Дар посух ба мақолаи “Забони
миллати тоҷик – забони тоҷикист!” ба қалами Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони
ъулуми Тоҷикистон
Мақолаи Фарҳоди Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон,
аз ҳамон ъунвони худ то ба поёни матлаб бо ҳувияти тоҷикон сари ситез дорад.
Ин ҷустор, ки дар хабаргузории давлатии “Ховар” мунташир шуда, чунин ъунвон дорад:
“Забони миллати тоҷик – забони тоҷикист!” Президенти АИ Тоҷикистон, академик
Фарҳод Раҳимӣ дар ҷавоб ба онҳое, ки зарурияти забони миллӣ ва ҳуввияти миллиро
дар давлати миллӣ нодида мегиранд”. Он чи мо инҷо нодида мегирем, ғалатҳои
имлоӣ ҳатто дар ъунвони матлаб аст, ки ъаломати “тире”-ро дар ҷои ғалат гузошта
ва баҷои “зарурат” “зарурият” нивиштаву баҷои “ҳувият” – “ҳуввият”. Асли матлаб
бисёр муҳимтар аз ин ғалатҳост.
Оқои Раҳимӣ кӯшидааст ҳамаи тарафдорони забони порсӣ дар Тоҷикистонро афроде
муъаррифӣ кунад, ки ба доштани забони миллӣ ва ҳувияти миллӣ эътиқоде надоранд.
Саду ҳаштод дараҷа хилофи воқеъият. Воқеъият аз ин қарор аст, ки забони порсӣ
сутуни фақарот (сутунмуҳра)-и ҳувияти миллии тоҷикон аст ва порсиситезӣ ъайни
тоҷикситезист.
Ӯ сароғоз ба номи расмии забони миллии Тоҷикистон дар Қонуни
Асосӣ ишора кардаву менивисад: “Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон —
Тоҷикистони азизи озоду соҳибистиқлол забони тоҷикист ва мақоми ҳуқуқии забони
тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст”.
Суҳбат аз ҳамон моддаест, ки тайи 28 соли ахир борҳо тағйир кардааст. Пеш аз
фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамин модда номи забони расмии Тоҷикистон “тоҷикӣ
(форсӣ)” зикр шуда буд, сипас он табдил ба “форсӣ (тоҷикӣ)” шуд ва дар ниҳоят
вожаи “форсӣ” аз Қонуни Асосӣ ҳазф шуд ва бори дигар ба расми шӯравӣ забони
давлатии Тоҷикистон расман “тоҷикӣ” хонда шуд.
Ин бад-он маъност, ки моддаи дувуми Қонуни Асосӣ ҳамвора
тобеъи амёли сиёсии давлатмардон буда ва бино ба мулоҳизоти сиёсӣ тағйир
кардааст ва наметавонад баёнгари асли ҳувияти забонии мардуми тоҷик бошад.
Қонунгузорони Тоҷикистон ҳанӯз ба чунон булуғи сиёсие нарасидаанд, ки
бепарво аз вокуниши қудратҳои ғайр номи забони худро ба расмият бишносанд ва
тарҷеҳ медиҳанд пойбанди ҳамон номе бошанд, ки Кремлин барои забони мову шумо
писандидааст. Вагарна мешуд дар пайи як пурсиши мантиқӣ номи забонро ба асли он
баргардонд: То замони ишғоли Иморати Бухоро ба дасти Артиши Сурх номи расмии
забони миллии мо чи буд? Форсӣ. Пас аз ишғоли Иморати Бухоро ба дасти Артиши
Сурх номи расмии забони миллии мо чи буд? Форсӣ. Кай он табдил ба “тоҷикӣ” шуд?
Дар соли 1928 ба дастури мустақими Кремлин. Оё ин тасмимро мо, тоҷикон, гирифта
будем? На.
Иттиҳоди Шӯравӣ намехост, ки берун аз марзҳои он ҳам яке аз забонҳои
мардумони Шӯравӣ бо ҳамон ном вуҷуд дошта бошад ва тоза, мақоми расмӣ ҳам дошта
бошад. Забони порсӣ бо номи “форсӣ” дар Эрону Афғонистон расмият дошт. Иттиҳоди
Шӯравӣ бояд барояш номи дигаре ҷаъл мекард, то битавонад бо тағйири расмулхатту
дастури забон забони дигаре биофаринад ва хатари нуфузи “бегонагон”-ро батамом
хунсо кунад.
Яъне тамоми кандуковҳо дар манобеъи порсии бостону миёнаву паҳлавию монавию
суғдию ғайра дар ин заминаи бахусус беҳуда аст. Чун мавзӯъи баҳси мо мутаъаллиқ
ба ҳазорон сол пеш нест, балки рӯйдоде аз торихи муъосир аст. То ҳамин 89 сол
пеш ҳам номи расмии забони мову шумо дар сарзамине, ки аз Иморати Бухоро баҷо
монд, форсӣ будааст. Ин ҳақиқатро, ки намешавад бо ҳеч рамлу устурлобу тарфанде
кетмон кард ё мункир шуд.
Шӯрбахтона, окодемисян Фарҳоди Раҳимӣ дар ин мақолаи худ
барои фасл кардан омада, то васл кардан ва ба гунае мавзӯъро баррасӣ мекунад,
ки гӯӣ суҳбат аз чанд забони ҷудогона ва мутафовит аст. Ҳатто иртиботи миёни
порсию “тоҷикӣ”-ро бо пайванди миёни забонҳои исловии русию белорусию укроинӣ ё
забонҳои туркӣ мушобеҳ дониста ва нивиштааст:
“Феълан русҳо, беларусҳо ва
украинҳо миллатҳои алоҳидаанд ва давлатҳои мустақили худро доранд, аммо
новобаста ба он ҳар яке аз ин миллатҳо осори таърихиву фарҳангӣ ва хаттии Руси
қадимро мероси муштараки худ медонанд. Ҳамчунин “Луғати турк”-и Маҳмуди
Кошғариро, ки дар асри XI таълиф шудааст, тамоми миллатҳои туркизабон ҳамчун
моликияти зеҳнии умумии худ эътироф кардаанд ва аз он ҳамчун меросдори ҳақиқӣ
истифода мекунанд”.
Ғофил аз ин ки забонҳои русию белорусию укроинӣ имрӯза на
танҳо тафовутҳои вожагонии фаровоне доранд, балки аз дастурҳои мухталиф ҳам
баҳра мегиранд ва расману ъамалан се забони муҷаззо ба шумор меоянд. Ва гӯишварони
забонҳои туркибун бо мутарҷим бо ҳам суҳбат мекунанд, дар ҳоле ки мани порсигӯ
нивиштаҳои Фарҳоди Раҳимиро, ки мегӯяд ба “тоҷикӣ” таълиф шуда, бидуни мутарҷим
мехонам. Пас муқоисаи ин вазъият бо забонҳои исловӣ ё туркибун қиёси маъалфориқ
аст, яъне номуносиб, беҷиҳат ва бедалел аст.
Фарҳоди Раҳимӣ дар ин мақолаи ғайриъилмӣ ва таблиғотии худ
номи даҳҳо тан аз бузургони ҷаҳонро овардааст, ки ба қавли ӯ, “дар мавриди
таърихи тоҷикон, инчунин маъно ва тобишҳои калимаи тоҷик, истифодаи он дар
осори гузаштагон корҳои назаррас ва асарҳои ҷолибе навиштаанд”. Бархе аз
дидгоҳҳои ин бузургон дар бораи вожаи “тоҷик”-ро мешавад баиҷмол баррасӣ кард.
Барои намуна, дидгоҳи Восилӣ Бортулд (Vasiliy Bartold), торихнигору ховаршиноси
шаҳири олмонитабори Русияро, ки то кунун мувассақтарин таърифи вожаи “тоҷик” ба
шумор меравад. Ин дидгоҳро, ҳарчанд баланд аст, нахуст ба забони русӣ ва сипас
ба порсӣ меоварам:
“Таджик, более ранняя форма тазик или тажик (у Махмуда Каш гарского, I, 324:
тежик) - название народа, первоначально в значении "араб" (позже это
значение сохранила только форма тази), позднее в значении. "иранец" в
противоположность "тюрку". Слово это образовано из названия арабского
племени тай. Среди арабских племен тай были ближайшими соседями иранцев;
поэтому имя этого племени было перенесено на весь арабский народ... Слову
таджик в значении "араб" соответствует в пехлеви тйчйк, в армянском
тачик (ср. Horn, Neupersische Schriftsprache, S. 187), в китайском даши.
По-видимому, и в Средней Азии иранское население называло так завоевателей-
мусульман; ввиду того что по воззрениям той эпохи всякий иранец, принявший
ислам, становился арабом (ср. Табари, II, 1508,13), это слово пришло к тюркам в
значении "мусульманин, муж из области распространения мусульманской
культуры"; а так как большинство известных тюркам мусульман были иранцы,
то слово теджик получило в тюркском, как название народа, значение
"иранцы". Махмуд Кашгарский (I, 324) объясняет слово тежик как
"перс" (ал-фарисй); также и в относящемся к тому же времени Кутадгу
билик (изд. Радлова, особенно 8,1) (Бартольд В.В., ТАДЖИКИ. Общие работы по
истории Средней Азии. Работы по истории Кавказа и Восточной Европы. Том II
часть I. Стр 469. М. 1963 .)
Восилӣ Бортулд (Vasiliy Bartold), ки аз донишмандони мавриди
вусуқи худи Фарҳоди Раҳимист, дар бораи маънои вожаи “тоҷик” чунин нивиштааст:
“Тоҷик, ки шакли қадимитари он тозик ё тожик аст (дар асари Маҳмуди Кошғарӣ I,
324: тежик) номи мардум аст; дар оғоз ба маънои “ъараб” буда (ки дертар
ҳам ҳамин маъноро дар шакли “тозӣ” ҳифз карда) ва баъдан ба маънои “эронӣ” дар
муқобили “турк”. Ин вожа аз номи қабилаи ъараби тоӣ бармеояд. Қабилаи тоӣ (ки
Ҳотами Тоии афсонаӣ аз ҳамӯст – Д.Р.) аз наздиктарин ҳамсоягони эрониён буданд;
аз ин рӯ номи ин тоифа бар ҳамаи мардуми ъараб таъмим ёфт... Ҳамтои вожаи
“тоҷик” ба маънои ъараб дар забони паҳлавӣ “тйчйк” асту дар арманӣ “тачик”
(руҷӯъ ба Horn, Neupersische Schriftsprache, S. 187) ва дар забони чинӣ “дошӣ”
(dashi). Зоҳиран, дар Осиёи Миёна ҳам мардуми эронии минтақа ишғолгарони
мусалмонро чунин меномиданд. Чун бино бар тасаввури мардумони он даврон, ҳар
эроние, ки ба ислом гаравида буд, ъараб мешуд (руҷӯъ ба Табари, II, 1508,13),
ин вожа ба маънои «мусалмон, марде, ки фарҳанги мусалмониро тарвиҷ мекунад» дар
миёни туркҳо ҳам роиҷ шуд. Бештари мусалмононе, ки туркон мешинохтанд, эронӣ
буданд ва ба ҳамин далел ҳам вожаи “теҷик” дар мақоми номи мардум дар забони
туркӣ ба маънои “эронӣ” ҷо уфтод. Маҳмуди Кошғарӣ (I, 324) вожаи тоҷикро “форс”
(ал-форисӣ) таъбир мекунад ва дар китоби “Қутадғу билик” ҳам, ки мутаъаллиқ ба
ҳамон даврон аст, тоҷик ҳамин маъноро дорад. ((Бартольд В.В., ТАДЖИКИ. Общие
работы по истории Средней Азии. Работы по истории Кавказа и Восточной Европы.
Том II часть I. Стр 469. М. 1963 .)
Фарҳоди Раҳимӣ, агар ба он фармудаи дақиқу мутқани
окодемисян Бортулд таваҷҷуҳ карда буд, мутмаиннан дар баррасии фарзияи В.
Зундерманн, пажӯҳишгари олмонӣ, дучори иштибоҳ намешуд. Ончи Зундерманн ҳам
мегӯяд, иртиботи мустақим бо маънои аввалияи вожаи “тоҷик” (ъараб) дорад.
Албатта, сардаргумии оқои Раҳимӣ дар ин пораи матлаб беш аз пеш машҳуд аст, чун
ӯ чанд чизро дарҳам омехта ва мехоҳад саранҷом ба мақсуди худ бирасад, ки боз
ҳам сухане ғайриъилмӣ ва муғризона аст. Ӯ суҳбат аз “забони монавии портӣ»
мекунад, ки барои забоншиносон ъиборати ғарибест. Монавӣ дин аст, на забон. Ва
он нивиштаи Турфони Чин, ки Зундерманн суҳбаташро карда, ба забони суғдӣ буда,
на портӣ ё паҳлавӣ. Пас оқои Раҳимӣ мавзӯъеро бо итминони комил тарҳ кардааст,
ки худаш бо он ошноии сатҳӣ ҳам надоштааст.
Мавзӯъи пажӯҳиши Зундерманн (Sundermann W. An early
attestation of the name of the Tajiks. Berlin, 1993) як матни суғдии монавист,
ки ба соли 1000 мелодӣ бармегардад; яъне 2-3 қарн пас аз вуруди ислом ба Осиёи
Миёна. Ба бовари ӯ ҳам маънои аслии вожаи тоҷик (tāzik, tāžik, tājik)
ҳамон ъараб аст, ки рафта-рафта ба маънои мусалмон ва сипас эронии мусалмон
роиҷ шудааст. Ва бардошти ӯ аз ъиборати “par tazigana awak” забону баёни
мусалмонӣ аст дар баробари порсии миёна. Зундерманн муътақид аст, ки ин аз
нахустин мавориди корбурди вожаи “тоҷик” ба маънои эронии мусалмон аст. Ва ӯ
мегӯяд, туркҳои мусалмон, ки муддате пас аз он қудратро дар минтақа ба даст
гирифтанд, ба тақлид аз суғдиён ба эрониёни мусалмон “тоҷик” гуфтанд. Яъне
дарки Зундерманн аз вожаи “тоҷик” тафовути чандоне бо таърифи Бортулд аз ин вожа
надорад ва аслану абадан ба ин маънӣ нест, ки як гурӯҳи қавмии ғайриэронӣ бо
номи тоҷик вуҷуд доштааст. Балки ба воруни он бори дигар собит кардааст, ки
маънои аввалияи вожаи “тоҷик” ҳамон ъараб аст, ки дар пайи гаравидани ғолиби
эрониён ба ислом дар мавриди худи эрониён ба кор рафтааст.
Дигар ин ки ъиборати “par tazigana awak”-ро ба ҳеч рӯй намешавад ба шакли “ба
забони тоҷикӣ” тарҷума кард. Суҳбат аз ““awak”, яъне овоз ё лаҳн аст. Матни
мавриди таҳқиқи Зундерманн ҳам марбут ба ниёиши монавиён аст. Яъне ниёиш ё
дуъохонӣ ба лаҳни тозигона, ки бисёре аз пажӯҳишгарон ҳамчунон муътақиданд, ки
манзур аз “тозигона” ҳамон ъарабист. Яъне қироати дуъо ба шева ё лаҳни ъарабҳо.
Дар он матн ъиборати “забони тоҷикӣ” вуҷуд надорад, балки “тозигона овок” аст,
ки мавриди баҳс аст.
Фарҳоди Раҳимӣ дар ин мақолаи худ номи даҳҳо бузурги дигарро
ҳам сипар кардааст, аз ҷумла Саъиди Нафисиро, ки гӯӣ ҳамаи онҳо бо дидгоҳи
бепояи ӯ ҳамсӯ бошанд, ки албатта, чунин нест. Ҳамон Саъиди Нафисӣ дар ин бора
ба равшанӣ тавзеҳ додааст: “Дар замони Рӯдакӣ шаҳри Бухоро чун дигар шаҳрҳои
Мовароуннаҳр шаҳре будааст мураккаб аз нажоди эронӣ ва шояд яке аз қадимтарин
мадоин (шаҳрҳо) бошад, ки нажоди мо дар он раҳли иқомат афканда. Ба ҳамин
ҷиҳат, мардуми он шаҳр, ба ҷуз ъиддае маъдуд аз нажодҳои дигар, ки баъд ба
воситаи ҳаводис бад-онҷо рафтаанд, аз нажоди эронӣ будаанд ва порсизабон.
Махсусан аз замоне ки Бухоро, пойтахти Сомониён, маркази адабиёти форсӣ шуд ва
умарои Оли Сомон дар ривоҷи ин забон ҳеч фурӯ нагузоштанд, Бухоро маъруфтарин
маркази забони мо шуд. Чунонки ҳанӯз пас аз ҳазору анд сол забони аксарияти
мардуми Бухоро ва забони бозори он забони порсист ва ҳанӯз аксари мардуми он аз
нажоди эронианд, ки имрӯз эшонро ба истилоҳи маҳаллӣ “тоҷик” мехонанд”. (Саъиди
Нафисӣ, Аҳволу ашъори Рӯдакӣ, ҷилди 1, сс. 67-68).
Оқои Раҳимӣ барои исботи дидгоҳи ғайриъилмӣ ва муғризонаи худ ишороте ба
фарҳангҳои порсӣ ҳам кардааст, аз ҷумла ба “Ғиёс-ул-луғот”-у “Онандроҷ”. Турфа
ин ки ҳар ду фарҳанги ёдшуда дар таърифи вожаи “тоҷик” овардаанд: “Он ки турку
муғул набошад; дар луғоти туркӣ ба маънии аҳли Фурс нивиштаанд”.
Пас ҳам барои Саъиди Нафисӣ ва ҳам барои фарҳангҳои муътабари порсӣ тоҷик ҳамон
эронист, ки забонаш порсӣ аст.
Ё онҷо, ки Саъдӣ мегӯяд:
Ъараб дидаву турку тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш ъулум,
манзур аз “тоҷик” чизе ҷуз Эрону эронӣ наметавонад буда бошад. Вагарна Саъдии
Шерозӣ дар қалби Эрон наметавонист номи сарзамини паҳновари худашро зимни
баршумурдани ақвому кишварҳои ъумдаи ҷаҳон аз қалам биандозад.
Мушкили ъумдае, ки дар дидгоҳи оқои Раҳимӣ машҳуд аст, нодир
нест. Бисёре аз ҳамназарони ӯ мутаваҷҷеҳи ин амри содаву воқеъӣ нестанд, ки
номи забону миллат илзоман яке нест. Албатта, муҳандисии қавмии Шӯравӣ ба гунае
буд, ки мехост ҳар забонеро бо номи миллати гӯишвари он забон бихонад ва
“забони тоҷикӣ” паёмади ҳамон сиёсати ғалат аст. Вале вақти он аст, ки аз
қолиби шӯравӣ берун оем ва воқеъиятҳои ҷаҳонро ба гунае, ки ҳаст, бишносем.
22 кишвари ҷаҳон бо миллиятҳои мухталиф имрӯза як забони ъарабиро забони расмии
худ медонанд. 54 кишвари мустақил ва 27 воҳиди сиёсии дигар забони воҳиди
инглисиро забони расмии худ медонанд. Ва ҳеч кас бо ин пурсиши ғариб рӯбарӯ
нашудааст, ки чиро бояд забонашро, масалан, ъарабӣ биномад, на судонӣ ё инглисӣ
биномад, на конодоӣ. Ё 21 кишваре, ки забони испониёӣ дар онҳо расмист, чиро
барои забонашон номи дигаре, мисли кубоӣ ё пономоӣ ё венезуолоӣ, ихтироъ
намекунанд? Оё барои онҳо ҳувияти миллӣ матраҳ нест? Ё истиқлоли Иёлоти
Муттаҳидаи Омрико дар хатар аст, ки номи забони миллиаш American нест?
Ин даҳҳо кишваре, ки ба забонҳои воҳид суҳбат
мекунанд, бархе аз ҳам ҳазорон фарсанг фосила доранд, вале боз ҳам забонашон
якест. Дар ҳоле ки кишварҳои порсизабон на танҳо забон, балки ҷуғрофиёи воҳид
ҳам доранд ва кӯчактарин далели мантиқие барои чанд ном доштани забонашон
вуҷуд надорад.Ба ҷуз далел ё ангезаи сиёсӣ, ки забони тавонманди порсиро
тикка-пора ва тазъиф кунанд, то дигар маҷоли хуш дурахшидан надошта бошад;
ғофил аз ин ки об, агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.
Ҳақиқати торихӣ чизе ҷуз ин нест, ки забони порсии навин бо дарҳам омехтани
забони порсии миёна ва забонҳои эронии шарқӣ дар Хуросон шакл гирифту нашъу
нумувв ёфт ва ба бахшҳои дигари Эронзамин ҳам доман густард ва аз ҳамон оғоз бо
номи “порсӣ” шинохта мешуд. Ъиборати “порсии дарӣ” ба маънои порсии дарборӣ
аст. Ба монанди Court English, ки ба маънои инглисии дарӣ ё дарборӣ аст. Сифати
“дарӣ” гоҳ ба иқтизои қавоъиди шеър ё далоиле дигар ҷои исмро ҳам гирифта, аммо
ҳаргиз забоне муҷаззо аз порсӣ набудааст, балки сирфан сифати он аст. Ҳақиқати
торихӣ ин аст, ки номи расмии забони порсӣ дар Бухорои пасошӯравӣ соли 1928 ба
дастури бегонагон табдил ба “забони тоҷикӣ” шуд ва дар Афғонистон ҳамин 53 сол
пеш (1964) ба салоҳдиди фармонравоёни ғайритоҷик (паштун) расман “дарӣ” ном
гирифт. Дар ҳеч як аз ин ду маврид соҳибони ростини ин забон иқдом ба тағйири
номи он накардаанд.
Кӯтоҳсухан, бино ба ҳамаи осори мувассақи ҷаҳон, “тоҷик”
ҳамон эронист, ки забони аслӣ ё ъумдааш порсист. Ва дар адабиёти клоссик
“тоҷик” ба маънои эронӣ маъмулан дар баробари “турк” меомад; ҳамон гуна ки
“ъаҷам” ба маънои эронӣ дар баробари “ъараб” қарор мегирифт: турку тоҷик,
ъарабу ъаҷам. Ин байти маъруфи Саъдӣ ҳам мисдоқи ин ҳақиқат аст:
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Намунаи мутааххиртаре аз Абулқосими Лоҳутии Кирмоншоҳӣ ҳам ҳаст, ки соли 1926
суруда ва “насли форсӣ”-ро бо “тоҷикон” яке медонад:
Мо гавҳари НАСЛИ ФОРСИро конем,
Мо коргаҳи тарбияти инсонем.
Ғафлат манамоед зи омӯзиши мо,
Мо модари ояндаи ТОҶИКОНЕМ.
Дар миёни бузургоне, ки дар ин мавзӯъ осори гаронборе аз худ
ба ёдгор гузоштаанд, Фарҳоди Раҳимӣ аз Тӯрақул Зеҳнӣ ҳам ёд кардааст. Аммо
дидгоҳи Зеҳнӣ ҳам бо мавзеъи оқои Раҳимӣ тафовути саддарсадӣ дорад.
Тӯрақул Зеҳнӣ дар мақолаи “Мубоҳиса дар бораи забон ва адабиёт”, ки соли
1926 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” мунташир шуд, мавзеъи мантиқии худро чунин
тавзеҳ додааст:
“...Бинобар ин, адабиёти форсии муштаракро ба кишваре ё вилояте нисбат додан
норавост, зеро падидоваранда ва офаринандаи ин адабиёти нафису муҳташам танҳо
мовароуннаҳриён ё хуросониён, эрониён набуда, балки дар ин роҳ муштаракан
хидматҳо ва ҷонситониҳо ба вуҷуд омада ва гуна-гуна шоъирони муҳтарам аз ҳар
сарзамин гул кардаанд. Бинобар ин, адабиёти форсӣ муштарак аст; чи афғон, чи
тоҷик, чи эронӣ, ҳатто ҳиндустониҳои мусалмон ҳақ доранд бигӯянд: адабиёти
мост!
Гузашта аз ин, адабиёти форсиро адабиёти Эрон, адабиёти Афғонистон, адабиёти
Мовароуннаҳр гуфтан, адабиётро нисбат ба замину мамлакат додан аст ва дар ъайни
замон ҳадде таъйин намудан лозим меояд. Он гоҳ доираи адабиёти форсӣ хурду
маҳдуд хоҳад шуд. Вале вақте ки мо номи адабиёти форсиро ба забон меронем, пеши
назари мо як соҳати хеле васеъе намудор мегардад, ки як тарафи ин соҳати адабӣ
Эрон, тарафи дигараш Афғонистону Ҳиндустон ва як қисматаш Мовароуннаҳр ном
дорад.
Бинобар ин, адабиёти форсӣ ҳамеша ва ҳар ҷо адабиёти форсӣ ва муштарак аст ва
ба воситаи ҳамин забони адабии форсӣ дар миёни ҳама форсизабонони Шарқ ба як
услуби салису тарзи баёни сода метавон рӯҳ ва фикри инқилобиро нашр ва паҳн
сохт. (Тӯрақул Зеҳнӣ, Мубоҳиса дар бораи забон ва адабиёт, “Овози тоҷик”,
25.05.1926, 6, 9, 17, 19 жуани 1926).
Зеҳнӣ дар ҳамин мақола меафзояд:
“Хусусан, ҳамин нукта хеле диққатро ҷалб мекунад, ки шеъри форсие, ки аввалин
маротиба гуфта шудааст, аз Ҳаким Абулҳафси Суғдии Самарқандӣ ном кас содир
шудааст. Ва тазкираи шоъиронро низ нахустин бор Давлатшоҳи Самарқандӣ таълиф
фармудааст”.
Пас забони мо барои андешаманде чун Тӯрақул Зеҳнӣ дар ъаҳди Шӯравӣ (соли 1926)
ҳамчунон “форсӣ” будааст ва адабиёти он – адабиёти форсӣ.
Фарҳоди Раҳимӣ Садриддин Айниро ҳам ҷузъи касоне медонад, ки
дар ин мавзӯъ “корҳои назаррас ва асарҳои ҷолибе навиштаанд”. Ҳаққ асту рост,
агар ба ин пора аз матлаби Айнӣ, ки он ҳам соли 1926 дар “Овози тоҷик” мунташир
шуда, таваҷҷуҳ кунед:
“Дар сафҳаи 38, сатри 5 “70 дона олуҳои калон” таъбир ёфтааст ва ҳол он ки ҷамъ
наёмадани исм баъд аз илҳоқаш ба адад аз қоъидаҳои маълуми ФОРСӢ аст. Чунончӣ,
дар ҳамин сафҳа, сатри 8 “сад дона себи сурх чида буд” таъбир ёфтааст, ки
мувофиқи қоъида аст”.
(Садриддин Айнӣ. Китобҳои тоҷикӣ, (дар бораи китоби Саид Ризо Ализода), “Овози
тоҷик”, 30 жуан ва 5 жуиеи 1926)
Пас аз диди Айнии соли 1926 ҳам номи забони мо чизе ҷуз “форсӣ” набудааст.
Ҳатто пас аз он ки Кремлин тасмимашро гирифт ва бар тоҷикон фишор овард, ки
забонашонро “тоҷикӣ” биноманд, Садриддин Айнӣ, ки тамоми осорашро ба хатти
порсӣ нивиштааст, тарҷеҳ медод аз ъибороте чун “забони тоҷик” ва “адабиёти
тоҷик” истифода кунад, яъне забону адабиёти мутаъаллиқ ба қавми тоҷик; на
“забони тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”.
Намунааш инҷост:
"“Инро ҳам аз ёд набаровардан даркор аст, ки барои ба кор андохтани забони
оммафаҳми тоҷик лаҳҷаи ҷоеро асос кардан гирифтан лозим аст, лекин ба шарти
пурра кардан ва дуруст кардани он бо лаҳҷаҳои ҷойҳои дигар... Барои оммафаҳм
кардани забони адабиёти тоҷик тафтиш кардан ва донистани лаҳҷаҳои кӯҳистон низ
зарур аст”. (С. Айнӣ. Забони тоҷикӣ // Раҳбари дониш, 1928, шумораи 11-12,
с.45)."
Ҳамин ҳолатро мешавад дар раҳнамудҳои Абдулқодир
Муҳйиддинуф, аз сиёсатмадорони фарзонаи тоҷик дар авоили садаи 20, мушоҳида
кард. Ҳатто дар соли 1929 ӯ дар мақолае таҳти ъунвони “Фикрҳои мо дар бораи
забони адабии тоҷик”, ки дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” мунташир шуд,
беибо номи ростини забонро ба шакли “порсӣ” борҳо ба кор бурдааст. Худ бихонеду
доварӣ кунед:
“1. Дар омӯхтани забони гуфтугӯии омма кӯшиш кунем суханҳо, луғатҳои порсӣ, ки
дар ҳар ҷо дар байни ҷамоаҳои гуногуни порсигӯ кор фармуда мешавад, ҷамъ кунем
ва батадриҷ онҳоро дар адабиёт кор фармоем, умумӣ кунем ва бо ин роҳ доираи
забони адабии худро фарох созем.
2. Суханҳои порсиро, ки ба сабаби тафовути лаҳҷаҳо ва бесаводии мардум
талаффузаш вайрон шудааст, бояд ислоҳ кунем. Хусусан, дар вақти навиштан
мувофиқи қоъидаи забон бинависем.
3. Ба андозае, ки метавонем, дар гуфтугӯ ва навиштан суханҳои арабиро кор
нафармоем. Дар ҷойи суханҳои арабӣ аз забони гуфтугӯии омма, аз забони зинда,
суханҳои порсӣ биёбем ва кор фармоем. Аз забони арабӣ он калимаҳоро нигоҳ
дорем, ки ба ҷояш суханҳои порсии осону равон ёфта наметавонем.
4. Бо адабиёти куҳна, бо асарҳои устодони қадими забони порсӣ ошноии худро
биафзоем. Ҳар чизе, ки аз онҳо қобили истифода аст, истифода кунем. Ва бо ин
роҳ низ забони адабии худро такмил намоем.
(Абдулқодир Муҳйиддинов, Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик //
Тоҷикистони сурх, 09.01.1929)
Ҳатто яке аз мубаллиғони гузори тоҷикон ба хатти лотин дар
Русия дар соли 1928 ҳамчунон қабул дошт, ки номи дақиқу ростини забони миллии
тоҷикон чизе ҷуз «форсӣ» нест ва нивишта буд:
“Агар мунавварфикрони форсӣ, мунавварфикрони Ҳинд, Афғонистон ва Эрон ҳақиқатан
ба донистани корҳои инқилобӣ майл ва орзу дошта бошанд, барои онон ҳарфҳои
лотинӣ ва забони содаи моро омӯхтан, аз “Гулистон” ёд кардан ва бо ин навъ
савод омӯхтани деҳқонони тоҷик осонтар хоҳад шуд”. (проф. Шилд, мақолаи “Забони
деҳқонон ё забони мунавварфикрон”, “Правда Востока”, 30 уктубри 1928, с. 42-43,
баргирифта аз китоби “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо”, 2007).
Оё мешавад чунин талаққӣ кард, ки дағдағаи ҳамаи ин бузургон беҳбуди вазъияти
забони порсӣ дар Эрон будааст? Мусалламан, на. Манзурашон аз “забони порсӣ” чи
буда пас? Албатта, ки забони миллии тоҷикон.
Аммо бо мурури замон аз Петерзбургу Маскав як чунин дидгоҳи
тафриқаандозе ба Осиёи Миёна тазриқ шуд, ки “забони форсӣ” забони китобист ва
ба дур аз дастраси мардуми ъавоми кӯчаву бозор, ки ба “забони тоҷикӣ” суҳбат
мекардаанд. Ховаршиносони сиёсатзадае, ки дар воқеъ, корашон пиёда кардани
сиёсатҳои истикбории Шӯравӣ буд, ба монанди Семюнуфу Дёкуфу Бертелсу ғайра, аз
ъавомили шӯрависозии фарҳангӣ ва порсизудоӣ дар минтақа буданд ва ин дидгоҳи
сиёсиро дар маҳофили ъилмӣ ҳам тарҳ мекарданд. Абдулхолиқи Набавӣ дар китоби
“Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо” (2007) дар ин бора гуфтоварди ҷолибу
омӯзандае аз Раҳим Ҳошим дорад. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки дар ин моҷаро
ғайритоҷикон тарафдори “забони тоҷикӣ” ва тоҷикон пойбанди “забони форсӣ”
будаанд:
“Устод Раҳим Ҳошим аз чӣ иборат будани ақида ва нуқтаи назари ин хостгорони
забони тоҷикиро муфассал шарҳ медиҳад. Эшон дар ин маврид асосан ду ақида
пешниҳод дошта буданд: як гурӯҳ тарафдори “қабул кардани забони умумии форсӣ”
буданд, ки одатан инҳоро байналмилалчиён меномиданд ва қисми дигаре хостани
“забони содаи авоми тоҷик”-ро ҷонибдорӣ мекарданд. Масалан, шарқшинос Дяков ба
ин ақида буд ва дар ниҳоят навишта буд, ки: “Ба асоси забони адабии тоҷикӣ яке
аз лаҳҷаҳои тоҷикии машҳур ва бештар фаҳмида мешудагиро мондан даркор аст”.
Аммо Дунбол, ки ба сифати намояндаи байналмилалчиён баромад мекард (рӯзномаи
“Правда Востока”, 24 октябри 1928) ва аз ҷумла Музаффар – муаллифи мақолаи
“Барои забони тоҷикии оммафаҳм” (“Правда Востока”, 14 уктобри 1928) ба баҳс
рафта, чунин иброз медорад: “Агар мо барои таъсири инқилобӣ иҷро кардан ба
оммаи миллат ва қабилаҳое, ки дар таҳти ҳокимият ва ё таъсири ҷаҳонгирони
инглис ҳастанд, як яроқи маҳкам дошта бошем, бад аст? Ба фикри ман забони
“китобӣ”-и форсии ҳозира, ки то як дараҷа ба тоҷикӣ татбиқ карда хоҳад шуд, дар
ин соҳа як рули бисёр муҳим бозӣ хоҳад кард”.
(Абдухолиқи Набавӣ, Баҳсҳои илмӣ ва мафкуравӣ оид ба забони тоҷикӣ дар солҳои
20-ум, “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо”, с. 25)
Пас чигуна мешавад иддиъо кард, ки тарафдорӣ аз тарҳи
тафриқаандозу хурдкунандаи рақиби ишғолгар ъайни хидмат ба миллату меҳан будаву
пойбандӣ ба забони тавонманду ягонаву фаромарзии миллат – ъайни мухолифат бо
ҳувияти миллӣ ё хиёнат? Оё аз фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ интизор меравад,
ки ба ҳақир ҷилва додани забонашон тан бидиҳанд ё ъазамати онро ҳифз кунанд?
Бад нест дар чорчӯби ин мавзӯъ ин фароз аз китоби устод Шакурӣ “Сарнавишти
форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист”-ро дигарбора бихонем:
“Даҳаи 20-30 асри ХХ давраи инкори ҳастии торихии инсон буд ва даъво доштанд,
ки торих аз даврони сусиёлизм оғоз меёбад ва ҳар чи пеш аз он буд, торих набуд.
Нестангорӣ (ниҳилизм)-и русӣ, ки торихе дорад ва дар садаи нӯздаҳум дар румони
Тургенев “Падарон ва фарзандон” тасвир шудааст, дар садаи ХХ аз рӯҳияи инқилобӣ
тавоноии бештар пайдо кард. Сарманшаи маънавиятситезӣ, аз ҷумла бединии ҷангҷӯй
аз ҳамон нестигароии торихӣ буд. Нестигароии фарҳангӣ дар сиёсати ҳизби
кумунист ва давлати шӯравӣ нуфузи комил ёфт ва саросари қаламрав ва импротурии
шӯравиро фаро гирифт. Аз эҳтимол дур нест, ки он ақидаи ховаршиносони рус, ки
мегуфтанд тоҷикон забони адабӣ (меъёр) надоранд, аз ҳамин сиёсат ғизо гирифта
бошад ва онҳо ба маҳзи ин ки хилофи сиёсат нараванд, чунин ақидае пеш ниҳода
буданд”. (Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар
садаи бист. Душанбе, “Адиб”, 2003, с.21)
Яъне он ховаршиносони сиёсатпешаи Шӯравӣ, ки дастбакори муҳандисии қавмӣ дар
Осиёи Марказӣ буданд, сарфи назар аз гузаштаи адабии бамаротиб пурбортари
тоҷикон мехостанд моро маҳрум аз забони адабӣ ё меъёр ҷилва диҳанд ва бароямон
забони тозае бо номи “тоҷикӣ” сохтанд. Ва мо, ҳатто акнун, ки кишварамон расман
мустақил ба шумор меояд, ҳанӯз қодир ба рафъи паёмадҳои он ҷинояти фарҳангии
бегонагон нестем.
Зимнан, Фарҳоди Раҳимӣ устод Шакуриро ҳам дар феҳрести фарзонагоне овардааст,
ки дар бораи ҳамин мавзӯъ доди сухан додаанд. Аммо, чуноне ки мебинем, он
хирадманди равоншод ҳам бо оқои Раҳимӣ ҳамсӯ ё ҳамназар набудааст.
Боварнакарданист, ки бо вуҷуди ин ҳама истидлоли мантиқию
торихӣ Фарҳоди Раҳимӣ менивисад:
“Бо назардошти арзёбии андешаҳои муддаиёне, ки ҷонибдори “форсӣ” номгузорӣ
шудани забони тоҷикӣ мебошанд, метавон дарёфт, ки онҳо бо ин ҳуҷуми худ ба яке
аз бунёдитарин арзишҳои миллӣ, аслан ҳадафҳои пардапӯши сиёсиро пайгирӣ
мекунанд”.
Яъне ӯ дар ъайни тарҳи иддиъоҳои бепоя ва дифоъ аз як нақшаи комилан сиёсии
тафриқаафканонаи Кремлин ба худ ин ҳақро ҳам медиҳад, ки посдорони забони
порсии тоҷиконро муддаъиёне бихонад, ки аҳдофи сиёсии пинҳонеро дунбол
мекунанд.
Он муддаъиён киҳо ҳастанд? Абдулқодир Муҳйиддинуф? Ё Садриддин Айнӣ? Ё Тӯрақул
Зеҳнӣ? Ё Восилӣ Бортулд? Ё тамоми фарҳангномаҳои муътабари ҷаҳон? Ё шахси
ҳазрати Саъдии Шерозӣ? Ё тамоми гузаштагони мо, ки то соли 1928 расман ва
бепарво ҳама ҷо ҷор мезаданд, ки номи забонашон порсӣ аст? Ё қонунгузороне, ки
соли 1989 номи “форсӣ”-ро ба забони мо баргардонданд? Магар мешавад, ки тамоми
торихи мактуби мо, тамоми осори порсии навин аз Рӯдакӣ то Айнӣ, ҳамаи ин милюнҳову
милёрдҳо инсон муддаъӣ бошанду воқеъият аз қароре дигар? Магар дар дарбори
Сомониён, ки намоди давлатдории кунунии тоҷикон аст, ҳам оё муддаъиён гирди ҳам
омада буданд, ки номи забонашонро “порсӣ” медонистанд?
Ё Худой накарда, Носири Хусрав муддаъист, ки фармуда:
Гар ту ба табор фахр дорӣ,
Ман мафхари гавҳару таборам.
Ашъор ба порсию тозӣ
Бархону бидор ёдгорам.
Ё ангушти иттиҳом ба Мавлавӣ нишона рафта, ки мегӯяд:
Порсӣ гӯем, шоҳо, огаҳӣ худ аз фуод,
Моҳи ту тобанда боду давлатат поянда бод!
Ё ин ки дар васфи забонаш ба чи зебоӣ фармояд:
Мусалмонон! Мусалмонон! Забони порсӣ гӯям,
Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хурдан батанҳоӣ.
Ё, забонам лол, қарор аст дигар ҳеч як аз ин бузургонро ниёи худ надонем? Аз
онҳо дасту дил бишӯем, чун пойбанди порсӣ будаанд?
Пушти по задан ба ин ҳама истидлолу ториху арзишҳои
фарҳангии тоҷикон барои ҳифзи паёмадҳои як ҷинояти мудҳиши фарҳангӣ ъалайҳи
мардуми тоҷик аз кай то ҳоло хидмат ба миллату меҳан ном дорад?
Фарҳоди Раҳимӣ порсӣ номидани забони миллии Тоҷикистонро “зери суол гузоштани
арзишҳои миллӣ” ва “яке аз роҳҳои тафриқаангезӣ ва тира кардани фазои ақидатии
ҷомеа” медонад. Ғофил аз ин ки худи ӯ ва ҳамназаронаш дар ҳоли латма задан бар
якпорчагии миллати тоҷик ҳастанд. Чигуна? Шарҳ медиҳам.
Ҳатман раиси арҷманди Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон таваҷҷуҳ доштааст, ки
ҳамаи тоҷикон як забони модарии воҳид надоранд. Яъне забони порсӣ забони миллии
ҳамаи тоҷикон аст, аммо тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки забони модаришон мутафовит
аст. Забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ҳам мутаъаллиқ ба тоҷикон аст ва дар ин амр
шакке нест. Пас бар пояи кадом асли мантиқ мешавад танҳо як забонро аз ин миён
“тоҷикӣ” номид ва мобақиро ғайритоҷикӣ? Агар ин забонҳо ҳама мутаъаллиқ ба
тоҷикон ҳастанд, пас табъан ҳамаашон тоҷикианд ва яке аз онҳо забони миллист,
ки порсӣ ном дорад.
“Тоҷикӣ” номидани танҳо яке аз забонҳои тоҷикон хилофи мафҳуми миллат аст ва
дар ҷомеъа тафриқа эҷод мекунад.
Фарҳоди Раҳимӣ муддаъӣ шудааст, ки “Аҳёнан дар ҷомеаи мо
баъзе афроди худогоҳу нохудогоҳ сару садо баланд мекунанд, ки гӯё мо – тоҷикон
бо тоҷикӣ ном бурдани забони хеш дар роҳи дастрасӣ ва иртиботи худ ба осори
хаттии ниёгон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон монеа ба вуҷуд овардаем. Ин иддао
ҷуз ҳангоматалабӣ чизи дигаре нест ва дар ин росто аслан ҳеҷ мушкилоте ҳам
наметавонад вуҷуд дошта бошад”.
Монеъе, ки ошкоро вуҷуд дорад ва қобили инкор ҳам нест, пеш аз ҳама хатт аст.
Хатти таҳмилии пириллик садди Чинест, ки намегузорад тоҷикон ба дастовардҳои
ъилмию адабии ҳамзабононашон дастрасӣ дошта бошанд ва ин мавзӯъ барои раиси
Фарҳангистони ъулум бояд дағдағаи аслӣ бошад. Шакке надорам, ки ӯ ҳам мехоҳад,
ки мардуми Тоҷикистон ба тамоми осори мавриди ниёзашон ба забони модарии
дастрасии тамому камол дошта бошанд.
Ин муҳим танҳо замоне бароварда хоҳад шуд, ки ҳашт милюн ҷамъияти Тоҷикистон
хатти даҳҳо милюн ҳамзабони худ ва дар воқеъ, хатти асили забони миллии худро
фаро бигиранд. Тамоми осори бузургони мо тайи беш аз 1200 сол, ки забони порсии
навин по гирифту ҷаҳонгир шуд, ба хатти порсӣ тадвин шудааст. Афзун бар ин,
тамоми осори муҳимми ъилмию адабии ҷаҳон имрӯза ба забони модарии мо дар
дастрас аст, аммо ба хатти порсӣ. Пас барои гушудани дари ганҷинаи ъилм ба
забони миллии Тоҷикистон кофист, ки барномае барои гузори тадриҷӣ ба хатти
порсӣ таҳия ва иҷро шавад. Ин яке, албатта, мавзӯъи аслии мақолаи оқои Раҳимӣ
набуд ва сирфан ишорае гузаро карду кардем.
Шӯрбахтона, бояд пазируфт, ки мақолаи раиси Фарҳангистони
ъулуми Тоҷикистон сирфан як мушт иддиъои бепояе буд, ки ҳеч кадом мавриди
таъйиди коршиносон нест ва дар ин фурсат талош шуд мавориди ъумдаи он бармало
шавад. Пас беҳтар аст оқои Раҳимӣ ба андарзи худ ъамал кунанд ва “на бо
суханбозиву муҳокимарониҳои омиёна, балки бо далелҳои асосноку раднопазири
илмиву таърихӣ ва мадорики муътамади забоншиносӣ ин иддаои худро ба исбот
расонанд”. Порсӣ будани забони мо иддиъо нест, балки ҳақиқатест, ки торих бо
тамоми вуҷудаш ҷор мезанад. Дар ҳоле ки аз ҳузури истилоҳи сиёсии “забони
тоҷикӣ” дар торихи мо фақат 89 сол мегузард. Ва он ҳам сирфан ба далели сиёсӣ,
на ъилмию торихӣ.
Фарҳоди Раҳимӣ ҳам дар мақолааш пинҳон накардааст, ки мавзеъгирии ӯ сиёсист.
Талвеҳан пазируфтааст; онҷо ки мегӯяд, таъбири раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вожаи
“тоҷик”-ро ҳамаи мо бояд “ҳамчун аксиома қабул намоем”. “Аксиома”, яъне
ҳақиқати ошкору бадеҳӣ. Яъне ҳар чи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин мавзӯъи ъилмӣ
фармудааст, аз назари оқои Раҳимӣ, бояд барои ҳамаи тоҷикон ҷузъи бадеҳиёт
(“аксиома”) бошад. Сарфи назар аз ин ки ъилми ғайрисиёсӣ ва ғайримуғризона чи
мегӯяд. Яъне, масалан, агар фардо раисиҷумҳур дар фармоне номи расмии забони
моро “порсӣ” эълом кунад, бино ба мантиқи Фарҳоди Раҳимӣ, худи ӯ ҳам бояд
самимона номи ростини забони моро бипазирад ва дар тарафдорӣ аз он мақолоти
муфассал ва чи басо рисолаҳои ъилмӣ бинивисад.
Аммо касоне, ки ъилмро тобеъи сиёсат намедонанд, таври
дигар фикр мекунанд. Чун медонанд, ки бо дастури раҳбари як кишвар, масалан,
маънои вожаи “тоҷик” тағйир намекунад. Фарҳоди Раҳимӣ ба китоби “Тоҷикон дар
оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон истинод карда, ки мегӯяд: “Маънои калимаи
«тоҷик», чунонки медонем, мардуми тоҷдор, наҷибу озода ва озодманиш аст. Ва
номи имрӯзаи тоҷик ҳамчун муродифи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази вожаи
ориёӣ омадааст» (Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Китоби якум. Аз
Ориён то Сомониён, саҳ 102.).
Дар бораи маънои вожаи “тоҷик” болотар бисёр муфассал нивиштам. Аммо дар
мавриди иртиботи он бо вожаи “тоҷ”, дар воқеъ, набуди иртиботи вожаи “тоҷик” бо
“тоҷ” бояд чанд ҷумлаи дигар ҳам нивишт. Албатта, окодемисян Бортулд беш аз 100
сол пеш қотеъона ва бо итминони тамом нивишта буд, ки вожаи “тоҷик” рабте ба
“тоҷ” надорад. (Бартольд В.В., ТАДЖИКИ. Общие работы по истории Средней Азии.
Работы по истории Кавказа и Восточной Европы. Том II часть I. М. 1963) . Вале
мешавад инҷо далелашро ҳам равшантар баён кард.
Вожаи “тоҷ” ъарабишуда аст ва баромада аз “тога”-и порсии бостон. Яъне, агар
қарор буд “тоҷик” бо “тоҷ” иртибот дошта бошад, бояд шакли аввалияи он “тогик”
мешуд. Дар ҳоле ки дар миёни ашколи мухталифи вожаи “тоҷик” (тожик, тозик,
тежик) “тогик” ҳаргиз набудааст. Ва, ҳамон гуна ки пештар ҳам гуфта шуд, ин
вожа ба маънои “ъараб” пеш аз ислом ҳам дар забони порсии миёна будааст. Пас аз
манзари забоншиносию торих имкон надорад, ки вожаи "тоҷик" ба
"тоҷ" кӯчактарин рабте дошта бошад.
Вале дар як мавриди бахусус Фарҳоди Раҳимӣ, бар хилофи
фармудаи худ, дидгоҳеро баён кардааст, ки хилофи дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон аст.
Раҳимӣ муътақид аст, ки “порсӣ” номидани забони миллии Тоҷикистон истиқлолу
ҳувияти миллии тоҷиконро таҳдид мекунад. Дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд:
“Албатта, «форсӣ» ё «форсии дарӣ» номидани забони ҳозираи тоҷикӣ на хилофи
ҳақиқати таърихист ва на халале ба истиқлолияти кишвари мо мерасонад. Дар
ҷаҳони имрӯза мо чандин кишвареро, монанди мамлакатҳои араб мешиносем, ки бо
вуҷуди истиқлолияти ому том номи забонашон муштарак аст. Ҳанӯз С.Айнӣ навишта
буд, ки тоҷикон «халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон мебошанд», ки баъд аз
ислом ба онҳо «номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони
тоҷикӣ» дода шуд.” (
Эмомалӣ Раҳмон, Забони миллат – ҳастии миллат)
Пас Фарҳоди Раҳимӣ, ки қарор аст фармудаҳои раисиҷумҳурро чун бадеҳиёт ё
ҳақиқати ошкор (“аксиома”) қабул кунад, бояд бипазирад, ки “форсӣ” номидани
“забони ҳозираи тоҷикӣ” на хилофи ҳақиқати торихист ва на халале ба истиқлоли
кишвари мо мерасонад. Ҳамон гуна даҳҳо кишвари дигар як забони расмии воҳид
доранд.
Дар ҳамон китоби Эмомалӣ Раҳмон мехонем:
“Зуҳури номвожаи «Тоҷикистон» ва таркиби «забони тоҷикӣ» дар ибтидои садаи XX
сабабҳои хоси сиёсӣ ва далелҳои дурусту объективӣ низ дошт. Аввал он ки ҳангоми
таъсиси ҷумҳуриҳои Шӯравии Осиёи Миёна пас аз Инқилоби Октябр номи ҷумҳуриҳои
нав ва забони онҳо аз номи миллат ва қавму қабилаҳои сокини онҳо гирифта шуд,
ба мисли Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон. Бинобар ин, аз ин нигоҳ
Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ низ мутобиқи ин меъёр буд”.
Ин дақиқан ҳамон мавзӯъест, ки пештар ба он ишора доштем. Яъне пайдоиши
ъиборати “забони тоҷикӣ” як тасмими комилан сиёсӣ буд, ки дар фароянди
муҳандисии қавмии Шӯравӣ ва буридану дӯхтани Осиёи Марказӣ ба дасти Артиши Сурх
сурат гирифт. Ва инро раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам таъйид кардааст ва оқои
Раҳимӣ ночор аз пазируфтани ин ҳақиқати ошкор (“аксиома”) ҳам ҳаст.
Фарҳоди Раҳимӣ дар поёни матлабаш менивисад:
“Дар шароити кунунии таърихӣ бурди мо ва тамоми мардуми ориётабор ин аст, ки бо
истифода аз имконоти мавҷуда муваффақ шудем, ки дар гӯшае аз ҷуғрофияи
густурдаи Ориёвиҷи таърихии аз ҳам фурӯпошида давлати миллие бо номи Тоҷикистон
таъсис намоем”.
Бо руҷӯъ ба ҳамон бурҳаи торихӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он ишора кардааст, бояд
гуфт, ки на мо хоҳони таъсиси Тоҷикистон будем ва на муваффақ шудем онро
бисозем, балки Русия тасмим гирифта буд сарзамини порсигӯи паҳновари Бухороро
тикка-пора кунад, шаҳрҳои онро ба дигарон ва кӯҳистонашро бо номи “Тоҷикистон”
ба тоҷикон диҳад. Аз Фарҳоди Раҳимӣ ба ъунвони донишманд интизор меравад, ки
ҳақоиқи торихиро, онгуна ки ҳаст, бар қалам биронад.
Ва аммо дар посух ба ин вопасин ҷумлаи матлаби Фарҳоди Раҳимӣ, ки мегӯяд:
“Тоҷикӣ ном бурдани забон ва ҳар арзишу муқаддасоти ин миллат на тафриқаангезӣ
ва гусастан аз асли хеш, балки арҷгузорӣ ва эҳёи забону тамаддуни дерин ва
фарҳанги асили аҷдодии мост”, бояд гуфт, ки истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ” 89
сол бештар ъумр надорад ва зери сояи забони порсии беш аз 1200-сола дида
намешавад. Ҳеч далели мантиқӣ, торихӣ, фарҳангӣ ва дар кул, ъилмие вуҷуд
надорад, ки як забони воҳид се номи ҷудогона дошта бошад. Сирфан бояд ҳақро ба
ҳақдор доду танро ба мантиқ. Ба хотири ҳифзи якпорчагии миллат, тадовуми забон,
густаришу болишу шукуфоии он, сарбаландии тоҷикон, ҳифзи мероси маънавии ҳазоронсолаи
тоҷикон, шарокат дар тамоми ифтихороти фарҳангии порсигӯёни ҷаҳон, пешбурди
ъулуму фунуни Тоҷикистон, рушди худшиносии миллии мардум ва даҳҳо нияти хайри
дигар бояд номи ростини забони миллии Тоҷикистонро, ки чизе ҷуз порсӣ нест, ба
расмият шинохт ва барномаи гузори тадриҷӣ ба хатти порсиро пиёда кард.
Зинда бод порсӣ! Поянда бод Тоҷикистон!
PS: Барои ҷилавгирӣ аз итолаи матлаб аз зикри бархе нукоти рез, ба монанди
иштибоҳ гирифтани Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо Бохтарӣ ва номҳои таҳрифшудаи
пажӯҳишгарон, ки шояд ҳокӣ аз огоҳии нокофии муаллиф аз мавзӯъ бошад, худдорӣ
шуд.