Sunday, October 28, 2007

Марги равшанфикрӣ дар Тоҷикистон

Чӣ бояд кард?

Дебоча

Вақте дар хона нур надорем, чи кор мекунем? Пурсишест, ки посух ба он дар кишварҳои мухталиф метавонад мутафовит бошад. Дар Амрико давлати Буш сарнагун хоҳад шуд, дар Бритониё саранҷом низоми салтанатӣ ба торих хоҳад пайваст, дар Русия дастикам коргарон эътисоб хоҳанд кард, аммо дар Тоҷикистон мунтазир хоҳанд монд ва дар дили торикӣ ба “сарвари кишварамон” сано хоҳанд гуфт, ки “ба ҷанги бародаркуш поён ниҳодааст”.

Дар Амрикову Бритониёву Русия нур ба хонаҳо бармегардад, аммо дар Тоҷикистон ба кумур рӯ меоранду вожаи “барқ”-ро ба фаромӯшӣ месупоранд, вале ҳамду саноро на.

Ахтагии миллӣ

Тарс аз ҷанги таҳмилӣ равони моро ахта кардааст. Мо, бидуни ин ки худамон фаҳмида бошем, ба як қавми нозову буздил табдил шудаем. Мо дигар қодир ба зодани фикри тоза нестем ва ҳатто агар саду наваду се кишвари дигари ҷаҳон ба монанди Русия мардуми моро хор кунанду дар “васф”-и мо сериёлҳои “Наша Раша” бисозанд ҳам, бори нангро таҳаммул хоҳем кард ва номардона ба “сарвари кишварамон” сано хоҳем фиристод. Чаро?

Чунки нури мо рафтааст. Мо нур надорем ва бенур таҳи чоҳеро мепалмосем ва бадтар аз ҳама, мафҳуми “нур”-ро фаромӯш кардаем. Моро ба наҳве манкурт кардаанд, ки намедонем хуршед чи рангӣ буд ва аз кадом тараф тулӯъ мекард. Мо аҳли зиёро, интеллигентсияро, равшанфикронро бохтаем ва ин бузургтарин баҳое буд, ки мардуми мо дар баробари “ҷанги дохилӣ” пардохт, вайронгартарин таконе, ки бар пайкари мардуми мо ворид шуд, андӯҳбортарин трожедие, ки торих то кунун барои мо ва дар бораи мо навиштааст.


“Интеллигентсия”, “зиёӣ” ва “равшанфикр”

“Интеллигентсия”, “зиёӣ” ва “равшанфикр” – се истилоҳ барои як мафҳум, ки ҳамагӣ ҳокӣ аз нуру равшаноист. Аммо аз ин сето дар ҷомеъаи мо танҳо ном ҳасту нишон нест. Вопасин фарёди нур шояд “Фарёди бефарёдрас” буд, ки ношунида монд.

Дигар ҳарчи буду ҳаст, зулмати намрудии “Исмоъили Сонӣ”-ст ва торикии абрӯҳои анбӯҳи ӯ ва сукути махуфи миёни ҷумлаҳои ӯ ва такбири ҳамоқату виқори бедалели ӯ ва печишу курнишу таъзими косалесони ӯ, ки бешармона унвони “равшанфикр”-ро ғасб кардаанд. Зӯзаҳои гургҳои гурусна ёдамон наравад, ки дар ҳасрати як луқма ноне, ки гоҳ аз даҳони “Исмоъили Сонӣ”-ву бачаҳояш меуфтад, гӯши замонаро ба сутӯҳ овардаанд ва мадҳияҳое сурудаанд, ки Унсуриро дар баробари чашмони мо Рӯдакӣ кардааст.

Дар таърифи истилоҳи русии “интеллигентсия” мехонем: “як қишри иҷтимоъии мардум, ки даргири халлоқияти печидаи маънавӣ ва фикрӣ ҳастанд ва манзур аз ин халлоқият пешбурд ва интишори фарҳанг аст.” Ба иборате дигар, равшанфикрон машъалдори ҷомеъа ҳастанд, ки роҳу чоҳро барои мову шумо нишон медиҳанд. Магар намебинед, ки бо ҳидояти ғосибони номи ин қишр таҳи чи чоҳе уфтодаем?.. Ман ҳам шуморо намебинам, аз бас ин ҷо ба таври боварнакарданӣ торик аст.


