Tuesday, March 27, 2018

Баҳси ӯзӯму ъинабу ангур бо Рустами Ваҳҳоб

Мунозира бо чомасарои арҷманд Рустами Ваҳҳоб пои фиристаи Сафват Бурҳонови гиромӣ таҳти ъунвони “Тоҷикӣ ё порсӣ”

Rustam Vahhob: "Тоҷикӣ ё порсӣ?" не, балки "тоҷикӣ ва порсӣ".
Dariush Rajabian: Rustam Vahhob, манзур аз "тоҷикӣ ва порсӣ" чист?
Rustam Vahhob: Беҳуда баҳсеро доғ кардаед, ки фарҷоме надорад, ҷуз дилозорӣ. Ин мавзӯъи ҳалшуда аст. Боз садҳо соли дигар, ки умрашон дарозтар бод, дар Тоҷикистон тоҷикӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Эрон форсӣ хоҳанд гуфт ва ин амр монеъи иштироки фарҳангию адабӣ нахоҳад шуд.
Dariush Rajabian: Баҳсро беҳуда оғоз кардаанд, чун дар ягонагии забони порсӣ шакке нест. Ба қавли Сафват, "хари кӯр" ҳам медонад, ки "тоҷикӣ" ҳамон порсӣ аст. Аммо таъкиди Шумо, Rustam Vahhob, бар "тоҷикӣ ва порсӣ" ба ҷои "тоҷикӣ ё порсӣ" оё бад-ин маъност, ки Шумо ба афсонаи "форсӣ ва тоҷикӣ ва дарӣ" тан додаед ва инҳоро се забони муҷаззову мустақил медонед ва узуму ъинабу ангурро се чизи мухталиф мехонед?
Rustam Vahhob: Маро то ҷон ба тан бошад, ҳамон ангур хоҳам гуфт,
В-агар дар зери дорам, қиссаи Мансур хоҳам гуфт.
Dariush Rajabian: Пас ангури Шумо агар "тоҷикӣ" аст, порсӣ ва дариро узум ва ъинаб медонед ё на, онҳоро чизҳое мутафовиту муҷаззо медонед, Rustam Vahhob?
Rustam Vahhob: Шумо як хӯша ангурро бардоред ва аз ҳар тоҷике аз пири садсола то тифли яксола бипурсед, ки инро ба тоҷикӣ чӣ мегӯянд? Ӯ хоҳад гуфт "ангур!". Ва ин итмоми ҳуҷҷат аст.
Dariush Rajabian: Ва ҳамонро бибареду аз як донои қавм бипурсед, мегӯяд, инро мо ангур гӯему турк узум гӯяду ъараб ъинаб. Оё Шумо ҳамаро яке медонед ё якеро сето, Rustam Vahhob?
Rustam Vahhob: Ангур-аш барои ман нақд аст.
Dariush Rajabian: Пас ниёзе намебинед, ки бидонед ангур ҳамон узуму ъинаби дигарон аст? Сирфан дар чорчӯби маҳалли худ меандешед ва фаротар аз он бароятон вуҷуд надорад?
Dariush Rajabian: Иттифоқан, "ангур"-и ин достон ҳамон "порсӣ" аст, чун дар сарзаминҳои мо аз асолати бештаре бархурдор аст. Аммо бароям ҷолиб буд, ки оё касоне, ки "тоҷикӣ ё порсӣ"-ро ба шакли "тоҷикӣ ва порсӣ" ислоҳ мекунанд, аз чи мантиқе бархурдоранд ва бар пояи чи усуле ъақлонӣ истидлол мекунанд. Ҳамон гуна ки инҷо дар намунаи ангуру узуму ъинаб равшан шуд, ҳеч истидлоли мантиқӣ дар бисоташон нест. Истидлол сирфан маҳаллӣ аст, на ъилмию ъақлонӣ.
Rustam Vahhob: Зимнан, маълум бод, ки Тоҷикистон "маҳал" нест, чун Эрону Афғонистон кишвар аст ва беш аз ин - Ватан аст.
