10
сол аст, ки ин рӯзро бе соҳибҷашн пои мизе пуру паймон менишинем. Ба ёди
он рӯзҳои ъиззату уббуҳат ва неъмати канори падар будан. 10 сол аст, ки
рафтаанд, аммо ҳузурашон дар зиндагиам ҷовидона аст. Фарде, ки нохоста
аз худию бегона, афроде аз тамоми синхиятҳои мавҷуд дар ҷомеъа, эҳтиром
бармеангехт; то лаб ба гуфтан мегушуд, ҳамаи лабҳои дигар ба нишони
эҳтироми муфрат, ки ҳамонандашро надидаам,
баста мешуд. Дар сароҳати калом беназир буд ва дар шуҷоъати рафтор
ҳамчунон. Сеҳри калому рози маромаш дар он даврон бароям муъаммои
печидае буд. Имрӯз зодрӯзи падарам ОлиМуҳаммади Раҷаб аст.
Падарам як фаришта буду мо надонистем,
Мушку ъанбарсиришта буду мо надонистем.
Падарам, Рустами дигар зи ҷинси Шаҳнома
Қиссаи нонавишта буду мо надонистем.
Падарам, шоҳи бениёзи тахту тоҷи шаҳӣ,
Ҳирси қудрат биҳишта буду мо надонистем.
Дар нигоҳаш, ки ба гармии меҳри Эрон буд,
Рози хилқат ниҳишта буду мо надонистем.
Дар раҳи ъиззату шараф, ки раҳнамо мешуд,
Базри оянда кишта буду мо надонистем.
Дар калофе, ки даври гардани мо мепечад,
Падарам, оҳ, сар(р)ишта буду мо надонистем.
3 даймоҳи 1392
(24 десомбри 2013)
Tuesday, December 24, 2013
Sunday, December 08, 2013
...ингилисӣ
Ҳавои Душанбе ба сар месипорам
Сияҳ рӯзу равшан шаби ингилисӣ.
Чу Шекспир пири муғонам насиб аст,
Дар ин бехазони таби ингилисӣ.
Зи ахтар насибе бихоҳам, агар ҳаст,
Дусад чархиши кавкаби ингилисӣ.
Валекин чу Пири Хуросон набошад,
Ба коре наояд лаби ингилисӣ...
Сияҳ рӯзу равшан шаби ингилисӣ.
Чу Шекспир пири муғонам насиб аст,
Дар ин бехазони таби ингилисӣ.
Зи ахтар насибе бихоҳам, агар ҳаст,
Дусад чархиши кавкаби ингилисӣ.
Валекин чу Пири Хуросон набошад,
Ба коре наояд лаби ингилисӣ...
Thursday, November 28, 2013
Шаҳре, ки шоҳаш гадо бошад...
Шаҳре, ки шоҳаш гадо бошад,
Қаҳр аст... Нишонаи қаҳрест осмонӣ.
Баҳрест обистани сад тӯфон,
Маърака аст
Миёни майдоне, ки фардо дастҳо бар он хоҳанд руст.
Дастҳои барафрошта ба дуъо
Мушту панҷа хоҳанд шуд
Ва хоҳанд дарид
Шаҳреро, ки шоҳаш гадо бошад...
شهری که شاهش گدا باشد
قهر است... نشانۀ قهری است آسمانی
بحری است آبستنِ صد توفان
معرکه است
میان میدانی که فردا دست ها بر آن خواهند رُست
دست های برافراشته به دعا
مشت و پنجه خواهند شد
و خواهند درید
شهری را که شاهش گدا باشد...
Нахуствазир ниҳоданду ҷилвае доданд,
Дари таъаҷҷуби ъақли башар бигшоданд:
“Сари девону сарвари кабиру бор ҳамӯст?
Нишонаи шарафу ъиззати дарбор ҳамӯст?”
Ҳамӯст, арчи риволи умури мо дигар аст,
Нахуствазир ба вазорат расида як башар аст.
Ба изну рухсати арбоб об ошомад,
Бидуни рухсати арбоб ҳеч н-оромад.
Калиди гумшуда аз қалби қуфли басташуда,
Аҳаде аз дили оҳоди ҷигархасташуда...
Айюб ҳам ҳатман тоҷик буда, ки "сабри Айюб" намунаи сабру шикебоии башар аст.
Ва ин чархро ҳам тоҷик офаридаанд, ки таҳаммули бори ин ҳама замону фиғонро дорад...
Қаҳр аст... Нишонаи қаҳрест осмонӣ.
Баҳрест обистани сад тӯфон,
Маърака аст
Миёни майдоне, ки фардо дастҳо бар он хоҳанд руст.
Дастҳои барафрошта ба дуъо
Мушту панҷа хоҳанд шуд
Ва хоҳанд дарид
Шаҳреро, ки шоҳаш гадо бошад...
شهری که شاهش گدا باشد
قهر است... نشانۀ قهری است آسمانی
بحری است آبستنِ صد توفان
معرکه است
میان میدانی که فردا دست ها بر آن خواهند رُست
دست های برافراشته به دعا
مشت و پنجه خواهند شد
و خواهند درید
شهری را که شاهش گدا باشد...
Нахуствазир ниҳоданду ҷилвае доданд,
Дари таъаҷҷуби ъақли башар бигшоданд:
“Сари девону сарвари кабиру бор ҳамӯст?
Нишонаи шарафу ъиззати дарбор ҳамӯст?”
Ҳамӯст, арчи риволи умури мо дигар аст,
Нахуствазир ба вазорат расида як башар аст.
Ба изну рухсати арбоб об ошомад,
Бидуни рухсати арбоб ҳеч н-оромад.
Калиди гумшуда аз қалби қуфли басташуда,
Аҳаде аз дили оҳоди ҷигархасташуда...
Айюб ҳам ҳатман тоҷик буда, ки "сабри Айюб" намунаи сабру шикебоии башар аст.
Ва ин чархро ҳам тоҷик офаридаанд, ки таҳаммули бори ин ҳама замону фиғонро дорад...
Labels:
poetry,
politics,
Tajikistan
Tuesday, November 05, 2013
Фардо...
Аждаҳои ҷаҳл имсолро ҳам балъид.
Аз фардо дубора
"Жувачка" меҷавему
Русия медавему
Дуруд мефиристем, рӯ ба Шарқ,
Ва чанд сиккае рӯи суфраи кулбаҳои ҳақир
Бо шиъори "Зинда бод ҷаҳолат,
Ки ъайни саъодат аст!"
***
Аз фардо дубора
"Жувачка" меҷавему
Русия медавему
Дуруд мефиристем, рӯ ба Шарқ,
Ва чанд сиккае рӯи суфраи кулбаҳои ҳақир
Бо шиъори "Зинда бод ҷаҳолат,
Ки ъайни саъодат аст!"
***
Парандаҳои
хӯгирифта бо қафас,
Фароратон хуҷаста
бод
Зи шохаҳову
баргҳо,
Зи пар гушудани
раҳо,
Ба ъумқи бодҳои
саркаши ҳаво,
Барои синае
нафас...
Labels:
elections,
poetry,
Tajikistan
Wednesday, August 21, 2013
Зулмат ва зиндагӣ
Дусад Хуршед хам бо зулмати ман гар даровезад,
Зи торикй ба кадри арзане харгиз намекохад.
Ва ночй хам танобе гар ба ъумки чох овезад,
Дигар Канъони ман Юсуф намехохад, намехохад.
***
Ъумри фонӣ ба ком бояд зист, на ба оз,
Зиндагиро ҳалол бояд зист, на дароз.
_____________
دوصد خورشيد هم با ظلمت من گر درآويزد
ز تاريكى به قدر ارزنى هرگز نمى كاهد
و ناجى هم طنابى گر به عمق چاه آويزد
دگر كنعان من يوسف نمى خواهد، نمى خواهد.
***
عمر فانی به کام باید زیست، نه به آز
زندگی را حلال باید زیست، نه دراز
Зи торикй ба кадри арзане харгиз намекохад.
Ва ночй хам танобе гар ба ъумки чох овезад,
Дигар Канъони ман Юсуф намехохад, намехохад.
***
Ъумри фонӣ ба ком бояд зист, на ба оз,
Зиндагиро ҳалол бояд зист, на дароз.
_____________
دوصد خورشيد هم با ظلمت من گر درآويزد
ز تاريكى به قدر ارزنى هرگز نمى كاهد
و ناجى هم طنابى گر به عمق چاه آويزد
دگر كنعان من يوسف نمى خواهد، نمى خواهد.
***
عمر فانی به کام باید زیست، نه به آز
زندگی را حلال باید زیست، نه دراز
Labels:
poetry
Tuesday, August 13, 2013
Великий, могучий...
Тайи баҳсҳои тезутунди рӯзҳои ахир бархе ба ин пиндори ғалат уфтодаанд, ки мо, гардонандагони гурӯҳи “Забони порсӣ”, мухолифи сарсахти забони русӣ ё ҳар забони дигаре ҷуз порсӣ ҳастем. Албатта, ҳарфи газофест, ки ҳеч фарди огоҳ нагӯяд.
Забони русӣ ҷузъи забонҳои матраҳи ҷаҳон аст ва донистани он бар тавоноиҳои мо меафзояд, моро муҷаҳҳазтару муқтадиртар мекунад. Ва чи беҳтар, ки забонҳои матраҳтаре чун инглисию ъарабию фаронсавиро ҳам бидонем ва ҳар чи беш бидонем, беҳтар аст. Омӯхтан шояд танҳо чизест, ки эътидол намешиносад, чун омӯхтанӣ уқёнусест, ки ҳаргиз намешавад батамом даркашиду ба ниҳоят расид.
Аммо яке омӯхтан асту дигарӣ омехтан. Омӯхтани русӣ накӯст, аммо даромехтани он бо порсӣ зишт. Омӯхтани ҳар забоне накӯст, агар бар пояи забони худӣ бошад ва моро дучори буҳрони ҳувият накунад. Ин байтро ҳазорбора мешавад бозгуфт, ки:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
Чун пойдевор, таҳкурсӣ, пояи бино дар шахсияти ҳар инсоне ҳамоно забони модарии ӯст.
Омӯхтани русӣ ва худро рус ё русзабон пиндоштани як тоҷик ҳамонанди нодида гирифтани он пойбаст (фундамент) ва муъаллақ мондан дар ҳавост; ҳамонанди туфи сарболост, ки бар рух нишинад; туф ба ҳувияту модару падару ҷадду обо аст. Ношоист аст, чун ҳувияти ӯро ҷареҳадор карда ва аз ӯ мавҷуди нокуҷоободӣ сохтааст: на тоҷики мутлақу на русии тамом. Бар пешониаш ҳакк шуда, ки рус нест ва бо гӯиши маскавӣ ҳам ӯро ҳеч кас рус нагуморад. Як видеуи тозаро, ки дишаб медидам, ҷавони озариро нишон медод, ки русиаш бамаротиб беҳтар аз русҳои мусоҳибаш буд ва кӯчактарин лаҳҷаи қафқозӣ надошт ва мегуфт, шаҳрванди Русия ҳам ҳаст, аммо мусоҳибони нажодпарасташ, ки чашм ба чашму мӯи сиёҳаш дӯхта буданд, ӯро ба “ҷурм”-и норус будан сарзаниш мекарданд...
Тавсияи мо ба ҳамаи ъазизон ин аст, ки русию инглисию ъарабию.., агар метавонанд, забонҳои дигарро ҳам фаро бигиранд. Аммо пойбаст (фундамент)-ро фаромӯш накунанд, ки ҳамоно порсист, то муъаллақу ҳайрон намонанд.
Забони русӣ ҷузъи забонҳои матраҳи ҷаҳон аст ва донистани он бар тавоноиҳои мо меафзояд, моро муҷаҳҳазтару муқтадиртар мекунад. Ва чи беҳтар, ки забонҳои матраҳтаре чун инглисию ъарабию фаронсавиро ҳам бидонем ва ҳар чи беш бидонем, беҳтар аст. Омӯхтан шояд танҳо чизест, ки эътидол намешиносад, чун омӯхтанӣ уқёнусест, ки ҳаргиз намешавад батамом даркашиду ба ниҳоят расид.
Аммо яке омӯхтан асту дигарӣ омехтан. Омӯхтани русӣ накӯст, аммо даромехтани он бо порсӣ зишт. Омӯхтани ҳар забоне накӯст, агар бар пояи забони худӣ бошад ва моро дучори буҳрони ҳувият накунад. Ин байтро ҳазорбора мешавад бозгуфт, ки:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
Чун пойдевор, таҳкурсӣ, пояи бино дар шахсияти ҳар инсоне ҳамоно забони модарии ӯст.
Омӯхтани русӣ ва худро рус ё русзабон пиндоштани як тоҷик ҳамонанди нодида гирифтани он пойбаст (фундамент) ва муъаллақ мондан дар ҳавост; ҳамонанди туфи сарболост, ки бар рух нишинад; туф ба ҳувияту модару падару ҷадду обо аст. Ношоист аст, чун ҳувияти ӯро ҷареҳадор карда ва аз ӯ мавҷуди нокуҷоободӣ сохтааст: на тоҷики мутлақу на русии тамом. Бар пешониаш ҳакк шуда, ки рус нест ва бо гӯиши маскавӣ ҳам ӯро ҳеч кас рус нагуморад. Як видеуи тозаро, ки дишаб медидам, ҷавони озариро нишон медод, ки русиаш бамаротиб беҳтар аз русҳои мусоҳибаш буд ва кӯчактарин лаҳҷаи қафқозӣ надошт ва мегуфт, шаҳрванди Русия ҳам ҳаст, аммо мусоҳибони нажодпарасташ, ки чашм ба чашму мӯи сиёҳаш дӯхта буданд, ӯро ба “ҷурм”-и норус будан сарзаниш мекарданд...
Яъне русӣ барои як тоҷик сирфан абзору ҷавшан аст, на сиришту тан. Моя аст, на
дарунмоя.
Тавсияи мо ба ҳамаи ъазизон ин аст, ки русию инглисию ъарабию.., агар метавонанд, забонҳои дигарро ҳам фаро бигиранд. Аммо пойбаст (фундамент)-ро фаромӯш накунанд, ки ҳамоно порсист, то муъаллақу ҳайрон намонанд.
این راه که میروی به ترکستان است...
(مخاطب این پیام مردم تاجیکستانند)
در حاشیۀ
یک آگهی وزارت کشور تاجیکستان که تاجیکان را به تحصیل در آکادمی پلیس ترکیه فرا میخواند
و دو شرط پذیرش دارد: «دانستن زبان ترکی (حتمی) و وضع درست سلامتی».
هویتِ
بیشترِ تاجیکها در حال حاضر بوتۀ نورُسته را میماند. خورشید از هر سو بدمد، به
همان سو میچرخد و رو به همان سو میروید، میوهاش را برای همان سو ارزانی میدارد.
در این
دورۀ گرفتاریها کشورهای مغرض دستبکار میشوند. یادمان نرود که هیچ کشوری به هیچ
روی در راه خدا و رسول یا به خاطر چشم و ابروی قشنگ به احدی یاری نکرده است. ترکیه،
چه پیش از اردوغان و چه اکنون منافع ملی بنیادین و خدشهناپذیری داشته و دارد. ترکیه
بلندپرواز است و با موقعیتِ امروزیاش در جهان قانع نیست و تلخی زوال امپراتوری
عثمانی از کامش نرفته است.
طراحانِ
سیاستهای راهبردی ترکیه، آسیای مرکزی را حیاط خلوتِ آیندۀ خود فرض میکنند و در
این زمینه بسیار عاقلانه کار هم کردهاند. ترکیه تنها کشورِ «خارجۀ دور» است که با
تاجیکستان روادید ندارد و حضورش در عرصههای بازرگانی و فرهنگی و آموزشی
تاجیکستان روزافزون است. این اقدامِ وازرت کشورِ تاجیکستان بسیار خطرناک و صد درصد غلط
است. دلیلهایش را میشود برشمرد.
وزارت
کشور و وزارت دفاع، دو نهاد عمده برای حفظ تمامیت و امنیتِ جامعه و در کل کشور
هستند. نه تنها امنیتِ جانی، بلکه امنیتِ هویتی هم. در طولِ تاریخ دهها سلسلۀ
پادشاهی به دلیلِ رخنه و نفوذِ بیگانگان به صفوفِ نظامیان به زانو نشستند و تسخیر
شدند؛ اتفاقِ شومی که با سامانیان افتاد و غزنویان را روی کار آورد. از این رو در
این نهادها باید افرادی استخدام شوند که بهتمام سرسپردۀ ملت و میهن باشند و ملت و
میهن را ناموس خود و عزیزتر از جانِ خود بدانند. این احساسات را یک نوجوانِ ناپختۀ
تاجیک در ترکیه فرا نمیگیرد. تحصیل در ترکیه به شرطِ دانستنِ زبانِ ترکی (که
زبانِ قومی است، نه بینالمللی) روی آن بوتۀ نورُسته، نوجوانِ تشنۀ مهر و توجه و
علم و کار، نمیتواند بیتأثیر بماند. اگر او پاگرفته و آگاه میبود، معادله فرق
میکرد و به احتمال زیاد خطری دامنگیرش نمیشد. اما اندک نوجوانِ تاجیکی که به
درکِ قداستِ مفهومهای ملت و میهن رسیده باشد و بتواند در برابرِ خطرهایی از این
دست مقاوم باشد. در نتیجه ترکیه با هر کادرِ تاجیکی که برای وزارت کشور تربیت میکند،
یک متحد خود را به یکی از مهمترین وزارتخانههای تاجیکستان میفرستد. داشتنِ افراد
وفادار در وزارتخانۀ حساسی چون آن یکی به معنای داشتنِ برگِ برنده در هنگامِ مصاف
است.
چرا
امروزه تاجیکستان نمیتواند از وابستگی عقیدتیاش به روسیه بکاهد؟ زیرا نهادهای
امنیتی و نظامی و انتظامی ما همگی دستپروردۀ مکتب روسیه، زبان روسی و نظام روسی
هستند. عینِ همین اتفاق میتواند بینِ تاجیکستان و ترکیه حادث شود. شاید امروز
خیلیها باور نکنند، اما در صورتِ اجرای این برنامۀ خطا پس از دستکم پنج سال
مطمئن باشید که گرایش به زبان و هر چیزِ ترکی در تاجیکستان دوچندان خواهد شد...
استهزاء
سرنوشت است که با تاجیک در عرض صد سال این اتفاقِ ننگین دوباره میافتد. پانترکیسم
از عواملِ عمدۀ خردوریز شدنِ تاجیکها در منطقه بود. افرادِ فرهیختهای چون «فطرتِ
سمرقندی» به استانبول میرفتند و «تُرکیده» برمیگشتند و با افسوس و دریغ مینوشتند
که «متأسفانه، تاجیکان زبان مادری خود، ترکی چغتایی را نمیدانند و من مجبورم این
کتاب را به زبانِ اجنبی فارسی بنویسم». این باورها خودبهخود از آسمان به مغزِ
ایشان فرو نریخت. این باورها به مغزِ ایشان فرو چکانده شده بود. و شگرد و ترفندهای
«تُرکاندنِ» تاجیکستان، این تنها پارۀ «غیرترکِ» منطقه، همان است که بود. با نگاهی
گذرا به نوشتههای مطبوعاتِ ترکیه میتوان دریافت که ترکها میخواهند آسیای مرکزی
را بهتمام تُرک ببینند. و معمولاً خواسته یا ناخواسته تاجیکستان را هم جزء
کشورهای «تُرکِ» آسیای میانه (ارتا آسیا) به شمار میآورند.
حالا داستانی
را میخواهم تعریف کنم که مستقیماً به موضوعِ زبان برمیگردد. استاد زبان ترکی من آموزگاری آزموده و ماهر بود. حدود یک
سال در محضر او ترکی آموختم و شیوۀ آموزشش چنان بود که از همان چند روز اول به
ترکی گویا شدم. احترام ما متقابل بود، اما استاد از من یک آزردگی داشت؛ این که چرا
ترجمۀ واژهها را به خطِ پارسی مینویسم. گفتم: پارسی زبان مادری من است. گفت: تو
مگر تاجیک نیستی؟ گفتم: چون تاجیکم، زبانم پارسی است. گفت: این حرف غلط است؛ زبان
تاجیکها «تاجیکی» است و خط تاجیکها سیریلیک است! پارسی زبانِ ایرانیهاست! گفتم:
هر آنچه شما فرمودید، غلط است و لطفاً دوباره این غلط را دستکم پیش من تکرار
نکنید که مایۀ شرمساری برای انسانِ فرهیختهای چون شما خواهد بود. این بحث دوباره
پیش نیامد، اما هر بار چیزی را به پارسی مینوشتم، خم به ابرویش میافتاد. لابد ناراحت
از آن بود که «این تاجیک به حد کافی نتُرکیده!» وگرنه یک ترک را چه کاری بود با
زبان و خط من؟ آن نوشتههای من صرفاً برای خودم و برای فهمیدنِ درسهای استاد بود
و صحبتهای ما بهتمام به ترکی صورت میگرفت. اگر خصومت یا هدف پنهانی در کار
نبود، چرا زبان و خط پارسی او را برمیآشفت؟
بیشترِ
خصومتها به عقده برمیگردد. بهویژه عقدۀ خودکهتربینی. برای سدهها زبانِ ترکی از
ریزهخوارانِ خوانِ پارسی بوده و با وجود پاکسازی وسیعی که کمال آتاتورک به راه
انداخت، صدها واژۀ پارسی در بستر زبان ترکی جا خوش کردند و نرفتند. نامهای ترکی
بسیاری که دارندگانشان به تفسیر و تعبیرِ آنها نیاز دارند، پارسی است؛ همانند
نرمین، نسرین، ژاله، باران، بلند، همره و دهها نام دیگر. همچنان به شیشه «جام»
گویند و به عنوان «نام»، به شهر «شهیر» گویند و به بحر «بحیر»... البته «بحر»
اصالتاً عربی است، اما به مانند همۀ واژگانِ عربی دیگر از پارسی به ترکی راه یافته
و ماندگار شده است. و این یک امر کاملاً طبیعی است. برای هفت سده زبان درباری
ترکیۀ عثمانی پارسی بوده و آن حضور پارسی نمیتوانست بیاثر بماند. یکی از جالبترین
برهههای تاریخی، زمانی است که دربار صفوی در ایران به زبان ترکی و دربار عثمانی
در ترکیه به زبان پارسی صحبت میکردند. و صفویان نامههای خود به زبان ترکی و
عثمانیها به پارسی مینوشتند.
برای کسی
که دچار عقدۀ خودکهتربینی در عینِ خودشیفتگی شده، این حقیقتهای تاریخی و حضور
واژگانِ «بیگانه» در زبانش دردآور است. و این درد فردِ گرفتار را همواره اذیت میکند.
از اینجاست که کمتر ترکی را میشود پیدا کرد که پارسی بودنِ این واژگان یا هر
نوع وابستگی زبانش به پارسی را بپذیرد. هستند البته. ترکانی چون ایلبر اورتایلی یا
ارهان پاموک هستند که این واقعیتها را با افتخار میپذیرند. اما غالبِ ترکانی که
با تاجیکستان سروکار داشتهاند، از منظری دیگر به سرزمینِ ما نگاه میکنند و آن را
به چشم طعمهای آسان میبینند که دوروزه میشود قورتش داد.
و حالا
پرسش اینجاست: آیا ما میخواهیم طعمهای آسان باشیم که دوروزه بشود قورتش داد؟
Ин роҳ, ки меравӣ, ба Туркистон аст...
Дар ҳошияи як огаҳии Вазорати кишвари Тоҷикистон, ки тоҷиконро ба таҳсил
дар Окодемии Пулиси Туркия фаро мехонад ва ду шарти пазириш дорад: “донистани забони
туркӣ (ҳатмӣ) ва вазъи дурусти саломатӣ”.
Ҳувияти бештари тоҷикҳо дар ҳоли ҳозир бӯтаи наврустаро мемонад. Хуршед аз
ҳар сӯ бидамад, ба ҳамон сӯ мечархад ва рӯ ба ҳамон сӯ мерӯяд, меваашро барои
ҳамон сӯ арзонӣ медорад.
Дар ин давраи гирифториҳо кишварҳои муғриз (корыстный) дастбакор мешаванд. Ёдамон
наравад, ки ҳеч кишваре ба ҳеч рӯй дар роҳи Худову расул ё ба хотири чашму
абрӯи қашанг ба касе ёрӣ накардааст. Туркия, чи пеш аз Ардуғону чи акнун,
манофеъи миллии бунёдин ва хадшанопазире дорад. Туркия баландпарвоз аст ва бо
мавқеъияти имрӯзиаш дар ҷаҳон қонеъ нест ва талхии заволи импротурии Ъусмонӣ аз
комаш нарафтааст.
Тарроҳони сиёсатҳои роҳбурдии Туркия Осиёи Марказиро ҳаёти хилват (backyard; задний двор)-и
ояндаи худ фарз мекунанд ва дар ин замина бисёр ъоқилона кор ҳам кардаанд. Туркия
танҳо кишвари “хориҷаи дур” аст, ки бо Тоҷикистон раводид надорад ва ҳузураш
дар ъарсаҳои бозаргонию фарҳангию омӯзишии Тоҷикистон рӯзафзун аст. Ин
иқдоми Вазорати кишвар (умури дохила)-и Тоҷикистон бисёр хатарнок ва сад дарсад ғалат аст. Далелҳояшро
мешавад баршумурд.
Вазорати кишвар ва вазорати дифоъ ду ниҳоди ъумда барои ҳифзи тамомият ва
амнияти ҷомеъа ва дар кул кишвар ҳастанд. На танҳо амнияти ҷонӣ, балки амнияти ҳувиятӣ
ҳам. Дар тӯли торих даҳҳо силсилаи подшоҳӣ ба далели рахнаву нуфузи бегонагон
ба суфуфи низомиён ба зону нишастанду тасхир шуданд; иттифоқи шуме, ки бо Сомониён уфтоду Ғазнавиёнро рӯи
кор овард. Аз ин рӯ дар ин ниҳодҳо бояд афроде истихдом шаванд, ки батамом
сарсупурдаи миллату меҳан бошанд ва миллату меҳанро номуси худ ва ъазизтар аз
ҷони худ бидонанд. Ин эҳсосотро як навҷавони нопухта дар Туркия фаро нахоҳад
гирифт. Таҳсил дар Туркия ба шарти донистани забони туркӣ (ки забони қавмӣ аст,
на байнулмилалӣ) рӯи он бӯтаи навруста, навҷавони ташнаи меҳру таваҷҷуҳ ва
ъилму дониш, наметавонад бетаъсир бимонад. Агар ӯ погирифтаву огоҳ мебуд,
муъодила фарқ мекард ва ба эҳтимоли зиёд хатаре домангираш намешуд. Аммо андак
навҷавони тоҷике, ки ба дарки қадосати мафҳумҳои миллату меҳан расида бошад ва
битавонад дар баробари хатарҳое аз ин даст муқовим бошад. Дар натиҷа Туркия бо
ҳар кодри тоҷике, ки барои Вазорати кишвар (дохила) тарбият мекунад, як
муттаҳиди худро ба яке аз муҳимтарин вазоратхонаҳои Тоҷикистон мефиристад. Доштани
афроди вафодор дар вазоратхонаи ҳассосе чун он яке ба маънои доштани барги
баранда дар ҳангоми масоф аст. Чаро имрӯза Тоҷикистон наметавонад аз вобастагии
ъақидатиаш ба Русия бикоҳад? Зеро ниҳодҳои амниятию низомию интизомии мо ҳамагӣ
дастпарвардаи мактаби Русия, забони русӣ ва низоми русӣ ҳастанд. Ъайни ҳамин иттифоқ
метавонад байни Тоҷикистону Туркия ҳодис шавад. Шояд имрӯз хелеҳо бовар
накунанд, аммо дар сурати иҷрои ин барномаи хато пас аз дастикам 5 сол мутмаин
бошед, ки гароиш ба забон ва ҳар чизи туркӣ дар Тоҷикистон дучандон хоҳад шуд
ва дар ингуна баҳсҳо туркгароёни бештаре ҷавлон хоҳанд зад.
Истеҳзои сарнавишт аст, ки бо тоҷик дар ъарзи сад сол ин иттифоқи нангин
дубора меуфтад. Понтуркисм аз ъавомили ъумдаи хурду рез шудани тоҷикҳо дар
минтақа буд. Афроди фарҳехтае чун Фитрати Самарқандӣ ба Истонбул мерафтанду “туркида”
бармегаштанд ва бо афсӯсу дареғ менавиштанд, ки “мутаассифона, тоҷикон забони
модарии худ, туркии чағатоиро намедонанд ва ман маҷбурам ин китобро ба забони
аҷнабии форсӣ бинависам”. Ин боварҳо худбахуд аз осмон ба мағзи эшон фурӯ
нарехт. Ин боварҳо ба мағзи эшон фурӯ чаконда шуда буд. Ва шигирду тарфандҳои “туркондан”-и
Тоҷикистон, ин танҳо пораи “ғайритурк”-и минтақа ҳамон аст, ки буд. Бо нигоҳе гузаро
ба навиштаҳои матбӯъоти Туркия метавон дарёфт, ки туркҳо мехоҳанд Осиёи
Марказиро батамом турк бибинанд. Ва маъмулан хоста ё нохоста Тоҷикистонро ҳам
ҷузъи кишварҳои “турк”-и Осиёи Миёна (Orta Asya) ба шумор меоваранд.
Ҳоло достонеро мехоҳем таъриф кунам, ки мустақиман ба мавзӯъи забон
бармегардад. Устоди забони туркии ман омӯзгоре озмудаву моҳир буд. Ҳудуди як
сол дар маҳзари ӯ туркӣ омӯхтам ва шеваи омӯзишаш чунон буд, ки аз ҳамон чанд
рӯзи аввал ба туркӣ гӯё шудам. Эҳтироми мо ба якдигар мутақобил буд, аммо устод
аз ман як озурдагӣ дошт; ин ки чаро тарҷумаи вожаҳоро ба хатти порсӣ
менависам. Гуфтам: “Порсӣ забони модарии ман аст”. Гуфт: “Ту магар тоҷик нестӣ?”
Гуфтам: “Чун тоҷикам, забонам порсист”. Гуфт: “Ин ҳарфи ғалат аст; забони
тоҷикҳо тоҷикист ва хатти тоҷикҳо сириллик аст! Порсӣ забони эрониҳост!” Гуфтам:
“Ҳар он чи шумо фармудед, ғалат аст. Ва лутфан дубора ин ғалатро дастикам пеши
ман такрор накунед, ки мояи шармсорӣ барои инсони фарҳехтае чун шумо хоҳад буд”.
Ин баҳс дубора пеш наомад, аммо ҳар бор чизеро ба порсӣ менавиштам, хам ба
абрӯяш меуфтод. Лобуд нороҳат аз он буд, ки “ин тоҷик ба ҳадди кофӣ “натуркида”.
Вагарна як туркро чи коре буд бо забону хатти ман? Он навиштаҳои ман сирфан
барои худам ва барои фаҳмидани дарсҳои устод буд ва суҳбатҳои мо батамом ба
туркӣ сурат мегирифт. Агар хусумат ё ҳадафи пинҳоне дар кор набуд, чаро забону
хатти порсӣ ӯро бармеошуфт?
Бештари хусуматҳо ба ъуқда (комплекс) бармегардад. Бавежа ъуқдаи
худкеҳтарбинӣ (комплекс неполноценности). Барои садаҳо забони туркӣ аз
резахорони хони забони порсӣ буд ва бо вуҷуди поксозии васеъе, ки Камол Ототурк
ба роҳ андохт, садҳо вожаи порсӣ дар бистари забони туркӣ ҷо хуш карданду
нарафтанд. Номҳои туркии бисёре, ки дорандагонаш ба тафсиру таъбири онҳо ниёз
доранд, порсист; ҳамонанди Нармин, Насрин, Жола, Борон, Бӯланд (Баланд), Ҳамраҳ
(Emre) ва даҳҳо номи дигар. Ҳамчунон ба шиша “ҷом” (cam) гӯянду ба ъунвон “ном”
(nam), ба шаҳр “шаҳр” (sehir) гӯянду ба баҳр “баҳр” (behir)… “Баҳр” асолатан
ъарабист, аммо ба монанди ҳамаи вожагони ъарабии дигар аз порсӣ ба туркӣ роҳ
ёфтаву мондагор шудааст. Ва ин як амри комилан табиъист. Барои ҳафт сада забони
дарбории Туркияи Ъусмонӣ порсӣ буда ва он ҳузури порсӣ наметавонист беасар
шавад. Яке аз ҷолибтарин бурҳаҳои торихӣ замонест, ки дарбори Сафавӣ дар Эрон
ба забони туркӣ ва дарбори Ъусмонӣ дар Туркия ба забони порсӣ суҳбат мекарданд.
Ва Сафавиён номаҳои худ ба забони туркӣ ва ъусмониҳо ба порсӣ
менавиштанд.
Барои касе, ки дучори ъуқдаи худкеҳтарбинӣ дар ъайни худшефтагӣ (мания
величия) шуда, ин ҳақиқатҳои торихӣ ва ҳузури вожагони “бегона” дар забонаш дардовар
аст. Ва ин дард фарди гирифторро ҳамвора азият мекунад. Аз инҷост, ки камтар
туркеро мешавад пайдо кард, ки порсӣ будани ин вожагон ё ҳар навъ вобастагии
забонаш ба порсиро бипазирад. Ҳастанд, албатта. Турконе чун Элбар Уртойлӣ (Ilber
Ortayli) ё Урҳон Помук (Orhan Pamuk) ҳастанд, ки ин воқеъиятҳоро бо ифтихор
мепазиранд. Аммо ғолиби турконе, ки бо Тоҷикистон сарукор доштаанд, аз манзаре
дигар ба сарзамини мо нигоҳ мекунанд ва онро ба чашми туъмае осон мебинанд, ки
дурӯза мешавад қурташ дод.
Ва ҳоло пурсиш
инҷост: оё мо мехоҳем туъмае осон бошем, ки дурӯза бишавад қурташ дод?
Friday, August 09, 2013
Шаҳомат гурехтааст...
Аз ин замини пок шаҳомат гурехтааст,
Қомат шикастаасту рашодат гурехтааст.
Аз инфиҷори ғам ҳама ғор аст зеру бам,
Кӯҳе намондааст ба ҷуз бораи ситам.
Он зеби тахту тоҷи ҷаҳон миллат-ул-милал,
Гашта дусад заъифи ниҳон дар дили маҳал.
Ҷоне намондаасту ҷавониш мурдааст,
Шӯру нишоти зиндагиашро супурдааст.
Шоҳини тезчангу зиранги дижи кабуд,
Гунҷишки гӯшагир шуда, гунгу бесуруд.
Шери жиёни дӯш чи мазлум мисли муш
Сӯрохнишини маҳали худ шуда хамӯш.
Ин мушҳо, ки ҳар ки даруни шикоф банд,
Чун аз шикоф раста ба майдон даррасанд?
Чун фавҷ-фавҷ боз биёянд, яке шаванд?
Шери жиёни зулмситези таке шаванд?
Чун боз раҳанд аз дили мусибати маҳал?
Чун боз дурахшанд фарози сари милал?
Мушо, хамӯшу ҳалқабадӯшо, ба гӯш бош!
Бишкан тилисми бардагиат, сахткӯш бош!
Дар он шикоф муш бимонӣ ҳамешагӣ,
Банди сифоти зишту бади дунпешагӣ.
ДР
________
Шаҳомат - далерӣ, мардонагӣ
Рашодат - бузургӣ, рушдёфтагӣ
Бора, борӯ - қалъа; баландӣ
Зиранг - зирак, боҳуш
Дижи кабуд - киноя аз осмон
Жиён - хурӯшон
Фавҷ - гурӯҳ
Дунпеша - паст, пастфитрат
Қомат шикастаасту рашодат гурехтааст.
Аз инфиҷори ғам ҳама ғор аст зеру бам,
Кӯҳе намондааст ба ҷуз бораи ситам.
Он зеби тахту тоҷи ҷаҳон миллат-ул-милал,
Гашта дусад заъифи ниҳон дар дили маҳал.
Ҷоне намондаасту ҷавониш мурдааст,
Шӯру нишоти зиндагиашро супурдааст.
Шоҳини тезчангу зиранги дижи кабуд,
Гунҷишки гӯшагир шуда, гунгу бесуруд.
Шери жиёни дӯш чи мазлум мисли муш
Сӯрохнишини маҳали худ шуда хамӯш.
Ин мушҳо, ки ҳар ки даруни шикоф банд,
Чун аз шикоф раста ба майдон даррасанд?
Чун фавҷ-фавҷ боз биёянд, яке шаванд?
Шери жиёни зулмситези таке шаванд?
Чун боз раҳанд аз дили мусибати маҳал?
Чун боз дурахшанд фарози сари милал?
Мушо, хамӯшу ҳалқабадӯшо, ба гӯш бош!
Бишкан тилисми бардагиат, сахткӯш бош!
Дар он шикоф муш бимонӣ ҳамешагӣ,
Банди сифоти зишту бади дунпешагӣ.
ДР
________
Шаҳомат - далерӣ, мардонагӣ
Рашодат - бузургӣ, рушдёфтагӣ
Бора, борӯ - қалъа; баландӣ
Зиранг - зирак, боҳуш
Дижи кабуд - киноя аз осмон
Жиён - хурӯшон
Фавҷ - гурӯҳ
Дунпеша - паст, пастфитрат
Tuesday, August 06, 2013
Чаро?
Чаро ту
зиндагиамро табоҳ мехоҳӣ?
Сари шикастаи мо
бепаноҳ мехоҳӣ?
Чаро ду дасти
баландам дуъо напиндорӣ?
Чаро ту ҷои дуъо сели
оҳ мехоҳӣ?
Чаро зи қофилаи
давр мо нагун шудаем?
Чаро ки он чи
бигӯем “нахоҳ”, мехоҳӣ.
Туро ба лутфу
карам пеши мо ниёзе буд?
Чаро ваҷоҳати мо
рӯсиёҳ мехоҳӣ?
Ҳазор бор ба худ
гуфтаам, дуруст раҳест,
Чаро ту рафтани
мо иштибоҳ мехоҳӣ?
Мо ки аз тавбаву
такфир хабар менабарем,
Аз чунин
белаёқате гуноҳ мехоҳӣ?
Ъошиқи мантиқи
роҳам, раҳе бинмоям,
Бегумон дар пайи
бероҳа роҳ мехоҳӣ...
چرا تو زندگیام را تباه میخواهی؟
سرِ شکستۀ ما بیپناه میخواهی؟
چرا دو دستِ بلندم دعا نپنداری؟
چرا تو جای دعا سیلِ آه میخواهی؟
چرا ز قافلۀ دَور، ما نگون شده ایم؟
چرا که آن چه بگوئیم نخواه، میخواهی.
تو را به لطف و کرم پیشِ ما نیازی بود؟
چرا وجاهتِ ما روسیاه میخواهی؟
هزار بار به خود گفتهام، درست رهیست
چرا تو رفتنِ ما اشتباه میخواهی؟
ما که از توبه و تکفیر خبر مینبریم
از چنین بیلیاقتی، گناه میخواهی؟
عاشقِ منطق راهم، رهی بنمایم
بیگمان در پیِ بیراهه راه میخواهی...
Самарқанду Бухороро
Ду дурри маҳфилороро
Ба кунҷи қалби мағмумам супурдам ман.
Бихобанд беҳ
Зи даъвои маҳалбозон
Ба худ чун морпече
Дарҳаму барҳам
Натобанд беҳ.
سرِ شکستۀ ما بیپناه میخواهی؟
چرا دو دستِ بلندم دعا نپنداری؟
چرا تو جای دعا سیلِ آه میخواهی؟
چرا ز قافلۀ دَور، ما نگون شده ایم؟
چرا که آن چه بگوئیم نخواه، میخواهی.
تو را به لطف و کرم پیشِ ما نیازی بود؟
چرا وجاهتِ ما روسیاه میخواهی؟
هزار بار به خود گفتهام، درست رهیست
چرا تو رفتنِ ما اشتباه میخواهی؟
ما که از توبه و تکفیر خبر مینبریم
از چنین بیلیاقتی، گناه میخواهی؟
عاشقِ منطق راهم، رهی بنمایم
بیگمان در پیِ بیراهه راه میخواهی...
Самарқанду Бухороро
Ду дурри маҳфилороро
Ба кунҷи қалби мағмумам супурдам ман.
Бихобанд беҳ
Зи даъвои маҳалбозон
Ба худ чун морпече
Дарҳаму барҳам
Натобанд беҳ.
Labels:
Iran,
Persian Identity,
poetry,
Tajikis,
Tajikistan
Sunday, August 04, 2013
Дунё дигар...
Дунё дигар зи
баҳри ману ту гузаштааст,
Қалбаш ба дасти
берамақи мо шикастааст.
Дунё дигар зи
танбалии мо табоҳ шуд,
Роҳе, ки мо ба
чашм надидем, чоҳ шуд.
Дунё дигар ба
фикри пагоҳи ману ту нест,
Ошуфта аз
шунидани оҳи ману ту нест.
Дунё дигар ба
фикри ҷавонони зинда аст,
Безор аз низорфитода
ду банда аст.
Дунё дигар зи
яъси ману ту фирор кард,
Маъюсгаштагони
саро хору зор кард.
Дунё ба фикри
ҷилваи халлоқи зиндагист,
Безор аз назораи
андӯҳи мурдагист.
Дунё дигар макони
ману ту намешавад,
Ин суфра, ёр,
хони ману ту намешавад
Дунё дигар вуҷуди
ману ту намехарад,
Ин бори бесамар сари
дӯшаш намебарад.
То он ки бори
дӯши варо бори худ кунем,
Савдои ӯ масолеҳи
бозори худ кунем.
То он ки
рустамона фиғоне бароварем,
Маҳкум набошему
бигӯем: доварем!
То он ки ҳаққи
худ зи ситамгар талаб кунем,
Гар месазад, ин талабаш
рӯзу шаб кунем.
То он ки ҷони худ
сари чизе фидо кунем,
Ё дайни худ ба
пешгаҳи Ҳақ адо кунем.
То он ки дам
кашидани мо зиндагӣ мабод,
Зулму ситам
кашидани мо зиндагӣ мабод.
То он ки боз
лонаи мо боз парварад,
Шоҳини дилсупурда
ба парвоз парварад.
То тоҷи хокхурдаи
мо бонигин шавад,
Тоҷик дубора гули Эронзамин шавад.
Тоҷик дубора гули Эронзамин шавад.
دنیا دگر
ز بهر من و تو گذشته است
قلبش به
دست بیرمقِ ما شکسته است
دنیا دگر
ز تنبلی ما تباه شد
راهی که
ما به چشم ندیدیم چاه شد
دنیا دگر
به فکر پگاهِ من و تو نیست
آشفته از
شنیدنِ آهِ من و تو نیست
دنیا دگر
به فکرِ جوانانِ زنده است
بیزار از
نزار فتاده دو بنده است
دنیا دگر
زِ یأسِ من و تو فرار کرد
مأیوسگشتگانِ
سرا خوار و زار کرد
دنیا به
فکرِ جلوۀ خلاقِ زندگیست
بیزار از
نظارۀ اندوهِ مردگیست
دنیا دگر
مکانِ من و تو نمیشود
این سفره،
یار، خوانِ من و تو نمیشود
دنیا دگر
وجود من و تو نمیخرد
این بارِ
بیثمر سرِ دوشش نمیبرد
تا آن که
بارِ دوشِ ورا بارِ خود کنیم
سودای او
مصالحِ بازارِ خود کنیم
تا آن که
رستمانه فغانی برآوریم
محکوم نباشیم
و بگوییم: داوریم!
تا آن که
حقِ خود زِ ستمگر طلب کنیم
گر میسزد
این طلبش روز و شب کنیم
تا آن که
جانِ خود سرِ چیزی فدا کنیم
یا دَینِ
خود به پیشگهِ حق ادا کنیم
تا آن که
دَم کشیدنِ ما زندگی مباد
ظلم و
ستم کشیدنِ ما زندگی مباد
تا آن که
باز لانۀ ما باز پرورد
شاهینِ دلسپرده
به پرواز پرورد
تا تاجِ
خاکخوردۀ ما بانگین شود
تاجیک،
دوباره گــُــلِ ایرانزمین شود
Лайлатулқадр асту
имшабро гиромӣ доштанд,
Гоҳ бо бовар гаҳе
бе иддаъои чуну чанд.
Илтиҷои ҳар
шабамро бозгӯям, боздеҳ,
Порсии нобу
тоҷики нажода бар саманд!
Labels:
Iran,
Persian Identity,
Persian script,
poetry,
Tajikistan
Friday, July 26, 2013
Гуфтаниҳо...
Эй давлати ситам, ки туро нафй кардаам,
То кай ба номи ман ситаматро раво кунӣ?
То чанд аз ҷабини кишоварз ошамӣ?
Кай ҷони мо зи чини ҷабинат раҳо кунӣ?
***
Эй қаҳқаро, суруда ба тақдири меҳанам!
То кай ба доми ту пасу пешем? Боз гӯ!
Домат бигиру дафъи бало шав, то абад,
Мо растагони хосаву хешем! Боз ҷӯ!
***
Пойиз ҳама фасли вуҷуди ману мо шуд,
Полез гирифтори ҳаюлои бало шуд.
Бархезу зи офат ба чаман ном намагзор,
Берун бирез он чи дучори ибтило шуд.
То кай ба номи ман ситаматро раво кунӣ?
То чанд аз ҷабини кишоварз ошамӣ?
Кай ҷони мо зи чини ҷабинат раҳо кунӣ?
***
Эй қаҳқаро, суруда ба тақдири меҳанам!
То кай ба доми ту пасу пешем? Боз гӯ!
Домат бигиру дафъи бало шав, то абад,
Мо растагони хосаву хешем! Боз ҷӯ!
***
Пойиз ҳама фасли вуҷуди ману мо шуд,
Полез гирифтори ҳаюлои бало шуд.
Бархезу зи офат ба чаман ном намагзор,
Берун бирез он чи дучори ибтило шуд.
Labels:
poetry,
politics,
Rahman,
Tajikistan
Модар
Агар аз кӯҳҳо деве
Зи хоби солиёне чанд бархезад,
Ба ман тозад, ки бар ахму* таби ӯ беибо будам,
Агар хашме чу деве бар сарам ояд, ки
Бе изнаш биосудам...
Агар дунё ба фарқи ин сари бечора даррезад,
Ки биғнудам,
Туро чун охирин тасвир меорам ба чашмонам,
Туро чун шоҳкори ъишқи инсонӣ...
Агар имрӯзи ман охир бувад ин рӯзгоронро,
Агар буғзам далеле бошадо ин бор-боронро,
Агар чашмам барои охирин бор аст механдад,
Агар зеҳнам барои вопасин бор аст меборад,
Туро дорам ба чашму зеҳни худ мастур,
Ба қалби хаставу маҳҷур,
Фазои суту кӯри ман бибахшоям,
Эй Модар...
***
Модар,
Зи хоби солиёне чанд бархезад,
Ба ман тозад, ки бар ахму* таби ӯ беибо будам,
Агар хашме чу деве бар сарам ояд, ки
Бе изнаш биосудам...
Агар дунё ба фарқи ин сари бечора даррезад,
Ки биғнудам,
Туро чун охирин тасвир меорам ба чашмонам,
Туро чун шоҳкори ъишқи инсонӣ...
Агар имрӯзи ман охир бувад ин рӯзгоронро,
Агар буғзам далеле бошадо ин бор-боронро,
Агар чашмам барои охирин бор аст механдад,
Агар зеҳнам барои вопасин бор аст меборад,
Туро дорам ба чашму зеҳни худ мастур,
Ба қалби хаставу маҳҷур,
Фазои суту кӯри ман бибахшоям,
Эй Модар...
***
Модар,
Ту ниҳояти тамоми башарӣ,
Модар,
Ту садоқати қазову қадарӣ.
Модар,
Ту маро чу ҷони худ парвардӣ,
Модар,
Ба тамоми шаън ту як падарӣ.
Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу!
Рӯзгор ғарибу ноҷавонмард
аст. Мехоҳам чизе бинависам, ки ба дебоча ниёз дорад.
Дар дебоча
маҷбурам батаъкид бигӯям, ки ҳар он чи ман менависам, сирфан ва ихтисосан дидгоҳҳои
шахси ман аст ва бо хонаводаи ман кӯчактарин нисбате надорад. Бигзоред инро ҳам
бигӯям, ки хонаводаи ъазизи ман шарики андешаҳои сиёсии ман нестанд. Ҳаргиз ҳам
набудаанд. Барои ман ҳисоби хонаводаву сарзамин ҷудост. Ҳамеша чунин буда. Аз навҷавониам,
ки сар ба ин барзан задам ва ононе, ки маро аз дербоз мешиносанд, метавонанд
гувоҳ бошанд.
Ин дебоча ногузир
буд, чун номардумони давр дар тафкик (ҷудо кардан)-и фард аз фард сахт
меланганд; ва ба ин гумони ғалатанд, ки ҳар он чи яке мегӯяд, бозтоби
дидгоҳҳоест, ки аъзои хонавода дар он шариканд. На. Дар зиндагии ман ҳаргиз
чунин набуда ва ман ҳаргиз эҳсоси иштироки ъақидатӣ бо аъзои хонаводаам
надоштаам. Хубу бадаш бимонад барои баъд, аммо феълан ҳаминро бидонем, ки дар
ҷаҳони имрӯзӣ мафҳуми “истиқлоли ъақидатӣ” вуҷуд дорад. Яъне як нафар, ба
ъунвони як воҳиди ҷудогона дар як хонавода, метавонад дидгоҳ ё дидгоҳҳое дошта
бошад, ки бо тафаккуроти дигар ҳамвандони хонавода созгорӣ надорад. Ин нукта
дар мавриди мани навъӣ сидқ мекунад. Ва бисёре дигар ҳам. Ин ҳақиқатро бояд
дарк ва ҳазм кард. Вагарна мешавад ёрони худро дучори дардисар кард.
***
Пур равшан аст, ки “васиятномаи модар” (он чи ин дурӯза нақли маҳофили
фейсбукист) супоришист ва барсохтаи давлати Тоҷикистон аст. Тадвини базоҳир
ҳирфаӣ (профессиональный)-и он матлаб бо ҳузури ҳунарпешаи ҳирфаӣ далели ин
иддаъост. Аммо он чи бояд равшантар шавад, шигирд (метод)-ест, ки созандагони он ба кор
гирифтаанд. Дар ҳуқуқи байнулмилал чунин шигирде маҳкум ва қобили пайгард аст. Яъне
агар дар як кишвари “ҳуқуқбунёд” зиндагӣ мекардем, созандаи он бояд ба додгоҳ
мерафт. Тавассул ба зӯру фишор ба аъзои хонаводаи як мухолифи давлат ҷурми
бузург аст. Номи байнулмилалии он ҷурм harassment ё “озору азият” аст, ки
пайгарди қонунӣ дорад. Афзун бар ин, азияти равонии як модари 83-сола, ки ба
далели зулми давлати вақт имкони дидор бо фарзанди худро надорад, дар қонуни
инсоният “ғайриинсонӣ” тавсиф мешавад. Пас он коре, ки дастгоҳи таблиғотии
ҳукумати Раҳмон кард, комилан ғайриинсонӣ ва берун аз шаъну ҳайсияти як инсон
буд. Иқдоме ба тамоми маъно дадманишона.
Дар ин суханронии ҳунарпешае, ки нақши модари Додоҷони Атоуллоҳро бозӣ
мекунад, вожаи “номардӣ” мавҷ мезанад. Ҳунарпеша бо садое, ки буғзи маснӯъиаш
ҷову беҷо мешиканад ва гоҳ оруқвора аст, суҳбат аз “номардӣ” мекунад. Мегӯяд: “Роҳи
номардонаеро пеш гирифтаӣ; миллат аз ту ҳазар хоҳад кард”.
Ин ҷусторро ба “номардӣ” ихтисос медиҳем, то дарёбем, ки номард дар ин миён
чи касест.
Ин вожа аз дербоз дар адабиёти порсӣ корбурд дошта ва ба маънои хор
шумурдани ҷинси зан набудааст. Низомии Ганҷавӣ гӯяд:
На ҳар к-ӯ
зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.
Яъне мардию номардӣ дар ин бофтор (контекст) сирфан сифат аст; сифати ҷасорату
шаҳомату садоқат, ки метавонад ҳам ба зан ва ҳам ба мард таъаллуқ бигирад.
“Номардӣ” дар адабиёти порсӣ ба маънии гурехтан аз пайкор ва тан додан ба
бардагию хорист. Ончунон ки Саъдии Шерозӣ онро тавсиф кардааст:
Эй зарра, ту дар муқобили Хуршед,
Бечора чи мекунӣ ба ин хурдӣ?
Дар ҳалқаи корзор ҷон додан,
Беҳтар, ки гурехтан ба номардӣ.
Дар адабиёти порсӣ “номардӣ” худхоҳист; амнияту амонати худро авло донистан
ва пушт кардан ба оҳоди миллат; ба фикри миллат набудан ва сирфан ба фикри
сарватандӯзӣ ва хушгузаронии худ будан. Ончунон ки боз ҳам Саъдии Шерозӣ
фармояд:
Чу сад дона маҷмӯъ дар хӯшае
Фитодем ҳар донае гӯшае,
Ба номардӣ аз ҳам бидодем даст,
Чу моҳӣ, ки бо ҷавшан уфтад ба шаст.
Яъне номардӣ даст аз ҳам гусехтан аст, ҳамдигарро танҳо гузоштан аст, яке
дигариро туъмаи бало кардан аст... Оё ин сифот дар бораи Додоҷон сидқ мекунад ё
мухолифонаш, ки чашми ниёз ба косаи давлат дӯхтаанд?
Оё касе, ки ҳамаи хатарҳоро ба ҷон харида, то шояд фараҷе дар умури
кишвараш ҳосил шавад, номард аст ё оне, ки аз қаҳри кадом навкисае домани тар
дорад? Оё тарс аз ҳокими бедодгар нишони номардист ё ситеза бо бедодӣ? Инҳо ки
ба мисолу тавзеҳ ниёз надорад ва барои ҳамагон бояд пур возеҳ бошад. Ҳарчанд
метавон аз Ъаттори Нишопурӣ намуна овард, ки мегӯяд:
Марди раҳи ъишқи ту аз домани тар тарсад,
Он кас, ки бувад номард, аз додани сар тарсад.
Гар бо ту дусад дарё оташ бувадам дар раҳ,
На дил зи худ андешад, на ҷон зи хатар тарсад.
Саноии Ғазнавӣ ҳам хитоб ба бедодгарони даҳр, ки пайваста аз роҳҳои
дунманишона дар ҳоли пайкори ноҷавонмардона бо занону мардони даҳр буданд,
гӯяд:
Кай кунад нохубро бедод хуб?
Чун кунад номардро кофур мард?
Ту ҳама бодию моро бо ту сулҳ,
Мо туро хоку туро бо мо набард.
Ва боз ҳам Саноии Ғазнавист, ки ба тафкики “мард”-у “номард” ва мафҳуми ин ду
сифат мепардозаду мегӯяд:
Ҷуз ъишқу ихтиёр ба майдони ному нанг
Номардро зи мард ки кардаст ошкор?
Яъне ъишқу ихтиёр (озодии интихоб, истиқлоли андеша) аст, ки мардро аз
номард тамйиз медиҳад. Ҳоло, бо дарке, ки аз мафҳумҳои “мард”-у “номард” дар
адабиёти порсӣ ҳосиламон шуд, кадом якеро мешавад номард тавсиф кард? Додоҷонро,
ки ъишқу ихтиёр дорад ё ононеро, ки ъишқу ихтиёру истиқлол надоранд ва
бардагони ҳалқабаргӯши ҳокиманд?
Авҳадӣ ҳам байте дорад, ки мегӯяд:
Номардро муроди биҳишт аст аз он ҷаҳон,
Моро муроди рӯи ту аз ҳар ҷаҳон, ки ҳаст.
Номардони даҳрӣ, мусалламан, муроди биҳиштро аз ҳамин ҷаҳон доранд. Ҳамин
ҷост, ки соҳибу арбоб доранд. Ҳамин ҷост, ки ба побӯси соҳибонашон мераванд ва
дар изои он побӯс ба силие чашми ниёз дӯхтаанд. Филми “Васиятномаи модар”
побӯсе беш набуд, дар қиболи пашизе чанд.
Дар оғоз аз қавли Низомии Ганҷавӣ гуфтем, ки бедардӣ камоли номардист. Абӯсаъиди
Абулхайр дар таҳкими он дидгоҳ гӯяд:
Кӣ ҳоли фитода ҳарзагарде донад?
Бедард куҷо лаззати дарде донад?
Номард ба чизе нахарад мардонро,
Марде бояд, ки қадри марде донад.
Пас чи касе дарди захмҳои бози Тоҷикистонро эҳсос мекунад ва хостори
илтиёми он аст? Давлате, ки мегӯяд “дигар захме намондааст!” ё Додоҷоне, ки
мегӯяд “захмҳои бисёреро бояд даво кард”? Кадом яке ба фикри давои захмҳост?
Давлате, ки дар як ҷурми бузург ба модаре солманд фишор меоварад ва аз қавли ӯ
дурӯғ мебофад ё Додоҷоне, ки мегӯяд, Тоҷикистон бемор аст ва ба мудовои фаврӣ
ниёз дорад?
Оё касе, ки шиъораш ин рубоъии Бобо Тоҳири Ъурён аст, номард аст ё
мухолифони ин шиъор?:
Ман он риндам, ки гирам аз шаҳон боҷ,
Бипӯшам ҷавшану бар сар ниҳам тоҷ.
Фурӯ н-ояд
сари мардон ба номард,
Агар дорам кашанд монанди Ҳаллоҷ.
Вале чи касе беҳтар аз Шаҳриёр ҳисоби номардонро кафи дасташон гузошта, ки
виҷдони худ баҳри луқмае нон ба номардон фурӯхтаанд?:
Баҳри нон бар дари арбоби наъими дунё,
Марав, эй мард, ки ин тоифа номардонанд.
Бо гузоре бар он чи гуфта шуд, пур ҳувайдост, ки иқдоми ахири ҳукумат (ба
васат кашидани модари солманди Додоҷони Ъатоуллоҳ ба корзори додоҷонситезӣ)
камоли номардӣ аст. Пеш аз интишори он видеуи нангин, дар Фейсбук ҳам сафҳае тавҳиномез
бо тасвири модари Додоҷон боз шуда буд, ки дар натиҷаи селе аз гилояҳо баста
шуд. Баъд аз чанд рӯз ҳамон тасвирро дар видеуи “Васиятнома” дидем. Шакке нест,
ки манбаъи номардумонаи ҳар ду як гурӯҳи номардуму номард будаанд. Ва сарчашмаи
ҳар ду ҳукумати Тоҷикистон аст. Торих қазоват хоҳад кард...
Агар кӯчактарин ъақлу шуъуре дар ин афрод боқист, бояд дастикам аз абёти
ҷовидонаи Рӯдакӣ панд бигиранд:
Нашнидаӣ, ки зери чиноре каду буне
Барҷасту бардавиду бар ӯ бар ба рӯзи бист,
Пурсид аз чинор, ки “Ту чандрӯзаӣ?”
Гуфто чинор: “Ъумри ман афзунтар аз дувист”,
Гуфто: “Ба бист рӯз ман аз ту фузун шудам,
Ин коҳилӣ* бигӯй, ки охир зи баҳри чист?”
Гуфто чинор: “Нест маро бо ту ҳеч ҷанг,
К-акнун на рӯзи ҷангу
на ҳангоми доварист.
Фардо, ки бар ману ту зад боди Меҳргон,
Он гаҳ шавад падид, ки номарду мард кист”.
_____________________________
_____________________________
*Коҳилӣ - танбалӣ
Wednesday, April 24, 2013
A Broken Account Breaks Russian Wires
Вчера аккаунт Ассошиэйтед Пресс в Твиттере оказался в руках шутников,
которые отправили 8 словечек, дабы определить кто окажется в дураках на этот
раз: «В Белом доме прогремели два взрыва, Обама ранен».
Пресловутое российское агентство ИТАР-ТАСС среагировало сиеминутно, повторив «сообщение» слово в слово. Других я не заметил. И пошло-поехало. Даже моя любимая российская радиостанция «Эхо Москвы» прервала эфир передачи «Большой Дозор» о социальной политике Москвы и сообщила о «взрывах в Белом доме и о раненном Обаме».
Даже Леонид Печатников – заместитель мэра Москвы по вопросам социального развития умудрился пошутить: «Если Обаме понадобится медицинская помощь, в наших новых объединениях ему её окажут квалифицированно».
Но позже журналистов осинело, а главный редактор «Ведомостей» Татьяна Лысова не смогла умолкнуть и дала назидание журналистам «Эхо Москвы», что мол, «Я извиняюсь, это к вопросу о том, чем отличается настоящая журналистика от блогов. Будьте внимательны!»
Теперь, как обстояли дела у нас, «корыстных
журналистов Запада». Почти наперегонки с уткой у нас на экране появилось особое
сообщение, что якобы взломанный аккаунт АР распространяет ложное сообщение о
взрывах в Белом доме. На то и все улеглось. Не то и наш «Большой Дозор» мог бы оказаться
большим позором в деле журналистики.
Пресловутое российское агентство ИТАР-ТАСС среагировало сиеминутно, повторив «сообщение» слово в слово. Других я не заметил. И пошло-поехало. Даже моя любимая российская радиостанция «Эхо Москвы» прервала эфир передачи «Большой Дозор» о социальной политике Москвы и сообщила о «взрывах в Белом доме и о раненном Обаме».
Даже Леонид Печатников – заместитель мэра Москвы по вопросам социального развития умудрился пошутить: «Если Обаме понадобится медицинская помощь, в наших новых объединениях ему её окажут квалифицированно».
Но позже журналистов осинело, а главный редактор «Ведомостей» Татьяна Лысова не смогла умолкнуть и дала назидание журналистам «Эхо Москвы», что мол, «Я извиняюсь, это к вопросу о том, чем отличается настоящая журналистика от блогов. Будьте внимательны!»
Subscribe to:
Posts (Atom)