Шарифов ҳам як равшанфикр буд

Намедонам, худи Суҳроб Шарифов ёд дорад ё на, аммо дар поёни ҷанг, қабл аз он ки лутфи “Исмоъили Сонӣ” шомили ҳоли ӯ шавад ва ӯро ҳам фурӯ бибарад, вай ба унвони як коршинос вазъияти “равшанфикрон”-и Тоҷикистонро ба хубӣ тафсир карда буд:

“Равшанфикрон, ба унвони лояи ҳаллоқи ҷомеъа, дар буҳрони амиқе ба сар мебаранд. Пайроҳа ба сӯи озодии халлоқият (эҷодкорӣ) бисёр печида аст ва ба кумаки ҳамаи қишрҳои ҷомеъа ниёз дорад. Вақте ки як бахши бузурги ҷомеъа (дар ин маврид, равшанфикрон) дар баробари масъулиятҳои худ бархурде манфӣ дорад ё он масъулиятҳоро бо бемайлӣ анҷом медиҳад, ҷомеъа дучори камхунӣ мешавад. Бадеҳист, ки вопасмондагии иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангии миллат танҳо дар сурате бартараф хоҳад шуд, ки пеш аз ҳама бегонагии равшанфикрон аз сиёсат рафъ шавад. Миллат бояд аз имкони озодии интихоб миёни алтернативҳои мухталиф барои ҳалли мушкилоти иҷтимоъии муҳимтар бархурдор бошад, то дар сиёсат дахил шавад ва саҳм бигирад. Ба баёне равшантар, равшанфикрон бояд аз арзишҳои демократик ҳимоят кунанд.”
(http://www.ca-politicaltransitions.com/Translations/Sharipov%20Suhrob-Intelligentsia%20and%20its%20role.htm)

Эй кош ҳофизаи Суҳроб Шарифов қавитар буду ӯ дар мақоми раёсати маркази мутолеъоти стротежик ҳам аз арзишхои демократик ҳимоят мекард.


Парвози бозҳо

Эй миллат! Мо гӯл хурдем. Магар фаромӯш кардаед, ки замоне Халифабобо Ҳомидов бо суханҳои шаккаринаш ба мо чи умеде медод? Ҳоло тарозуи додгарӣ дар дасти ин оқост, аммо кафаҳои ин тарозу ҳаргиз баробар намешавад. Шамсиддин Имомов ҳам зоҳиран як равшанфикр буд ва ҳар ду ба монанди ду боли шоҳини равшанфикрон Тоҳири Абдулҷаббор ҷилва мекарданд. Мо - ғофил аз он ки суханони нӯшини ин ду “равшанфикр” чизе ба ҷуз “ҷилва дар минбар” нест - ба онҳо содиқона имон оварда будем.

Акнун Тоҳири Абдулҷаббор, ки замоне қудрати каломаш сохтмони порлумонро ба ларза меафканд, аз қофила парт шуда (ҳарчанд бо номи нек ба торих пайвастааст) ва ду муъовини пешинаш дар Растохез ду бози рӯи шонаҳои “Исмоъили Сонӣ” шудаанд. (Ташбеҳи нобаҷое буд, ки ба маҳзи қиёс овардам, вагарна эшон рӯи шонаҳои “Исмоъили Сонӣ” ҳам мақоме надоранд).

