Wednesday, December 23, 2009

The Green Death of Khomeni's "Fruit of Life"

Марги сабзи “меваи умр”-и Хумайнӣ

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)


Эрон хаёли оромиш надорад. То мустабиддони режим мехоҳанд ба хоби харгӯшӣ бираванд, дигарбора наъраи эътирози мардум гӯши фалакро пур мекунад. Ин бор даргузашти яке аз поягузорони режим, ки бо гузашти замон ба сарсахттарин мунтақиди он табдил шуд, баҳонаи эътирозотро фароҳам кардааст.

Оятуллоҳ Ҳусейналии Мунтазирӣ сайид набуд ва дастори сиёҳ ба сар надошт. Ҳаштоду ҳафт сол пеш дар хонаводаи кишоварзе дар шаҳри Наҷафободи устони Исфаҳон ба дунё омад, ба ҳавзаи илмияи Қум рафт ва шогирди Оятуллоҳ Хумайнӣ шуд. Ба муддати чаҳор сол заҷри зиндони вопасин шоҳи Паҳлавиро кашид ва соли 1978 озод шуд, то назарияи “вилояти фақеҳ”-ро ниҳодина кунад ва заминаи Ҷумҳурии Исломиро бичинад.

Инояти Хумайнӣ ба Мунтазирӣ то ба андозае буд, ки раҳбари Инқилоби Исломӣ ӯро “меваи зиндагӣ”-и худаш хитоб мекард. Дар соли 1983 тасмим бар ин шуд, ки дар паи марги Хумайнӣ шогирди барӯманди ӯ Мунтазирӣ раҳбарии Ҷумҳурии Исломиро ба дӯш бигирад. Аммо дар соли 1989, дуруст се моҳ пеш аз даргузашти раҳбари инқилоб, “меваи зиндагӣ” дар коми Хумайнӣ таъми талхе ба ҷо гузошт ва мавриди бемеҳрии ӯ воқеъ шуд.

Оятулоҳ Мунтазирӣ бо ин дидгоҳи Хумайнӣ мувофиқ набуд, ки “валии фақеҳ” ё раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ҳамакораи кишвар аст, ихтиёроти беҳадду ҳасре дорад ва дар ҳар заминае метавонад эъмоли нуфуз кунад. Бино ба дидгоҳи Мунтазирӣ, раҳбари рӯҳонӣ метавонист танҳо дар мақоми мушовир ба ниҳодҳое, ки аз сӯи мардум интихоб шудаанд, машварат диҳад.

Ихтилофи умдаи дигари ӯ бар сари силсилаи эъдом (қатл)-ҳое буд, ки дар соли 1988 ба авҷи худ расид. Ҳар касе, ки бо кӯчактарин иттиҳоми мухолифат бо режим боздошт мешуд, бидуни муҳокима кушта мешуд. Ҳаммоми хуни Ҷумҳурии Исломӣ боъиси ошуфтагии виждони Мунтазирӣ - дардошнои зиндониён шуда буд ва ӯ дар ниҳояти асабоният хитоб ба Имом Хумайнӣ гуфта буд, ки рафтори Ҷумҳурии Исломӣ бо боздоштшудагон бадтар аз рафтори маъмурони шоҳ аст ва худи ӯ бадтар аз худи шоҳ аст.

Ҳамин басанда буд, ки Мунтазириро аз чашми Хумайнӣ биандозад. Се моҳ монда ба маргаш, Хумайнӣ шогирдашро аз мақоми ҷонишинии раҳбар барканор кард ва пас аз даргузашти ӯ Алии Хоманаӣ бар тахти вилоят нишаст, ки аз тахти подшоҳӣ тафовути андаке дорад.

Аммо ишколи кор дар он буд, ки Хоманаӣ “оятуллоҳ” ё “марҷаъи тақлид” набуд. Яъне ба мақоми иҷтиҳод ва раъйдиҳӣ дар умури мазҳабӣ нарасида буд. Барои ин кор бояд дастикам 20 сол дар яке аз беҳтарин мадрасаҳои исломӣ дарс мехонд, ки нахонда буд. Барои нишастани Хоманаӣ бар маснади раҳбарӣ ин аслро тағйир доданд, то дастгоҳи сиёсӣ ба муродаш бирасад. Яъне мақоми фиқҳии раҳбар аз ҷойгоҳи Мунтазирӣ ва чандин марҷаъи дигари шиъа бамаротиб поинтар буд ва усулан, намешуд вазифаи раҳбарии маънавии миллатро ба ӯ вогузор кард. Аммо чун ин амр муқтазои сиёсат буд, пазируфта шуд, ҳарчанд афроде чун Мунтазирӣ ҳаргиз ин амрро напазируфтанд.

Оятуллоҳ Мунтазирӣ аз он зумра инсонҳои нобе буд, ки ҳаргиз ба ҳарфи зӯр сари итоъат фуруд намеоваранд. Ӯ ҳаргиз минбари интиқод аз режими исломиро тарк накард. Давлати Хоманаӣ, ки дар баробари интиқодҳои кӯбандаи Мунтазирӣ бечора монда буд, ӯро барои шаш сол (1997-2003) ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Аммо Оятуллоҳ Мунтазирӣ ин ҳисорро ҳам шикаст. Дар тӯли муддати маҳкумияташ ӯ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет роҳ ёфт ва хотироташро барои ҷаҳониён мунташир кард. Ба ростӣ, ӯ нахустин марҷаъи тақлиди мусалмонон буд, ки ба фазои маҷозӣ (Интернет) роҳ ёфт ва аз он баҳра бурд. Навиштаҳову гуфтаҳои интернетии ӯ асбоби шармандагии режим буд, аммо бо таваҷҷуҳ ба мақоми мазҳабии Мунтазирӣ давлат дар анҷоми коре алайҳи ӯ бечора буд. Дар Эрон марҷаъи тақлид дорои ҳаводорони бешуморест ва азияту озори ӯ метавонад нохушнудиҳои густардаеро дар миёни мардум барангезад.

Порае аз ин нохушнудиҳоро дар рӯзҳои ахир дидем. Мардум аз саросари Эрон ба шаҳри Қум – маҳалли зиндагӣ ва марги Мунтазирӣ гирди ҳам омаданд. Шумори сӯгворон то ҳадде буд, ки ҳатто хабаргузориҳои расмии Эрон онҳоро “садҳо ҳазор нафар” тавсиф карданд. Агар маҳдудиятҳои эъмолшудаи Ҷумҳурии Исломӣ набуд, шояд саҳнаҳои шигифтангези дафни пайкари Хумайнӣ такрор мешуд. Шиъорҳое, ки дар таҷаммуъоти анбӯҳи мардумӣ садо дод, табли расвоии давлатдоронро навохт.

Аммо шукӯҳи шахсияти Мунтазирӣ ба андозае буд, ки ҳатто душмани шумораи яки ӯ (Хоманаӣ) бо интишори паёми таслияте (ҳарчанд кинатӯзона) ба ҷойгоҳи ӯ арҷ гузошт.

Мунтазирӣ аз он даст одамонест, ки арзиши торихиашон пас аз маргашон ошкор мешавад. Шояд пас аз солҳо аз ӯ ба унвони Гондӣ ё Монделлои Эрон ёд шавад; шояд бо ин тафовут, ки хостаҳои ӯ пас аз маргаш бароварда хоҳад шуд. Ӯ касе буд, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи башар ба болотарин мақоми давлат пушти по зад ва умреро дар азияту уқубат гузаронд, то шояд рӯзе партави озодӣ бар фарози кишвари ӯ ҳам битобад. Ӯ метавонист подшоҳи исломии он сарзамини паҳновар бошад, дуруст ба монанди Хоманаӣ. Аммо чашми серу қалби башарпарваре дошт ва атои раҳбариро ба лиқояш бахшид ва шуғли ҳимояту дифоъ аз ситамдидагонро бар шуғли раҳбарии кишвар ва карию кӯрӣ бар гилояҳо тарҷеҳ дод.

Акнун, ки ӯ даргузаштааст, тоза оғози маҳбубияти фарогираш дар Эрон аст ва бегумон, фардо, ки Эрон роҳи тозаеро ихтиёр хоҳад кард, аз ӯ ба унвони яке аз роҳгушоёни андешаи интиқодӣ дар фазои хафақонии Ҷумҳурии Исломӣ ёд хоҳад шуд. Дар воқеъ, Оятуллоҳ Мунтазирӣ ҳатто бо даргузашти худ нафаси тозаеро бар рамақи Ҷунбиши Сабзи Эрон дамид.










Амвочи хурушони хашмро худ бибинеду бишнавед:

No comments: