Tuesday, December 26, 2017

Чиро забони мо "тоҷикӣ" набошад?

Дар посух ба ҳаммеҳане, ки мепурсид: бо "тоҷикӣ" хондани забонамон чи чизеро мебозем ё аз даст медиҳем:
Номи забони миллии тоҷикон порсӣ аст ва бо "тоҷикӣ" номидани он бохтҳои бузурге мекунед:
1. Ҳаққи маънавӣ ба тамоми адабиётеро, ки ба забони порсӣ нивишта шуда, аз даст медиҳед ва торихи забонатон аз 1928 оғоз мешавад, на ҳатто аз Рӯдакӣ; ва тамоми бузургони пасошӯравӣ, ба монанди Ъайнию Ғафуруфу Лоиқу дигарон, ки забонашонро порсӣ хондаанд, дигар бо шумо нисбате нахоҳанд дошт. Ҷаҳон забону адабиёти моро бо номи "порсӣ" мешиносад, на ҳеч номи дигаре. Ҳеч кас бовар намекунад, ки Фирдавсӣ "Шоҳнома"-ро ба "тоҷикӣ" нивиштааст, чун ҳеч далеле барои исботи ин ҳарфи ғалат вуҷуд надорад. Забони тоҷикон забони Фирдавсист. Ва забони Фирдавсӣ порсист.
2. Агар забонатонро "тоҷикӣ" бихонед, он дар чорчӯби як кишвар ва барои ҳудуди 6 милюн тан маҳдуд мемонад ва расман ҷузъи даҳҳо милюн тане нахоҳед буд, ки забонашон порсӣ аст. Забон дар чунон маҳдудае дар ҷаҳони пӯёи имрӯзӣ зинда намемонад ва саранҷом мемирад. Танҳо аз рӯи ноогоҳӣ ё хусумат бо тоҷикон мешавад тарафдори роҳе буд, ки ба маҳдудтар шудани забон ва саранҷом марги он меанҷомад;
3. Бо "тоҷикӣ" номидани забони худ ба паёмадҳои истеъмор ва таҷовузи фарҳангии Русия тан медиҳед ва сари афкандаатон ҳаргиз баланд нахоҳад шуд. Забони мо ҳатто пас аз фурӯпошии Иморати Бухоро расман "форсӣ" ном дошт, дар соли 1928 ба дастури Маскав "тоҷикӣ" шуд; то кунун расман "тоҷикӣ (форсӣ)" ва "форсӣ (тоҷикӣ)" ҳам шудааст ва соли 1994 дубора ъиборати сиёсии бегонаоварди "забони тоҷикӣ" таҳмил шуд. Яъне тамоми далоилу мадорик собит мекунад, ки "забони тоҷикӣ" таҳмилист ва номе нест, ки тоҷикон барои забони худ баргузида бошанд. Номи он порсӣ аст;
4. Дар миёни тоҷикон тафриқа эҷод мекунед, чун "тоҷикӣ" номидани фақат яке аз забонҳои тоҷикон ба маънои пушт кардан ба ҳамаи забонҳои модарии дигари тоҷикон аст. Мани яғнобӣ, мани шуғнию рӯшонӣ, мани язгуломӣ "тоҷикӣ" донистани порсиро бегона хондани забони модарии худ барои тоҷикони дигар талаққӣ мекунам. Дар ҳоле ки ҳамаи помириҳо ва яғнобиҳо тоҷикони нажодае ҳастанд, ки забонҳои куҳану бостонии моро ҳифз кардаанд. Пас ба ин далел ҳам намешавад забони порсиро "тоҷикӣ" номид ва бар якпорчагии миллати тоҷик осеб расонд.
Далелҳои бештаре вуҷуд дорад, ки бохти тоҷикон дар асари пойбандӣ ба истилоҳи сиёсии "забони тоҷикӣ"-ро собит мекунад. Аммо муҳимтарини онҳо ин ҳақиқати торихӣ аст, ки танҳо номи дурусту ростини забони мо "порсӣ" аст ва "забони тоҷикӣ" сирфан барои тазъифи порсӣ, тақвияти русӣ ва таҳкими тамомияти арзии Шӯравӣ бар сари мардум таҳмил шуда буд.

No comments: