Monday, November 18, 2019

Истибдод сароғози нооромист

Ончи ин рӯзҳо дар беш аз 100 шаҳри Эрон мегузарад, мубориза бо истибдод аст. Бархе бо ишора ба ъиллати оғози он ба ин эътирозот “шӯриши бензинӣ” ном ниҳодаанд. Чун дар нимашаби панҷшанбе, 23 обон (14.11.19) буд, ки баногоҳ мардуми Эрон аз се баробар шудани қимати бензин огоҳ шуданд. Чанд соъате дар ҳолати шук ба сар бурданд ва сипас даст ба эътирозоте заданд, ки акнун саросари кишварро фаро гирифта ва дар ҷоҳое ба хоку хун кашида шудааст.

Аммо аз шиъорҳое, ки мардум дар ҳамон соъоти аввалия сар доданд, пайдо буд, ки афзоиши қимати бензин баҳонае беш нест. Чун бештари шиъорҳо рангу оби сиёсӣ доштанд, то иқтисодӣ. Аз “Марг бар Хоманаӣ!” гирифта, то “Ризошоҳ! Рӯҳат шод!” дар ақсо-нуқоти Эрон ба садо даромад ва ҳамин имрӯз ҳам садо медиҳад.

Ин нахустин бор нест, ки чунин шиъорҳоеро дар Эрон мешунавем. Ду сол пеш дар  даймоҳи 1396 (поёни соли 2017 ва оғози 2018) ҳам беш аз сад шаҳри Эрон шоҳиди тазоҳуроте инчунинӣ буд, ки дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодии давлати Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд ва рафта-рафта низоми сиёсии Эрон, бавежа вилояти фақеҳ ва шахси Ъалии Хоманаиро ҳадаф қарор дод. Ҳукумат бо қалъу қамъу бизану бибанд базӯр тавонист ин шӯриши фарогирро фурӯ бинишонад, ҳарчанд ҳаргиз батамом фурӯ нанишаст. Дар ҷараёни ин ду сол ҳам шӯришҳои парокандае чун эътирозоти ширкати найшакари Ҳафттаппа ва ширкати миллии фӯлоди Эрон инҷову онҷо идома доштааст.

Ин бор ҳукумат бо омодагии бештар ба муқобила бо мардум омадааст. Аввалан, афзоиши нархи бензинро раисони ҳар се қувва бо як садо эълом карданд; дар як мусаввабаи ниҳоде бо номи “Шӯрои ъолии ҳамоҳангии иқтисодӣ” (ки порсол таъсис шуд), ки раисони қувваҳои муҷрия, қонунгузор ва додрасиро ба ҳам меоварад. Ъамалан, ин ниҳоди ғайримунтахаб Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (порлумон)-ро давр зада ва хостаи худро табдил ба қонун кардааст. То намояндагони маҷлис эътироз карданд, Ъалии Хоманаӣ аз мусаввабаи Шӯро ҳимоят кард ва мухолифатҳо дар порлумон фурӯ хобид. Дар воқеъ, “Шӯрои ъолии ҳамоҳангии иқтисодӣ” хостаи Ъалии Хоманаиро иҷро кардааст, ки чанд рӯз пеш аз бешмасрафии бензин гилоя мекард. Ва ҳарчанд худаш мегӯяд, ки дар ин замина коршинос нест, раъй ба афзоиши ногаҳонии 300-дарсадии бензин додааст.

Пас ин бор бар хилофи ду сол пеш раисони се қувва даври раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳид шудаанд.

Омодагии дигари мақомҳо ба тазоҳуроти ҷорӣ ин аст, ки иртиботи Эрон бо Интернети ҷаҳониро қатъ ва Интернети дохилиро фаъъол карданд. Имрӯз дастрасӣ ба бархе аз торнамоҳои Эрон аз хориҷ муяссар шуда, аммо аз оғози эътирозот ин дастрасӣ салб шуда буд. Ба гунае, ки на аз дохили Эрон мешуд ба торнамоҳои бурунмарзӣ дастрасӣ дошт ва на аз хориҷ ба пойгоҳҳои маҷозии дохили Эрон. Ин маҳдудият ҳамчунон дар маҳалҳое бахусус ва дар мавриди торнамоҳои хоссе побарҷост.

Бо салби дастрасии мардум ба шабакаҳои иҷтимоъӣ мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ мекӯшанд имкони паёмрасонӣ ва ташрики масоъӣ миёни муътаризон ва ҳамчунин дастрасӣ ба хабарҳо аз расонаҳои порсии хориҷӣ ва ирсоли матолиб ба ин расонаҳоро ба ҳадди ақал бирасонанд. Дар эътирозоти қаблӣ мардум бо истифода аз Telegram-у WhatsApp-у паёмрасонҳои мушобеҳи дигар дар маҳалле гирди ҳам меомаданд ё иқдомҳои дигарро ҳамоҳанг мекарданд. Албатта, мумонеъати мақомҳои ҶИ Эрон аз дастрасии мардум ба Интернети ҷаҳонӣ метавонад барои худи онҳо паёмадҳое дошта бошад. Ҳамаи мақомҳои буландпояи Эрон дар ъайни эъмоли маҳдудияти баҳраварӣ аз Интернет барои мардум худашон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳисобҳои фаъъол доранд, ки метавонад дар иқдоме талофиҷӯёна масдуд шавад.

Аммо нуктае, ки барои мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд нигаронкунанда бошад, басомад (“частота”)-и вуқӯъи ин эътирозҳост. Нахустин тазоҳуроти бузург ъалайҳи истибдод дар Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 1378 (1999), дуруст 20 сол пеш иттифоқ уфтод, ки ба ҳамлаи нерӯҳои амниятию интизомӣ ба Кӯи Донишгоҳи Теҳрон анҷомид ва лаккае хунин дар торихи Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор меояд. Тазоҳуроти бузурги дувум даҳ сол пас аз он, дар пайи интихоботи 1388 (2009) сурат гирифт, ки ба пирӯзии дубораи Аҳмадинажод анҷомид, ҳарчанд натиҷаи омори аввалия чизи дигаре буд. Паёмадҳои он рӯйдодҳои хунин, ки ба “Ҷунбиши сабз” маъруф шуда, имрӯз ҳам маҳсус аст ва раҳбарони “Ҷунбиши сабз” имрӯз ҳам дар ҳасри хонагӣ ба сар мебаранд. Эътирозоти фарогири зиддиҳукуматии баъдӣ, ки шиъорҳои бисёр ошкортару бепардатар дар тақбеҳи вилояти фақеҳ ва дар ҳимоят аз хонадони подшоҳии Паҳлавӣ дошт, ҳашт сол пас аз он ба вуқӯъ пайваст; дар соли 1396 (2017-2018), ки ишорае ба он доштам. Ва ду сол баъд аз он дигарбора Эрон саҳнаи эътирозоти саросарист. Яъне фосилаи миёни эътирозот дар ҳоли кӯтоҳтару кӯтоҳтар шудан аст (20, 10, 8, 2 сол) ва шиъорҳо беш аз пеш низоми сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ ва шахси раҳбари онро ҳадаф қарор медиҳад.

Кӯтоҳсухан, истибдод ҳамеша нооромию ошӯб дар пай дорад. Он чи истибдоди исломӣ бошаду чи истибдоди халқи демукрот. Танҳо роҳи тазмини зиндагии орому беошӯб дурӣ аз худкомагӣ ва рӯй овардан ба раъйи мардум аст.

Оромиши имрӯз таҳти ҳукумати як раҳбари худкомаву зӯргӯ сароғози ошӯбҳои фардост.

Садоқат ба Меҳан вафодорӣ ба мардум аст!


Ба ин хиёли ботил будам, ки фақат як рӯз кофист аз Фейсбук чашм бипӯшам, то сели чоплусиҳо ба он муносибати булъаҷаб бигзарад. Касоне, ки аз қатори почахорӣ дер мондаанд, ҳамчунон дар ҳоли пайвастан ба ин сабқати ноҳумоюнанд.

Мегӯям “булъаҷаб”, чун аслан хабар надоштам, ки Тоҷикистон ҳам “Рӯзи Раисиҷумҳур” доштааст.

Албатта, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳам чунин рӯзе дорад, ки бо рӯзҳои таҷлил аз зодрӯзи Ҷурҷ Вошингтун (George Washington), бунёнгузори он кишвар ва нахустин раисиҷумҳури Омрико, мусодиф аст.

Ӯ аз соли 1789 то 1797 раисиҷумҳури Омрико буд. Бештар аз 8 соле, ки муҷоз буд, сари қудрат намонд ва ҳар ду бор ҳам интихоби шаффофи мардум буд, ки ӯро бар сари қудрат қарор дод. Пас аз он ҳам, ки муҳлати раҳбариаш поён ёфт, ду соли дигар зиндагии обрӯмандонае дошту даргузашт. Аз ин рӯ имрӯз ҳам муҳтарам аст.

Аз ӯ ба ъунвони касе ёд намешавад, ки барои чанд даҳа қудратро худхоҳона ва қулдурона қабза карда бошад ва барои ҳифзи қудрат мухолифони худашро овора, зиндонӣ ё терур карда бошад. Ӯро ба ъунвони касе намешиносанд, ки шаҳрвандони кишварашро ба тамаллуқу чоплусӣ водошта бошад, то ба ҷойгоҳе бирасанд ё ноне барои хурдан гирашон биёяд. Ӯ ҳаргиз накӯшид бо тағйири муқаррароти қонунӣ беш аз мавъид бар маснадаш бимонад ё яке аз фарзандхондагонашро ба ҷои худаш бар курсии раёсати ҷумҳурӣ бирасонад. Марде буд меҳанпараст ва кӯшишгари ростин дар ростои бахтёрии мардуми сарзаминаш.

Замоне ки Ҷурҷ Вошингтун зинда буд, мусалламан, аз зодрӯзи ӯ дар саросари кишвар таҷлил намешуд. Ҳудуди 200 сол баъд аз маргаш Кунгреи Миллии Омрико тасмим гирифт ба поси хадамоти бунёнгузори давлатдории ин кишвар душанбеи севуми моҳи февриеро “Рӯзи Раисҷумҳур” эълом кунад. Дар ин рӯзу ҳафта аз корномаи на танҳо Ҷурҷ Вошингтун, балки ҳамаи раисони ҷумҳури Омрико таҷлил мешавад.

Пас он “Рӯзи Раисҷумҳур” ба ин “Рӯзи Раисҷумҳур” кӯчактарин шабоҳате надоштааст. Шояд бигӯед “Омрико куҷову Тоҷикистон куҷо?!” Аммо суҳбат аз Омрикои садаи 18-уми мелодист ва муқоисаи он бо Тоҷикистони садаи 21. Пас ин 250-300 сол ҳам барои рушди зеҳнию ахлоқии мо кофӣ набудааст? Бале, курнишу таъзиму чоплусӣ ба мизони рушди зеҳнию ахлоқӣ бармегардад ва танҳо касе, ки дар ин замина камзӯр аст, тан ба чоплусию тамаллуқ медиҳад.

Яке аз шиъорнивисон бешармона нивишта: “Садоқат ба Президент садоқат ба Ватан!” Яъне мафҳуми муқаддаси “Ватан”-ро дар вуҷуди як инсони миро хулоса кардаанд. Ва агар он инсон рафт, мафҳуми “Ватан” ҳам барои ин афроди чоплус аз як вуҷуд ба вуҷуде дигар мунтақил мешавад. Дар воқеъ, садоқат ба як инсон ҷои садоқат ба Ватанро мегирад.

Садоқат ба Меҳан, яъне вафодорӣ ба обухоку миллати он сарзамин. Раисҷумҳур ҳам бояд дар саффи афроди дигар ба он обухоку миллат ва манфиъатҳои он вафодор бимонад ва, масалан, хокашро ба кишвари ҳамсоя надиҳад (ки ъамале хилофи Қонуни Асосӣ аст), мардумонашро ба далели боварҳои мухталиф саркӯб накунад, ба фикри таъмини маъишати мардум бошад, то овораи кӯю диёри бегона нашаванд ва пайваста ба фикри манфиъати миллат ва сарбуландии он бошад. Раисҷумҳур яке аз фарзандони он обухок дар хидмати он обухок аст. Раисҷумҳур барои даврае кӯтоҳ, ки дар Қонуни Асосӣ муқаррар шуда, хидматкори мардум аст ва ҳаргиз мардум хидматкори ӯ нестанд. Раисҷумҳур касест, ки лагоми нафси худро дар ихтиёр дошта бошад ва нагзорад, ки тамаллуқу чоплусии атрофиёнаш ӯро фосид кунанд; касест, ки тан ба тағйири Қонуни Асосӣ барои бақои он қудрати фосид намедиҳад.

Масалан, дар Бритониё, агар садоқат ба Меҳан ба маънои садоқат ба нахуствазир мебуд, имрӯз ин кишвар ошуфтабозор мешуд. Чун ҳар яке-ду солу гоҳ чанд моҳ баъд нахуствазире дигар сари кор меояд. Пас ҳоло афроди содиқ ба Дейвид Комерун бояд ба ҷони ҳаводорони Терезо Мей биуфтанд ва онҳо ба навбаи худ бар афроди вафодор ба Бурис Ҷонсун битозанд?.. Агар садоқат ба нахуствазир ба маънои вафодорӣ ба Ватан буд, ҳатман чунин мешуд ва заминаҳои ҷанги дохилӣ ҳамеша фароҳам буд. Вафодорӣ ба як нафар ба ҷои вафодорӣ ба Меҳан боъиси хунрезиҳои бисёре шудааст. Бавежа агар он як нафар ҷоҳталабе бошад, ки нахоҳад қудратро ба мардум пас бидиҳад ва овезони курсӣ шуда бошад. Чиро нооромиҳо дар кишварҳое сурат мегирад, ки дучори истибдоди ҳокимони худкомаи часпида ба курсӣ ҳастанд? Чун худкомагӣ имкони интихобро аз мардум салб мекунад ва мекӯшад мардумро табдил ба рамаи ҳарфшунав кунад. Аммо фақат бахшҳое аз мардум табдил ба рама мешаванд. Бахшҳое инсон мемонанд ва ҳаққи худро аз даҳони шер ҳам мегиранд. Дар натиҷа, ҳокимоне, ки бар курсиҳои худ сахт часпидаанду мункири иродаи мардум ҳастанд, ҳамеша сабабгори бадбахтиҳои ъазиме барои миллати худ будаанд. Дар кишваре, ки қудрат дар дасти як нафар мутамаркиз нест ва раёсати ҷумҳурӣ мечархад ва рӯи як кас собит намондааст ва қонун кор мекунад, хатари ҷанги дохилӣ ва нооромиҳо бисёр камтар аст, агар нагӯем, ки аслан вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, садоқат ба Ватанро ҳаргиз набояд бо вафодорӣ ба як нафар иштибоҳ гирифт. Садоқат ба Ватан вафодорӣ ба миллат ва манфиъатҳои миллӣ аст.