Чӣ бояд кард?
Дебоча
Вақте дар хона нур надорем, чи кор мекунем? Пурсишест, ки посух ба он дар кишварҳои мухталиф метавонад мутафовит бошад. Дар Амрико давлати Буш сарнагун хоҳад шуд, дар Бритониё саранҷом низоми салтанатӣ ба торих хоҳад пайваст, дар Русия дастикам коргарон эътисоб хоҳанд кард, аммо дар Тоҷикистон мунтазир хоҳанд монд ва дар дили торикӣ ба “сарвари кишварамон” сано хоҳанд гуфт, ки “ба ҷанги бародаркуш поён ниҳодааст”.
Дар Амрикову Бритониёву Русия нур ба хонаҳо бармегардад, аммо дар Тоҷикистон ба кумур рӯ меоранду вожаи “барқ”-ро ба фаромӯшӣ месупоранд, вале ҳамду саноро на.
Ахтагии миллӣ
Тарс аз ҷанги таҳмилӣ равони моро ахта кардааст. Мо, бидуни ин ки худамон фаҳмида бошем, ба як қавми нозову буздил табдил шудаем. Мо дигар қодир ба зодани фикри тоза нестем ва ҳатто агар саду наваду се кишвари дигари ҷаҳон ба монанди Русия мардуми моро хор кунанду дар “васф”-и мо сериёлҳои “Наша Раша” бисозанд ҳам, бори нангро таҳаммул хоҳем кард ва номардона ба “сарвари кишварамон” сано хоҳем фиристод. Чаро?
Чунки нури мо рафтааст. Мо нур надорем ва бенур таҳи чоҳеро мепалмосем ва бадтар аз ҳама, мафҳуми “нур”-ро фаромӯш кардаем. Моро ба наҳве манкурт кардаанд, ки намедонем хуршед чи рангӣ буд ва аз кадом тараф тулӯъ мекард. Мо аҳли зиёро, интеллигентсияро, равшанфикронро бохтаем ва ин бузургтарин баҳое буд, ки мардуми мо дар баробари “ҷанги дохилӣ” пардохт, вайронгартарин таконе, ки бар пайкари мардуми мо ворид шуд, андӯҳбортарин трожедие, ки торих то кунун барои мо ва дар бораи мо навиштааст.
“Интеллигентсия”, “зиёӣ” ва “равшанфикр”
“Интеллигентсия”, “зиёӣ” ва “равшанфикр” – се истилоҳ барои як мафҳум, ки ҳамагӣ ҳокӣ аз нуру равшаноист. Аммо аз ин сето дар ҷомеъаи мо танҳо ном ҳасту нишон нест. Вопасин фарёди нур шояд “Фарёди бефарёдрас” буд, ки ношунида монд.
Дигар ҳарчи буду ҳаст, зулмати намрудии “Исмоъили Сонӣ”-ст ва торикии абрӯҳои анбӯҳи ӯ ва сукути махуфи миёни ҷумлаҳои ӯ ва такбири ҳамоқату виқори бедалели ӯ ва печишу курнишу таъзими косалесони ӯ, ки бешармона унвони “равшанфикр”-ро ғасб кардаанд. Зӯзаҳои гургҳои гурусна ёдамон наравад, ки дар ҳасрати як луқма ноне, ки гоҳ аз даҳони “Исмоъили Сонӣ”-ву бачаҳояш меуфтад, гӯши замонаро ба сутӯҳ овардаанд ва мадҳияҳое сурудаанд, ки Унсуриро дар баробари чашмони мо Рӯдакӣ кардааст.
Дар таърифи истилоҳи русии “интеллигентсия” мехонем: “як қишри иҷтимоъии мардум, ки даргири халлоқияти печидаи маънавӣ ва фикрӣ ҳастанд ва манзур аз ин халлоқият пешбурд ва интишори фарҳанг аст.” Ба иборате дигар, равшанфикрон машъалдори ҷомеъа ҳастанд, ки роҳу чоҳро барои мову шумо нишон медиҳанд. Магар намебинед, ки бо ҳидояти ғосибони номи ин қишр таҳи чи чоҳе уфтодаем?.. Ман ҳам шуморо намебинам, аз бас ин ҷо ба таври боварнакарданӣ торик аст.
Шарифов ҳам як равшанфикр буд
Намедонам, худи Суҳроб Шарифов ёд дорад ё на, аммо дар поёни ҷанг, қабл аз он ки лутфи “Исмоъили Сонӣ” шомили ҳоли ӯ шавад ва ӯро ҳам фурӯ бибарад, вай ба унвони як коршинос вазъияти “равшанфикрон”-и Тоҷикистонро ба хубӣ тафсир карда буд:
“Равшанфикрон, ба унвони лояи ҳаллоқи ҷомеъа, дар буҳрони амиқе ба сар мебаранд. Пайроҳа ба сӯи озодии халлоқият (эҷодкорӣ) бисёр печида аст ва ба кумаки ҳамаи қишрҳои ҷомеъа ниёз дорад. Вақте ки як бахши бузурги ҷомеъа (дар ин маврид, равшанфикрон) дар баробари масъулиятҳои худ бархурде манфӣ дорад ё он масъулиятҳоро бо бемайлӣ анҷом медиҳад, ҷомеъа дучори камхунӣ мешавад. Бадеҳист, ки вопасмондагии иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангии миллат танҳо дар сурате бартараф хоҳад шуд, ки пеш аз ҳама бегонагии равшанфикрон аз сиёсат рафъ шавад. Миллат бояд аз имкони озодии интихоб миёни алтернативҳои мухталиф барои ҳалли мушкилоти иҷтимоъии муҳимтар бархурдор бошад, то дар сиёсат дахил шавад ва саҳм бигирад. Ба баёне равшантар, равшанфикрон бояд аз арзишҳои демократик ҳимоят кунанд.”
(http://www.ca-politicaltransitions.com/Translations/Sharipov%20Suhrob-Intelligentsia%20and%20its%20role.htm)
Эй кош ҳофизаи Суҳроб Шарифов қавитар буду ӯ дар мақоми раёсати маркази мутолеъоти стротежик ҳам аз арзишхои демократик ҳимоят мекард.
Парвози бозҳо
Эй миллат! Мо гӯл хурдем. Магар фаромӯш кардаед, ки замоне Халифабобо Ҳомидов бо суханҳои шаккаринаш ба мо чи умеде медод? Ҳоло тарозуи додгарӣ дар дасти ин оқост, аммо кафаҳои ин тарозу ҳаргиз баробар намешавад. Шамсиддин Имомов ҳам зоҳиран як равшанфикр буд ва ҳар ду ба монанди ду боли шоҳини равшанфикрон Тоҳири Абдулҷаббор ҷилва мекарданд. Мо - ғофил аз он ки суханони нӯшини ин ду “равшанфикр” чизе ба ҷуз “ҷилва дар минбар” нест - ба онҳо содиқона имон оварда будем.
Акнун Тоҳири Абдулҷаббор, ки замоне қудрати каломаш сохтмони порлумонро ба ларза меафканд, аз қофила парт шуда (ҳарчанд бо номи нек ба торих пайвастааст) ва ду муъовини пешинаш дар Растохез ду бози рӯи шонаҳои “Исмоъили Сонӣ” шудаанд. (Ташбеҳи нобаҷое буд, ки ба маҳзи қиёс овардам, вагарна эшон рӯи шонаҳои “Исмоъили Сонӣ” ҳам мақоме надоранд).
Агар Тоҷикистони мо бад-ин андоза торик набуд, мо ҳамон 18 сол пеш ба “Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек”-и Тоҳир гӯши ҷон месупурдем ва аз пайроҳаи миллӣ пеш мерафтем. Доктор Шаҳроми Акбарзода – равшанфикре, ки дар Австралия нишаставу мусибати моро назора мекунад, соли 1996 навишта буд:
«Ислоҳоти Горбачёв ба равшанфикрони тоҷик иҷоза дод, ки гилояҳои худро баён кунанд ва дарёбанд, ки дар тақозои адолат танҳо нестанд. Дар тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ миллигароӣ мавҷ мезад ва тоҷикҳо худро дар таркиби ин раванд диданд. Аммо раҳбарии Тоҷикистон сиришти рӯйдодҳо дар паҳнаи Шӯравиро ба хубӣ нафаҳмид. Ин нокомӣ дар дарки аҳамияти миллигароӣ ва намодҳои он нухбагон (элита)-и Тоҷикистонро аз нухбагони дигар кишварҳои Осиёи Миёна мутафовит мекард. Зоҳиран тақозоҳои миллигароёнаи мухолифон раҳбарии ҷумҳурихоҳи Тоҷикистонро дар муқобили он қарор медод ва давлат ба ҷои он ки бештар аз мухолифон дар изҳори назарҳои миллигароёна бикӯшад, ба иборатпардозиҳои шӯравӣ баргашт ва бар таъаҳҳудаш ба “интернасионализм”-и шӯравӣ таъкид кард. Ин таъкид ҳатто пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ идома дошт. Дар натиҷаи набуди биниши сиёсии давлат буҳрон печидатар шуд.”
http://findarticles.com/p/articles/mi_m3955/is_n7_v48/ai_19226485
Дар натиҷаи он кӯтоҳбинии нобихрадона равони равшанфикрӣ аз Тоҷикистон рахт барбаст ва торикандешон соҳибхона шуданд ва равшанфикрон ё кишварро ба мақсади равшаноии гумшуда тарк карданд ё ба торикандешон пайвастанд ё дар ҷомеъа таҳлил рафтанду ба издиҳом мулҳақ шуданд. Пас мо акнун равшанфикр надорем.
Чӣ бояд кард?
Бо дарки ин ҳақиқати талх ба нохудогоҳ пурсише дари зеҳни моро мекӯбад: Пас чӣ бояд кард? Ин пурсиш метавонад ба андозаи “Чӣ бояд кард?”-и Ленин инқилобофарин бошад ё дар ҳадди “Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?”-и Турсунзода ношунида бимонад ва фақат барои “масрафи дохилӣ” ё ирзоъи рӯҳи озурдаамон худнамоӣ кунад.
Чизе, ки сарнавишти ин пурсишро рақам мезанад, самимияти мо дар дарки ин мушкил аст. Оё самимона эътироф мекунед, ки дар чоҳ гирифтор мондаед? Оё аз замири қалб қабул доред, ки дар зери ин чоҳ ба ламъае нур ниёз доред ё шояд фаротар аз инро ҳам қабул доред, ки берун аз чоҳ офтоб фаровон аст ва бояд даст ба дасти ҳам доду аз ин тангно ба фарохно хазид? Оё дигар намехоҳед тоҷикҳо дар бозорҳои Русия либоси зарди борбариро ба тан кунанду зери по шаванд? Оё аз дидани ваҳшати тоҷикситезӣ дар дарун ва берун аз Тоҷикистон ва тамошои кумедии фаҷеъи “Наша Раша”, ки тоҷикҳоро андаке бартар аз хар тасвир мекунад, самимона хаста нашудаед? Оё дилатон барои ҷалолу шукӯҳи аздастрафтаи Исмоъили Сомонии ростин танг нашудааст? Оё аз назораи шиками ҳамвора-дамандаи “Исмоъили Сонӣ” эҳсоси таҳаввуъ (дилбеҳузурӣ) намекунед? Оё гарданатон дард намекунад, ки ин ҳама сол саратонро хам нигаҳ доштаед?
