешаванд; парвое нест. Хоки Тоҷикистонро ба Чин медиҳанд; сукут гўши вичдонро кар мекунад. Аммо як сухани ношӣ аз бовари як фард ва ин ҳама сарусадо (!), яъне Тоҷикистон бо тамоми дору надораш рў ба уфул аст.
Бархе аз пурсишҳо ва андешаҳоямро, ки дар баҳсҳои мачозӣ бо дўстон матраҳ шуд, инҷо мекорам. Сари фурсат ба мавзўъ боз хоҳем гашт.
***
Зафари Мирзоён мегўяд: Қуръонро метавон ба порсй ҳам хонд ва суди он бештар аст, чун забонест, ки мардум онро мефаҳманд ва роҳи расидан ба ҳақиқати Қуръон ҳамвортар хоҳад шуд.
Кучои ин сухан ишкол дорад? Оё забони ъарабй муҳимтар аст ё зарурати расидан ба ҳақиқат?
***
Чаро нашавад Қуръонро ба порсй хонд? Ба ҳамон шевае, ки дар соли 733 мелодй мардуми Бухоро, ки аз забони бегона гурезон буданд, ба азони порсй рўй оварданд ва ба намоз нишастанд. Кунҳи суханони Зафари Мирзоён ҳам ҳамин аст, ки ъарз шуд.
***
Агар ҳатм бар ин дорем, ки дар Қуръон ҳақиқати илоҳй нуҳуфта аст ва мардум бояд аз он огоҳ бошанд, боиста он аст, ки оёти Қуръонро ба забоне бисароем, ки барои мардум қобили дарк бошад. Он забон барои мардуми Точикистон порсй аст. Чи ъамде дар ин вучуд дорад, ки мардумро ба қироати оёте водорем, ки намефаҳманд чи маъное дорад? Кадом рус, масалан, сурудаҳои мазҳабиашро ба забоне ғайр мехонад? Ё кадом инглисй? Агар аз як мусалмони ъодии намозгузори точик бипурсанд, ки чи мехонад, чи хоҳад гуфт? Ман аминам, ки тарчумаҳои балиғе аз Қуръон ба порсй вучуд дорад, ки ъайни каломро баргардон кардааст. Агар ҳадаф расидан ба ҳақиқати Қуръон аст, чаро дар баробари он қад ъалам кунем?
***
Худовандро, ки Гайҳонхидев бидонем ва офаридгори ъоламҳо ва ҳар он чи дар миён ҳаст, бояд бипазирем, ки иртиботи мустақиме миёни Худованд ва офаридагонаш вучуд дорад ва забони ъарабй наметавонад ва набояд ҳамчун садде мухлили ин иртибот бошад.
***
Чунончи, шумори бештари мусалмонон ъарабй надонанд. Оё бо ин истидлол бояд фарз бар ин бошад, ки бештари мусалмонон (-и ғайриъараб) ба кунҳи ҳақиқати Қуръон нарасидаанд, чун ъарабй балад нестанд? Ин навъи рўйкард исломро ба як дини ъарабй табдил мекунад. Ҳамаи мусалмонон ъолими ислом нестанд. Оё онҳо мустаҳаққи донистани маънии оёти малфузашон ҳастанд ё на?
***
Мувофиқам, ки фарди муддаъии дониши қуръонй илзоман забони ъарабй ҳам балад ҳаст. Аммо Қуръон мухтасси ин тоифа нест ва садҳо милюн пайрав дорад. Ба бовари ман, пайравони порсигўи ислом ҳақ доранд, ки оётро ба забони модарии худ бихонанд ва ба порсй намоз гузоранд. Қаблан ҳам ъарз шуд, Худованд ба мутарчим ниёз надорад ва набояд тавоноиҳои Худовандро ба ҳадде маҳдуд кунем, ки гўё Он намози порсии моро дарнахоҳад ёфт.