Агар Тоҷикистони мо бад-ин андоза торик набуд, мо ҳамон 18 сол пеш ба “Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек”-и Тоҳир гӯши ҷон месупурдем ва аз пайроҳаи миллӣ пеш мерафтем. Доктор Шаҳроми Акбарзода – равшанфикре, ки дар Австралия нишаставу мусибати моро назора мекунад, соли 1996 навишта буд:

«Ислоҳоти Горбачёв ба равшанфикрони тоҷик иҷоза дод, ки гилояҳои худро баён кунанд ва дарёбанд, ки дар тақозои адолат танҳо нестанд. Дар тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ миллигароӣ мавҷ мезад ва тоҷикҳо худро дар таркиби ин раванд диданд. Аммо раҳбарии Тоҷикистон сиришти рӯйдодҳо дар паҳнаи Шӯравиро ба хубӣ нафаҳмид. Ин нокомӣ дар дарки аҳамияти миллигароӣ ва намодҳои он нухбагон (элита)-и Тоҷикистонро аз нухбагони дигар кишварҳои Осиёи Миёна мутафовит мекард. Зоҳиран тақозоҳои миллигароёнаи мухолифон раҳбарии ҷумҳурихоҳи Тоҷикистонро дар муқобили он қарор медод ва давлат ба ҷои он ки бештар аз мухолифон дар изҳори назарҳои миллигароёна бикӯшад, ба иборатпардозиҳои шӯравӣ баргашт ва бар таъаҳҳудаш ба “интернасионализм”-и шӯравӣ таъкид кард. Ин таъкид ҳатто пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ идома дошт. Дар натиҷаи набуди биниши сиёсии давлат буҳрон печидатар шуд.”
http://findarticles.com/p/articles/mi_m3955/is_n7_v48/ai_19226485

Дар натиҷаи он кӯтоҳбинии нобихрадона равони равшанфикрӣ аз Тоҷикистон рахт барбаст ва торикандешон соҳибхона шуданд ва равшанфикрон ё кишварро ба мақсади равшаноии гумшуда тарк карданд ё ба торикандешон пайвастанд ё дар ҷомеъа таҳлил рафтанду ба издиҳом мулҳақ шуданд. Пас мо акнун равшанфикр надорем.


Чӣ бояд кард?

Бо дарки ин ҳақиқати талх ба нохудогоҳ пурсише дари зеҳни моро мекӯбад: Пас чӣ бояд кард? Ин пурсиш метавонад ба андозаи “Чӣ бояд кард?”-и Ленин инқилобофарин бошад ё дар ҳадди “Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?”-и Турсунзода ношунида бимонад ва фақат барои “масрафи дохилӣ” ё ирзоъи рӯҳи озурдаамон худнамоӣ кунад.

Чизе, ки сарнавишти ин пурсишро рақам мезанад, самимияти мо дар дарки ин мушкил аст. Оё самимона эътироф мекунед, ки дар чоҳ гирифтор мондаед? Оё аз замири қалб қабул доред, ки дар зери ин чоҳ ба ламъае нур ниёз доред ё шояд фаротар аз инро ҳам қабул доред, ки берун аз чоҳ офтоб фаровон аст ва бояд даст ба дасти ҳам доду аз ин тангно ба фарохно хазид? Оё дигар намехоҳед тоҷикҳо дар бозорҳои Русия либоси зарди борбариро ба тан кунанду зери по шаванд? Оё аз дидани ваҳшати тоҷикситезӣ дар дарун ва берун аз Тоҷикистон ва тамошои кумедии фаҷеъи “Наша Раша”, ки тоҷикҳоро андаке бартар аз хар тасвир мекунад, самимона хаста нашудаед? Оё дилатон барои ҷалолу шукӯҳи аздастрафтаи Исмоъили Сомонии ростин танг нашудааст? Оё аз назораи шиками ҳамвора-дамандаи “Исмоъили Сонӣ” эҳсоси таҳаввуъ (дилбеҳузурӣ) намекунед? Оё гарданатон дард намекунад, ки ин ҳама сол саратонро хам нигаҳ доштаед?

Ба ҳурмати ҳафт ситораи рӯи парчами серанги меҳан, агар посухи шумо ба ин ҳафт пурсиш мусбат аст (ки 49 пурсиш камтар аз суолҳое буд, ки дар “ҳамапурсӣ”-и соли 2003 аз мо фақат як посух мехост), пас биёед дастбакор шавем. Мо агар қатраем, ба таъбири Иқбол, боз ҳам тавони онро дорем, ки хуршедро тасхир кунем. Ту фақат дастатро ба ман бидеҳ, то ман дастамро ба ӯ бидиҳам ва бо ҳам занҷире бисозему аз чоҳ фаро биравем. Чи гуна?


Роҳнамои равшанфикрӣ

Равшанфикрони пӯшолӣ ва дурӯғинро бояд раҳо кард. Бидуни мо ҳам гирифториҳои рӯзгори онҳо андак нест. Онҳоеро, ки нонрезаҳои суфраи “Исмоъили Сонӣ”-ро “чида мемоланд ба чашм” ва гоҳ мерезанд ба ком, раҳо кунем ва машъали равшангариро худамон ба даст бигирем.

Гоми нахуст барои наздикӣ ба ин машъал дарки фосилаи мо аз он аст. Фосилаи мо аз машъал ба андозаи дарки мо аз мушкилотамон аст. Ҳар андоза бештар аз вусъати мушкилотамон огоҳ бошем, ба ҳамон андоза ба машъал наздиктарем. Аз баёни мушкилот набояд ибо варзид. Агар бо лаб фурӯ бастан мушкиле ҳал шуда буд, моҳиҳо бояд шаҳриёри гетӣ мешуданд, на инсонҳо. Дуруст баръакс, суҳбат аз мушкилот ба монанди замзамаи афсунгарона аст, ки маъмулан роҳи ҳалро пеши поят мегузорад. Пас қаноъатро бояд канор гузошт ва аз набуди нур гилоя кард. Куҷои ин талаб шармовар аст: “Ман нур мехоҳам!”? Баръакс, аз надоштани нур бояд хиҷолат кашид. Бенурӣ шармовар аст.

Қарор нест мо теғ ба даст бигирем, чун аҳди ин корҳо гузаштааст ва фикр намекунам, ки ту ё ман бихоҳем садсолаҳо ақиб биравем. Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳ ба пеш аст.

Ба қудрати калом имон биёварем, ки ларза бар пайкари истибдодҳо афкандаву меафканад. Ба вижа каломе, ки ба иттифоқ ба забон оварем. Фарзан, агар ман бигӯям “нур!” ва ту бигӯӣ “Нур!”, мешавад “НУР!!!”-е, ки гӯши карро ҳам шунаво хоҳад кард. Ва ҳеч шамшере қудрати буридани он нидоро надорад. Шамшерҳо аз садои баланд метарсанд.

Рӯдвор бошем, кӯлвор на. Ҳамеша бояд дар паи роҳи бурунрафт буд. Кӯлҳо замоне мурдоб мешаванд, чун обашон исто ва рокид аст. Ё мисли Арал мехушканд. Истибдоди сангу харсангро набояд қабул кард. Дар ҷунбуҷӯш бошем ва ҳамвора аз зеру рӯи сангу харсанг ба фазои боз раҳо шавем.

Андеша замоне рушд кардаву ба суъуд расида, ки озод будааст. Пас андешаи худ ва атрофиёнро ҳам бо завлонаи тарсу надомату хурофот маҳор накунем, балки раҳо созем, то шояд аз боғе нав сар дароварад ва чизе тоза ба армуғон оварад.

Чароғи виждонамонро ҳамвора равшан нигаҳ дорем ва агар фикр мекунем ба Равшанфикрӣ расидаем, равшанфикрона рафтор кунем ва ба мафҳум ва таърифи равшанфикрӣ хиёнат накунем.

Чароғи нангу номуси равшанфикриро ҳам фурӯзон нигаҳ дорем ва бо сари баланд бо сарафкандагиҳои миллат биситезем.

Ҳамин ки мо дар айни беравшанфикрӣ умедамонро аз даст надодаем, нишонаи пойдории умеди расидан ба фардои равшан ва ба хуршед аст. Ҳамеша пур аз умеду равшаноӣ бош.