Таъассуб ва мутаъассиб
Муддатест, ки бо худ каланҷор меравам, то дарёбам, сеҳри таъассуб куҷост,
ки ҷавонони моро тӯда-тӯда бераҳмона мебалъад.
Чаро ҳамарӯза, ҳар рӯзи Худо, бидуни истисно, дар фазои маҷозӣ сарамон ба девори
таъассуб мехурад ва сархурда мешавем? Чаро бояд бунёдитарин усули ҳамзистию
пешрафтро рӯзе чандин бор барои худамон ва дигарон ёдовар шавем?
Худи таъассуб, аз диди ман, зоидаи навмедию сархурдагист.
Дар ҷомеъае гирифтор, ҷомеъае, ки барои бақо даступо мезанад, таъассуб гул мекунад.
Дуруст ба монанди ангал (паразит)-е, ки дар ганду касофату олудагӣ такассур
меёбад (бисёр мешавад) ва ба атроф пахш мешавад. Таъассуб вижаи ҷомеъаҳои
мурдобгуна аст. Мурдоб фазои муносибе барои рушди ангалҳост. Ҷомеъаи исто ва
мурдобгуна фазои муносибе барои тавсеъаи таъассуб аст.
Таъассуб ҳар навъ бовару рафторест, ки хоста ва ҳадафи
он интиқодпазир нест. Он метавонад динӣ, сиёсӣ ё ҳатто варзишӣ бошад ва гунаҳои
дигар ҳам дорад. Таъассуби динӣ, аммо, тавассути соҳибназарон шоеътарин,
сарсахттарин ва хатарноктарин навъи таъассубҳо арзёбӣ шудааст. Донишномаи “Википедиё”
ба нақл аз Хурхе Сонтоёно (Jorge Santayana), файласуфи баноми испониёӣ, таъассубро
“дучандон кардани талошу кӯшиш ба ҳангоми фаромӯш шудани ҳадаф” таъриф мекунад.
Яъне ҳадаф метавонад чизи хубе бошад, аммо таъассуб, ки дар миён меояд, он
ҳадафи хуб фаромӯш мешавад, ки бар асари он талошҳои гумроҳ барои ёфтани он
ҳадаф дучандон мешавад, аммо бероҳа меравад.
Фарди мутаъассиб кӯчактарин ҳарфи хилофи боварҳояшро
қабул надорад. Чун бовари ӯ бар рӯи санг набишта аст ва нармиш намепазирад. Ба
ҳеч рӯй наметавонад онро бознигарӣ кунад, чун бо он бовар ба бор омадааст ё он
боварро дар мағзаш муҳаҷҷар (санггуна) кардааст. Тасаввури дурии андак аз он
бовар барои фарди мутаъассиб баробар бо марг аст. Ва ҳар он кас, ки дар
баробари ин бовар қарор бигирад, сазовори марг аст. Санг гудохта намешавад;
танҳо шикаста мешавад. Мутаъассиб ҳам нарм намешавад; танҳо мешиканад. Бовари
сифту сахт ба монанди чӯби кибрит (гӯгирд) аст, ки ё оташ мезанаду месӯзонад ё
шикаста мешаваду аз байн меравад. Чун мум нарм нест, ки ҳар шаклеро ба худ
бипазирад ва бимонад; мондагор бошад. Чун санг сахт аст, то бишканад ва
бимирад.
Винстун Черчилл, нахуствазири пешини Бритониё, ки рӯзноманигори
чирадасте ҳам буд, аз таъассубу мутаъассиб таърифи бадардбихуре дорад: “Мутаъассиб
касест, ки на дидгоҳашро тағйир медиҳад ва на мавзӯъро”. Гӯӣ навъе сиреш (ширеш)
ё оҳанрубо ин васат дар кор аст, ки ин дуро ба ҳам сахту муҳкам васл кардааст: мутаъассиб
ва мавзӯъи мавриди таъассуби ӯро. Мутаъассиб мехоҳад ҳамагонро ҳамсони худ
бибинад. Ин мавзӯъ барояш матраҳ нест, ки фитрати башарӣ танаввуъхоҳ аст ва
ҳамаи афрод дар чорчӯбе мушаххас намегунҷанд ё намехоҳанд бигунҷанд. Ҳама ҳам
аз як навъи бардошт аз мутуни динию ъақидатӣ бархурдор нестанд ва мехоҳанд роҳи
худро бипаймоянд. То кунун мо низомҳои мутаъассиби бисёре доштааем; аз исломӣ
гирифта, то кумунистӣ. Аммо ҳеч як муваффақ нашудаанд ҳамаро табдил ба дом
(чорпо)-и ҳамгун кунанд ва ҳамвора бо муъзали дигарандешӣ дасту панҷа нарм
кардаанд. Чун дигарандешӣ дар батни ҷомеъаи башарист ва ба юмни вуҷуди хиради
инсонӣ ҳамеша ин васат хоҳад буд. Хиради инсонӣ метавонад бо ҳамаи ъақидаву
эътиқодоти пазируфташуда мухолиф бошад ва роҳи дигаре барои мавҷудият, ҳузур ва
бақо ёбад. Оне, ки мухолифи ин хирад аст, дар банди таъассуб аст.
Яъне агар чунин пиндорем, ки ҳамагон бояд ҳамсони мо
биандешанду зиндагӣ кунанд, яқинан мутаъассибем. Агар ъодат надошта бошем, ки
одамон дорои дидгоҳҳо ва бинишҳои гуногунанд, пас дар чанги таъассуб тақалло
мекунем (даступо мезанем). Агар барои худ бовареро биписандем ва интизор
надошта бошем, ки андешаву рафтору гуфтори ҳамагон чун они мо бошад, пас аз
доми таъассуб раҳидаем. Бо ин фармудаи Сайидюунуси Истаравшанӣ ҳамнавоям, ки
мегӯяд: “Шигифтангез аст, ки бархе чунин ҳастанд, ки ба фарде, ки гаҳ-гоҳе пойбанди
намозу рӯзааш ҳам буда, аммо нисбат ба соири дастуроти қатъии шариати ислом
беэътино бошад, чун касе ки дар моҳи Рамазон ҳарчанд рӯза гирифта, намози
таровеҳ ҳам баҷо оварад, аммо дар ғайри ин моҳ гаҳ-гоҳе лаб ба
шароб мезанад, ва ё касе ки ҳарчанд лофи диндорӣ занаду аммо таваҷҷӯҳе ба
аҳкоми исломӣ надошта бошад, ба чунин фарде, мегӯянд, ин шахс мутаассиб нест. Аммо
касеро, ки огоҳона пойбанди дастуроти шариат буда, ҳозир набошад ба ҳеҷ ваҷҳ
хилофи авомири сареҳи ойини муқаддаси ислом гом бардорад, мегӯянд, он фард
фарди мутаасибе мебошад”. Май нӯшидан ё нанӯшидан, рӯза доштан ё
надоштан, намоз гузордан ё нагузорад ҷузъи ихтиёроти фард аст. Ба далели
риъояти муқаррароти ойине хос ба ҳеч рӯй наметавон касеро мутаъассиб ангошт. Аммо
агар он фарди фарзӣ бикӯшад, ки дигаронро ҳам ба парҳез аз майнӯшӣ водорад ва
фарзиёти мазҳабии намозу рӯзаро бар онон таҳмил кунад, ӯ касе ҷуз як мутаъассиб
нест. Чун мехоҳад ба зӯру иҷбору таҳдиду таҳмил боварҳои худро бар дигарон
савор кунад. Чун бар ин пиндор аст, ки танҳо роҳи мумкини зиндагӣ дар ин саро
роҳест, ки ӯ меравад, ва ҳамаи роҳҳои дигар ботиланд. Дар ҳоле ки роҳҳои
расидан ба Худо яке-дуто нест. Ва шуморе қобили таваҷҷуҳе ҳам ҳастанд, ки коре бо “роҳҳои
расидан ба Худо” надоранд. Ҳамаи боварҳо ин мавзӯъро барҷаставу пурранг
кардаанд, ки ҳар касе масъули корнома ва аъмоли хеш аст. Пас афроди мутаъассиб
бояд хомӣ ба харҷ надиҳанд, ки Мавлавӣ фармуда:
Сахтгирию таъассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.
Яъне, фарди мутаъассиб ҳамсони як ҷанини хом аст;
ҷанине, ки бо хуношомӣ зинда аст. Пас бархурди мутаъассибони хом бо воқеъиятҳои
рӯзгори инсонӣ танҳо ба як амр меанҷомад: хуношомӣ.
No comments:
Post a Comment