Эй сачдагарони зулму ичхоф,
Ночида гуле зи боги инсоф.
Як рузу ду рузи умри фонй
Арзад, ки диле ба гам нишонй?
Эй нолаи ту зи бахр афзун
В-эй синаи дахр аз ту пурхун.
Эй пайрави кеши пунду дуллор,
Бегона зи таквожаи “бисёр”.
Чашмат зи талаб бурун часта,
Калбат ба тамаъ фузун часта.
Рагхои шумо – касидаи пул,
Анбони ба лабрасидаи пул.
Дар чашми шумо – аломати сабз,
Пойиз гирифта комати сабз.
Пойизи хароси бенавой
Афганда туро ба беливой.
Аз миллату ормони пираш
Аз Рустаму Орашу зи тираш
Шаггодсифат канор рафтй,
То киблагахи дулор рафтй.
“Акнун ба тамаъ пушт дутойи,
Хамсони кадом зани саройи”, (илхом аз Носири Хусрав)
Дар сояи хочагони гаддор,
Хай мешумарй баргаи дуллор.
Аз ному забони кавм мункир,
Аз суду зиёни кавм мункир.
Мухре ба лабу ба даст теша,
Уфтода ба чони кавму реша.
Дардо, ки канори ту нишастам,
Паймони мушорикат бибастам.
Гофил зи низории дарунат,
Бегона зи хуйу чанду чунат.
Гуфтам, ба ту хадяе биёрам,
Пайгоми хакикате супорам.
Аз ростиам басе рамидй,
Аз оби начот н-ошамидй.
Дарбанди хакорати махаллй,
Курбонии дарди бетасаллй.
Бечора касе, ки кард бовар,
Зухди сухани туро саросар.
Аз мардуми ринду кавми озод,
Аз рохи накуву хоки обод.
Аз рохи ба орзу расидан,
Аз шеваи болу пар кашидан.
Аз “Киссаи бедорй”-и миллат,
Аз кавми рахо зи чохи зиллат.
Пайгоми умеди як гирифтор,
Дар банди танида тори дуллор.
Фарёди миёнтихиву бечон,
Дини тихй аз лаззати имон.
“Озодй кудому зиндагй чист?
Аз пул бисаро, ки зиндагонист!..”
Аз рашки фузун – заъфаронй,
Аз шиддати хун – аргувонй.
Аз илми баён – бенасибй,
Аз ёру рафик – бехабибй.
Бо чаъли табассуми хакорат,
Такрими хасу хори садорат…
Аз зикри сифоти беназират,
Тафсири даруни безамират,
Шармобаи хомаам таровид,
Сурхй ба рухи китоб тобид.
Аммо зи хичолатат хабар нест,
Аз гуфтани ман ба ту самар нест.
Бо ту нафасам харом бодо,
Умрам кафаси мудом бодо.
2 comments:
Is it a mirror?
It depends, if you can see there yourself. But originally it's been written as an address to certain people in Prague. If you are from Tajikistan, you can guess who I mean. They will receive it shortly in their mail-boxes as a farewell message.
Post a Comment