***
Имом Абўҳанифа ва қироати порсии Қуръон
Дар мадхали “Абўҳанифа” дар Доиратулмаъорифи Бузурги Исломй ин бахш ба фатвои ў дар мучоз будани намоз ба забони ғайри ъарабй ихтисос дорад ва манобеъу асноди он ҳам зикр шуда:
Дар миёни фақеҳони ҳанафй баҳсе дар бораи назму маънои Қуръон вучуд дорад, ки беиртибот бо масоили каломй нест. Ин баҳс аз фатвои Абўҳанифа мабнй бар тачвизи қироати Қуръон дар намоз ба забони форсй (ё ба таври куллй, ғайриъарабй) нашъат гирифтааст (Ниг. Сарахсй, Ал-мабсут, 37/1; “Ал-мабонй”, 170). Чи дар намоз дастури қироати Қуръон дода шудааст ва Қуръон, ки мачмўъи назму маъност, бар тарчумаи форсй итлоқ намегардад. Аз ин рў бархе аз ҳанифон аз фатвои Абўҳанифа чунин бардошт намудаанд, ки ба ъақидаи ў Қуръон танҳо ъиборат аз маъност (Ниг.: Сарахсй, ҳамончо). Вале ин бардошт бо мухолифати бархе дигар аз ҳанифон чун Баздавй рўбарў шуда, ки муътақид буданд, ки Қуръон аз дидгоҳи Абўҳанифа, мачмўъи назму маъност ва фатвои вай дар мавриди қироати намоз ба мабнои фиқҳй нафйи ъусри ҳарач боз мегардад (Ниг.: Баздавй, 23/1 ба баъд). Ин гурўҳ ҳатто ба истиноди ривояте ғайримашҳур аз тариқи Нўҳ ибни Абимарям муддаъй буданд, ки Абўҳанифа аз фатвои мазбур ъудул карда буд (Ниг.: Ъалоиддини Бухорй, 25/1). Ба ҳар ҳол, шуҳрати фатвои мазбур то ончо буд, ки бархе чавози қироати Қуръон ба сурати нақл ба маънй ва ба забони ъарабиро низ ба Абўҳанифа нисбат медоданд (Ниг.: “Ал-мабонй”, 230).
Гуфтанист, ки Миқдоди Сиюрй, аз мутакаллимон ва фақеҳони Имомия (826 қ. / 1423 м.) бидуни зикри маъхази гуфтори худ (119/1) мустанади Абўҳанифа дар тачвизи қироати ҳайриъарабй дар намозро ояи “Инна ҳазо лафи-с-суҳуфи-л-авло суҳуфи Иброҳим ва Мусо” (“Қатъан дар саҳифаҳои гузашта ин [маънй] ҳаст, саҳифаҳои Иброҳим ва Мусо”) (Аъло, 87/18-18) донистааст. Робитаи байни назарияи Абўҳанифа ва ин оя дидгоҳи Ибни Каллоб, мутакаллими садаи 3 қамарй/9 мелодиро ба хотир меоварад, ки муътақид буд “каломи Худо аз он рў ъарабй номида мешавад, ки расму таъбири он ба ъарабист; чунончи каломи Худо вақте расму таъбири ъибрй дошт, ъибронй номида мешуд; он чи инсон тиловат мекунад ва мешунавад, танҳо таъбире аз каломи Худост” (Ниг.: Ашъарй, Абулҳасан, “Мақолот”, 584-585). Аммр баравшанй наметавон гуфт, то чи ҳад Ибни Каллоб аз Абўҳанифа ва то чи ҳад муфассирони фатвои Абўҳанифа аз Ибни Каллоб мумкин аст таъсир пазируфта бошанд (Барои иттилоъ аз таъсири Ибни Каллоб дар мутуни ҳанафии садаи 3 қамарй ниг. Бахши “Мактаби ҳанафии аҳли суннат ва чамоъат” дар ҳамин мақола”.
http://www.cgie.org.ir/
29.04.12
Вокуниши Рустами Ҷонӣ, сардабири "ИмрўзНюз", ба баҳси маҷозӣ
Рустами Ҷонӣ:
"Нашри гуфтаҳои Зафари Мирзоён баҳси шадидро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Қиёси "Қуръон" бо "Шоҳнома"- и Фирдавсӣ боиси вокуниш шуд. Рӯзнома ба сифати воситаи нашри иттилоот рисолаташро анҷом дод. Мақсад ёфтани посух ба ин пурсиш буд,ки "донишмандон" омодаанд аз баҳсҳои хонагӣ ба мавзеъи фарохтар ва вусъатгоҳи дигар афкори худро баркашанд. Чун эшон даъво дорад,ки фикри дурустеро пайрав аст, тайи мутолеоти зиёд ба ин андеша расидааст, месазад аз мавқеъи худ дифоъ кунад.
Шореҳон зиёд дар ҳавошии хабарҳои нашршуда нигоштаанд,ки донишманди тоҷик ҳуқуқ ба баёни андеша дошт. Ӯ метавонист андешаи худро баён созад,аммо чун олим бояд ба гуфтаҳои худ далел меовард. Агар ба ёд дошта бошанд,донишманд,олим афкори худро дар асоси далоил ва ҳуҷҷатҳои муҳкам бояд баён созад. Мирзоён ин андешаи худро аз минбари илмӣ баён кадааст, барои донишҷӯён. Эшон бояд пеши ин насл боэҳтиёт ва бо риояи суннати илму олимӣ бояд сухан мегуфтанд.
Ҳоло мехоҳем як ҳарфи бо камоли беэҳтиётӣ ва бемасъулиятӣ гуфтаро ба ҳоли худ гузорем ва баррасӣ накунем. Ҳатто шореҳоне низ рӯзномаро ба барангехтани низоъи динӣ айбдор карданианд. Аввал бояд домани касонеро гирифт,ки бо рафтору кирдорашон омили низоъро ба вуҷуд меоранд. Агар гуфтаҳои Мирзоёнро ҳамчу як байони андешаву бе ҳадаф пиндорем, чаро вокуниши як донишҷӯйро наметавонем бипазирем,ки ҳуқуқ доштааст ба ҳамин эътироз. Рӯзнома аз ҳамин ҳолат баён дошт.
Худ баррасӣ кардани афкори баёншуда як фарҳанги ҷомеаи пешрафта аст. Ин шеваи гуфтугӯй ҳаст. Афкоре агар гуфта мешавад барои ба арзиши он бовар кардан,онро аз элак бояд гузаронид. Баъдан мо шоҳиди он мешавем,ки ҳар кас худхоҳона наметавонад болои арзишҳои муқаддаси як миллат баҳси сарсарӣ кунад.
Ислом чун дини худост, баҳсҳои сарсариро намепазирад. Ҳар ки мехоҳад дар бораи он фикр баён кунад, бояд ба худ ин суолро бидиҳад ки омодааст бо Худо баҳс намояд?
Дигар ин ки худ қиёси китобе ки махлуқ навиштааст ва китобе ки холиқ фиристодааст худ як амали хилофи илм аст. Мирзоён шоҳномашинос ҳаст ,чун диншинос шуд метавонад тасмими қиёс бигирад.
Рӯзномаи мо ҷойеро барои баён ба Зафар Мирзоён холӣ мондааст."
***
Дар ҳошияи посухи ИмрўзНюз
Вокуниши Рустами Чонии гиромй ба бахсе, ки ИмрузНюз рох андохтааст, аз манзари як фарди вобаста ба як чинохи бахс бисёр хуб аст. Рустами гиромй талош кардааст аз дидгохи мазхабии худ ба нахве дифоъ кунад ва ишколе дар ин амр намебинам. Аммо ин вокуниш посухи сардабири як нашрияи муддаъии бетарафй нест. Бо ин посух Рустами Чонй марзбандиро мушаххас карда, сангарро бино нихода ва нашрияашро дар як суи мушаххаси сангар карор додааст. Ва "чои холй барои матлаби Мирзоён" хам ин осеб ба тамомияти журнолистии нашрияро чуброн нахохад кард. Ба хамон шева, ки гузориши ИмрузНюз аз дидори Мирзоён бо донишчуён чихатдор ва мугризона навишта шуда буд ва казоватро нависандаи матлаб анчом дода буд, номаи сардабири он хам чихатдор ва хадафманд аст, ба дур аз усули рузноманигорй, ки бетарафй мехвари он аст ва казоватро ба шуъури хонанда вогузор мекунад. Аз ин бобат ба нашрияи ИмрузНюз таслият мегуям. Бамаротиб бехтар мешуд, агар ИмрузНюз ба чои иттихози мавзеъи тадофуъй такозои тарафхои бахсро бароварда мекард ва забти суханони Зафари Мирзоёнро бекаму кост инчо ё хар чои дигар мекошт.
***
Дар фарчоми баҳси марбута дар "Анчумани фалсафа ва ҳикмат"-и ФБ
Яке-ду рўз аст, ки дар ин анчуман қуруқ кардаам, то шояд канори ҳам як тамрини дигар аз тасомуҳу таҳаммулро сипарй кунем; мизони бардоштамонро бисанчем. Сарфи назар аз бурузи ғайзу хашми бархе аз дўстон, ки гоҳ-гудоре фазоро кидир мекард, рўиҳамрафта баҳси судманде буд; барои худи ман ҳам. Аз ҳамаи мубоҳисонам самимона сипосгузорам ва кинае ба дил надорам ва мусалламан, ононе ҳам ки ба дарачае аз балоғат расидаанд, кудурате нахоҳанд дошт. Дар ин баҳсҳо равшан шуд, ки чомеъаи кунунии Точикистон як чомеъаи ъақидатии якдаст нест ва дар он пайравони ъақидаҳои гуногун канори ҳам ба сар мебаранд. Тамоми чомеъаҳои инсонй инчунинанд ва танҳо бархурди инсонии ба дур аз таъассуб метавонад заминаҳои пешрафти он чомеъаро фароҳам кунад, вагарна он чомеъа дар оташи чаҳолат хоҳад сўхт. Пас рушди мизони таҳаммулу тасомуҳи ҳамдигар аз боядҳои ъумдаи Точикистон аст. Агар таваққуъ дорем, ки ба ҳарими боварҳои мо таъаррузе сурат нагирад, ин корро бар дигарй ҳам написандем.