Friday, June 08, 2018

Шаҳр,
Чароғи хамӯда дар пече,
Дуди сигори рафта дар ҳече...
Зиндагӣ,
Ҳалқаи уфтода ба дӯш,
Байни як қавми парешону хамӯш...

Қисса,
Андӯҳи ману мову шумо,
Ғуссаи рӯҳи гирифтори кумо.
Рӯза,
Як ъумр имтиноъ аз гул,
Аз суруду тарабу соғару мул.

Ох, бечораву саргардонам...
Боз бечорагиро хоҳонам...

Хона,
Анбӯҳи ъазим, кулли Замин,
Маскаву Ландану Порису Пекин,
Меҳанам,
Ҳар чи ки инсон карда,
Ҷуз ба хоке, ки маро парварда...

Ох, бегона шудам, канда шудам,
Дар ғами шаҳри худ оканда шудам...