Tuesday, January 02, 2018

Дар Эрони мо чи мегузарад?

Ҳамаи онҳое, ки бо зирси қотеъ мегуфтанд, эътирозоти Эрон як чизи гузарост ва аҳаммияти чандоне надорад, имрӯза пушти дасти худро гоз мегиранд. Ин эътирозот на танҳо зиндагии ъодии мардумро мухтал карда, балки ба марги афроди бисёре анҷомида ва ҳамчунон, пас аз панҷумин шаби худ ҳам, дар саросари кишвар идома дорад. Доманаи мутолибот ба андозае васеъ аст, ки ин эътирозотро намешавад ба як гурӯҳи бахусусе нисбат дод. Шиъорҳо ҳам мулҳим аз Ҷунбиши Сабз асту ҳам аз миллигароёну ҳам аз салтанатталабҳо ва ҳам аз мардуми ъодӣ, ки ҳамму ғамашон қиматҳои боло ва зиндагии рӯ ба гаронӣ дар Эрон аст.
Бархурди ҳукумат бо муътаризон ҳамонест, ки ҳам дар замони шоҳ буд ва ҳам дар эътирозоти мухталиф дар Эрони исломӣ. Зоҳиран аз ғалатҳои пешин дарсе нагирифтаанд. Латукӯби мардум, ки агар ба ҳадаф нарасид, ба қалъу қамъи мардум мунҷар мешавад. Ва боз ҳам ниҳоятан роҳ ба ҷое намебарад. Чиро? Чун парвандаи мутолибот, ба монанди эътирозоти пешин, боз мемонад. Бо хафа кардани гулӯҳои муътариз намешавад масъаларо аз суратҷаласа зудуд. Масоиле, ки дар ин эътирозот тарҳ шуда, то замоне боқӣ хоҳад монд, ки ҳал шавад. Ин ки аз бадеҳиёт аст.
Дар эътирозоти ахир хутути қирмиз (сурх)-и бисёре пушти сар гузошта шуд. Дар шиъорҳои муътаризон на танҳо эрод аз раҳбарони низом, бавежа раҳбари аслӣ, шунида мешуд, балки фуҳшу душном ҳам шиъорҳоро мустаҳҷан мекард; ба монанди “Тӯп, тонк, фишфиша! Хоманаӣ к..каша!” ва душномҳои дигаре, ки муътаризон хитоб бар раҳбарони низом фарёд заданд. Ва ин душномҳо дар низоми сахтгири “ҷумҳурии исломӣ” пешина надоштааст. Ва поин кашидану зери по кардану оташ задани ин ҳама намоди Ҷумҳурии Исломӣ оё дар гузашта будааст? На, набудааст...
Нахайр, инҳо такрори мукаррарот нест ва комилан тозаи тоза аст. Набояд худро бо ин фасона гӯл зад. Чунин набудааст ва инҳо аз таҳаввулоти такондиҳандаи Эрони имрӯз аст, ки ба ҳеч рӯй намешавад пушти гӯш андохт.
Танҳо чизе, ки мешавад бо мушоҳидаи ин рӯйдодҳои шигарф гуфт, ин аст, ки Эрон обистани таҳаввулоти ъазимест.

No comments: