Боздошт дар бозори Маскав
Бо хушхиёлии ғарбӣ даму дастгоҳи филмбардориро
бардоштему роҳ уфтодем. Мехостем бо аҳолии бозоре дар ҳавмаи ҷанубии Маскав дар
бораи ҳолу ҳавои иқтисодии Русия суҳбат кунем. Аз токсӣ пиёда шудему якрост
суроғи бахши посбонии бозорро гирифтем, то иҷозаи филмбардорӣ дар маҳдудаи
бозорро бигирем. Посбони ҷавоне, ки моро бо он ҳама таҷҳизоти телевизюнӣ
дид, дастпоча шуд. Ба посбони аршад занг зад. Ӯ ҳам ки омад, ба яке дигар занг
зад. Гуфт: “Би-Би-Сӣ бо таҷҳизоти
ҳирфаии филмбардорӣ омада бозор. Чи кор кунем?” Аз он сӯи хат шунидам, ки
мегуфт: “Нигаҳашон доред”. Номи Би-Би-Сӣ дар фазои бозор печид
ва тамошогаронеро ҷамъ кард. Дар ниҳоят теъдоди афроде, ки омада буданд, ба
пурсиши мо посух диҳанд, панҷ нафар шуд. Саранҷом қарор шуд посухи моро “дафтари
матбӯъотӣ”-и бозор бидиҳад.
Аз роҳи пурпечу тобу
дароз аз миёни растаҳои бозор моро ба дафтари матбӯъотии бозор бурданд. Дари
сангини дафтари матбӯъотиро, ки пур аз афроди низомипӯш буд, пушти сари мо
бастанд. Пушти унифурми низомипӯшҳо бо ҳуруфи заррин вожаи “Витязь” (шеволйе) навишта
шуда буд. Марди хушбархурди шахсипӯше ворид шуд, то моро аз сардаргумӣ раҳо
кунад. Баъд аз ъаксбардорӣ аз мо ва сабти мушаххасоти асноди расмӣ гуфт:
“Бибинед, шумо агар
бихоҳед дар сатҳи бозор филмбардорӣ кунед, мо бояд шароитро барои шумо муҳайё
кунем ва муҳофиз ҳам дар ихтиёратон бигзорем. Охир намешавад, ки ҳаминтурӣ сарзада
биёеду филмбардорӣ кунед. Бояд аввал ба нишонии мудирияти бозор нома бифиристед
ва агар дархости шумо пазируфта шуд, бо хиёли роҳат биёеду коратонро анҷом
диҳед.”
Гуфт, посух ба дархости
мо дастикам 24 соъат ба дарозо мекашад. Гуфтам, пас иҷоза диҳед, биравему он
номаро бароятон бифиристем. Гуфт, ҳоло ки то инҷо омадаед, ташриф дошта
бошед...
Ман, ки дар оғоз ба
филмбардорам шӯхиомез мегуфтам, ки зоҳиран боздошт шудаем, андак-андак
фаҳмидам, ки пур бероҳ нагуфтаам. Мо, ки омада будем аз масъулони бозор иҷозаи
филмбардорӣ бигирем, боздошт шуда будем. Ва маҳалли нигаҳдории мо дафтари
матбӯъотӣ набуд; бахши нерӯи амниятии бозор буд. Гуфтам, пушаймон шудем, дигар
намехоҳем филмбардорӣ кунем; бояд биравем, ки ба корамон бирасем. Гуфт, бояд
бимонед, то пулис аз роҳ бирасад. Пурсидам, чи рабте пулис ба ин моҷаро дорад?
Мо, ки муҷрим нестем ва мехоҳем биравем. Табассуми маънодоре карду гуфт: “Инҷо
Русия аст!”
Яке дигар, ки ъасабонитар
буд, то дилаш мехост, аз Бритониёву Омрико бад гуфт ва аз ман пурсид, ки чиро
аз Русия бад мегӯем. Гуфтам, ваҷҳаи Русияро рафтору гуфтори Шумо таъйин
мекунад, ки шоҳидаш ҳастем ва рабте ба кори ман надорад...
Боздошти мо беш аз як
соъат тӯл кашид; то замоне ки ду маъмури пулис омаданду моро бозпурсӣ карданд
ва бори дигар тавзеҳ доданд, ки дар Русия иҷоза надорем дар амокин (маконҳо)-и
хусусӣ филмбардорӣ кунем ва ин бозор як макони хусусӣ аст. Гуфтам, мо сирфан
мехостем иҷозаи филмбардорӣ дар ин бозори даҳҳо ҳазорнафариро бигирем ва ҳеч
кодре аз ин бозор барнадоштаем. Савори худрави пулис шудем, ки моро ба берун аз
дарвозаҳои бозор расонд ва ҳамон ҷо монд, то сояи мо аз бозор дур шавад.
Ин иттифоқ, ки танҳо яке
аз чанд мавриди мушобеҳ аст, ки бар мо ҳодис шуд, баёнгари як воқеъият буд:
миёнаи Русия бо расонаҳои ғарбӣ шакароб аст. Ва на танҳо маъмурони амниятию
интизомӣ, ки бисёре аз ронандаҳои токсӣ ҳам рӯй турш мекунанд, то мешунаванд,
ки муштаришон аз Би-Би-Сӣ аст. Ёдам намеояд, ки замони шӯравӣ шоҳиди бархурди
хасмонаи мардуми ъодӣ бо расонаҳои ғарбӣ шуда бошам. Зоҳиран ин падида аз
паёмадҳои ҷанги сарди тоза аст.
Мусбаттарин арзёбии як
рус аз Би-Би-Сӣ, ки тайи ин сафар шунидам, аз касе буд, ки мехост мунсиф бошаду
гуфт: “Ман ъошиқи барномаҳои ъилмии Би-Би-Сӣ ҳастам, аммо аз барномаҳои сиёсиаш
мутанаффирам.”
Русия, ин омезаи
мутаноқизи Шарқу Ғарб, аз замони Петри Бузург то кунун гароиши шадид ба Ғарб
дошта, ки ҳамвора бо фирору инзиҷори ғариб аз Ғарб ҳамроҳ будааст.
Тазодду
таноқузҳо дар Русия
Русия кишвари
таноқузҳост, ки чанд мавриди он ин рӯзҳо башиддат худнамоӣ мекунад.
Маҳди сусиёлисми
сармоядоркуши дирӯз акнун пойи собити феҳрести милиёрдерҳои ҷаҳон аст ва имрӯза
яке аз копитолисттарин пойтахтҳои дунёро дорад, ки дар имтидоду сару хами ҳар
кӯчааш як бонки тоза сабз шуда; ҳар кадом бо номе дигар, ки гӯӣ ҳар кадом як
шуъба бештар надорад. Як ронанда мегуфт, бештари ин бонкҳо ъумри дарозе
надоранд; меоянд, мечопанд (ғорат мекунанд), мераванд.
Русия кишвари тазодҳост.
Пирмарди номарасони гузар канорам истоду сигор равшан кард ва аз зиндагиаш
гуфт; ин ки як ъумр мураббии варзиш буда ва бознишаста шуда ва ҳоло ҳар моҳ аз
давлат 18 ҳазор рубл (254 дулор) дарёфт мекунад, ки ҳарчанд кафофи зиндагиашро
намедиҳад ва ӯро дар ъайни пирӣ ба кор водошта, аммо кочӣ беҳ аз ҳиччӣ;
ҳамсинну солҳояш ҳаминро ҳам надоранд. Сигорашро дур андохту дунболи кораш
рафт. Барои ҳутели миёнаҳоле, ки ҳар утоқаш шабе 13 ҳазор рубл (188 дулор)
қимат дорад, нома оварда буд.
Русия сарзаминест, ки дар
он мешавад дарёфт, чиро Ленин Ленин шуд ва ин ки нафрати маргбори ӯ ъалайҳи
сармояву сармоядорӣ аз куҷо моя мегирифт. Мешавад ангошт, ки пояҳои он нафратро
ҳамин тазодду таноқузи зананда шакл дода буд, ки гӯӣ аз мазоҳири зишттарин
навъи сармоядорист, ки таносубе намешиносад.
Русия аз саромадони
ҷунбиши интерносиюнолу ҳамбастагии милал ва пучии нажодпарастист. Хостгоҳи
бисёре аз мудофеъони сарсахти ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмию нажодӣ ҳамин ҷо буда.
Ин ҳарфи ҳисобро касе мегуфт, ки аз шиъори “Русия барои русҳо” дифоъ мекард.
Мегуфт, бегонаҳо омаданду авзоъ баҳам хурд. Дар кишваре, ки беш аз як ҳаштуми
курраи Заминро дарбар дорад ва ҳудуди 150 қавми хурду бузург дар он зиндагӣ
мекунанд.
Имоми масҷид, ки куту
шалвору кровот (“галстук”) ба тан дошт, пеш аз мусоҳиба баланд шуду ъабое рӯи
дӯш андохт ва гуфт, дар Русия бар хилофи кишварҳои ғарбӣ ҳуқуқи мусалмонон
риъоят мешавад, чун исломи Русия мазҳаби бумию суннатист. Аз дербоз тоторҳои
Русия мусалмон будаанд. Гуфт, шумори мусалмонон дар Маскав беш аз ду милюн
нафар шуда. Ва баъд афзуд, мутаассифона, барои ин ҳама мусалмон фақат шаш дона
масҷид дорем.
Дар Русия дурбинҳаросӣ
шоеъ аст. Басахтӣ мешавад касеро розӣ кард, ки ҷилави дурбин зоҳир шавад. Ва
аммо, агар бо дурбин дар хиёбонҳо мегардед, ҳар он имкон дорад шуморо нигаҳ
доранду бипурсанд, ки аз куҷо ва чиро омадаед. На танҳо маъмурони пулис, ки
ъобирони пиёдаи шахсипӯш ҳам. Барояшон муҳим аст бидонанд, ки дар бораи кишвари
онҳо ба куҷо чи хабареро мунташир мекунед. Русҳо бисёр дӯст доранд бидонанд, ки
ҷаҳониён аз онҳо чи тасаввуре доранд. Ва ғолибан интизор доранд, он тасаввур
сирфан мусбат бошад.
Ва Русия сарзаминест, ки
Тулстуйу Чехуфу Достоефскийро парварда, ки ному осорашон ҷаҳонро дарнавардида.
Бо ин ки ҳеч кадом зиндагӣ ва марги роҳате надоштаанд.
Русия ҳамчунон мармуз
аст. Ҷаззобу фиребо ва дар ъайни ҳол ғариб. Ки гӯӣ даруни худаш ҳам бо навъе
ғурбат дасту панҷа нарм мекунад.
Маскав, 17.03.16