Ба ҳурмати ҳафт ситораи рӯи парчами серанги меҳан, агар посухи шумо ба ин ҳафт пурсиш мусбат аст (ки 49 пурсиш камтар аз суолҳое буд, ки дар “ҳамапурсӣ”-и соли 2003 аз мо фақат як посух мехост), пас биёед дастбакор шавем. Мо агар қатраем, ба таъбири Иқбол, боз ҳам тавони онро дорем, ки хуршедро тасхир кунем. Ту фақат дастатро ба ман бидеҳ, то ман дастамро ба ӯ бидиҳам ва бо ҳам занҷире бисозему аз чоҳ фаро биравем. Чи гуна?
Роҳнамои равшанфикрӣ
Равшанфикрони пӯшолӣ ва дурӯғинро бояд раҳо кард. Бидуни мо ҳам гирифториҳои рӯзгори онҳо андак нест. Онҳоеро, ки нонрезаҳои суфраи “Исмоъили Сонӣ”-ро “чида мемоланд ба чашм” ва гоҳ мерезанд ба ком, раҳо кунем ва машъали равшангариро худамон ба даст бигирем.
Гоми нахуст барои наздикӣ ба ин машъал дарки фосилаи мо аз он аст. Фосилаи мо аз машъал ба андозаи дарки мо аз мушкилотамон аст. Ҳар андоза бештар аз вусъати мушкилотамон огоҳ бошем, ба ҳамон андоза ба машъал наздиктарем. Аз баёни мушкилот набояд ибо варзид. Агар бо лаб фурӯ бастан мушкиле ҳал шуда буд, моҳиҳо бояд шаҳриёри гетӣ мешуданд, на инсонҳо. Дуруст баръакс, суҳбат аз мушкилот ба монанди замзамаи афсунгарона аст, ки маъмулан роҳи ҳалро пеши поят мегузорад. Пас қаноъатро бояд канор гузошт ва аз набуди нур гилоя кард. Куҷои ин талаб шармовар аст: “Ман нур мехоҳам!”? Баръакс, аз надоштани нур бояд хиҷолат кашид. Бенурӣ шармовар аст.
Қарор нест мо теғ ба даст бигирем, чун аҳди ин корҳо гузаштааст ва фикр намекунам, ки ту ё ман бихоҳем садсолаҳо ақиб биравем. Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳ ба пеш аст.
Ба қудрати калом имон биёварем, ки ларза бар пайкари истибдодҳо афкандаву меафканад. Ба вижа каломе, ки ба иттифоқ ба забон оварем. Фарзан, агар ман бигӯям “нур!” ва ту бигӯӣ “Нур!”, мешавад “НУР!!!”-е, ки гӯши карро ҳам шунаво хоҳад кард. Ва ҳеч шамшере қудрати буридани он нидоро надорад. Шамшерҳо аз садои баланд метарсанд.
Рӯдвор бошем, кӯлвор на. Ҳамеша бояд дар паи роҳи бурунрафт буд. Кӯлҳо замоне мурдоб мешаванд, чун обашон исто ва рокид аст. Ё мисли Арал мехушканд. Истибдоди сангу харсангро набояд қабул кард. Дар ҷунбуҷӯш бошем ва ҳамвора аз зеру рӯи сангу харсанг ба фазои боз раҳо шавем.
Андеша замоне рушд кардаву ба суъуд расида, ки озод будааст. Пас андешаи худ ва атрофиёнро ҳам бо завлонаи тарсу надомату хурофот маҳор накунем, балки раҳо созем, то шояд аз боғе нав сар дароварад ва чизе тоза ба армуғон оварад.
Чароғи виждонамонро ҳамвора равшан нигаҳ дорем ва агар фикр мекунем ба Равшанфикрӣ расидаем, равшанфикрона рафтор кунем ва ба мафҳум ва таърифи равшанфикрӣ хиёнат накунем.
Чароғи нангу номуси равшанфикриро ҳам фурӯзон нигаҳ дорем ва бо сари баланд бо сарафкандагиҳои миллат биситезем.
Ҳамин ки мо дар айни беравшанфикрӣ умедамонро аз даст надодаем, нишонаи пойдории умеди расидан ба фардои равшан ва ба хуршед аст. Ҳамеша пур аз умеду равшаноӣ бош.
21 comments:
Агар мо равшанфикрҳои воқей медоштем, ба чунин руз намеафтодем. Масалан, оё минтақаи Кўлоби мо равшанфикр дорад? Кадоме аз онҳо аз алами бадномии ҳамдиёрони худ, ки нирўи пешсафу миллиро дар солҳои 1992 то ҳоло саркўб карданду мекунанд, девона шуд, худкушй кард ва ё эътироз намуд? Аксари кулли онҳое ки худро равшанфикр нишон медоданд, ҳоло аз меваҳои ширини "ҳокимияти маҳаллии худ" бенасиб намондаанд, монанди ҳамон Шарофиддини Эмом. Ва ё вақте ки нависанда Сорбон аз раиси чумҳур "боли парвоз" орзу мекунад, магар вай равшанфикр аст? Ва ё Тоҳири Абдучаббор, ки аз мубориза худро канор кашид, магар равшанфикр аст? Хуллас, ба сари ҳар ном ки ангушт бигзоред, касофату хиёнатро мебинед. Пурсиш ин хоҳад буд, ки оё умедро аз он насл бояд барканд ва ё ҳамон ба думболи онҳо рафт? Посухе надорам...
Ҳар насли зиндадиле умеду ормонҳои худро дорад ва талош мекунад ба ормонҳое фаротар аз идеоли насли гузашта даст ёбад. Рози пешрафти ҷомеъаи башарӣ ҳам ҳамин аст, вагарна имрӯз ҳам ба таври дастаҷамъӣ канори осиёбе нишаста будему найлабак менавохтем ва санги осиёби торих ҳаракат намекард. Пас ҳаргиз набояд дастнигари насли қаблӣ буд. Насли қаблӣ сутуданист, агар ба насли ҷадид барои расидан ба ормони бартараш ёрӣ кунад. Тоҳири Абдулҷаббор равшанфикри бознишаста аст ва набояд накӯҳишаш кард. Ӯ бештар аз ҳар каси дигар дайни равшанфикриашро баҷо овард ва то ҷои хирадро мантиқи ҷангафзорӣ гирифт, бознишаста шуд ва ба торикфикрон напайваст ва чашми умед ба насли ҷадид дорад, ки шӯрбахтона, аз марҳила парти парт аст ва намедонад, ки бар ӯву кишвари ӯ чи мегузарад ва қарор аст чи бигзарад. Мо ба як Тоҳири дигар ниёз дорем, ки сирфан бо қудрати каломаш пояҳои истибдодро биларзонад, вале ин бор набояд танҳояш гузошт.
Ахсан, барои чунин як мавзуе, ки холо дар рузмаррахои форумхои точик дар печу тоби талоши харфхо аст.
Чунин мавзуъро ман ягона дар форумхои точик дида будам.
@mc1717
Elaborate urself pls
Ман хештанро Беноми 1 меномам, зеро масъулиятам дар ҳукумати Чумҳурии Точикистон намегузорад,номи аслиямро фош кунам. Ман ҳам аз мухлисони Тоҳири Абдучаббор будам, вале намепазирам, ки у дар нимаи роҳ аз пой уфтод. Равшанфикрй бознишастагй ва замингирй надорад. Ту ё равшанфикр қастй ва ё нестй! Дорюш Тоҳирро дуст медорад ва намехоҳад уро интиқод кунад. Вале воқеияташ ин аст, ки Тоҳир метавонист бо он сармояи сиёсие, ки дошт, дубора ба майдон ояд ва бесоҳибонеро монанди ману Дорюш муттаҳид кунад, ки на кулобием ва на исломй. Ҳоло шарбати Точикистонро ҳамин ду мечашанд. Фарқ фақат ин аст, ки кулобиҳо барои фисқу фасод ба саромяи бештар ниёз доранд, исломиҳо ба як устухон ҳаноат мекунанд, монанди раҳбарашон Абдуллои Нурй. Мо, ки шояд асилтарин баёнгари манофеъи миллати ТОЧИК ҳастем, касе надорем, бекасу бесоҳибем ва бовари мо ба афрод гум шудааст ва инро як сабаб Тоҳири Абдучаббор низ ҳаст.
Ҳеч насле ба таъсири насли пешгузашт нест ва ҳеч насле ба пасовандонаш бетаъсир нахоҳад буд. Насли баъдй, яъне чаноби Дорюш, агар аз руи хотирбинй Тоҳирро ҳимоят мекунад, худ ин чо маънии зиёде нуҳуфтаасту арзиши шиъорҳои шахси у низ. Пас чаро Шарофиддини Эмом ё Низоми Қосим ва ё ҳар лашшу лушши дигар аз имомалии раҳмон ҳимоят накунад ва ё аз ҳао лашшу луши дигаре. Манзури ман ин аст, ки дар баробари меҳроб ё оташи муғаддасе б а номи МИЛЛАТ бояд поку якруву бериё буд. Он гоҳ шояд бовар баргардад...
Беноми 1-и азизю Суҳбат сари садоқат ба устод Тоҳир нест, бо ин ки бояд бошадю Оё вақте ӯ ба мову шумо ниёз дошт, мо канораш будем? Оё касе дарк мекард, ки дар замири ӯ чи нуҳуфта аст? Арҷи ман ба ӯ боқист, чун ӯ на пушти мақоме дар давлат паноҳ бурд ва на тавбанома навишт. Тоҳире буду монд, ки ҳанӯз ҳам дар наёфтаем. Танҳо буд бо як мушт ҷоҳталаб, ки сари фурсат барояш чоҳи жарфе канданд. Суҳбат сари Кӯлоб ҳам нест. Ва иттифоқан ин навъи баёни маҳалгароёна чоҳро барои мову шумо жарфтар мекунад. Яке аз вопасин равшанфикрони тоҷик шодравон Имомназари кӯлобӣ буд, ки ба меҳри аҳуроӣ пайваст. Агар суҳбат сари Миллат аст, лутфан ҳарфи маҳалро наёред. Вагарна, ба Хайём руҷӯъ хоҳем кард, ки аз "фарқ миёни ману ту" мегӯяд. Умедворам матлабамро гирифта бошед.
Иродатманд
Дориюш
[b]Darius[/b] ha detto...
Elaborate urself pls
_________________________
You mean my name?
... Khovar
Respect.
No, I just didn't get what you meant when you said:
Ахсан, барои чунин як мавзуе, ки холо дар рузмаррахои форумхои точик дар печу тоби талоши харфхо аст.
Чунин мавзуъро ман ягона дар форумхои точик дида будам.
It's mean;
Thanks a lot for great topic. This kind of discussion is famous only in forums inside of country (TJK). I wish that it would be great if such kind of topics will be opened each days.
Mercy.
Thanks a lot Khovar,
D
Ин навиштаро бояд рушанфикрони точик(харчанд ман то кунун фикри рушане аз онхоро нашунидаам ва ин калимаро дар васфи онон истифода карда наметавонам)бихонанд. Шояд шармашон оянд, вале итминон надорам, зеро хамонгуна ки Дориюш навиштааст, агар онхо шарм медоштанд, мегуфтанд ончиро ки хадди аккал мебинанд. "Рушанфикрон"- и точик ба чои он ки дар васфи миллати хобида (хоб бародари марг аст) бигирянд, онро ситоиш мекунанд, ки миллатест бузург, доно олим. Дуруг мегуянд ва сурх хам намешаванд, дуруг мегуянд ва мардумро нодонтару ахмактар мекунанд. Холо миллати точик ба марди магруре табдил ёфтааст, ки чизе барои гурур надорад.
Ташаккур Дориюш барои гуфтани чизе ки бояд Рушанфикрони дар нохунаки точик бигуянд.
Бисёр мехоҳам бо Дориюш ҳамназар бошам, аммо наметавонам ва тавреп мебинам вай низ ҳеч яке аз далелҳои маро қабул надорад. Хеле хуб, биёед аз он сар кунем, ки аслан равшанфикр чи касест? Бадбахтона, тафаккури точик ҳануз ягон бор вожаи равшанфикр ва рисолати уро ба таври дақиқ ва фарогир таҳқиқ накардааст. Замоне метавон ба воқеъият баҳои дуруст дод, ки нахуст сари мафҳум ва таърифҳо ҳамнараии комил ба миён ояд.
Дориюши азиз хушхолам аз ин ки тавачух дори ба вазъи дохили кишвар ва
харчанд дури аз он аммо ангор аз дохили он харф мезани.
ман аммо як нукта дорам: равшанфикри аз равшандидан сарчащма мегирад
ва чори мешавадБ дар фазое ки бастааст ва нур ранги аслии худро ба
мардум нищон намедахад ва роху рози омузиш ва андухтан бастааст, ва
равшанфикре ки масоилро равшан ва дакик намебинад, интизории чиро бояд
дошт?
Агар онхое ки берун дар фазои боз хастанд ва масоилро дар мукоиса бо
тачрубахои мардуми дигар мебинанд ба майдон наоянд, рохи пешрафт
наздиктар хохад шуд.
بخش نخست نوشته تان را به سختی و به کُندی خواندم گویا شما از دستگاه فرمانروایی تاجیکستان خشنود نیستید . این درست وارونه ی آن چیزهایی است که من تاکنون شنیده ام . همه از سرور کشور تاجیکستان و تلاش های ایشان در راه پاسداشت فرهنگ ایرانی تاجیکستان سپاسگزاری می کنند . بنده بر این باوربودم که فرمانروایان ایران نیز باید همچون آقای امام علی رحمان باشند . وای نوشته های شما درست وارون آن چیزهایی بود که من می پنداشتم . خواهشمندم مرا روشن کنید . به امید یکپارچگی ایران بزرگ .
محمد حسين گرامی. آن چه من به سيريليک نوشتم، ويژه هم ميهنانی بود که اين درد را از نزديک بوئيده اند و بر پيکر و روان خود آن را احساس کرده اند. دردا که هر پاره سرزمين پاره پاره آريانا دردهای سوزنده خود را دارد. و آنچه امروزه ما در تاجيکستان شاهدش هستيم، مرگ تدريجی زبان و فرهنگ است. سر اين کلاف را نمی توانم بيابم که داستان را اجمالا در چند جمله تعريف کنم. می گذارمش برای فرصتی مناسب تر. حالا همين قدر بگويم که واقعيت های سرزمين ما را بايد از درون ديد و شماخت. من به عنوان يک مزديسنی خريدار تبليغاتی نيستم که برای مقابله با اسلامی ها پخش می شود. اگر رهبر بخردی داشتيم، مدتها پيش برای نجات فرهنگ و هويت دست کم دبيره را فارسی کرده بود تا اين مرز سنگين فرو بريزد، به جای ساختن کاخ و ويلا برای خود و خويشاوندانش در تاجيک فيلم سرمايه گذاری کرده بود، تئاتر زمانی پرشکوه تاجيک را آباد کرده بود، از شاعران و نويسندگان عقيم حالپرسی کرده بود... شما چه کتاب تاجيکی را خوانده ايد که اخيرا چاپ شده باشد؟ چه فيلمی به ذهنتان می رسد؟ چه دست آوردی را به ياد داريد؟ چرا ما در تکلم فارسی هنوز مشکل داريم؟ چراها زياد است. اميدوارم سر اين موضوع دوباره برگرديم و با حوصله به کنکاش بنشينيم.
با ارج
داريوش
درود به سرور ارجمند داریوش جان . شاید ، اینجا ، جای گفتگو نباشد ولی نتوانستم رایانامه ی ( ایمیل ) شما را پیدا کنم . آگاهیهای بنده درباره ی تاجیکستان کم است پس اگر اشتباهی کردم مرا ببخشید . فرمایش های شما درست است . این روند در ایران نیز دیده می شود ( تن پروری فرمانروایان ) . من هم شگفتزده بودم از اینکه چرا دبیره ی زبان پارسی در تاجیکستان پس از استفلال تغییر نکرد . هر چند ، باید بگویم که من و بسیاری دیگر ( و شاید شما )هرگز دبیره ی تازی را دوست نمی داریم ولی این دبیره فعلا می تواند پارسی زبانان را به هم پیوند دهد . باز هم جای شکر دارد که در تاجیکستان به « میهن » توجه می شود ولی در ایران تنها و تنها به « دین » توجه می شود . برای نمونه شنیدم که سه تن به عنوان قهرمان تاریخی در تاجیکستان شناسانده شدند ( کورش بزرگ ، فردوسی توسی ، امیر اسماعیل سامانی ) . که این نشان از توجه به فرهنگ دارد
راستی وقتی فهمیدم شما مزدیسنی ( زرتشتی ) هستید خیلی خوشحال شدم . شما پاسداران فرهنگ ایران دلبندمان هستید . راستی شادمان می شوم به تارنگار من سر بزنید . داریوش جان نمی دانم چرا ولی خیلی دوستتان دارم . در پناه خدا
www.kohansara.blogfa.com
درود به سرور ارجمند داریوش جان . شاید ، اینجا ، جای گفتگو نباشد ولی نتوانستم رایانامه ی ( ایمیل ) شما را پیدا کنم . آگاهیهای بنده درباره ی تاجیکستان کم است پس اگر اشتباهی کردم مرا ببخشید . فرمایش های شما درست است . این روند در ایران نیز دیده می شود ( تن پروری فرمانروایان ) . من هم شگفتزده بودم از اینکه چرا دبیره ی زبان پارسی در تاجیکستان پس از استفلال تغییر نکرد . هر چند ، باید بگویم که من و بسیاری دیگر ( و شاید شما )هرگز دبیره ی تازی را دوست نمی داریم ولی این دبیره فعلا می تواند پارسی زبانان را به هم پیوند دهد . باز هم جای شکر دارد که در تاجیکستان به « میهن » توجه می شود ولی در ایران تنها و تنها به « دین » توجه می شود . برای نمونه شنیدم که سه تن به عنوان قهرمان تاریخی در تاجیکستان شناسانده شدند ( کورش بزرگ ، فردوسی توسی ، امیر اسماعیل سامانی ) . که این نشان از توجه به فرهنگ دارد
راستی وقتی فهمیدم شما مزدیسنی ( زرتشتی ) هستید خیلی خوشحال شدم . شما پاسداران فرهنگ ایران دلبندمان هستید . راستی شادمان می شوم به تارنگار من سر بزنید . داریوش جان نمی دانم چرا ولی خیلی دوستتان دارم . در پناه خدا
www.kohansara.blogfa.com
рушанбину рушанфикр кист ва чигуна бошад каблан мукаррар кардани меъери он зарур аст.аммо баъд тахлилу мукоиса.
казияи дига он аст ки аввал бубин ту худ чи кардаи бахри ин рушани пас бахо бидех ба дигар рушангари
Bush-и гиромй.
Сипос аз паёмхоятон. Дар мавриди пурсише, ки кардаед, дар матни боло тавзехоте додаам. Аммо агар шумо назаре дигар дорем, хушхол мешавам бишнавам.
Salam dooste aziz.
Man webloget ra didam.
affarin
man karam tarrahiye sayt va host va domain ast.agar mikhahi man mitoonam anjam bedam.
+98.9384078739
getpanel@gmail.com
info@getpanel.com
Fathollahi
Post a Comment