Раҳбари Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби
исломии расмӣ дар Осиёи Миёна, мегӯяд, ки тасмим гирифтааст барои муддате ба
Тоҷикистон барнагардад. Муҳйиддини Кабирӣ, ки феълан дар Истонбул ба сар
мебарад, аз эҳтимоли парвандасозӣ ъалайҳи ӯ ва боздошташ дар Тоҷикистон нигарон
аст. Мояи нигаронии оқои Кабирӣ мақолаест, ки ахиран дар матбӯъоти давлатии
Тоҷикистон мунташир шуда ва ӯро ба анҷоми як муъомилаи ғайриқонунӣ дар 16 сол пеш
муттаҳам мекунад. Боздошту маҳкумияти раҳбарони мухолифон дар Тоҷикистон собиқа
дорад.
Машрӯҳи гуфтугӯе, ки шомгоҳи 20.06.15 бо Муҳйиддини
Кабирӣ барои БиБиСии форсӣ анҷом шуд:
DR: Оқои Кабирӣ, расонаҳо мегӯянд, ки Шумо дар “табъиди
худхоста” ба сар мебаред. Оё чунин аст?
М. Кабирӣ: Воқеъан хеле душвор аст таъбире пайдо кард
барои вазъияте, ки ал-он дорам. Вақте ки аз Тоҷикистон берун омадем, бароя як
табобати кӯтоҳмуддат ва ширкат дар чанд кунфронсу нишасти байнулмилалӣ буд. Чун
ҳоло мисли пешин дар порлумон нестам, ки ҳар ҳафта ҳатман бояд онҷо мебудам.
Корҳои ҳизбӣ ҳам ки чандон дигар доғ нест. Вале ахиран, баъд аз он ки ба фикри
бозгашт ба ватан будам, мақолаҳое дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд, ки аз
пайдоиши ҳолатҳои ҷадид суҳбат мекард. Бино бар ин, Шӯрои сиёсии ҳизб ҳам
тавсия кард, ки барои муддате дар берун бошам; бо назардошти ишороте, ки дар
мақола ҳаст, ки эҳтимол дорад парвандаҳои ҷиноӣ ъалайҳи мо боз шавад...
DR: Эҳтимолан манзуратон мақолае ҳаст, ки рӯзи 16 жуан
(16.06.2015) дар рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” мунташир шуд ва дар он Шуморо
муттаҳам мекарданд ба анҷоми як муъомилаи ғайриқонунии маскан, ки гӯё 16 сол
пеш сурат гирифта. Дуруст аст?
М. Кабирӣ: Бале, ин мақоларо ман хондаам. Шумо дуруст
гуфтед. Мехоҳанд моро муттаҳам кунанд ба анҷоми як муъомилаи ғайриқонунӣ. Ҳол
он ки аз тарафи мо ҳеч муъомилаи ғайриқонуние сурат нагирифта ва мо тибқи қонун
дар музояда он биноро харидорӣ кардем. Баъд аз чанд моҳ он биноро ба номи яке
аз дӯстон, ки хоҳишманди гирифтани он бино буд, сабт кардем. Баъдан дар тӯли 15-16 сол бо он бино чи шуд ва чи
муъомилаҳое анҷом гирифт, дигар банда ҳеч рабте ба он надорам...
DR: Вале агар Шумо мутмаин ҳастед, ки он муъомиларо ба таври
қонунӣ анҷом додаед, чиро нигарон ҳастед ва фикр мекунед, ки агар баргардед,
мумкин аст парвандае ъалайҳи Шумо сохта шавад?
М. Кабирӣ: Ман сад дарсад мутмаин ҳастам ва ҳеч
қонуншикание сурат нагирифтааст. Тавсияе, ки дӯстон мекунанд, ки бозгашт ба
ватанро каме ба таъхир биандозам, дар заминаи таҷрубаи талхест, ки бо дигар
афрод рух дод. Оқои Зайд Саидов ҳам мегуфт, ки “ман ҳеч хилофкории қонунӣ анҷом
надодаам ва омода ҳастам, ки дар назди додгоҳ ҷавоб бидиҳам” ва бовар ҳам дошт,
ки қонун аз ӯ ҳимоят хоҳад кард ва баргашт. Ва чунин ҳодисаи талх рух дод бо
эшон. Ҳоло ҳеч касе аз дӯстон, коршиносон ва ҳатто наздикони ман тавсия
намекунанд, ки баргардам. Баръакс, тавсияҳо бештар ин аст, ки мо барои як
муддати дигар, то равшан шудани шароит ва вазъият дар хориҷ аз кишвар боқӣ бимонeм.
DR: Ишора кардед ба мавзӯъи ҳузури худатон дар порлумони
Тоҷикистон. Дар воқеъ, барои 10 сол намояндаи мардум дар порлумон будед, ба
намояндагӣ аз Ҳизби Неҳзати Исломӣ, ки маъмулан ду курсӣ дошт. Аммо ин бор ҳеч
курсие ба Неҳзати Исломӣ таъаллуқ нагирифт. Дар тӯли ин 10 сол Шумо фикр
мекунед ҳеч таъсире рӯи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гузоштед ё ҳузуратон
сирфан намои демукросиро ба порлумони Тоҷикистон медод ва чизе фаротар аз он
набуд?
М. Кабирӣ: Албатта, бо доштани ду курсӣ бар раванди
қонунгузорӣ наметавонистем ҳеч таъсире бирасонем. Вале ҳадди ақал садои мардум,
садои як қисме аз ҷомеъа, ба порлумон расонда мешуд ва аз минбари порлумон
гуфта мешуд. Ва шояд, агарчи ҳузури мо таъсири ҳуқуқӣ надошт, вале дар ҷомеъа
таъсир дошт. Агар бетаъсир мебуд, интихоботро ба ин сурат пуртақаллуб
намегузаронданд ва Неҳзатро аз порлумон берун намекарданд. Пас ҳатман як
таъсире дошт дар ҷомеъа ва бар мақомот, ки кор ба ин сурат шакл гирифт.
DR: Шояд яке аз таъсирҳои он ин бошад, ки Неҳзати Исломӣ бо
ҳузури расмии худаш дар ъарсаи сиёсии Тоҷикистон ба давлати Тоҷикистон як навъ
лифофа ё завоҳири давлати демукротикро дoд ва шояд боъиси бақои бештари ин
давлат шуд. Фикр намекунед?
М. Кабирӣ: Шояд ин ҳам буд. Чаро на? Чун Ҳизби Неҳзати
Исломии Тоҷикистон, дар ҳақиқат, ба кишвар намуди демукросӣ медод ва масъулини
кишвару коршиносон дар ҳар маҳфили дохиливу хориҷӣ, вақте ки дар бораи
демукросӣ ва вуҷуди бисёрҳизбӣ дар порлумон суҳбат мекарданд, ҳизби моро ҳамчун
намуна меоварданд. Вале ҳоло, чун шароити байнулмилалӣ ҳам фарқ кард ва ал-он
дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ як навъ исломзудоӣ ва исломҳаросӣ рушд мекунад ва ҷаҳон
машғули минтақаҳои доғи дигар аст, мисли Сурияву Ъироқу Доъишу Укроину ғайра,
шояд хостанд, ки аз ин ҳолат берун биёянд. Мутаассифона, маълум мешавад, ки ин
фикр қаблан ҳам вуҷуд доштааст. Фақат дар интизори чунин як шароит ва фурсати
муносиб будаанд. Ба ҳар сурат, ман фикр мекунам, ки ин иқдоме, ки гирифта шуд
барои ба инзиво кашидан ва ба ҳошия фиристодани Неҳзат, ба фоидаи амнияту субот
дар минтақа нахоҳад буд. Баръакс, далели касонеро, ки ба родиколҳову
ифротгароҳо тамоюл пайдо кардаанд, бештар (тақвият) мекунад. Мақомоти давлатӣ
ҳам бояд бештар дар фикри ин бошанд.
DR: Пайомади ин фишорҳо ъалайҳи Ҳизби Неҳзати Исломӣ, ки
ишора кардед, чи хоҳад буд? Оё Ҳизби Неҳзати Исломиро мешавад тасаввур кард, ки
ба фаъъолияти зеризаминӣ ва пӯшида баргардад? Чун мебинем, ҳатто афроде
ҳастанд, ки тақозо мекунанд Ҳизби Неҳзат комилан мунҳал шавад. Оё тасаввур
мекунед, ки Неҳзати Исломӣ ба зеризаминӣ баргардад?
М. Кабирӣ: Мо тамоми талоши худро хоҳем кард, ки аввалан,
ин иттифоқ науфтад. Вале билфарз, агар ин иттифоқ ҳам уфтод, боз ҳам талош
хоҳем кард, ки ҳама чиз дар чорчӯби қонуну шаффоф бошад ва битавонем
ҷавононамонро аз рафтан ба самти фаъъолияти пинҳониву ғайришаффоф ё, Худой
накарда, пайвастан ба гурӯҳҳои дигар, ҳифз кунем. Албатта, ҳама чиз дар қудрати
мо нест. Неҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам наметавонад, ки дар ду ҷабҳа пайкор
кунад; ҳам бо родиколҳои дунявӣ ё секулор, ки доранд кишварро ба самти
яккаҳизбӣ мебаранд ва ҳам бо родиколҳои динӣ, ки воқеъан ҳам далелҳои зиёде ба
дасти душманону рақибони ислому дин медиҳанд. Бояд эътироф кард, ки нерӯву
тавони мо ба ин ҳад нест, ки дар ду самт талош кунем. Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша
ба дӯстонамон дар бахши муътадили дунявӣ дар Тоҷикистон гуфтаем, ки кофист, ки
мо дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ифротии динӣ фаъъол бошем; дар он сурат лозим
меояд, ки дӯстони дунявимон ё секулорҳои муътадил худашон мушкили родиколҳои
худро ҳал кунанд, то ин ки як тафоҳум ва ҳамзистии хубе байни қишрҳо ва
гурӯҳҳои гуногун дар кишваре мисли Тоҷикистон ба даст биёяд.
DR: Оё мушкил ё далели аслии ин ки Ҳизби Неҳзати Исломӣ дар
як чунин вазъияте қарор гирифта, бештар ба родиколҳои секулор ва куллан,
родиколисм дар ҷомеъа бармегардад ё шояд ҳамчунин марбут ба камкории Шумо ба
ъунвони раҳбари Неҳзати Исломӣ шавад? Шояд ба ъадами қотеъияти Шумо дар
мавзеъгириҳотон дар баробари давлати Тоҷикистон бармегардад, ки натавониста
суфуфи Неҳзати Исломиро мунсаҷимтар кунад ва мисли гузашта мухолифонро даври
Неҳзати Исломӣ ҷамъ кунад?
М. Кабирӣ: Бибинед, меъёр ва маҳак барои баҳо додан ба
фаъъолияти як ҳизби сиёсӣ ва ҳатто раҳбарии он танҳо интихобот аст. Маъмулан,
вақте ки ин ё он ҳизб дар интихобот баранда мешавад ё он шароити мавриди
назарро ба даст меорад, мегӯянд, ки ин ҳизб муваффақ буд. Ё баръакс, агар ба даст
наовард, мегӯянд, ки фаъъолияти раҳбарии ҳизб чандон муваффақ набуд. Ҳамаи
коршиносон, расонаҳо ва нозирон шоҳид буданд, ки Неҳзати Исломии Тоҷикистон
раъйи хубе дар интихоботи ахир овард. Чи интихоботи 2010 ва чи интихоботи 2015.
Пас, аз ин нигоҳ наметавон гуфт, ки фаъъолияти раҳбарии Ҳизби Неҳзати Исломии
Тоҷикистон ва дигар масъулинаш чандон корсоз набуд. Дуруст аст, ки имрӯз моро
ба эътидоли беш аз ҳад, созишкории беш аз ҳад муттаҳам мекунанд. Мегӯянд, шояд
як каме тундтар агар ъамал мекардем, ҳизб ба ин вазъият гирифтор намешуд.
Баръакс, ман фикр мекунам, агар мо як каме тунд мерафтем, далели бештаре ба
дасти дигарон медодем, то ин ки суръати фишор овардан ва ҳатто аз саҳна берун
кардани Неҳзатро бештар мекарданд ва далел ҳам доштанд. Вале ҳоло ҳеч далеле
барои берун кардани Неҳзат аз саҳнаро надоранду ин корҳоро анҷом медиҳанд. Агар
мо далел медодем, чи мешуд?.. Неҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизб он
кореро, ки бояд анҷом медод ва раъйи мардумро касб мекард, анҷом дод ва раъйро
ҳам касб кард, ки аз чашми коршиносону нозирон дур намонд. Вале ин ки чиро ин
мушкилот болои мо омад ва мехоҳанд моро аз саҳна берун кунанд, ин суолҳоро бояд
аз тарафи дигар пурсид. Агар муътадилу орому қонунмеҳвар будан камбуди мост, ки
боъиси ин рӯзгори мо шудааст, ман бо ин камбудҳо фахр мекунам. Неҳзати Исломии
Тоҷикистон дар чунин шароити сангини минтақаӣ ва бо он корҳое, ки родиколҳо
доранд дар ҷаҳон мекунанд, тавонист аз худ рафтори дигареро нишон бидиҳад, ки
ҳатто бо гузаштан аз худ, аз ҷойгоҳи худ, сулҳу суботро дар кишвар ҳифз кард.
Вале агар дар оянда ҳар иттифоқе, ки дар кишвар биуфтад (ва ҳоло маълум нест ба
кадом тараф меравад), дигар табиъист, ки масъулияташ ба дӯши Неҳзат ва
масъулини Неҳзат нест. Чун мо ҳамаи корҳоеро, ки аз дастамон бармеомад ва
мақдури мо буд, анҷом додаем.
DR: Оё қарор ҳаст иттифоқе биуфтад? Куллан, тасаввур мекунед,
ки рӯйдодҳои хунини 1992-1997 дар Тоҷикистон такрор шавад?
М. Кабирӣ: Умед дорем, ки он ҳодисаҳо такрор нашавад.
Вале тамоми коршиносон ва касоне, ки масоили минтақа ва Тоҷикистонро пайгирӣ
мекунанд, бар ин назаранд, ки раванди родикол шудани ҷавонон ва бахусус дар
шароите, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ рӯзбарӯз бештар мешавад, як каме
афзоиш ёфтааст. Пайвастани яке аз афсарони баландрутбаи Вазорати кишвар ба
гурӯҳе мисли Доъиш ва рафтани садҳо ва шояд ҳазорҳо ҷавони тоҷики дигар ба Сурия,
Ъироқ ва Афғонистон далели он аст, ки Тоҷикистон ва минтақаро рӯзгори душворе дар
интизор аст. Ҳоло мушаххас наметавон гуфт, ки ин чи душворӣ хоҳад буд. Вале
ҳатман иттифоқе хоҳад уфтод. Назари мо ин аст, ки бояд ҳамаи тарафҳо, аз он
ҷумла кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ҳам бояд бетараф набошанд, ки сулҳи бо ин ҳама
душворӣ бадастомадаи тоҷикон ба осонӣ аз байн биравад ва ниёзҳои мардум нодида
гирифта шавад, ҳуқуқи мардум поймол шавад. Агар як ҳизбе, ки бо ин ҳама
азхудгузаштагиҳо, бо ин ҳама суботу оромиҳову мавзеъгириҳои муътадил аз саҳна
биравад, пас ҳеч далели дигар барои ҷавонони тоҷик нахоҳем дошт, ки онҳо биёянд,
дар чорчӯби қонун ва меконисмҳои демукротик фаъъолияти сиёсии худро пеш
бибаранд. Баръакс, ин як далели қавие барои гурӯҳҳои ифротӣ хоҳад шуд, ки
метавонанд ба ҷавонон бигӯянд, ки кишварҳо ва ҳукуматҳои худкома танҳо нерӯ
(зӯр)-ро эътироф хоҳанд кард ва таслими нерӯ хоҳанд шуд, на таслими ъақлонияту
мантиқу қонун.
DR: Ҳоло ки Шумо берун аз Тоҷикистон ҳастед, раёсати ҳизб дар
чи ҳол аст? Раҳбарии ҳизбро чи касе дар Тоҷикистон ба ъуҳда дорад? Ё Шумо аз
роҳи дур кунтрул мекунед?
М. Кабирӣ: Бале, мо ҳамарӯза дар тамос ҳастем. Ал-он ҳам
чанд дақиқа пеш аз суҳбат бо Шумо суҳбати онлойн бо кулли масъулини ҳизб доштем
ва хабарҳои ахирро гирифтем ва машваратҳои имрӯзаро анҷом додем; барои ҳафтаи
баъдӣ нақшаҳо кашида шудаанд. Яъне мо аз тариқи онлойн умури ҳизбро дар даст дорем
ва дӯстону бародарони мо ҳам ба наҳви аҳсант корҳоро доранд анҷом медиҳанд. Дар
он шароите, ки ал-он болои ҳизб аст, аз ин беҳтар онҳо наметавонанд ъамал кунанд.
DR: Чи замоне Шумо бармегардед ба Душанбе?
М. Кабирӣ: Ҳоло маълум нест. Қаблан ҳам гуфтам, ки хеле
мехоҳам дар Ҷашни Ваҳдат, ки воқеъан як ҷашни сарнавиштсоз аст, ширкат кунам ва
дар паҳлӯи бародарон бошам. Вале чун ҳоло ҳеч рӯҳияи ваҳдату ҷашнӣ дар байни
аъзо ва тарафдорони ҳизби мо нест (ва ин суҳбате, ки чанд соъат пеш бо онҳо
доштам), тавсияи онҳо ин аст, ки ҳанӯз ъаҷала накунем дар масъалаи бозгашт ба
Тоҷикистон. Ва иншоаллоҳ, ки Ҷашни Ваҳдатро, ҳар ҷое, ки бошем, ҷашн бигирем,
кофӣ аст. Вале ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоиро нагирифтаам. Шояд то чанд рӯзи оянда
пас аз машварат бо дӯстон дар Душанбе тасмими дастаҷамъии ниҳоиро хоҳем гирифт,
ки дар ҳафтаҳои наздик, ҳадди ақал то Ҷашни Ваҳдат, бармегардем ё на.
DR: Он тавре, ки аз суҳбатҳоятон бармеояд, Ҷашни Ваҳдат барои
Шумо хеле аҳаммият дорад. Вале оё бо вуҷуди тамоми иттифоқоте, ки уфтод, ва ин
ки аз саҳми 30-дарсадие, ки давлат барои мухолифон дода буд, чизе боқӣ намонд
ва вазъият ҳам ба гунаест, ки ал-он раҳбари Ҳизби Неҳзати Исломӣ наметавонад
дар Тоҷикистон роҳат зиндагӣ кунад, ҳамчунон Шумо он рӯзро “Рӯзи Ваҳдат”
меномед ва гиромӣ медоред?
М. Кабирӣ: Бибинед, чун номашро “Ҷашни Ваҳдат” гузоштанд,
дигар ба ҳамон хотир [мо ҳам “Ҷашни Ваҳдат” меномем]. Вале метавон онро Рӯзи
Сулҳу Оромиш ҳам гуфт. Чун ин рӯз барои миллати тоҷик сулҳу суботеро овард, ки – агарчи бо мушкилот – тӯли 18 сол аст, ки идома дорад. Ин худ як неъмат аст
ва бояд, ки ҷашн гирифта шавад. Агарчи ваҳдат ба маънои воқеъиаш вуҷуд надорад.
Вале вуҷуд надоштани ваҳдат барои мо далел нест, ки ин рӯзро ҷашн нагирем. Чун
билахира ин рӯз хеле рӯзи муҳим аст; сулҳу оромишро барқарор кард. Ман воқеъан
афсӯс мехурам, ки мо Ҷашни Ваҳдат дорему ваҳдати воқеъӣ надорем. Вале ҳанӯз ҳам
ҳама чизро аз даст надодаем. Мо, агар фақат дар чорчӯби мақому мансаб фикр
кунем, мансабҳои Неҳзати Исломии Тоҷикистонро 4-5 сол пас аз имзои Созишнома ва
фаъъолияти Кумисиюни Оштии Миллӣ гирифта буданд. Мо аслан чизе дар мақомҳои
иҷроия аз он 30 дарсад дигар надоштем. Ҳоло ҳам ки ду курсӣ дар порлумонро аз
мо гирифтанд, ҳатто баъд аз интихоботи порлумонии моҳи морс, мо вокуниши чандон
ҷиддӣ нишон надодем. Ҳамагон диданд, ки масъалаи курсию мақом барои мо чандон
аҳаммият надорад. Муҳим ин аст, ки дар кишвар тафоҳум бошад, эҳтироми якдигар
бошад, ҳамзистии мусолиматомез бошад. Вале вақте ки инҳо аз байн мераванд ва,
ҳамон тавре ки Шумо фармудед, раҳбарии ҳизб дигар маҷбур мешавад, ки берун аз
кишвар бимонад; барои як муъомилаи сирфан қонунии 16-17 сол пеш имрӯз даъво пеш
меоваранд ва баҳонаҷӯиҳои дигар мекунанд, фишорҳои зиёде бар аъзои ҳизб,
хонаводаҳои онҳо, ҳатто бар бародари худи ман, ки ъузви ҳизб аст ва падари 90-солаам,
ки бемории қалбӣ дорад, эъмол мекунанд... Ҳар рӯз мақомҳои пулис мераванд ва даъват
мекунанд ва талаб мекунанд, ки аз ъузвияти ҳизб даст бикашанд, пас ин маънии онро
дорад, ки баъзеҳо, мутаассифона, аз ҳамаи марзҳои ахлоқию маънавӣ берун
рафтаанд. Ваҳдатро танҳо таслими як тараф ва пирӯзии тарафи дигар тасаввур
мекунанд. Ҳол он ки ваҳдат, сулҳ, созиш маънии онро дорад, ки дар онҷо ҳадди
ақал ду тараф аст. Агар бештар набошад. Ҳеч кас наметавонад худ бо худаш сулҳ
кунад, созиш кунад ва ваҳдат кунад. Вале, мутаассифона, дар мо чун ҳамеша мафҳумҳо
чап ва ғалат фаҳмида мешаванд, ки ин мафҳуми “ваҳдат” ҳам, мутаассифона, дучори
чунин мушкиле шуд.