Dariush Rajabian: Гуфтем маҳал, на маҳалла, ки ба маънои гузар аст. Ҳам кишвар ва ҳам Ватан маҳал, яъне ҷое мушаххас аст. Аз ин рӯ, мешавад гуфт тарзи диди шумо дар чорчӯби як маҳалли хосси сиёсӣ шакл гирифта ва дидгоҳатон сиёсию маҳаллӣ аст ва на як ҳақиқати ъилмию мантиқӣ.
Dariush Rajabian: Рӯи ин ҳисоб, Ватани Шумо ҳам сайёл ва тағйирпазир аст; ба монанди ҳувийяти забонитон. То дирӯз он Ватан паҳновартар буду Бухоро ном дошт; бо шамшери сурх фақат кӯҳистонаш боқӣ монду Тоҷикистон шуд ва боқии он Ватан фаромӯш шуд. Ва фардо ҳам дасти сиёсат метавонад он тасаввур аз Ватан ва ҳувийяти миллию забониро тағйир диҳад. Чиро? Зеро боди сиёсат ҳеч навъ пойдориро намешиносад ва тан додан ба боди сиёсат тамоми арзишҳои усулию бунёдинро ҳам савор бар бод мекунад. Дар натиҷа мафҳуми Моми Меҳан ва забони модарӣ ҳам мутағайир мешавад. Аммо ҳастанд касоне, ки шамшери сиёсат ба қалбу зеҳнашон рахна накардааст ва арзишҳои миллишон пойдор аст ва забонашон, ҳамон гуна ки пеш аз таҷовузи сурх буд, порсӣ аст. Ин даста аз афрод таҷовузнопазиранд.
Rustam Vahhob: Мо Бухороро ҳам Тоҷикистон медонем, чун аҳли он забони худро тоҷикӣ меноманд.
Dariush Rajabian: Ононе, ки забони модарии худро дар Бухоро "тоҷикӣ" медонанд, бисёр андак мондаанд. Бисёре аз онҳое ҳам, ки порсӣ суҳбат мекунанд, забони худро "бухороӣ" медонанд. Ин идомаи ҳамон равандест, ки Шумо аз он ҳимоят мекунед. Вале манзури ман аз Бухоро фақат шаҳри кӯчаки Бухоро набуд, балки кишваре паҳновар буд, ки миёни се ҷумҳурии Шӯравӣ тақсим шуд.
Ва агар ҳамзабонони Шумо танҳо касоне ҳастанд, ки забони худро "тоҷикӣ" меноманд, ҳеч як аз бузургони пешошӯравии мо ҳамзабони Шумо ба шумор намеояд. Чун забони онҳо порсӣ буду ҳаст. Бо чунин маҳаке намешавад вориди баҳсе бад-ин ҷиддият шуд.
Rustam Vahhob: 99 дарсади аҳли Бухоро худро тоҷик ва забони худро тоҷикӣ медонанд.
Dariush Rajabian: Ҳеч омори расмӣ бо чунин диққате, ки гуфтед, вуҷуд надорад. Агар Шумо оморе мувассақ доред, нишон бидиҳед. Аммо воқеъияте, ки тавсиф шуд, аз мушоҳидот ва суханони худи мардуми шаҳри Бухоро буд.
Rustam Vahhob: Арз хоҳад шуд.
Dariush Rajabian: Омори расмӣ ъарз шудан надорад. Агар оморе расмӣ ҳаст, бояд дар дастраси ъумум бошад ва мешавад пайвандашро дод. Оморе, ки гуфта бошад, имрӯза 99 дарсади мардуми Бухоро худро тоҷик ва забони худро "тоҷикӣ" медонанд, ба чашм нахурдааст.
Rustam Vahhob: Шумо бояд табиъати оморҳои расмиро хуб бидонед.
Dariush Rajabian: Дуруст аст. Дар ъайни ҳол мутаваҷҷеҳи ин нукта ҳам ҳастам, ки намешавад бе ҳеч далели мувассақ як иддиъои омории дақиқро матраҳ кард.
Rustam Vahhob: Донанд дигар, ки узӯму истофил
Ангуру ъинаб бувад, на қолею на қил.
Асли даъво бар сари он як дирам аст,
Беҳуда машав ранҷа зи баҳри таъвил.
2003
Dariush Rajabian: Асли даъвои Шумо бар сари он як дирам аст ё баростӣ порсию дарию тоҷикиро се забони муҷаззо медонед?
Rustam Vahhob: Манзури мо асли ангур аст.
Dariush Rajabian: Пас ин як забонро се забони ҷудогона медонед?
Rustam Vahhob: Мо ҳеч гоҳ чунин мавзӯъеро матраҳ накарда ва бод надодаем. Мо ба забони модарии худ, ки тоҷикӣ ном дорад, сухан мегӯему менависем. Ҳар кӣ ин забонро (ба ҳар унвоне) бо забони худ муштарак медонад ва мепазирад, дар баробари ӯ иноду инкор надорем.
Dariush Rajabian: Яъне ба дигарон иҷоза медиҳед, ки порсию дарию тоҷикиро як забон бидонанд, аммо худатон ҳамчунон муътақидед, ки тоҷикӣ аз порсию дарӣ ҷудост?
Фикр намекунам посухи содаву сареҳ додан ба як чунин пурсиши содаву сареҳ ин ҳама печутоб дошта бошад. Порсию тоҷикию дариро се забон медонед ё се номи як забон?
Rustam Vahhob: Як забон! Аммо дареғо, ки ахиран бо унвони "меъёр" ҳар уъҷубаеро мехоҳанд бар мо таҳмил кунанд ва аз он асли ягона ба маҷрои бегона бибаранд. Ин масъала дар Эрону Афғонистон ҳам равшан аст.
Rustam Vahhob: Тоҷикӣ - яъне порсӣ ва дарии ноб.
Dariush Rajabian: Сипосгузорам. Агар як забон аст, пас ба ислоҳи "тоҷикӣ ё порсӣ"-и Сафват ба "тоҷикӣ ва порсӣ" ниёзе набуд. Пас дар мавриди ягонагии забон ихтилофи дидгоҳе нест, ки ъайни ҳамон бароянди достони ангур аст. Дар мавриди дахлу тасарруфот дар забон ҳам мешавад аз тариқи ниҳодҳои марбута мавзӯъро тарҳу баррасӣ кард, агар ниёз ба ҳифзи забони меъёри воҳид дарк шуда бошад. Бар сари номи забон, аммо, аз Рӯдакӣ гирифта то Аҳмади Дониш ва ҳатто Ъайнии пешошӯравӣ бо Шумо мухолифанд ва онро порсӣ медонистанд, ки ба сифати "дарӣ" ҳам музайян шудааст. Дигар ин ки забони порсии имрӯзи Тоҷикистон, ки хостгоҳи ин забон буда, дар низортарину бадтарин ҳолати мумкин қарор дорад ва аслану абадан дархури ҷойгоҳи порсии дарӣ нест.
Rustam Vahhob: Агар истилоҳи устувори "забони тоҷикӣ" мавриди таҳоҷум қарор намегирифт, ниёз ба чунин баҳсе ҳам ба миён намеомад.
Dariush Rajabian: Агар истилоҳи "забони тоҷикӣ" устувор буд, ниёзе ба чунин баҳсҳо ҳам набуд. Ин баҳсҳо моли имрӯзу дирӯз нест ва пешинаи бас тӯлое дорад, ки ҳокӣ аз сиёсӣ будани ангезаи созандагони истилоҳи "забони тоҷикӣ" аст.
Rustam Vahhob: Сиёсӣ нест! Ва агар сиёсӣ ҳам бошад, бар зиёни миллату кишвари мо нест.
Dariush Rajabian: Сад дарсад сиёсӣ аст, чун забони қадару тавонманди порсӣ набояд дар баробари забони импротурӣ (русӣ) қад ъалам мекард. Дигар ин ки набояд берун аз марзҳои Шӯравӣ кишварҳои дигаре бо ҳамин ном забони расмӣ медоштанд, ки доштанд. Аз ин рӯ дар соли 1928 забоне, ки дар Бухоро расман "форсӣ" ном дошт, ба салоҳдиди Кремлин "забони тоҷикӣ" номида шуд.
Таҳмили ҳувийяти забонии ҷаълӣ ба дасти бегонагон бар сари як миллат наметавонад ба суди он миллату кишвар бошад. Тазъифу тасғири забон, мусалламан, бар зиёни миллату кишвари Тоҷикистон буду ҳаст.
Rustam Vahhob: Забони зиндаи тоҷикӣ ҳанӯз дар беҳтарин ҳол қарор дорад ва рӯ ба рушд аст ва худо хоҳад дар чанд соли оянда намуна хоҳад шуд.
Dariush Rajabian: Порсии имрӯзи Тоҷикистон, чи манзур забони зиндаи кӯчабозор бошаду чи забони мақомҳо ва ҳатто адибон, ба далели дурӣ аз бистари табиъии худ, ки хатти порсӣ бошад, дар ҳоли фурӯ рехтан аст. Ва танҳо нӯшдоруи он бозгашт ба хатти порсист.
Rustam Vahhob: Эй кош, ба ҷойи ин баҳсҳо мисли Доро Наҷот аз ин ганҷи шойгони зинда фарҳангҳо месохтем ё мисли пажӯҳандагони Институти забон ин ганҷи парешонро дар фарҳангҳо гирдоварӣ мекардем.
Dariush Rajabian: Мешавад дар ъайни анҷом додани чунин баҳсҳо чунон корҳоро ҳам кард. Ё ҳатто маҷаллаҳои марбута мунташир кард, пажӯҳишҳои марбута анҷом дод. Шуданист.
Аммо ҳамаи он корҳо, агар фақат ба пириллик анҷом бигирад, об дар ҳован кӯбидан хоҳад буд. Агар баростӣ хоҳони пойдории забони миллии тоҷикон ҳастем, бозгашт ба хатти порсӣ бояд авлавият бошад. Шӯрбахтона, нигоҳи сиёсӣ ва ғайритоҷикона ба ин мавзӯъи батамом фарҳангию ҳувийятӣ то кунун бар баданаи фарҳангию ъилмии Тоҷикистон осебу газанди фаровоне ворид кардааст.
Rustam Vahhob: Ҳеч кас монеъи омӯзиши алифбои форсӣ нашуда ва баръакс дар мактабҳо омӯзиш мешавад, аммо ҳатто мутахассисоне, ки ҳозир ҳастанд соатҳо рӯйи зарурати омӯзиши ин алифбо ба ҷарру баҳс машғул бошанд, ҳавсала намекунанд, ки ҳафтае чанд соат амалан ба омӯзиши он шуғл варзанд. Ҳаёҳу осонтар аст.
Dariush Rajabian: Омӯзиши алифбое, ки ҳеч корбурде надорад, ба чи дарде мехурад? Вақте ки ҳеч барномае барои гузор ба хатти порсӣ вуҷуд надорад, чи касе моил аст он хатро ёд бигирад? Манзур мардуми ъавом ҳастанд, ки аз фавоиди он дабира огоҳ нестанд. Дар натиҷа, ҳатто омӯзгорони алифбои порсӣ он дабираро бахубӣ фаро нагирифтаанд. Бояд бо чашмандози бозгашт ба хатти порсӣ ва бозгушудани ганҷинаи лоятаноҳӣ ба ин хатту забон порсиро дар мадрасаҳо омӯзиш дод. Ба мутахассисоне ҳам, ки ба қавли Шумо фақат ҳаёҳӯ мекунанд, бигӯед, ки метавонанд ба монанди гурӯҳи "Забони порсӣ" ҷузваи омӯзиши хат дар 24 дарс ва дарсҳои омӯзиши хат аз тариқи YouTube ва барномаҳои мушобеҳи дигар созмон диҳанд. Шумо ҳам дар ин росто дастбакор мешудед, баҳраи бештаре мебурдем.

No comments: