Tuesday, October 09, 2018

Xwedodah чист?

Ноогоҳӣ модари дурӯғ аст. Бисёре аз касоне, ки аз диди мо дурӯғ мегӯянд, баростӣ дурӯғгӯ нестанд, балки аз мавзӯъи мавриди баҳс огоҳии кофӣ надоранд.

Дар бораи истилоҳи авестоии Хvaetvadata (порсии миёна – Xwedodah) дидгоҳҳои шигифтангези бисёре ҳаст, ки бархе онро ҳатто “издивоҷи маҳорим” ё заношӯии хешовандони бисёр наздик таъбир кардаанд, ки чаранде беш нест. Иттифоқан, дар дунёи имрӯзӣ дар миёни пайравони динҳои аслии ҷаҳон пайвандҳои ҷинсӣ миёни хешовандони бисёр наздик бештар мушоҳида мешавад, то дар рӯзгори бостон, ки албатта, аз расонаҳои имрӯзии хабарпарокан бархурдор набуд.

Ва аммо:

Дишаб бо Исфандиёри Одина, бародари арҷмандам, гуфтугӯи андешабарангезе доштем ва баногоҳ мутаваҷҷеҳи як нуктаи забонии зарифе шудем, ки то кунун ҳеч ҷо ба он ишорае нашудааст: вожаи Xwedodah бо “свадьба”-и русӣ ба маънои пайванду заношӯӣ аз як реша аст.
Swa дар забони сонскрит “худ” аст. Ҳамон “худ”-е, ки дар порсии миёна “хвад” нивишта ва талаффуз мешуд. Масалан, дар забони ҳиндии имрӯз swaraj, яъне худгардонӣ (“автономия”): swa – худ; raj (баромада аз rajya-и сонскрит) – фармонравоӣ. Яъне худфармонӣ ё худгардонӣ.

Swa баромада аз вожаҳои *swē, *swō аз ниёзабони ҳиндуурупоист. Яъне ин вожа дар забонҳои гуногуни ҳиндуурупоӣ ба шаклҳои мухталиф, аммо муртабит вуҷуд дорад. Ва чун бисёре аз “с”-ҳои куҳан дар забонҳои эронӣ “х” ё “ҳ” мешуд (ба монанди Asura-и сонскрит, ки дар забонҳои мо “Аҳуро” буда ва ҳаст ё Sind, ки ҳамон “Ҳинд”-и мост; ва sister бо "хоҳар" ҳамреша аст), дар ин намуна ҳам *swē ё *swō ба шаклҳои “хва” ва “худ” дар забонҳои куҳану кунунии мо ҳузур доштаанду доранд.

Ва ҳамин пора дар вожаи русии “свадьба“ комилан машҳуд аст. “Сва” дар ин вожаи русӣ ба ҳамон маънои “хва” ё “худ” аст. Ва Xwedodah-и порсии миёна ъайни “свадьба“ аст, ки маънои имрӯзиаш ҳамон издивоҷ ё заношӯӣ аст, аммо ҳар ду бахши вожа дар ҳар ду забон ба гунае вуҷуд дорад.

Пас *sva- / *svo- дар забонҳое исловӣ чун русӣ бахши аввали “свадьба” ба маънои «худ» аст. «Свой»-и русӣ ба маънои аз они худ ё худӣ баромада аз ҳамин реша аст. Ва касонеро, ки аз роҳи издивоҷи ду нафар бо ҳам нисбате пайдо кардаанд, ба русӣ “свояки” меноманд. Ва модаршавҳар ба русӣ “свекровь” аст, яъне “своя кровь”, ки тарҷумаи дақиқаш мешавад «хуни худӣ».
“Дӯда” дар забони порсии имрӯз ҳам вуҷуд дорад ва ба маънои хонадон ё силсилаи таборӣ ба кор меравад. Ин вожа дақиқан баромада аз ҳамон wadja ба маънои паймону таъаҳҳуд аст.
Бахши дувуми “свадьба“ (дьба) бо “дуда” дар “хведуда” аз як реша аст. Ва ҳар ду ба маънои ъаҳду паймон аст. Ва ҳамреша бо boda-и испониёӣ ва “вода”-и пашту. Ва ҳамон “хонавода” дар забони порсӣ ҳам он “вода”-ро дорад. Имрӯза дар забони испониёӣ Boda ба ҳамон маънои издивоҷу заношӯист. Ва “вода” дар забони пашту ҳам ҳамин маъноро дорад. Аммо ҳар дуи онҳо баромада аз вожаи бисёр куҳани ҳиндуурупоии wadja ҳастанд, ки маънои аслии он “ваъда” буд. Ваъда ҳамон паймон аст. Wadja (вадйа) – ваъда. Ҳеч ҳам баъид нест, ки вожаи ъарабии “ваъда” баромада аз вожаи ҳиндуурупоии “вадйя” бошад.

Wed-и инглисӣ ба маънои заношӯӣ кардан ҳам ба ҳамон решаи wadja бармегардад. Яъне паймон бастан бо касе барои зиндагӣ канори ҳам. Ин вожа дар забони олмонӣ ба шакли Wette ва ба маънои гарав (ваъда кардану гарав гузоштан) вуҷуд дорад. Ва ҳамрешаи лотини он, ки дар бисёре аз забонҳои лотинбун вуҷуд дорад, votum аст, ба маънои қавл, қарор, раъй, ваъда. Ва вожаи инглисии vote ба маънои раъй ҳам баромада аз он аст.

Дар натиҷа, дармеёбем, ки Xwedodah-и порсӣ, ки бадхоҳони фарҳанги Эрон онро “издивоҷи маҳорим” таъбир кардаанд, чизе ҷуз ҳамон “издивоҷ” ё пайванди заношӯӣ нест ва маънии дақиқу ҳарф ба ҳарфи он “паймон бастан бо худ” аст. Яъне мутаъаҳҳид шудан. Дақиқан ҳамон маъное, ки “свадьба“-и русӣ дорад. Ё wedding-и инглисӣ.

Як нуктаи ҷолиби дигар:

дар забонҳои лотин ба издивоҷ Casamento ё Casamiento ҳам мегӯянд, ки барсохта аз исми casa (ба маънои хона ё када) ва пасванди -mento аст. Пасванди -mento дар забони порсӣ ба шакли -манд вуҷуд дорад ва коркардаш дигар аст. Пас тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи вожаи сasamento ба порсӣ “хонаманд” ва тарҷумаи маъноии он “хонадор” мешавад. Дар порсии Варорӯд ба касе, ки издивоҷ кунаду матааҳҳил шавад, “хонадор” ҳам мегӯянд. Пас ин мафҳум дар миёни лотинтаборон ҳам будааст.

ناآگاهی مادر دروغ است. بسیاری از کسانی که از دید ما دروغ می‌گویند به‌راستی دروغ‌گو نیستند، بلکه از موضوع مورد بحث، آگاهی کافی ندارند.
درباره اصطلاح اوستایی Хvaetvadata (پارسی میانه – Xwedodah) دیدگاه‌های شگفت‌انگیز بسیاری هست که برخی آن را «ازدواج محارم» یا زناشویی خویشاوندان بسیار نزدیک تعبیر کرده‌اند که چرندی بیش نیست. اتفاقاْ در دنیای امروزی در میان پیروان دین‌های اصلی جهان پیوندهای جنسی میان خویشاوندان بسیار نزدیک بیشتر مشاهده می‌شود تا در روزگار باستان که البته از رسانه‌های امروزی خبرپراکن برخوردار نبود.
و اما:
دیشب با اسفندیار آدینه، برادر ارجمندم، گفتگوی اندیشه‌برانگیزی داشتیم و به‌ناگاه متوجه یک نکته زبانی ظریفی شدیم که تا کنون هیچ جا به آن اشاره‌ای نشده است: واژه خویدوده xwedodah با svad’baی روسی به معنای پیوند و زناشویی از یک ریشه است.
Swa
در زبان سانسکریت «خود» است. همان «خود»ی که در پارسی میانه xvad نوشته و تلفظ می‌شد. مثلا در زبان هندی امروز swaraj، یعنی خودگردانی (اتونومی): swa – خود، raj – (برآمده از rajyaی سانسکریت) – فرمان‌روایی. یعنی خودفرمانی یا خودگردانی.
Swa
برآمده از واژه‌های *swē, *swō از نیازبان هندواروایی است. یعنی این واژه در زبان‌های گوناگون هندواروایی به شکل‌های مختلف، اما مرتبط وجود دارد. و چون بسیاری از «س»های کهن در زبان‌های ایرانی خ یا ه می‌شد (به مانند آسورای سانسکریت که در زبان‌های ما اهورا بوده و هست یا «سند» که همان «هند» ماست، و sister با «خواهر» هم‌ریشه است)، در این نمونه هم swē یا swō به شکل‌های xwa و «خود» در زبان‌های کهن و کنونی ما حضور داشته‌اند و دارند.
و همین پاره در واژه روسی svad’ba کاملاْ مشهود است. Sva- در این واژه روسی به همان معنای xwa- و «خود» است. و xwedodah پارسی میانه عین svad’ba است که معنای امروزی‌اش همان ازدواج یا زناشویی است، اما هر دو بخش واژه در هر دو زبان به گونه‌ای وجود دارد.
پس *sva- / *svo- در زبان هایی اسلاوی چون روسی، بخش اول «اسوادبا» به معنای «خود» است. Svoyی روسی به معنای از آن خود یا خودی برآمده از همین ریشه است. و کسانی را که از راه ازدواج دو نفر با هم نسبتی پیدا کرده‌اند، به روسی svoyaki می‌نامند. و مادرشوهر به روسی svekrov’ استُ یعنی svoya krov’ که ترجمه دقیقش می‌شود «خون خودی».
«دوده» در زبان پارسی امروز هم وجود دارد و به معنای خاندان یا سلسله تباری به کار می‌رود. این واژه دقیقاْ برآمده از همان wadja به معنای پیمان و تعهد است.
بخش دوم svad’ba (d’ba) با «دوده» در xwedodah (خوه‌دوده) از یک ریشه است. و هر دو به معنای عهد و پیمان است. و همریشه با bodaی اسپانیایی و «واده»ی پشتو. و همان «خانواده» در زبان پارسی هم آن «واده» را دارد. امروزه در زبان اسپانیایی Boda به همان معنای ازدواج و زناشویی است. و «واده» در زبان پشتو هم همین معنا را دارد. اما هر دوی آنها برآمده از واژه بسیار کهن هندواروپایی wadja (ودیه) هستند که معنای اصلی آن «وعده» بود. وعده همان پیمان است. Wadja (ودیه) – وعده. هیچ هم بعید نیست که واژه عربی «وعده» برآمده از واژه هندواروپایی «ودیه» باشد. Wed انگلیسی به معنای زناشویی کردن هم به همان ریشه wadja برمی‌گردد. یعنی پیمان بستن با کسی برای زندگی کنار هم. این واژه در زبان آلمانی به شکل Wette و به معنای گرو (وعده کردن و گرو گذاشتن) وجود دارد. و هم‌ریشه لاتین آن که در بسیاری از زبان‌های لاتین‌بن وجود دارد votum است، به معنای قول، قرار، رای، وعده. و واژه انگلیسی vote به معنای رای هم برآمده از آن است.
در نتیجه درمی‌یابیم که خوه‌دوده xwedodahی پارسی که بدخواهان فرهنگ ایران آن را «ازدواج محارم» تعبیر کرده‌اند، چیزی جز همان ازدواج یا پیوند زناشویی نیست و معنی دقیق و حرف‌به‌حرف آن «پیمان بستن با خود» است. یعنی متعهد شدن. دقیقاْ همان معنایی که «اسوادبا» svad’baی روسی دارد. یا wedding (ودینگ) انگلیسی.
یک نکته جالب دیگر:
در زبان‌های لاتین به ازدواج Casamento یا Casamiento هم می‌گویند که برساخته از اسم casa (به معنای خانه یا کده) و پسوند -mento است. پسوند -mento در زبان پارسی به شکل -مند وجود دارد و کارکردش دیگر است. پس ترجمه حرف به حرف واژه сasamento به پارسی «خانه‌مند» و ترجمه معنایی آن «خانه‌دار» می‌شود. در پارسی ورارود به کسی که ازدواج کند و متاهل شود، «خانه‌دار» هم می‌گویند. پس این مفهوم در میان لاتین‌تباران هم بوده است.

Monday, October 08, 2018

Дар сарзамини ман чӯбро бигзоред, бут мешавад...

Гуфтугӯи ҷононае доштам бо дӯсти фарҳехтае, ки аз вазъияти кунунии Тоҷикистон дили хунине дорад ва барои тағйири ин вазъият иродае оҳанин. Аммо мехоҳад роҳи миёнбуре бизанад мавзун ва авзоъро бо истифода аз абзорҳои сиёсӣ дигаргун кунад. 
Гуфтам, ман сиёсатро роҳи миёнбуре намедонам. Бавежа дар кишварҳои мо сиёсатро ба дур аз киёсат (доноӣ) медонам, чун шакл нагирифтааст. Сиёсат дар сарзамини мардуме, ки биниши сиёсӣ надоранд, наметавонад чизе ҷуз истибдоду худкомагӣ бошад. Бисёр кори сода аст. Мешавад омад, мардумро фирефт, тахту тоҷро ба зӯр гирифт... ва бут шуд. Чӯбро бигзоред, дар чунин ҷомеъае худбахуд бут мешавад. 
Аммо дар чунин як ҳолати бутгунае ҳеч ислоҳотеро наметавон ниҳодина кард; ҳеч тағйире реша нахоҳад давонд. Ба бовари ман, танҳо тағйироте ниҳодина (“институциализированный”) мешавад, ки ҷараёнаш аз поин ба боло бошад. Чун гиёҳе, ки аз баргу шоха нерӯ намегирад, балки аз зери хок ғизо мегираду онро то ба нуки соқаву баргу шохааш ҳам мерасонад. Ва сабз мемонад. Пас ҳар навъ таҳаввуле ҳам, агар мехоҳем мондагор бошад, бояд аз хосту иродаи мардум барояд. Хости мардум муҳимтар аз хости якояки мост. Аммо агар бар ин назарем, ки дидгоҳи мо ба суди мардум аст, бояд онро пеш аз ҳама дар миёни тӯдаҳо ривоҷ диҳем.
Порае аз дидгоҳҳоямро, ки дар он гуфтугӯ бо дӯсти фарҳехтаам тарҳ кардам, инҷо пиёда мекунам, то назари шумо чи бошад. Пурсишҳову изҳороти дӯстамро наовардаам, чун шояд моил набошад:
“Шахсан аз сиёсат дили хуше надорам ва тарҷеҳ медиҳам дар ҳитаи рӯзноманигорию корҳои фарҳангӣ бимонам.
Ъоқилтар ки нестам, албатта. Вале эътиқоде дорам: то замоне ки фарҳанги мардум суфта нашавад, ҳеч сиёсатмадоре наметавонад он тӯдаро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
Торих гувоҳ аст, ки таҳаввулоти ниҳодина аз зер ба боло будааст, на воруна.
Ба ҳамин далел авлавият бо кор бар фарҳанги мардум аст, ба монанди шухму шудгори замин, то аз он ниҳоли тозае бирӯяд.
Ман корамро дар заминаи фарҳангию рӯзноманигорӣ идома медиҳам ва муътақидам, ки аз ин роҳ мешавад ба натиҷаи решадортару пойдортаре даст ёфт.
Таҳаввулот танҳо замоне ниҳодина мешавад, ки ҳаракат аз зер ба боло бошад. Ман тарҷеҳ медиҳам бо реша ё фарҳанг сарукор дошта бошам. Мевааш деррас аст, аммо дерпой.
Дар ғайри ин сурат, ош ҳамин ош асту коса ҳамин коса. То замоне ки рӯҳияи худшиносӣ дар мардум ғоиб аст, тоҷик ҳамвора як туюлдор ("вассал") болои сари худ хоҳад дошт, на раҳбару сарвар.
Раванди миллатсозӣ якшаба анҷом намегирад, шӯрбахтона. Аз ин рӯ гуфтам, меваи талошҳои фарҳангӣ деррас аст, аммо дерпой. Чун тайи садаҳо фарҳангсозиро нодида гирифтаем, натиҷааш сарукор доштан бо Амир Ъолимхонҳост. Ва ба ҳамин минвол идома хоҳад дошт, то замоне ки фарҳанги тӯдаҳо иртиқо биёбад.

Wednesday, September 19, 2018

Даъвои Маърифатситезон бо Маърифатдӯстон



Баҳсҳо бар сари ҳунари худвежаи Маърифати арҷманд шабеҳи достони филу мардони нобиност, ки яке пои пилро палмосиду фикр кард сутун аст; дигарӣ дасташ ба гӯшаш расиду фикр кард бодбизан аст, севумӣ ба хуртумаш даст заду пиндошт море дурушт аст; чаҳорумӣ шикамашро ламс карду гуфт: “Девор аст”; панҷумӣ думи пилро такон доду гуфт: “Ресмон аст”...

Дар ин моҷаро ҳам шуморе дар наққошиҳои Маърифат ҳунари волоро мебинанд ва гурӯҳе ҳам фаҳшу фисқу фуҷурро. Далелаш ҳам равшан аст. Ҳар касе андархури шуъури худ ашёро дарк мекунад. Касе, ки зеҳнаш ҳунарро аз фисқу фуҷур тафкик медиҳад, ҳаргиз бо дидани наққошиҳои Маърифат дучори шаҳват ё таваҳҳумоти ҷинсӣ намешавад, балки бар вежагиҳо ва баёни ҳунарии он, паёми тоблуҳо ба бинанда, манзури наққош, нигоҳи қаҳрамон, ҷузъиёти наққошӣ, мазмуни якояки аҷзои наққошӣ тамаркуз мекунад.

...Ба қавли Мавлавӣ, ҳар касе аз занни худ (яъне гумони худ) шуд ёри ман.
Ё ба қавли русҳо, “Каждый думает по мере своей испорченности”.

***

Ва як мушоҳидаи дигар аз баҳсҳои рӯдадароз дар бораи наққошиҳои Маърифат:

Ҷолиб инҷост, ки "тарафдорони ъиффату покӣ", ки ин тоблуҳоро нишонаи беъиффатию нопокӣ медонанд, дар баҳсҳо баддаҳантару беадабтар аз ҳар каси дигаре ҳастанд. Яъне барои ҳифзи одобу ъиффат забони худро меолоянду алфозу баёнеро ба кор мебаранд, ки дар ҳамаи ҷавомеъи башарӣ ниҳояти беадабӣ ба шумор меояд. Ва дуруст воруни он, ҳаводорони озодии баёну ҳунар ва ҳомиёни Маърифат аз чунон маърифате бархурдоранд, ки покиро аз олудагӣ тафкик медиҳанд ва ҳаргиз лаб ба бадгӯию алфози қабеҳ намегушоянд. Ин нукта баёнгари ҳақоиқи бисёрест ва на танҳо сатҳи шуъур, балки тазоҳури бархе ба посдории ъиффату покӣ ва пойбандии самимонаи гурӯҳи дигар ба покию ъиффатро ҳам ошкор мекунад.

***


Барои намуна, бардошти ман аз ин наққошӣ ба шарҳи зер аст ва бардошти дигарон метавонад мутафовит бошад:

Ончи ман дар ин тоблу мебинам, фазои тираву гирифтаи чордевории хона аст, ки мо танҳо як буъди онро мебинем. Ин тирагӣ баёнгари зиндагии якбуъдию тираву тори занест, ки инҷо дар хилвати худ худро раҳо карда, ба дур аз дағдағаи рӯзгор ва нигоҳи маҳкумкунандаи ҷомеъа. Тазодду тақобул (“контраст”) миёни рангҳои шоди шалвори атласии ӯ ва девори олудаву тира барҷаста аст. Ва ъаҷаб ин ки ӯ дар он либоси рангин ғамгин асту дар оғӯши деворҳои тираву тори хилваташ шод.
 

Ба гунае дароз кашида, ки дар ҳузури ҳеч касе, ҳатто шояд маҳрами худ, чунин накунад. Хиштаки шалвори ӯро ҷомеъа ъунсури номусӣ медонад ва аз ин рӯ ҳамеша бояд аз чашмҳо пинҳон бимонад. Аммо ин бону инҷо танҳост. Маърифат моро ба гӯшаи хилвате роҳнамоӣ кардааст, ки ҳаргиз надидаем.
 

Пойҳои барафроштааш гӯёи фориғболии ӯст. Як лаҳзаи фароғат ба дур аз ҳама. Аз кафи пои қаҳрамони ин наққошӣ мешавад дарёфт, ки заҳматкаш аст. Кафи пояш сӯдаву пажмурдаву таракхурда аст. Ва ҳатто дар гӯшаи хилвати худ ин зан наметавонад бакуллӣ худаш бошад ва дастонаш даври синааш печидааст, ки гӯӣ мехоҳад худашро ҳифз кунад, аз осеби нигоҳи тунди ҷомеъа, ки шояд аз лои деворҳо ҳам ба даруни утоқаки ӯ битаровад, рахна кунад, ӯро бидарад.
 

Нигоҳаш ҳомили андаке изтироб ҳам ҳаст, дар ъайни шодии онӣ.
 

Маърифат дар ин тоблу паёми иҷтимоъии бебоконае дорад ва он вазъияти рӯҳию равонии зани тоҷик аст; беаҳаммият ва номарбут будани амёлу хостаҳои ӯ барои ҷомеъа ва пӯшидагии мутлақи дунёи зан аз чашми ҷомеъа.
 

Ҳамин паёми муҳкам ё гуфтани ҳарфи магӯ аст, ки бархеро дар ҷомеъаи муҳофизакори мо ба шӯр овардааст. Чунин таконҳое барои ҷомеъаи мунҷамиду рокид боиста аст.
 

Куҷои ин наққошӣ шаҳватбарангез асту таваҳҳумоти ҷинсӣ эҷод мекунад?
Ин ки як ривояти иҷтимоъӣ аст.

Ҳарфи ҳисобам ба сиёсатпешагони тоҷик

Дар пайи балвои ногаҳонии дирӯз паёмҳои бисёре дарёфт шуд, ки ҳокӣ аз нигаронӣ буд. Бояд ба ҳамаи дӯстон бигӯям, ки авзоъ басомон аст ва иттифоқи хоссе науфтодааст.

Борҳо гуфтаам ва бори дигар мегӯям, ки ҳеч нисбате ба ҳеч ҷунбиш, созмон ё ҷараёни сиёсӣ надорам; чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз он. Кори ман дар расонаҳо акидан дар чорчӯби таърифшудаи усули рӯзноманигорӣ сурат мегирад. Равобити ман бо чеҳраҳои сиёсӣ сирфан ҳирфаӣ ва корӣ аст; он чеҳра чи намояндаи давлат бошаду чи мухолифи давлат. Ҳеч касе наметавонад сирфан ба хотири ошноӣ бо як рӯзноманигор интизор дошта бошад, ки дидгоҳҳои ӯро дар расонаҳо бештар пӯшиш бидиҳад. Ин интизор сирфан аз касоне бармеояд, ки бо мафҳуми бетарафии расонаи ҳирфаӣ ошно нестанд ё онро воқеъият намедонанд. Гуфтугӯ бо касе - ӯ чи Муҳйиддини Кабирӣ бошаду чи Додоҷони Атоуллоҳ - ба маънои вафодорӣ ба ҳеч як аз онҳо нест. Шахсан барномаҳои сиёсии ҳар дуро ноқис ва ба дур аз воқеъиятҳои кишвар медонам ва дар ъайни замон, давлатро ҳам фоқиди барномаи пешрафти мушаххас мебинам. Ин бад-он маъност, ки бо ҳеч як аз нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон пайванди эътиқодию сиёсӣ надорам.

Бо вуҷуди пойбандӣ ба фарҳангу забони порсӣ (ба ъунвони як тоҷик) ҳаргиз Ҷумҳурии Исломии Эронро улгу ё намунаи давлатдорӣ надонистаам ва ба далели мухолифат бо он низоми мустабид ду бор боздошт ва ниҳоятан аз Эрон ихроҷ шудаам. Имкони бозгашт ба ҶИЭ-ро надорам, магар ин ки бихоҳам якрост ба зиндон биравам. Ба ъунвони рӯзноманигор дар мавриди сиёсатҳои ҶИЭ бетарафам ва ба ъунвони як шахси ҳақиқӣ ситами ҶИЭ-ро кашидаам ва он низомро маҳкум ба суқут медонам, чун пайвандаш бо мардум ва хостаҳои мардум заъифтару заъифтар мешавад.

Ихтилофоти сиёсии Эрону Тоҷикистон рабте ба фаъъолиятҳои фарҳангии ман надорад, чун забонро ҷудо аз сиёсат ва рагу шараёни миллат медонам. Чунин ихтилофот миёни кишварҳои ъарабӣ ҳам ҳаст; мисли Ъарабистону Қатар, аммо пойбандии ҳар ду ба забони ъарабӣ ва посдорӣ аз он побарҷост. Пойбандӣ ба забони порсӣ ва посдорӣ аз онро вазифаи худ ва ҳар як тоҷик медонам.

Хоҳиши ман аз дӯстони сиёсатмадору сиёсаткорам ин аст, ки дӯстии худро бо кори ман дахил накунанд ва таваққуъи беҷо надошта бошанд. Ҳаргиз қарор нест барномаҳои сиёсии касе аз шумо пӯшише вежа дошта бошад, бидуни ин ки хабарсоз шуда бошад ё барои шумори бисёре аз мардум ё мухотабони расонае аҳаммияте бахусус дошта бошад. Мушк он аст, ки бибӯяд, на он ки ъаттор бигӯяд. Агар коре анҷом диҳед, ки андархури таваҷҷуҳи ъумум бошад, бегумон расонаҳо суроғатонро хоҳанд гирифт. Шумо наметавонед аз рӯзноманигоре, ки дӯсти худ медонед, дилхур бошед, ки бо Шумо гуфтугӯе пахш накардааст. Ӯ муваззаф нест чунин коре бикунад, агар кори Шумо шоистаи пӯшиш набошад. 

Инҳо аз алифбои усули рӯзноманигорӣ буд, ки мурурашон барои чеҳраҳои сиёсӣ ҳам ногузир аст.

Пас ман бо ҳеч як аз шумо, сиёсатмадорони арҷманд, ҳеч пайванди эътиқодию сиёсӣ надорам. 

Изҳори назарҳои шахсии ман дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳам ҳеч рабте ба расонае, ки дар он кор мекунам, надорад. 

Ҳарфи ҳисобам ҳамин буд.