Friday, October 10, 2014

Persian Secures Your Future

Порсй зомини оянда аст

(Дар посух ба мақолаи "Бартарии хати кирилй аз хати арабй" ба қалами Фирдавс Ниёзй, “Ҷумҳурият”, панҷшанбе, 2 октябри соли 2014, №192(22497)

Ба якояки иддиъоҳои Фирдавс Ниёзии арчманд борҳо дар расонаҳои гуногун посух додаам ва ҳеч як аз онҳоро далели пойбандй ба дабираи бегонаи пириллик намедонам. Аммо чун мавзўъ бори дигар аз сўи фарде дигар матраҳ шуда ва шояд мавриди таваччуҳи афроди дигар воқеъ шуда бошад, посух ба ҳамаи нукоти мақолаи оқои Ниёзиро ногузир медонам.

Муаллиф кўшидааст тавре вонамуд кунад, ки дабираи порсй (он чи ў “хатти арабй” меномад) ба монанди дабираи пириллик бар мардуми мо таҳмил шудааст. Мегўяд: “Ин хат дар давраҳои аввали густариши дини ислом, аз нимҷазираи Арабистон ба дигар минтиқаҳо паҳн гардида, ба сари халқҳои гуногун иҷборан бор мегардид”. Аммо ҳеч далелу санаде наёвардааст, то ин иддиъои миёнтиҳиро собит кунад. Масалан, нагуфтааст, ки чи касе Абўъабдуллоҳи Рўдакиро водошта буд, то на ба хатти паҳлавй, балки ба хатти порсии навин бинависад. Имрўза Рўдакиро аз чумлаи поягузорони нигориш ба хатти порсй медонанд, чун ҳамў буд, ки дабираи порсиро барои навиштани нахустин девони ашъор ба забони порсии навин баргузид. Ва пас аз ў тамоми ганчинаи чаҳонигири порсии навин ба ҳамон дабираи порсии рўдакиёна нигошта шуд.

Пас ин иддиъо, ки дабираи порсй ба монанди пириллик таҳмилй аст, аз беху бун ғалат аст. Дар он даврон аз даму дастгоҳи низоми садаҳои 20 ва 21 хабаре набуд, то битавонад хаттеро ниҳодина кунад. Мардумон ба ҳар хатте, ки муносиб медонистанд, меофариданд. Буданд касоне, ки қарнҳо баъд аз вуруди ислом ҳам дар Эронзамин ба дабираи паҳлавй менавиштанд. Ё ҳатто ба дабираҳои авестоию оромй. Ё мисли Шоҳини Шерозй, чомасарои калимии садаи 14-уми мелодй, порсиро ба дабираи ъибрй (яҳудй) менавиштанд. Аммо танҳо дабирае, ки созгортар бо порсии навин буд ва ба юмни ҳамин созгорй ҳамагир ва мондагор шуд, дабираи порсист. Дабирае, ки дар такомулу такмили он эрониён (точикон) нақши басазое доштаанд. Оқои Ниёзй ҳам ба ду тан аз он чеҳраҳои човидона (Абўрайҳони Берунй ва Дақиқй) ишора кардааст, ки “ҳамеша барои иваз намудани системаи хат талош меварзиданд”. Талоши онҳо барои ҳифзи дабираи порсй ва созгории ҳар чи бештари он бо порсии навин буд ва комгор шуданд.

Чолиб инчост, ки Фирдавс Ниёзй хатти русиро худчўшу ғайритаҳмилй медонад ва мегўяд: “Он чунон ки аз манбаъҳои таърихӣ маълум аст, славянҳо ба мурури замон барои сабти садои махсуси забони худ ҳарфҳои нав ихтироъ намуданд. Ин ҳодиса бидуни назорати давлат ва шахсони алоҳида ба вуқуъ пайваст. Дар ҳоле ки ин иттифоқ садҳо сол пас аз шаклгирии дабираи порсй сурат гирифта ва ниҳодҳои нозири давлат фаъъолтар будаанд, нависанда муътақид аст, ки сириллик баромада аз ниёзҳои мардуми ислов асту порсй на. Вале додаҳои торихй собит мекунанд, ки дабираи порсй ҳам ба ҳамин минвол бар пояи ниёзҳои порсигўён ва дар дарозои солҳо шакл гирифтааст ва ҳеч таҳмилу ичборе дар густариши он сабти торих нашудааст.

Нависанда дар муқоисаи дабираи порсй бо расмулхатҳои пешини мо ҳам роҳи хато рафтааст. Мегўяд: “хусусияти хуби хати имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои то арабии тоҷикӣ ( паҳлавӣ, мехӣ,оромӣ) дар он аст, ки сода аст; ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад”. Ононе, ки аз дабираҳои мехию оромию паҳлавй огоҳанд, медонанд, ки чунин нест. Хатти мехй, ки аз бозмондаҳои сумериён аст, чанд гуна дошт. Гунаи ҳахоманишии он, ки барои навиштани порсии бостон ба кор мерафт, хатти нимаалифбойи ва нимаҳичойи буд. Яъне ҳар он чи навишта мешуд, ба ҳамон шакл хонда намешуд. Афзун бар ин, хатти мехй нишона ё идеугромҳое дошт, ки тарзи навишту талаффузи онҳо бакуллй фарқ мекард. Ин навъ нишонаҳо, ки дар порсии миёна бо номи “ҳузвориш” шинохта мешаванд, дар хатти паҳлавй дучандон буд ва танҳо афроди огоҳ ба забони порсии миёна метавонистанд он ҳузворишҳоро дуруст бихонанд. Масалан, “шм” навишта мешуду “ном” талаффуз мешуд. Ва вока (садодор)-ҳо навишта намешуданд ва боз ҳам ба дониши забон ниёз буд, то хонанда бидонад, ки кучо чи вокаеро бигзорад. Хатти оромй ҳам дақиқан ҳамин ҳолатро дошт. Чиро? Чун ҳам оромию паҳлавй ва ҳам дабираи порсии навин як решаи воҳиди сомй доранд. Ва аслан паҳлавй баромада аз ҳамон оромй ва ҳар ду аз муштаққоти дабираи финиқианд. Пас ин иддиъои нависанда ҳам фоқиди пояи ъилмй аст.

Чиро нависанда бо дабираи порсй сари носозгорй дорад? Чун (онгуна ки худ мегўяд) онро таҳмилй медонад, ки собит шуд дарки ғалате аз як раванди тўлонии ташаккули дабираи порсй дар ҳоза (чомеъа)-и порсигўён аст. Аммо дар таҳмилй будани хатти пириллик кўчактарин шакке вучуд надорад ва тамоми асноду мадорики он мавчуд аст. Пас “таҳмилй будан” баҳонае беш нест, вагарна оқои Ниёзй боястй ба ҳамон шиддату ҳиддат бар хатти таҳмилии пириллик битозад, не он ки онро бинавозад.

Фирдавс Ниёзй далелҳои дигареро барои пойбандиаш ба хатти пириллик овардааст, ки ба ҳамаи онҳо хоҳем пардохт. Аммо пеш аз он бояд як нуктаро равшан кард: хатте, ки Рўдакй барои навиштани осораш онро баргузид, хатти забоне дигар буд. Рўдакй мехост ашъори худро, ки ба забоне навин (порсии навин) суруда буд, ба хатти навин (порсии навин) бинависад. Ин забон суғдй набуд, порсии миёна ё куҳан набуд, паҳлавй набуд. Порсии навин буд. Ва тамоми осори гаронвазни порсй, ки баъдан чаҳонгир шуд, ба ҳамин хат (танҳо хатти муътабари порсии навин) навишта шуд. Ҳеч як аз “мушкилоти хатт”-е, ки оқои Ниёзй баршумурдааст, монеъ аз офаринандагй ва дурахшандагии Фирдавсию Мавлавию Хайёму Ҳофизу Саъдй нашуд. Дуруст баръакси пириллик, ки забони порсиро дар Фарорўд табдил ба мурдобе кард, хатти порсй заминаҳои шукуфоии забони порсиро фароҳам сохт ва онро чаҳонгир кард. Дар ҳеч даврае забони порсй ба андозае густариш наёфт, ки дар он давра бо хатти порсии навин ёфт. Худи ҳамин як далел батанҳойи кофист, ки тамоми иддиъоҳои Фирдавс Ниёзиро нақш бар об кунад.

Далели аслие, ки Фирдавс Ниёзй дар мухолифат бо дабираи порсй овардааст, “мушкил будан”-и он аст. Дар бораи зиёнҳои содаписандй барои зеҳни инсон бисёр гуфтаанду гуфтаем. Зеҳни осонписанд ҳамвора танбал бормеояд ва ҳамеша дунболи роҳи ҳалле сода барои мушкилоти печида аст ва дар натича ҳамеша бо бунбаст рўбарўст. Зеҳни мушкилписанд ҳамвора дар чустучўи рифъату боландагии бештар аст. Болотарин зариби ҳуш аз они мардумонест, ки расмулхатташон ба назари мо печидатарин аст; ба монанди жопунию чинй. Ва ҳаргиз мардуми жопунию чинй чиддан ба фикри гузор ба хатти содаи, масалан, лотинй науфтодаанд. Чун медонанд, ки як чунин иштибоҳе онҳоро бебору буна ва береша хоҳад кард.

Нависанда барои тавчеҳи иддиъои худ дар бораи “мушкил будан”-и дабираи порсй аз Мирзо Малкумхон нақли қавл кардааст, ки бо нусхаи асли он татобуқ надорад ва дар воқеъ, нақли мазмун аст, то нақли қавл. Мирзо Малкумхон ба юмни дониши хатти порсиаш забоне фохиртару равону суфтатар аз ин дошт, ки оқои Ниёзй овардааст. Ў дар такмилу тасдиқи суханони Малкумхон мегўяд: “(Дар хатти порсй) қонуни муайяни навишт мавҷуд нест, аз ин рӯ ҳар сатр намуди гуногун дорад. -баъзе ҳарфҳои алифбои арабӣ дар забонҳои дигар овозҳои мувофиқ надоранд. -баъзе ҳарфҳо навишта мешаванд, аммо хонда намешаванд: хвостан(хостан), хвоҳар(хоҳар). Хвеш(хеш) -ҳарфҳои калон вуҷуд надоранд; -фосила дар байни калимаҳо вуҷуд надорад”.

Агар баростй дар дабираи порсй қоъидаи имло вучуд надошт, маълум нест, ки бузургон чигуна осорашонро офаридаанду дигарон аз он осор баҳравар шудаанд. Танҳо як фарди ноогоҳ аз дабираи порсй метавонад чунин сухани нобачое дар мавриди ин расмулхат бигўяд. “Набуди фосила байни калимаҳо” ҳам аз он иддиъоҳои шигифтангез аст, гўйи нависанда аз расмулхатти миррихй мегўяд, ки мо аз он ҳеч намедонем. Вучуди “ҳарфҳои алифбои арабй, ки дар забонҳои дигар овозҳои мувофиқ надоранд”, иттифоқан, аз нуқоти қуввати алифбои порсист, то бишавад ташхис дод, ки вожаи, масалан, “ташхис” (бо сод) аз “шахс” рўида аст, на аз “хис” (бо син). Вучуди ҳарфи “вови торихй”, ки навишта мешаваду хонда намешавад ҳам аз нуқоти қуввати дабираи порсист, чун торихи он вожагонро бармало мекунад ва аз баракати вучуди он аст, ки медонем дар порсии бостон садои худвежаи “хв” будаву “хур” хвар талаффуз мешудаву “хеш” хвеш.

Агар инглисиҳо ҳам бо мантиқи Фирдавс Ниёзй меандешиданд, бояд қарнҳо пеш расмулхатташонро ислоҳ мекарданд, то ҳар вожае тавре навишта шавад, ки талаффуз мешавад. Масалан, дар вожаи throughout ду ҳарфи th як садои миёндандониро медиҳанду ou як вокаи “у”-ро; gh аслан хонда намешавад ва “о” дар поёнаи out “а” талаффуз мешавад. Яъне аз ин даҳ ҳарф танҳо шаш садо талаффуз мешавад ва ҳар кадом ба наҳве дигар. Ё дар забони фаронсавй аз ҳашт ҳарфи beaucoup сирфан 4-тои он талаффуз мешавад. Аз се ҳарфи eau як садои лотини “о” ҳосил мешавад; аз се ҳарфи oup як садои “у”. “С” дар забонҳои фарангй чое “с” хонда мешаваду чое “к” ва дар мавориде “ч” ё “ш” ё аслан хонда намешавад. Дар забони русй ҳам “о” дастикам се садо дорад, “а” ду гуна талаффуз мешавад, “г” ду ва дар бархе аз гўишҳо се талаффуз дорад. Ва иттифоқан мавориди тафовути навишту талаффуз дар он забонҳо бамаротиб бештар аз порсй аст. Ҳамаи забонҳое, ки пешинае доранду бар пешинаашон менозанд, расмулхатте торихй ва табиъй доранд, на маснўъй. Пас ҳамоҳанг кардани хат бо наҳваи талаффуз бисёр кори нобихрадона аст, ки метавонад як забони воҳидро табдил ба садҳо забони чудогона (бар пояи гўишҳо) кунад.

Хандадор аст, ки дар ъасри Интернету роёна нависандаи арчманд барои тақбеҳи хатти порсй дастбадомони тавчеҳҳои дастикам сад сол пеш шудааст. Ў бо ишора ба печидагии кор дар чопхонаҳои қадим аз қавли М. Иброҳимй навиштааст: «Нуқсони дигари алифбои араб нарасидан ва хурд будани шаклҳои он аст, ки барои матбаа муносибат надорад ва вақти азизро талаф менамояд, бо воситаҳои табъии асрӣ созиш намекунад. Сандуқчаи ҳуруф, мошинҳои гуногуни ҳарфчинӣ, анвои мошинҳои табъ, мошинҳои хаттӣ-табъӣ бо алифбои араб мувофиқат намекунанд, дандонҳои заррабини ин алифбои рамзӣ ҳуруфчинони мазлумро ба дараҷае маранҷонад, ки тамоман ба танг омадаанд».

Он “ҳуруфчинони мазлум” саранчом аз паси таклифашон ба наҳви аҳсант баромаданд ва чопхонаҳое роҳ андохтанд, ки аз чопхонаҳои лотин мў намезад (ҳеч тафовуте надошт). Иттифоқан, чопхонаҳои Эрон дар садри чопхонаҳои минтақа қарор гирифтанд; чи аз лиҳози диққат дар чоп ва чи аз лиҳози кайфияти кор. Аммо инҳо ҳама ҳадиси гузаштаҳои дур аст. Имрўза санъати чоп муттакй ба роёна аст. Ва ҳеч инсони огоҳе наметавонад муддаъй шавад, ки санъати чопи роёнаии пириллик пешравтар аз санъати чопи порсй аст. Ва куллан, порсй дар Интернет ва фанни роёнайи дастикам сад сару гардан пешравтар аз пириллик дар ин замина аст. Нест нармафзори судманде, ки гузинаи порсй надошта бошад. Порсй фанни роёнаиро бакуллй фаро гирифтааст ва гумон аст, ки пириллик замоне ба ин ҳадди пешрафт бирасад. Бино ба далелҳои маълум ва бавежа ба далели чандй (каммиятй): шумори корбарони пириллик дастикам 15 баробар камтар аз теъдоди порсинигорон аст. Ва ҳеч шакке ҳам нест, ки порсигўёни порсинавис дорои зеҳнҳои пўётару фаъъолтаре ҳастанд; дар ҳар заминае, ки бихоҳед ном бибаред.

Барои санчидани ин иддиъо ҳар мавзўъеро, ки мехоҳед, биГуглед. Дар чустучўи интернетй ҳатто матолиби марбут ба Точикистон ба хатти порсй бештар дар дастрас аст, то ба хатти расмии таҳмилии Точикистон. Барои санчиши иддиъои худ ҳамин ҳоло ъиборати “шаҳри Душанбе”-ро дохили гйуме (нохунак) дар Гугл чустучў кардам. Ба ҳар ду хат. Ба дабираи порсй 991.000 натича ҳосил шуд ва ба хатти пириллик 314.000. Дар бораи пойтахти Точикистон иттилоъоте, ки дар Интернет муҳайёст, ба хатти порсй се баробар бештар аз хатти пириллик аст. Оё ин далел ҳам басанда нест, ки мухолифони хатти порсиро ба андеша водорад? Ҳоло фикрашро бикунед, ки чи ганчи шойгоне дар бораи мавзўъҳои дигар ба забони мо, аммо ба хатти порсй, дар Интернет нуҳуфта аст, ки пирилхонон ба он дастрасй надоранд. Чилавгирй аз дастрасии мардум ба ин неъмат оё чиноят нест?

Дар идомаи чустор нависанда мехоҳад чунин вонамуд кунад, ки точикон дар тағйири хат ва паёмадҳои мусибатбори он танҳо набудаанд. Мегўяд: “Ҳоло хати русӣ 33 ҳарф дорад, ки қариб ҳамаи хатҳои мардуми собиқ Шӯравӣ дар асоси он сохта шудаанд. Фақат алифбои латишӣ. литвонӣ ва эстонӣ хати лотинӣ буда, гурҷиҳо ва арманиҳо хати қадимаи худро нигоҳ доштаанд”.

Бо як вожаи “фақат” панч миллат (як севум) аз 15 миллати Шўравии пешинро ном мебарад, ки тавсифи “қариб ҳамаи хатҳои мардуми собиқ Шўравй”-ро зери суол мегузорад. Ба ҳисси худшиносй ва сарнавишти сиёсии ин миллатҳо таваччуҳ кунед, то дарёбед, ки чиро онҳо ҳамчунон барои худ ҳуқуқе қоил ҳастанд, худро бардаи касе талаққй намекунанд ва мекўшанд сарнавишташонро ба дасти хеш бинависанд. Иртиботи мустақиме ҳаст миёни забону хат аз як сў ва ҳувияти афрод аз сўи дигар. Иқбол гўяд:

Худованд миллатеро сарварй дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,
Ба он миллат сарукоре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Албатта, пас аз фурўпошии Шўравй, ки даврони зиндагии мост ва бояд мавриди истиноди оқои Ниёзии арчманд воқеъ мешуд, миллатҳои дигар ҳам, ки ба худшиносй расида буданд ва фурўпошии импротуриро ба маънои истиқлоли худ дарк карда буданд, аз хатти таҳмилй фосила гирифтанд. Мулдовй соли 1989 ба хатти суннатии худ (лотин) баргашт ва имсол расман забонашро ҳам ба номи суннатии он (румониёи) сабти Қонуни Асосй кард. Марҳилаи гузори забони узбакй ба хатти лотин соли 2001 оғоз шуд ва саранчом сириллик аз он сарзамин ҳам рахт бар хоҳад баст. Қазоқистон ҳам аз 2007 бад-ин сў ба фикри гузор ба хатти лотин уфтода, ба далели корбурди он дар Туркия. Дар Қирғизистон ҳам нигориш ба хатти лотин рў ба авч аст. Туркманбошй Ниёзуф дар ҳамон бадви истиқлоли кишвараш (1991) дастури бозгашт ба хатти лотинро дод ва имрўза забони туркманй ба хатти лотин навишта мешавад.

Бад-ин гуна, Точикистон танҳо кишвари минтақа аст, ки вафодории шигифтангезе ба хатти пириллик нишон медиҳад. Дар ҳоле ки чудойи аз хатти суннатй бештарин осебро ба фарҳанги Точикистон ворид кард, то дигар кишварҳои минтақа. Нахуст ба ин далел, ки тамоми осори гаронсанги ин сарзамин ба хатти порсй навишта шуда (ки қобили муқоиса бо осори кишварҳои дигар нест) ва дабираи порсй хатти пайванди точикон бо ниёкони худ аст. Ду ин ки забони расмии Точикистон дар берун аз Точикистон ҳам забони расмии кишварҳои дигар аст, аммо ба хатти порсй. Яъне ба забони Точикистон дар берун аз Точикистон ҳам корҳои бамаротиб бузургтар анчом медиҳанд. Ва бозгашти Точикистон ба хатти худй ба маънои чаҳиш дар рушду пешрафт хоҳад буд, на “бозгашт ба қафо”.

Фирдавс Ниёзй дар ин матлаб мақулаҳои дин ва ҳувиятро дарҳам омехтааст, ки сари фурсат ба он ҳам хоҳем расид. Аммо боз ҳам бо истинод ба навиштаҳои дастикам сад сол пеш мегўяд: “Усули таълиме, ки дар мамлакатҳои исломӣ ривоҷ ёфтааст, усули ҳиҷоӣ мебошад. Мувофиқи ин усул калимаҳоро ҳеҷ гуна таҳлил накарда, ба кӯдакон тӯтивор ёд медиҳанд».

Мусалламан, омўзишу парвариш дар кишварҳои мусалмони садаи пеш вазъи низоре дошт. Аммо он вазъият кўчактарин рабте ба дабираи порсй надошт. Пеш аз истилои Шўравй ҳам Бухоро ва ҳам Эрон дар махмасаи ъачибе қарор доштанд ва ҳар ду аз кишварҳои вопасмондаи чаҳон буданд, бо дарсади бисёр андаки мардуми босавод. Иттиҳоди Шўравй сомонаи омўзишу парварише ба роҳ андохт, ки худдорй аз таҳсилро чурму чиноят талаққй мекард. Дар натича ҳама мачбур буданд ё бачаҳои худро ба мадраса бифиристанд ё равонаи зиндон шаванд. Дар Эрон, аммо, чунин бархурди чиноие бо омўзишу парвариш сурат нагирифт. Бо вучуди ин, имрўза 85 дарсади чамъияти Эрон босавод гузориш шудаанд, ки хеле болотар аз миёнгини 62-дарсадии Ховари Миёна аст. Ва албатта, ёдамон наравад, ки мизони савод дар Эрон бо мизони савод дар Шўравии пешин қобили муқоиса нест. Дар Эрон андак фарди босаводе пайдо мешавад, ки бо истифода аз саводаш даст ба халлоқият назанад. Забони порсй яке аз забонҳои матраҳ дар Интернет аст (ба юмни Эрон) ва дар блогистони чаҳон торнигорҳои порсии Эрон бо ҳамтоёни чинии худ, ки садҳо милюн тан ҳастанд, рақобат мекунанд ва яке аз мақомҳои аввали чаҳонро доранд.

Хатти пириллик, аммо, порсигўёни Осиёи Марказиро ба хониши “тўтивор” ъодат додааст. Ин содагие, ки оқои Ниёзй ин ҳама бад-он менозад, ба танбалии мағзу зеҳн анчомидааст, ки дар борааш ҳушдор дода будем. Дабираи порсй ба гунаест, ки бояд мазмуни чумларо бифаҳмед, то онро дуруст бихонед. Хатти пириллик, аммо, ингуна нест ва мешавад онро бо чамъ бастани ҳуруф ва бидуни таъаққулу андеша хонд ва ҳеч чизе ҳам аз матн нафаҳмид. Дар натича босаводони мо сирфан “хондану навиштан” баладанд ва босаводони порсихон ҳам хондану навиштан ва ҳам андешидан. Гурез аз “тўтивор ёд гирифтани забон” гурез ба хатти худй (порсй) аст.

Оқои Ниёзй пурсишеро матраҳ кардааст: “Воқеан, чӣ зарурат аст барои баргаштан ба қафо ва як наслро бесавод кардан, дар ҳоле ки иваз намудани хат ҳам масрафи иқтисодӣ дорад ва ҳам халои бесаводиро ба вуҷуд меорад (?)”.

Посухи мо ин аст: зарурати бозгашт ба хатти худй дар ин ҳитаи мавзўиъе, ки Шумо матраҳ кардед, ҳамон чилавгирй аз “масрафи иқтисодй”-и изофй ва падид омадани “халои бесаводй” аст. (Шакли дурусти он вожа “халаъ” аст, на “хало”). Бо гузор ба дабираи порсй Точикистон ниёз надорад садҳо китоберо, ки ҳамарўза ба порсй (ба хатти порсй) тарчума мешавад, тарчума ва мунташир кунад, нармафзору барномаҳои мачозй ва интернетй бисозад, китобҳои дарсии ъулуми дақиқу табиъй (бо ҳазфи мазмунҳои ъақидатй)-ро бинависаду мунташир кунад, китобҳои порсии дигарро баргардон ва мунташир кунад...  Худи ҳамин чанд маврид садҳо милюн дулорро аз ҳазинаи омўзишу парвариши Точикистон сарфачўйи хоҳад кард. Ва ҳамин чанд маврид “халаи бесаводй”-ро пур хоҳад кард. Бесаводй замоне дармон мешавад, ки чизе дархури хондан дар дастрас бошад. Имрўза дар Точикистон тақрибан чизе нест, ки ба забони модарии мардуми кишвар қобили хондан бошад. Гузор ба хатти порсй ин дардро дармон хоҳад кард.

Оқои Ниёзй дар ин мақолаи худ борҳо ба яке аз навиштаҳои суолбарангези Иброҳим Усмонов паноҳ бурдааст (Баҳси алифбои тоҷикӣ.-Душанбе, ҶММ «Эр-граф», 2008). Ба он навиштаи беандоза  ноқиси оқои Усмонов посух додаем, ки машрўҳи онро метавонед дар пайванди зер пайдо кунеду бихонед:

http://dariussthoughtland.blogspot.co.uk/2010/08/alphabet-for-mr-usmanov.html

Дар он чустори ман тамоми навиштаи Иброҳим Усмонов мўшикофй шуда ва истидлоли ў арзиши ростини худро ёфтааст.

Ба ҳар рўй, Фирдавс Ниёзй бо такя бар он навиштаи мансуху беэътибор мегўяд: “Бар шарҳи омили чаҳоруми профессор И.Усмонов зикрнамуда ҳаминро илова менамоем, ки ҷонибдорони он, ки дар Тоҷикистон хатти арабӣ ҷорӣ карда шавад, аҳдофи динӣ доранд.”

Посухи Умед Бобохонов, рўзноманигори саршинос, ба иддаъои мушобеҳ ин буд, ки баръакс, хосторони бозгашт ба дабираи порсй дар Точикистон имрўза ъумдатан равшанфикрони ғайримазҳабй ҳастанд. Равшанфикроне, ки хоҳони пешрафти чомеъа ҳастанд ва он масири пешрафтро дар як бистари табиъию худй ба худи чомеъа вогузор мекунанд. Ва он бистари табиъию худй ҳамоно хатти порсй аст.

Ба динҳаросон бояд гуфт, ки бешина матолиби тундравона (дар ҳар дине, он чи масеҳият бошаду чи ислом) имрўза ба забонҳои сирилбунёд, аз чумла русй ва ба хатти пириллик дар дастраси ъавом қарор дорад. Он навиштаҳо ба далели ношоист будани ҳузурашон дар чомеъаи инсонй ба забону хатти порсй камтар ба даст мерасанд. Яъне пайдо кардани як навиштаи бунёдгароёнаи мазҳабии доъишй ба хатти порсй сахттар аст, то ба хатти пириллик. Агар пирилликро сипари худ дар баробари он навиштаҳо гумон кардаед, кўр хондаед. Пирилликро саропо вабои тундравй бардоштааст. Хатти порсй бамаротиб муназзаҳтар аз ин музахрафот аст.

Ду ин ки хатти порсй сирфан мутаъаллиқ ба дини ислом нест. Ба ин дабира метавон матолиби мавриди ниёз ба ҳар дине дар чаҳони Парвардигорро суроғ дошт, онро омўхт, канор гузошт ё парвард. Дабираи порсй як расмулхатти чаҳонписанд аст, ки тамоми ҳақоиқи чаҳон дар он бозтоб ёфтааст; чи аз навъи мазҳабй ва чи лоик (ғайримазҳабй)-аш. Бузургтарин осори нависандагони бехудо ё отеист (atheist) ҳам ба забону хатти порсй пайдо мешавад, аммо ба хатти пириллик ному нишоне надорад.

Пириллик як хатти маҳбуси маҳкум ба марг аст. Ва вобастагй ба он аз рўи хирад нест.  

Аз ин рў, танҳо роҳи пайвастани Точикистон ба чаҳони навин, бозпайвастани он ба худй, гусастани он аз хорию зиллату бардагию вобастагй, дурии он аз таъассубу ваҳшигарй, бозёфтани ҳувияти миллй ва ъиззати нафс (эҳтиром ба худ) бозгашт ба дабираи худй аст. Фирдавс Ниёзй гўйи бо киноя аз қавли устод Сафар Абдуллоҳ хатти моро “хатти миллй” номидааст. Аммо дўсторони расмулхатти порсй дар Точикистон онро на танҳо “миллй”, балки “хатти модарй” ва “хатти худй” меноманд. Ва ин расм аз дербоз дар миёни точиконе, ки порсиро забони Рўдакию Фирдавсй ва худашон медонанд, боб шудааст. Ёдатон наравад, ки Рўдакию Фирдавсй на ба хатти авестои (онгуна ки оқои Ниёзй дўсторони порсиро ба чолиш кашидааст), балки ба хатти порсй нигоштаанд. Тамоми ганчинаи фарҳангу тамаддуни мо ба хатти порсист ва лоғайр. Забони кунунии мо порсй аст, на авестойи ё забоне дигар. Порсй танҳо хатти муътабари забони мову шумост. Лутфан чашмҳоямонро ба фарохнои вучудашон боз кунему воқеъиятҳоро бипазирем. Ва худамон бошем.

Monday, August 04, 2014

Аз ҷинси шарофату виҷдон буд...

(Вежаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Яке-ду соле буд садояшро нашунида будам. Садое, ки намешавад танҳо ошнояш хонд. Садои касе, ки бародарона канори ҳам бузург шудем, аммо зиндагӣ роҳҳои ҷудову дур аз ҳамро ҷилави пои мо гузошт. Сирфан то миёнаҳои роҳ канори ҳам будем.

Ҳар ду бо ҳам ба Донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи Миллӣ рафтем, аммо панҷ моҳ тӯл накашид, ки ман дигарбора аз марҳилаи таҳсил парт шудам. Ва диёри ғурбат маро балъид.

Аммо Толеъ бурдборона таҳсилоташро ба саранҷом расонд, вале дунболи орзуҳои варзишиаш рафт. Паҳлавон шуд. Дар риштаи вазнабардории қудратӣ (пауэрлифтинг) ҷаҳонқаҳрамон шуд. Дар Душанбе варзишгоҳе ба роҳ андохт, шогирдоне парвард, дар авҷи ҷавонӣ шаҳди устодиро чашид. Ва баъд, ҳамонанди бисёре дигар аз шоистагони ин миллати гирифтор роҳаш ба бурунмарз мунтаҳӣ шуд. Акнун дар Дубай мураббии варзишкорони маълули Амороти Муттаҳида аст. Ва ҳамин ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, дар кишвари мо – Бритониёст. Шогирдони маълулашро овардааст, ки дар як мусобиқаи байнулмилалӣ нерӯозмоӣ кунанд. Бо ҳар комгории худ бар шодии равони падари шодравонаш меафзояд.

***

Занги телефунии Толеъ маро ба замонҳое бурд, ки умед зинда буд. Аслан умеду орзу василаи танаффуси мо буд. Айни Шоҳзода-кучулуи Экзюперӣ мутмаин будем, ки бо қалам мешавад дунёро тавре дигар тарсим кард ва дар даруни қоби тасвирамон мешавад то бениҳоят зисту хандиду хуш буд.

Мусаввире, ки он қаламро ба дасти ман дод, падари Толеъ буд. Аз ҷинси шарофату виҷдон буд. Ё шояд яктикка виҷдони бедор буд, ки имрӯза бояд бо заррабин дунболи ҳамонандонаш гашт. Мақолае, ки менавишт, ҷуз бад-он шакл наметавонист навишта шавад, вагарна ҳақиқати он осеб медид. Танзи лухту урёне, ки мегуфт, воқеъияти кареҳро ба урёнтарин ҳолати худ меовард. Ва ъумқи талхии он воқеъиятҳо “Хандаҳои гиряолуд”-аш ба само бармехост.

Имомназари Холназар, ки агар марги нобаҳангом амон дода буд, рӯзи шашуми ут (август)-и имсол 62-сола мешуд, аз диди мани шогирдаш, дар Тоҷикистон дигар ҳамонанде надорад. Шояд ҳам бошаду ман намедонам. Шояд бошад бузургворе дигар, ки дасти навҷавоне дилозурда ва партшуда аз донишгоҳро бигираду бигӯяд: “Донишгоҳи ту ҳамин дафтари ман аст. Ҳар он чи рӯзноманигорӣ мехоҳӣ, ҳамин ҷо фаро бигир. Ва чи беҳтар, ки ба доми чорчӯбҳои маҳдуди рӯзноманигории расмӣ науфтодӣ”. Шояд ҳанӯз бошад виҷдоне, ки дасташ тавони навиштани сухани ноҳақро надорад; ҳатто агар дар баробари ҳар ҳарфи навиштааш як ман зару сим нисораш кунанд. Шояд. Аммо то кунун ҳамонандашро надидаам.

То кунун касеро бо он шаҳомату хулус надидаам. Масун буд аз бемориҳои вогирдоре, ки ҷомеъаро дарнавардиданду бисёреро шикор карданд. Шуъури миллиаш сипари балои маҳалгароӣ буд ва виҷдонаш дофеъи дурӯғу фасод.

Солҳо пеш навҷавони барошуфтае буд, ки бар низоми ақидатии донишгоҳ шӯрид, ронда шуд, ноумеду дарбадар буд. Ва дасте бар сари таку танҳояш нишасту сарпаноҳаш шуд, роҳу чоҳро нишонаш дод ва масири зиндагиашро тарсим кард. Он навҷавон, ки акнун ба синне расида, дар таҷлил аз он дасти муборак, ки чи нобаҳангом рафт, сирфан роҳеро мепаймояд, ки ҳамӯ нишонаш дода буд.
 
Марги зудҳангоми Имомназари Холназар намоди ситамест, ки бар зеҳнҳои равшану виҷдонҳои бедори ин ҷомеъа меравад.

***

Бо Толеъ қарор гузоштем, ки рӯзи зодрӯзи устод дидорҳоро тоза кунем. Дар гӯшае аз Ландан ба ёди ҷовидном шамъеро равшан кунему ҳисобӣ бихандем. Танзи устодро бихонему қоҳ-қоҳ бизанем ба мусибатҳое, ки саранҷом моро мекушад. Бо хандаҳои тоҷикӣ, ки ҳамеша гиряолуданд.

Thursday, July 24, 2014

RAHMAN’S FAMILY AND POWER IN TAJIKISTAN




5 November 2013


A giant poster covers the façade of the Agriculture Ministry in central Dushanbe. It shows President Emamali Rahman standing in a field at harvest-time with a sheaf of wheat in his arms. 

The imposing poster – one of hundreds throughout the country – is meant to remind people of the benefits Tajiks have reaped from their president’s 21 year- rule.

The more cynical among them, however, point out that when it comes to reaping the benefits, the president’s family seem to have had a particularly successful harvest.

President Rahman  has nine children. Most Tajiks can name all seven of his daughters and his two sons. But two of them are particularly well known – his daughter Azada Rahmanova, , and his son Rustam Emamali.

Azada who is Rahman’s second child, served as cultural attaché in the Tajik embassy in Washington before moving to her current role as  deputy Foreign Minister.

Azada is married to Jamaliddin Nuraliev – currently deputy Finance Minister and reportedly one of the wealthiest men in the country.

Azada’s brother Rustam, 26, is a former professional football player for Dushanbe’s Istiqlal club. He now heads deputy head of the Tajik  Customs Service, and is also president of Tajikistan’s Football Federation.

Many observers are now asking if Emamali Rahman might have presidential ambitions of a higher kind for his son.

Following the precedent set by the ruling Aliyev family in Azerbaijan, there’s much speculation that Rustam is being groomed to succeed his father in the next elections in 2020.

The husbands of some of President Rahman’s other daughters have also landed top jobs.

One, Shamsullah Sahibov,  is currently Tajikistan’s commercial attaché in London. Another, Mahmadzahir Sahibov, is in charge of the country’s overseas trade missions.

It’s a situation which infuriates some of Tajikistan’s opposition leaders.

“Over 50% of economic opportunities and facilities in the country belong to this single family,” says Rahmatullah Zairov, the head of the Social Democratic Party. “They regulate them, they possess them. It’s too much.”

Another member of the family who has frequently been in the headlines in Tajikistan is the president’s brother in law Hasan Asadullahzade.

He runs one of the country’s major banks, Oryonbank, which is widely reported in the Tajik media, to have a controlling stake in some of the country’s biggest businesses.

However Deputy Economy Minister Umed Dawlatzad, who used to be the deputy head of Oryonbank, plays down the links between the bank, the family and big business.

“It’s more important for me to know that all companies that you say belong to Oryonbank are working well, he said. [And that they are] increasing our productivity and creating more jobs for our people and contributing to the budget of the country.”

Other supporters of the president,  like veteran politician Sultan Mirzashaev,  argue that it’s natural that Mr Rahman should want to surround himself with competent and reliable people and that it’s irrelevant that some also happen to be his relatives.. 

“Our President has many children and relations,” he told the BBC. “Do you think they shouldn’t work in Tajikistan just because they are from the presidential family? Of course they should. Besides, they are not ignorant and all of them are well-educated and experienced people”.

Access to the Tajik first family is strictly controlled by the security services, but occasional glimpses into their lifestyles do sometimes emerge.

Earlier this year some footage was leaked to social media sites, showing President Rahman leading the celebrations at his son Rustam’s wedding.

The footage showing the president dancing enthusiastically, banging out a tune with a spoon on an official’s head and singing out of tune with a professional singer,  prompted much hilarity in Tajik cyberspace.

But observers were also quick to point out that the  lavish eight-hour party at an official government guest house, was a far cry from the modest three-hour celebrations, which Mr Rahman himself has decreed the acceptable norm for ordinary Tajiks in a new law to curb the tradition of spending huge amounts of money on weddings.

Dadajan Atavullaev, is the Berlin-based opposition activist who got hold of the wedding video and broadcast it on his internet TV channel. After the footage was aired he was briefly detained at Moscow airport, and later denied entry to Georgia on a business trip, events which he claims were retaliation for the video.

“I found out later that Rahman’s regime has put my name on Interpol’s wanted list as a terrorist,” he says  “All I wanted to do was to show that this government based on family ties doesn’t care about people. They have turned Tajikistan into a family business.”

But few Tajiks based inside the country are willing to openly express their discontent with the concentration of power in the hands of a few from a single family.

Some see the privileges of the ruling family as an unavoidable fact of life in a post-Soviet country, and most  fear the possible consequences of speaking out.

Those that do, often refer to the country’s anti-corruption law that prohibits state officials from giving jobs to their close relatives.  Why, they wonder, doesn’t the president abide by his own law?

Sunday, June 29, 2014

Дар сӯги Зарибону

Сахт талху ногувор аст навиштани сӯгномаи дӯст. Аммо боиста, то дигарон низ бидонанд, ки чи ганҷи шойгоне пинҳон шуда. Ва он ҳам чи зуду шитобон. Пас аз як ъумр талоши дурахшон дар пешгоҳи Эрон. Эрони фарҳангӣ.

Заҳро Ҷазоирӣ, ки таҷассуми меҳру накӯкорӣ буд, дар синни панҷоҳу нуҳсолагӣ пас аз пайкори мумтад бо саратон дар оғӯши гарми хонаводааш дар Ландан ҷон дод. Зарибону (онгуна ки мо, дӯстонаш, ӯро хитоб мекардем), зодаи Теҳрон ва аз бастагони Саъиди Нафисӣ буд ва аз он тариқ бо Фарорӯд ва бавежа Тоҷикистон нисбат дошт. Эронро аз чашмони Фирдавсӣ медид ва марзҳои сиёсии миёни пораҳои ин сарзамин аз қалбу мағзи ъазизи ӯ нагузашта буд.

Хонаи ӯ дар шимоли Ландан хонаи фарҳанги Эрони Бузург буд. Бисёре аз фарҳехтагони Эрону Тоҷикистону Афғонистон, ки гузорашон ба Ландан уфтода, меҳмони Заҳро Ҷазоирӣ будаанд. Борҳо шахсиятҳои матраҳе чун Давлатманди Хол, Толиб Шаҳидӣ, Давлат Худоназаров, Муъмин Қаноъат, Фарзонаи Хуҷандӣ, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва чеҳраҳои саршиноси дигар аз Фарорӯд гули сари сабади маҳфилҳои фарҳангии Заҳро Ҷазоирӣ дар кошонаи ӯ будаанд. Заҳро Ҷазоирӣ занҷири гусастаи фарҳанги эронии минтақаро дар Ландан ҷӯшкорӣ (кафшер) мекард.

Заҳро Ҷазоирӣ аз накӯкортарин инсонҳои рӯи ин хок буд. Бизоъати андаки худро ҳаққи ҳалоли мардумони сарзамини фарҳангиаш медонист ва дар кори хайр ҳамвора пештоз буд. Аз замони ҷанги дохилии Тоҷикистон по ба кишвари мо ниҳод, ба он дил баст, ба дурдасттарин рустоҳои он сар зад ва тайи солҳо ба ятимхонаҳои Бадахшон кумаки бедареғу пайваста мекард.

Ҳамвора ҷӯёи ахбор аз Тоҷикистон буд. Аз бадовариҳои Тоҷикистон дар андӯҳ буд ва аз комгориҳои андакаш шод. Кӯчактарин мушкили тоҷиконро мушкили худаш медонист. То шунид, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоъири тоҷики Узбакистон, ба як роёнак (лаптоп) ниёз дорад, роёнаке таҳия карду фиристод барои устод, то осорашро ҳуруфчинӣ кунад. То шунид, ки тарҳи садди Роғун Тоҷикистонро аз бунбасти иқтисодӣ наҷот хоҳад дод, корзоре роҳ андохт барои ҷамъоварии кумак ба ин тарҳ. То шунид як гурӯҳ аз корбарони Фейсбуки Тоҷикистон маҷаллае бо номи “Забони порсӣ” роҳ андохтаанд, ба сандуқи он маҷалла пул ворез кард. Гӯӣ мароми зиндагиаш дар кумак ба пешбурди Эрони фарҳангӣ хулоса мешуд.

Созмони хайрияе, ки бунёд ниҳод ҳам “Варорӯд” ном дошт.

Бо як чунин шахсияте наметавон худоҳофизӣ кард. Чун ҷойгоҳаш дар қалби дӯсторонаш ҳамешагист ва ҳаргиз бо ҳузури касе дигар пур намешавад. Ёду номи Заҳро Ҷазоирӣ ҷовидона бод.


***

سخت تلخ و ناگوار است نوشتن سوگنامۀ دوست. اما بایسته، تا دیگران نیز بدانند که چه گنج شایگانی پنهان شده. و آن هم چه زود و شتابان. پس از یک عمر تلاش درخشان در پیشگاه ایران. ایرانِ فرهنگی.

زهرا جزایری که تجسم مهر و نکوکاری بود، در سن پنجاه و نه‌سالگی پس از پیکار ممتد با سرطان، در آغوش گرم خانواده‌اش در لندن جان داد. زری‌بانو (آنگونه که ما، دوستانش، او را خطاب می‌کردیم)، زادۀ تهران و از بستگان سعید نفیسی بود و از آن طریق با فرارود و به‌ویژه تاجیکستان نسبت داشت. ایران را از چشمان فردوسی می‌دید و مرزهای سیاسی میان پاره‌های این سرزمین از قلب و مغز عزیز او نگذشته بود. خانۀ او در شمال لندن، خانۀ فرهنگ ایران بزرگ بود. بسیاری از فرهیختگان ایران و تاجیکستان و افغانستان که گذارشان به لندن افتاده، مهمان زهرا جزایری بوده‌اند. بارها شخصیت‌های مطرحی چون دولتمند خال، طالب شهیدی، دولت خدانظرف، مؤمن قناعت، فرزانه خجندی، حیات نعمت سمرقندی و چهره‌های سرشناس دیگر از فرارود گل سر سبد محفل‌های فرهنگی زهرا جزایری در کاشانۀ او بوده‌اند. زهرا جزایری زنجیر گسستۀ فرهنگ ایرانی منطقه را در لندن جوشکاری می‌کرد.

زهرا جزایری از نکوکارترین انسان‌های روی این خاک بود. بضاعت اندک خود را حق حلال مردمان سرزمین فرهنگی‌اش می‌دانست و در کار خیر همواره پیشتاز بود. از زمان جنگ داخلی در تاجیکستان پا به کشور ما نهاد، به آن دل بست، به دوردست‌ترین روستاهای آن سر زد و طی سال‌ها به یتیم‌خانه‌های بدخشان کمک بی‌دریغ و پیوسته می‌کرد.

همواره جویای اخبار از تاجیکستان بود. از بدآوری‌های تاجیکستان در اندوه بود و از کامگاری‌های اندکش شاد. کوچک‌ترین مشکل تاجیکان را مشکل خودش می‌دانست. تا شنید که حیات نعمت سمرقندی، شاعر تاجیک ازبکستان، به یک رایانک (لپتاپ) نیاز دارد، رایانکی تهیه کرد و فرستاد برای استاد تا آثارش را حروف‌چینی کند. تا شنید که طرح سد راغون، تاجیکستان را از بن‌بست اقتصادی نجات خواهد داد، کارزاری راه انداخت برای جمعاوری کمک به این طرح. تا شنید یک گروه از کاربران فیس‌بوک تاجیکستان مجله‌ای با نام «زبان پارسی» راه انداخته‌اند، به صندوق آن مجله پول واریز کرد. گویی مرام زندگی‌اش در کمک به پیشبرد ایران فرهنگی خلاصه می‌شد.

سازمان خیریه‌ای که بنیاد نهاد هم «ورارود» نام داشت.

با یک چنین شخصیتی نمی‌توان خداحافظی کرد. چون جایگاهش در قلب دوستارانش همیشگی است و هرگز با حضور کسی دیگر پر نمی‌شود. یاد و نام زهرا جزایری جاودانه باد.

Friday, June 27, 2014

Кадом "Рӯзи Ваҳдат"?

Аз субҳи имрӯз паёмҳои шодбош дарёфт мекунам. Дӯстони арҷманде аз Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдатро шодбош мегӯянд. 

Бо арҷ ба якояки онҳо менависам: Ин рӯз бар шумо хуҷаста бод!
 

Аммо, баростӣ, суҳбат аз кадом “ваҳдат” аст? 

Оё тайи ин 17 сол баростӣ ба ваҳдат даст ёфтаем? Оё тоҷик ба ъунвони як миллати якпорча қад ъалам кардааст? Ё ҳанӯз бо гузашти ҳудуди 20 сол дар ҳоли тақсими ғаноими он ҷанги шармовар аст? Ё ҳанӯз як тараф, як маҳал, як русто, на, як хонавода худро танҳо пирӯзи он ҷанг медонад ва қабза кардани дору надори миллатро ҳаққи ҳалоли худ медонад? Оё Тоҷикистон ба дарки ин мавзӯъ расидааст, ки ҷанги панҷсола пирӯзи дохилӣ надошт ва ҳар ду тарафи тоҷики ҷанг бозандаи мутлақи он буданд? Оё дарёфтааст, ки дар паи он ҷанг тоҷик ба нагунбахттарин, бадномтарин, бечоратарин ва оворатарин миллати паҳнаи пасошӯравӣ табдил шудааст? Оё фаҳмидааст, ки он ҷанг ъиззати нафси тоҷикро барбод дода, ба гунае, ки дигар ҳувияту худшиносӣ, шуъуру ғурури миллӣ ба саробе дастнорас табдил шудааст? Оё ба ҳисоби шӯрандозони бегонаи он "ҷанги дохилӣ" расидааст ё дастикам ниқоб аз чеҳраи онҳо барафкандааст?..

Пас суҳбат аз кадом ҷашни ваҳдат аст?

Sunday, March 02, 2014

Whenever I shuffle IRAN...

Whenever I shuffle IRAN in my memory I find myself under the RAIN
هر گاه با "ايران" در حافظه ام بازى مى كنم، "باران" مى شود.

Sunday, January 12, 2014

Ghazali vs Philosophers

 Ғазолӣ дар қиболи фалосифа
 
Samad Zubayd, дар посух ба пурсишҳои Шумо:

Агар дар Эрон зиндагӣ мекунед ё бо Анҷумани ҳикмату фалсафаи онҷо ошноӣ доред, ҳатман дуктур Ғуломризо Аъвониро ҳам бояд бишносед. Файласуфи баноми эронӣ ва устоди пешини Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ва раиси Анҷумани ҳикмату фалсафаи Ҷумҳурии Исломии Эрон. Ӯ дар яке аз суханрониҳояш мегӯяд: “Ман, агарчи ба Ғаззолӣ эҳтиром мегузорам, аммо ҳаргиз ӯро намебахшам, чаро ки бисёре аз бузургонро такфир кардааст”.

Ризо Доварии Ардаконӣ ҳам аз андешамандони муъосири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ҳарчанд мункири хусумати Ғаззолӣ ъалайҳи фалсафаву файласуфон нест, аммо талош кардааст аз ӯ чеҳраи созандае тарсим кунад ва мегӯяд: Дар кул, агар ба торихи фалсафаи исломӣ нигоҳе биандозем, ин торих ба ъунвони хатти ҷамъи дину фалсафа дар назар меояд, ки нуқтаи шурӯъи ин талош дар ҷиҳати интибоқи ин ду ҳавза дар назариёти Форобӣ ёфтанист... Ба баёне дигар, фалсафае, ки ин файласуфон ба армуғон овардаанд, дар нигоҳи касоне чун Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва Фахри Розӣ тавони ҳамли дин ва интибоқ (созгорӣ) бо онро ҳечгоҳ надоштааст.

Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда. Чун дар чорчӯби дин намешавад пурсишҳои бунёдинеро тарҳ кард, ки дин гӯё ҷавобашонро дигар додааст ва шакку тардид дар он посухҳо метавонад ширку илҳоду ҳазор балои дигар фарз шавад. Дин мегӯяд, ман тамоми посухҳоро додаам ва дигар ниёзе ба кунҷковии ту нест. Фалсафа мегӯяд, ҳеч ҳақиқате мутлақ нест ва ҳама чиз шакпазир аст ва дар ҷараёни ҳамин шаккокию ҷустуҷӯст, ки мешавад ба бархе аз пурсишҳои ҳаётӣ посухе нисбӣ ва ъақлонӣ ёфт. Ғаззолӣ бо “Таҳофат-ул-фалосифа”-аш ҷилави ин кунҷковиро гирифт, камари фалсафаро шикаст ва фалсафаи диниро поягузорӣ кард. Ба гунае, ки тарҳи пурсишҳо сирфан барои исботи он чи дар матну батни дин омадааст, муҷоз аст ва набояд фаротар аз он биравад. Аз ин рӯ, баъд аз по гирифтани дидгоҳи иртиҷоъии Ғаззолӣ дар Эронзамин андак андешаманди ҷаҳонгире чун Пури Сино падид омадааст. Чун мағзҳои мутафаккир дар қафаси маҳдуде қарор гирифтанд ва сирфан иҷозаи парвоз дар маҳдудаи ҳамон қафасро доштанд.
http://www.irip.ir/Home/Single/12148

  • Dariush Rajabian http://www.irip.ir/Home/Single/12148
    www.irip.ir
    دکتر غلامرضا اعوانی در مراسم افتتاحیه همایش مکتب اصفهان گفت من اگرچه به غزالی اح...See more
  • Samad Zubayd Бародари азиз, ташаккур барои ҷавоби дақиқат. Бояд бигӯям, ки ман боре дар Эрон набудам, ҳарчанд орзӯяшро дорам! Дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам, аммо ҳоло дар Русия мардикорам.
  • Samad Zubayd Саволи ман ин буд барои равшантар шудани сӯҳбат онро такроран меорам : Агар иҷозат бошад ба баробари азиз Дорюш ду савол доштам: 1) аз баҳс маълум гашт, ки шумо баҳси Ғазолию Ибни Синоро сабаби сукути илм дар Эронзамин мебинед. Оё далеле барои ин доред? То ҷое ман медонам Ибни Сино баъдан соҳиби вазифаи давлатӣ буд ва бо аҷали худаш(бо бемории қулинҷ) фавтидаас ва касе китобу эҷодиёти ӯро насӯхтаат ва дар баробари ин баъди ин моҷаро илм дар Эронзамин зиёда аз 250 сол ва адабиёт 500 сол ҳукум рондааст; 2) Сабаб чист, ки баҳси ду пешвои илмро ба баҳси илму дин табдил диҳем ва хулоса кунем, ки дин ба пешравии илм монеъ аст.
  • Dariush Rajabian Самади гиромӣ, мамнунам. Хаста набошед аз мардикорӣ.
    Умедворам посухи боло Шуморо қонеъ карда бошад. Агар пурсише дигар ҳаст, дар ҳадди тавонам посух хоҳам гуфт. Комраво бошед.
  • Samad Zubayd Бародари азиз Дориюш, оё аз мисолҳои овардаат хулоса кардан мумкин нест, ки дар баробари Ибни Рушд дигарон низ ба ақидаи Ғазолӣ розӣ набуданд ва ин гуногунақидагӣ боиси пеш рафтани илми фалсафа баъди Синою Ғазолӣ гашт, чуноне, ки дар навиштаи боло гуфтам. Аммо ин зиддият танҳо дар масъалаҳои гуфтаи Маҳмуд буданд, ки шахсан ман ҳарду тарафро дарк карда метавонам. Аммо ҳеҷ ҷое ман во нахӯрдам, ки ислом ба пешравии илмҳои даққиқ ва ҷомеашиносӣ шуда бошад.
  • Dariush Rajabian Дар оғоз дақиқан чунин буд, Самади арҷманд, ва "Таҳофат-ут-таҳофат"-и Ибни Рушд талоше буд қавӣ, аммо нокофӣ ва нопайгирона дар радди дидгоҳи мазҳабмеҳваронаи Ғаззолӣ. Ва он чи батадриҷ дар ҷомеъаи андешагии Эронзамин ҷо уфтод (ки то ба рӯзгори мо расидааст), ҳамон фалсафа дар батни мазҳаб буду ҳаст; фалсафае, ки натавонист аз қайду банде, ки Ғаззолӣ барояш танида буд, раҳо шавад. Ва мусалламан, ҳеч андешае фалсафӣ дар чорчӯбе, ки усулаш аз пеш муъайян шуда бошад, дастоварди чашмгире нахоҳад дошт.
  • Samad Zubayd Дар навиштаатон ҷумлаеро вохӯрдам :"Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда" , ки ба гуфтаи худи Сино "муҳкамтар аз имони ман имон нест" мухолиф аст.
  • Samad Zubayd Баъдан, оё барои пеш рафтани чизе ҳатман бояд чизи дигарро инкор кард?
  • Dariush Rajabian Ёдатон бошад, ки Пури Сино аз бузургтарин чеҳраҳои такфиршуда аз сӯи Ғаззолист. Аз ин ҷост, ки бузургвор он сурудаи маъруфашро фармуда.
    Бастагӣ дорад, ки Шумо "имон"-ро дар чи чорчӯбе баррасӣ мекунед. Агар ба монанди ъавоми мусалмон "имон"-ро сирфан ва истисноан вежа ё мухтасси ислом медонед ва он ҳам бардошти дақиқу мушаххасе аз ислом, ки ҳамонанди бардошти Ғаззолӣ аз он бошад, бегумон, Пури Сино мутаъаллиқ ба як чунин имоне набуд. Вагарна дар ҷустуҷӯи ъилм даст ба корҳои ғайримутаъориф (он чи дар ъурфи мусалмонони он даврон набуд) намезад. Аммо агар бардошти Шумо аз "имон" фаротар аз бардошти тангназаронаи ёдшуда бошад, баростӣ, муҳкамтар аз имони Пури Сино имон набувад. Ӯ бо такя ба ҳамон имон ва барои пайдо кардани маншаъи он имон ба такопӯи донишӣ мепардохт.
  • Dariush Rajabian Барои "пеш рафтани чизе"-ро намедонам, аммо таъйини ҳадду марз барои андеша бегумон монеъ аз пешрафти андеша мешавад. Ба он монад, ки касеро дар як хона нигаҳ доранд ва иҷоза надиҳанд, ки аз он хона по фаротар бигзорад. Баъд аз солҳо аз ӯ бихоҳанд, ки достоне дар бораи саҳрое бинависад, ки аз ӯ садҳо фарсанг фосила дорад. Мусалламан, он чи менависад, чаранде беш нахоҳад буд; дар ҳадди ашёе, ки дар чордевории хонааш мебинад.
    Ба ҳамин шева, маҳбус кардани андеша дар чорчӯби як бовари росих (сахту муҳкам) ба маънии маҳрум кардани он андеша аз дастрасӣ ба ҷойҳоест, ки шояд ҳақиқате шигарф дар он ниҳон бошад. Донишмандоне, ки он қайду бандҳоро надоштанд, ба монанди Пури Сино ва андешамандони Ғарби имрӯза, ба авҷ расиданд. Ононе, ки таслими қайду банд шуданд, дар ҳамон маҳдудаи хонаи худ мондаанд.
  • Samad Zubayd Дориюши азиз, дар бори имони Сино мо танҳо гумон карда метавонем. Ман боварӣ дорам, ки Ибни Сино аз ҳади ислому шариат берун нарафтааст ( қоил ба имони худ ба Худо). Аз ин рӯ баин навиштаатон: "Вагарна дар ҷустуҷӯи ъилм даст ба корҳои ғайримутаъориф (он чи дар ъурфи мусалмонони он даврон набуд) намезад" розӣ буда наметавонам.
  • Samad Zubayd Аз тарафи дигар шумо қоил ҳастед, ки Сино аз доираи ислом берун омадааст ва аз тарафи дигар Ғазолиро барои бадгӯии Синно гунаҳкор медонед. Оё ин дуруст аст!
  • Dariush Rajabian Самади гиромӣ, агар Пури Сино дар маҳдудаи исломи мавриди назари Ғаззолӣ монда буд, такфир намешуд. Ин як ҳақиқати мактуби торих аст ва ба ризоят ё норизояти ману Шумо кӯчактарин рабте надорад.
  • Samad Zubayd Дориюши азиз, оё файласуфони ғарб масъалаи баҳси байнӣ Синою Ғазолиро пурра ба манфиати Сино ҳал кардаанд?
  • Dariush Rajabian Самади гиромӣ, файласуфони Ғарб резахорони хони Пури Сино ва амсоли ӯянд. Роҳеро паймудаанд, ки ӯ паймуд. Пас натиҷа посухи равшанест ба пурсиши Шумо.
  • Samad Zubayd Сухан сари ҳамин аст, ки ин муаммо то охир ҳал нашавандааст, чунки аз нигоҳу имони мо вобастагӣ дорад, ки кадомашро интихоб мекунем.
  • Dariush Rajabian Барои мактаби фалсафаи Ғарб ин муъаммо қарнҳост, ки ҳал шудааст ва истиқлоли фалсафа аз боварҳои росих пешрафти бузургеро барояш рақам задааст.
  • Dariush Rajabian Файласуфону мутакаллимони ғарбии қарнҳои вусто ё миёна дар Урупо ҳам аз Ғаззолӣ таъсир пазируфта буданд, ки маъруфтарини онҳо Тумос Окуинос (Thomas Aquinas), файласуф, мутакаллим ва кашиши масеҳии итолиёии садаи 13-уми мелодӣ буд. Ӯ низ дар пайравӣ аз Ғаззолӣ хостори эъмоли маҳдудиятҳои мазҳабӣ бар андешаи фалсафӣ буд. Аммо тафовути боризе, ки дар рӯйкарди ин ду ба фалсафа вуҷуд дошт, ин буд, ки Окуинос аз осори файласуфони юнонию лотини пеш аз масеҳият ва навиштаҳои ъарабӣ ҳам баҳра мебурд, дар ҳоле ки Ғаззолӣ истифода аз осори андешамандони номусалмоне чун Арастуву Афлотунро мардуд медонист. Он рӯйкарди Окуинос натиҷаи беҳтаре ба бор овард, албатта, ва бар донистаҳои фалсафии Бохтарзамин афзуд.
  • Asli Shah Qurbani Бахси хуб буд, вале бояд гуфт ки Газоли мисли тамоми мутакаллимони мусалмон аз усули фалсафаи Сино бахра бурда буд. Мехохам чанд нуктаи мухимро рочеъ ба бознигарии назари мухаккикони Гарб ба тарики хеле фишурда дар миен гузорам:

    1. Ин ки фалсафа баъд аз Газоли сукут кард, нодуруст аст, чунки фалсафа билофосила дар чахони Ислом, махсусан Ирон матрах буд.

    2. Вале ин ки фалсафаи Ислом мазхабмехвар буда, бештар аз хама хизмати Буали Сино аст, то Газоли. Газоли афкори Синоро барои суст будани пояхои мантикиаш барои исботи вахйи илохи накд кардааст, вале ин накди Газоли аз Сино такфир буда наметавонад (!). Хадди акал ин фикри баъзе мухаккикони Гарби аст.

    3. Ин заминаи исломии фалсафаи Сино буд, ки уро Файласуфи Ислом ва Шайхурраис кард, яъне фалсафаи у усулан ва амалан исботи вахйи исломи дар чорчуби фалсафаи Арасту буд. Дар хар чое ки фалсафаи Арасту бо дидгохи Ислом мухолиф буд, (масалан Арасту бовар дошт ки рухи инсон миранда аст ва наметавонад бидуни часад вучуд дошта бошад) Сино онро рад кард, бо далоили мантики ва усули фалсафи.

    4. Заминаи вокеие барои такфири Сино вучуд надошт, хатто дар масоили кидмати офариниш, ва растохези чисмони, ки ба баррасии пурраи онхо хочат нест.
  • Dariush Rajabian Аслишоҳи арчманд, дуруду сипос аз изҳори назари судманд.

    Дар ин ки Ғазолй аз омўзаҳои Форобй ва бавежа Пури Сино баҳра бурдааст, шакке нест. Ҳатто дар мавориде истилоҳоти ъадлу чуду калому қазову истилову қудрату сабабу мусаббиб-ул-асбобро дақиқан ба шеваи Пури Сино ба кор бурда, яъне дар воқеъ суханони Пури Синоро бозгў кардааст. Ва бино ба бовари ғолиб, китоби “Мақосид-ул-фалосифа"-и ў тарчумаи озоди “Донишномаи Ъалои”-и порсии Пури Сино ба забони ъарабист. Дар воқеъ, яке аз вежагиҳои Ғазолй дар навиштаҳояш ин аст, ки ба касе ҳисоб пас намедиҳад ва равшан намекунад, ки марчаъи фалон андеша чи навиштаест ва соҳиби фалон фарзия кист. Тасаввуре, ки аз навиштаҳои Ғазолй ҳосил мешавад, ин аст, ки ў донои кулл аст ва ҳар он чи мегўяд, сирфан аз андўхтаҳои худи ў бар пояи тачрубиёташ аст. Ба ҳамин шева, аз Муҳосибй, Абўтолиби Маккй, Абулқосими Қушайрй ва донишмандони дигаре, ки дар парвариши зеҳнии ў саҳм доштанд, дар осори фикриаш ному нишоне нест. Пас дар ин маврид, ки ў башиддат аз Пури Сино таъсир пазируфта ва баҳра бурда буд, шакке нест.

    Ин таъсирпазирии ў маҳдуд ба корбурди истилоҳоти фалсафию илоҳиётй намешуд, балки шеваи арастуи ё юнонии истидлоли мантиқиро ҳам дақиқан аз осори бузургоне чун Форобию Пури Сино фаро гирифта буд. Яъне бо абзоре, ки ба дасташ супурданд, соҳибони абзорро муҳкам кўбид ва бо таваччуҳ бар чавви ғолиб дар минтақа комгор ҳам шуд. Ъунсурҳоеро, ки аз Пури Сино вом гирифта буд, ба гунае тағйир дод, ки ба абзорҳое бакуллй мутафовит табдил шуданд.
    (Дунбола дорад)
  • Dariush Rajabian Шояд мачоли пардохтан ба тамоми адилла ва баҳсҳои ду тараф дар инчо набошад, аммо нукоти муҳим аз 20 мавриди эроде, ки Ғазолй дар “Таҳофат” аз файласуфон гирифтааст, 3 нуктаи калидист, ки мавзеъи ҳар ду тарафро ошкор мекунад:

    1. Бовари файласуфони давр ба азалияти замон ва набуди замоне дақиқ барои офариниш ба далели вучуди азалии Офаридгор;
    2. Ъадами огоҳии Офаридгор аз чузъиёти гайҳоне, ки офаридааст;
    3. Радди ҳашр ё растохези физикй (чисмонй) дар рўзи қиёмат.

    Дар ҳар се маврид Ғазолй кунчковии файласуфонро навъе ширку беэътиқодй ба Парвардигор таъбир мекунад ва дар ҳар се маврид ҳам вучуди пайванд миёни ъиллат ва маълул (причина и следствие)-ро рад мекунад. Барои намуна, файласуфон мегуфтанд, ки ъиллати сўхтани порча ба маҳзи наздик шуданаш ба оташ ламси оташ аст, ки як табйини ъилмй аз вуқуъи як рухдоди физикй буд. Аммо Ғазолй мункири тановуби ин ду рухдод (ъиллату маълул) буд ва мегуфт, далели оташ гирифтани он порча иродаи илоҳист ва танҳо маълули тамоми ъиллатҳо ҳам Парвардигор аст. Намунае, ки меоварад, ривояти сомии дар оташ насўхтани Иброҳим аст ва мегўяд, чун яке-ду бор иттифоқот тановубе мушаххас доштаанд, далел намешавад, ки он тановуб дар ҳар мавриди дигар ҳам риъоят шавад. Яъне Ғазолй кунчковии донишмандона дар вуқўъи ҳодисаеро мардуд медонист ва онро иттифоқе сарзада аз амёли Офаридгор талаққй мекард. Ва ин навъи рўйкард дар дигар мавридҳо ҳам сидқ мекунад.
    (Дунбола дорад)
  • Dariush Rajabian Он чи пур равшан аст, чолишест, ки Форобию Пури Сино ва амсолиҳум дар баробари боварҳои погирифта дар чомеъаи мазҳабй қарор дода буданд. Ва Имом Ғазолй, андешаманди шофеъии ашъарии сўфимаслак, бо қудрати тамом ва пуштвонаи мазҳабиюн тавонист андешаро дар чорчўби эътиқодии худаш қарор диҳад.

    Баъд аз сайтараи рўйкарди Ғазолй бар андеша дар сарзаминҳои мо фалсафа сайри нузулй дошт. Ҳудуди 100 сол баъд аз ў Ибни Рушд шитобон омада буд, ки вазъро тағйир диҳад ва дар радди дидгоҳҳои Ғазолй ду китоб навишт (“Таҳофат-ут-таҳофат” ва “Фасл-ул-мақол”). Аммо дигар кор аз кор гузашта буд ва андешаи ъавомписандонаи Ғазолй реша давонда буд. Дар натича “фалсафа” дар чаҳони ислом (чи тасаннун ва чи ташайюъ) ба ҳамон шевае, ки Ғазолй хишти аввалашро гузошта буд, мондагор шуд; яъне омезае аз мантиқи арастуи ва илоҳиёт ва бардошти фалсафй аз тасаввуфу ъирфон. Яъне ъилме, ки фориғ аз ҳар қайду банде қарор буд шаккоконаву кунчковона тамоми сўрох-сунбаҳои офаринишро дарнавардад, табдил ба як парандаи қафасй шуд, ки овоз мехонад, аммо фақат барои соҳибаш.
    Ҳукми такфир, ки Ғазолй бар пешонии файласуфони моқабли худ кўбида буд, ъомили боздорандаи бузурге дар озодии андеша дар сарзаминҳои мо шуд.
  • Сайидюнуси Истаравшани "...Дар натича “фалсафа” дар чаҳони ислом (чи тасаннун ва чи ташайюъ) ба ҳамон шевае, ки Ғазолй хишти аввалашро гузошта буд, мондагор шуд; яъне омезае аз мантиқи арастуи ва илоҳиёт ва бардошти фалсафй аз тасаввуфу ъирфон. Яъне ъилме, ки фориғ аз ҳар қайду банде қарор буд шаккоконаву кунчковона тамоми сўрох-сунбаҳои офаринишро дарнавардад, табдил ба як парандаи қафасй шуд, ки овоз мехонад, аммо фақат барои соҳибаш..." Фикр накунам ин натиҷагирии шумо дуруст бошад Дориюши гиромӣ! Ончи Имом Ғаззолӣ аз реша бо он ба мухолифат бархост, фалсафаи Машшоъ аст, яъне Имом Ғаззолӣ ба наққодии ҳамин машраб аз фалсафа пардохта, албатта дар бораи дигар машрабҳои фалсафӣ ҳам назароте дода, аммо бештар ба ҳамин тохта. Ва ин дар ҳоле аст, ки на танҳо баъд аз Ғаззолӣ, балки ҳатто ҳамзамон бо ӯ фалосифаи Машшоъ дар Эронзамин буданд ва ҳаргиз ин машраб аз он сурати аввалияи худ тағйир шакл, чунонки шумо мефармоед, надода. Ва мо то ба имрӯз фалосифаи машшоъ дар Эрон дорем, яъне ҳамин ҳоло соҳибназароне ҳастанд, ки машраби синавии холис дар фалсафа доранд. Ва шояд ишораи шумо ба машраби Ҳикмати Мутаъолияи Мулло Садро бошад, ки бар хилофи фармудаи шумо, ин мактаб чунонки гуфтед намебошад, балки мактабе аст, ки дар он миёни ду машраби Машшоъ ва Ишроқи Суҳравардӣ талфиқ шуда ва ба сухани дигар, тавониста миёни он ду оштӣ биандозад. Ва инҳо ҳаргиз "парандаи қафасӣ" қаламдод намешаванд. Зеро, вақте як мактаби фалсафӣ мабнояш бар муқаддимаҳои ақлии сирф устувор бошанд, дигар он мактаб фалсафӣ аст, ҳарчанд натоиҷи он бо додаҳои дин ҳамоҳанг бошанд. Аслан, қарор нест, мо аз оғоз биноро бар ин гузорем, ки ҳатман ончи фалсафа бояд ба мо бидиҳад, бо ончи дин мегӯяд мутағойир бошад. Ин як пешфарз аст, ки фалсафа душмани пешфарзҳост.
  • Сайидюнуси Истаравшани Ва сониян, ончи мефармоед, гӯӣ Имом Ғаззолӣ худ як мактаби фалсафии бахусусе бунён ниҳода, ки фалосифаи баъд аз ӯ дигар аз он пайравӣ кардаанд! Дар сурате ки ин гузориш дуруст нест. Агар барои Имом Ғаззолӣ пайравоне қоил бишавем, қатъан он пайравон дигар филсуф нестанд. Фалсафа як вижагии барҷаста дорад ва он инки: ҳарчи ақл мегӯяд, бояд таслими он бошам. Агар чунин набошад, ки дигар он фалсафа нест, ҳатто агар рӯйи он номи фалсафа ниҳода шавад.
  • Dariush Rajabian Сайидюнуси арчманд, он чи дар мавриди душмании фалсафа бо пешфарзҳо фармудед, барҳақ аст. Фалсафаро бояд озод гузошт, то шояд ба лоятаноҳй даст ёбад. Оё як чунин рўйкарде ба фалсафа дар миёни фалосифаи пасоғазолй боқист? Оё ҳеч файласуферо аз ин хитта мешиносем, ки ба пешфарзи мазҳабй пушти по зада бошад ва дар сарое дигар дунболи ҳақиқат гашта бошад? Оё "пешфарз", аз диди Шумо, сирфан марбут ба мавзеъи касоне мешавад, ки барои андешидан аз ҳар навъ пешфарзи динй ҳам безоранд?
  • Сайидюнуси Истаравшани Абадан, ҳар навъ пешфарзе марфуз аст аз ҷумла пешфарзи динӣ. Аммо, мо дар ҷаҳон ва дар миёни фалосифаи машҳур - чӣ дар олами ислом ва ғайри он, чӣ пеш аз Ғаззолӣ ва чӣ пас аз ӯ - андак филсуферо мешиносем, ки андешаҳои фалсафии ӯ дар тазод бо ончи дин мегӯяд бошад (Албатта фақат дар мавриди Худо ва сифоти ӯ, на масоили шаръӣ). Буданд ва ҳастанд фалосифаи ғайри мӯътақид ба офаридгор, аммо андаканд, инро содиқона мегӯям, бештари фалосифа худобоваранд. Инро такрор мекунам, ки манзури ман фақат дар бораи офаридгор ва сифоти ӯст, на ҷиҳоти дигари шариат, ки филсуф дигар коре ба онҳо надорад. Яъне як филсуф метавонад пойбанд ба дин (шариъат) бошад ва метавонад аслан муқайяд ба он набошад (бо инки ба офардигор мӯътақид аст), яъне ин кораш дигар рабте ба фалсафидани ӯ надорад. Ба баёни дигар, ҳитаи филсуф дар робита бо дин, фақат дар хусуси исботи офаридгор ва сифоти ӯст, аммо дар соири ҷиҳоти шаръӣ, дигар назар додан аслан аз ҳавзаи ӯ хориҷ аст магар дар бархе мактабҳои фалсафӣ. Бинобар ин, агар шумо мебинед бештари фалосифаи имрӯзӣ динмадор ҳастанд, на ба ин ҷиҳат аст, ки чун аз оғоз худро пойбанди чизе карда бошанд, балки ба ин хотир аст, ки ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинад.
  • Dariush Rajabian Сайидюнуси арчманд, ин ки тасаввур бикунем файласуфон ҳаргиз ё маъмулан "ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинанд", худ як пешфарзи муҳлик аст, магар на?
    Андак нестанд файласуфоне, ки боварҳои худро бо боварҳои динй дар таноқуз дидаанд. Википедиё феҳрестеро аз файласуфони бехудо тартиб дода, ки дар пайванди зер мебинед. Ва боз ҳам андак нестанд файласуфоне, ки боварҳои худро дар таноқуз бо боварҳои марсум ва ъурфии чомеъа дидаанд ва шояд ин таъбир дар мавриди бисёре аз фалосифа сидқ кунад.
    Аммо оё дар Эронзамини пасоғазолй ҳеч файласуфи нодинй имкони таборузро доштааст?
    Яке аз он беш аз 100 тан, ки дар феҳрест мебинед, эронист. Аммо аз замони зоиш мусалмон набуда ва баҳоист. Оромиши Дўстдор, ки китобе навишт андар имтиноъи тафаккур дар фарҳанги динй ва фарҳанги Эрони баъд аз исломро дар ин китоб "фарҳанги динхў" номид ва гуфт, ки баъд аз он "ноандешй ва нопурсй бар Эрон ҳоким шудаанд". Чун, вақте ки дин бар тамоми умур сайтара дорад, дигар чои андеша ва пурсише боқй намегузорад. Албатта, ин андешаманд мачоли зиндагй дар Эронро аз каф дод ва ба Олмон муҳочират кард.
    Оё шумо ҳеч мавридеро ба ёд доред, ки дар сарзамини мо як чунин рўйкарди як андешаманд таҳаммул шуда бошад? Агар ҳеч мавриде нест, пас оё ин шабеҳи хондани парандаи қафасй барои соҳиби худ нест, ки чист?
    http://en.wikipedia.org/wiki/Category:Atheist_philosophers
  • Сайидюнуси Истаравшани Бибинед, инки арз кардам, дар миёни фалосифаи машҳур бештарашон худобоваранд, аввалан ин муддао қайди "шӯҳрат" дорад, яъне ҳар касе нест, ва сониян, фалосифаи машҳур, ки барои ҳар филсуфе маъруф аст, ки киҳо ҳастанд: аз Суқрот бигир то охир... Инро аз пеши худам нагуфтам Дориюши арҷманд. Солисан, қайди "бештар", ки арз кардам, бо адад, ки нест, балки дар муқойиса бо фалосифаи худобовар аст, вагарна теъдод ва шумори фалосифаи ғайри мӯътақид ба Худо бештар аз ин аст, ки дар ин донишнома оварда шуда. Дар ҳамин Эрон ҳам ҳатто дар миёни мусалмонзодаҳо мо фалосифаи ғайри мӯътақид ба офардигор доштем мисли Киё Нурӣ ва Эҳсони Табарӣ, ки воқеъан филсуф буданд.
  • Dariush Rajabian Бо тавзеҳе, ки фармудед, Сайидюнуси арчманд, таъбири "бештари фалосифаи имрӯзӣ динмадор ҳастанд ва ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинанд", таъбири дурусте нест. Албатта, сарнавишти Киёнуриву амсолиҳум, ки бештар фаъъоли сиёсй буданд, то файласуфи холис, худ баёнгари мавзеъи ман аст.
    Ҳар навъ фалсафае, ки бо ислом таноқуз дошта, дар сарзаминҳои исломй, аз чумла Эрон, саркўб шудааст. Ин ҳақиқатро мепазиред ё на, бузургвор?
  • Сайидюнуси Истаравшани Ҳатто агар саркӯб шуда, ин бар гардани дастгоҳи ҳукуматӣ ва ё ҷавв ва фазои ҳоким бар ҷомеъа аст, на мухолифони ақидатии онон. Яъне ҳаргиз як филсуф филсуфи дигареро саркӯб накарда. Аммо мушкил инҳо нестанд, балки тамоми мушкил дар ҷои дигар аст. Ва он инки аслан мо фикр мекунем, дидгоҳи фалсафӣ лузуман он дидгоҳе аст, ки бо дин ва бовар ҳамоҳанг набошад. Озод ва раҳо аз ҳар навъ қайд будан, ба маънои он нест, ки ончи ман аз тариқи фалсафидан ба он мерасам, ҳатман чизе бошад дар тазод бо дин. Ҳаргиз!.. Ибни Сино, ки аслан аз оғоз даъво сари ӯст, банда мисли ӯ худобовартар ва мӯътақидтар намебинам. Билохира ин бандаи Худо чанд то китоб дорад, ки андешаҳояш дар онҳо мутабалваранд... Аммо инки Имом Ғаззолӣ бо ӯ даруфтод, маънояш ин нест, ки ҳатман дидгоҳи "динӣ" ҳамон аст, ки Имом Ғазолӣ намояндаи он аст, шояд қазия дуруст баръакси он бошад. Ин ҳақиқат буд ва ҳаст, ки дар ҷаҳони ислом ҳамвора касоне ки сари душманӣ бо фалсафа доштанд фазоро пур кардаанд. Аммо ин ба ҳеч ваҷҳ ба ин маъно нест, ки дин ҳам яъне ҳамин!
  • Dariush Rajabian "Ҳатто агар саркўб шуда бошанд" ҳам посухи дархуре нест, бузургвор. Дар ин ки тамоми дидгоҳҳои ғайриисломй саркўб шудаанд, шакке нест. Агар ҳаст, бояд тарҳ кард.
    Ва фикр намекунам касе инчо фарзияи саркўби чанд файласуф тавассути чанд файласуфи дигарро тарҳ карда бошад. Суҳбат аз муставлй шудани як андешаи фалсафй бар тамомии паҳнаи андеша аст. Вақте ки як мактаби фалсафй бар сарои андеша ҳоким мешавад, магар имкони таборузи андешае чуз он боқй мемонад? Магар имкони падидории андешае нав, ба дур аз қайду банди мазҳабй, вучуд дорад?
    Ин "қайду банди мазҳабй" танҳо монеъ дар фалсафа нест, аммо боризтарин монеъ дар андешаи фалсафии Эронзамин аст. Дар даврони пасоғазолй танҳо фалсафае, ки тавониста бар эрикаи қудрат такя бизанад, фалсафаи мавриди назари Ғазолй ва динмеҳварона будааст. Дар ин ҳақиқат, ки шакке наметавон ворид кард.
  • Сайидюнуси Истаравшани Дориюши арҷманд! "Фалсафаи мавриди назари Ғазолй"... Оё мо аслан фалсафи мавриди назари Ғаззолӣ дорем?!
  • Сайидюнуси Истаравшани Онки дигар фалсафа нест. Дар боло арз кардам, ки барҷастатарин вижагии фалсафа ин аст, ки: ҳарчи ақл мегӯяд, бояд таслими он буд. Бинобар ин, ҳар нафъ тафаккуре, ки ақлро канор мезанад, он дигар фалсафа нест.
  • Сайидюнуси Истаравшани Аммо бо ин маталаб, ки фармудед, комилан мувофиқам, ки набояд ҳеч навъ тарзи тафаккуре ҳатто синавӣ фазоро пур кунад ва ба ҳазфи дигарон бипардозад. Бо ин ҳамнавоям.
  • Dariush Rajabian Обишхури фалсафае, ки акнун ҳокиму фармонравост, ҳамон фалсафаи Ғазолй нест, ки чист, бузургвор? Фалсафае, ки дар чорчўби як дин ба пажўҳиш пардозад ва ҳар он чи берун аз чорчўби дин бигўяд, ношоисту нописанд бошад.
    Буданд касоне, ки ба таърифи фалсафа, ончунон ки Шумо фармудед, ъамал карданд. Аммо корашон ба ҳамон чойҳое кашида шуд, ки мешавад сарнавишти Дўстдору Киёнуриро дар он чустучў кард.
    "Набояд чунин бишавад" дуруст аст. Ормон аст ё идеол. Аммо воқеъият магар чуз ин аст, ки фалсафаи ҳоким дар Эронзамин ҳамоно фалсафаи динмадор аст?
  • Сайидюнуси Истаравшани Ман, ки бо шумо сари даъво надорам Дориюши арҷманд! Феълан, ки тарафи шумо Сайидюнуси Истравшанӣ аст, на сухангӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон!!! Ман феълан инҷо аз асли фалсафа ва иртиботи он бо дин суҳбат мекунам!
  • Сайидюнуси Истаравшани Агар дасти ман буд, ки ин "набояд бишавад"-ро ба "чунин нест" табил мекардам, аммо дасти ман нест.
  • Сайидюнуси Истаравшани Ба ҳар сурат, Худо нигаҳдори Шумо, баҳра бурдем! Зинда бошед!
  • Dariush Rajabian Худо наёмурзадам, агар бо Шумои арчманд сари даъво дошта бошам, бузургвор.
    Агар Шумо сухангўи Чумҳурии Исломй будед, ба гунае дигар пурсупос мекардем. Пурсишҳои ман сирфан мутаваччеҳи Шумо нест, балки мухотаби он ҳамаи афродеанд, ки мехоҳанд бидонанд,
    чаро андешаи фалсафй дар сарзаминҳои мо (на сирфан Чумҳурии Исломии Эрон) бад-ин ҳад хонагй ва худмасраф мондааст.
    Ба бовари ман, ин мусибат ба далели ҳамлаи ҳикматкуш ва мазҳабмеҳваронаи Ғазолй сурат гирифтааст, чун баъд аз он сирфан шоҳиди тасаллути он андеша бар фалсафаи эронй будаем ва ҳар талоше, ки барои гурез аз он чорчўб сурат гирифта, тавассути сарбозони боварй хунсо шудааст. Дар натича, "парандаи қафасй" сирфан барои соҳиби худ мехонад. Лузуме надорад ба ин дидгоҳ аз манзари сиёсй бархурд кард ва худро дар зеҳни ман сухангўи чое ё касе пиндошт. Кофист воқеъиятро нақл кунем, ки дар тўли ин ҳазор сол андешаи фалсафй дар қафасе маҳбус буда ва агар чуръати бурун рафтан аз қафасро доштааст, бисмил шудааст.
  • Dariush Rajabian Ҳамчунин, файз бурдам, бузургвор. Поянда бошед.